Главная / Маданият ва санъат / Наъти Махзунии Рашнаги (paх)

Наъти Махзунии Рашнаги (paх)

Эй офтоби руят рашки гули тар омад,
Аз коматат хичолат сарву санавбар омад.
Дар восифи чамолат «Ва-ш-шамс»-у «Ва-з-зухохо»,
Андар сифоти муят «Ва-л-лайл»-у анбар омад.
Шуд рутбаат, ки боло, фарши ту Арши аъло,
Асрори Хак таоло бо ту муяссар омад.
Аввал зи толибон, сархайли ошиконат,
Фозил зи умматонат Сиддики акбар омад.
Дуввум, ки гашт ёрат, Форуки даррадорат,
Биншаст бар ясорат, куффор абтар омад.
Баъд аз Умар, ки Усмон ёри Хабиби Хак шуд,
Бар сахфаи китобат мачмуи дафтар омад.
Чорум, ки Муртазо буд, амзоди Мустафо буд,
Кони саховату чуд, сокии Кавсар омад.
Шери Худост Хайдар, Дулдулнишину сафдар,
Барканд боби Хайбар, котили Антар омад.
Бо наъра кард яксон он калъаи Мукотил,
Вирди забони он шах «Аллоху акбар» омад.
Махзун, гузашт даврон, рафтанд хамнишинон,
Аз карда шав пушаймон, умри ту бар cap омад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …