Главная / Чамъият / Намунаи Шартнома

Намунаи Шартнома

Шартномаи №дар бораи Мизочи таъминоти барномави.

ЧДММ «Софтлайн Точикистон» дар симои директор Фарух Хасанов , ки дар асоси Оиннома амал мекунад ва минбаъд «Молрасон» номида мешавад,   аз   як     тараф   _________________________ дар симои ______________________, ки дар асоси  Оинома амал карда, минбаъд «Мизоч» ном бурда мешавад, аз дигар тараф, ва хар ду чониб, ки минбаъд “Тарафхо” номида мешаванд, дар масоили зерин Шартномаи мазкурро ба имзо расониданд:

Close-up of business handshake over workplace with documents, pens, glasses
Close-up of business handshake over workplace with documents, pens, glasses

1. МАВЗУИ ШАРТНОМА

1.1. Молрасон шарики расмии истехсолкунандаи махсулоти барномави ба хисоб рафта, ухдадор мешавад, ки: дар асоси Шартномаи мазкур ба Мизоч Хизматрасонии барномаи компютериро (минбаъд – ТБ) пешниход кунад  ва Мизоч маблаги  Хизматрасонии барномаи компютериро  тибки Фармоиши хизматрасони (минбаъд – Фармоиш), ки дар шакли Замимаи №1 -и Шартномаи мазкур ба расмият дароварда шуда, чузъи таркибии Шартномаи мазкур мебошад, саривакт пардохт намояд. Хизмати техникии ТБ тибки банди 7.2 – и Шартномаи мазкур расонида мешавад. 

2. НАРХ ВА МАБЛАГИ УМУМИИ ШАРТНОМА

2.1. Нархи Таъминоти барномавие, ки пешниход мегардад, дар Фармоиши дахлдор нишон дода шуда, бо пули милли (сомони) пардохта мешавад.

2.2. Нархи Таъминоти барномавие, ки пешниход мегардад ва он дар Фармоишхо нишон дода шудааст, арзиши ичозатномаи истифодабарии ТБ, арзиши хомили иттилоот бо ТБ ва арзиши хуччатхои ТБ-ро дар бар мегирад.

2.3. Нархи ТБ пешниходшаванда, ки дар Фармоиши ба имзорасондаи Тарафхо нишон дода шудааст, то пурра дар доираи Фармоиши имзошуда ичро гардидани ухдадорихои Тарафхо оид ба расонидани мол бетагйир хисобида шуда, имкон дорад танхо бо созиши хаттии Тарафхо тагйир дода шавад. 

3. ШАРТХОИ ПАРДОХТ

3.1. Тарафхо тартиби зерини пардохти ТБ-ро дар Шартномаи мазкур мувофика намуданд:

пардохт бояд ба андозаи 100% (мутобики Замимаи №1-и Шартномаи мазкур) бояд дар муддати 5 рузи бонки аз рузи ба Фурушанда пешниход намудани хисоб ба амал бароварда шавад.

3.2. Рузи пардохт ва мутобикан аз тарафи Мизоч ичро гардидани ухдадорихо оид ба пардохт аз руи Шартномаи мазкур, рузи ба суратхисоби Молрасон ворид гардидани хамаи маблагхои пули, ки дар Фармоиш оварда шудааст, шуморида мешавад.

4. ШАРТ ВА ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ФАРМОИШ

4.1.              Лоихаи Фармоиш дар шакли Замимаи № 1 Шартномаи мазкур ба Мизоч пешниход карда мешавад.

4.2.              Молрасон ухдадор мешавад, ки лоихаи Фармоиши (Фармоишхои) дахлдорро кабул кунад ва баъди мувофикаи зарурии лоихаи Фармоиш бо Мизоч, агар чунин мувофика лозим бошад, тасдикномаи Фармоишро ба Мизоч ирсол карда, мухлати тахвили ТБ-и фармоишшавандаро на дертар аз 10 (дах) рузи кори аз рузи аз Мизоч гирифтани лоихаи Фармоиш (мутобики 4.1.) хабар дихад.

4.3.              Агар Мизоч нисбат ба тасдикномаи гирифташудаи Фармоиш ва ё мухлати тахвили махсулот изхори норизоги баён намояд, он гох вай хукук дорад лоихаи Фармоишро бекор карда, дар ин хусус дар давоми 3 (се) рузи кори аз рузи гирифтани тасдикномаи Фармоиш ба Молрасон хабар дихад.

4.4.              Баъди гирифтани тасдикнома Тарафхо дар давоми 10 рузи кори Фармоиши дахлдорро имзо менамоянд ва он аз хамин лахза аз чониби Тарафхо кабулшуда хисоб карда мешавад.

5. МУХЛАТ ВА ШАРТХОИ ТАХВИЛ

5.1. Мухлати тахвили ТБ дар Фармоиши дахлдор нишон дода мешавад.

5.2. Кабул намудани ТБ аз чониби Мизоч дар махалли чойгиршавии Мизоч дар шахри Душанбе амали мегардад.

5.3. ТБ метавонад дар хомили иттилоот, инчунин тавассути расонахои электрони дода шавад.

5.4.  Таърихи тахвили ТБ ва мутобикан санаи гузаштани хукуки истифодабарии ТБ аз Молрасон ба Мизоч, инчунин санаи додани ичозатнома барои истифодабарии ТБ ва санаи огози мухлати хизматрасонии техники рузе хисобида мешавад, ки дар Таъйидномаи кабулу супурди имзокардаи Тарафхо нишон дода шудааст.

5.5 Ичозатномахо бо рохи нишон додани шартхои онхо ва додани намунахои барнома пешниход карда мешаванд. Мизоч аз лахзаи дастрас намудани барнома бо ёрии калидхои электронии номи, ки онхоро Молрасон пешниход кардааст, бо шартхои сохиби ичозатнома ба созиш меояд.

Якчоя бо ичозатномаи истифода бурдани ТБ, Молрасон ба Мизоч калидхои электронии номиро месупорад, ки онхо дастрасии Мизочро ба ТБ таъмин менамоянд.

5.6. Хамзамон бо супоридани ТБ, Молрасон ухдадор аст ба Мизоч инхоро пешниход кунад:

– Таъйидномаи кабулу супурд;

– хисоб-фактура.

6. ТАРТИБИ КАБУЛИ МАХСУЛОТ

6.1. ТБ тибки Фармоиш дар анбори Мизоч рузи аз чониби Молрасон тахвил шудани ТБ дар хузури намояндагони ваколатдори Молрасон ва Мизоч кабул карда мешавад.

6.2. Дар холати муайян намудани номутобикатии ТБ, норасои, нопурраги, осеб ёфтани хомилхои ТБ, протоколи ихтилофоти чонибхо тартиб дода шуда, ба Молрасон фиристода мешавад. Молрасон ухдадор аст дар давоми 30 (си) рузи кори аз рузи гирифтани протокол кисмхои норасои ТБ-ро тахвил намояд, ё хомилхои осебдидаро иваз ва пурра созад. Дар ин маврид хамаи  харочот аз хисоби Молрасон пардохт карда мешавад.

6.3. Кабул намудани ТБ аз руи сифат аз чониби намояндагони ваколатдори Молрасон ва Мизоч, баъди насб ва озмоиши ТБ дар тачхизоти Мизоч дар давоми 5 (панч) рузи кори аз рузи кабул ба амал бароварда мешавад.

Дар холати ошкор намудани нуксону носозии ТБ, Тарафхо протоколи ихтилофоти чонибхоро тартиб медиханд, ки он ба Молрасон фиристода мешавад. Молрасон ухдадор аст дар давоми 30 (си) рузи кори аз рузи кабул намудани протокол норасоихои ТБ-ро бартараф намояд. Дар ин холат хамаи харочот аз хисоби Молрасон пардохта мешавад.

6.4. Мизоч дар давоми 5 (панч) рузи кори аз рузи кабул намудани Таъйидномаи кабулу супурд ухдадор аст ба он имзо гузошта, ба Молрасон фиристад ва ё бо сабабхои далелнок имзо намудани онро рад намояд. Агар дар давоми мухлати муайяншуда Мизоч Таъйидномаи кабулу супурди имзошуда ва ё санади бо сабабхои далелнок рад кардани кабули ТБ-ро ба Молрасон ирсол накунад, пас ТБ, ки дар доираи Фармоиши дахлдор пешниход шудааст, кабулшуда хисобида мешавад. 

7. СИФАТ, КАФОЛАТ

7.1. Молрасон сифати ТБ-ро тибки мушаххасоти техникии мол кафолат медихад.

7.2. Ёрии (хизмати) техники аз чониби Молрасон ва ширкатхои истехсолкунанда тибки шартхое, ки дар Иловахои Шартномаи мазкур зикр шудаанд, расонида мешавад. Ёрии техникии асоси ройгон расонида мешавад.

7.3. Дар давоми мухлати кафолатдода Молрасон чой надоштани нуксону норасоиро дар хомилхои ТБ кафолат медихад, ба шарте ки онхо дуруст истифода шаванд. Агар дар давоми мухлати кафолатдода дар хомилхои ТБ нуксону норасои ошкор карда шавад, он гох Молрасон барои бо кувваи худ ва аз хисоби худ бартараф намудани нуксону норасои кушиш хохад кард.

7.4. Кафолати Молрасон ба нуксону норасоихои зерин татбик намегардад: (а) вайрон кардани коидахои истифодабари, муносибати хунукназарона, нуксони таъмини барк ва якбора тагйир ёфтани шиддати барк, зарбаи раъду барк, сухтор, обхези, офатхои табии ва ё амалхои низоми ё террористи; (б) тагйиротхое, ки аз чониби ягон шахс, ба гайр аз Молрасон ба ТБ ворид карда мешавад; (в) насб, нигахдори ё хизматрасонии нодуруст аз чониби ягон шахс, ба истиснои Молрасон; (г) аз чониби Мизоч ичро нагардидани дастурхои Молрасон оид ба ворид намудани дигаргунихо ва ислохкорихо ва ё (д) истифодабарии ТБ бар хилофи мукаррароти ичозатномаи додашуда. Молрасон барои химоя аз пайвастшавии гайриконуни хангоми истифодаи ТБ, инчунин барои химоя ё пешгири аз кирдори бадкасдона, истифодаи беичозат, «шикастан» бо истифодаи маводхои электрони, ифшо намудан ва ё гум кардани маълумоте, ки моликияти сохибмулки он ба хисоб меравад, кафолат намедихад, агар ин амалхо натичаи фаъолияти/бефаъолиятии Молрасон набошанд. 

8. МУКАРРАРОТ ДАР БОРАИ ИЧОЗАТНОМА

8.1. Хамаи хукукхои муаллифи ва дигар хукукхои моликияти зехни ба ТБ ба сохибхукукон (онхое, ки ичозатнома медиханд) тааллук дорад. Тибки шартхои ичозатномаи додашуда, Мизоч ба мухлати номахдуд барои дар фаъолияти худ истифода бурдани ТБ дар худуди Чумхурии Точикистон  хукукхои гайриистисноиро сохиб мешавад.

8.2. Хангоми истифодабарии ТБ, ба Мизоч барои гирифтани ичозати муаллиф чихати истифодабарии ТБ ва пардохти подоши муаллифи ухдадори пайдо намешавад.  Мизоч хукук дорад бе розигии  Молрасон хукукхои истифодабарии ТБ-ро ба шахсони фаръи ва вобастаи худ дар худуди Чумхурии Точикистон гузашт намояд. Арзиши ин хукукхои молумулки ба арзиши ТБ, ки аз руи Шартномаи мазкур тахвил мегардад, дохил карда шудааст. Барои ин хукукхо дигар ягон пардохтпулии ичозатномадихи минбаъд пешбини карда намешавад.  Мизоч хукук дорад барои ба даст овардани фоида дар фаъолияти худ аз ТБ истифода барад.

8.3. Молрасон барои риоя намудани хукукхои муаллифи ва хукукхои вобаста ба они шахсони сеюм ва кормандони худ (аз чумла, хукукхои молумулкии истиснои барои истифодабари ва г.) хангоми ичрои ухдадорихояш тибки Шартномаи мазкур масъулияти пурраи модди ба зимма дорад ва химоя кардани Мизочро аз хар гуна даъвою эътироз, инчунин чуброни зиёни аз тарафи Молрасон ба Мизоч хангоми вайрон намудани хукукхои муаллифи, хукукхои молу мулки ва хукукхои ба он вобастаи шахсони сеюм расонида, ки аз додани ичозатнома тибки Шартномаи мазкур бармеоянд ва  истифодаи минбаъдаи онхо аз чониби  Мизоч ва шахсони фаръи ва вобастаи онро кафолат медихад.

8.4. Молрасон химояи Мизоч ва танзими бахсхоро хангоми хар гуна таъкиботи суди ва ё анчом додани дигар амалхои мурофиавие, ки ба мукобили Мизоч сурат мегиранд, таъмин менамояд, агар дар рафти ин гуна мурофиахо изхор шуда бошад, ки мувофики Шартномаи мазкур тахвил шудани ТБ коидахои патент ва хукукхои муаллифии тарафи сеюмро вайрон кардааст. Молрасон ба Мизоч хамаи зарару зиёнеро, ки ба вай мувофики карори нихоии кабулкардаи суд вобаста ба чунин хукуквайронкуни расонида шудааст, пардохт мекунад. Дар ин маврид Молрасон:

а) бояд фавран аз чониби Мизоч аз хама гуна даъвою эътироз ва таъкиботи суди вобаста ба ин гуна хукуквайронкуни дар шакли хатти огох карда шавад ва имконияти пурра ва хукуки мустакилона ташкил кардани химоя ва танзими ин гуна бахсхоро ба даст орад; б) бояд аз Мизоч тамоми маълумот ва кумакро барои ташкили химоя ва ё ба танзим даровардани масъалаи бахсталаб гирад

8.5. Агар карори нихоии кабулнамуда далели аз тарафи Молрасон вайрон кардани хукукхои муаллифиро хангоми истифодабарии ТБ ошкор намуда, пахн намудани ин гуна ТБ манъ карда шавад, он гох Молрасон бо салохдиди  худ а) ба Мизоч хукуки давом додани истифодабарии ТБ-ро таъмин мекунад; б) онро бо ТБ –и хаммонади он, ки хукукхои муаллифиро вайрон намекунад, иваз менамояд; в) ба ТБ барои бартараф намудани коидавайронкунихо тагйирот ворид менамояд ва ё г) хукукхои муаллифии риоянашавандаи ТБ-ро бо нархи харид бо назардошти арзиши истехлок Мизочи менамояд.

8.6. Ухдадорихои Молрасон ба бандхои 8.4., 8.5. татбик карда намешаванд ва Мизоч рози мешавад, ки ба Молрасон хамаи зарари расонидашударо чуброн карда, уро аз хар гуна даъвою эътироз эмин нигох дорад ва хамаи зиёни дар натичаи вайрон кардани хукукхои моликияти зехни расидаро баркарор намояд, а) вобаста ба риояи дастурамал аз чониби Молрасон, шартхои техники ва ё накша аз руи супориши Мизоч; б) вобаста ба истифодабарии ТБ дар хамчояги бо дигар махсулот (хо)-е, ки Молрасон тахвил намекард; в) бинобар тагйироту дигаргуние, ки ба ТБ Мизоч дохил кардааст, ва ё г) аз сабаби истифодаи мустаким ва ё гайримустаким ва ё таксими замимахои истифодашаванда, накшахои техники ва ё технологи, ки ба таркиби ТБ-и пешниходкардаи Молрасон  ворид намегардад. 

9. ХОЛАТХОИ КУВВАИ РАФЪНОПАЗИР

9.1. Тарафхо барои пурра ё кисман ичро накардани ухдадорихои тибки Шартномаи мазкур ба зимма гирифта аз чавобгари озод карда мешаванд, агар ба таври бояду шояд ичро нагардидани ухдадорихои Тарафхоро  кувваи рафънопазир, яъне куввахои фавкулода ва холатхои бартарафнашаванда, ки назоратнашавандаанд, ба вучуд оварда бошад.

9.2. Тарафхо аз ухдадорихое, ки мухлати ичрои онхо кабл аз ба миён омадани холатхои фавкулода фаро расидааст, озод карда намешаванд.

9.3. Тарафе, ки аз ухдаи ичрои ухдадорихои Шартнома баромада наметавонад, фавран дар шакли хатти Тарафи дигарро аз хусуси огоз ва катъ гардидани холатхои дар боло зикршуда огох менамояд ва ин кор бояд на дертар аз 5 (панч) руз баъди огоз шудани холатхои мзкур сурат гирад. Агар яке аз Тарафхо Тарафи дигарро аз холатхои кувваи рафънопазир сари вакт огох насозад, он гох вай аз хукуки озод шудан аз ухдадорихои Шартнома бо сабаби холатхои зикршуда махрум карда мешавад.

9.4. Агар Молрасон дар муддати 30 (си) руз аз ичрои кисман ва ё пурраи ухдадорихояш набарояд, Мизоч хукук дорад, ки Шартномаи мазкурро бо тартиби гайрисудии якчониба бекор намояд. Дар ин маврид дар давоми 10 (дах) руз пеш аз бекор кардани Шартномаи мазкур, Тарафхо бояд бо хамдигар хисоббаробари намоянд.

10. МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФХО

10.1. Тарафхо барои ичро накардан ва ё ба таври бояду шояд ичро накардани ухдадорихои тибки Шартномаи мазкур ба зимма гирифта мутобики тартиб ва шартхои муайянкардаи Шартномаи мазкур ва пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон масъулият ба душ доранд.

10.2. Тарафе, ки ухдадорихояшро аз руи Шартномаи мазкур вайрон кардааст, ухдадор аст, ки фавран дар ин бора Тарафи дигарро огох созад ва барои бартараф намудани ин коидавайронкунихо хамаи чорахои аз у вобастабударо андешад, инчунин ба Тарафе, ки зарар дидаст, зиёни расидаро чуброн намояд.

10.3. Барои саривакт напардохтани маблаги ТБ, Молрасон хукук дорад аз Мизоч ба андозаи 0,1% маблаги нопардохта барои хар як рузи таъхир, вале на зиёда аз 10%-и маблаги нопардохта пардохт намудани чаримапулиро (пеняро) талаб намояд. Агар Молрасон дар давоми 5 (панч) рузи кори аз рузи гарифтани пардохтпулии таъхиршуда ба Мизоч эътирози хатти пешниход накунад, он гох чарима талабнашуда хисобида шуда, андозаи вай ба 0 (сифр) баробар мешавад.

10.4. Агар Молрасон мухлати дар банди 5.1 -и Шартномаи мазкур зикршударо риоя накунад, он гох Мизоч хукук дорад аз Молрасон пардохти чаримапулиро ба андозаи 0,1% -и нархи ТБ-и пешниходшуда барои хар як рузи гузашти мухлат, вале на зиёда аз 10% -и арзиши умумии ТБ-и саривакт тахвилнашуда талаб намояд. Агар Мизоч дар давоми панч рузи кори аз рузи гузашти мухлати тахвили ТБ ба Молрасон талаби хатти барои пардохти чарима пешниход накунад, он гох чарима талабнашуда хисобида шуда, андозаи вай ба 0 (сифр) баробар мешавад.

10.5. Пардохти чаримаи ахдшикани Тарафхоро аз ичрои ухдадорихои тибки Шартномаи мазкур ба зимма гирифта озод намекунад.

10.6. Хангоми аз чониби яке аз Тарафхо ичро нагардидан ва ё ба таври бояду шояд ичро нагардидани (аз чумла зиёда аз 30 руз риоя накардани мухлати Шартномаи мазкур)  ухдадорихои шартномави, Тарафи дигар  хукук дорад Шартномаи мазкурро ба таври гайрисудии якчониба бекор намояд. Дар ин маврид бояд на дертар аз 15 руз пеш аз рузи эхтимолии бекор кардани Шартномаи мазкур огохинома фиристода шавад ва Тарафи чабрдида хукук дорад аз Тарафи гунахгор ба гайр аз пардохт намудани чаримапулии дар бандхои 10.3 ва 10.4 зикршуда, инчунин пардохт намудани чаримаро ба андозаи 10% -и арзиши умумии ТБ дар холати ичро накардани Фармоиш (ба таъхир гузоштани пардохт) талаб намояд. Дар ин холат талаби  пардохти чарима бояд ба таври хатти ба расмият дароварда шавад ва аз чониби намояндогони ваколатдори Тарафи чабрдида имзо гардида, дар давоми 30 рузи баъди  гирифтани огохинома аз чониби гунахгор оид ба бекор намудани Шартномаи мазкур пешниход карда шавад. Дар холати набудан ва ё саривакт нафиристонидани дархости хаттии дуруст ба расмият дароварда, чарима хисоб ва пардохт карда намешавад.

10.7. Дар давоми 10 руз кабл аз рузи бекор гардидани Шартномаи мазкур, Тарафхо бояд аз руи ТБ –и вокеан додашуда хисоббаробари анчом диханд.

10.8. Дар холати пеш аз мухлат бекор кардани Шартнома, Молрасон ухдадор аст, маблагеро, ки ба сифати пешпардохт гирифта буд, баргардонад.

11.    ТАТБИКИ ХУКУКИ ВА ХАЛЛИ БАХСХО

11.1. Тарафхо хамаи чорахои заруриро меандешанд, то хама гуна масъалахои бахсталаб, ихтилофот ё арзу даъво, ки имкон дорад аз руи Шартномаи мазкур ба миён ояд, бо рохи музокироти тарафайн ба танзим дароварда шаванд.

11.2. Хамаи бахсу ихтилофоте, ки аз Шартномаи мазкур ё вобаста ба он, аз чумла вобаста ба ичро, риоя нагардидан, катъ намудан ва ё эътибор доштани он ба миён меоянд, бояд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон халлу фасл карда шаванд.

12.    МАХФИЯТ

12.1. Тарафхо ухдадоранд, ки махфиятро нигох дошта, хамаи маълумотеро, ки дар доираи Шартномаи мазкур ба Тарафи дигар дода шудааст, ба гайр аз максадхое, ки дар Шартномаи мазкур нишон дода шудаанд, барои максадхои дигар истифода набаранд.

12.2. Тарафхо набояд мазмуни Шартномаи мазкурро фош намоянд ва ин маълумотро набояд бе розигии хаттии Тарафи дигар ба ягон Тарафи сеюм диханд, ба шарте, ки:

12.2.1.Маълумот ба хама дастрас набошад ва ё ба хама дастрас намешавад, гайр аз холатхое, ки хилофи Шартномаи мазкур мебошанд;

12.2.2  Маълумот каблан дар ихтиёри касе карор надошт ва ё ба таври конуни дастраси Тарафи гиранда нашуда бошад.

13.    МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

13.1. Шартномаи мазкур аз лахзаи аз чониби Тарафхо ба имзо расидан эътибор пайдо карда, хатми мебошад ва дар давоми як сол амал мекунад. Мухлати Шартнома минбаъд худ аз худ бо хамон шартхои пешин (бо хамон мухлат) дароз карда мешавад, агар созишномаи Тарафхо оид ба бекор кардан ва ё тагйир додани Шартнома ва (ё) карори суд оид ба бекор кардан ё тагйир додани Шартнома мавчуд набошад. Хар як Тараф метавонад акаллан 30 (си) руз пештар ба Тарафи дигар огохиномаи хатти равон карда, Шартномаи мазкурро бекор кунад.

13.2. Хамаи тагйироту иловахое, ки ба Шартномаи мазкур ворид карда мешаванд, он гох эътибор доранд, ки агар онхо дар шакли хатти ба расмият дароварда шуда, аз чониби намояндагони ваколатдори Тарафхо имзо шаванд. Хамаи Иловаю Замимахои ин  Шартнома чузъи таркибии он ба хисоб мераванд.

13.3. Оид ба тагйир ёфтани сурогахои почтави ва мушаххасоти пардохт, Молрасон ухдадор аст фавран Мизочро огох намояд. То расидани огохинома оид ба тагйири сурога ва мушаххасоти пардохт, хамаи он амалиётхое, ки Мизоч аз руи мушаххасоти кухнаи Молрасон анчом додааст, конуни ба хисоб рафта, ичро шудани ухдадорихои  Мизоч хисобида мешаванд.

13.4. Хама гуна мукотиба ва гуфтушунидхое, ки байни Тарафхо кабл аз ба имзо расидани Шартномаи мазкур чой доштанд, баъди бастани Шартномаи мазкур эътибори худро гум мекунанд.

13.5. Шартномаи мазкур дар ду нусха ба имзо расида, як нусхаги ба хар як Тараф дода мешавад. Шартномаи мазкур бо ду забон –  точики ва  руси тахия шудааст ва дар холати гуногунмазмунии матнхо, матни точикии он нисбат ба гунаи русии он бартари дорад.

13.6. Руйхати Замимахои Шартномаи мазкур:

·         Замимаи «Шакли Фармоиш» 

14. НИШОНИИ ХУКУКИ ВА МУШАХХАСОТИ ТАРАФХО

МОЛРАСОН

ПОСТАВЩИК

ЧДММ «Софтлайн Точикистон»

Сурога: 734003, ш. Душанбе,

к. Айни 24А,

Тел. : +992 (44) 600-6000

РМА 010084049

ЗАО «Казкоммерцбанк Таджикистан»

БИК 350101779

К/с 20402972517791

Р/с 20202972051101081000

ИНН 010084049

ОКПО 10176651,  ОКОГУ 9064

ОКАТО 3501263, ОКЭД G52392, КФС 124, КОПФ 1213

ДИРЕКТОРИ ЧДММ

«Софтлайн Точикистон»

 

_________________Ф.Хасанов

 

ч.м. (мп)

 

“___”___________с. 2018

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …