Главная / Чамъият / Намунахои саноати

Намунахои саноати

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи намунахои саноати 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с. 2004, №2, мод. 48; 2012 с., №7, мод. 706; с. 2015, №12, к. 1, мод. 1116; Конуни ЧТ аз 14.11.2016 с., №1371)

Конуни мазкурмуносибатхои молумулки ва муносибатхои шахсии гайримолумулкии ба онхо алокамандро, ки бинобар офариниш, хифзи хукуки ва истифодабарии намунахои саноати дар каламрави Чумхурии Точикистон ба миён меоянд, танзим мекунад.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

(КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

 

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

– Конвенсияи Париж– Конвенсияи Париж оид ба хифзи объектхои моликияти саноати аз 20 марти соли 1883 бо тагйиру иловахои минбаъда;    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

– схемаи эргономи – схемае ки таносуби андозахои объекти намунаи саноатиро дар системаи «инсон – мошин» инъикос мекунад;

– харитаи конфексиони – намунаи матоъхои бофтаю трикотажи, чарм, маводи ороиши ва гайра, ки барои тайёр намудани махсулот тавсия карда мешаванд (дар сурати пешниходи ариза оид ба намунаи саноатие, ки ба саноати сабук дахл дорад, тартиб дода мешавад);    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

– хабарномаи расми –  нашрияи расмии даврии макоми давлати оид ба хифзи объектхои моликияти саноати;    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

– шартхои патентпазири – шартхои бо Конуни мазкур мукарраршудаи додани хифзи хукуки ба намунаи саноати.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи намунахои саноати

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи намунахои саноати ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат аст.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1371)

 

Моддаи 3. Макоми давлати оид ба хифзи объектхои моликияти саноати

 

Макоми давлати оид ба хифзи объектхои моликияти саноати (минбаъд – Идораи патенти) амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар сохаи хифзи хукукии объектхои моликияти саноати, аз чумла  намунахои саноати, таъмин мекунад, аризахоро оид ба гирифтани патент барои намунаи саноати кабул мекунад, аз руи онхо экспертиза мегузаронад, бакайдгирии давлати ва нашри расмии маълумотро дар бораи намунахои саноати ба амал мебарорад, патентхоро барои намунахои саноати медихад, хамчунин вазифахои дигари ба зиммааш гузошташударо ичро мекунад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Дар назди Идораи патенти Шурои шикояти амал мекунад, ки он макоми хатмии аввалини маъмури буда, масъалахои бахсталаби марбут ба  хифзи хукукии объектхои моликияти саноатиро хал менамояд. Шурои шикояти ваколатхои худро дар асоси конунгузории чори ва Низомномаи Шурои шикояти, ки онро рохбари Идораи патенти тасдик мекунад, ба амал мебарорад.

 

Моддаи 4. Намояндаги

 

Шахсони вокеи, ки ба таври доими берун аз каламрави Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд ва шахсони хукукии хоричи ё намояндагони онхо  корро бо Идораи патенти ба воситаи намояндагони патентии дар Идораи патенти бакайдгирифташуда ва ваколаташон бо ваколатномаи тасдикшуда пеш мебаранд.

Ба сифати намояндаи патенти шахрванди Чумхурии Точикистон, ки ба таври доими дар каламрави Чумхурии Точикистон истикомат мекунад ва дарачаи тахассусиаш ба талаботи мукарраргардида чавобгуй аст, фаъолият карда метавонад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Талаботро нисбати дарачаи тахассуси намояндагони патенти, тартиби аттестатсия ва бакайдгирии онхоро дар Фехристи давлатии намояндагони патенти Идораи патенти мукаррар мекунад.

 

БОБИ 2.

НАМУНАИ САНОАТИ ВА ХИФЗИ ХУКУКИИ ОН

 

Моддаи 5. Шартхои патентпазирии намунаи саноати

 

Мувофики хамин Конун ба сифати намунаи саноати тархи бадеию конструктории махсулот, ки намуди зохирии онро муайян менамояд, хифз карда мешавад. Зимнан дар зери мафхуми махсулот ашёхои (предметхои) истехсолоти саноати ва косиби дар назар дошта мешаванд.

Агар намунаи саноати нав ва асли (оригинали)  бошад, ба он хифзи хукуки дода мешавад.

Намунаи саноати нав хисобида мешавад, агар мачмуи аломатхои асосии дар тасвирхои махсулот ифодаёфта аз маълумоте, ки то санаи аввалияти намунаи саноати дар чахон дастраси умум гардидаанд, маълум  набошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1371)

Хангоми мукаррар кардани навии намунаи саноати, инчунин хамаи намунахои саноатии дар Чумхурии Точикистон патентноккардашуда, аризахо ба намунахои саноатие, ки барои гирифтани патенти Чумхурии Точикистон аз чониби шахсони дигар пешниход карда шудаанд (гайр аз аризахои бозхондашуда),  ба хисоб гирифта мешаванд, ба шарте ки аввалияти  онхо пештар бошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1371)

Намунаи саноати хамон вакт оригинали хисоб карда мешавад, ки агар аломатхои асосии он чихатхои эчодкоронаи хусусиятхои завкии (эстетикии) махсулотро муайян намоянд.

Аломатхое, ки хусусиятхои эстетики ва (ё) эргономии намуди зохирии махсулот, тарху шакли он, накшу нигор ва таносуби рангхоро муайян мекунанд, ба аломатхои асосии намунаи саноати дохил мешаванд.

Патентпазирии намунаи саноатиро ошкор гардонидани маълумоте, ки дар натичаи он мохияти намунаи саноати дастраси умум гардидааст, кохиш намедихад, агар ин амал аз чониби аризадиханда, муаллиф ё шахси дигаре, ки аз онхо мустакиман ё ба тарики гайримустаким маълумоти ба намунаи саноати дахлдорро ба даст овардааст, ичро шуда бошад ва агар ариза барои намунаи саноати на дертар аз  шаш мохи баъди санаи ошкор шудани ин маълумот ба Идораи патенти пешниход шуда бошад. Зимнан вазифаи исбот кардани ин холат бар зиммаи аризадиханда гузошта мешавад.

Тарххои зерин намунахои саноатии патентпазир хисоб карда намешаванд:

– тарххое ки танхо аз таъиноти техникии махсул бармеоянд;

– тархи объектхои меъмори (гайр аз шаклхои хурди меъмори), иншооти саноати, гидротехники ва иншооти дигари собит;

– махсулоти чопи дар навъи худаш;

– тархи объектхои шаклашон ноустувори аз моддахои моеъ, газмонанд, пошхуранда ва амсоли онхо сохташуда;

– тархи махсулоте ки хилофи манфиатхои чамъияти, принсипхои инсондусти ва ахлок мебошад.

 

Моддаи 6. Хифзи хукукии намунаи саноати

 

Хукук ба намунаи саноати аз чониби давлат хифз карда шуда, бо патент тасдик карда мешавад.

Патент барои намунаи саноати (минбаъд – патент) аввалияти намунаи саноати, муаллифи ба он ва хукуки истисноии  истифодаи намунаи саноатиро тасдик мекунад.

Хачми хифзи хукукие, ки онро патент медихад, аз руи мачмуи аломатхои асосии  намунаи саноати, ки дар тасвирхои он (макет, сурат) ифода ёфтаанд, муайян карда мешавад. Тавсифи намунаи саноати танхо ба максади маънидод кардани аломатхо хизмат мекунад.

Патент аз санаи ба Идораи патенти пешниход шудани ариза барои гирифтани патент дар муддати панч сол амал мекунад. Мухлати амали патент бо дархости дорандаи патент аз чониби Идораи патенти ду маротиба ба муддати панчсоли дароз карда мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1371)

Аз руи дархости дорандаи патент дар сурати супоридани пардохти хатмии дахлдор ба у барои тамдид кардани мухлати амали патент мухлати шашмохаи иловаги пас аз анчоми мухлати амали патент дода мешавад. (КЧТ аз 03.07.12с., №856)

 

Боби 3.

Субъектхои хукук БА НАМУНАИ САНОАТИ

 

Моддаи 7. Муаллифи намунаи саноати

 

Шахси вокеие, ки бо мехнати эчодии вай намунаи саноати офарида шудааст, муаллифи намунаи саноати хисобида мешавад.

Агар дар офаридани намунаи саноати якчанд шахси вокеи иштирок карда бошад, пас  хамаи онхо муаллифони намунаи саноати хисобида мешаванд. Тартиби истифодаи хукукхои ба муаллифон тааллукдоштаро созишномаи байни онхо муайян мекунад.

Шахсоне, ки дар офаридани намунаи саноати хиссаи шахсии эчоди нагузошта, ба муаллиф(он) танхо ёрии техники, ташкили ва модди расонидаанд ё ин ки танхо барои ба расмият даровардани хукук ба намунаи саноати ва истифодаи он мусоидат намудаанд, муаллифони намунаи саноати хисоб намешаванд.

Хукуки муаллифи хукуки шахсии мусодиранашаванда буда, бе мухлат хифз карда мешавад.

 

Моддаи 8. Аризадиханда

 

Хукуки пешниходи аризаро оид ба додани патент барои намунаи саноати инхо доранд:

– муаллиф(он)-и намунаи саноати;

– корфармо, дар холатхои пешбининамудаи кисми дуюми моддаи 9  Конуни мазкур;

– ворис(он)-и хукукии муаллиф(он) ва ё корфармо.

 

Моддаи 9. Дорандаи патент

 

Патент  ба шахсе, ки уро аризадиханда дар ариза оид ба додани патент зикр намудааст ва ё ба шахсе, ки хукуки дахлдорро бо тартиби гузашткуни ба даст овардааст, дода мешавад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Хукуки гирифтани патент барои намунаи саноатие, ки онро корманд вобаста ба ичрои вазифахои хизматиаш ё супориши мушаххаси аз корфармо гирифтааш офаридааст, ба корфармо тааллук дорад, агар шартномаи байни онхо холати дигареро муайян накарда бошад.

Агар корфармо дар давоми чор мохи баъди санаи аз чониби муаллиф дар бораи офаридани намунаи саноати хабардор карда шуданаш ба Идораи патенти ариза надихад, хукуки пешниходи аризаро ба шахси дигар вогузор накунад ва ё муаллифро дар бораи махфи нигох доштани намунаи саноати огох нанамояд, пас хукуки пешниходи ариза ва гирифтани патент ба муаллиф мегузарад. Корфармо дар ин холат хукук дорад ба дорандаи патент  чуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, намунаи саноатиро дар истехсолоти худ истифода барад.

Хукуки гирифтани патент барои намунаи саноатие, ки корманд тачриба, воситахои модди, техники ва дигар воситахои корфарморо истифода бурда, лекин на дар алокаманди бо ичрои вазифахои хизмати ё супориши муайяни корфармо офаридааст, ба корманд тааллук дорад, агар шартномаи байни онхо холати дигареро пешбини накарда бошад. Корфармо дар ин холат хукук дорад ба дорандаи патент  чуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, намунаи саноатиро дар истехсолоти худ истифода барад.

 

Моддаи 10. Хукуки муаллифи намунаи саноатие, ки вобаста ба ичрои вазифахои хизмати

                       офарида шудааст

 

Корманде, ки дар кисми дуюми моддаи 9 зикр шудааст, дар холатхои зерин хукук дорад аз корфармо мутаносибан ба фоидаи бадастовардаи корфармо ва ё фоидае, ки корфармо метавонист аз намунаи саноати ба таври лозими истифода бурда, ба даст дарорад, подош гирад:

– патент гирифтани корфармо;

– хукуки гирифтани патентро ба шахси дигар вогузор кардани корфармо;

– аз чониби корфармо кабул намудани карор дар бораи махфи нигох доштани намунаи саноати;

– бо сабабхои аз корфармо вобаста нагирифтани патент аз руи аризаи аз чониби корфармо пешниходшуда.

Андозаи подош ва шартхои пардохти он дар асоси шартномаи байни муаллиф ва корфармо муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4.

АРИЗА ДАР БОРАИ ДОДАНИ ПАТЕНТ

 

Моддаи 11. Пешниходи ариза

 

Аризаро дар бораи додани патент (минбаъд–ариза) аризадиханда ба Идораи патенти пешниход мекунад.

Ариза ба воситаи намояндаи аризадиханда ва ё намояндаи патентие, ки дар Идораи патенти ба кайд гирифта шудааст, пешниход шуда метавонад.

Ариза бояд ба як намунаи саноати дахл дошта бошад ва метавонад вариантхои ин намунаро дар бар гирад (талаботи ягонагии намунаи саноати).

Ариза  бояд хуччатхои зеринро дар бар гирад:

– арзнома (ба забони давлати) дар бораи додани патент бо нишон додани номи намунаи саноати, муаллиф(он)и намунаи саноати ва шахс(он)е, ки ба номи у (онхо) патент дархост карда мешавад, инчунин чои истикомат ва ё махалли чойгиршавии онхо;

– мачмуи тасвирхо ки дар бораи намуди зохирии махсулот тасаввуроти пурраю мукаммал медиханд;

– тавсифи намунаи саноати;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1371)

– накшаи намуди умумии махсулот, схемаи эргономи, харитаи конфексиони, агар онхо барои ошкор намудани мохияти намунаи саноати зарур бошанд.

Ба ариза  хуччати тасдиккунандаи пардохти боч барои пешниходи ариза ва хуччати тасдиккунандаи асосхо барои насупурдани боч ё кам кардани андозаи он илова карда мешавад. Хуччатхои мазкурро якчоя бо ариза ва ё  дар муддати се мохи баъд аз санаи пешниходи ариза ба Идораи патенти супоридан мумкин аст.

Коидахои пешниход ва баррасии ариза барои додани патент ба намунаи саноатиро Идораи патенти мукаррар менамояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1371)

 

Моддаи 12. Санаи пешниходи ариза

 

Санаи пешниходи ариза  аз руи санаи ба Идораи патенти ворид шудани мачмуи  хуччатхое, ки дар сархатхои якум, дуюм ва сеюми  кисми чоруми моддаи 11 хамин Конун номбар шудаанд, мукаррар карда мешавад.   (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

(Кисми 2 хорич шуд бо КЧТ аз 14.11.16 с., №1371)

Дар холати вайрон намудани талаботи моддаи 11 ин Конун ариза пешниходнашуда хисоб карда мешавад.

 

Моддаи 13. Бо ташаббуси аризадиханда ислох намудани хуччатхои ариза

 

Аризадиханда дар давоми се мохи баъди санаи пешниходи ариза хукук дорад, ки бе тагйир додани мохияти намунаи саноатии арзшуда ба маводхои он ислоху тасхех дохил намояд.

Ислохот ва тасхехотро дар сурати пардохтани бочи дахлдор баъди гузаштани мухлати семоха, лекин на дертар аз баровардани карор аз руи натичахои экспертизаимохияти, низ дохил кардан мумкин аст.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

 

Моддаи 14. Бозхондани ариза

 

Аризадиханда хукук дорад, ки аризаро  то санаи бакайдгирии намунаи саноати дар Фехристи давлатии намунахои саноатии Чумхурии Точикистон бозхонад.   (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

 

Моддаи 15. Махфи будани коргузори аз руи ариза

 

Идораи патенти дар доираи коргузори аз руи ариза то нашр шудани маълумот дар бораи патент барои намунаи саноати, ба истиснои холатхое, ки дар ин бора хохиш ва ё ичозати аризадиханда  бошад, ба хеч кадом шахс ичозати дастрас намудани аризаро намедихад. Хар як амале, аз чумла хабари шахси, ки дар натичаи он шахсони сеюм метавонанд дар бораи ариза маълумот гиранд, дастрас намудани ариза ба хисоб меравад.

 

БОБИ 5.

АВВАЛИЯТИ НАМУНАИ САНОАТИ

 

Моддаи 16. Шартхои мукаррар намудани аввалият

 

Аввалияти намунаи саноати аз руи санаи пешниходи ариза, ки мувофики моддаи 12  Конуни мазкур муайян мегардад, мукаррар карда мешавад.

Аввалият аз руи санаи воридшавии маводхои иловаги низ мукаррар шуданаш мумкин аст, агар ин маводхоро аризадиханда то гузаштани мухлати семоха аз санаи гирифтани огохиномаи Идораи патенти дар бораи имконнопазирии баэътиборгирии маводхои иловаги, бинобар мохияти намунаи саноатии арзшударо тагйирдиханда дониста шуданашон, ба сифати аризаи мустакил пешниход карда бошад.

Аввалият аз руи санаи ба Идораи патенти пешниход шудани аризаи каблии худи хамин аризадиханда, ки дар он намунаи саноатии пешниходшаванда маънидод шудааст,  мукаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аз руи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дертар аз шаш мохи баъди санаи пешниходи аризаи кабли ворид шуда бошад. Дар ин хол аризаи кабли бозхондашуда хисобида мешавад.

Аввалият дар асоси якчанд аризаи кабли, ки барои хар кадоми онхо  шартхои дар кисми сеюми хамин модда овардашуда риоя мегарданд, метавонад  мукаррар шавад.

Мукаррар намудани аввалият аз руи санаи пешниходи аризае, ки аз руи он  аллакай мувофики кисмхои сеюм ва чоруми ин модда аввалияти пештар дархост шудааст,  мумкин нест.

Аввалияти намунаи саноати аз руи аризаи чудокардашуда аз руи санаи ба Идораи патенти ворид шудани аризаи нахустини ошкоркунандаи намунаи саноатии хамон як аризадиханда мукаррар карда мешавад, агар аризаи чудокардашуда то аз руи аризаи нахустин кабул шудани карор дар бораи надодани патент, ки имконияти шикоят аз болои он аз даст рафтааст, ворид шуда бошад ва дар холати гирифтани карор оид ба додани патент аз руи аризаи зикршуда, агар  аризаи чудокардашуда то санаи дар Фехристи давлатии намунахои саноатии Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудани намунаи саноати ворид шуда бошад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Агар дар рафти экспертизамукаррар карда шавад, ки намунахои саноатии хаммонанд  санаи аввалияти якхела доранд, пас патент аз руи аризае, ки ба Идораи патенти пештар фиристода шудани он исбот карда шудааст, дода мешавад. Хангоми мувофик омадани ин санахо  (агар созишномаи байни аризадихандагон холати дигареро дар назар надошта бошад), патент аз руи аризае дода мешавад, ки он раками бакайдгирии пештар додашудаи  Идораи патентиро дорад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

 

Моддаи 17. Аввалияти конвенсиони

    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

 

Аввалият аз руи санаи дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж пешниход шудани аризаи якум барои намунаи саноати мукаррар шуданаш мумкин аст (аввалияти конвенсиони) , агар ариза оид ба хамин намунаи саноати  ба Идораи патенти дар давоми шаш мох аз санаи  зикршуда ворид шуда бошад. Агар бо сабабхои аз аризадиханда новобаста ариза бо дархости аввалияти конвенсиони дар мухлати зикршуда пешниход нашуда бошад, ин мухлат бо дархости аризадиханда ба муддати на зиёда аз ду мох дароз карда шуданаш мумкин аст.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Аризадихандае, ки хохиши истифода намудани хукуки аввалияти конвенсиониро дорад, бояд ин хохишашро хангоми пешниходи ариза ва ё дар давоми ду мохи баъди санаи ба Идораи патенти ворид шудани ариза изхор намояд ва нусхаи аризаи якумро илова кунад ва ё онро на дертар аз се мохи баъди санаи ба Идораи патенти пешниход кардани ариза ба Идораи патенти фиристонад.

Аввалияти намунаи саноати аз руи санаи дар намоишгохи расми ва ё расман шинохташудаи байналмилали гузошта шудани намунаи саноати мукаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аввалият аз руи он дархост карда мешавад, ба Идораи патенти дар давоми шаш мохи баъди санаи дар намоишгох чойгиронидани намунаи саноати ворид шуда бошад.

 

БОБИ 6.

ЭКСПЕРТИЗАИАРИЗА ВА ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ

(КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

 

Моддаи 18. Экспертизаи расмии ариза

(КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

 

Идораи патенти баъди гузаштани се мох аз санаи пешниходи ариза  аз руи он экспертизаирасми мегузаронад. Мувофики дархости хаттии аризадиханда  экспертизаирасми то гузаштани мухлати зикршуда огоз шуда метавонад. Дар ин холат аризадиханда аз лахзаи пешниход кардани дархост аз хукуки бе пардохти боч бо ташаббуси худ ислох ва сахех кардани хуччатхои ариза, ки моддаи 13  хамин Конун пешбини намудааст, махрум мешавад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Дар рафти гузаронидани экспертизаи расмии ариза мувофики моддаи 11  Конуни мазкур мавчуд будани хуччатхои зарури ва риояи талаботи нисбати онхо мукарраршуда тафтиш карда шуда, масъала дар бораи он ки тархи бадеию конструктории арзшуда ба намунахои саноатии ба онхо мувофики моддаи 5 хамин Конун хифзи хукуки додашаванда дахл дорад ё не, барраси мешавад.

Агар аризадиханда мувофики моддаи 13 хамин Конун аз руи ариза маводи иловаги пешниход намояд, дар рафти экспертизамохияти намунаи саноатии арзшударо тагйир надодани онхо тафтиш карда мешавад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Маводи иловаги мохияти намунаи саноатии арзшударо тагйир медиханд, агар онхо аломатхои дар маводхои ибтидоии арзнома мавчуд набударо дар бар гиранд. Маводи иловаги дар кисми тагйирдихандаи мохияти намунаи саноатии арзшуда хангоми баррасии ариза ба эътибор гирифта намешаванд ва метавонанд аз чониби аризадиханда ба сифати аризаи мустакил ба расмият дароварда шаванд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1371)

Агар ариза бо риояи хамаи талаботи мукарраршуда пешниход шуда бошад, аризадиханда дар бораи натичаи мусбии экспертизаирасми хабардор карда мешавад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Аз руи аризае, ки бо вайрон намудани талабот ба хуччатхои он тартиб дода шудааст, ба аризадиханда дархост фиристода мешавад, ки дар муддати се мохи баъди гирифтани дархост хуччатхои ислохшуда ё набударо пешниход кунад. Агар аризадиханда дар мухлати зикргардида маводи дархостшуда ва ё дархостро дар бораи дароз кардани мухлати мукарраршуда пешниход накунад, ариза бозхондашуда хисоб  мегардад.

Аз руи аризаи бо вайрон намудани талаботи ягонагии намунаи саноати пешниходшуда ба аризадиханда пешниход карда мешавад, ки дар давоми се мохи баъди санаи гирифтани огохиномаи дахлдор хабар дихад, ки кадоме аз таклифхо бояд барраси шаванд ва дар холати зарури ба хуччатхои ариза тасхех дарорад. Барои намунахои саноатии дигари, ба маводи аризаи нахустин дохилшуда, аризадиханда хукуки ба расмият даровардани аризахои чудо кардашударо дорад.

Агар аризадиханда дар давоми се мохи баъди гирифтани огохинома оид ба вайрон шудани талаботи ягонагии намунаи саноати дар бораи он ки кадоме аз тарххои бадеию конструктори бояд барраси шаванд, хабар надихад ва хуччатхои тасхехшударо пешниход накунад, баррасии тархи бадеию конструктории якуме, ки дар ариза нишон дода шудааст, хамчунин вариантхои он, агар ин гуна вариантхо бошанд, гузаронида мешавад.

Аризадиханда хангоми бо карори экспертизанорози буданаш хукук дорад, ки дар муддати чор мохи баъди санаи баровардани карор ба Шурои шикояти эътироз пешниход намояд. Эътироз бояд дар давоми шаш мох барраси шавад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

 

Моддаи 19. Экспертизаи мохиятии ариза

(КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

 

Экспертизаи мохиятии ариза дар натичаи мусбат анчом ёфтани экспертизаи расми пас аз пардохти корбарии дахлдор гузаронида мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1371)

(Кисми 2 хорич шуд бо КЧТ аз 14.11.16 с., №1371)

Дар рафти экспертизаимохиятии ариза аввалияти намунаи саноати мукаррар карда шуда, шартхои патентпазирии намунаи саноати мувофики моддаи 5  Конуни мазкур тафтиш карда мешаванд.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Идораи патенти хангоми гузаронидани экспертизаи мохиятии ариза хукук дорад аз аризадиханда маводи иловаги дархост намояд. Маводхои иловагие, ки мачмуи аломатхои асосии намунаи саноатиро тагйир медиханд, барои барраси кабул карда намешаванд. Онхо метавонанд аз чониби аризадиханда хамчун аризаи мустакил, ки аввалияташ аз санаи воридшавии маводи иловаги мукаррар мегардад, пешниход шаванд.

Агар Идораи патенти дар натичаи гузаронидани экспертизаимохиятии ариза  мукаррар намояд, ки намунаи саноатии арзшуда дар хачми аз чониби аризадиханда дархостшудаи хифзи хукуки ба шартхои патентпазирии намунаи саноати, ки моддаи 5 Конуни мазкур муайян намудааанд, мувофикат мекунад, дар бораи додани патент карор мебарорад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Агар мукаррар карда шавад, ки намунаи саноатии арзшуда дар хачми дархостшудаи хифзи хукуки ба шартхои патентпазири мувофикат намекунад, дар бораи рад шудани додани патент карор бароварда мешавад.

Аризадиханда хукук дорад бо маводхои дар дархости экспертиза, дар карори экспертизава ё дар хисобот оид ба чустучу нишондодашуда шинос гардад. Нусхахои маводхои патентии дархостшударо Идораи патенти дар давоми ду мох, аз рузи гирифтани дархост ба аризадиханда, мефиристад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Хангоми норози будан бо карор дар бораи радди додани патент аризадиханда хукук дорад, ки дар давоми чор мохи баъди санаи фиристонидани карор ба Шурои шикояти эътирози дахлдорро пешниход намояд. Шурои шикояти эътирозро бояд дар муддати шаш мох аз рузи ворид шудани он дида барояд.

Агар аризадиханда бо карори Шурои шикояти рози набошад, метавонад дар муддати шаш мох аз рузи гирифтани карор ба суд мурочиат намояд.

Мухлатхои пешниходкунии маводхоро аз руи дархости экспертизава пешниход кардани эътирозро ба Шурои шикояти, ки аризадиханда  гузаронидааст, Идораи патенти метавонад аз руи дархости пешниходнамудаи аризадиханда, ки на дертар аз дувоздах мох аз рузи гузаштани мухлати гузаронидашуда фиристода шудааст, дар сурати пардохта шудани бочи дахлдор баркарор намояд.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

 

Моддаи 20. Нашри маълумот оид ба додани патент

 

Идораи патенти дар муддати шаш мохи баъди кабули карор дар бораи додани патент дар хабарномаи расми оид ба патенти додашуда маълумот нашр мекунад, ки номи муаллиф(он) (дар холати рози буданашон) ва доранда(гон)-и патент, ном, санаи аввалият, номгуи аломатхои асоси, тасвири  намунаи саноати ва дигар маълумотеро, ки Идораи патенти лозим медонад, дарбар мегирад.

 

Моддаи 21. Бакайдгирии намунаи саноати ва додани патент

 

Идораи патенти дар муддати се мохи баъди санаи гирифтани хуччатхо дар бораи пардохти боч барои бакайдгири ва додани патент намунаи саноатиро ба Фехристи давлатии намунахои саноатии Чумхурии Точикистон дохил мекунад ва  патентро ба сохиби патент  медихад.

Таркиби маълумоте, ки ба Фехристи давлатии намунахои саноатии Чумхурии Точикистон дохил карда мешавад ва таркиби маълумоте, ки дар  патент  нишон дода мешавад, аз чониби Идораи патенти мукаррар мегардад.

Дар холати мавчуд будани якчанд шахсе, ки ба номашон патент дархост карда мешавад, ба онхо як патент дода мешавад. Идораи патенти ба  муаллиф (муаллифон)-и намунаи саноати шаходатномаи тасдиккунандаи муаллифии онхоро медихад.

Хангоми мувофики тартиби мукарраршуда, пешниход нашудани хуччате, ки пардохтани бочро барои бакайдгири ва додани патент тасдик мекунад, бакайдгирии намунаи саноати ва додани патент ба амал бароварда намешавад ва аризаи дахлдор бозхондашуда ба хисоб меравад.

 

БОБИ 7.

ХУКУКИ ИСТИСНОИИ ИСТИФОДАИ намунаи саноатИ

 

Моддаи 22. Хукукхои дорандаи патент

 

Ба дорандаи патент хукуки истисноии мувофики ихтиёри худ истифода бурдани намунаи саноатии бо патент хифзшаванда, агар ин истифодабари хукукхои дорандагони патентхои дигарро халалдор накунад, аз чумла, хукуки манъ кардани истифодаи намунаи саноати аз чониби дигарон, гайр аз холатхое, ки ин гуна истифодабари тибки Конуни мазкур вайронкунии хукуки дорандаи патент махсуб намешавад, тааллук дорад.

Муносибатхои тарафхоро оид ба истифодаи намунаи саноати, ки патент барои он ба якчанд шахс тааллук дорад, шартномаи байни онхо муайян мекунад. Хангоми набудани ин гуна шартнома хар як дорандаи патент намунаи саноатии хифзшавандаро бо ихтиёри худ истифода бурда метавонад, вале бе розигии дорандагони дигари патенти мазкур хукуки ба шахси дигар додани ичозатнома (литсензия) ва ё гузашт кардани патентро надорад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Агар дорандаи патент намунаи саноатиро бе вайронкунии хукукхои дорандаи патенти дигар истифода бурда натавонад, у хак дорад аз охирин бастани шартномаро дар бораи додани ичозатнома (шартномаи литсензиони) талаб кунад.

Дорандаи патент хукук дорад патенти гирифтаашро ба шахси дилхохи вокеи  ё хукуки гузашт кунад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Шартнома дар бораи ба шахси дигар гузашт кардани патент бояд дар Идораи патенти ба кайд гирифта шавад ва бе ин гуна бакайдгири он беэътибор дониста мешавад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Хукуки истисноии дорандаи патент аз санаи дар хабарномаи расми нашр шудани маълумот оид ба додани патент амал мекунад.

Патент ба намунаи саноати ва хукуки гирифтани он ба мерос мегузарад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

 

Моддаи 23. Додани хукук ба истифодаи намунаи саноати

 

Хар як шахсе, ки дорандаи патент ба хисоб намеравад, ба истифодаи намунаи саноатии бо патент хифзшуда танхо бо ичозати дорандаи патент дар асоси шартномаи литсензиони хукук дорад.

Мувофики шартномаи литсензиони дорандаи патент (ичозатномадех) ухдадор мешавад, ки хукукро барои истифодаи намунаи саноатии хифзшуда дар хачми дар шартнома пешбинишуда ба шахси дигар (ичозатномагир), ки у ухдадории ичро намудани хамаи амалхои дар шартнома пешбинишударо ба зиммаи худ мегирад, дихад.

Дар холати додани ичозатномаи истиснои хукуки истисноии истифодаи намунаи саноати дар худуди дар шартнома зикршуда ба ичозатномагир мегузарад. Хукуки истифодаи намунаи саноати дар кисми ба ичозатномагир доданашаванда дар чониби ичозатномадех мемонад.

Дар холати додани ичозатномаи гайриистиснои ичозатномадех ба ичозатномагир хукуки истифодаи намунаи саноатиро дода, дар айни замон хамаи хукукхоеро, ки патент тасдик мекунад, аз чумла хукуки ба шахсони сеюм додани ичозатномахоро, нигох медорад.

Шартномаи литсензиони бояд хатман дар Идораи патенти ба кайд гирифта шавад ва бе чунин бакайдгири он беэътибор дониста мешавад.

Дорандаи патент метавонад ба Идораи патенти дар бораи ба шахси дилхох дода шудани хукук барои истифодаи намунаи саноати ариза (ичозатномаи кушода)  дихад. Дар ин холат боч барои нигох доштани эътибори патент аз соли баъди нашри маълумот оид ба мавчудияти чунин ариза 50 фоиз кам карда мешавад.

Хангоми бозхондани ичозатномаи кушода боч барои нигох доштани эътибори патент дар давоми вакти амали ичозатномаи кушода пардохта нашуда, минбаъд ин боч ба андозаи пуррааш пардохта мешавад.

Шахсе, ки хохиши гирифтани ичозатномаи кушодаро дорад, бояд бо дорандаи патент оид ба пардохтхо шартнома бандад.

Моддаи 24. Вайронкунии хукуки истиснои

 

Хар як шахси вокеи ва ё хукукие, ки намунаи саноатиро бар хилофи   Конуни мазкур истифода мебарад, вайронкунандаи хукуки истисноии дорандаи патент (вайронкунандаи патент) хисобида мешавад.

Бе ичозати дорандаи патент сохтан, татбик намудан, овардан, нигох доштан, фурухтан, бо рохи дигар ба гардиши хочаги даровардан ва ё бо ин максад нигох доштани махсулоте, ки  намунаи саноатии патентнокшударо дар бар мегирад, вайронкунии хукуки истисноии дорандаи патент (вайронкунии патент) хисобида мешавад.

Агар маснуот хамаи аломатхои асосии намунаи саноатиро, ки дар накшахо тасвир ёфтаанд ва дар тавсифи намунаи саноати оварда шудаанд, дар бар гирад, он гох ин маснуот хамчун дарбаргирандаи намунаи саноатии хифзшаванда эътироф мегардад.

Дорандаи патент хукуки талабхои зеринро дорад:

– катъ намудани вайронкунии патент;

– аз чониби шахси ба вайронкунии патент айбдоркардашуда додани подоши зарархои расонидашуда, аз чумла фоидаи аз даст додашуда ва чуброни зарари маънави;

– ситонидани фоидае, ки аз истифодаи гайриконунии намунаи саноати ба даст омадааст;

– ба фоидаи худ мусодира намудани махсулоте, ки ба гардиши хочагидори дароварда мешавад ва ё бо ин максад нигох дошта мешаваду вайронкунандаи патент махсуб мегардад, хамчунин мусодираи воситахои барои вайрон кардани патент пешбинишуда;

– бо максади баркарор намудани обруи кории худ дар нашрияхои расмии Идораи патенти нашр намудани карори суд.

Талаботро ба вайронкунандаи патент дорандаи литсензияи истиснои, агар дар шартномаи литсензиони холати дигаре пешбини нашуда бошад ва ё дорандаи литсензияи гайриистиснои, агар ин дар шартномаи литсензиони пешбини шуда бошад, низ арз карда метавонад.

 

Моддаи 25. Амалхое ки  вайронкунии хукуки истиснои хисоб намешаванд

 

Амалхои зерин вайронкунии хукуки истисноии дорандаи патент хисоб намешаванд:

– дар сохтор ва ё хангоми истифодаи воситахои наклиёти (руизамини, хавои ва оби) мамлакатхои дигар татбик намудани василахое, ки намунахои саноатии патентнокшударо дар бар мегиранд, ба шарте ки воситахои наклиёти номбаршуда муваккатан ва ё тасодуфан дар каламрави Чумхурии Точикистон бошанд ва барои эхтиёчоти наклиёт истифода бурда шаванд. Ин гуна амалхо дар он сурат вайронкунии хукуки истисноии дорандаи патент хисоб намешаванд, ки агар воситахои наклиёт ба шахсони вокеи ва хукукии мамлакатхое, ки ба дорандагони воситахои наклиёти Чумхурии Точикистон хамин гуна хукукхоро медиханд, тааллук дошта бошанд;

– гузаронидани тадкикоту тачрибаи илми аз болои воситахое, ки  намунахои саноатии патентнокшударо дар бар мегиранд;

– хангоми руй додани ходисахои фавкулодда (офатхои табии, фалокатхо, садамахои калон) истифода намудани воситахое, ки намунахои саноатии бо патент хифзшавандаро дар бар мегиранд, бо пардохтани чуброни   андозааш мувофик ба дорандаи патент;

– на барои ба даст овардани фоида истифода намудани воситахои намунахои саноатиро дарбаргиранда;

– татбик намудан, барои фуруш пешниход намудан, фурухтан, ворид кардан ва бо хамин максадхо нигох доштани махсулоте, ки намунахои саноатии бо патент хифзшударо дар бар мегирад, агар ин махсулот бо рохи конуни ба гардиши хочаги дароварда шуда бошад.

 

Моддаи 26. Хукуки истифодаи пешина

 

Хар кадом шахси вокеи ва хукукие, ки то санаи аввалияти намунаи саноати, новобаста аз муаллифи он, дар каламрави Чумхурии Точикистон намунаи саноатии хаммонандро офарида, истифода бурда бошад ва ё барои истифодаи он тайёрихои зарури дида бошад, хукуки минбаъд ройгон истифода бурдани намунаи саноатиро бе васеъ кардани хачми ин гуна истифодабари  нигох медорад.

Хукуки истифодаи пешин ба шахси дигар танхо якчоя бо истехсолоте, ки дар он истифодаи намунаи саноатии хаммонанд чой дошт ва ё тайёрихои зарури барои он дида шудаанд, дода шуданаш мумкин аст.

 

БОБИ 8.

КАТЪ НАМУДАНИ АМАЛИ ПАТЕНТ

 

Моддаи 27.  Мавриди бахс карор гирифтани патент

 

Мувофики эътирозномаи шахси дилхох патент дар давоми амали худ дар мавридхои зерин метавонад пурра ё кисман беэътибор дониста шавад:

– ошкор кардани номувофикатии намунаи саноати ба шартхои патентпазирии мукаррарнамудаи Конуни мазкур;

– мавчуд будани аломатхои асосие ки дар маводхои пешинаи арзнома вучуд надоштанд;

– дар патент нодуруст нишон дода шудани муаллиф(он) ва ё доранда(гон) – и патент.

Эътирозномае, ки дар асоси шартхои дар сархатхои якум ва дуюми кисми якуми моддаи мазкур зикршуда зидди додани патент ба Шурои шикояти дода мешавад, бояд дар давоми шаш мохи баъди санаи ворид гардидани он барраси шавад. Дар ин сурат дорандаи патент бояд бо эътирознома шинос карда шавад.    (КЧТ аз 25.12.15с., №1270)

Дар холати норози будан бо карори Шурои шикояти нисбати эътирознома хар як тараф метавонад дар муддати шаш мох аз санаи кабул карда шудани карор ба суд мурочиат намояд.

 

Моддаи 28. Пеш аз мухлат катъ намудани амали патент

 

Амали патент дар холатхои зерин пеш аз мухлат катъ карда мешавад:

– хангоми пурра беэътибор донистани патент мувофики моддаи 27 Конуни мазкур;

– дар асоси аризаи ба Идораи патенти додаи дорандаи патент;

– хангоми дар муддати мукарраршуда напардохтани боч барои нигахдории эътибори патент.

Идораи патенти дар хабарномаи расми дар бораи пеш аз мухлат катъ гардидани амали патент маълумот нашр менамояд.

 

Моддаи 29. Баркарор кардани амали патент. Хукуки истифодаи баъди

 

Амали патент, ки дар асоси сархати сеюми кисми якуми моддаи 28  Конуни мазкур катъ гардидаст, аз руи дархости дорандаи патент, дар давоми хаждах мох аз рузи ба охир расидани мухлати пардохти боч, барои нигахдории эътибори патент дар сурати мавчуд будани сабабхои узрнок ва пешниходи хуччат дар бораи пардохта шудани бочи баркароркунии амали патент, баркарор карда шуданаш мумкин аст. (КЧТ аз 03.07.2012г., №856)

Идораи патенти дар хабарномаи расми маълумотро оид ба баркарор карда шудани амали патент  нашр мекунад.

Шахсе, ки дар давраи байни санаи катъ гардидан ва санаи баркарор карда шудани амали патент дар каламрави Чумхурии Точикистон ба истифодаи намунаи саноатии хифзшаванда сар кардааст ва ё барои он тайёрии зарури дидааст, хукуки минбаъд ройгон истифода намудани онро, бе васеъкунии хачми истифодабари, нигох медорад (хукуки истифодаи баъди).

Хукуки истифодаи баъди ба шахси дигар танхо якчоя бо истехсолоте, ки дар он истифодаи намунаи саноати чой дошт ва ё барои он тайёрии зарури дида шуда буд, дода шуданаш мумкин аст.

 

БОБИ 9.

ХИМОЯИ  ХУКУКХОИ ДОРАНДАГОНИ  ПАТЕНТ  ВА МУАЛЛИФОН

 

Моддаи 30. Ба тарики суди барраси намудани бахсхо

 

Ба тарики суди бахсхои зерин барраси мешаванд:

– оид ба муаллифии намунаи саноати;

– оид ба мукаррар намудани дорандаи патент;

– оид ба вайрон карда шудани хукуки истиснои ба намунаи саноати;

– оид ба бастан ва ичрои шартномахои вогузории хукук ва шартномахои литсензиони дар бораи истифодаи намунаи саноати;

– оид ба хукуки истифодаи пешин ва баъди;

– оид ба андоза, мухлат ва тартиби пардохти подоше, ки бояд ба муаллифи намунаи саноати тибки  Конуни мазкур дода шавад;

– оид ба андоза, мухлат ва тартиби пардохти чубронхое, ки  Конуни мазкур мукаррар кардааст;

– бахсхои дигаре ки ба хифзи хукукхои бо патент тасдикшаванда вобастаанд.

 

Моддаи 31. Масъулият барои вайронкунии  Конуни мазкур

 

Барои вайрон кардани Конуни мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон, вайронкунандаи он ба чавобгарии хукуки-граждани, маъмури ё чинои кашида мешавад.

 

БОБИ 10.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 32. Бочхо ва пардохтхои корбари

 

Барои ичрои амалхои ахамияти хукуки доштаи марбут ба патент бочхо ва пардохтхои корбари ситонида мешаванд. Номгуи амалхое, ки барои ичрояшон бочхо ё пардохтхои корбари пешбини шудаанд, андоза, тартиб ва мухлатхои пардохти онхо, инчунин асосхо барои озод намудан аз пардохт, кам кардани андозаи пардохт ва ё бозгардонидани пардохт бо тартибе, ки конунгузори муайян намудааст,  мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 33. Хукуки шахсони вокеи ва хукукии хоричи

 

Шахсони вокеи ва хукукии хоричи аз хамаи хукукхое, ки дар хамин Конун пешбини шудаанд, дар асоси шартномахои байналмилали, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст ё дар асоси принсипи муомилаи мутакобил баробари шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал карор додани  Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                             Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе, 28 феврали соли 2004

№ 16

 

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …