Главная / Маданият ва санъат / Намуди чангакхо (вилкахо)

Намуди чангакхо (вилкахо)

Онро 700-800 сол инчониб истифода мебаранд. Дар асрхои миёна ва баъдан онро аз металлхои кимматбахо, мисли тилло, нукра, ё устухони фил месохтанд. Бинобар онхо асосан дар мизи одамони доро истифода мешуданд. Бисёр одамон дар гузашта таомро бо даст мехурданд. Зеро чангак (вилка) на барои хама дар гузашта дастрас  буд. Чангакхои кадима нисбат ба хозира 1,5-2 маротиба калон буданд.

changak

Вазифаашон барои таксим кардани хиссахои калони гузоштаи гушт ва паррандагон иборат буд. Шумораи дандонхояш (шохахояш) асосан 2-то буд. Бо гузашти вакт ки анвои таомхо хеле зиёд шуданд, вазифаи чангакхо низ васеъ шуд.

Дар асри ХVII дандонхои чангак сето шуд ва дар асри ХIХ шумораи дандонхояш то чор расид. Дар Россия чангакро хам чун воситаи таомхури ба мизи хурокхури дохил карданд. хозир бошад ба он таомхои дуюмро мехуранд. Fайр аз ин чангакхо вазифи махсус дошта, бо хуриш низ мехуранд, ки он аз чангакхои одди бо андозахояш камтар фарк мекунад. Чангак барои дессерт бориктар аст, чангаке, ки мохиро мехуранд 3 ё 4 дандон дорад, аммо онхо кутох ва нисбат ба чангаки газак васеъ таранд. Чангак барои лиму аз он хурдтар ва 2 шоха дорад.

Аз хама чангаки калон, ки бо он хиссаи гуштро мегиранд бо ду дандони калон мавчуд аст. Аз хама чангаки асил чангак барои хуриш (салатная) аст, ки бо он хурушхоро ба табакчахо мегузоранд. Он шакли ниммудаввар дошта, дандонхояш васеи кутох мебошанд. Боз дигар хел намуди чангакхои махсус хастанд. Масалан, барои гирифтани харчангхо чангакхои махсус вучуд доранд.. Fайр аз ин боз чангакхое хастанд, ки ба асбоби (раскладывание) таом дохил мешавад.

Намуди чангакхо

а) чангак барои таомхури

б) чангак барои хуриш

в) чангак барои дисерт

г) чангак барои мохи

д) чангак барои мева ва лиму

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

surai-niso

Баёни мухтасари мазмуни баъзе сурахои Куръони карим аз руи тафсирхо /сураи ан – Нисо/

Бисмиллохи -р – Рахмони – р – Рахим. Даъват мешавад, ки «эй мардумон аз он …