Главная / Чамъият / Нафакаи хизматчиёни Харби

Нафакаи хизматчиёни Харби

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Дар бораи таъмини нафакаи хизматчиёни Харби

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с.1994, № 23-24, мод.462;

Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с.1996, №4, мод.62; с.1998, №10, мод.119; с.2002, №4, к.1, мод.161;  с.2003, №4, мод.142; с.2008, № 6, мод.452; с.2009, №3, мод.92; с.2014, №11, мод.660;

Конуни ЧТ аз 25.12.2015 с., №1264)

nafaqa

Боби 1.

КОИДАХОИ УМУМИ

Моддаи 1. Шахсоне, ки амали  Конуни мазкур  нисбати онхо татбик мегардад

Мукаррароти Конуни мазкур нисбати шахсони зерин татбик мешаванд: (КЧТ аз 27.11.14с., №1151)

а) сокинони Чумхурии Точикистон:

шахсоне, ки хамчун афсар ва прапоршик ё аз руи карордод ба сифати сарбоз, сержант ва старшина дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дар кушуни cархадди ва дохили, кушуни мудофиаи граждани, макомоти амният ва дигар вохидхои харбии Чумхурии Точикистон, ки мувофики конунхои Чумхурии Точикистон ташкил шудаанд, хизмати харбиро адо кардаанд ва оилахои онхо;

шахсони хайати афсари, прапоршикхо, мичманхо ва хизматчиёни харбии зиёдамухлат, ки дар Куввахои Мусаллах, кушун ва макомоти бехатарии давлати, кушунхои дохили ва рохиохани, дигар вохидхои харбии собик Иттиходи ЧШС хизмати харбиро ба чо овардаанд ва ахли оилаи ин ашхос; (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

 шахсони хайати катори ва фармондехи, ки дар макомоти корхои дохили, муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чинояти хизмат кардаанд, шахсони дорои рутбаи махсуси макомоти гумрук, чузъу томхои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, вохидхои хифзи хукуки Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, судяхои Коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон, судхои харбии гарнизонхо (минбаъд – судяхои суди харби) ва кормандони макомоти прокуратураи харбии Чумхурии Точикистон, собик Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалисти ва ахли оилаи онхо; (КЧТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

шахсони дар моддаи 4-уми ин Конун нишондодашуда ва ахли оилаи онхо – ба шарте ки дар ахдномахо (созишномахо) оиди таъми­ни ичтимои, ки Чумхурии Точикистон ва ё собик Иттиходи ЧШС бо он давлатхо бастааст, ба рох мондани таъмини нафакаи онхо тибки конунгузории давлате, ки дар каламрави он номбаршудагон зиндаги мекунанд, пешбини шуда бошад; (КЧТ аз 26.03.09с., №499)

б) шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки ба сифати афсар, прапоршик ва мичман ё аз руи карордод ба сифати сарбоз, матрос, сержант ва старшина дар Куввахои Мусаллах, кушунхои cархади, дохили ва вохид­хои алокаи хукумати, кушуни мудофиаи граждани, макомоти амният ва кашфи хоричи, дигар вохидхои харбии Чумхурии Точикистон ва собик Иттиходи ЧШС, ки мувофики конун ташкил шудаанд, хизмати харбиро ба чо овардаанд ва ахли оилаи ин ашхос, ки маскуни давлатхои собик чумхурихои ИЧШС буда ва ин давлатхои иштирокчии Иттиходи Давлатхои Мустакил намебошанд, агар дар конунгузорихои давлатхои мазкур таъмини нафакаи ашхоси номбурда дар асоси барои шахсони хизмати харбиро бачооварда ва ахли оилаи онхо пешбини нашуда бошад.

Таъмини нафакаи шахсони хайати кироя, кормандони техники ва хизматрасони Куввахои Мусаллах, кушун ва макомоти дар кисми якуми  хамин модда номбаршуда дар асоси шароиту тартиби мукаррарнамудаи  Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи нафакахои сугуртави ва давлати» амали мегардад.   (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

Моддаи 2. Тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини

                  нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар

                 бораи нафакахои сугуртави ва давлати»таъин кардани нафака ба ашхосе, ки хизмати харбиро

                  ба чо овардаанд, дар макомоти корхои дохили, муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чинояти

хизмат кардаанд ва ахли оилаи онхо

(КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Таъмини нафакаи ашхосе, ки аз руи даъват ба сифати аскар, сержант ва старшина (пештар хизмати хакикии мухлатдори харби) дар Куввахои Мусаллах ва вохидхои харбии дар банди «а»-и кисми якуми моддаи 1-уми хамин Конун зикршуда хизмати харбиро ба чо овардаанд ва ахли оилаи онхо мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъ­мини нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи нафакахои сугуртави ва давлати»» ба амал бароварда мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

Бо хохиши шахсони дар кисми якуми моддаи 1-уми хамин Конун нишондодашуда ва ахли оилаи онхо, ки дар Чумхурии Точикистон зиндаги мекунанд, тибки шароит ва меъёрхои мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи нафакахои сугуртави ва давлати»» мумкин аст, ки нафака таъин карда шавад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

Тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи нафакахои сугуртави ва давлати» хамчунин ба собик хизматчиёни харби ва шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун номбаршуда, ки мувофики тартиби мукаррарнаму­даи конунгузори аз рутбахои харби ва махсус махрум карда шудаанд ва ахли оилаи онхо дар сурати мувофики  Конуни мазкур ба таъмини нафака хукук доштанашон нафака таъин карда мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

Ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун номбаршуда, ки дар ташкилотхои худмаблаггузори харбикунонидашуда хизмат мекунанд ва таъминоти пулии онхо аз хисоби ин ташкилот пардохт мешавад, таъйин ва пардохти нафакаашон тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи нафакахои сугуртави ва давлати» амали карда мешаванд. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 3. Шахсоне, ки дар таъмини нафака ба шахсони хамчун афсар ё аз руи карордод хизмати харбиро

                   бачооварда баробар карда шудаанд ва ахли оилаи онхо

 

Ба шахсоне, ки дар давраи Чанги Бузурги Ватани дар отряд ва вохидхои партизании шурави дар мансабхои фармондехии ба мансабхои аз чониби афсарон ишголшаванда мувофикбуда хизмат кардаанд ва ах­ли оилаи онхо дар асосхое, ки хамин Конун барои шахсони ба сифа­ти афсар хизмати харбиро бачооварда ва ахли оилаи онхо пешбини намудааст, нафака таъин карда мешавад.

Ба шахсоне, ки дар хизмати харбии зиёда аз мухлат (собик хизмат­чиёни харбии зиёдамухлат) мондаанд, занхое, ки ба таври ихтиёри дар мансабхои сарбоз, матрос, сержант ва старшина (собик хизматчиёни харби – занон) хизмати харбиро ба чо овардаанд, ва ахли оилаи онхо дар асосхое, ки хамин Конун барои шахсони аз руи карордод ба сифа­ти сарбоз, матрос, сержант ва старшина хизмати харбиро адокарда ва ахли оилаи онхо пешбини намудааст, нафака таъин карда мешавад.

 

Моддаи 4. Таъмини нафакаи ашхосе, ки хизмати харбиро, хизмат дар макомоти корхои дохили муассиса ва

                   макомоти системаи ичрои чазои чинояти дар дигар давлатхо ба чо овардаанд ва ахли оилаи онхо

 

Таъмини нафакаи шахсоне, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон истикомат карда, ба сифати афсар, прапоршик, мичман, хизматчии харбии зиёдамухлат, ё дар асоси карордод ба хайси сарбоз, матрос, сер­жант ва старшина дар Куввахои Мусаллах, (артиш, кушун), макомоти бехатари ва дигар вохидхои харбии дар асоси конунгузори ташкилшуда хизмати харбиро адо кардаанд, шахсони хайати катори ва фармондехи, ки дар макомоти корхои дохили муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чинояти хизмат кардаанд, шахсоне, ки рутбахои махсус дошта, дар макомоти гумрук, чузъу томхои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, вохидхои хифзи хукуки Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон хизмат кардаанд, инчунин судяхои суди харби ва кормандони макомоти прокуратураи харбии дигар давлатхо, ки бо онхо Чумхурии Точикистон ё собик ИЧШС дар бораи таъминоти ичтимои ахднома (созишнома) бастаанд, инчунин ахли оилахои шахсони мазкур мувофики тартиби пешбининамудаи ин ахдномахо (созишномахо) ба амал бароварда мешавад. (КЧТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 5. Намудхои нафака

 

Шахсони дар кисми якуми  моддаи 1хамин Конун зикршуда барои нафакахои зайл хукук пайдо мекунанд:

а) барои собикаи хизмат, агар онхо собика дар хизмати харби ва (ё) собика дар хизмати макомоти корхои дохили, муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чинояти, гумрук, чузъу томхои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, вохидхои хифзи хукуки Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, дар вазифаи судяи суди харби ва дар макомоти прокуратураи харби, ки Конуни мазкур пешбини кардааст, дошта бошанд; (КЧТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

б) барои маъюби, агар онхо дар шароите, ки Конуни мазкур пеш­бини кардааст, маъюб шуда бошанд.

Хангоми халокат ё вафоти ашхоси дар кисми якуми моддаи 1 Конуни мазкур зикршуда оилаи онхо дар сурати мавчуд будани шароити дар Конуни мазкур пешбинишуда ба гирифтани нафака ба сабаби махрум шудан аз саробон хукук пайдо мекунанд. (КЧТ аз 26.03.09с., №499)

Оилаи нафакахурони вафоткарда аз зумраи ашхоси дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда дар асосхои умуми бо оилаи ашхосе, ки дар давраи адои хизмат вафот кардаанд, бо гирифтани нафака ба сабаби махрум шудан аз саробон хукук пайдо мекунанд. (КЧТ аз 26.03.09с., №499)

Моддаи 6. Татбики хукук барои таъмини нафака

 

Ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршу­да, ки барои таъмини нафака хукук доранд, баъди чавоб шудан аз хиз­мат нафака таъин карда ва дода мешавад. Ба ин шахсон нафака ба са­баби маъюби ва бинобар бе саробон мондан ба оилахои онхо, сарфи назар аз давомнокии хизмат, таъин карда мешавад.

Моддаи 7. Хукуки интихоби нафака

 

Ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршу­да ва ахли оилаи онхо, ки дар як вакт ба нафакахои гуногуни давлати хукук доранд, бо интихоби онхо як нафака таъин карда мешавад.

 

Моддаи 8. Таъмини нафакаи ашхосе, ки ба таъсири радиатсиони гирифтор шудаанд ва ахли оилаи онхо

 

Ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршу­да, ки хангоми таркондан ва озмудани силохи хастаи (ядрои) ё дар натичаи садама дар объектхои хастаии таъиноти граждани ва низоми, хамчунин хангоми бартараф кардани окибатхои ин садамахо ба таъсири радиатсиони гирифтор шудаанд ва ахли оилаи онхо шартхои иловагии имтиёзноки таъин кардани нафака дода шуда, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи химояи ичтимоии шахрвандон ба таъсири радиатсиони гирифторшуда ба нафака, ёрдампули ва чубронпулии онхо иловапули дода мешавад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1151)

Моддаи 9. Додани ёрдампули

 

Нафака ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун номбаршуда, нафакахурон – маъюбон аз зумраи ин шахсон, ки аз хизмат чавоб дода шудаанд ва ба аъзои оилахои нафакахурони вафоткарда ёрдампули аз руи тартиб ва андозаи муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон дода мешавад.

Моддаи 10. Маблагхо барои пардохти нафака

 

Нафака ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун номбаршуда ва ахли оилаи онхо (ба истиснои шахсони дар кисми чоруми моддаи 2 хамин Конун зикршуда) аз хисоби маблагхои бучети чумхуриявии Чумхурии Точикистон дода мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

Моддаи 11. Макомоте, ки таъмини нафакаро амали менамоянд

 

Таъмини нафакаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун номбаршуда ва ахли оилаи онхо вобаста ба чои охирони хизмати онхо аз тарафи макомоти зерин ба амал бароварда мешавад: (КЧТ аз 26.03.09с., №499; аз 27.11.14с., №1151)

а) Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон – нисбати хизматчиёни харбии аз Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, судяхои суди харби, кормандони макомоти прокуратураи харби ва дигар сохторхои харбии Чумхурии Точикистон чавобдодашуда, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ташкил шудаанд (ба гайр аз сохторхои дар бандхои «б», «г», ва «д»-и хамин модда номбаршуда), шахсони дар кисми якуми моддаи 3-юми хамин Конун зикршуда, инчунин оилахои онхо; (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

б) Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон – нисбати хизматчиёни харбии аз кушунхои дохили рухсатшуда, шахсони хайати катори ва фармондехии аз макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон чавоб додашуда, инчунин ахли оилаи онхо;

в) Кумитаи давлатии амнияти миллииЧумхурии Точикистон – нисбати хизматчиёни низомии аз макомоти амният ва сохторхои харбии тахти тобеъияти идоравии ин вазорат чавобшуда, инчунин ахли оилаи онхо; (КЧТ аз 26.03.09с., №499)

г) Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон – нис­бати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз макомоти гумрук чавоб шу­даанд, инчунин ахли оилаи онхо; (КЧТ аз 26.03.09с., №499)

д) Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон – нисбати хизматчиёни харби ва кормандони хайати катори ва фармондехие, ки аз муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон озод карда шудаанд, инчунин оилаи онхо; (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

е) аз тарафи Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон- нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз макомоти Агенти чавоб шудаанд, инчунин ахли оилаи онхо; (КЧТ аз 26.03.09с., №499)

ж) Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Чумхурии Точикистон – нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз макомоти Агенти чавоб шудаанд, инчунин ахли оилаи онхо;

з) аз тарафи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон – нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз макомоти Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон чавоб шудаанд, инчунин ахли оилаи онхо;

и) аз тарафи Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон – нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон чавоб шудаанд, инчунин ахли оилаи онхо. (КЧТ аз 26.03.09с., №499)

Таъмини нафакаи категорияхои дахлдори хизматчиёни харбии аз хизмат чавобшуда, шахсони хайати катори ва фармондехии макомоти корхои дохили, муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чинояти, макомоти гумрук, макомоти суди харби ва прокуратураи харбии собик Иттиходи ЧШС, дигар давлатхо ва оилахои онхо, ки дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун нишон дода шудаанд, мувофики мансубияти идоравии номбаршудагони хамин модда амали мегардад. (КЧТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 12. Ёрии ичтимои ба нафакахурон

 

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе,шахру нохияхо дар доираи ваколатхои ба онхо додашуда хак, доранд, ки аз хисоби бучетхои дахлдори вилояти мухтор, вилоят, шахр ва нохия ба нафакахои мувофики хамин Конун таъиншаванда иловапулихо, ба нафакахурон аз чумлаи шахсони дар банди «а»-и кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикр шуда ва ба ахли оилаи онхо намудхои иловагии таъминоти модди ва имтиёзот мукаррар намоянд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1151)

Боби 2.

НАФАКА БАРОИ СОБИКАИ ХИЗМАТИ

 

Моддаи 13. Шартхое, ки хукуки нафакаро аз руи собикаи хизмат муайян мекунанд

Барои аз руи собикаи хизмат ба нафака баромадан шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда, ки то рузи аз хизмат чавоб шуданашон дар хизмати харби ва (ё) хизмат дар макомоти корхои дохили, системаи ичрои чазои чинояти, гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, вохидхои хифзи хукуки Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулода ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти прокуратураи харби ва дар вазифаи судяи суди харби 25 сол ва зиёда аз он собикаи хизмат доранд, хукук доранд. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

Моддаи 14. Андозаи нафака

 

Андозаи нафака ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда, ки 25 сол собикаи хизмат доранд, 65 фоизи маблаги дахлдори таъминоти пули, ки дар моддаи 43 хамин Конун пешбини шудааст ва барои хар соли зиёда аз 25 сол 3 фоизи маблаги таъминоти пули, вале чамъан на зиёда аз 80 фоизи маблаги таъминоти пули, мукаррар карда мешавад.

Дар мавриди такроран ба хизмати харби ё ба макомоти корхои дохили, муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чинояти, макомоти гумрук, чузъу томхои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, вохидхои хифзи хукуки Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, дар вазифаи судяи суди харби, макомоти прокуратураи харби ва инчунин дар хизмати давлати ба хизмат таъйин шудани шахсони дар хамин модда зикршуда, ки нафака мегиранд, нафакаи онхо катъ карда мешавад ва хангоми минбаъд аз хизмат чавоб додани онхо пардохти нафака ба онхо дар асоси собикаи хизмат дар рузи охирини аз хизмат чавоб шуданашон аз нав баркарор карда мешавад.

(КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

Моддаи 15. Андозахои хадди нихои ва хадди акалли нафака

 

Андозаи хадди нихоии нафака барои собикаи хизмати аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Нафака барои собикаи хизмати, ки тибки хамин Конун таъин карда мешавад, аз андозаи хадди акалли нафака аз руи синну сол (пиронсоли), ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст ва дар кисми якуми моддаи 46 хамин Конун нишон дода шудааст, бояд камтар набошад.

 

Моддаи 16. Зиёд кардани андозаи нафака аз руи собикаи хизмат ба шахсоне, ки дар натичаи чарохати харби

                     маъюб гардидаанд

 

Ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда, ки дар натичаи чарохати харби маъюб гардидаанд, нафака аз руи собикаи хизмат ба андозаи хадди акали нафакаи маъюби, ки банди «а»-и моддаи 23-юми хамин Конун барои маьюбон аз чумлаи ин шахсон аз руи гурухи дахлдори маъюби пешбини намудааст, зиёд карда мешавад. Зиёдкунии мазкурро дар як вакт бо афзоиши пешбининамудаи бандхои «г»- ё «д»-и моддаи 45-уми хамин Конун хисоб кардан мумкин аст.

 

Моддаи 17. Иловапулихо ба нафака аз руи собикаи хизмат.

 

Ба нафака аз руи собикаи хизмат, ки ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда таъин карда мешавад (аз чумла ба нафакаи хадди акал хисоб кардашуда), иловапулихои зайл хамрох карда мешавад:

а) ба нафакахурон – маъюбони гурухи 1 ё ба синни 80-солаги расида, хамчунин ба нафакахуроне, ки аз руи вазъи саломати тибки хулосаи [*]муассисаи табобати ба нигохубини (кумак,  назорати) доимии шахси дигар эхтиёч доранд, – барои нигохубин кардани нафакахур ба андо­заи 50 фоизи нафакаи хадди акал аз руи синну сол, ки дар банди авва­ли моддаи 46-уми хамин Конун нишон дода шудааст ва онро конунгузо­рии Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст;

б) ба нафакахурони кор намекардагии ба синни 55-солаги расида ё маъюб буда, ки дар таъминоташон аьзои гайри кобили мехнати оилахои дар модахои 29, 31, 33, 34-уми хамин Конун зикршуда доранд, – ба хар сари онхо, вале на зиёда ба се аъзои гайри кобили мехнати оила, ба андозаи 50 фоиз, ба узви гайрикобили мехнати оила, ки маъюби гурухи 3 мебошад, – 30 фоизи андозаи хадди акали нафакаи пиронсолии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, ки дар кисми ав­вали моддаи 46-уми хамин Конун нишон дода шудааст. Дар сурати дар як вакт доштани хукук ба нафакаи ичтимои ва иловапули ба нафака нисбати узви гайри кобили мехнати оила, ба яке аз аъзои оила нафакаи ичтимои таъин карда ё ба нафака барои ин узви оила иловапули хамрох кардан мумкин аст.

Иловапулии дар банди «а»-и хамин модда нишондодашуда ба нафакахои нафакахуроне, ки ба зиёд кардани нафакаи пешбининамудаи моддаи 16-уми хамин Конун хукук доранд, хисоб карда намешавад.

 

Моддаи 18. Хисоб кардани собикаи хизмат барои таъин кардани нафака

Ба собикаи хизмат барои таъин кардани нафака мувофики моддаи 13-уми хамин Конун инхо хисоб карда мешаванд:хизмати харби; хизмат дар макомоти корхои дохили дар вазифахои хайати катори ва фармондехи; хизмат дар отряди партизании шурави; хизмат дар макомоти гумрук, чузъу томхои Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Чумхурии Точикистон, хизмат дар  вохидхои хифзи хукуки Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар вазифаи судяи суди харби, дар макомоти прокуратураи харби; мухлати кор дар макомоти хокимияти давлати; вазорату идорахо ва ташкилотхои граждани ва хамзамон боки мондан дар хизмати харби ё дар кадрхои вазоратхову идорахои дахлдори Чумхурии Точикистон; вакти дар асири будан, агар асири ихтиёри набошад ва хизматии харби хангоми асир буданаш ба Ватан чиноят накарда бошад; мухлати сипари кардани чазо ва дар хабс будани хизматчиёни харби, ашхоси хайати катори ва фармондехии макомоти корхои дохили ва муассисаю макомоти системаи ичрои чазои чинояти, шахсони дорои рутбаи махсуси макомоти гумрук, вохидхои полиси андоз, судяхои суди харби, кормандони макомоти прокуратураи харби, ки беасос ба чавобгарии чинояти кашида шудаанд ё табъид шуда, баъдан сафед карда шудаанд. (КЧТ аз 26.03.09с., №499; аз 27.11.14с., №1151; аз 25.12.15с., №1264)

Давраи хизмат дар шароити махсус бояд ба со­бикаи хизмат барои таъин кардани нафака ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун нишон додашуда ба хисоби ймтиёзнок дохил карда шавад.

Тартиби хисоб кардани собикаи хизмат барои таъин кардани нафака ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун нишон додашударо Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Ба собикаи хизматии умуми барои таъйин намудани нафака ба шахсони дар моддаи 1 хамин Конун зикршуда хисоб намудани собикаи гайринизоми аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Боби 3.

НАФАКАИ МАЪЮБИ

Моддаи 19. Шартхое, ки хукуки нафакаи  маъюбиро муай­ян мекунанд

 

Шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун номбаршуда, ки маъюб шудаанд, ба нафакаи маъюби хукук доранд, агар онхо дар давраи хизмат ё то семохи баъди аз хизмат чавоб шудан ё агар онхо баъди ин мухлат дар натичаи захм, контузия, маслуки ё касалии дар давраи хизмат гирифтор шудаашон маъюб шуда бошанд.

Моддаи 20. Мукаррар кардани маъюби

 

Гурух, ва сабабхои маъюби, инчунин вакти расидани маъюбшавиро комиссияи экспертии тиббию мехнати (КЭТМ) мукаррар менамояд, ки он дар асоси Низомномаи аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдикшаванда амал мекунад.

Вобаста ба дарачаи гум кардани кобилияти мехнати маъюбон ба 3 гурух таксим карда мешаванд.

Моддаи 21. Категорияхои маьюбон

 

Маъюбон аз чумлаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда вобаста ба сабабхои маъюби ба категорияхои зерин таксим карда мешаванд:

а) маъюбон дар натичаи чарохати харби – шахсоне, ки дар натичаи захмдоршави, контузия ё маслукшави хангоми химояи Ватан ё ичрои дигар вазифахои хизмати харби (вазоифи хизмати) ва ё дар натичаи касалии вобаста ба давраи чангё адои хизмат дар хорича — дар давлатхое, ки дар онхо амалиёти чанги сурат гирифтаанд, маъюб шудаанд. Ба маъюбон дар натичаи чарохати харби хамчунин собик, хизматчиёни харби ва дигар шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун номбаршуда, ки дар натичаи захмдоршави, контузия, маслукшави ё касалии дар давраи асири (дар сурати риояи шартхои пешбининамудаи кисми 1-уми моддаи 18-уми хамин Конун) ё дар давраи ба сифати тарбиягиранда ва юнга (малохписар) дар артиши амалкунанда будан гирифтор шуда, маъюб гардидаанд, дохил мешаванд.

б) маъюбон дар натичаи касали, ки дар давраи хизмати харби ба он гирифтор шудаанд, — шахсоне, ки дар натичаи ходисаи нохуше маъюб шудаанд ба ичрои вазифахои хизмати харби (вазифахои хизмати) вобаста нест ва ё дар натичаи касалие маъюб шудаанд, ки ба иштирок кардан дар фронт ё хизмат дар хорича дар давлатхое, ки дар онхо амалиёти чанги сурат гирифтаанд, вобастаги надорад.

Моддаи 22. Андозаи нафакахо

 

Ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 Конуни мазкур нишон додашуда нафакаи маъюби ба андозаи зерин мукаррар карда мешавад:

а) ба маъюбони гуруххои 1 ва 2-юми дар натичаи чарохати харби – 85 фоиз, гурухи 3–50 фоизи маблаги дахлдори таъминоти пули, ки дар моддаи 43-юми хамин Конун пешбини шудааст;

б) ба маъюбон дар натичаи касалии дар давраи хизмати харби гирифторшудаи гуруххои 1 ва 2–75 фоиз, гурухи 3–30 фоизи маблагхои дахлдори таъминоти пули, ки дар моддаи 43-юми хамин Конун пешби­ни шудааст.

Моддаи 23. Андозахои хадди акали нафака

 

Нафакаи маъюби ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда набояд аз андозахои зайл камтар бошад:

а) барои маъюбони гуруххои 1 ва 2 дар натичаи чарохати харби– 200 фоиз, гурухи 3–100 фоизи андозаи нафакаи хадди акали мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз руи синну сол, ки дар кисми 2-юми моддаи 46-уми хамин Конун нишон дода шудааст;

б) барои маъюбони гурухи 1 ва 2 дар натичаи касалии дар давраи хизмати харби гирифторшуда – 100 фоиз, гурухи 3–80 фоизи андозаи нафакаи хадди акали мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз руи синну сол, ки дар кисми 1-уми моддаи 46-уми хамин Конун нишон дода шудааст.

Моддаи 24. Иловапулихо ба нафака бинобар маъюби

 

Ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун нишондодашуда, ки маъюби гурухи 1 дониста шудаанд ё ба синни 80-солаги расидаанд ё мувофики хулосаи муассисаи табобати ба нигохубини (кумак, назорати) доимии шахси дигар эхтиёч доранд, инчунин ба маъюбони кор намекардагии гурухи 1 ва 2-и дар таъминоташон аъзои гайрикобили мехнат дошта ба нафакаи бинобар маъюбии ба онхо таъиншаванда (аз чумла ба нафакаи хадди акал, ки хисоб шудааст) мувофики тартибу андозахое, ки моддаи 17-уми Конуни мазкур пешбини кардааст, иловапули зам карда мешавад.

Моддаи 25. Даврае, ки барои он нафака аз руи маъюби таъин кар­да мешавад

Ба шахсони дар моддаи 1-уми хамин Конун зикршуда нафака аз руи маъюби барои давраи маъюбии комиссияи экспертизаи тиббию мехнати мукаррарнамуда, ба мардони маъюби аз 60-сола боло ва занони маъюби аз 55-сола боло бошад, барои як умр, бо рохи аз нав муоина кар­дан факат бо аризаи шахсиашон дода мешавад.

Дар мавриди кобили мехнат донистани нафакахуре, ки ба синни дар ин модда зикршуда нарасидааст, нафака ба вай то охири мохе дода ме­шавад, ки уро кобили мехнат донистаанд, вале на бештар аз рузе, ки то он маъюби мукаррар карда шудааст.

 

Моддаи 26. Тагйир додани андозаи нафака хангоми аз нав дида баромадани гурухи маъюби

Хангоми аз нав дида баромадани гурухи маъюби мутаносибан ан­дозаи нафака низ тагйир меёбад. Агар дар натичаи чарохати харби маъ­юбии шахси маъюб вобаста ба касалии умуми, маслукии мехнати ё бемории касби авч гирад, нафака аз руи гурухи нави маъюби бо махфуз доштани сабаби пештараи он аз нав хисоб карда мешавад.

Моддаи 27. Боздоштан ва аз нав огоз намудани пардохти нафака хангоми гузаштани мухлати муоинаи такрори

Агар маъюб аз зумраи шахсони дар моддаи 1-уми хамин Конун нишондодашуда дар комиссияи экспертии тиббии мехнати (КЭТМ) са­ри вакт аз муоинаи такрори нагузарад, пардохти нафакаи таъиншуда аз рузе, ки то он ба вай маъюби мукаррар карда шудааст, боздошта ме­шавад, дар мавриди аз нав маъюб донистани вай аз рузи ба у аз нав мукаррар намудани маъюби нафакаи таъиншуда пардохта мешавад.

Дар сурати аз мухлати муоинаи такрори бо сабаби узрнок дер кардани маъюб ва аз тарафи КЭТМ ба у мукаррар кардани маъюби барои давраи гузашта, пардохти нафака аз он рузе огоз меёбад, ки вай маъ­юб дониста шудааст. Агар хангоми муоинаи такрори ба маъюб дигар гурухи маъюби (нисбатан баландтар ё пастар) мукаррар шавад, ба вай нафака барои давраи гузаштаи пеш аз рузи муоинаи такрори аз руи гурухи пештараи маъюби пардохта мешавад.

 

Боби 4.

НАФАКАИ БИНОБАР БЕ САРОБОН МОНДАН

Моддаи 28. Шартхои муайянкунандаи хукуки нафака

 

Ба оилаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун нишондодашуда нафакаи бинобар бе саробон мондан таъин карда мешавад, агар саробон дар давраи адои хизмат ё на дертар аз се мохи баъди рузи аз хизмат чавоб шудан ё аз ин мухлат дертар дар натичаи захм, кон­тузия, маслуки ё касалии дар давраи адои хизмат гирифтор шудааш вафот карда (халок шуда) бошад ва ба оилаи нафакахурон, аз чумлаи ин ашхос — агар саробон дар давраи нафака гирифтан вафот карда бо­шад, новобаста аз вакти баъди рузи вафоти саробон гузашта. Дар айни замон оилахои собик хизматчиёни харби, аз чумла шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун номбаршуда, ки дар вакти асир буданашон вафот кардаанд (дар сурати риояи шартхои дар кисми 1-уми моддаи 18-уми хамин Конун нишондодашуда) ва оилахои хизматчиёни харбии дар давраи амалиёти чанги беномунишон гумшуда, ба оилахои шахсони дар фронт халокгардида баробар карда мешаванд.

Моддаи 29. Аъзои оила, ки ба нафака хукук доранд

 

Аъзои оилаи гайри кобили мехнати шахсони вафоткардаи (халокгардидаи) дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун нишондодашуда, ки дар таъминоти онхо буданд, барои нафакаи бинобар бе саробон мондан хукук доранд.

Сарфи назар аз нонхури саробон будан, нафака ба бачахои гайри кобили мехнат, волидони кобилияти кори надошта, хамсар, агар онхо баъди фавти саробон манбаи ризку рузии барои зиндагиашон зарурро гум карда бошанд; волидони гайри кобили мехнат ва хамсарони шахсоне, ки дар натичаи сабабхои дар банди «а»-и моддаи 21-уми хамин Конун зикршуда вафот кардаанд; хамсар, яке аз волидон ё дигар аъзои сила, ки дар банди «в»-и хамин модда нишон дода шудаанд, таъин кар­да мешавад.

Аъзои гайри кобили мехнат инхо дониста мешаванд:

а) фарзандон, бародарон, хохарон ва наберагоне, ки ба синни 18-солаги нарасидаанд ё аз ин синну сол калонтар мебошанд, агар онхо то ба синни 18-солаги расидан маъюб шуда бошанд, онхое, ки дар муассисахои таълими мехонанд (ба гайр аз муассисахои таълимие, ки таълимгирандагони онхо дар хизмати харби ё хизмат дар макомоти корхои дохили ва дар муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чинояти, дониста мешаванд) — то хатми тахсил, вале на дертар ба синни 23-солаги расидани онхо. Бародарон, хохарон ва наберагон ба нафака хукук доранд, агар онхо волидони кобили мехнат надошта бошанд;

б) падар, модар ва хамсар, агар онхо ба синну соли мардон – 63-сола, занон – 58-сола расида бошанд ва ё маъюб бошанд; (КЧТ аз 26.03.09с., №499)

в) хамсар ё яке аз волидон ва ё бобо, биби, бародар ё хохар сарфи назар аз синну сол ва кобилияти кори, агар вай ба нигохубини бачахо, бародарону хохарон ё наберагони ба синни 8-солаги нарасидаи саробони вафоткарда машгул бошад ва кор накунад;

г) бобо ва биби – дар сурати набудани шахсоне, ки аз руи Конун вазифадоранд онхоро нигохубин кунанд.

Моддаи 30. Хукуки нафака бо шартхои имтиёзнок

 

Хамсари шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун нишондодашуда, ки дар натичаи сабабхои дар банди «а»-и моддаи 21-уми хамин Конун номбаркардашуда вафот кардаанд, ки бо нигохубини фарзандони то ба синни 8-солаги нарасидаи шахсони вафоткарда машгул мебошанд, сарфи назар аз синну сол, кобилияти кори ва аз он, ки зан кор мекунад ё не, ба нафакаи бинобар бе саробон мондан хукук доранд.

Ба модарон ва хамсари шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда, ки дар натичаи сабабхои дар банди «а»-и моддаи 21-уми хамин Конун номбаршуда вафот кардаанд, нафакаи бинобар бе саробон мондан хангоми ба синни 50-солаги расидани онхо таъин карда мешавад.

 

Моддаи 31. Аъзои оилаи шахси вафоткарда, ки нонхури вай хисоб меёбанд

 

Аъзои оилаи шахси вафоткарда дар мавриде нонхури вай хисоб меёбанд, ки агар онхо пурра дар таъминоти у бошанд ё аз вай ёрие мегирифта бошанд, ки он барои онхо манбаи доими ва асосии ризку рузи барои зиндаги бошад.

Ба аъзои оилаи шахси вафоткарда, ки барои онхо ёрии вай манбаи доими ва асосии ризку рузи барои зиндаги бошад, вале худи онхо ягон навъи нафака гиранд, бинобар бе саробон мондан нафака таъин кардан мумкин аст.

 

Моддаи 32. Пардохти нафакаи бинобар бе саробон мондан ба фарзандоне, ки пурра дар таъминоти давлат

                     мебошанд

 

Падарандар ва модарандар дар баробари падару модар ба нафа­каи бинобар бе саробон мондан хукук доранд, агар онхо писарандар ё духтарандари вафоткардаро на камтар аз 5 сол тарбия ё нигохубин карда бошанд.

Писарандар ва духтарандар дар баробари фарзандони асли ба на­факаи бинобар бе саробон мондан хукук доранд.

Моддаи 33. Хукуки нафакаи падархондхо ва фарзандхондхо

 

Падархондхо дар баробари волидон ва фарзандхондхо дар баро­бари бачахои асли ба нафакаи бинобар бесаробон мондан хукук доранд.

Ноболигоне, ки бинобар бе саробон мондан ба нафака хукук до­ранд, ин хукукашонро хангоми фарзандхонд шуданашон нигох медоранд.

 

Моддаи 34. Хукуки нафакаи падарандар, модарандар, писарандар ва духтарандар

 

Падарандар ва модарандар дар баробари падару модар ба нафакаи бинобар бе саробон мондан хукук доранд, агар онхо писарандар ё духтарандари вафоткардаро на камтар аз 5 сол тарбия ё нигохубин кар­да бошанд.

Писарандар ва духтарандар дар баробари фарзандони асли ба на­факаи бинобар бе саробон мондан хукук доранд.

Моддаи 35. Гирифтани нафака хангоми аз нав никох кардан

 

Нафакаи бинобар бе саробон мондан, ки ба зани шахси фавтида таъин шуда буд, хангоми бори дигар шавхар карданаш ба у дода меша­вад.

Моддам 36. Андозаи нафака

 

Нафакаи бинобар бе саробон мондан ба андозахои зайл мукаррар карда мешавад:

а) ба оилахои шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда, ки дар натичаи сабабхои дар банди «а»-и моддаи 21-уми хамин Конун нмшондодашуда вафот кардаанд, — 40 фоизи маблаги дахлдори таъминоти пулии саробон, ки моддаи 43-юми хамин Конун ба хар як узви гайри кобили мехнати оила пешбини намудааст. Ба оилахои нафакахурони вафоткарда, ки рузи фавт дар натичаи чарохати харби маъюб мебошанд ва ба фарзандоне, ки волидонашон вафот кардаанд, сарфи назар аз марги саробон, аз руи хамин меъёр нафака таъин карда мешавад;

б) ба оилахои шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда, ки дар натичаи сабабхои дар банди «б»-и моддаи 21-уми хамин Конун нишондодашуда  вафот кардаанд, — 30 фоизи маблаги дахлдори таъминоти пулии саробон, ки дар моддаи 43-юми хамин Конун ба хар як узви гайри кобили мехнати оила пешбини шудааст.

Моддаи 37. Андозаи хадди акали нафака

 

Нафакаи бинобар бе саробон мондан, ки ба оилахои шахсони дар моддаи 1-уми хамин Конун нишондодашуда таъин карда мешавад, аз руи хисоб ба хар як узви гайри кобили мехнати оила набояд аз андозахои зерин кам бошад:

а) хангоми мувофики банди «а»-и моддаи 36-уми хамин Конун хисоб кардани нафака 100 фоизи андозаи хадди акали нафака аз руи син-синну сол, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намуда, дар кисми аввали моддаи 46-уми хамин Конун зикр шудааст;

б) хангоми мувофики банди «б»-и моддаи 36-уми хамин Конун хисоб кардани нафака 100 фоизи андозаи хадди акали нафака аз руи синну сол, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намуда, дар кисми аввали моддаи 46-уми хамин Конун зикр шудааст.

Моддаи 38. Иловапулихо ба нафакаи бинобар бе саробон мондан

 

Ба аъзои оилаи маъюбони гурухи 1 ё ба синни 80-солаги расида, инчунин дигар аъзои оилае, ки мувофики хулосаи муассисаи табобати аз руи саломати ба нигохубини (ёри, назорати доимии шахси дигар эхтиёч доранд, ба нафакаи бинобар бе саробон модан таъиншаванда аз чумла ба нафакаи ба андозаи хадди акал хисобкардашуда барои нигохубини нафакахур ба андозаи пешбининамуда банди «а»-и моддаи 17-уми хамин Конун иловапули хамрох, карда мешавад.

Моддаи 39. Даврае, ки барои он нафака таъин карда мешавад

 

Нафакаи бинобар бе саробон мондан барои тамоми даврае, ки дар муддати он аъзои оилаи вафоткарда мувофики моддаи 29-уми хамин Конун гайри кобили мехнат дониста мешавад, ба аъзои оилаи ба сини:

мардон – 63-солаги, занон – 58-солаги расида бошад, якумра таъин карда мешавад.

Моддаи 40. Чудо кардани як кисми нафака

 

Дар асоси аризаи аъзои оила як кисми ба вай тааллукдоштаи нафакаи бинобар бе саробон мондан алохида чудо карда пардохта мешавад. Кисми нафака бо назардошти меъёрхои хисоб кардани нафака, ки хамин Конун барои узви оилаи барои чудо кардани он мурочиатнамуда пешбини кардааст, чудо карда мешавад.

Як хиссаи нафака аз рузи якуми мохи баъди мохи ворид гаштани ариза чудо карда мешавад.

 

Моддаи 41. Катъ гардидани пардохти нафака хангоми аз даст додани хукуки он

 

Агар дар хайати оилае, ки ба он бинобар бе саробон мондан на­фака таъин шуда буд, тагйироте ба амал ояд, ки дар натичаи он аъзои алохида ё, тамоми оила хукуки нафакаро аз даст диханд, андозаи он аз рузи якуми мохи баъди мохе, ки тагйирот ба амал омадааст, кам гардида ё пардохти он катъ мегардад.

 

Моддаи 42. Тартиб ва мухлати мукаррар намудани маъюбии аъзои оилаи шахси вафоткарда

 

Ба он аъзои оила, ки маъюбанд, коидахо дар бораи тартиб ва мухлатхои мукаррар кардани маъюби ва пардохти нафака хангоми танаффус дар муоинаи такрории комиссияи экспертии тиббии мехнати (КЭТМ), ки дар моддахои 20, 25 ва 27-и хамин Конун пешбини шудаанд, татбик мегарданд.

 

Боби 5.

ХИСОБ КАРДАНИ НАФАКА

Моддаи 43. Таъминоти пули барои хисоб кардани нафака

 

Нафакае, ки ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун нишондодашуда ва оилахои онхо таъин карда мешавад, аз таъминоти пулии хизматчиёни харби шахсони хайати катори ва фармондехии макомоти корхои дохили шахсоне, ки дар муассиса ва макомоти системаи ичрои чазои чинояти, ва шахсоне, ки дар макомоти гумрук, чузъу томхои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, вохидхои хифзи хукуки Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон рутбахои махсус доранд, судяхои суди харби ва кормандони макомоти прокуратураи харби хисоб карда мешавад. Барои он ба онхо хисоб кардани нафака мувофики тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон маошхо аз руи мансаб, маошхо аз руи рутбахои харби ё мах­сус (бе дар назардошти баланд бардоштани маошхо барои хизмат дар махалхои дурдасти баландкух, ва дигар шароитхои махсус ва чубронпулихо бар ивази сару либоси махсус ва хуроквори) ва изофапулихои фоизи барои собикаи хизмат, аз чумла пардохтхо вобаста ба индексасияи таъминоти пули ба хисоб гирифта мешавад. (КЧТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

Моддаи 44. Хисоб кардани нафака ба оилахои нафакахурон

 

Ба оилахои нафакахурон, аз чумлаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун нишон додашуда нафакаи бинобар бе саро­бон мондан аз хисоби таъминоти пулии саробон хисоб карда мешавад, ки аз он ба вай нафака хисоб карда шуда буд (аз нав хисоб карда шу­да буд) ё бояд аз нав хисоб карда мешуд.

Моддаи 45. Зиёд кардани нафакаи баъзе категорияхои нафакахурон

 

Нафака барои собикаи хизмат бинобар маъюби ва бинобар бе са­робон мондан, ки мувофики хамин Конун (аз чумла хисобкуни ба андо­заи хадди акал) таъин мегардад, зиёд карда мешавад:

а) ба Кахрамонони Иттиходи Шурави ва шахсони ба хар се дарачаи ордени Шараф мукофотонида шуда, шахсони бо унвони Кахрамони Точикистон сарфароз гардида-50 фоизи нафака, вале на камтар аз 100 фоизи андозаи хадди акали нафака аз руи синну сол, ки дар кисми якуми моддаи 46 хамин Конун зикр шудааст;

б) ба Кахрамонони Мехнати Сотсиалисти — 25 фоизи андозаи на­фака, вале на камтар аз 50 Фоизи андозаи хадди акали нафака аз руи синну сол, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намуда, дар кисми аввали моддаи 46-уми хамин Конун зикр шудааст;

в)  ба шахсоне, ки бо се дарачаи ордени Шарафи Мехнати,  хар се дарачаи ордени Барои хизмати Ватан дар Куввахои Мусаллах ё бо орденхои Ситораи Президенти Точикистон, Спитамен мукофотонида шудаанд ба андозаи 15 фоизи хадди акали нафака аз руи  синну сол;

г) ба иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани ва дигар амалиёти чанги чихати химояи Ватан, аз чумлаи хизматчиёни харби, ки дар хайати артишхои амалкунанда хизмат кардаанд ва партизанке; ба иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани, аз чумлаи хайати хизматгузори гайринизоми, тарбиягирандагон ва юнгахои (малохписарони) кисмхои артиши амалкунанда; ба иштирокчиёни амалиёти чанги дар хорича аз чумлаи хизматчиёни харби, шахсони дар кисми аввали моддаи 1-уми хамин Конун номбаршуда— ба андозаи 75 фоизи нафакаи хадди акали аз руи син­ну сол, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст ва дар кисми аввали моддаи 46-уми хамин Конун нишон дода шудааст;

д) ба шахсоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 3-юми сентябри соли 1945 на камтар аз шаш мох дар хизмати харби будаанд (ба гайр аз шахсоне, ки дар хайати артиши амалкунанда карор доштаанд), инчунин ба шахсоне, ки дар давраи Чанги Бузурги Ватани (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз шаш мох кор карда­анд, ба истиснои вакти кор дар махалхои муваккатан аз тарафи душман ишголшуда ё барои мехнати фидокорона ва хизмати бенуксон дар акибгох, дар солхои Чанги Бузурги Ватани бо ордену медалхои ИЧШС, медали «Барои мудофиаи Ленинград» ё нишони «Сокини Ленингради дар мухосирабуда» мукофотонидашуда – ба андозаи 25 фоизи хадди акали нафакаи аз руи синну сол, ки дар конунгузори мукаррар ва дар кисми 1-уми моддаи 46-уми хамин Конун нишон дода шудааст;

е) собик махбусони ноболиги конслагерхои фашисти, гето ва ди­гар махалхои нигохдории мачбури, ки фашистони немис ва иттифокчиёни онхо дар давраи чанги дуюми чахон ташкил карда буданд – ба ан­дозаи 100 фоизи нафакаи хадди акал аз руи синну сол, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар ва дар моддаи 46-уми хамин Конун зикр гардидааст;

ж) ба шахсоне, ки бо сабабхои сиёси беасос табъид гашта, баъд сафед карда шудаанд, – ба андозаи 50 фоизи андозаи нафакаи хадди акал аз руи синну сол, ки дар конунгузори мукаррар ва дар кисми авва­ли моддаи 45-уми хамин Конун нишон дода шудааст.

 

Моддаи 46. Коидахои татбики андозахои хадди акали нафака, хисоб кардани иловапулихо ба нафакахо ва зиёд

                    кардани нафакахо

 

Андозахои хадди акали нафакахо, иловапулихо ба нафакахо ва зи­ёд кардани нафакахо, ки хамин Конун пешбини намудааст, дар асоси андозаи хадди акали нафака аз руи синну сол, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, бе зиёд кардани он барои собикаи кории зиёдтар аз собикаи корие, ки барои таъин кардани нафакаи пурра лозим аст, муайян карда мешавад.

Нафакахо бо иловапулихо ва зиёдкунихо бо андозахои нихоии онхо махдуд карда намешаванд.

Дар мавриди мавчуд будани ду ва зиёда нафакахури кор намекардаги барои хар як узви гайрикобили мехнати оила, ки дар таъмино­ти умумии онхо мебошанд, ба нафакаи танхо яке аз нафакахурон, вале аз руи интихоби худашон иловапули хамрох, карда мешавад.

Зиёдкунихои пешбиникардаи бандхои «а», «б», ва «в»-и моддаи 45-уми хамин Конун ба нафакае, ки бе иловапуливу дигар зиёдкунихо хисоб карда шудааст, хамрох карда мешавад. Хангоми ба якчанд узви гайри кобили мехнати оила таъин кардани нафакаи бинобар бе саробон мондан зиёдкунихои мазкур ба нафакае, хамрох карда мешавад, ки он ба хар як узви оилаи ба зиёд кардани нафака хукукдошта бояд дода шавад.

 

Моддаи 47. Зиёд кардани андозахои хадди акали нафакахо, ило­вапули ва андозаи нихоии таъминоти пули

 

Андозахои хадди акали нафакахо, иловапулихо ба нафакахо ва зи­ёд кардани кафакахо, ки дар асоси андозаи хадди акали нафака аз руи синну сол, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар ва дар кисми аввали моддаи 46-уми хамин Конун зикр шудааст, муайян карда мешавад, инчунин андозаи нихоии таъминоти пули, ки хангоми хисоб кардани нафака пурра ба хисоб гирифта мешавад ва дар асоси андозаи хадди акали музди мехнати мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мегардад, хангоми мувофики тартиби мукарраршуда зиёд кардани андозаи хадди акали нафака аз руи синну сол ё андо­заи хадди акали музди кор, баланд бардошта мешавад.

Моддаи 48. Татбики коэффисиентхои нохияви ва коэффитсиентхо барои минтакахои биёбон, беоб ва

                     баландкух ба андозахои нафакахо

                                   (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Ба нафакахурон аз чумлаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда ва аъзои оилахои онхо, ки дар махалхое, ки дар он чо ба музди кори коргарону хизматчиён коэиффисенти нохияви ва коэффитсиентхо барои минтакахои биёбон, беоб ва баландкух мукаррар карда мешавад, дар давраи дар ин махалхо зиндаги кардани онхо, нафакахо, иловапулихо ба ин нафакахо, ки мувофики хамин Конун таъин карда мешавад ва зиёдкунихои пешбининамудаи моддаи 45-уми хамин Конун бо татбики коэффисиенти дахлдори нохияви, ки дар он махал барои коргарону хизматчиёни сохахои гайриистехсоли мукар­рар шудааст, тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон хисоб карда мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

Моддаи 49. Аз нав дида баромадани нафакахо хангоми баландшавии арзиши зиндаги ва музди мехнат

 

Нафакахои таъиншудаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун нишондодашуда ва аъзои оилаи онхо хангоми баландшавии арзиши зиндаги ва музди мехнат тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад аз нав дида баромада шавад.

 

Боби 6.

ТАЪИН КАРДАН ВА ПАРДОХТАНИ НАФАКАХО

 

Моддаи 50. Ташкили кор оид ба таъмини нафака

 

 Масъалахои таъмини нафакаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 Конуни мазкур пешбинигардида ва ахли оилаи онхоро Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон мувофики тартиби таъин кардан ва пардохтани нафакахо, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои макомоти хифзи ичтимоии ахоли мукаррар кардаанд, амали мегардонанд. (КЧТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

Моддаи 51. Мурочиат барои таъин намудани нафака

 

Шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда ва аъзои оилахои онхо (ба гайр аз шахсони дар кисми 2-юми моддаи 2 зикргардида) дар бораи таъин кардани нафака бо ариза бо макомоти нафакаи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Вазора­ти адлияи Чумхурии Точикистон, Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон,Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Чумхурии Точикистон мурочиат менамоянд. (КЧТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

Шахсони дар моддаи 2-юми хамин Конун зикршуда ва аъзои оилахои онхо дар бораи таъин кардани нафака мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъминоти нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи нафакахои сугуртави ва давлати» бо ариза ба шуъбахои (раёсатхои) нохиявии (шахрии) хифзи ичтимоии чои истикоматашон мурочиат мекунанд. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

Ариза дар бораи таъин кардани нафака якчоя бо хуччатхои дахлдори барои халли масъала зарур ба макомоти нафакави (макомоти хифзи ичтимоии ахоли) пешниход мешаванд.

Моддаи 52. Баррасии аризахо дар бораи таъини нафака

 

Аризахо ва хуччатхои хамрохи онхо пешниходшуда барои таъини нафака ба шахсони дар моддаи 1-уми хамин Конун зикршуда ва ахли оилахои онхо аз тарафи макомоти нафака на дертар аз 10 рузи баъди расидани ариза ё на дертар аз 10 рузи баъди расидани хуччатхои лозими, ки хангоми ариза додан пешниход карда нашудаанд, барраси мешаванд.

Моддаи 53. Мухлатхои таъин кардани нафакахо

 

Нафакахо мувофики хамин Конун таъин карда мешаванд:

а) ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда, аз рузи аз хизмат чавоб шудан, вале на барвакттар аз рузе, ки то он ба онхо хангоми чавоб шудан маблаги пули дода шудааст, ба гайр аз холатхои зайли дар мухлатхои дертар ба онхо таъин кардани нафакка;

хангоми мукаррар кардани маъюби баъди ба охир расидани се мохи баъди аз хизмат чавоб шудан ё дар натичаи ходисаи нохуш ё касали, ки баъди аз хизмат чавоб шудан ба он гирифтор шудааст, – аз ру­зи мукаррар кардани маъюби;

хангоми аз хизмат чавоб шудан вобаста ба махкум шудан ба махруми аз озоди – аз рузи барои нафака мурочиат кардан баъди аз чойхои махруми аз озоди чавоб шудан;

б) ба оилахои шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда ва оилаи нафакахурон аз чумлаи ин шахсон – аз рузи фавти саробон, вале на барвакттар аз рузе, ки ба вай маблаги пули пардохта ё нафака дода шудааст, ба гайр аз холатхои зайли таъин кардани нафака ба аьзои оилахо аз мухлатхои нисбатан дертар:

ба аъзои оила, ки баъди фавти саробон нисбати расидан ба синни нафака ё ба онхо мукаррар кардани маъюби ба нафака хукук пайдо мекунанд – аз рузи ба ин синну сол расидан ё мукаррар кардани маъюби;

ба волидон ё хамсаре, ки бинобар аз даст додани манбаи ризку рузии зиндаги ба нафака хукук пайдо кардаанд – аз рузи барои нафа­ка мурочиат кардан.

Дар сурати сари вакт мурочиат накардан нафака барои вакти гузашта аз рузи пайдо кардани хукук ба нафака, вале на зиёда аз 6 мохи пеш аз мурочиат кардан таъин карда мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

Моддаи 54. Рузи мурочиат кардан барои таъин намудани нафака

Рузи мурочиат кардан барои таъин намудани нафака рузи додани ариза ва тамоми хуччатхои лозима ба макомоти дахлдори нафака дар бораи таъин намудани нафака ва хангоми ба воситаи почта фиристодани ариза ва хуччатхо – рузии фиристодани онхо хисоб меёбад.

Дар мавридхое, ки ба ариза дар бораи таъин кардани нафака на хамаи хуччатхои барои халли масъала зарур хамрох карда шудаанд, ба аризадиханда фахмонида мешавад, ки вай боз кадом хуччатхоро оварад. Агар аз рузи гирифтани тавзехоти мазкур се мох нагузашта ин хуччатхо пешниход шаванд, рузи барои нафака мурочиат кардан, рузи ариза додан ё рузи ба воситаи почта фиристодани хуччатхои дар кисми 2-юми хамин модда зикршуда хисоб меёбад.

Моддаи 55. Мухлати аз нав хисоб кардани нафакахои таъиншуда

 

Хангоми фаро расидани холатхое, ки боиси тагйир ёфтани андозаи нафакаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда ва оилахои онхо мегарданд, нафакахо аз рузи якуми мохи баъди мохе, ки холатхои мазкур ба миён омадаанд, аз нав хисоб карда мешаванд. Дар мавриде, ки нафакахур ба баланд шудани нафака хукук пай­до мекунад, фарки байни андозахои нав ва пештараи нафака дар су­рати сари вакт мурочиат накардани вай ба нафакахур барои вакти гузашта, вале барои на зиёда аз 6 мохи пеш аз рузи мурочиат кардан барои аз нав хисоб кардани нафака пардохта мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 56. Тартиби умумии пардохти нафака ва макомоте, ки нафакаро мепардозанд

 

Нафакае, ки ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 Конуни мазкур зикршуда ва оилахои онхо таъин карда мешаванд, дар чои истикомати нафакахурон аз тарафи макомоти нафакаи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Хукумати Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ва Кумитаи холатхои фавкуллода  ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Чумхурии Точикистон ба воситаи муассисахои (филиалхои) дахлдори бонки амонатгузории Чумхурии Точикистон бо рохи ба пасандозхо гузаронидани маблаги нафака ё ба воситаи муассисахои алока то ба хона расонидани онхо пардохта мешаванд. Интиколи нафака ба воситаи почта ва ба хона бурда расонидани он аз хисоби давлат ба амал бароварда мешавад. (КЧТ аз 26.03.09с, №499; аз 25.12.15с., №1264)

Нафака барои мохи чори дар мухлате пардохта мешавад, ки онро макомоти таъини нафака дар асоси мувофика бо муассисахои бонки амонатгузори ва алока муайян кардааст.

Дар асоси карори бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон мувофикашудаи вазорати дахлдор нафакахоеро, ки макомоти нафакаи ин вазорат таъин мекунанд, нисбат ба тартиби пешбининамудаи кисми 1-уми хамин модда аз руи тартиби дигар пардохтан мумкин аст (аз чумла ташкилоту муассисахои дахлдор дар асоси шартнома).

Тартиби пардохти нафакаро ба нафакахурон аз чумлаи шахсони дар банди «б»-и кисми  якуми  моддаи 1 Конуни мазкур зикргардида ва аъзои оилаи онхо, ки дар каламрави давлатхои собик чумхурихои ИЧШС истикомат намуда, узви Иттиходи Давлатхои Мустакил нестанд, аз чумла бо асъори давлати марбута, Хукумати Чумхурии Точикистон дар асоси созишномахои бо ин давлатхо басташаванда муайян мекунад.

 

Моддаи 57. Пардохти нафака ба нафакахурон зимни гирифтани музди мехнат ё дигар даромад

Нафакае, ки мувофики хамин Конун таъин мегардад, сарфи назар аз гирифтани музди мехнат ё дигар навъи даромад, пурра пардохта ме­шавад. Ба нафакахуроне, ки ба кор дохил шудаанд ё аз фаъолияти сохибкори даромад мегиранд, факат иловапулихо ба нафака, ки барои нафакахурони бекор дар банди «б»-и моддаи 17 ва моддаи 24-уми хамин Конун пешбини шудаанд, пардохта намешавад.

 

Моддаи 58. Пардохти нафакахое, ки нафакахурон сари вакт нагирифтаанд

Маблаги нафакаи ба нафакахур, аз чумлаи шахсони дар кисми якуми  моддаи 1  Конуни мазкур зикршуда ва аъзои оилахои онхо хисоб кардашуда, ки сари вакт нагирифтаанд, барои давраи гузашта, вале на зиёда аз 2 соли пеш аз мурочиат барои гирифтани он, пардохта меша­вад. (КЧТ аз 25.12.15с., №1264)

Маблаги нафака, ки нафакахур бо айби макомоти таъинкунанда ё пардохткунандаи нафака, сари вакт нагирифтааст, барои давраи гузаш­та бе махдудияти хама гуна мухлат пардохта мешавад.

 

Моддаи 59. Пардохти нафака ба нафакахуроке, ки дар хона-интернатхо (пансионатхо) зиндаги мекунанд

Ба нафакахурон аз чумлаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 Конуни мазкур нишондодашуда ва ахли оилаи онхо, ки дар хона-интернатхои (пансионатхои) пиронсолон ва маъюбон зиндаги мекунанд, фарки байни маблаги нафакаи онхо ва арзиши зиндаги хар хона-интернат (пансионат), вале на камтар аз 20 фоиз, шахсони дар натичаи чарохати харби маъюбгардида ё иштирокчиёни чанг ё ашхоси аз руи сабабхои сиёси беасос табъидшуда ва баъдан сафед кардашуда, ки дар банди «а»-и моддаи 21, бандхои «г» ва «л»-и моддаи 45-уми хамин Конун зикр шудаанд — на камтар аз 25 фоизи маблаги нафакаи таъинкардашуда пардохта мешавад.

Дар мавриде, ки нафакахури дар хона-интернати (пансионати) пиронсолон ва маъюбон зиндагикунанда дар таъминоти худ аъзои оилаи гайри кобили мехнат дошта бошад, нафакаи ба вай таъиншуда мувофики тартиби зайл пардохта мешавад:

ба як узви оилаи нафакахур чоряк, ба ду узви оилаи вай сеяк ва ба се узв ва зиёда аз он нисфи нафакаи таъиншуда; нафакаи бокимонда бо ситонидани арзиши нигохубин дар хона-интернат (пансионат), вале на камтар аз 20 фоиз, аммо нисбати нафакахуре, ки дар натичаи чарохати чанги маъюб гардидааст ё иштирокчии чанг ва ё аз чумлаи ашхоси аз руи сабабхои сиёси беасос табъидшуда ва баъдан сафедшуда мебошад, — на камтар аз 25 фоизи андозаи он ба худи нафакахур пардохта ме­шавад.

 

Моддаи 60. Пардохти нафака дар давраи табобати статсионари

Дар давраи дар табобати статсионари (дар беморхона, клиника, госпитал, махавхона ва дигар муассисахои табобати) будани нафакахурон аз чумлаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикргардида ва аъзои оилахои онхо, нафакаи ба онхо таъингардида дар асосхои умуми пардохта мешавад.

 

Моддаи 61. Кать гардидани пардохти нафака дар давраи аз озоди махрум шудани нафакахур

Дар сурати аз озоди махрум шудани нафакахур пардохти нафакаи ба вай таъингардида дар давраи аз озоди махрум буданаш кагъ мегардад. Агар нафакахур дар оилааш аъзои гайри кобили мехнат дошта бошад, кисми нафака ба нонхуронаш дода мешавад, ки манбаи ризку рузии зиндагиашонро гум кардаанд, вале на зиёдтар аз 50 фоизи нафакаи таъиншуда бо назардошти шароити моддии оила.

Моддаи 62. Нигох доштан аз нафака

Аз нафакае, ки мувофики хамин Конун пардохта мешавад, дар асоси карорхо, таъинот, карордод ва хукми суд (дар бобати чазои молу мулки), навиштачоти ичроияи идорахои нотариали ва дигар карорхое, ки ичрои онхо мувофики конунгузори аз руи тартиби барои ичрои карорхои суд мукарраршуда амали мегардад, нигох дошта мешавад. Маблаги нафака ё кумакпулиеро, ки ба нафакахур дар натичаи суистифода аз тарафи вай барзиёд пардохта шудааст, аз нафака дар асоси карори макоми дахлдори нафака хар мох ба андозаи на зиёда аз 20 фоизи нафакаи пардохташаванда илова аз маблаге, ки аз руи дигар асосхо нигох дошта мешавад, нигох доштан мумкин аст. Дар хамаи холатхои мукаррар кардани чазо нисбат ба нафака ба нафакахур на камтар аз 50 фоизи нафакааш пардохта мешавад.

Дар мавриди катъ гардидани пардохти нафака то вакти пурра пардохтани карз аз руи маблаги барзиёд пардохташудаи нафака ё кумакпули карзи бокимонда аз тарики суд ситонида мешавад.

Моддаи 63. Пардохти нафака дар мавриди фавти нафакахур

Маблаги нафакаи мутааллик ба нафакахур аз чумлаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда ва аъзои оилахои онхо, ки ба сабаби фавти вай пурра гирифта нашудааст, ба аъзои оилаи нафакахури вафоткарда дода мешавад, агар онхо маъракаи дафнро бе дохил кардани ин маблаг ба хисоби мерос анчом дода бошанд. Дар дигар мавридхо маблаги нафака, ки бинобар фавт аз чониби нафакахур пурра гирифта нашудааст, ба меросхурони вай дар асосхои умумии мукаррарнамудаи конунгузории шахрвандии Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.

Моддаи 64. Таъмини нафака хангоми ба хорича рафтан

Масъалахои таъмини нафакаи шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда ва аъзои оилахои онхо, ки барои истикомати доими ба хорича рафтаанд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ва ахдномахои (созишномахои) оид ба таъминоти ичтимои, ки Чумхурии Точикистон ё собик Иттиходи ЧШС бо дигар давлатхо бастаанд, хал карда мешаванд.

Моддаи 65. Бахсхо оид ба масъалахои нафака

Бахсхои оид ба масъалахои таъин кардан ва пардохтани нафака ба шахсони дар кисми якуми моддаи 1 хамин Конун зикршуда ва оилахои онхо, руёнидани маблагхои барзиёд пардохташудаи нафакахо аз чониби макомоти болои тибки тартиби тобеияти макомоти нафакаи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Вазо­рати адлияи Чумхурии Точикистон, Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон,  Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ва Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Чумхурии Точикистон, Сарраёсати полиси андози Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон ё аз тарики суд мувофики конунгу­зории Чумхурии Точикистон хал карда мешавад. (КЧТ аз 26.03.09с, №499; аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 66. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукукие, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ аз 26.03.09с, №499).

Президенти                                                                                                                               

Чумхурии Точикистон                                                                                                 Э. РАХМОНОВ  

 

шахри Душанбе, 1 декабри соли 1994

№ 1106

 

КАРОРИ  ШУРОИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди тартиби ба мавкеи ичро гузоштани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи хизматчиёни харби»

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1994, №23-24 мод. 463)

Шурои Олии Чумхурии Точикистонкарор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи хизматчиёни харби» аз рузи нашр шуданаш мавриди амал карор дода шавад.

Бинобар ба мавкеи ичро гузоштани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи хизматчиёни харби» нафакае аз нав хисоб карда шавад, ки он каблан ба афсарон, прапоршикхо, мичманхо, хизматчиёни харбии зиёдамухлат ва дигар хизматчиёни харби, ки дар асоси карордод хизмати харбиро адо намудаанд, шахсони хайати катори ва фармондехии макомоти корхои дохили, шахсони дорои рутбаи махсуси макомоти гумрук, судяхо, кормандони макомоти прокурорию тафтишотии прокуратура ва оилахои онхо таъин шуда буд, агар онхо дар асоси Конуни мазкур ба нафакаи баландтар хак дошта бошанд.

  1. Бонки амонатгузории Чумхурии Точикистон сари вакт ба муассисахои (филиалхои) Бонки амонатгузори пардохта шудани нафакахоеро, ки он мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини на­факаи хизматчиёни харби» таъин шудааст, таъмин намояд.
  2. Бинобар мавриди татбик карор дода шудани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи хизматчиёни харби» дар каламрави Чумхурии Точикистон Конуни ИЧШС «Дар бораи таъмими на­факаи хизматчиёни харби», инчунин санадхои меъёрию хукукии Хукумати собик Иттифоки ЧШС оид ба ин масъала татбик нагардад.

Хукуки гирифтани нафакае, ки то ба мавкеи ичро гузоштани хамин Конун мутобики Конуни ИЧШС «Дар бораи таъмини нафакаи хизмат­чиёни харби» ва дигар санадхои собики меъёрию хукуки таъин шуда буд, аз нав барраси намешавад.

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон:

дар давоми се мох, оиди тартиби татбики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи хизматчиёни харби» аз руи масъалахое, ки Конуни мазкур ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон нисбат додааст, санадхои меъёрию хукукиро тахия карда, тасдик на­мояд;

дар давоми як мох, масъалаи тартиби таъмини нафакаи хизматчиё­ни харби, ки аз кисмхои харбии ба Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва Вазорати амнияти Чумхурии Точикистон тааллукнадошта чавоб шудаанд ва ахли оилаи онхоро барраси ва хал намояд;

гузаштан ба чунин тартиби пардохти нафакаро таъмин кунад, ки дар кисми аввали моддаи 56-уми Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи хизматчиёни харби» мукаррар шудааст ва дар асоси Конуни мазкур тартиби бо маблаг таъмин кардани харочоти пардохтро муайян намояд.

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон, вазорату идорахои Чумхурии Точикистон санадхои меъёрию хукукиеро, ки каблан аз чониби онхонашр шуда, ба масоили таъмини нафакаи афсарону прапоршикхо, мичманхо, хизматчиёни харбии зиёдамухлати аз хизмат чавобшуда, шахсо­ни хайати катори ва фармондехии макомоти корхои дохили, шахсони хайати катори ва фармондехии макомоти корхои дохили, шахсони дорои рутбахои махсуси макомоти гумрук, судяхо, кормандони макомоти прокурорию тафтишотии прокуратура ва оилахои онхо дахл мекард, бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи хизмат­чиёни харби» мутобик созанд.

 

Муовини аввали Раиси Шурои Олии                            

Чумхурии Точикистон                 А. ДОСТИЕВ

шахри Душанбе 1 декабри соли 1994

№ 1107

[*] Минбаъд нафака аз руи синну сол номида мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …