Главная / Биология / Нафасгирии тухм Растани

Нафасгирии тухм Растани

Барои нафасгирии организмхои (мавчудоти) зинда, аз он чумла растанихо, хайвонот ва одам гази оксиген (хаво) зарур аст. Оксиген инчунин ба сузиш ёри мерасонад. Гугирдчуби афрухта дар му- хити хаво хеле хуб месузад, зеро дар он оксиген хаст. Аммо агар ягон зарфи шишагиро бо хавои нафасбарориамон пур карда, ба он гугирдчуби афрухтаро дохил кунем, вай хомуш мешавад. Зеро мо хангоми нафаскаши гази оксигенро кабул карда, гази карбонатро ба берун хорич мекунем. Гази карбонат ба сузиш ёри намерасонад.

Расми 25. Тухми сабзанда назар ба тухми насабзан- да тезтар нафас мекашадШумо аллакай медонед, ки барои сабзиши тухм хаво зарур мебошад. Пас саволе пайдо мешавад, ки оё тухм нафас мекашад? Дар натичаи нафаскашии тухм кадом газ хорич мешавад?

Барои тачриба ду зарфи шишагини берангу шаффофро гирифта, ба яке аз онхо тухми хушку нешназадаи гандум, чавдор, нахуд, лубиё ё растанихои ди- гар, ба зарфи дуюм бошад, хамин мик- дор тухми сабзидаистодаи растанихои

номбурдаро дохил мекунем. Дахони харду зарфро махкам карда, онро ба чои гарму торик мегузорем. Рузи дигар месанчем, ки тар- киби хавои зарфхо тагйир ёфтааст ё не.

Аз ин ру, ба зарфи шишагини тухми хушкдор шамъи борики аф рухтаро, ки ба нуги сим устувор карда шудааст, дохил мекунем 25. Шамъ сухтан мегирад. Зеро тухми хушки нешназада хеле суст нафас мегирад ва бинобар он, захираи оксигени дохили зарф кариб, ки тамоман сарф нашудааст.

Баъд дахони зарфи шишагини дуюмро, ки тухми нешзада дошт, мекушоем ва ба он шамъи фурузонро то поёнтараш дохил мекунем. Шамъ хомуш мешавад. Чунки тухми нешзада боавч нафас кашида, оксигени дохили зарфро истифода бурда, ба микдори зиёд гази карбонат (махсули нафаскаши) хорич кардааст.

Ин тачриба нишон медихад, ки тухми сабзидаистода оксигени хаворо нафас кашида, гази карбонат хорич мекунад. Ин табиист, зеро растани хам организми зинда мебошад.

Тухми чанинаш солим мунтазам шабу руз нафас мегирад. Тухм аз гармие, ки хангоми нафаскашиаш чудо мекунад, гарм мешавад. Хусусан, тухми сабзидаистода дар мухити нисбатан намнок назар ба тухми хушки нешзада тез-тез нафас кашида, бештар гарми чудо мекунад. Агар дони намкашидаро (дар чои нам бударо) гафс туда ку- ианд, он неш зада зуд гарм мешавад. Дар чунин шароит гарми зуд берун шуда аз харорати зиёд чанини чунин тухмхо нобуд мегардад.

Ва чунин тухмхо кобилияти сабзишашонро гум мекунанд. Барои руй надодани чунин ходиса дону галлаи чамъовари кардашу- даро нагз хушконида, дар анборхои хушки шамолрас нигох медоранд. Тухм мудом ба оксиген эхтиёч дорад. Ин холат ба дони хушк низ дахл дорад, харчанд, ки он назар ба дони сабзанда суст нафас мекашад. Дар анборхои махсуси галланигохдори (элеваторхо) ша- роитхои барои нигохдории дон мувофикро фарохам меоваранд.

  1. Нафасгирии тухмро чи тавр исбот кардан мумкин аст?
  2. Дар вакти нафаскашии тухм таркиби хаво чи тавр тагйир меёбад?
  3. Чаро тухми намкарда гарм мешавад?
  4. Барои нигохдории тухм кадом шароитхо лозиманд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …