Главная / Гуногун / Наъти Иброхими Наккош

Наъти Иброхими Наккош

Чу «Мо зога-л-басар» дар восифи чашми хумор омад,
Рухаш бо зевари «Ва-ш-шамс» рашки сад бахор омад.
Дигар «Ва-л-лайл»-у анбар дар сифоти халкаи муяш,
Муаттар гашта аз буяш раёхин шармсор омад.
Ба фаркаш афсари «Тохо», ба душаш хилъати «Ёсин»,
Ба мулки хар ду олам босазо у шахриёр омад.
Хамон Сиддики ёрашро, нахустин роздорашро,
Ба пойи нозук андар гори тира неши мор омад.
Умар бо зарби дарра карда бечон чисми фарзандаш,
Зи адлаш дар миёни умматонаш бовикор омад.
Дигар Усмони Зиннурайни бо хилму хаёро бин,
К-аз у дар сафхаи мачмуа кавли Кирдгор омад.
Алиро шери Аллах дон, ба Ахмад ёри огах дон,
Мусаххар мулкати Кахках ба зарби Зулфикор омад.
Ба ангуште биканд аз бун хамон дарвозаи Хайбар,
Ба ёрии Мухаммад Хазрати Дулдулсавор омад.
Худоё, бахш икболам, ба даргохи Ту менолам,
Ки Наккош чун губоре бар дарат уммедвор омад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …