Главная / Гуногун / НОМАИ МЕХР

НОМАИ МЕХР

Китоби “Одам ба одам зиндааст” намунахо аз маколот, такризхо, шеърхо, номахои каламкашон ва хонандагонро, ки солхои гуногун таълиф ёфта ба хаёт ва эчодиёти Шоири халкии Точикистон Сайидалии Маъмур бахшида шудааст, дар бар мегирад.

pismo-lyubviНашри ин китоб аз нигохи адаби барои он кобили эътибору кайд аст, ки имруз наметавонем аз кадрношиносии адибон шикоят накунем. Сабаби дигари эътибори китоби мазкур дар бар гирифтани масъалаи ягонагию вахдати амали неку кушишхои инсони мебошад. Ва устод Гулназар хам чи хак навишта: “Мо танхо дар вахдату хамдили комил буда метавонем ва танхо чунин камолот моро ба куллаи максуд хохад расонд. Хамчунон ки шоире фармудааст: “Катра дарёст, агар бо дарёст. Варна у катраву дарё дарёст!”

Ва нихоят бо наклхои дилкашу дилангез арзишхои ахлокию маънави дар чахони ботини ва зохирии як адиби болигназару фидокор инъикос меёбад. Ба ин маъни китоби “Одам ба одам зиндааст” хидмати тозаю арзандаи адабиеро хеле хуб ба чо овардааст.

Ман хеле хуб огахи дорам, ки Сайидалии Маъмур аз хурди бори захмат, бори хакикат, бори адолат ва бори гамгусориро бар души дил гирифтааст. Бисёр азобхо дида, аз кураи зиндаги обу тоб дидааст ва хуб чисту бад чистро нагз дарк кардааст. Ва гуё Абдурахмони Чоми холи уро ба риштаи назм кашидааст:

               “Сухан шохиди чилвагохи дил аст,

               Халоси аз ин чилвагах мушкил аст”.

Бад-ин ру Сайидалии Маъмур “Завраки умед”-ро бунёд намуд. “Завраки умед” соли 1967 ба суи сохили мурод рахсипор гардид ва ба дилу дидаи хонандагон рох ёфта ба кишти табдил ёфт. Ин кишти шоирро соли 1972 ба узвияти Иттифоки нависандагон, соли 1978 ба чоизаи комсомоли чумхури, соли 1996 ба чоизаи давлатии ба номи Рудаки, соли 1997 ба унвони Корманди шоистаи Точикистон ва соли 2003 ба Шоири халкии Точикистон сарфароз гардонд. Акнун ин кишти дар бахри нуру зиё, мехру вафо ва сидку сафо шино дорад. Ба ин кишти менигараму ба ёдам мисраъхои Бедил меояд:

              “Чист икбол? – пешбин будан,

              Осмон доштан, замин будан…”.

Бале, Сайидалии Маъмурро икболи баланд насиб гашта. Зеро хам замин дораду хам осмон. Ва ин хардуро бо риштаи сухан ба хам оварда, бо шираи сухан обшор намуда ва бо гавхари сухан ороиш додааст. Ва гуё Чомии бузург бахри у суруда:

              “Пардакушои хунари хеш бош,

              Нархфизои гухари хеш бош!”.

Бо шеър хунари хешро кушодааст. Ва худ икрор шудааст: “Шеъри ман тарчумаи холи ман аст”. Тарчумаи холи у аз озмоишхои сангин гузашта, ба у имкон додааст, ки чунин порахои чолибро офарад:

        “Дустон, мушкилии давру замон мегузарад,

        Зиндагони ба хама суду зиён мегузарад.

        Нафурушед зи ночори яке вичдонро,

        Рузи кас гох ба обу лаби нон мегузарад”.

Хакиме гуфта: “Бо дидаи худ дидани дунёст гуворо”. Вале бо дидаи дустон дидани дуст боз хам гуворотар аст.  Охир, шоир хам бехуда нагуфта:

    “Захмати хампешаро хампеша медонад, ки чист,

    Зарби дасти кухканро теша медонад, ки чист”.

Ва муовини аввали Раиси Мачлиси намояндагони Шурои Олии Чумхурии Точикистон Абдулмачид Достиев бархак навишта: “Захмати каламкашро касе медонад ва пай мебарад, ки боре худаш сухане бар сухан зам карда бошад.

Чунон бузургонамон гуфтаанд:

              Хар ки сухан бар сухане зам кунад,

              Катрае аз хуни чигар кам кунад.

Оре, сухан бар сухане зам кардан, хар руз хуни чигар кам кардан – хамаи ин чонканихо дар зиндаги бахри он аст, ки бо сухани нек ба дили инсони захматкаш ва неъматофарин рох ёфта, ба некии некон накуи биафзояд, ба чавонон дарси мехру вафо ба халк ва Ватан омузад”.

Раиси Иттифоки нависандагони Точикистон Мехмон Бахти уро чунин сифат мекунад: “Сайидали Маъмур як инсони тарбиятдида, хушахлок ва боназокат буда, миёни ахли калам эътибори хоса дорад”.

Ин сифат катраест аз бахр!

Бале, Сайидалии Маъмур бахрест дамон! Зеро у бо халки худ зиндааст. Ва худ хам икрор мешавад:

              “Ман бе шумо як чашмаам,

              Ман бо шумо бахри дамон”.

Аз тарафи дигар Сайидалии Маъмур як олам аст, чунон, ки Аскар Хаким гуфта:

            “ Офаринанда, ки одам офарид,

             Дар хар одам боз олам офарид”.

Ва харчанд ки дустону хамкаламон аспи илхомро зин мезананд, вале дар кушодани олами Сайдалии Маъмур душвори мекашанд. Мирзо Файзали очизона мегуяд: “Мурги илхомам заифи мекунад дар васфи ту”.

Шоири мумтоз Гулназар хам икрор мешавад:

         “Киссаи ту дар китоби ту намегунчад,

         Мавчи туфонии ту дар чашмаоби ту намегунчад”.

Нависанда Саттор Турсун хам хайрон монда, намедонад, ки кадом чихати хастии уро ба калам дихад.

“…Одамгари? Эчодкори? Халолхури? Фурутани? Вафодори?… Кош медонист – кадомашро!

Душвор…

     Шоири хам мушкил аст, осон магир, эй нуктагир,

     Дар хаёли байти дилчу хуни дил кам мешавад, – гуфтааст Сайидалии Маъмур”.

Устод Мирзо Турсунзода хам бехуда таъкид накардааст:

            “То сухан чун комати мавзун шавад,

            Дар сари хар мисрае дил хун шавад”.

Устод Лоик Шерали шоирро хеле хоксору содадил шинохта, эхтиром мегузорад. Ва маънии борикеро баён мекунад:

            “Лоики Шерали дуо гуяд:

            Пахлуи мо Сайидали бошад.

            Худ агар хоксору содадил аст,

            Шеърхояш идеали бошад”.

Хамин хоксории уро шоира Марина Некрасова тараннум карда менависад: “Не благословлять все без оглядки, но хозяйским оком обозреть землю, на которой родился и живешь. Не хвастаться мозолями от пера, но сознавать истинную поэзию. Есть честный хлеб. Чтить прошлое. Созидать настоящее. Беречь людей. Открывать им свое сердце.

            “Ты спрашиваешь: кто я? Отвечаю.

            … Во множестве людей меня ищи”.

            Ищу и нахожу”.

Мирзомурод Хошимзода ручуи шоирро чунин ба калам медихад:

        “Ман зи модар руи олам болафшон омадам,

        Хакшиносу хакталаб бо шуру исён омадам”.

Шоири халкии Точикистон Камол Насрулло масъулияти сухангуии уро тавсиф намуда, менависад: “Аммо бо ин хама шоир ба пеши худ талаботи баланд мегузорад, ба фаъолияти худ бо назари танкиди менигарад ва масъулияти сухангуиро ба худ таъкид ва хотиррасон мекунад:

        Маъмур кухандузи хам бар ту намезебад,

        Ё гу сухани навтар, ё мон каламу дафтар.

Хакко, ки рост аст”.

Раънои Зоирдухт мегуяд, ки: “Дарди миллат метаровад аз дили гамгини ту”. Аз забони хомаат шахд мечакад, аз дафтари рангинат накхати гул меояд.

 Шоир Рахмати Ахмад шеъри уро чунин тавсиф мекунад:

           “Шеъри ту – мачмуаи одамгари,

           Шеъри ту – шархи казо бошад хаме.

           Назми ту – тасвири ахволи замон,

           Шеъри ту – шукри худо бошад хаме…”.

Шоири ширинкалом Юсуфчон Ахмадзода уро ошно мехонад ва бе у бихиштро дузах мепиндорад:

           “Дузах бихишт аст агар ошно бувад,

           Бе ошно бихишти барин дузахи азост”.

Шоири рангинбаён аз сохили Сир Нурмухаммад Ниёзи уро дусти худ мехонад ва ин дустиро аз хама чиз неку медонад:

           “Туро бо Рудаки хамчур бинам,

           Чахони шеъри ту маъмур бинам.

           Ало эй Сайдали Маъмур, эй дуст,

           Маро ин дусти аз хар чи некуст”.

Шоир Иброхими Саид садокати худро чунин иброз медорад:

           “Дони, ки чаро зиндаву поянда манам,

           Бо Гулназарам, хамдами Маъмур манам”.

Шоир Одина Мирак бузургии уро чунин ба калам медихад:

           “Туро зохир мисоли бахри ором,

           Туро ботин чу дарёи дамон аст.

           Чунин ду хислат андар як тану чон,

           Чи гуям, аз бузургиат нишон аст!”.

Хама чиз дар ин дунё арзиш дорад. Ва инсонхо низ арзиш доранд. Ин як хакикати равшан аст. Ва боз чун руз равшан аст, ки инсон аз руи амалаш арзиш мегирад. Аз ин ру арзиши инсонхо дар назди таърих як нест. Хар инсоне ки бахри некию бехбуди, саодати одами ва шукуфоии Ватан мубориза мебараду чони худро дарег намедорад, бешубха дар сахфаи таърих сабт мегардад. Ба ин маъни муовини аввали Раиси Мачлиси намояндагони Шурои Олии Чумхурии Точикистон Абдулмачид Достиев менависад: “Ифтихор аз он дорам, ки миллатам чунин фарзанд дорад”.

Бале, Сайидалии Маъмур ифтихори миллати мо мебошад!

Бад-ин ру бо ин мисраи Мирзо Файзали мегуем: “Хонаи садро бубини, гуфта омин мекунем”.

20 апрели соли 2006

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …