Кадом намудхои фаъолият аз андозбанди озод карда шудааст дар Точикистон?
Ба намудхои фаъолияти сохибкорие, ки дар Номгуй дарч гардидаанд, шаходатномаи сохибкори инфироди дода намешавад, ба истиснои:
- дар банди 10 Номгуй бо хохиши сохибкори инфироди дар нуктаи статсионарии савдо то 20 м2 ба ивази патент шаходатномаи сохибкори инфироди дода мешавад.
- дар банди 13 Номгуй дар холати аз 4 м зиёд гардидани растаи савдо шаходатномаи сохибкори инфироди дода мешавад.
Андозаи пардохти патент барои шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд ба андозаи дукаратаи пардохт барои патент аз руи хамон намуди фаъолиятхо, ки онхо истифода мебаранд, амали карда мешавад.
Фаъолият оид ба фуруши гиёххои худруйи шифобахш, дугоб, гулингоб, чой ва донаи офтобпараст дар куча, фуруши рузномахо, мачаллахо, таквимхо ва китобхо дар куча, фуруши молхои каблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионари, хизматрасонии телефони кучаги, нигохубини пиронсолон, беморон ва кудакон, кашонидани бор ба воситаи ароба дар куча ва бозорхо, шустушуи воситаи наклиёт дар куча (ба гайр аз чойхои махсусгардонидашуда) ва кабрканхо (гурканхо), дар дехотчойхо амали намудани фуруши махсулоти хунархои бадеии халки ва махсулоти бофташуда (пашми, намади, пахтаги абрешими, гулдузи, зардузи), дар дехотчойхо ба рох мондани омузиши хунархои милли (дузандаги, бофандаги, риштабофи, газворбофи, дуредгари, кандакори, рассоми, рангуборкуни ва наккоши) мавриди андозбанди карор намегирад ва барои амали намудани он патент талаб карда намешавад (карори Хукумати ЧТ аз 25.01.2017 № 45) .
Асос: КАРОРИ Хукумати Чумхурии Точикисгон № 451 аз 31 августи соли 2012,
Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба карори Хукумати Чумхурии Точикистон