Главная / Биология / Нафасгирии баргхо. Обро бухор кардани баргхо

Нафасгирии баргхо. Обро бухор кардани баргхо

Растанихои сабз ба монанди дигар мавчудоти зинда моддахои органикиро ба сифати гизо истифода мебаранд. Лекин фарки онхо аз дигар организмхои зинда (занбуругхо, бактерияхо, хайвонот ва гайрахо) аз он иборат аст, ки онхо пеш аз он ки моддахои органикиро гизо гиранд, онро сараввал дар баргашон дар раванди фотосинтез хосил мекунанд.

Растанихо дар баробари гизо гирифтан, инчунин ба монанди тамоми мавчудоти зинда муттасил нафас мегиранд. Растанихо монанди хайвонот ва одамон рузу шаб оксигенро нафас гирифта, гази карбонатро хорич мекунанд.

nafasgirii-bargho

Равандхои хаёти дар хар як хучайраи зинда мегузаранд. Ва ин равандхо сарфи энергияро талаб мекунанд. Дар раванди нафаскаши моддахои органики (гизои) бо оксигени нафасгирифташуда оксид шуда, гази карбонатро хорич мекунанд ва энергияи барои организм даркори хосил мешавад. Бинобар он, хамаи узвхои растани, ки аз хучайрахои зинда иборатанд, нафас мекашанд.

Растанихо узви махсуси нафаскаши надоранд. Онхо ба туфайли масомахо ва чавфи байнихучайрагиашон оксигенро нафас гирифта, гази карбонатро хорич мекунанд.

Барои санчидани нафаскашии барги растанихо чунин тачриба мегузаронем. Шохчаи 10-12 баргдоштаи ягон намуди растаниро (ё якчанд барги дароздумчадори анчибар ё гули тутиёро) гирифта, ба стакани обдор мегузорем. Сипас, стаканро ба болои лаълича гузош- та, дар пахлуяш стаканчае, ки охакоби шаффоф дорад, мемонем. Онхоро бо сарпуши шишагин ё банкаи калони шишагин пушонда, дар чевони торик мегузорем. Дар торики барги растани факат нафас мекашад. Яъне, барг оксигенро нафас кашида, гази карбонатро хорич мекунад. Бо таъсири гази карбонате, ки барг дар раванди на- фаскашиаш хорич кардааст, охакоби шаффоф тираранг мешавад.

fotosintez

Хамин тавр, дар растанихо ду раванди (ходисаи) дар мадди назар ба хам зид — фотосинтез ва нафаскаши мегузарад. Вале дар растанихо дар байни ин равандхо алокамандии иогусастани вучуд дорад, ки онро метавон ин тавр тасвир кард:

Яъне, моддахои органикие, ки дар раванди фотосинтез хосил ме- шаванд, дар раванди нафаскаши мавриди истифода карор доранд. Гази карбонате, ки дар раванди нафаскаши хосил мешавад, дар ра- ванди фотосинтез барои хосил кардани моддахои органики сарф мешавад. Хамин тавр, нафаскаши дар тамоми хучайрахои зиндаи узвхои растани бетанаффус идома дорад. Бо катъ гардидани нафас- каши растанихо нобуд мешаванд.

Обро бухор кардани растани. Такрибан 80 фоизи вазни растанй аз об иборат аст. Об барои харакати моддахои гизои шарти зарури буда, кисми муайяни он барои хосил шудани моддахои органики сарф мешавад. Инчунин, микдори зиёди об тавассути баргхо бухор мешавад.

Шохчаи баргдори растаниро аз растании асоси чудо накарда, ба колбаи шишагин чой гиронед. Бо пахта дахони колбаро махкам кунед. Баъди чанд муддат дар деворхои колба катрахои об пайдо мешаванд. Ин катрахои обро барги растани бухор кардааст.

Барои муайян кардани микдори оби бухоршудаи барги растани чунин тачриба мегузаронем. Шохчаи баргдори ягон растаниро гирифта, дар зарфи обдор мегузорем. Ба сатхи болоии об каме равган мерезем. Равган сатхи болои обро фаро гирифта, ба бухоршавии об монеъ мешавад. Баъд ба як паллаи тарозу зарфи обдор ва ба дигараш посанг мегузорем. Дар чунин шароит об метавонад факат тавассути барг бухор шавад. Пас аз як шабонаруз оби зарф хеле кам мешавад ва паллаи тарозуи растанидор боло бардошта мешавад. Барои баробар кардани паллахои тарозу мебояд, ки ба паллаи тарозуи растанидор посанг гузошта, онхоро баробар ку- нем. Аз руи вазни посанг муайян мекунем, ки растани тавассути баргаш чи микдор обро бухор кардааст.

Об асосан аз сатхи барг бухор мешавад. Дар даруни барг бухори об аз чавфи (роги) байнихучайрави гузашта, ба туфайли масомахо ба берун хорич карда мешавад. Аз хама зиёдтар обро баргхои нисбатан чавон бухор мекунанд.

Хусусияти обро бухор кардани растани гуногун аст. Масалан, як нихоли чуворимакка дар як шабонаруз 800 г, карам 1 л, булут 50 л, тус беш аз 60 л обро бухор менамояд. Ба микдор ва суръати обро бухор кардани растани хусусан шароити мухити беруна таъсири зиёд мерасонад. Масалан, дар хавои абрнок нисбат ба рузи офтоби растанихо обро кам бухор мекунанд, дар хавои гарми офтоби бошад, зиёдтар.

Обро бухор кардани растани инчунин ба холати дахоначахои (масомахои) барг сахт вобастаги дорад. Дар баъзе растанихо масома факат рузона кушода буда, шабона пушида мешавад. Дар холати ба дарачаи кофи бо об таъмин будани растани масома рузу шаб кушода аст.

Бухоршавии об дар хаёти растанихо ахамияти калон дорад. Ба туфайли оббухоршави дар хавои тасфон растанихо аз гармшавии барзиёд зарар (осеб) намебинанд. Бухор шудани об ба мубодилаи обии растанихо мусоидат мекунад. Инчунин, тавассути харакати об моддахои маъдани ва гизоии дар он халшуда ба узву кисмхои растани бурда мешаванд. Аз хама асосиаш он ки дар натичаи бухоршави об то баргхо омада, дар раванди фотосинтез иштирок мекунад.

  1. Растани чи тавр нафас мегирад?
  2. Барои санчидани нафасгирии растани чи хел тачриба гузарондан мумкин аст?
  3. Алокамандии раванди фотосинтез ва нафаскаширо шарх дихед.
  4. Обро бухор кардан дар хаёти растани чи ахамият дорад?
  5. Шароити мухити беруна ба обро бухор кардани растани чи хел таъсир мерасонад?
  6. Масома дар хаёти растани чи ахамият дорад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …