Главная / Маданият ва санъат / НИЗОМНОМА ОИД БА КАРЗГУЗОРИ

НИЗОМНОМА ОИД БА КАРЗГУЗОРИ

МУНДАРИЧАИ НИЗОМНОМАИ КАРЗГУЗОРИ

  1. Мукаррароти умуми
  2. Максад ва намуди карзхои пешниходшаванда
  3. Накш ва вазифахои коршиноси карзи
  4. Маркетинг
  5. Дархости карзи
  6. Тахлили молиявии карзгиранда
  7. Таъминот бо гарав
  8. Барасмият даровардани гарав
  9. Пешниходи карзи барои барраси ба кумитаи карзи
  10. Кабул намудани карорхо дар кумитаи карзи
  11. Барасмият даровардани шартномахои карзи ва хуччатхо
  12. Пешниходи карз
  13. Намудхои мониторинг ва тартиби гузаронидани онхо
  14. Аз нав дида баромадани шартхои карз
  15. Ба шахси дигар супоридани сандуки карзи
  16. Омузонидани коромузхо
  17. Низоми дарачабанди
  18. Мукаррароти хотимави
  19. Замимахо

qarzguzori

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Низомнома «Оид ба карзгузори дар ЧСП “Алиф Бонк» (минбаъд Низомнома) коида, тартибот, меъёрхои чудо намудани карзро ба Бонкхои тичорати, (шахсони хукуки) сохибкорони инфироди ва шахсони вокеи муайян менамояд. Низомномаи мазкур, бо назардошти талаботхои Дастурамалхои № 176 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти Бонкхои карзи”, №186 “Дар бораи тартиби додани карз ва хисобкунии фоиз дар Бонкхои карзи” ва Сиёсати карзии ЧСП «Алиф Бонк» (минбаъд Бонк) тахия шудааст. Максади тахияи низомнома расидан ба хадафхои гузошташуда дар самти карзгузори мебошад. Дар Низомномаи мазкур шартхои асосии карзгузори ва фаъолияти асосии кормандони карзи дарч гардидааст, ки хар як шахси масъули Бонк ухдадор аст онхоро риоя намояд. Дар Низомномаи мазкур  мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

Карз чист? – маблаги пулие, ки аз чониби Бонк ба карзгир бо шартхои мухлатноки, пардохти фоиз ва баргардонидан дода мешавад.

Инчунин ухдадорихои зерин ба мафхуми «карз» баробаркардашуда хисобида мешавад:

а) кафолатхо ва хамаи дигар ухдадорихои гайритавозунии ба онхо монанд, ки Бонк ба шахсони дигар содир кардааст;

б) овердрафтхо;

в) аккредитивхо (бо назардошти маблаггузории минбаъда);

г) амалиёти ичораи молияви (лизинг);

д) карзхои ипотеки, истеъмоли;

е) кортхои карзии бонки;

ж) хама гуна ухдадории конуни оид ба додани карз;

Истифодабарандагони Низомнома

          Низомнома барои коршиносони карзи ва кормандони Бонк, ки дар самти карзгузори ба кор чалб шудаанд, равона шудааст. Низомномаи мазкур тартиб ва меъёрхои ташкили кори бахшхои карзии вохидхои амалиётии Бонкро тачассум менамояд.

Принсипхои  карздихи

          Хангоми чудо намудани карз, риоя намудани принсипхои зерин зарур мебошад:

а) Масъалаи чудо намудани карз, бояд дар заминаи маълумотхо доир ба сохаи фаъолият ва максади карз сурат гирифта, хамаи механизми минбаъдаи баррасии дархост ба он такя намояд. Бинобар ин, дар доираи тартиботи чудо намудани карз, ки дар Низомномаи мазкур оварда шудааст, худи Бонк (коршиноси карзи) маълумотхоро доир ба карзгиранда ва манбаи даромади у чамъовари намуда, дурустии онро тафтиш менамояд. Дар баробари ин, Бонк мустакилона маълумотхоро чамъовари намуда, сатх ва дурустии ин маълумотхоро санчида, сатхи хавфхои минбаъдаро барои карзгузори намудан, баандозае паст менамояд.

б) Бояд карори чудо намудани карз дар заминаи пурраи кобилияти пардохтпазири доштан ва дар асоси маълумотхои чамъовари шуда, тахлил намудани хавфхои карзгир ва манбаи даромади у, кабул карда шавад.

в) Хеч гох гарав набояд аз кобилияти карзпардози доштан болотар гузошта шавад. Вале зарур аст, ки хангоми интихоб ва нархгузори (бахогузори) намудани таъминот бо гарав диккати чидди дода шавад.

г) Мувофики Низомномаи мазкур, хар як коршиноси карзи барои сатх ва сифати сандуки карзии худ чавобгар мебошад.

Талабот нисбат ба карзгирандагон

            Мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон, карзгирандагон бояд шахсони вокеи, сохибкорони инфироди ва ё шахсони хукуки бошанд, ки ба талаботхои зерин чавобгу хастанд:

а) Шахси вокеи ба шахрванди (-они) Чумхурии Точикистон мансуб бошад;

б) Шахси хукуки ба  шахрванди (-они) Чумхурии Точикистон мансуб бошад ва аз чониби у (онхо) идора карда мешавад. Дар холате, ки агар шахси хукуки кисман ба шахрванди хоричи ё худ ширкати хоричи (гайри резидент) тааллук дорад, ба шарте, ки агар шарик хиссаеро, ки на бештар аз 49% -ро ташкил медихад, сохиб бошад;

в) Фоизи умумии хукуки сохибмулкии давлати доштан ба шахси хукуки  наметавонад аз 49 % бештар бошад. Дар баробари ин, давлат бо рохбарии хамаруза машгул нест ва хукуки бартариятноки идоракунии фаъолияти шахси хукукиро сохиб намебошад;

г) Шахси хукуки/сохибкор бояд тачрибаи хадди акали семохаи пешбарии кори тичоратеро дошта бошад, ки доир ба маблаггузории он сухан меравад;

г) Тичорате, ки доир ба маблаггузории он сухан меравад, бояд чараёни хамешаи пули дошта бошад (на камтар аз ду маротиба дар як мох)

д) Карзгиранда бояд сохиби тичорат бошад, ё худ ба сифати рохбар аз номи аъзои оилаи дарачаи якум, ки сохиби тичорат мебошад, кор кунад;

е) Шахси хукуки/сохибкор бояд хамаи хуччатхои заруриро (ичозатнома, шаходатнома, сертификат ва гайраро) барои пеш бурдани тичорат, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон зарур мебошанд, дошта бошад.

ё) Фаъолияти шахсони хукуки ба мухити зист таъсири назаррас ?;

ж) Ба гайр аз ин, пешниходи карз ба чунин намуди фаъолиятхо катъиян манъ аст:

– Истехсол ё фуруши ярок ва лавозимоти харби;

– Истехсол ё фуруши муина ва хайвоноте, ки нест шуда истодаанд;

– Казино ва кимор;

– Калоби бо асъор;

– Пардохт намудани карз дар назди дигар Бонкхои карзи (бонк) (гайр аз холатхо барои руйпуш кардани карзи чори дар дигар бонк барои мизочони таърихи хуби карзи дошта), шахсони хукуки, вокеъи ва карзхои кредитори.

  1. МАКСАД ВА НАМУДИ КАРЗХОИ ПЕШНИХОДШАВАНДА

Максади карз

Карзро метавон барои эхтиёчоти истеъмоли, фаъолияти тичорати, коркард ва истехсоли махсулот, хизматрасони ва савдо, инчунин сохаи кишоварзи бо максадхои зерин чудо намуд:

            а) харид намудани мебел ва чихозхои хона;

            б) бахри  харочотхои зарури (пардохти хизматхои гирифташуда, гузаронидани чорабинии оилави, таъмири хона ва г.);

            в) харочотхои рохкиро барои берун аз каламрави чумхури ба мухочирати

                мехнати рафтан;

            г) барои харидани роххати сайёхи;

            г) барои харидани чиптахои хавопаймои;

            д) барои пардохти харочотхо вобаста ба омузиш дар муассисахои таълими;

            е) зиёд намудани воситахои гардон, бо хатман дарч намудан ва маънидод

                кардани истифодабарии воситахои гардон;

            ё) зиёд намудани воситахои асоси, бо хатман дарч намудан ва маънидод

                намудани воситахои асосии харидори шаванда;

            ж) барои коркард ва истехсоли махсулоти чавобгуи бозори дохили ва хоричи;

            з)  барои киштукор ва парвариши махсулотхои кишоварзи.

Мухлати карзхои пешниходшаванда

Кутохмуддат – карзхои мухлаташон то 12 мох
Миёнамуддат – карзхои мухлаташон аз 12 мох то 36 мох
Дарозмуддат  карзхои мухлаташон зиёда аз 36 мох

Намуди карзхои пешниходшаванда

Дар доираи Низомномаи мазкур Бонк се намуди карзхоро аз руи хачм пешниход менамояд:

Карзхои хурдтарин ва хурд ба маблаги то 400 000 сомони ва/ё муодил бо дигар асъорхо;

Карзхои миёна ба маблаги аз 400 001 то 800 000 сомони ва ё муодили бо дигар асъорхо;

Карзхои калон ба маблаги бештар аз 800 001 сомони ва ё муодили бо дигар асъорхо.

Карзхои хурдтарин ва хурд

            Карзхои хурдтарин дар доираи махдудиятхои зерин метавонанд аз чониби

коршиносони карзи барраси шаванд:

а) Коршиносони карзие, ки дар сохаи карздихии хурдтарин тачрибаи кории камтар аз шаш моха доранд, метавонанд ба маблаги то 5000 (панч хазор) доллари ИМА карз пешниход намоянд ва дар муддати шаш мохи кори бояд сандуки карзии на камтар аз 500 000 (панчсад хазор) сомони ва ё муодили он бо дигар асъорро ташкил диханд бо микдори на камтар аз 40 карзгиранда;

Вобаста ба донишу малакаи коршиноси карзии вохиди амалиёти бо пешниходи Мудирияти рушди хизматрасонихои бонки мумкин аст, ки маблаги муайяншуда барои пешниходи карз тагйир дода шавад.

б) Коршиносони карзие, ки дар сохаи карздихии хурдтарин тачрибаи кории бештар аз шаш мох доранд, метавонанд карзхои хурд ба маблаги то 20 000 (бист хазор) доллари ИМА пешниход намоянд, ба шарте, ки агар дар тули шаш мохи аввали фаъолияти хеш ба хатогихо рох надода бошанд ва донишу малакаи лозимиро сохиб гашта бошанд. Хадди акали сандуки карзии онхо дар тули 12-мох бояд на камтар аз 1 200 000 (як миллиону дусад хазор) сомони ва ё муодили он бо дигар асъорро ташкил дихад. Дар ин маврид тавсияи намояндаи Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки, ки сарпарастии вохиди амалиётиро ба ухда дорад, бояд гирифта шавад. Хамзамон хангоми ба коршиноси карзи мукаррар намудани салохияти мустакилона барои гузаронидани тахлили молияви-хочагидории карзгиранда, гузаштани дарси махсуси тахияшуда(М1) хатми мебошад.

Карзхои миёна

            Карзхои миёна метавонад аз чониби коршиноси карзие барраси карда шавад, ки дар сохаи карздихии хурдтарин ва хурд тачрибаи кории бештар аз дувоздах моха дошта, сохиби донишу малакаи лозими бошад, ба шарте, ки агар дар тули дувоздах мохи аввали фаъолияти хеш ба хатогихо рох надода бошад. Дар ин маврид тавсияи намояндаи Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки, ки сарпарастии вохиди амалиётиро ба ухда дорад, бояд гирифта шавад. Хамзамон хангоми ба коршиноси карзи мукаррар намудани салохияти мустакилона барои гузаронидани тахлили молияви-хочагидории карзгиранда, гузаштани дарсхои махсуси тахияшуда(М1-М2) хатми мебошад.

            Дар ин шакли карздихи намуд ва тартиби тахлил аз тахлиле, ки хангоми чудо намудани карзхои хурдтарин ва хурд гузаронида мешаванд, тафовут дорад. Маълумотхои як чанд давра, хадди акал дувоздах мохи охир, бояд барои тахлили киёсии рушди тичорат истифода шаванд.

Карзхои калон

            Карзхои калон метавонад аз чониби коршиноси карзие барраси карда шаванд, ки дар сохаи чудо намудани карзхдихи тачрибаи кории на камтар аз хаждахмоха дошта, сохиби донишу малакаи лозими бошад, ба шарте, ки агар дар давраи фаъолияти худ ба хатогихо рох надода бошад. Дар ин маврид тавсияи намояндаи Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки, ки сарпарастии вохиди амалиётиро ба ухда дорад, бояд гирифта шавад. Хамзамон хангоми ба коршиноси карзи мукаррар намудани салохияти мустакилона барои гузаронидани тахлили молияви-хочагидории карзгиранда, гузаштани дарсхои махсуси тахияшуда (М1-М3) хатми мебошад.

          Сарчашмаи шакл ва тартиби тахлили карзхои калон, тартиботи тахлили карзхои миёна мебошад, вале ба таври иловаги тахлили пешгуикунандаи нишондихандахои тичорат дар давраи амали карз, истифода мешаванд.

          Бо максади дуруст идора кардани сандуки карзи тавсия дода мешавад, ки микдори карзхо дар сандуки карзии як коршиноси карзи набояд аз 300 (сесад) адад зиёдро ташкил дихад.

  1. НАКШ ВА ВАЗИФАХОИ КОРШИНОСИ КАРЗИ

 

          Дар рафти чараёни карзи коршиноси карзи барои хамаи давраи карзи чавобгарии пурраро ба душ дорад. У пурра барои натичахои кори худ, барои хачм, сифати сандуки карзии худ, мазмун ва дурустии парвандахои карзи чавобгар мебошад.

Вазифа ва ухдадорихои асосии коршиноси карзи иборат аст аз:

а) гузаронидани маркетинги махсулотхои карзи ва дигар махсулотхои Бонк  дар байни карзгирандагони чори, потенсиали ва нав;

б)  кумак расонидан ба карзгирандагон барои омода сохтани дархости карзи;

в) гузаронидани тахлили пурраи карзи, бо назардошти ташриф овардан ба махалли тичорати карзгиранда ва махалли зист;

г) мувофики Низомномаи мазкур, пешниход намудани карор доир ба карз ба              Кумитаи карзии сатхи дахлдор;

г) ба таври лозими амали сохтани барасмиятдарории хукуки ва дар якчояги бо корманди тахиякунандаи карзхо пешниход кардани карз (агар дар шуъба/бахши мазкур чунин басти кори мавчуд бошад);

д)  мониторинги истифодабари ва пардохти карз;

е) мувофики Низомномаи мазкур пешниход ва ичро намудани меъёрхои хатми барои пардохтани карз ва фоизхои он, чаримахо, ва гайра.

 

  1. МАРКЕТИНГ

Мукаррароти умуми

          Маркетинг кисми мухими кори коршиносони карзи мувофик ба ухдадорихои вазифавиашон мебошад. Коршиноси карзи барои маркетинги махсулотхои карзи ва дигар махсулотхои бахши карзи чавобгар аст. Маркетинги мустаким, чун намуди аз хама мухими фаъолнокии коршиноси карзи, кадами нахустин дар раванди интихоби карзгиранда мебошад. Он бояд чунон ба накша гирифта, гузаронида шавад, ки ба коршиноси карзи имконият дихад диккати худро ба кор бо карзгирандагони потенсиали равона созад. Ба гайр аз карзгирандагони бевосита ба Бонк мурочиаткунанда, коршиноси карзи бояд маркетинги мустакимро дар махалли фаъолияти хеш гузаронад. Бояд хамаи фаъолияти маркетингии коршиноси карзи бо рохбарии бахши карзи, бо максади мувофикакунонии дархостхои воридшаванда барои чудо намудани карз бо имкониятхои мавчуда, мувофика карда шавад. Агар коршиноси карзи имконият надошта бошад, ки бинобар сабаби махдуд будани вакт ва / ё дигар сабабхои объективи, дархостхои барои чудо намудани карз интихоб шударо коркард намояд, пас онхо бояд ба коршиносони карзии нисбатан камкортар дода шаванд.  Дар чунин холатхо, бояд коршиноси карзии якум тадбирхои заруриро андешида, ба таври лозими карзгирандаи хешро хабардор созад.

Усулхои маркетинги мустаким

          Маркетинги мустаким, ин маънои онро дорад, ки коршиноси карзи робитаи бевосита байни карзгирандагони потенсиали ва коршиносони карзи дар минтакаи сохтори Бонк дошта бошанд.

Чунин робитаро метавон дар холатхои зерин баркарор намуд:

а) Хангоми ташриф овардан ба Бонкхо ва корхонахои алохида, дар махалли тичорат, масалан, дар бозорхо ва марказхои тичорати;

б) Хангоми ташриф овардан ба хочагихои манзилии алохида дар махаллахои истикомати;

в) Дар рафти муаррифи (презентатсия) намудан ба ахоли дар бозорхо ва ё худ дар махаллахои истикомати;

г) Ба воситаи пахн намудани маводхои (буклетхои) рекламави;

д) Бо рохи муоширати бевосита;

е) Тавассути тавсияхои дигар карзгирандагони Бонк ва гайра.

          Дар рафти чунин робитахо карзгирандагони потенсиали, бояд доир ба Бонк ва махсулотхои он маълумот гиранд. Маркетинги мустаким, инчунин метавонад маълумотхои телефони ва хаттиро дар бар гирад.

  1. ДАРХОСТИ КАРЗИ

Мукаррароти умуми

          Карзгиранда метавонад барои гирифтани карз ба вохиди амалиётии Бонк, дар вакти кори/хангоми соати кабули карзгирандагон, ё худ дар вакти фаъолияти маркетинги ё дар рафти мулокотхои шахси ба коршиносони карзи мурочиат намояд. Карзгирандагони ба вохиди амалиётии Бонк мурочиат намуда, ба бахши карзи фиристода мешаванд, ки дар он чо бо онхо коршиноси карзие, ки барои махалли фаъолияташ масъул аст, кор мебарад. Хамаи дархостхо барои гирифтани карзхо, новобаста аз он, ки аз руи дархост чи гуна карор кабул карда шудааст, бояд дар дафтари бахисобгири ба кайд гирифта шаванд (дар шакли когази ва ё электрони). Дар навбати аввал дархости он карзгирандагоне барраси мешаванд, ки рози хастанд, ки маълумотхои онхо доир ба таърихи карз ба Бюрои таърихи карзи пешниход карда шаванд.

Гузаронидани сухбат хангоми пешниход намудани дархост

Баъд аз маркетинг, кадами навбати барои интихоби Карзгирандагони потенсиали, кобилияти карзпардози дошта ва ихтисор намудани Карзгирандагони кобилияти карзпардози надошта, хангоми сухбат (скрининг) мебошад. Хангоми гузаронидани сухбати ру ба руи (скрининг) нахустин бо Карзгиранда, коршиноси карзи бояд эътимод хосил кунад, ки:

       а)  хохиши гирифтани карз чидди аст;

       б) оё карзгиранда ба хамаи талаботхои дар банди 1-и Низомномаи мазкур дарч гардида чавобгу мебошад;

       в) карзи дархостшаванда ба хамаи талаботхои намуди карзхои пешниходшаванда ва шартхои карздихи, ки дар банди 2 – и Низомномаи мазкур дарч гардида, чавобгу мебошад;

       г) карзгиранда хуччатхои зарури дорад (шиноснома, маълумотнома оиди музди мехнат, патент/шаходатнома, РМА ва гайра);

       г) карзгиранда ва сохиби шиноснома ба акси дар он буда мутобикат мекунад;

       д) шиноснома ва дигар хуччатхо хакикианд;

       е) максади карз ва тичорати карзгиранда мувофикат мекунанд;

Хангоми риоя нашудани яке аз талаботхо, коршиноси карзи бояд хукуки истисноии худро истифода намуда, кадамхои минбаъдаро барои пур кардани дархост амали насозад ва ба карзгиранда маслихат дихад, ки аз фикри гирифтани карз даст кашад. Агар карзгиранда бо андешахои коршиноси карзи рози набошад, пас у метавонад ба Рохбари бахши карзи ё Сардори вохиди амалиёти, ки дар якчояги бо коршиноси карзи дар бораи идома додани пуркунии дархост карори нихоиро кабул менамоянд, мурочиат кунад.

Хангоми риоя шудани хамаи талаботхои аввалин, коршиноси карзи бояд ба карзгиранда фахмонад:

       а) Шартхои карз инчунин меъёри фоизи, хачми маблаги нихои (максимали) ва мухлати нихои (максимали);

       б) Принсип ва тартиботи Бонкро, доир ба пешниход ва мониторинги карзхо;

       в) Диккати Бонк ба масъалаи пардохти саривакти ва пурраи карзхо;

       г) Усули дарачабанди;

       г) Зарурати пешниход намудани хамаи маълумотхои молияви;

       д) Ахамияти росткавли, шафофият ва риоя намудани хамаи ухдадорихои шартномави барои нигох доштани муносибатхои минбаъдаи карзии карзгиранда ва Бонк;

       е) Хукуки Кумитаи карзи доир ба тасдик намудани карз бо шартхои нисбатан дигар нисбат ба он, ки дархостдиханда мурочиат намуда буд ё худ рад намудани додани карз;

       ё) Коршиноси карзи бояд бовари хосил кунад, ки оё карзгиранда ба талаботхои дигари хукукии Бонк чавобгу хаст ё  не.

Дархости карзи ва кор аз руи он

Агар карзгиранда ба хамаи талаботхо чавобгу бошад ва дар сурати риоя кардани хамаи кадамхои дар боло зикршуда, коршиноси карзи ба карзгиранда намуди дахлдори дархости карзиро медихад (Замимаи №1 барои шахсони вокеи, Замимаи 2(а)барои сохибкорони инфироди ва Замимаи №2 (б) барои шахсони хукуки).

Коршиноси карзи бояд карзгирандаро бо дархости карзи шинос намояд ва барои пур кардани он кумак кунад. Карзгиранда бояд ба намунаи пуркардашудаи дархости карзи нусхаи шиносномаро хамрох намояд. Коршиноси карзи бояд ба то охир пур карда шудани дархост бовари хосил намояд. Баробари ба даст гирифтани дархости то ба охир пур карда шуда ва имзо гузошташуда бо нусхаи шиносномаи асли, коршиноси карзи бояд:

а) парвандаи карзии карзгирандаро омода кунад ва кушояд;

б) дархости карзиро бо замимахо духта монад;

в) бо кумаки хамкоронаш аз дигар бонкхо/Бонкхо ва филиалхо, бо истифода аз «руйхати сиёх», руйхат оиди табодули маълумотхо доир ба карздорони чори ва маълумотхое, ки дар Низоми Барномавии Бонк (минбаъд НБТ) ё дар Бюрои таърихи карзи мавчуд мебошанд, бовари хосил намояд, ки оё карзгиранда айни замон карзи чори дорад ё каблан карз гирифта буд ва ин таърихи карзиро омузад;

г) маълумотхои доир ба карзгиранда чамъовари намударо ба НАБ ворид намояд.

Мухлати нихоии барраси намудани дархостхо (баъд аз пурра намудани бастаи хуччатхои аз тарафи карзгиранда пешниходшуда) тибки замимаи №3 бо тартиби зайл сурат мегирад:

  • то 20 000 сомони – 2 рузи кори;
  • аз 20 001 то 50 000 сомони – 5 руз;
  • аз 50 001 то 250 000 сомони – 9 руз;
  • аз 250 001 то 500 000 сомони – 12 руз;
  • аз 500 001 сомони зиёд – 15 рузи кори.
  1. ТАХЛИЛИ МОЛИЯВИИ КАЗГИРАНДА

Тартиби гузаронидани тахлили молиявии карзгиранда ва тичорати у, ухдадори ва сармояи худи, даромад ва харочотхо – хисобот доир ба фоида ва зиёнхо, харакати воситахои пулии карзгиранда ва хочагии манзилии у дар асоси китоби омузиши (рохнамо-«Тартиби тахлили молияви ва хочагидории карзгир») барои коршиносони карзи гузаронида мешавад.

  1. ТАЪМИНОТ БО ГАРАВ

Сиёсат ва тартиботи таъминот бо гарав

            Гарав набояд аз кобилияти карзпардозии карзгиранда болотар гузошта шавад. Дар доираи Низомномаи мазкур, хавфи карзи бояд новобаста аз мавчудият, хачм ва сифати таъминоти карз, бахогузори карда шавад. Карз на танхо дар асоси як таъминоти гарав, балки бо гаравхои омехта низ дастгири гардида, дода шавад.

Таъминот бо гарав танхо ба максадхои зерин истифода мешавад:

а) Таъмин намудани карз бо манбаи вокеии дуюмдарачаи ичрои ухдадори;

б) Кам кардани хавфи ичро нагардидани ухдадории мизоч дар назди Бонк;

в) Барои мачбур намудани карзгиранда то, ки шартхои шартномаи карзиро риоя намояд;

г) Барои он, ки Бонк тавонад хавфхои бокимондаро руйпуш намояд;

г) Барои риоя намудани талаботи дастурамалхои амалкунанда;

е) Дар бештари холатхо ба сифати гарав метавонад амволи манкул ва гайриманкули карзгиранда, оила ва кафолатдехи у истифода шавад.

Намудхо ва бахогузории амволхои ба гарав пешниходшуда

Дар холате, ки Кумитаи карзи дар тичорати карзгиранда ва/ё худи карзгиранда хавфи начандон калонро мушохида менамояд ва инчунин дар холате, ки гарави пешниходшуда ба таври пурра талаботхои Низомномаи мазкур ва Кумитаи карзиро конеъ намегардонад, карз ба таври иловаги бо шартномаи замонати/мактуби кафолати (Замимаи №4) бояд таъмин карда шавад. Шахси замонатдех бояд обрую эътибори хуб, даромади доимии молияви ва муносибати доимии зич бо карзгиранда дошта бошад.

Дар доираи Низомномаи мазкур, бо махдудиятхои муайян, намудхои зерини гарав ва кафолатдихи/замонат кабул карда мешаванд:

Намудхои карз Намудхои гарав / таъминот
 

 

 

 

Карзхои то 25 000 сомони ё муодили  он бо дигар асъорхо

§  Амволи манкул(ашёи хона, молхои дар гардишбуда ва гайра);

§  Замонати на камтар аз 1-2 шахси вокеи ва ё хукуки (дар холати зарури), ки манбаи даромади онхо дар мавриди зарури барои ичрои ухдадорихояшон кифоя мебошад (кобилияти карзпардозии  зомин бояд бо таври мушаххас тахлил карда шавад);

§  Воситахои пули (мухосира кардани (блокировка) хисоби депозити) (дар холати мавчуд будани имконияти карзгиранда);

§  Маснуоти тилловори (дар холати мавчуд будани имконияти карзгиранда, хади аккал 20% аз хачми маблаги карз).

Карзхои аз 25 000 сомони то 80 000 соомни ё муодили  он бо дигар асъорхо §  Амволи гайриманкул, бо барасмият даровардани шартномаи гарав дар идораи нотариали (дар холати зарури инчунин бо талаби Кумитаи карзи);

§  Амволи манкул(ашёи хона, молхои дар гардишбуда ва гайра);

§  Замонати на камтар аз 1-2 шахси вокеи ва ё хукуки (дар холати зарури), ки манбаи даромади онхо дар мавриди зарури барои ичрои ухдадорихояшон кифоя мебошад (кобилияти карзпардозии  зомин бояд бо таври мушаххас тахлил карда шавад);

§  Воситахои пули (мухосира кардани (блокировка) хисоби депозити) тилловори (дар холати мавчуд будани имконияти карзгиранда);

§  Маснуоти тилловори (дар холати зарури ва на камтар аз 30 % аз хачми маблаги карз)

 

 

 

Карзхои зиёда аз 80 001 сомони ё муодили он бо дигар асъорхо

§  Амволи гайриманкул, бо барасмият даровардани шартномаи гарав дар идораи нотариали;

·      Воситахои пули (мухосира кардани (блокировка) хисоби депозити) (дар холати мавчуд будани имконияти карзгиранда);

·      Маснуоти тилловори (дар холати зарури);

·      Кафолати бонки ва /ё дигар Бонкхои карзи;

·       Амволи манкул (ба сифати гарави иловаги).

 

Меъёри минималии таъминноки бояд ба талаботхои Тартиби бахогузории амволхои ба сифати таъминоти гарав пешниходшуда дар ЧСП «Алиф Бонк»чавобгуй бошад.

Арзиши бархамдихии (пардохтпазирии) амволи гарав бояд аз хачми маблаги карз зиёд бошад ва ин мутаносиби дар Тартиби бахогузории амволхои ба сифати таъминоти гарав пешниходшуда дар ЧСП «Алиф Бонк»оварда шудааст.

Хамаи намудхои гарав, ба истиснои маснуоти тилловори, бояд аз чониби Бонк бахогузори шаванд. Чун коида, таъминоти гарави аз чониби макомоти махсус – комиссия, ки хадди акал аз се нафар аъзо – коршиноси карзие, ки дархости карзгирандаро барраси менамояд, рохбарияти вохиди амалиётии Бонк (сардор ва/ё чонишини сардор ва/ё рохбари бахши карзи) ва намояндаи филиал ё Саридораи Бонк (дар холате, ки хачми маблаги карз аз ваколатхои Кумитаи карзии вохиди амалиёти ё мутобикан филиали болоии Бонк бештар бошад) иборат мебошад, бахогузори мешавад. Ташхиси маснуоти тилловории ба сифати гарав пешниходшуда, тибки Тартиби бахогузории амволхои ба сифати таъминоти гарав пешниходшуда дар ЧСП «Алиф Бонк» гузаронида мешавад. Гарав, ба истиснои маснуоти тилловори бо арзиши пардохтпазир / хадди акали арзиши бозори бо назардошти гузашт / дисконт арзёби мешавад. Ба таври дигар гуем, дар вакти мачбуран ситонидани карз, бо рохи ба савдо гузоштани амволи гарав, Бонк тавонад дар муддати на бештар аз 1–3 мох онро ба хисоби пардохти карз ва маблагхои ба он вобаста фурушад.

Хукукхои Бонк ба гарав, бояд нисбат ба хукукхои шахсони дигари ба карзгиранда карз дода, аввалиндарача бошанд.

Таркиб ва сохтори таъминоти гарав

Намуди гарав Махдудият дар сохтори умумии гарав, аз руи микёс
1 Гарави устувор (амонату пасандоз, маснуоти тилловори, амволи гайриманкул)  

Тибки “Тартиби бахогузории амволхои ба сифати таъминоти гарав пешниходшуда дар ЧСП «Алиф Бонк»

2 Амволи манкул (тачхизот, мошинхои боркаш ва сабукрав )
  1. БАРАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ ГАРАВ

Замонатдихии шахсони вокеи ва шахсони хукуки

            Хангоми барасмият даровардани шартномаи замонати, коршиноси карзи бояд меъёрхои асосии зеринро риоя намояд:

а) Шахси зомин набояд на дар давраи пешниход намудани дархости карзи, на дар давраи амали карз ва шартномаи замонати, дар назди Бонк ва ё дигар Бонки молияви карздор бошад. Шахси зомин набояд на дар давраи пешниход намудани дархости карзи, на дар давраи амали карз ва шартномаи замонати (замимаи №4), ичро намудани дигар ухдадорихоро ба зимма гирад.

б) Шахсияти зомин бо хамон тартиботе, ки шахсияти карзгиранда тасдик карда шудааст, муайян карда мешавад.

в) Дар холати зарури мумкин аст гузаронидани тахлили пурраи зомин талаб карда шавад. Чунин тахлил, аз руи коида ва тартиботе, ки тахлили карзгиранда гузаронида шудааст, сурат мегирад.

г) Зомини дар баробари ба итмом расидаи ухдадорихои таъминнамудаи зомин, ба поён мерасад.

д) Имзо гузоштан ба Шартномаи замонати, бояд дар бинои Бонк ва хатман бо иштироки коршиноси карзии барои ин карз масъул, сурат гирад.

Гарави воситахои пули

Дар доираи ин Низомнома пасандозхо ва амонатхо метавонанд ба сифати гарав кабул карда шаванд. Пасандозхо метавонанд ба сифати гарав кабул шаванд, агар:

а) Пасандозхо то лахзаи аз чониби Кумитаи карзи дастгири ёфтани карзи чудо шаванда, аллакай дар вохиди амалиётии Бонк ва ё дигар Бонку бонкхои ватани, чойгир шуда бошанд.

б) Дар давраи амали Шартномаи гарави воситахои пули (Замимаи №5), карзгиранда ба пасандоз ва ё амонати гузошташуда дастраси дошта наметавонад (хисоби амонати баста мешавад).

в) Аз руи пасандози гузошташуда, ба карзгиранда танхо фоизи пасандоз, дода мешавад.

Аз мухосира озод намудани маблаги пасандози ба сифати таъминоти карз гузошташуда, танхо баъди пардохти пурраи ухдадорихо аз тарафи мизоч гузаронида мешавад, ё дар холатхои зарури аз хисоби маблаги пасандоз карз пардохт карда мешавад. Дар хар сурат хангоми чойгир будани пасандоз дар низоми Бонк аз мухосира озод намудани пасандоз дар мувофика бо Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки, гузаронида мешавад. Тасдикнома доир ба баста шудани хисоб, бояд дар парвандаи карзии карзгирандаи дахлдор духта шавад.

Ба сифати гарав дар шакли амонат гирифтани кисме аз воситахои карзии ба карзгиранда дода шуда, катъиян манъ аст.

Маснуоти тилловори ва / ё чавохирот

Тибки “Тартиби бахогузории амволхои ба сифати таъминоти гарав пешниходшуда дар ЧСП «Алиф Бонк» дар доираи Низомномаи мазкур, маснуоти тилловори бо тартиби зерин метавонанд ба сифати таъминоти гарави кабул карда шаванд, дар сурате, ки агар онхо барои нигахдори ба Бонк ба сифати гарав аз руи карз супорида шаванд:

а) Сифат ва вазни маснуоти тилловори бояд аз чониби Намояндагони Идораи Иёргарии Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, заргари ихтисосманд бахогузори шавад, ки бо у вохиди амалиётии Бонк доир ба пешниход намудани хизматрасонихо ба карзгирандагони Бонк шартнома бастааст ва ё чамъиятхое, ки дорои ичозатномаи махсус хастанд, бахогузори карда шавад. Аз руи натичахои бахогузори намудаи заргар, Санади бахогузори ба маснуоти тилловори тартиб дода мешавад (Замимаи №6) ва аз тарафи заргар, сохиби маснуоти тилловори (гаравдех) ва коршиноси карзие, ки дида баромадани дархости карзии мазкурро ба зимма дорад, имзо гузошта мешавад. Санади тартибдодашудаи аз чониби хамаи тарафхо имзогардидаи маснуоти тилловори, ба хазинаи Бонк супорида шуда, нусхаи ин Санад дар якчояги бо ордери воридоти гайритавозуни, дар парвандаи карзии карзгиранда духта мешавад.

б) Бояд бахогузори хатман дар хузури коршиноси карзи ва сохиби маснуоти тилловори, бо назардошти арзиши металли маснуоти ба гарав гузошташаванда ва дар асоси сифат ва вазни метал (тилло) гузаронида шавад. Бахогузори набояд арзиши бадеии маснуот ва / ё сангхои кимматбахоро ба инобат гирад.

в) Маснуоти тилловори бояд дар ганчхонаи вохиди сохтории амалиётии Бонк, махфуз нигох дошта шаванд.

г) Аз руи натичахои ин, Шартномаи ба гарав гузоштани маснуоти тилловори барасмият дароварда мешавад (Замимаи №7).

Кафолати бонкхо, Бонкхои карзи ва Бонки сугурта

          Бонк метавонад кафолати дигар бонкхо ё Бонкхоро (минбаъд Бонкхо) кабул намояд:

а) Ин Бонкхо метавонанд ватани ва хоричи бошанд. Танхо кафолатдихии он Бонкхое кабул карда мешаванд, ки сатхи баланди обрую эътибор ва боэътимоди, инчунин хадди акал дар се соли охир, вазъи молиявии мусбиро сохиб бошанд, ки он бо хачми маблаги кафолат киёсшаванда бошад.

б) Кабул намудани кафолат аз Бонкхо, тахлили чукури гузашта, хозира ва ояндаи кобилияти карзпардози доштани онхоро дар асоси маълумотхои боэътимоди хамачониба тафтиш шудаи молиявие, ки тасаввуроти пурра ва дурустро доир ба вазъи молиявии Бонк медихад, талаб менамояд.

в) Тахлили чукур, гузаронида шудани тахлили микдори ва сифатиро талаб менамояд. Он бояд аз чониби коршиноси карзии Бонк гузаронида шавад.

г) Кафолат бояд кафолатдехро вазифадор намояд ухдадорихояшро бе чуну чаро ва бодаъвати якум, ичро намояд.

г) Кафолат бояд хамаи талаботхои чори ва ояндаи Бонкро нисбат ба карзгиранда, вобаста ба карзи гирифтаи у, руйпуш намояд. Ин махсусан ба карзи асоси, фоизхо, чаримахо ва дигар талаботхо дахл дорад.

д) Кафолат бояд аз чониби намояндаи ваколатдори Бонк ба имзо расад,

е) Дар холати зарури ва бо карори Кумитаи карзи, он бояд аз чониби нотариус тасдик карда шавад.

Амволи манкул

Намуди амволи манкули карзгиранда – дархостдиханда ва/ё шахси сеюм, ки дар бозор талабот доранд (пардохтпазиранд), бо тартиби зерин метавонад ба сифати гарав кабул карда шавад:

а) Коршиноси карзи бояд ба он бовари хосил намояд, ки амволи манкул, ба шахси карзгир ё худ ба оилаи у тааллук дорад. Ба сифати хуччатхои тасдиккунанда, метавонанд санади расид доир ба харидори намудан ё варакаи кафолатдихи, изхоротномаи гумруки ё худ ба таври хатти тасдик намудан / гувохи додани шахсони сеюм, истифода шаванд.

б) Руйхат ва арзиши нархгузоришудаи амволи ба гарав гузошташуда, бояд дар Замима ба шартномаи ба гарав гузоштани амволи манкул (Замимаи № 8(а)), дарч гарданд.

Автомобилхо

Ташхиси гаравии воситахои наклиёти тибки “Тартиби бахогузории амволхои ба сифати таъминоти гарав пешниходшуда дар ЧСП «Алиф Бонк»гузаронида мешавад. Дар холатхое, ки ба сифати таъминоти гарав воситаи наклиёт пешниход мегардад, зарур аст, ки:

а) Барои тасдик намудани хукуки сохибмулки ба воситаи наклиёт, бояд дархостдиханда шиносномаи техникии воситаи наклиётеро, ки ба сифати таъминоти гарав пешниход мешавад, пешкаш намояд.

б) Ба сохтори дахлдор тавсия дода мешавад, ки руйхати нархи бозори/арзиши 20 намуди автомобилхоро дошта бошад ва ин руйхатро хадди акал дар як мох як маротиба нав кунад.

в) Коршиноси карзи бояд тафтиш намояд, ки автомобили ба сифати таъминоти гарав пешниходшуда, дар хабс ва / ё дар зери дигар махдудкунихои нотариалии дигар макомот, карор надорад.

г) Дар рафти баходихи, инчунин бояд тахлили мушаххасоти техники, соли барориш ва холати умумии автомобил гузаронида шавад.

г) Бахагузори бояд дар Санади ташхис ва бахогузории воситаи наклиёт дарч гардад (Замимаи № 9).

е) Агар карор кабул шуда бошад, ки воситаи наклиёт дар истифодабарии сохибмулк боки мемонад, дар чунин холат зарур аст, ки аз у сугуртаи пурраро барои холати дуздидан, ба садама дучор шудан ва дигар холатхои пешгуинашаванда, талаб карда шавад.

Тачхизот

Ташхиси гаравии тачхизотхо тибки “Тартиби бахогузории амволхои ба сифати таъминоти гарав пешниходшуда дар ЧСП «Алиф Бонк»гузаронида мешавад. Хангоми ба сифати таъминоти гарав пешниход намудани тачхизот, дархостдиханда бояд хукуки сохибмулкиашро ба тачхизоти дахлдор исбот намояд ва ба Бонк хуччатхои дахлдорро пешниход кунад. Агар хуччатхои расми мавчуд набошанд, пас хуччате тартиб дода мешавад, ки аз чониби аъзоёни оила ва / ё шарикон, шахсони имконияти шаходат додан/тасдик намудани хукуки сохибмулки ба тачхизотро доранд, ба имзо мерасад.

Коршиноси карзи бояд аник намояд, ки оё тачхизоти ба сифати гарав пешниходшуда дар хабс ва/ё дар зери дигар махдудкунихои нотариали ё худ дигар макомот, карор надорад.

Бахогузории тачхизот, бояд арзиши бархамдихии (пардохтпазирии) чори, хурдашави (фарсудашави) ва нархи (бозории) ба фуруш рафтани онхоро, дар давраи амали шартнома, ба инобат гирад. Дар рафти гузаронидани бахогузори, инчунин бояд тахлили мушаххасоти техники, соли барориш ва холати умумии тачхизот ба инобат гирифта шавад. Бахогузори бояд дар санади нархгузори, ки ба шартнома оид ба гарав замима шудааст, дарч гардад. Инчунин бояд, намуд ва арзиши тачхизот бахогузори шаванд ва дар санади нархгузори, ки ба Шартнома оид ба гарави амволи манкул замима шудааст,  инъикос ёбад (Замимаи №8 (а)).

Бонк бояд кушиш намояд, ки хамаи хуччатхои техники ва дигарро, ки хукуки сохибмулкиро ба тачхизот муайян менамояд, пайдо кунад, ва дар ганчхонаи Бонк махфуз нигох дорад. Ин амал фурухтани чунин навъи гаравро таъмин менамояд ва хукукхои Бонкро нисбат ба он хифз мекунад.

Ба гарав гузошта шудани амволи гайриманкул

Ташхиси объектхои эхтимолии гарав (амволи гайриманкул) тибки “Тартиби бахогузории амволхои ба сифати таъминоти гарав пешниходшуда дар ЧСП «Алиф Бонк»гузаронида мешавад. Танхо он вакт Бонк бояд амволи гайриманкулро ба сифати таъминоти гарав кабул кунад, ки агар Бонк нисбат ба он хукуки дарачаи якум гирифта бошад.

            Агар дархостдиханда ба сифати таъминот бо гарав амволи гайриманкулро пешниход намояд, пас у бояд хуччатхои зеринро дастрас гардонад:

а) Хуччате, ки хукуки сохибмулкии шахсро ба амволи гайриманкул нишон медихад (шартномаи хариду фуруш, хуччати хадякуни, шаходатномаи бакайдгири, хуччат доир ба конуни кардани амвол ва гайра).

б) Шиносномаи техникии амволи гайриманкул.

в) Маълумотномаи КФБТ (корхонаи фаръии бакайдгирии техники).

г) Аризаи хамаи шариксохибони амвол, ки дар он розигии хешро нисбат ба гарав гузоштани амвол иброз доштаанд.

Коршиноси карзи хамаи хуччатхои дар боло зикр шударо чамъовари намуда, баъд аз гирифтани хулосаи хукукии шуъбаи кормандон ва хукук бояд доир ба пуррагии хукуки ва моддии онхо, бовари хосил намояд. Сипас Бонк баходихии амволро бо кувваи худи мегузаронад ва дар ин хусус Санади бахогузори ба амволи гайриманкулро (Замимаи №11) омода менамояд. Дар баробари ин Бонк бояд меъёри чории арзиши бархамдихи (пардохпазири), фарсудашави ва нархи (бозори) фурухташавиро дар давраи амали карз, ба инобат гирад. Дар холати норозигии тарафхо Бонк метавонад нархгузориро бо ёрии нархгузори мустакил гузаронад. Коршиноси карзи бояд бовари хосил намояд, ки амволи гайриманкул дар доираи дигар Шартнома ба гарав гузошта нашудааст. Кумитаи карзи хукук дорад, шарти сугурта кардани амволи гаравро гузорад. Шартномаи гарави амволи гайриманкул дар идораи нотариали тартиб додашуда, тасдик карда мешавад. Шартномаи гарави амволи гайриманкул бояд дар Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон бо гирифтани Шаходатномаи дар бораи бакайдгирии гарав ба кайд гирифта шавад. Барои карзхое, ки мухлаташон то 6 (шаш) мох мебошанд, гузаронидани мониторинги таъминот бо гарав, ба таври озод сурат мегирад. Гузаронидани мониторинг барои карзхое, ки мухлаташон бештар аз 6 (шаш) мох аст, хатми мебошад. Дар баробари Шартномаи гарав ва санади бахогузори, дар бастаи хуччатхои карзи, бояд хуччатхои зерин махфуз нигох дошта шавад:

            -Нусхаи маълумотномаи КФБТ (корхонаи фаръии бакайдгирии техники).

            -Нусхаи хуччати муайянкунандаи хукук ба амволи гайриманкул.

            -Нусхаи шартномаи гарав ва шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии гарав.

            -Ордери воридоти гайритавозуни, ки ба хазинаи вохиди амалиётии Бонк, барои нигохдори дода шудаанд, шиносномаи техники ва хуччатхои исботкунандаи хукуки сохибмулкиро тасдик менамояд.

            Нусхахои аслии хуччатгузорихо доир ба таъминоти гарави, бояд барои махфуз нигох доштан дар хазинаи Бонк ва нусхахои он бояд дар парвандаи карзи нигох дошта шаванд.

Сугуртакуни ва тасдики нотариали

Дар холатхое, ки конунгузорихои Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, таъминот бо гарав бояд сугурта карда шавад ва/ё аз чониби нотариус ба кайд гирифта шавад.

Дар хамаи дигар холатхо сугуртакуни ва аз чониби нотариус ба кайд гирифтан зарур нест.

Ба ин нигох накарда, дар хамаи холатхо Кумитаи карзи метавонад, доир ба сугуртакуни ва аз чониби нотариус ба кайд гирифтани таъминот бо гарав, карор кабул намояд.

  1. ПЕШНИХОДИ КАРЗИ БАРОИ БАРРАСИ БА КУМИТАИ КАРЗИ

Мукаддимаи пешниходи карзи

            Баъд аз гузаронидани тахлили тичоратии карзгиранда ва хочагии манзилии у, коршиноси карзи масъулияти тахия намудани пешниходи карзиро ба душ дорад, ки бояд бо шакли мувофик тартиб дода шуда бошад (Замимахои №12 , № 13а, 13б). Ин хуччатхо барои барраси ба Кумитаи карзи пешниход карда мешаванд.

Критерияхои пешниходи карзи

Дар пешниходи карзии хеш коршиноси карзи вазифадор аст:

а) Доир ба хамаи чихатхои молиявии тичорати дархостдиханда – ба ин чо дохил мешаванд, натичахои тахлили нишондихандахои нисби ва натичахои тахлили маркетинги (ракобат, тахвилдихандагони мол, карзгирандагон) ва вазъи оилавии дархостдиханда, шархи дакик дихад.

б) Хавфхо (шахси,оилави ва молияви), ки ба тичорат тахдид мекунанд, усулхои идора кардани онхоро пешниход намояд.

в) Омода будани шахси дархостдиханда ба пардохт намудан/бозпас гардонидани карз.

г) Шарххо доир ба таърихи карзии дар Бонк ё дигар Бонкхои карзи мавчуд будаи шахси дархостдиханда.

г) Бахо додан ба таъминоти гаравии пешниходшуда.

д) Хулосае, ки дар он пешниходи дакики хамаи шартхои карз, бо дарназардошти табиати тичорат, хислати карз ва низоми дарачабанди инъикос ёфтаанд.

е) Иктидори пардохткуни, ки дар асоси тахлили тичорат ва хочагии манзилии карзгиранда муайян шудааст, бояд хадди акал аз воридкуни аз руи карз 1,3 маротиба зиёдтар бошад (карзгирандагоне, ки дар низоми дарачабанди шомил мебошанд, иктидори пардохткуни бояд хадди акал аз воридкуни аз руи карз 1,2 маротиба зиёдтар бошад).

10.КАБУЛ НАМУДАНИ КАРОРХО ДАР КУМИТАИ КАРЗИ

Холатхои умуми

            Кумитаи карзии вохиди амалиётии Бонк (минбаъд Кумитаи карзи), дар чараёни пешниход намудани карз, макомоти марказии вохиди амалиёти мебошад. Ин макомот, дар чараёни баррасии дархости карзи, санчиши нихоиро амали месозад ва танхо Кумитаи карзи метавонад пешниходи карзии коршиноси карзиро нисбат ба дархости карзии карзгиранда, дастгири намояд, рад кунад ё худ бо максади пурра намудани маълумотхо ё тахлил ба вакти дигар гузаронад.

            Кумитаи карзи, карзро дар асоси маълумотхои чамъовари шуда барраси менамояд. Агар зарурати чамъовари намудани маълумоти иловаги бошад, баррасии пешниходи карз ба вакти дигар гузаронида мешавад.

            Хамаи карорхо доир ба дода шудани карз аз чониби Кумитаи карзи, ки аз хисоби кормандон ва рохбарияти вохиди  амалиётии Бонк ташкил ёфтааст,  кабул карда мешаванд. Коршиноси карзи ва / ё худ дилхох дигар корманди вохиди амалиётии Бонк, наметавонад мустакилона доир ба додани карз карор кабул намояд. Дар коидаи мазкур истисно чой надорад.

Омодашави ба чаласаи Кумитаи карзи

Коршиносони карзи бояд каблан, хадди акал як руз пеш рохбарияти бахши карзи ва/ё рохбари вохиди амалиётии Бонкро доир ба лоихахое, ки онхо мехоханд ба баррасии Кумитаи карзи пешниход намоянд, хабар диханд.

Кумитаи карзи метавонад махсус барои холати мазкур даъват шавад ё худ дар асоси доими, дар рузхои муайяншуда доир гардад.

Бояд коршиноси карзи, хадди акал як руз кабл аз доир гаштани чаласаи Кумитаи карзи пешниходи карзи ва бастаи пурраи хуччатхои карзиро ба аъзоёни Кумита барои шиносои пешниход намояд. Бояд андешахои коршиноси карзи доир ба кобилияти карзпардози доштани дархостдиханда ва пешниходхои у, дар пешниходи карзи дакик ва пурра дарч гарданд. Дигар маълумотхои зарури низ бояд бо хохиши аъзоёни Кумитаи карзи, ба онхо пешниход карда шавад.

Рохбарияти бахши карзи бояд итминон хосил намояд, ки бастаи хуччатхои карзии пурракардашуда ва пешниходи карзи, ки мувофики талаботи Низомномаи мазкур ва хамаи тартиботи дар Бонк амалкунанда тахия шудааст, омода мебошад ва дар ихтиёри Кумитаи карзи аст. Бастаи хуччатхои карзи, то чаласаи Кумитаи карзи он гох пурра хисобида мешавад, ки агар дорои маводхои зерин бошад:

а) Дархости карзии ба таври зарури пуркардашуда ва ба имзо расида;

б) Нусхаи шиносномаи дархостдиханда;

в) Нусхаи хуччатхои / ичозатномахои зарури барои пеш бурдани тичорат, мутобик ба конунгузорихои Чумхурии Точикистон (маълумотномахо, ичозатномахо, шаходатномахо, патентхо, тасдикномахо ва гайра);

г) Нусхаи хуччатхои таъсиси (агар сухан дар бораи шахси хукуки равад);

г) Нусхаи шиносномахои гаравдех, зомин ва дар холати зарури нусхаи шиносномаи шохид (шохидон);

д) Маълумотнома аз чои кори карзгиранда ва зомини вай дар бораи даромад ва/ё хуччатхои дигари тасдиккунандаи фаъолияти сохибкории онхо  (шаходатнома, ичозатнома, патент, пардохтхои андоз ва гайра (барои карзхои истеъмоли);

е)Хуччатхои аз руи бахогузории тичорат ва тахлили оила, ба таври лозими пуркардашуда ва аз чониби коршиноси карзи ба имзо расида (намуди мувофики тахлили тичорат ва хочагии манзили; дигар хуччатхои зарури барои тахлил ва гузаронидани хисобу китоб, чадвалхо ва гайра).

ё) Хисобдихии расми – Тавозун, Хисобот доир ба фоида ва харочотхо ва Хисобот доир ба харакати воситахои пулии Бонк барои давраи шаш мохи охир (агар карзгиранда шахси хукуки бошад);

ж) Пешниходи карзии ба таври лозими пур карда шуда ва аз тарафи коршиноси карзи имзо гузошташуда дар асоси дархости карзии карзгиранда;

з) Шархи хаттии мукаммал ва дакики таъминот бо гарав ва бахогузори ба онхо, хуччатгузорихо барои муайян намудани хукуки сохибмулки ба таъминот бо гарав;

и) Барои карзгирандагони такрори нусхаи чопкардашудаи таърихи пардохти карз аз чониби карзгиранда ва тахлили хуччатхо доир ба карзхои каблан гирифта шуда.

 

Гузаронидани Кумитаи карзи

            Пеш аз он, ки мухокимаи пешниходи карзи шуруъ шавад, Кумитаи карзи, бояд бастаи карзиро аз санчиш гузаронад ва тасдик намояд, ки он комилан пурра аст ва хамаи тартиботи дар Низомномаи мазкур дарч гардида, риоя шудаанд. Чун коида ин санчишро котиби Кумитаи карзи ё аъзои Кумитаи карзи, ки масъулияти мазкур ба зимааш гузошта шудааст, мегузаронад. Дар рафти кори чаласаи Кумитаи карзи, коршиноси карзи ба хамаи аъзоёни Кумитаи карзи, пешниходи хаттии худро, дар якчояги бо натичахои тахлили гузаронидашуда, пешкаш менамояд.

Презентатсияи нихоят муфассал ва давомдори шифохи талаб карда мешавад:

а) аз коршиносони карзии дар доираи Низомномаи мазкур, тачрибаи камтар аз шаш мохаи кории гузаронидани тахлили карзи дошта;

б) аз коршиносони карзие, ки тачрибаи кори гайриканоатбахш доранд;

в) дар холати пешниходи карзхои бештар аз 5000 (панч хазор) доллари ИМА;

г) дар холати пешниход намудани карзхои мутавози (параллели);

г) дар холати пешниход намудани карзхои такрори барои карзгирандагоне, ки дар соли (солхои) кабли дар рафти пардохт намудани карзи (карзхо) онхо мушкилот эхсос мешуд.

Дар холатхои бокимонда муаррифии шифохии (презентатсия) кутохи пурра ва пурмухтаво басанда мебошад.

Муаррифии коршиносони карзи аз чониби хамаи аъзоёни Кумитаи карзи, бояд шаффоф ва аз нуктаи назари танкиди мавриди мухокима карор гирад. Дар рафти мухокима, бояд коршиноси карзи ба хамаи саволхои ба у дода шуда посух дихад. Бояд мухокима пурмухтаво ва ба мушкилоти мавчуда ва эхтимолии карзгиранда нигаронида шуда бошад, вале нихоят хурдагирона набошад. Дар холати зарури, бояд Кумитаи карзи ба таври муфассал хуччатхои дахлдореро, ки дар бастаи хуччатхо чойгир шудаанд, аз санчиш гузаронад.

Баъд аз ба охир расидани мухокима, мувофики коидахои дар Низомномаи мазкур баён шуда, Кумитаи карзи аз руи дархости карзи, ба маракаи овоздихи мегузарад. Дар холати дастгири ёфтани пешниходи карзи, бояд Кумитаи карзи доир ба хамаи шартхои карз карор (Замимаи № 14 ) кабул намояд.

Хабардор намудани карзгиранда

Карзгиранда метавонад, бо хохиши худ, доир ба карори кабул намудаи Бонк оиди дархости карзиаш, ба таври хатти маълумот гирад. Ба гайр аз ин, бояд коршиноси карзи фавран ва ба таври шифохи, пас аз чаласаи Кумитаи карзи, карзгирандаро хабардор намояд. Дар ин холат, коршиноси карзи бояд бовари хосил намояд, ки карзгиранда дарк намуда истодааст ва хамаи шартхои пешниход намудани карзро, кабул мекунад. Дар баробари ин, ба коршиноси карзи катъиян манъ аст, ки доир ба мушаххасоти чараёни мухокима, оиди карори кабул намудаи Кумитаи карзи аз руи дархости карзи, ба карзгиранда дилхох маълумотро дихад, инчунин додани маълумот оиди хайат ва аъзоёни Кумитаи карзи манъ аст.

Мувофики карори Кумитаи карзи, ба коршиноси карзи зарур аст, ки тадбирхои зеринро андешад:

а) Дар холати аз чониби Кумитаи карзи кабул шудани карор доир ба додани карз ва аз чониби карзгиранда кабул гардидани шартхои карз, ба коршиноси карзи зарур аст, ки барои барасмият даровардани карз, омода сохтани хуччатхои карзи, ба кайд гирифтани таъминоти карз бо гарав ва тайёр намудани хуччатгузорихои дахлдор, хамаи тадбирхои заруриро андешад.

б)Дар холати чавоби рад гирифтан, бояд коршиноси карзи ба карзгиранда хамаи хуччатхои аслиеро, ки аз у дар рафти тахлили хуччатхо гирифтааст (хуччатхое, ки ба карзгиранда тааллук доранд), баргардонад. Агар мактуби расмии огохикунанда доир ба рад шудани пешниходи карз дода шавад, пас бояд хуччатхои аслии карзгиранда ба ин мактуб замима карда шаванд.

в)  Ба карзгиранда додани шаклхои дархости карзи, тахлили тичорат ва хочагии манзилии карзгиранда ва дигар хуччатгузории дохилии Бонк ва ё нусхаи онхо, катъиян манъ аст.

г)   Дар холати аз чониби Кумитаи карзи ба вакти дигар гузаронида шудани кабули карор, бояд коршиноси карзи ба Кумитаи карзи маълумоти дархостшавандаро то чаласаи навбати, вале на дертар аз 5 рузи кори, пешниход намояд. Барои ба даст овардани ахборот ва маълумотхои зарури, ба коршиноси карзи зарур аст, ки ташрифории лозими ва дахлдорро ба назди карзгиранда ва дар холати лозими ба тичорати у ва хочагии манзилиаш, ташкил намояд.

 

Коркард ва ворид кардани маълумотхо доир ба карз

Коршиноси карзи бояд хамаи маълумоти заруриро ба НАБ (низоми автоматикунонидашудаи бонки), мувофик ба карори Кумитаи карзи ворид намояд. Ин амал бояд дар тули як рузи кори, баъд аз чаласаи Кумитаи карзи сурат гирад. Хамчунин коршиноси карзи, бояд парвандаи карзии карзгирандаро нав намуда, ба он хуччатхои зеринро ворид намояд:

  а) Хуччатгузории пурра аз руи карз;

  б) Мачмуи пурраи хамаи шаклхо ва варакахо;

  в) Пайнавишти Кумитаи карзи;

  г) Хама гуна эзоххои имконпазир, ки ба карз дахл доранд.

  1. 11. БАРАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ ШАРТНОМАХОИ КАРЗИ ВА ХУЧЧАТХО

 

Мукарарроти умуми

Шартномаи карзи хамчун хуччати асосии карзи, бояд дар раванди барасмият даровардани хуччатхо аз чониби коршиноси карзии масъул ё корманде, ки ба омода кардани хуччатхо машгул аст, баъд аз кабул шудани карор доир ба додани карз, тайёр карда шавад. Коршиноси карзии масъул ё корманде, ки ба омода кардани карзхо машгул аст,  бояд бовари хосил намояд, ки карзгиранда ба имзо гузоштани шартномаи карзи ва хуччатхо омода аст. Ин масъала шартхои зеринро дар бар мегирад:

а) Карзгиранда бо шартхои додани карз, ки аз чониби Кумитаи карзи тасдик шудаанд, рози аст;

б) Шиносномаи карзгиранда мавчуд аст ва ба холати санаи дархости карзи ва имзо намудани шартнома, эътибор дорад;

в) Хамаи хуччатхои зарурии тичорати карзгиранда мавчуд мебошанд ва ба холати санаи дархости карзи ва имзо намудани шартнома эътибор доранд;

г) Шиносномахои хамаи шахсони сеюм аз руи шартномахо мавчуд мебошанд ва ба холати санаи дархости карзи ва имзо намудани шартнома эътибор доранд (гаравдех, кафолатдех, шохидон);

г) Шиносномахои шохидон (шавхар/зан) мавчуд мебошанд ва ба санаи дархости карзи ва имзо намудани шартнома эътибор доранд;

д) Шакли дархост пурра ва хоно пур карда шуда, сана ва имзо гузошта шудааст;

е) Пайнавишти Кумитаи карзи пурра ва хоно пур карда шуда, сана ва имзо гузошта шудааст;

ё) Шартхое, ки аз чониби Кумитаи карзи пешниход шудаанду бо додани карз алокаманди доранд ва дар Пайнавишти Кумитаи карзи инъикос ёфтаанд, пурра ичро шудаанд ва ичроиши онхо ба таври зарури хуччатгузори шудааст;

ж) Хамаи хуччатхои зарури барои барасмият даровардани таъминоти гарав мавчуд мебошанд ва ба холати санаи дархости карзи ва имзогузории шартномахо, инчунин дар мухлати амали карз эътибор доранд.

Омода намудан ва бастани шартномахои карзи ва дигар хуччатхо

 

Аз лахзаи аз чониби Кумитаи карзи дастгири ёфтани дархости карзи, коршиноси карзи ё корманди масъул оид ба омода намунаи карз, бояд шартномаи карзи, шартномаи гарав, шартномаи замонати, ухдадории мухлатнок (замимаи №15) ва дигар хуччатхои заруриро барои барасмият даровардани карз тайёр кунад. Маълумотхое, ки ба шартномахои карзи ворид карда мешаванд, набояд бо рохи хат задан ва / ё ислох намудан тагйир дода шаванд. Дар чунин холатхо зарур аст, ки шартнома аз нав тайёр карда шавад, шартномаи «галат» омода шуда, нест карда шавад. Шартномахои карзи ва / ё хуччатхои ислохшуда, хатзадашуда бе эътибор дониста мешаванд.

Мувофики талаботхои Бонк, шартнома бояд аз чониби шахсони зерин имзо гузошта шавад:

а) Раиси Бонк/Сардори филиал-вохиди амалиётии Бонк ё худ шахси ивазкунандаи у;

б) Агар зарурати имзои дуюм пайдо шавад, он метавонад аз чониби сармухосиби Бонк ё рохбари бахши карзии вохиди амалиётии дахлдор гузошта шавад;

в) Аз чониби карзгир, гаравдех ё зомини дахлдор имзо гузошта мешавад. Ашхоси мазкур инчунин бо ишора ба тасдик намудани он, ки бо хамаи бандхои шартнома шинос шудаанд, бояд дар хар як сахифахои ин шартномахо, ба хотири дар оянда рох надодан ба бахс ва ихтилофи назар миёни чонибхо, имзо гузоранд.

г) Коршиноси карзи (ба сифати ичрокунанда), ва кормандони бек офис (ба сифати назораткунанда) инчунин дар шартномахо имзо мегузорад.

Шартномахои гарав ва шартномаи замонати (мактуби кафолати) бояд ба шартхои шартномаи карзи мувофикат кунанд.

Бояд хар як шартнома аз чониби карзгир / гаравдех / зоминон / шохидон / дигар шахсони лозими ва Бонк, дар дохили бинои Бонк, дар хузури коршиноси карзии масъул ба имзо расанд. Коршиноси карзи бояд шахсияти нафари ба шартнома/хуччат имзо гузоштаро тавассути мукоиса намудани маълумотхои мавчуд буда доир ба ин шахс бо маълумотхои дар шиносномаи у дарч гардида, муайян намояд. У бояд назорат кунад, ки оё имзо ва дигар мушаххасоти дар шиноснома буда, бо имзо ва дигар мушаххасоти шахси ба шартномаи карзи имзо гузошта мувофикат мекунад ё не. Агар имзо ё худ дигар мушаххасот мувофикат накунанд, пас коршиноси карзи бояд чараёни барасмият даровардани карзро нигох дорад ва оиди ин масъала рохбари бахши карзи ва / ё рохбари вохиди амалиётии Бонкро вокиф созад. Танхо баъд аз маълум намудани хамаи сабабхои ба вукуъ пайвастани вазъияти мазкур ва итминони пурра хосил намудани Бонк (дар чунин холат рохбар  ва / ё рохбари бахши карзи) нисбат ба  муайян кардани шахсияти нафари ба шартнома имзо гузошта,чараёни барасмият даровардани карз аз нав фаъол мегардад. Дар холате, ки сохиби шиноснома баъд аз гирифтани шиноснома имзояшро тагйир дода бошад, бояд сохиби шиноснома дар хузури коршиноси карзи ва рохбари бахши карзи ва / ё рохбари вохиди амалиёти дар нусхаи шиносномаи худ имзояшро гузорад. Рохбари бахши карзи/ ё рохбари вохиди амалиёти ухдадор аст, бо имзои худ онро тасдик намояд ва таърихи рузро гузорад.

Шартномаи генералии карзи

 

Шартномаи генералии карзи танхо бо карзгирандагони такрории таърихи хуби карзи дошта барасмият дароварда мешавад (Замимаи №16). Максад аз барасмият даровардани шартномаи генералии карзи дар он мебошад, ки Бонк тавонад карзгирандаро дар давраи то 3-5 сол ба махсулотхои карзии худ вобаста намояд ва холати хардафъинаи барасмиятдарории амволи гаравро тарики идораи нотариали ва аз кайд гузаштанро дар макомоти адлия аз байн бардорад. Маблаги шартномаи генералии карзи бо назардошти дурнамои оянда (то 3-5 сол) дар асоси иктидори пардохтпазирии хакикии карзгиранда дар санаи бастани Шартнома муайян карда мешавад. Агар маблаги шартномаи генералии карзи аз салохияти кумитаи карзии вохиди амалиёти зиёд бошад, онгох баррасии дархости карзи дар кумитаи карзии сатхи болои (вобаста ба салохият) амали мегардад. Агар мархилахои баъдинаи шартномаи генералии карзи аз салохияти кумитаи карзии вохиди амалиёти зиёд бошад, он гох пешниходи бокимонда мархилахо танхо бо мувофикаи намояндагони Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки, амали мешавад.

  1. ПЕШНИХОДИ КАРЗ

Мукарароти умуми

Карз метавонад ба таври накди ва гайринакди пешниход карда шавад.

·    Пешниходи  карз ба таври накди

Воситахои карзи аз суратхисоби карзии карзгиранда дебет кунонида шуда бахисоби пасандози дархостшавандаи карзгиранда кредит кунонида мешаванд. Баъд аз хисоби пасандози дархостшавандаи карзгиранда тарики хазина ба таври накди дода мешавад. Воситахои пули накд аз чониби корманди хазина танхо ба дасти карзгиранда дода мешавад. Пеш аз он, ки корманди хазина пулро дихад, бояд тавассути мукоиса намудани маълумотхо ва имзои шиносномаи карзгиранда, бо маълумотхои бастаи хуччатхои карзи ва намунаи имзои дар Бонк мавчуд буда, доир ба шахсияти карзгиранда итминон хосил намояд.

Хамаи хуччатхои пардохти  бояд дар бастаи хуччатхои карзи нигох дошта шаванд.

  • Пешниходи карз ба таври гайринакди

Воситахои карзи аз суратхисоби карзии карзгиранда дебет карда, ба хисоби пасандози дархостшавандаи карзгиранда кредит мешаванд ва аз он ба суратхисоби тахвилдихандаи мол бо супориши карзгиранда гузаронида мешаванд. Карзгиранда метавонад аз чунин усули хисоббаробаркуни, ба мисли эътиборнома (аккредитив), ки хангоми гузаронидани амалиётхои хисоббаробаркунии карзгиранда бо тахвилдихандаи молаш нихоят самаранок аст, истифода намояд. Карз аз рузи гузаронидани кисми (транш) якуми маблаги карз, «додашуда» хисобида мешавад.  Коршиноси карзи бояд фавран, баъд аз гузарондани маблаг амма на дертар аз хамон рузи кори, ба карзгиранда доир ба гузаронида шудани маблаги карз хабар дихад. Инчунин Коршиноси карзи вазифадор аст бовари хосил намояд, ки хамаи воситахои карзи мувофики талаботхои Шартномаи карзи максаднок истифода шуда истодаанд. Барои ин мумкин аст хисобнома – фактураи тахвилдихандагони моли карзгиранда талаб карда шавад ва воситахои карзи баъд аз пешниход шудани чунин хисобнома – фактура ба суратхисоби тахвилдихандагони мол гузаронида шавад. Ин махсусан ба карзхои калон дахл дорад. Маблаггузаронихо аз суратхисоби карзгиранда, бо супориши расмии у сурат мегиранд.

Маблаги карзи дастгири ёфта, бояд бо ташаббуси карзгиранда ба суратхисоби у дар давраи на дертар аз 30 рузи кори, баъд аз ба имзо расидани Шарнома карзи гузаронида шавад. Дар тули 30 руз коршиноси карзи бояд бо карзгиранда ба алока барояд ва шархи ба таъхир афтодани додани карзро пурсон шавад. Пас аз ба охир расидани ин мухлат, агар воситахои карзи тамоман гирифта нашудаанд (ба суратхисоби карзгиранда гузаронида нашудаанд), Шартномаи карзи метавонад катъ карда шавад. Доир ба ин масъала, коршиноси карзи бояд Кумитаи карзиро дар чаласаи оянда хабардор намояд. Кумитаи карзи доир ба тадбирхои андешидашавандаи минбаъда, карор кабул менамояд.

Дар парвандаи карзи бояд хамаи хуччатхои пардохти, чекхои тахвилдихи ва хисобнома – фактурхо нигох дошта шаванд.

Пешниходи карзхои мутавози (параллели).

          Пешниходи карзхои мутавози (параллели) ба карздороне, ки карзхои амалкунанда доранд, танхо дар холати риояи шартхои шартномаи карзии амалкунанда, ичрои саривактии накшаи пардохти карз, доштани иктидори пардохтпазири ва таърихи хуби карзи, на кам аз шаш мох истифодабарии маблаги карзи чудошуда, пардохти маблаги карзи гирифташуда дар хачми на кам аз 50 % ва пешниход намудан ба сифати таъминоти карз гарави устувор ва ё зомин мумкин мебошад.

            Ба карзгирандагоне, ки дар назди Бонк ухдадории карзии амалкунанда дошта  шартхои  шартномаи карзиро риоя намекунанд, пешниход намудани карзхои мутавози катъиян манъ аст.

Тафтиши хуччатхои карзи

          Дар доираи Низомномаи мазкур, дилхох карздихи метавонад танхо он гох амали шавад, ки агар шартномахои карзи ва гарав, инчунин хуччатхо пурра ва мукаммал омода шуда бошанд ва хамаи талаботхои дар Пайнавишти Кумитаи карзи дарч гардида, риоя шаванд.

          То пешниходи карз бояд шартхои зерин риоя шаванд:

а) Пурраги ва мукаммалии парвандаи карзи;

б) Мувофикатии хамаи шартхои шартнома бо Пайнавишти Кумитаи карзи ва тартиботи амалкунанда. Асосан ин ба маблаги карз, меъёрхои фоизи, давраи воридкунихо, асъор, мухлатхо, таъминоти гарав ва дигар шартхо тааллук дорад;

в) Аз чихати хукуки дуруст будани хамаи хуччатхои дахлдор (шартномаи карзи, шартномахои гарав, шартномаи замонати, мактубхои кафолати) ва ба таври лозими, мутобик ба конунгузорихои Чумхурии Точикистон барасмият даровардани хамаи таъминоти гарав;

г) Ба хазинаи вохиди амалиётии Бонк додани хамаи хуччатхои зарури ва / ё арзишхое, ки ба таъминоти гарав дахл доранд;

г) Пурра дохил намудани хамаи маълумотхои дахлдор, ба Низоми  Автоматикунонидашудаи Бонки.

          Ба ухдадорихои вазифавии коршиноси карзи ичро намудани хамаи талаботхои дар боло зикршуда дохил мешаванд.

          Пеш аз он, ки коршиноси карзи додани карзро амали созад, бояд ба Варакаи санчиши имзо гузорад ва онро дар бастаи хуччатхои карзи гузорад (Замимаи №17,17а). Варакаи санчиши аз чониби назоратчи то лахзаи додани карз тафтиш карда мешавад. Одатан накши назоратчиро корманди бэк – офиси вохиди амалиётии Бонк, ки аз руи фаъолияти бахши карзи  назорат мебарад, рохбар ё худ муовини у, ичро менамояд. То он вакте, ки назоратчи парвандаи карзиро бо максади муайян намудани пуррагиву мукаммали ва дурустии он тафтиш накунад ва бо рохи имзо гузоштан ба Варакаи санчиши чавоби мусби надихад, карз дода намешавад. Амали мазкур санчиши охирин – асосии пеш аз додани карз мебошад, ки онро нихоят мухим ва зарури мегардонад.

 

  1. НАМУДХОИ МОНИТОРИНГ ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ОНХО

Мукаррароти умуми

Доимо дар алока будани коршиноси карзи бо мизочони худ, барои саривакт муайян намудани хавфхо дар холати ибтидоии сар задании казияхо ва аз чониби Бонк андешидани тадбирхои дахлдори чавоби, мусоидат менамояд. Ин алокаи доими, тарики аз чониби коршиноси карзи мунтазам назорат кардани пардохти карз аз тарафи мизоч ва хамкории доими дар мухити тичорат бо мизоч, ба рох монда мешавад.

Намудхои мониторинг

Коршиноси карзи барои хамаи карзхои сандуки карзиаш чавобгар аст. У вазифадор аст, ки мониторинги накшавии истифодабарии максадноки карзи ва гайри накшавии тичорат, хочагии манзили ва таъминоти гаравии мизочро (дар холати зарури) гузаронад.

Мониторинги максаднок истифода бурдани карз

            Барои муайян намудани чи тавр аз чониби мизоч истифода шудани карзи ба у чудо гардида, ба коршиноси карзи зарур аст, ки ба назди мизоч сафари санчиши кунад. Ташрифории санчиши пас аз он сурат мегирад, ки мизоч мол / тачхизот ва гайраро, ки бо воситахои карзи харидори шудаанд, гирифта бошад. Санаи чунин ташрифорихои санчиши, ба замони воридшавии молхои харидоришуда вобастаги дорад. Вале, бояд ташрифории санчиши дар тули як мох, баъд аз дода шудани карз сурат гирад. Дар хусуси карзхои мархила ба мархила додашуда бошад, зарур аст, ки ташрифорихои санчиши баъд аз пешниходи маблаги хар як мархилаи навбати сурат гирад.

            Натичахои ташрифории санчиши дар санади истифодабарии максаднок дарч мегарданд(замимаи №18). Дар санади истифодабарии максадноки карз, бояд маълумот доир ба максаднок истифода шудан / гайри максаднок истифода шудани воситахои карзи ва то кадом андоза тагйир ёфтани кобилияти карзпардозии мизоч, дарч гардад. Дар холати муайян шудани гайри максаднок истифода гардидани воситахои карзи ва / ё бад шудани кобилияти карзпардозии мизоч, бояд коршиноси карзи натичахои тафтиши худро ба Кумитаи карзи барои баррасии минбаъда ва кабул намудани карор пешниход намояд. Санад мукаммал ва хоно пур карда шуда ва имзо гардидаро ба парвандаи карзи духта мшавад. Агар натичахои санчиш ба Кумитаи карзи барои баррасии минбаъда пешниход шуда бошанд, Пайнавишти Кумитаи карзи, ки дар он карори Кумитаи карзи дарч гаштааст, инчунин ба парвандаи карзи духта мешавад.

Мониторингхо аз чихати дарача ба ду кисм таксим мешаванд – Мониторинги стандарти ва мониторинги фавкулода.

Мониторинги стандарти

Мониторинги стандарти аз чониби коршиноси карзии масъул, бо тартиби давраги – накшави, вале ба хар хол на камтар аз як маротиба дар як семоха, гузаронида мешавад. Хангоми гузаронидани мониторинги стандарти, коршиноси карзи маълумотхоро доир ба масъалахои зерин чамъовари менамояд:

а) тагйир ёфтани вазъи молияви ва дигар тагйиротхо дар тичорати мизоч;

б) тагйир ёфтани хавфхои бо тичорат ва худи мизоч алокаманди дошта;

в) максаднок истифода бурдани воситахои карзи;

г) тагйиротхои алокаманд ба таъминоти гарави ва хочагии манзилии карзгиранда;

д) дигар холатхое, ки ба тичорат ва худи мизоч таъсир мерасонанд.

Аз руи натичахои мониторинги стандартии гузаронидаи коршиноси карзи, санади мониторинги стандарти барасмият дароварда мешавад. Мониторинги стандартии  карзхои маблагашон то 20 000 (бист хазор) доллари ИМА, бо шакли соддакардашуда гузаронида мешавад. Мониторинги карзхои маблагашон зиёда аз 20 000 (бист хазор) доллари ИМА ба таври нисбатан васеъ гузаронида мешавад. Намунаи санадхои мониторинги стандарти, дар Замимахои № 19 ва № 19(а) – и Низомномаи мазкур оварда шудаанд.

Аз руи натичахои мониторинги стандартии гузаронидашуда, коршиноси карзи имконият дорад хулосахояшро дар ду шакл пешниход намояд:

а) агар натичаи мониторинги стандартии карз мусби бошад – яъне тичорати Мизоч рушд меёбад, хавфхо зиёд нашудаанд, воситахои карзи максаднок истифода мешаванд, муносибати мизоч ба Бонк тагйир наёфтааст, мизоч бо коршиноси карзи хамкори дорад ва барои гузаронидани мониторинг мусоидат менамояд– коршиноси карзи дар асоси шартномахои карзии бо мизоч басташуда, давом додани муносибатхоро пешниход менамояд.

б) агар натичаи мониторинги стандартии гузаронидашуда манфи бошад – яъне тичорати мизоч рушд намеёбад ва/ё тамоюли пастшави ба назар расад, хавфхо афзояндаанд, воситахои карзи максаднок истифода нашаванд, муносибати мизоч нисбат ба Бонк куллан тагйир ёфтааст ва бо душвори бо Бонк хамкори дорад, у ба гузаронидани мониторинг монеагузори менамояд–коршиноси карзи пешниход менамояд, ки муносибатхои меъёри бо Мизоч катъ карда шуда, мониторинги фавкулодда гузаронида шавад, ки аз руи натичахои он Кумитаи карзи карори нихоиро доир ба карзи мазкур кабул менамояд.

Мониторинги фавкулода

Барои талаб карда гирифтани карзи мушкилситон, коршиносони карзи метавонанд усулхои гуногунро истифода намоянд, аз он чумла:

    а) Гузаронидани мониторинги фавкулода;

    б) Ташриф овардан ба назди зоминон / гаравдихандагон;

    в) Ташриф овардан ба назди хешовандони мизоч;

    г) Ташриф овардан ба назди шарикони мизоч;

    г) Зангхои телефони ва истифода намудани дигар воситахои алока;

    д) Мактубхои огохкунанда – Огохинома;

    е) Катъ гардонидани Шартномаи карзи ва талаб кардани пурра пардохт намудани карз;

    ё) Мусодира намудани таъминоти гаравии манкул, андешидани тадбирхои мачбуран пардохт намудан ва фурухтани таъминоти гарав;

    ж) Тадбирхои хукуки, бо дарназардошти тафтишоти суди.

          Мониторинги фавкулода, хангоми сар задани таъхирхо ё худ хангоми муайян шудани казияхо ва/ё бад шудани холати тичорат ва/ё хочагии манзилии мизоч гузаронида мешавад. Хангоми ташриф овардан ба назди мизоч, бояд коршиноси карзи ба холати тичорат ва хочагии манзилии у ахамияти чидди дода, тахлили оид ба хавфхо гузаронидаашро, ва/ё худ натичахои мониторинги каблан гузаронидашударо, ба инобат гирад. Ба коршиноси карзи зарур аст, ки сабабхои вокеии ба таъхир афтоданхоро муайян кунад ва ба таври дакик омузад ва то чи андоза кобилияти карзпардозии мизоч ба самти манфи тагйир ёфтааст/тагйир наёфтааст, бахогузои намояд. Бояд коршиноси карзи тахлили пурраи молиявии тичорати мизочро гузаронад. Дар асоси ин маълумотхо бояд у ба Кумитаи карзи андешидани тадбирхоеро пешниход намояд, ки барои пардохт намудани карзи батаъхирафтода ё худ, агар зарур бошад, ба пурра ва пеш аз мухлат баргардонидани карз ва фоизхои он мусоидат намояд. Натичахои мониторинги фавкулода аз чониби коршиноси карзи дар Санади

мониторинги фавкулода дарч карда мешавад (Замимаи № 20). Варакахо ва хамаи хуччатхое, ки (бо назардошти сиёхнависхо) дар рафти мониторинги фавкулода истифода шуда буданд, бояд дар парвандаи карзии мизочи мазкур духта шаванд.

  • Ташрифи якум

            Дар худи хамон рузе, ки мизоч воридкунии навбати аз руи карз ва/ё худ фоизхои онро ба таъхир мегузорад, коршиноси карзии масъул бояд ба назди у ташриф орад. Дар рафти ин сафари якум, ба мизоч доир ба ухдадорихояш оиди саривакт, мувофики чадвал, таъмин намудани воридкунихо аз руи карз ва фоизхои он, хотиррасон намояд. Чунин ташрифхо ба назди мизоч, бояд аз чониби на камтар ду нафар корманди вохиди амалиётии Бонк сурат гирад.

            Коршиноси карзи бояд фахмонда дихад, ки:

а) бо сабаби ба таъхир гузоштани карз, чарима хисоб карда мешавад  ва барои мизоч арзиши карз гарон меафтад;

б) одоби манфии пардохткуни имкониятхо ва эътибори мизочро барои дар оянда такроран гирифтани карз кохиш медихад;

в) Пардохт накардани карз ба мачбуран фурухтани амволи ба гарав гузошташуда оварда мерасонад;

г) агар ба мизоч дар доираи низоми дарачабанди хизмат расонида шавад, эхтимолияти  берун намудани у аз низоми мазкур мавчуд аст.

            Зарур аст, ки рузи ба Бонк омада карздории мавчударо пардохт намудани мизоч, мувофика карда шавад. Рузи нави мувофика шудаи пардохт, то дарачаи имкон бояд наздиктар бошад. Ба санаи дигар гузаронидани санаи воридкуни, ки коршиноси карзи ва мизоч доир ба он хангоми гузаронида шудани мониторинг ба мувофика расидаанд, аз санаи пардохти воридкунии мазкур аз руи карз ва/ё фоизхои он, бояд аз 10 руз бештар набошад. Вале, ба хар хол ба вакти дигар гузаронидани санаи пардохти воридкунии мазкур, набояд аз санаи вордкунии навбати дертар бошад. Коршиноси карзи ваколатдор нест ба рузи баъд аз воридкунии навбати, аз руи чадвали пардохтхо ё худ ба бештар аз 10 руз аз санаи ин воридкуни, мувофики чадвали пардохтхо, ба батаъхиргузори рози шавад. Хамаи он чизе, ки гуфта шуд, бояд дар санади мониторинги фавкулода, аризахои имзо гузоштаи мизоч (бояд ба Санад замима гарданд) инъикоси худро ёбанд ва аз чониби коршиноси карзии масъул ва Кумитаи карзии вохиди амалиётии Бонк, тахти назорат карор дода шаванд. Ба коршиноси карзи ичозат дода намешавад, ки аз мизоч пул (накд) кабул намояд ва аз номи у ба Бонк ворид кунад. Бояд коршиноси карзи мизочро ба бинои вохиди амалиётии Бонк гуселонад, то ки воридкуни фавран сурат гирад. Барои он, ки ташрифи овардашуда самараи бештар дошта бошад, коршиноси карзи бояд маълумотхо ва воситахои зеринро дар даст дошта бошад:

     а) нусхаи Шартномаи карзи бо чадвали пардохтхо, нусхаи шартномахои гарав ва замонати бо замимахояшон. Ин барои бо мизоч пеш бурдани гуфтушуниди натичабахши расми ва босаводона зарур аст;

б) мактуби расмии огохкунанда аз номи вохиди амалиётии Бонк ва нусхаи он.

              Ин ба коршиноси карзи имконият медихад, ки хатто дар холати дар чои худ набудани мизоч, ба у Огохиномаи расми гузошта равад. Дар холате, ки ташрифории мазкур натичае намедихад ва холати пардохт намудани карз хатарнок мебошад, бояд коршиноси карзи фавран амволи ба гарав гузошташудаи манкулро, ки дар дасти мизоч аст, мусодира намоянд ва ба бинои вохиди амалиётии Бонк оварда расонад. Зарур аст, ки Санади мусодираи амволи манкул тартиб дода шуда, аз чониби ду нафар корманди сафар намудаи Бонк ва худи мизоч ба имзо расад, баъдан як нусхаи он ба мизоч дода шавад. Коршиноси карзи бояд донад ва ба мизоч фахмонад, ки хамаи ин амалхо дар доираи конунгузорихои амалкунандаи Чумхурии Точикистон ва шартномахои байни Бонк ва мизоч ба имзо расида, сурат мегиранд. Вале дар холате, ки агар мизоч гайри мукаррари рафтор кунад (тахдид намудан, гавго бардоштан, рох надодани кормандони Бонк ба манзили истикомати ва/ё ба махалли тичорат ва гайрахо), ба корманди Бонк ворид шудан ба мунокиша ва андешидани тадбирхои гайриконуни манъ карда шудааст. Бояд онхо ба мизоч мактуби расмии Огохкунандаро (Огохинома) диханд ва имзои мизочро дар нусхаи мактуб, ба сифати тасдик доир ба гирифтани ин мактуб гиранд, ба мизоч пайомади ба таъхир афтодан ва амалхояшро фахмонанд. Коршиноси карзи Санади мониторинги фавкулодаро тартиб медихад, ки дар он маълумотхои дар рафти мониторинги гузаронидашуда ба даст омадаанд, дарч мегарданд. Баъд аз ин, коршиноси карзи бояд ба вохиди амалиётии хеш бозгашта, доир ба натичахои сафарашон ба Рохбар ва Сардори бахши карзии вохиди амалиёти хабар дихад. Баъдан чаласаи гайринавбатии Кумитаи карзии вохиди амалиётии Бонк даъват карда мешавад ва пас аз мухокима намудани вазъияти ба амал омада, доир ба тадбирхои андешидашавандаи минбаъда карор кабул карда мешавад.

  • Ташрифи дуюм

Агар мизоч дар рузи муайяншуда карзи батаъхирафтодаро пардохт накунад, зарур аст, ки маротибаи дуюм ба назди у ташриф оварад. Дар чараёни ин сафар коршиноси карзи бори дигар доир ба ухдадорихои мизоч дар назди Бонк хотиррасон менамояд. Сипас коршиноси карзи Санади нави мониторинги фавкулодаро тартиб медихад. Дар ин Санад коршиноси карзи санаи нави бо мизоч мувофика шудаи пардохти карзи батаъхирафтода ва/ё фоизхои онро, дарч менамояд. Вале, ба хар хол санаи нави пардохт набояд аз санаи воридкунии навбати аз руи карз ва/ё фоизхои он, дертар бошад. Коршиноси карзи ваколатдор нест ба рузи баъд аз воридкунии навбати аз руи чадвали пардохтхо ё худ мувофики чадвали пардохтхо аз санаи ин воридкуни ба бештар аз 10 руз ба таъхир гузоштани санаи воридкуни, рози шавад. Бояд коршиноси карзи хамаи бамувофикарасихо бо мизоч, ваъдахо ва дигар пешниходхои мизоч / гаравдех / ваколатдехро ба шакли хатти кайд намояд (Аризахо, Баёнотхо ва гайра). Хамаи татбирхо ва кадамхое, ки бо максади пардохт намудани карзи батаъхирафтода андешида шудаанд, бояд хуччати кунонида шаванд ва ба парвандаи карзи духта шаванд. Дар холати риоя накардани бамувофикарасии нав, ки дар хуччатгузории ташрифории санчиши (мониторинг) инъикос ёфтаанд, Бонк бояд бахри ичроиши фаври ва пурраи шартхои Шартномаи карзи, Шартномаи гарав ва замонати чораандеши кунад. Ичро накардани кадами мазкур аз нотавонии Бонк шаходат медихад, ки аз он мизочон метавонанд суиистифода баранд. Дар холати мусодира намудани амволи манкули басифати гарав гузошташуда бошад, коршиноси карзи метавонад талаб намояд, ки бо у намояндаи масъули Бонк, хамрох фиристода шаванд.

Дар холати дуру дароз, бештар аз як воридкуни тул кашидани таъхир, Рохбари вохиди амалиёти ва Рохбари бахши карзи вазифадоранд бевосита дар якчояги бо коршиноси карзи, дар чараёни мачбуран пардохт намудани карздори, иштирок намоянд.

Хангоме, ки дар рафти мониторинг муайян карда шавад, ки шартхои шартномаи карзи риоя карда намешаванд ё вазъи молиявии мизоч ба таври назаррас бад шудааст, Кумитаи карзи метавонад талаб намояд, ки воситахои карзии аз чониби мизоч гирифташуда, пурра ва пеш аз мухлат бозпас гардонида шаванд. Ин метавонад ба зарурати аз чониби коршиноси карзи, аз руи тартиботи дар боло зикргардида, мусодира гардидани амволи манкули ба гарав гузошташуда, оварда расонад.

Мактубхои огохикунанда – Огохинома, мактуби иддао

Мактубхои Огохикунанда – Огохинома вобаста ба намуди таъминоти гарав (Замимахои №21,22 ва 23) ба сифати усули пардохти карз, таъсири заиф мерасонанд, вале аз нуктаи назари хукуки мухим мебошад. Бояд ба муносибатхои шахси бо мизоч ахамияти чидди дода шавад. Ба ин нигох накарда, зарур аст, ки мактубхои Огохикунанда, дар холати ба таъхир афтидани пардохтхо истифода шаванд. Инчунин, дар холате, ки Бонк мачбур мешавад, ба таври гайри суди ва яктарафа, бе ризоияти мизоч амволи манкули ба гарав гузошташударо фурушад, мактубхои Огохикунанда накши асосиро мебозанд.

Тамос бо замонатдех ва / ё гаравгузор

Дар хамаи холатхои сар задани таъхир аз руи карз, зарур аст, ки бо зоминон, гаравгузорон ва дигар шахсоне, ки ба шартнома имзо гузоштаанд, ба тамос баромада, доир ба аз чониби мизоч ичро нашудани ухдадорихояш аз руи карз хабар диханд ва бо исрор талаб намоянд, ки карз пардохт шавад. Агар кафолатдех/замонатдех, гаравгузор ё шахси дигар, ки ба шартнома имзо гузоштааст, аз ичро намудани ухдадорихои ба зимма гирифтааш даст кашад, у метавонад зери таъкиби суди карор гирад, ба мисли он ки худи мизоч низ зери таъкиби суди карор мегирад.

Дида баромадани пешниходхо/масъалахое, ки бо карзхои ба таъхирафтода/ мушкилситон алокаманди доранд

Натичахои мониторинги фавкулодаи карзхои батаъхирафтода ва мушкилситон, аз чониби Кумитаи карзии вохиди амалиётии Бонк, барои дар доираи ваколати худ кабул намудани карор аз руи онхо, дида баромада мешаванд. Новобаста аз мавчуд будани дархостхои карзии Мизочон, Кумитаи карзии вохиди амалиётии Бонк вазифадор аст, на камтар аз як маротиба дар як хафта, барои мухокима намудани вазъи карзхои ба таъхирафтода/мушкилситон, чамъ шавад. Хар як чаласа бояд муайян намояд:

сабабхои батаъхир афтидани пардохт аз руи карз;

максадхои дакик ва накшаи тадбирхои андешидашавандаро оид ба ситонидани карзхо то хафтаи оянда.

          Хар як чаласаи чунин Кумитахои карзи, бояд аз баррасии Пайнавишти чаласаи кабли шуруъ шавад. Кумитаи карзи ва аъзоёни он, бояд карори дар чаласаи Кумитаи карзи кабул шуда ва дар Пайнавишти он инъикос ёфтаро, катъиян риоя намоянд. Агар бештар аз 3% – и сандуки карзии коршиноси карзи зери хавф (ба таъхир афтода) карор дошта бошад, бояд ин коршиноси карзи хар руз дар назди Сардор ва Рохбари бахши карзии вохиди амалиётии Бонк, хисобот дихад. Агар бештар аз 5% – и сандуки карзии коршиноси карзи зери хавф (пардохт аз руи карз ва/ё фоизхои он  ба таъхир афтодааст) карор дошта бошад, пас чунин коршиноси карзи аз минбаъд дида баромадани дархостхои карзии Мизочон барканор карда мешаванд. Бояд коршиноси карзии мазкур, тамоми кушишу гайрати худро ба ситонида гирифтани карзхои батаъхир афтода равона созад то, ки сандуки карзии у аз 3% камтар ба хавфхо бошад.

Ба таври мачбури ситонидани карз

  • Ситонидани таъминоти гаравии манкул

          Таъминоти гаравии манкул дар се холат ситонида мешавад:

а) Агар мизоч бо тартибу интизоми худ нишон дихад, ки у ният надорад бо Бонк хамкори намояд;

б) Агар дар рафти мониторинги тичорат ва хочагии манзилии мизоч, коршиноси карзи бовари хосил менамояд, ки батаъхирафтии карзи мазкур хатарнок мебошад ва гуфтушунидхои минбаъда барои пардохтани карз натичахои дилхох намедиханд;

в) Агар мизоч созишномаи навро, ки аз руи натичахои мониторинги фавкулодаи кабли мувофика шудааст, риоя накунад.

          Дар ин мархила коршиноси карзи набояд бо мизоч бахсу мунозира кунад, у бояд танхо равад ва дар доираи шартномахои бо мизоч басташуда ва конунгузорихои амалкунандаи Чумхурии Точикистон, таъминоти гаравии манкулро ситонад. Ситонидани гарав бояд дар чояш, бо Санади кабул ва супурди амволи ба гарав гузошта шуда, ки дар он руйхати ашёхои дода шуда истода, нишонахои фарккунандаи он, халоти ашё, аз ки ба ки ашёхо супорида мешаванд, барасмият дароварда шуда аз чониби тарафхо имзо гузошта шавад. Хангоми ситонидани амволи ба гарав гузошта шуда, бояд хадди акал ду корманди Бонк – коршиноси карзи, ки ба сандуки карзии у ин карз дохил аст ва корманди дигари вохиди амалиёти / Саридораи Бонк, иштирок намоянд. Ба таври расми ситонидани таъминоти гаравии манкул, танхо маънои тагйир ёфтани чои нигахдории ашёхои ба гарав гузошташударо дорад. Ашёи ба гарав гузошташуда аз махалли нигахдории мизоч (манзили истикоматии мизоч, махалли тичорати у ва гайра) барои нигахдори ба бинои Бонк мегузарад. Санади кабул ва супурд дар ду нусха барасмият дароварда шуда, як нусхаи он ба парвандаи карзии мизоч духта шуда, нусхаи дуюмаш ба шахси гаравдех дода мешавад. Фуруши ашёхои гарав, ба хисоби пардохти карзи батаъхирафтода, баъд аз кабул гардидани карори дахлдори Кумитаи карзи, дар мархилаи нисбатан дертар, бо риоя намудани тартиботи дар Бонк амалкунанда ва конунгузорихои Чумхурии Точикистон, сурат мегирад.

Бонк хукук дорад амволи манкули гаравро (яктарафа, бе ризоияти мизоч / гаравдех), танхо баъд аз сипари шудани 20 рузи таквими, аз рузи пешниход намудани Огохинома доир ба масъалаи мазкур ба гаравдех ва мизоч, фурушад.

  • Фурухтани амволи ба гарав гузошташуда

          Амволи ба гарав гузошта шударо метавон бо ду рох фурухт:

а) Бо рохи мувофика намудан бо мизоч:

– Дар ин холат  мизоч ё худ Бонк, ё харду харидори эхтимолиро пайдо менамоянд ва чонибхо шартхои фурушро мувофика намуда, ашёхои ба гарав гузошта шударо мефурушанд. Далели фурухта шудан – хардори шудан, бояд ба таври зарури дар Санади харид–фуруши амволи манкули ба гарав гузошта шуда барасмият дароварда шавад, ки дар он гаравдех ба сифати фурушанда ва шахси ашёро харида, ба сифати харидор баромад мекунад.

–  Дар холате, ки мизоч/гаравдех дар чараёни фурухтани ашё иштирок кардан намехохад, пас у бояд ба таври хатти, бо гузоштани имзо, барои фурухта шудани ашёхои мазкур, бо нархи мувофикашудаи хадди акал, розигияшро дихад.

– Маблагхои воридшаванда, бо тартиби зерин барои чуброн намудани харочотхо аз руи фуруши гарав (чойгир намудани эълонхо дар рузномахо, аз чое ба чое бурдан ва гайра), барои пардохти фоизхои чаримави, фоизхои мухлатнок ва карзи асоси, равона карда мешаванд.

б) Ба таври мачбури, бе розигии мизоч/гаравдех.

– Шартномаи карзи ва Шартномаи гарав, ки миёни Бонк ва мизоч/гаравдех басташудаанд (дар доираи конунгузорхои Чумхурии Точикистон), имконият медиханд, ки таъминоти гаравии манкул, бо тартиби гайрисуди фурухта шавад.

– Дар чунин холат, Бонк метавонад баъд аз гузаштани 20 (бист) рузи таквими, аз лахзаи ба мизоч ва гаравдех пешниход намудани Огохинома доир ба фуруши гарав, вобаста ба фуруши амволи манкули ба гарав гузошта шуда, тадбирхо андешад.

– Маблагхои воридшаванда, бо тартиби дар банди (а) нишондошуда барои пардохт равона карда мешаванд. Дар холати ризо нашудани мизоч/гаравдех бо тартиби фуруш ё мусодира намудани гарав, барои кумак ба Шуъбаи кормандон ва хукук мурочиат намудан зарур аст.

  1. 14. АЗ НАВ ДИДА БАРОМАДАНИ ШАРТХОИ КАРЗ

Шартхо

Шартхои карз метавонанд танхо як маротиба аз нав дида баромада шаванд. Ба аз нав дида баромадани шартхои карз танхо он вакт рох дода мешавад, ки агар талаботхои зерин риоя карда шаванд:

а) Мизоч бо Бонк бо тамоми масъулият ва шаффофкорона дар тули хамаи давраи карзи ва дар тули карзхои пешина хамкори карда бошад. Дар байни Бонк ва Мизоч муносибатхои каноатбахши карзи мавчуд аст.

б) Мизоч ба таври ихтиёри хамаи маълумотхои талабгардидаи молияви ва микдори – сифатиро доир ба тичорати худ пешниход намуда, сабабхои пардохт нашудани карзро кушода додааст ва тамоми маълумоти зарурии бокимодаро пешинход кардааст.

в) Мизоч бо ташаббуси худ ба Бонк мурочиат намуда, ба таври ихтиёри, дар давраи ибтидои, доир ба мушкилотхои пардохткуни маълумот додааст.

г) Сабабхои батаъхир афтидани пардохтани карз вокеи мебошанд ва имконияти тафтиш кардани онхо мавчуд аст.

г) Шаходати (далели) он, ки мизоч максади бе чуну чарои пардохтани карзро дорад, мавчуд аст.

д) Шаходати (далели) он мавчуд аст, ки дар сурати кабул шудани шартхои нави карздихи, мизоч сари вакт ва пурра хамаи ухдадорихои худро аз руи карз, мувофики шартномахои карзи ичро менамояд.

Тартибот

Баъд аз тахлили вазъият ва кушишхои бе натича анчом ёфта бо дигар роххо ситонидани карз, коршиноси карзи метавонад аз нав дида баромадани шартхои карзро пешниход намояд. Бояд пешниходи мазкур, дар заминаи тахлили пурраи тичорат ва хочагии манзилии мизоч тартиб дода шавад. Карз чунон тахлил карда мешавад, ки гуё мизоч бори аввал барои гирифтани карз мурочиат карда бошад. Аз руи натичахои тахлил, коршиноси карзи доир ба аз нав дида баромадани шартхои карз таклифхо омода менамояд. Бояд мизоч оиди аз нав дида баромадани шартхои карз, ба таври хатти мурочиат намояд (замимаи№24). Пешниходи коршиноси карзи ва аризаи мизоч, барои барраси ва кабули карор ба Кумитаи карзи пешкаш карда мешавад. (Замимаи №25). Кумитаи карзии вохиди амалиётии Бонк, пешниходи коршиноси карзиро дар асоси аризаи хаттии мизоч аз нав дида баромадани шартхои карз барраси намуда, карори дахлдор кабул менамояд. Дар холате, ки маблаги карз аз солихияти Кумитаи карзии вохиди амалиётии Бонк зиёд бошад, дархост барои баррасии минбаъда ба Кумитаи карзии сатхи оли ирсол карда мешавад. Хангоми баррасии чунин дархост дар Кумитаи карзии сатхи оли хулосаи Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки гирифта мешавад. Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки, хукук дорад дар холати мавчуд будани сабаб ва далелхои шайъии вайрон шудани тартибот, ба вохиди амалиётии Бонк, барои тагйир додани шартхои карз, мустакилона чавоби радкунанда дихад.

Аз нав дида баромадани шартхои карз метавонад дар бар гирад:

     а) Тагйир ёфтани мухлати пардохтани карз ва фоизхоро аз руи он;

     б) Тагйир ёфтани меъёрхои фоизи;

     в) Тагйир ёфтани тарз ва / ё тартиби навбати пардохткуни;

     г) Дар холаи зарури, дигар шартхои шартномаи карзи.

Созишномаи иловаги, ки дар он шартхои карзи аз нав дида баромада шуда инъикос шудаасту аз чониби Бонк ва мизоч ба имзо мерасад (дар холати зарури аз чониби нотариус тасдик мешавад), бояд хамрох ба Шартномаи карзи духта шавад (Замимаи № 26). Накшаи нави пардохткуни, ки накшаи пардохткунии каблиро иваз менамояд, инчунин бояд хамрох ба Шартномаи карзи духта шавад. Ба расмият даровардани Созишномаи иловаги ба Шартномаи амалкунандаи карзи, мувофики талаботхое, ки дар Боби 10-и Низомномаи мазкур дарч гардидааст, сурат мегирад.

Мониторинг

Карзи аз нав дида баромадашуда, мониторинги муассир ва ташрифории санчишии мунтаззамро талаб менамояд. Карзи аз нав дида баромадашуда, минбаъд батаъхир афтода хисоб карда намешавад (то он вакте, ки карзи мазкур мувофики чадвали пардохтхои чадид аз нав ба таъхир наафтад). Агар пардохткунии карзи аз нав дида баромадашуда бо таъхирхо сурат гирад, пас бояд масъалаи мачбуран руёнидани карз шуруъ шавад.

15. БА ШАХСИ ДИГАР СУПОРИДАНИ САНДУКИ КАРЗИ

Мукарароти умуми

Ба шахси дигар супоридани сандуки карзи, ин пурра ё кисман супоридани кор бо мизочон ва парвандаи карзии онхо аз як коршиноси карзи ба коршиноси карзии дигари бахши карзии вохиди амалиётии Бонк мебошад. Супоридани сандуки карзи дар холатхои зерин зарур шуморида мешавад:

Коршиноси карзи пурра сандуки карзии худро, бинобар сабаби гузаштанаш ба вазифа ё кори дигар месупорад;

Коршиноси карзи кисман/то вакти муайян, бинобар сабаби ба рухсатии мехнати баромадан ё худ то вакти муайян кобилияти кориашро аз даст додан, сандуки карзии худро месупорад;

                Ба шахси дигар супоридани сандуки карзи

           Масъалаи ба шахси дигар супоридани сандуки карзи бояд дар чаласаи Кумитаи карзии вохиди амалиётии Бонк барраси гардида дар он карори дахлдор кабул карда шуда дар Пайнавишти Кумитаи карзи (Замимаи №27) инъикос шавад. Хангоми аз нав таксимкуни, бояд худудхои фаъолияти коршиноси карзи, дониш ва тачрибаи кории коршиноси карзи, ваколатхои у ба инобат гирифта шаванд. Коршиноси карзие, ки ба у карзхо супорида мешаванд, бояд ба таври дакик парвандахои карзиро омузад ва  ба таври расми аз чониби коршиноси карзии кабли  шинос карда шавад. Ин тадбир, ташрифории якчояи хар ду коршиноси карзи ба махалли тичорат ва хочагии манзилии мизочонро дар бар мегирад. Ташрифории мазкурро анчом дода ва бовари хосил намуда, ки парвандаи карзи пурра ва дуруст тартиб дода шудааст, коршиносони Санади кабул ва супоридани парвандахои карзиро ба имзо мерасонанд (Замимаи №28). Барои хар як парвандаи карзии супурда шуда / кабул карда шуда, Санадхои алохидаи кабул ва супурд ба имзо расонида мешаванд. Хангоми имзо гузоштан ба Санади кабул ва супурди парвандаи карзи, коршиноси карзии парвандаи карзиро кабул карда истода, дар баробари он карзхое, ки худи у додааст, масъулияти пурраро барои карзи мазкур ба зиммаи худ мегирад.

  1. ОМУЗОНИДАНИ КОРОМУЗХО

Мукарароти умуми

        Хар як корманди наве, ки ба кор дар бахши карзии вохиди амалиётии Бонк кабул шудааст (бо дарназардошти гузаронидани корманди бахши дигари Бонк, барои фаъолияти минбаъда дар бахши карзи), бояд аз омузиши назарияви – тачрибавии карздихи ба тичорати хурдтарин ва хурд гузарад, ки аз руи натичахои он, хуччати дахлдор барасмият дароварда мешавад.

 

Давраи омузонидан

Хар як коромуз, хадди акал давраи омузишии (тренинг) семохаро бояд гузарад. Давраи тренинг, бо карори Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки ва рохбарияти вохиди амалиётии Бонк, метавонад то шаш мох дароз карда шавад. Дар тули ин давра, коромуз дар якчояги бо коршиноси карзии ботачриба кор мекунад. Дар чараёни кори харрузаашон, коромузон аз чониби коршиносони карзии ботачриба рохбалади карда мешаванд. Дар давраи коромузи, коромуз сандуки карзии худро дошта наметавонад. Коромуз, тахлил ва химояи лоихахоро дар Кумитаи карзи, дар доираи ваколатхои нозири худ – коршиноси карзии ботачриба, ки уро рохбалади мекунад, мегузаронад. Ин карзхо ба сандуки карзии ин коршиноси карзи ворид мешаванд. Дар чараёни тамоми давраи тренинг, нозир – корманди Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки дар якчояги бо Рохбарияти вохиди амалиётии Бонк, ба кори коромуз бахо мегузоранд, ки аз руи натичахои он доир ба минбаъд идома ёфтани кори коромуз ё худ барканор кардан / аз кор сабукдуш намудани у, карор кабул карда мешавад. Инчунин ба кори коршиноси карзи (ки ба у коромуз вобаста карда шудааст), дар самти омузонидани коромуз, бахо дода мешавад. Бахогузории мазкур, хангоми кабул намудани карор оиди ба вазифаи баландтар пешбари намудани коршиноси карзи, ба инобат гирифта мешавад. Пас аз хотима ёфтани давраи омузонидани коромуз, дар холати мусби бахогузори шудан ва кабул гардидани карори мусби, аллакай коршиноси карзии нав, метавонад ба ташкил додани сандуки карзии худ шуруъ намояд. Омузиши коромузон, оиди тартиби тахлили молияви ва хочагидории карзгирандагон аз руи китоби омузишии махсус, ки барои коршиносони карзи пешниход шудааст, ба рох монда мешавад.

  1. НИЗОМИ ДАРАЧАБАНДИ

Бо максади хавасмандгардони ва дастгирии карзгирандагон – мизочоне, ки вакти тулони бо Бонк хамкори доранд ва якчанд маротиба карз гирифта, сари вакт бе мушкилот карз ва фоизхои онро баргардонидаанд, инчунин ният доранд хамкориашонро ба муддати тулони идома диханд, барои онхо низоми дарачабанди пешбини шудааст. Меъёри дарачабанди барои чунин карзгирандагон, хангоми гирифтани карз, сабукиро дар шартхои он ва имконияти ба мухлати нисбатан дарозтар, бо меъёри пасттари фоизи ва бо дигар шартхои имтиёзнок гирифтани карзро, пешбини менамояд. Низоми дарачабанди аз хама механизми мухими хавасмандгардони дар чудо намудани карз мебошад. Хавасмандгардонии мазкур, барои интизоми намунави, бо рохи тадричан бехтар гардонидани шартхои чудо намудани карз ва дар рафти муносибатхои байнихамдигарии Бонк бо карзгиранда, содда кардани тартиботи барасмият даровардани карзро таъмин менамояд. Новобаста аз татбики низоми дарачабанди нисбат ба ин ё он карзгиранда, тартиби тахлили кобилияти пардохт карзгиранда, бе тагйир боки мемонад. Кумитаи карзи бояд аз руи татбик шудани низоми дарачабанди, назорат кунад.

Карзгирандагоне, ки ба талаботхои зерин чавобгу мебошанд, ба низоми дарачабанди метавонанд дохил карда шаванд:

Шумораи карзхои гирифташуда ва пардохтгардида На камтар аз 3 карз
Мухлати мачмуии карзхо На камтар аз 24 мох
Адади рузхои ичозатдодашуда барои таъхир аз руи хар як карз На бештар аз 15 руз
Танафуси  дар байни карзхо На бештар аз 6 мох

            Карзгирандагоне, ки ба талаботхои дар боло кайдгардида чавобгу нестанд, хамчун мизочи катори (мукаррари) шинохта шуда, меъёри фоизи ва дигар шартхои карздихи тибки тартиботи амалкунанда пешниход карда мешавад. Барои карзгирандагоне, ки ба онхо дар доираи низоми дарачабанди гирифтани карз ичозат дода шудааст, хангоми гирифтани карз бартарихои зерин дода мешавад:

Гурухбандии мизочон аз руи дарачабанди

 

Шарти гурухбандии мизочон

(шумораи карзхои гирифташуда ва пардохтгардида)

Кохиш додани меъёрхои фоизии амалкунанда аз руи карз Таъминоти гарави

(имтиёз барои таъминнокии амволи гайриманкул – дар сохтори умумии гарав)

Мухлати бастани Шартномаи генералии  карзи
Дарачаи дуюм аз 3 то 4 карз 1 банди фоизи Тибки

Сиёсати гаравии

ЧСП «Алиф Бонк»

≤  36 мох
Дарачаи якум аз 5 то 6 карз 2 банди фоизи ≤  36 мох
Дарачаи оли зиёда аз 7 карз 3 банди фоизи ≤  60 мох

16.6. Хамзамон ба мизочоне, ки дар низоми дарачабанди шомил хастанд имтиёзхои зерин дода мешавад:

  • Мухлати баррасии дархостхои карзи: Зуд ва камтар аз меъёри мукарраргардида вобаста аз маблаги карз:
  • Давраи имтиёзи барои пардохти карзи асоси: То шаш мох, вобаста аз намуди фаъолият ва тибки карори Кумитаи карзи;
  • Мухлати пешниходи карз:

то 36 мох

Бо максади таъмин намудани шаффофияти низоми дарачабанди, як маротиба дар нимсола, аз чониби Кумитахои карзии вохидхои амалиётии Бонк, руйхати карзгирандагоне тартиб дода мешавад, ки имкон доранд ба низоми дарачабанди рох дода шаванд. Руйхати мазкур, барои барраси ва тасдиккунии минбаъда, ба Кумитаи карзии сатхи оли пешниход мегардад. Баъди аз чониби Кумитаи карзии сатхи оли тасдик шудани руйхати карзгирандагоне, ки ба низоми дарачабанди рох дода шудаанд, Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки ин руйхатро ба вохидхои амалиётии дахлдор, барои истифода бурдан дар чараёни чудо намудани карз, ирсол менамояд. Дар холате, ки агар карзгиранда ба низоми дарачабанди рох дода шуда, ухдадорихои аз руи Шартномаи карзи ба зимма гирифтаашро риоя накунад ё худ хангоми гузаронида шудани мониторинг маълум шавад, ки холати молияви – иктисодии тичорати у бад шудааст, мизочи мазкур аз руйхати низоми дарачабанди хорич карда мешавад.

            Ваколати аз руйхати дар боло зикршуда, бо сабабхои баёнгашта хорич намудани карзгирандагон, ба зиммаи Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки гузошта мешавад. Хангоми аз руйхат хорич намудани мизоч, Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки ба таври хатти ба вохиди амалиётие, ки у аз он чо карз гирифтааст доир ба далели мазкур ва сабабхои кабул шудани чунин карор, хабар медихад.

  1. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

            Минбаъд бо назардошти тагйир ёфтани талабот нисбати карзгузори ва шароитхои пеш бурдани тичорат, Низомномаи мазкур, метавонад аз чониби Шуъбаи рушди хизматрасонихои бонки ё худ дигар вохидхои сохтории аз чониби Бонк ваколатдор мунтазам, такмил дода шуда тагйирот иловахо ворид карда шаванд.

 

 

 

  1. ЗАМИМАХО

Замимаи №1 Дархости карзи барои шахсони вокеи

Замимаи №2(а) Дархости карзи барои сохибкорони инфироди.

Замимаи №2(б) Дархости карзи барои шахсони хукуки

Замимаи №3 Мухлати нихоии барраси намудани дархостхои карзии карзхои корпоративи

Замимаи № 2. Намунаи тахлили карзи(барои карзхои хурдтарин то 20 000 долл. ИМА)

Замимаи № 4 Шартномаи Замонати

Замимаи № 5 Шартномаи гарави воситахои пулли

Замимаи № 6 Санади бахогузори ба маснуоти тилловори

Замимаи № 7 Шартномаи маснуоти тилловори

Замимаи № 7 (а) Замима ба Шартномаи гарави маснуоти тилловори

Замимаи № 8 Шартномаи ба гарав гузоштани амволи манкул ва захирахои молию модди

Замимаи № 8(а) Замима ба Шартномаи ба гарав гузоштани амволи манкул ва захирахои молию модди

Замимаи № 9 Санади ташхис ва бахогузории воситахои наклиёт

Замимаи №10 Шартномаи карзи

Замимаи №11 Санади бахогузории амволи гайриманкули ба сифати гарав ба ЧДММ ТАКХ  «Стандарт молия» гузошташаванда

Замимаи № 12 Пешнихои карзи барои карзхои истеъмоли

 Замимаи № 13а Пешниходи карзи (барои карзхои хурдтарин то 20 000 доллари ИМА)

Замимаи № 13б Пешниходи карзи (барои карзхои зиёда аз 20 000 доллари ИМА)

Замимаи № 14 Пайнавишти Кумитаи карзи

Замимаи № 15 Ухдадории мухлатнок

Замимаи № 16 Шартномаи генералии карзи

Замимаи № 17 Варакаи санчишии парвандаи карзи (шахсони хукуки)

Замимаи № 17а Варакаи санчишии парвандаи карзи (сохибкори инфироди)

Замимаи № 18 Санади истифодаи максадноки карз

Замимаи № 19 Санади маниторинги меъёри (барои карзхои то 20 000 доллари ИМА)

Замимаи №19(а) Санади маниторинги меъёри (барои карзхои зиёда аз 20 000 доллари ИМА)

Замимаи № 20 Санади мониторинги фавкулода

Замимаи № 21 Огохинома барои хама намуди амвол № 1

Замимаи № 22 Огохинома барои гарави амволи гайриманкул № 2

Замимаи № 23 Огохинома барои амволи манкул (амволи ороиши тилло, амволи хона, тачхизот ва гайра) № 2

Замимаи № 24 Ариза барои тагйир додани шартхои карзгузори

Замимаи № 25 Варакаи санчишии рафти инкишофи хамкории мутакобила бо карзгиранда

Замимаи № 26 Карори Кумита оид ба карзхои мушкилситон

Замимаи № 26а Созишномаи иловаги оиди аз нав дида баромадани шартхои шартномаи карзи

Замимаи № 27 Пайнавишти Кумитаи карзи доир ба шахси дигар супоридани сандуки карзи

Замимаи № 28 Санади кабул ва супоридани парвандахои карзи

Замимаи № 29 Маълумотнома оиди гузаронидани ташхиси хукукии хуччатхои амволи гайриманкули ба гарав супоридашаванда

Замимаи № 30 Карор дар бораи кушодани хатти карзи

Замимаи № 31 Журнали бакайдгирии дархостхои карзи

Замимаи № 32 Таърихи карзи

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …