Главная / Гуногун / Намоз бархостанд

Намоз бархостанд

Зохиде мехмони подшохе буд, чун ба таом бинишастанд, камтар аз он хурд, ки иродати у буд ва чун ба намоз бархостанд, беш аз он кард, ки одати у, то занни салохият дар хакки у зиёдат кунанд.

Тарсам, нараси ба Каъба, эй аъроби,
К-ин рах, ки ту мерави ба Туркистон аст.

Чун ба макоми хеш омад, суфра хост, то тановуле кунад. Писаре сохибфаросат дошт, гуфт:
– Эй падар боре ба мачлиси султон-дар таом нахурди?
Гуфт:
– Дар назари эшон чизе нахурдам, ки ба кор ояд.
Гуфт:
– Намозро хам казо кун, ки дар назари хак чизе накарди, ки ба кор ояд.

Эй хунархо гирифта бар кафи даст,
Айбхо баргирифта зери багал,
То чи хохи харидан, эй магрур?
Рузи дармондаги ба сими дагал.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …