Главная / Гуногун / НОМ, ШАЧАРА ВА ТАХАЛЛУСИ АДАБИИ “Рудаки”

НОМ, ШАЧАРА ВА ТАХАЛЛУСИ АДАБИИ “Рудаки”

Кадимтарии манбаъи хатти, ки рочеъ ба ном, шачара ва тахаллуси шоъирии Устод Рудаки хабар медихад, хамон «Китоб-ул-ансоб»-и Самъони мебошад, ки номи пурраи уро ба гунаи «Абуабдуллох Чаъфар бинни Мухаммад бинни Хаким бинни Абдуррахмон ибни Одам Рудакии шоъири Самарканди»81 менигорад. Самъони  навиштаи худро аз гуфтаи Идриси (ваф. 405 /1015 ) ва тарбиятгари мамдухи шоъир Абулфазли Балъами (ваф. 329 /940 ) гирифтааст. Аз ин чихат, ахбори Самъони дар ин бора сахехтар аз гуфти дигарон буда, бештар пазируфтанист. Маълумоти уро Ибн-ал-Асир,82 Исмоил Чаннатуллох ибни Аберази ал-Мусалло (629 /1231), Ахмад ибни Умар ал-Мунайни (ваф. 1110 /1697)83 айнан такрор мекунанд.

Дар адабиёти точик нахустин шахсе,  ки аз  Устод Рудаки зикр кардааст ва навиштаи у то замони мо расидааст, Низомии Арузии Самаркандист, ки дар «Чахор макола» менависад: «Абуабдуллох Чаъфар бинни Мухаммад ар-Рудаки».84

Низомии Арузии Самарканди «Чахор макола»-ро такрибан соли 550/1155 таълиф кардааст.

Маълумоти дигари нисбатан муфассали кадимии шархихолие, ки аз рузгору насаби Рудаки ахбор медихад ва то хол махфуз мондааст, навиштаи Мухаммади Авфист, ки асоси маълумоти тамоми китобхои минбаъда ва адабиёти илми карор гирифтааст. Аз хамин сабаб, онро пурра меоварем. Мухаммади Авфи тазкираи худ «Лубоб-ул-албоб»-ро соли 630/1222 нигоштааст, ки дар он аз хусуси Рудаки   менависад:  «Ал-Устод   Абуабдуллох  Чаъфар   ар-Рудаки    ас- Самарканди.     Рудаки  аз наводири фалаки будаасту дар зумраи аном аз ачойиби айём. Акма буд, аммо хотираш гайрати хуршеду мах буд; басар надошт, аммо басират дошт; макфуфе буд асрори латоиф бар вай макшуф, махзубе буд аз гояти лутфи табъ махбуб; чашми зохир баста дошт, аммо чашми ботин кушодаву Шахиди Балхи дар мадхи у гуфтааст, назм:

Ба сухан монад шеъри шуъаро,

Рудакиро суханаш тилви нубост.

Шоъиронро хаху ахсант мадех,

Рудакиро хаху ахсант хичост!

Ва уро султони шуъаро гуфтанди ва Маъруфии Балхи дар мадхи у гуфтааст, байт:

Аз Рудаки шунидам — султони шоъирон,

К-андар чахон ба кас магарав, чуз ба фотими!

Ва Дакики хам дар мадехи у гуфтааст, назм:

Киро Рудаки гуфта бошад мадех,

Имоми фунуни сухан буду ар

Дакики мадех оварад назди у,

Чу хурмо бувад бурда суйи хачар!

Ва Унсури дар мадхи у гуфтааст, назм:

Газал Рудакивор неку бувад,

Газалхои ман Рудакивор нест!

Агарчи бикушам ба борики хам,

Бад-ин парда андар маро бор нест!

Ва муваллиди у Рудаки Самарканд буваду аз модар нобино омада; аммо чунон закиву тезфахм буд, ки дар хаштсолаги Куръон тамомат хифз карду кироат биёмухту шеър гуфтан гирифт ва маъонии дакик мегуфт, чунон ки халк бар он икбол намуду рагбати у зиёдат шуд; ва уро Офаридгори таъоло овозе хушу савте дилкаш дода буду ба сабаби овоз дар мутриби афтода буд ва аз Абубакри Бахтиёр, ки дар он санъат сохибихтиёр буд, барбат биёмухту дар он мохир шуду овозаи у ба атрофу акнофи олам бирасиду амир Наср бинни Ахмад ас-Сомони, ки Амири Хуросон буд, уро ба курбати хазрати худ махсус гардониду кораш боло гирифту сарвату ниъмати у ба хадди камол расид, чунон ки гуянд, уро дувист гулом буду чахорсад шутур дар зери бунаи у мерафту баъд аз вай хеч шоъирро ин макнат набудаасту ин икбол руй надода; ва чунин гуянд, в-ал-ъухдату ила-р-рови, ки ашъори у сад дафтар баромадаасту калоиди касоиди у машхун аст ба фароиди фавоид ва мисдоки он сухан устод Рашиди гуфтааст, назм:

Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоъири,

Рудакиро бар сари он шоъирон зебад сари!

Шеъри уро ман шумурдам сездах рах сад хазор,

Хам фузун ояд, агар, чандон ки бояд, бишмари!

Ва яке аз чуххол дар назми у таъне карду ароису нафоис ва тавоифи латоифи уро тазйик намуд, Низомии Арузи ин байт дар хакки у иншо кард, шеър:

Ай он ки таън карди дар шеъри Рудаки,

Ин таън кардани ту зи чахлу зи кудакист!

К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар чахон

Сохибкирони шоъири Устод Рудакист!

Ва агарчи шеъри у аз хадду адад мутачовиз аст, аммо он чи ин мачмуъ онро ихмол кунад, сабт афтод, дар мадхи Наср ибни Ахмад мегуяд дар аснои касида, шеър:

Хотами Тойи туйи андар сахо,

Рустами Дастон туйи андар набард!

Не, ки Хотам нест бо чуди ту род,

Не, ки Рустам нест дар чанги ту мард!»84

Баъдан Мухаммади Авфи 27 байт ашъори дигари аз чихати мавзуъ, мухтаво ва мазмун гуногуни ашъори Устод Рудакиро иктибос меорад, ки барои мо дурри ноёбанд.

Нуктаи чолиби зикр он аст, ки аз карни 9 хичри (асри XIV мелоди) сар карда бисёре аз муаллифони тазкираву таъриху фархангномахо, мисли Давлатшохи Самарканди, Шерхони Луди, Шайх Абулкосими Козаруни, Лутфалибеки Озар, Шамсуддини Соми ва баъзеи дигар шоъири моро Абулхасан Рудакии Самарканди ё Бухоройи мегуянд, ки ба сабаби дар монобеъи кадиматар наёмадани чунин кунияи Устод Рудаки кобили кабул нестанд. Фаридаддин зикр намудани кунияи Рудаки аз тарафи Амин Ахмади Рози, Хочи Халифа, Волаи Догистони ва амсоли онхо низ иштибохе беш намебошад. Мо ному насаби Рудакиро ба тавре, ки муаллифи «Китоб-ул-ансоб» Самъони зикр мекунад, мепазирем: «Абуабдуллох Чаъфар ибни Одам Рудакии Самарканди». Рудаки ва Рудакро бо «зол» сабт кардан бошад, шакли талаффузи таърихии ин навъи вожахост.

Рудакиро мардум бо шеъри поки у мешинохтанд ва шояд ба шахсияту вакоеъи зиндаги ва кадом санъату вазне навишта шудани ашъору чи навъ ибораву истилоху вожаи махсусро истифода бурдани  у  коре хам  надошта  бошанд. Мухимтар аз хама, сухани ноби у

барояшон хамдаму мархам буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …