Главная / Чамъият / Намудхои таъминот аз хисоби сугуртаи ичтимоии давлати

Намудхои таъминот аз хисоби сугуртаи ичтимоии давлати

Моддаи 360-и Кодекси Мехнат. Намудхои таъминот аз хисоби сугуртаи ичтимоии давлати

  1. Маблаги сугуртаи ичтимоии давлати барои кумакпулихо (кумакпулихои корношоямии муваккати, хомиладори ва таваллуд, дафн, кумакпулихои оилави ва дигар кумакпулихое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини кардаанд), дар холати бесаробон мондани оила, барои собикаи кории баъзе гуруххои кормандон, барои табобати санатори – курорти ва ташкили истирохати кормандон ва аъзои оилаи онхо, хуроки пархези, хизматрасонии тибби мувофики сахми сугурта барои дигар пардохтхо чихати тадбирхои солимгардонию пешгирикунанда, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон муайян шудааст, харч карда мешавад. Харчи маблаги сугуртаи ичтимоии давлати ба максадхои пешбининакардаи конунгузории Чумхурии Точикистон манъ аст.
  2. Аз фонди сугуртаи давлатии ичтимои карздор будани корфармо, кормандро аз хукуки таъмини у аз хисоби маблаги сугуртаи ичтимоии давлати махрум намесозад.
  3. Дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи аз хисоби маблаги худии корфармо ва хиссахои ихтиёрии кормандон андозахои зиёдтари пардохтхо, инчунин пардохтхои иловагии ичтимои пешбини шуда метавонанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …