Намози саодат

Овардаанд, ки касе ин чахор ракъат намози саодатро хар шаб адо кунад ва илло дар хар хафтае ва илло дар хар мохе ва илло дар хар соле ва илло дар тамоми умр, ки мар уро кофист. Ва агар ин намозро баъд аз хафт вузу адо кунад, яъне вузу кунад ва намози тахияти вузу бигузорад ва боз вузу кунад ва боз намози тахияти вузу бигузорад ва хамчунин хафт карат, хар хочате, ки дошта бошад, бешак раво гардад. Аммо бояд дар чое бихонад, ки касе уро набинад.

Бояд, ки дар ракъати аввал баъд аз сураи «Фотиха» сураи «Ихлос» дах бор ва дар ракъати дуввум баъд аз сураи «Фотиха» сураи «Ихлос» бист бор ва дар ракъати саввум баъд аз сураи «Фотиха» сураи «Ихлос» си бор ва дар ракъати чахорум баъд аз сураи «Фотиха» сураи «Ихлос» чихил бор ва баъд аз салом панчоху як бор салавоти «Аллохумма салли ва саллим ва борик алайх» фиристад ва панчоху як бор «Сайиди истигфор» «Астагфируллохи-л-Азим, ал-Лази ло илоха илло Хува-л-Хайю-л-Кайюму ва атубу илайхи ва асъалуху-т-тавбах» гуяд ва панчоху як бор «Ва ло хавла ва ло куввата илло биллохи-л-Алийи-л-Азим» бихонад ва cap ба сачда нихода хафтод бор «ё Ваххоб» бигуяд ва агар сарро барахна кунад, афзал аст ва як бор бигуяд «Аллохумма асъидни би-саодати-д-дунё ва-л-охирах, бирахматика ё Архама-р-рохимин».

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …