Главная / Гуногун / Наъти Эшони Имлои Бухори (paх)

Наъти Эшони Имлои Бухори (paх)

Дар вакти субхгохон буйи Мухаммад омад,

Андар машоми мардон буйи Мухаммад омад.

Рафтам ба суйи бустон, гулхо шукуфта дидам,

Аз чониби гулистон буйи Мухаммад омад.

Хар субхидам бинолам дар хонакоху масчид,

Аз охи субххезон буйи Мухаммад омад.

«Ва-ш-шамс» васфи руяш, «Ва-л-лайл» наъти муяш,

Аз сурахои Куръон буйи Мухаммад омад.

“Тохо” бихону “Ёсин” в-он гах бигуй омин,

Аз зикри исми Рахмон буйи Мухаммад омад.

Ин хашт дар кушода дар интизори Хазрат,

Аз боргохи Ризвон буйи Мухаммад омад.

Шукри Худо хазорон, чандин хазор борон,

Аз мулкати Бадахшон буйи Мухаммад омад.

Туфони Карбалоро гирди Хусайн дидам,

Аз нолаи имомон буйи Мухаммад омад.

Имло бизан ту худро дар сухбати гарибон,

Аз сухбати гарибон буйи Мухаммад омад.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …