Главная / Биология / Намояндагони ширхурон

Намояндагони ширхурон

Катори ширхурхои нопурраландон он кадар Намудхои зиёд надоранд.

Намояндагони ин катор дар Америкаи Чануби зиндаги мекунанд. Мегатера. мегалоник, лаванди мугамбир (левинец), мурчахурак, зирехпуст намояндахои ин катор мсбошанд, ки дар руйи замин ва дар болои дарахтон зиндаги карда, хурокашон кисмхои сабз ва меваи растани мебошад. Сипари баъзеи онхо ва забони дарозашон ба хазандахо монанд аст, ки ин хам як аломати филогенетикии ширхурхо бо хазандахо мебошад.

  1. Катори ширхурхон хоянда. Аксарияти намояндагони ин катор хуроки сахти растаниги мехуранд ва онро бо дандонхон пешашон тарошида чудо мекунанд ва бо курсиашон соида майда мекунанд. Хояндахо дандонхои ашки надоранд. Дандонхои пеши онхо бокуввати дароз буда, аз таъсири чизи сахтро тарошидан кунд намешаванд.

Дар аксарияти хояндахо куррудам дароз хаит, ки бокимондаи хурок аз таъсири микроорганизмхои он хазм мешавад. Хояндагон хеле сернасланд, чунки дар як сол кобилияти чандин бор насл додан доранд. Ба катори хояндагон санчоб, юрмон, калламуш, муш, кундузи дарёи, ондатра (муши обй) дохил мешаванд. Хояндахо хам ахамият ва хам зарар доранд. Баъзе аз онхо хайвоноти муинадори киматбахо буда, гурухи дигар зараррасони хочагии кишлок ва кисме аз онхо пахнкунандаю гузаронандаи харгуна касалихои хатарноки одаму хайвонот мебошанд. Хояндагонн зараррасонро бо хамираи захрнок, газ, об, капкон нобуд кардан мумкин аст. Укоб, гурба, хорпушт душмани асосии онхо мебошанд.

Расми 46. Хайвоноти муинадор.  1 - Санчоб; 2 - Хаз; 3 - Кокуи сафедпуст; 4 - Кокуми гупобиранг; 5 - Рубохи шимолии сафедпашм; 6 - Норка, 7 - Самур; 8 - Рубохи осмониранг; 9 - Рубохи муинааш сурх; 10 - Рубохи нукраранги сиёхтоб.
Расми 46. Хайвоноти муинадор.
1 – Санчоб; 2 – Хаз; 3 – Кокуи сафедпуст; 4 – Кокуми гупобиранг; 5 – Рубохи шимолии сафедпашм; 6 – Норка, 7 – Самур; 8 – Рубохи осмониранг; 9 – Рубохи муинааш сурх; 10 – Рубохи нукраранги сиёхтоб.

Кундузи дарёи хояндаи калонтар буда, дар сохили дарёчахои бешазор гурух-гурух дар хоначахои кофта ё сохтаашон мекунанд. Онхо тобистон растанихои сершираи оби ва зимистон шохаю пустлохи дарахтони пахнбаргро мехуранд. Кундузхо баъзан дарахтхои калонро хоида меафтонанд. Холо онхоро дар чойхои махсус парвариш карда, барои муинаашон шикор мекунанд.

Ондагра монанди кундуз дар сохили обанборхои серрастани зиндаги карда, дар як сол 2-4 маротиба 6-тои бача мезояд. Ондат- рачахо баъди як мох аз торчаашон баромада мустакил мешаванд. Баьди 4-5 мох кобилияти насл додан пайдо мекунанд. Ватани ондатра Америкаи Шимоли аст. Соли 1927 кариб 2500 сари онро ба кисми аврупоии собик Иттиходи Шурави оварда, cap дода буданд.

Калламуш ва мушхо сернасл буда, дар осиёбхо, чувозхонахо, обчувозхо, огилхонахо, таххонаю анборхонахо ва дар хонахои истикомати тамоми сол зиндаги карда, пинхони хурок меёбанд. Онхо ба хочагии одамон зарари калон мерасонанд. Чубро тарошида, сурох мекунанд. харгуна матою пуст ва китобхоро хоида, тавассути хурокхо касалихои зардча, меъдаю рударо мегузаронанд.

Юрмонхо дар дашту нимбиёбонхо, чарогох киштзорхо гурух-гурух шуда хонахои зеризамини мекобанд. Аз андак садо бохабар шуда, пинхон мешаванд. Дар зимистон аз гор берун набаромада мехобанд. Юрмон харсол дар бахор як маротиба насл медихад. Юрмонхо алафхои гуногуни дашти (бештар гиеххои хушадорро) хурда, хосили зироати галладонагиро харкадомаш аз харгектар 6-8 кг нобуд мекунанд. Ба хисоби миёна дар хар як гектари чарогох 20-50 юрмон зиндаги карда, алафхои он чойро кам мекунанд.

Санчоб муинаи киматбахо дорад. Вай ранги зебо ва думи дарози пупакмуй дорад. Тобистон муяш малларанг шуда, ба ранги танаи сузанбаргхо монанд мешавад. Дар тирамох бошад, муяшро партофта, муни хокистарранг мебарорад, ки дар зери шохахои сербарг базураён мегардад. Макони вай чангалзор буда, аз шох ба шох чахида мегардад.

Хангоми чахидан бо думаш самти харакатро муайян мекунад. Вай чанголхои тез дорад. Хурокаш бештар чалгузаи карагаю санавбар, финдик ва замбуруг буда, барои зимистонаш хам хурока захира мекунад. Санчоб дар хоначаи аз ушнахо сохтааш насл мегузорад.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …