Главная / Чамъият / НИЗОМНОМАИ КУМИТА ОИД БА КАРЗХОИ МУШКИЛСИТОН

НИЗОМНОМАИ КУМИТА ОИД БА КАРЗХОИ МУШКИЛСИТОН

1.    МУКАРАРОТИ УМУМИ

  • Кумита оид ба карзхои мушкилситони ЧСП «БОНКИ АЛИФ» (минбаъд «Кумита») бо карори Раёсати Бонк аз 07-уми апрели соли 2016 (карори № 03 ББТ) таъсис дода шудааст ва тобеъи Раёсати ЧСП «Бонки Алиф» мебошад.
  • Шумора ва хайати шахсии Кумита аз тарафи Раиси ЧСП «Бонки Алиф» муайян карда шуда бо фармони мувофик вобаста карда мешаванд.
  • Ба хайати Кумита Раис, муовини вай ва аъзоёни Кумита дохил мешаванд.
  • Дар холати бо сабабхои узрнок хозир нашудани яке аз аъзоёни доимии Кумита, намояндагии вай метавонад бо рохи иштироки чонишини басти ё ин, ки шахси дигаре, ки дорои салохияти мувофик мебошад, таъмин карда мешавад.
  • Раиси Бонк хукуки иштирок карданро дар Чаласахои Кумита дорад, дар вакти кабули карор оиди тамоми масъалахо хукуки овоздихи дорад. Дар чунин холат, Раиси Бонк хамчун раисикунанда баромад менамояд.
  • Ба хайати Кумита метавонад корманди Кумитаи кор бо карзхои мушкилситон ба хайси котиб-коргузори Кумита хамрох карда шавад, ки оиди тамоми масъалахои баррасишаванда хукуки овоздихиро дорад.
  • Кори Кумита дар асоси доимо амалкунанда бо гузаронидани чаласахои накшавии кори дар як мох як маротиба дар таърихи 15-ум, ташкил карда мешавад. Чаласахои гайринакшавии Кумита аз руи зарурият бо талаби Раиси Бонк, Раиси Кумита ё ин ки яке аз аъзоёни Раёсати Бонк даъват карда мешавад.
  • Чаласа бо раисикунии Раиси Кумита ва дар мавриди набудани он муовини Раиси Кумита гузаронида мешавад. Дар холати иштирок надоштани Раиси Кумита ва муовини вай мумкин аст чаласаи Кумита бо раисикунии Раиси Раёсати Бонк гузаронида шавад.
  • Карор оиди масъалахое, ки ба салохияти Кумита дохил мешаванд, дар холате кабул карда мешавад, ки агар дар овоздихи на камтар аз 6 аъзои Кумита иштирок дошта бошад. Дар ин маврид иштироки Раиси Кумита ё ин, ки чонишини Раиси Кумита дар Чаласа хатми мебошад.
  • Карор бо тарзи овоздихии одди бо аксарияти овозхо аз чумлаи иштирокдорон дар Чаласаи Кумита, кабул карда мешавад. Дар холати баробар будани овозхо, овози раисикунанда дар Чаласаи Кумита, халкунанда хисобида мешавад.

2.    ВАЗИФА ВА МАКСАДИ КУМИТА

  • Вазифаи Кумита ин дар Бонк ташкил ва самаранок истифодабарии мачмуи мунтазами дар асоси маслихат барраси намудани масъалахои алокаманд ба ташкил ва бурдани муносибатхои карзиро бо карздороне, ки карзи онхо дар кисми ташвишовари сандуки карзии Бонк ба хисоб гирифта шудаанд, ба шумор меравад.
  • Максади Кумита инхоянд:
  • Фавран хал намудани масъалахои алокаманд ба пайдошавии карзхои мушкилситон дар таркиби сандуки карзи барои паст намудани хавфи талафотхои имконпазири Бонк оиди карзхо;
  • Омузиши сабабхои пайдо шудани карзхои мушкилситон дар сандуки карзии Бонк барои тахияи пешниходхо оиди ворид намудани тагйиротхо дар тартиби карзгузори, хайати шахсии коршиносони карзи, маъмурони карзи ё ин ки аъзоёни кумитаи карзи;
  • Тайёр намудани руйхати карздорони беэътимод бо максади дар оянда пешгири намудани барпокуни ва бурдани муносибатхои карзи бо чунин ашхос – мизочони Бонк.

3.    САЛОХИЯТИ КУМИТА

  • Ба салохияте, ки аз чониби Раёсати ЧСП «Бонки Алиф» ба Кумита оид ба карзхои мушкилситон дода мешавад, масъалахои зерин дохил мешаванд:
  • Баррасии пешниходоти коршиносони карзи (филиалхои бонк) оиди масъалахои тагйир додани шартхои карзгузори ба мизочон;
  • Кабул намудани карор оиди масъалахои додани карзи сафедкуни ба карздороне, ки дар мавриди ичрои шартхои шартномаи карзии каблан баста шуда гирифтори мушкилоти молияви мебошанд, вале нияти чидди ва пешомади вокеии ичрои ухдадорихои худро дар назди Бонк бо дастгирии мувофики Бонк дар ояндаи наздик доранд;
  • Баррасии пешниходоти сохторхои амалиётии бонк оиди масъалахои катъ намудани муносибатхои карзи бо карздорон ва хамрох намудани онхо ба руйхати мизочони беэътимод;
  • Барраси ва кабул намудани карор оиди пешниходоти сохторхои амалиётии бонк ва (ба) макомоти Суди дар холати аз тарафи мизочон ичро накардани ухдадорихои худ дар назди Бонк нисбати масъалаи ба тавозуни бонк кабул намудани амволхои багаравмондашуда;
  • Кабул намудани карор оиди масъалахои фуруши амволхои бар ивази карз ва фоизхои хисобкардашудаю пардохтнагардида ба тавозуни Бонк барои фуруш гирифташуда;
  • Барраси ва кабул намудани карор дар бораи пешниходоти Дирексияи бонкдории корпоративи ва Дирексияи бонкдории чакана оиди тасдик намудани руйхати карзхои мушкилситоне, ки барои пардохти онхо кормандони бонк хавасманд карда мешаванд;
  • Барраси ва кабул намудани карор оиди ба Шуъбаи хукук ва кадрхо вобаста кардани карзхои мушкилситони аз тарафи Дирексияхои корпоративи ва чакана пешниходшуда барои корбарии минбаъда;
  • Шунидани хисоботи рохбарони филиалхо, сардорони сохторхои карзию амалиёти ва коршиносони карзи оиди масъалахои сифати сандуки карзи ва рафти кор бо карзхои мушкилситон;
  • Барои коркарди механизми мувофикакардашуда ва кобили кабули тарафайни танзими ухдадорихо, гузаронидани сухбатхо бо карздороне, ки шартхои шартномаи карзии басташударо вайрон намудаанд,
  • Тахлили рафти кор бо сандуки карзхои аз эътибор сокитшуда, ташаккул додани захирахои талафотхои имконпазир аз руи карзхои мушкилситони сандуки карзии Бонк, бо тайёр намудани пешниход ба Раёсати Бонк барои дидани чорахои зарури мувофики тартиби мукарраршудаи дохилинизоми;
  • Чамъбаст намудани пешниходхои воридшуда оиди дохил кардани ислоххо ба Сиёсати карзии ЧCП «Бонки байналмилалии Точикистон” аз он чумла оиди натичаи баррасии масъалахои алокаманд бо карзхои мушкилситон дар Чаласахои Кумита ва баровардани он барои барраси ба Раёсат ва Шурои нозирони бонк.

4. УХДАДОРИХОИ КОРИИ АЪЗОЁНИ КУМИТА

  • Ба раиси Кумита вазифахои идоракунии умумии фаъолияти Кумита, хамохангсозии хамкори дар байни аъзоёни Кумита дар мархилаи омодасози ва мухокимаи масъалахое, ки ба рузномаи Чаласа дохил карда мешаванд, вогузошта мешавад.
  • Ба муовини раиси Кумита вазифахо оиди чамъбасти камбудию норасогихое, ки дар сиёсати карзии Бонк ё ин, ки нишондодхои дастури оиди масъалахои карзгузори, ки дар мавриди баррасии масъалахо дар Чаласаи Кумита зохир мегарданд, бо максади омода намудани пешниходот барои ворид намудани ислохоти зарури ба тартибот ва хуччатхои меъёрии дохилинизоми, вогузошта мешавад.
  • Ухдадорихо оиди гузаронидани корхои ташкили дар Кумита, нигохдории хуччатхое, ки дар натичаи кори Кумита ташаккул ёфтаанд ва то ичрокунанда расонидани карорхои аз тарафи Кумита кабулгардида ба зиммаи Рохбари Кумитаи кор бо карзхои мушкилситон, ки аз руи вазифа аъзои Кумита мебошад, вогузошта шавад.
  • Аз руи вазифа, корманди Кумитаи кор бо карзхои мушкилситон, ки котиби Кумита мебошад хамзамон, аъзои Кумита низ мебошад.
  • Ухдадорихо оиди ба Кумита пешкаш намудани маълумотхо дар бораи карзхое, ки дар чараёни истехсолоти суди ё ин, ки татбики карорхои суди карор доранд ба зимаи Сардори Шуъбаи хукук ва кадрхои Бонк, ки аз руи вазифа аъзои Кумита мебошад, вогузошта мешавад.
  • Ухдадорихо оиди ба Кумита пешкаш намудани маълумотхо дар бораи карзхое, ки дар сандуки карзии Бонк ба гурухи карзхои мушкилситон, аз эътибор сокитшуда ё ин, ки баркароршуда шомиланд, ба зиммаи Мудирияти иттиолотию-омории Дирексияи молиявии Саридораи Бонк, вогузошта мешавад.
  • Ухдадорихо оиди ба Кумита пешкаш намудани маълумотхо дар бораи меъёрхои карзгузори ва захирахои карзии чалбкардашуда, ки дар сандуки карзии мушкилситон мавриди амал карор доранд, ба зиммаи Дирексияи идоракунии хавфхо, вогузошта мешавад.
  • Хамаи аъзоёни Кумита барои додани пешниходот ва машварат оиди масъалахое, ки ба мухокима бароварда мешаванд ва масъалахои дахлдори чабхахои гуногуни карз, сатхи таъминнокии вай, холати карздор ва сохтори Бонк, ки ба мизоч хизмат мерасонад, ухдадор мебошанд.
  • Ба ухдаи котиби Кумита таъмини саривакти ва пурраи бакайдгирии хуччатгузорихое, ки ба унвонии Кумита ворид мешаванд, саривакт бо онхо шинос намудани хамаи аъзоёни Кумита, аз вакт ва чойи гузаронидани Чаласахо огох намудани онхо вогузошта мешавад. Ба ухдаи котиби Кумита инчунин вазифахо оиди назорати риояи мухлати дида баромадани маводхои барои баррасии Кумита воридшуда, тартиб додани пайнавиштхо оиди карорхои аз тарафи Кумита кабулгардида, вогузошта мешавад.

5.    ЧАВОБГАРИИ АЪЗОЁНИ КУМИТА

  • Раис ва аъзоёни Кумита барои карорхои кабулшаванда оиди натичаи мухокимаи масъалахое, ки ба рузномаи Чаласахои кории он дохил карда мешаванд дар назди Раёсати Бонк чавобгар мебошанд.
  • Хар як аъзои Кумита вазифадор аст, ки дар мавриди мухокимаи масъалахои баррасишаванда махсусан манфиатхои бонкро пеш гузошта, манфиатхо ва фоидаи шахсии худро ба мадди аввал нагузорад. Дар мавриди чой доштани ихтилофи манфиатхо, иштирокчии дахлдори Кумита вазифадор аст мувофики меъёрхои муайяншудаи ахлокие, ки дар Кодекси ахлоки кормандони ЧСП “Бонки байналмилалии Точикистон” дарч ёфтаанд, оиди он бояд арз намояд, ки он дар пайнавишти Чаласа дарч карда мешавад. Дар ин холат раисикунанда иштирокчии мазкурро аз хукуки овоздихи дар мавриди кабули карор оиди масъалаи дахлдор махрум менамояд.
  • Раёсати Бонк дар холатхои зерин нисбати аъзоёни Кумита дорои хукуки дидани чорахои моддию маъмури мебошад.
  • аз руи натичахои фаъолияти кории гайриканоатбахши Кумита дар мачмуъ;
  • мукаррар намудани далелхои расонидани зарар ба Бонк дар натичаи амали баркасдона ё ин, ки бефаъолиятии аъзоёни Кумита оиди карзи мушкилситони мушаххас;
  • огох накардани Кумита аз тарафи аъзои он оиди чой доштани ихтилофи манфиатхо дар масъалаи баррасишаванда;
  • мукаррар намудани дигар вайронкунихои тартиби баррасии масъалахо ва кабули карорхо аз руи онхо, мувофики низомномаи мазкур.

6.ТАРТИБИ ТАЙЁРИ БА ЧАЛАСАХОИ КУМИТА

  • Хамаи аъзоёни Кумита хукук доранд, пешаки бо маводхое, ки барои барраси банакша гирифта шудаанд, шинос шаванд. Чун коида, маълумотхои омори, тахлили ва дигар маълумотхои марбут ба масъалахое, ки барои барраси ба Чаласахои накшавии Кумита ворид карда шудаанд ба хар як аъзои Кумита ба воситаи почтаи электронии дохили на дертар аз 24 соат то вакти таъиншудаи баррасии масъала, пешниход карда мешавад.
  • Хуччатгузори оиди масъалахои ворид намудани тагйирот ба шартхои карзгузори (тамдид намудан, тагйир додани меъёри фоиз ва гайра), инчунин дар масъалаи додани карзи сафедкуни ба мизоч дар асл аз чониби котиби Кумита дар шакли бастаи пешниходоти карзи (дархост), ки аз чониби коршиноси карзи мувофики тартиби амалкунандаи карзгузори омода шудааст ба хар як аъзои Кумита расонида мешавад.
  • Мухлати умуми барои баррасии пешакии пешниходоти карзи (дархост) барои аъзоёни Кумита бо 5 руз махдуд карда мешавад, баъд аз он бояд барои баррасии сарчамъона ва кабули карор дар Чаласаи гайринавбатии Кумита бароварда шавад. Дар баробари ин шинос накардани хамаи аъзоёни Кумита бо хуччатхое, ки бояд барраси шаванд, наметавонад монеъ шавад барои даъвати Чаласа ва кабул намудани карори мувофик бо тартиби маслихат.
  • Бармахал, на камтар аз ду соат то Чаласаи накшавии Кумита, котиб бояд хамаи аъзоён, инчунин шахсони даъватшударо, ки иштироки онхо дар мавриди баррасии масъала зарур аст огох намояд.
  • Ба рузномаи Чаласаи Кумита бояд танхо хамон масъалахое ворид карда шаванд, ки баррасии онхо мувофики банди 3 Низомномаи мазкур ба салохияти он дохил карда шудаанд.
  • Пурраги ва кифоягии хуччатхои заруриро барои пешниход ба Чаласаи Кумита дар мавриди баррасии масъалае, ки ба рузнома ворид карда шудааст дар асоси дастачамъона Кумита дар чараёни гузаронидани Чаласа, муайян менамояд. Барои хамин, хатман дар Чаласаи Кумита бояд хуччатхои зерин, ки аз чониби мутахассисони сохторхои мувофики Бонк омода карда шудаанд, пешниход карда шаванд:
  • Дар мавриди баррасии пешниходоти карзи (дархост) барои тагйир додани шартхои шартномаи карзии байни Бонк ва Карздор:
  • мурочиати расмии сохтори мувофики Бонк, ки ба таври лозима ба расмият дароварда шудааст ва барои барраси ба Кумита фиристода шудааст;
  • варакаи тафтишотии чараёни вусъати муносибатхои карзи бо карздор, ки аз тарафи корманди карзи тартиб дода шудааст, ки дар он хулосаи вай оиди мохияти дархости карздор дарч ёфтааст;
  • пешгуии гардиши маблагхои пулии карздор дар мухлати карзгузори бо назардошти шартхои аз нав дидашаванда, ки бо хулосаи идоракунандаи хавф дар масъалаи хакики будани нишондихандахои пешгуишуда бо назардошти холати бозор, тахлили фаъолият ва нишондихандахои молиявии карздор;
  • чадвали дуруст намудаи пардохтхои карздор (бо вай мувофика карда шуда) ба хисоби ичрои ухдадорихои у дар назди Бонк оиди карз ва фоизхои хисобшуда бо дарчи меъёри фоизии пешбинишаванда барои истифодабари оиди кисми тамдидшудаи бакияи карздори;
  • хулоса оиди натичаи баррасии аризаи мизоч дар бораи ворид намудани тагйирот ба шартхои карзгузори дар Чаласаи Кумитаи Карзии минтакави, бо гузоштани нишонахо оиди карори кабулгардида.
  • Дар мавриди баррасии аризаи мизочи бонк оиди пешниходи карзи эхёи эътибор:
  • мурочиати расми аз сохтори мувофики Бонк, ки ба таври лозима ба расмият дароварда шудааст ва барои барраси ба Кумита фиристода шудааст;
  • пешниходот барои додани карз, ки аз тарафи коршиноси карзи омода карда шудааст ва дар сатхи Кумитаи Карзии минтакави бо бастаи хуччатхои карзии мувофик, маъкул дониста шудааст;
  • асосноккунии иктисоди, бо хулосаи идоракунандаи хавфхо оиди масъалаи пешниход намудани карзи эхёи эътибор;
  • пешгуии харакати маблагхои пулии карздор дар давраи то ва баъд аз пешниходи карзи эхёи эътибор;
  • чадвали пардохтхои карздор (бо вай мувофика карда шуда) ба хисоби ичрои ухдадорихои у дар назди Бонк оиди карз ва фоизхои хисобшуда бо назардошти карзхои каблан чойдошта.
  • Дар мавриди барраси ва кабул намудани карор оиди пешниходоти сохторхои амалиётии бонк ва макомоти Суди дар холати аз тарафи мизочон ичро накардани ухдадорихои худ дар назди Бонк нисбати масъалаи ба тавозуни бонк кабул намудани амволхои багаравмондашуда:
  • аризаи шахсии мизоч дар бораи ба тавозун кабул намудани амволи багаравмондашуда;
  • хулосаи коршиноси карзи;
  • карори Кумитаи карзии филиал;
  • санади нархгузории амвол баъди мурочиати мизоч;
  • варакаи санчиши;
  • мурочиати расми аз сохтори амалиётии Бонк, ки ба таври лозима ба расмият дароварда ва барои барраси ба Кумита фиристода шудааст.
  • Дар мавриди кабул намудани карор оиди масъалахои фуруши амволхои бар ивази карз ва фоизхои хисобкардашудаю пардохтнагардида ба тавозуни Бонк барои фуруш гирифташуда;
  • дархости шахрванд оиди хариди амвол бо нишондоди нархи харид ва тарзи вориди маблаг;
  • мурочиати расми аз сохтори амалиётии Бонк, ки ба таври лозима ба расмият дароварда ва барои барраси ба Кумита фиристода шудааст;
  • Дар мавриди барраси ва кабул намудани карор дар бораи пешниходоти Дирексияи бонкдории корпоративи ва Дирексияи бонкдории чакана оиди тасдик намудани руйхати карзхои мушкилситоне, ки барои пардохти онхо кормандони бонк хавасманд карда мешаванд;
  • мурочиати расми аз тарафи Дирексияхои бонкдарии корпоративи ва чакана, ки ба таври лозима ба расмият дароварда шудааст ва барои барраси ба Кумита фиристода шудааст;
  • пешниходи руйхати карзхои мушкилситон бо тартиби мукараркардашуда бо нишондоди сабабхои ба руйхат ворид намудан;
  • Дар мавриди баррасии пешниходоти сохторхои амалиётии бонк оиди масъалахои катъ намудани муносибатхои карзи бо карздорон ва ворид намудани онхо ба руйхати мизочони беэътимод:
  • мурочиати расми аз сохтори мувофики Бонк, ки ба таври лозима ба расмият дароварда ва барои барраси ба Кумита фиристода шудааст;
  • хулосаи Мудирияти хукук оиди масъалаи чой надоштани асоси хукуки барои пешниходи эътироз ба карздор ё ин, ки хулосаи Хадамоти кор бо карзхои мушкилситон оиди кабули амвол барои дар оянда фуруши он ба хисоби пардохти ухдадорихои карздор ё ин, ки хулосаи дигаре, ки ба таври лозима тартиб дода шуда, ки метавонад барои барраси аз руи мохияти масъала кабул карда шавад.
  • Дар мавриди шунидани хисоботхои сохторхо ва мутахассисони Бонк, ки барои ташкил, идора кардан, мурофикат ва назорат аз рафти вусъатёбии муносибатхои карзи бо мизочоне, ки карзи онхо ба катори карзхои мушкилситон ё ин, ки аз эътибор сокитшуда ворид карда шудаанд, чавобгуй мебошанд:
  • варакаи ахбороти-омори бо дарчи нишондихандахои асосии сандуки карзии мушкилситони сохтори мувофик ё ин, ки мутахассиси Бонк, ки дарачаи аз тарафи карздор ичро намудани шартхоеро, ки дар шартномаи карзи пешбини шудаанд, инчунин сатхи хавфхое, ки оиди карз чамъшударо тавсиф менамоянд;
  • варакаи ахбороти-омори бо дарчи нишондихандахои асосие, ки сатхи баркарор намудани активхои каблан аз эътибор сокитшударо ба даромади Бонк аз руи натичаи кор бо карзхои аз эътибор сокитшуда, тавсиф менамояд.
  • Дар мавриди даъват намудани мизоxони бонк ва кафилони онхо ба Чаласаи Кумита барои мухокимаи масъалахои алокаманд ба вайрон намудани шартхои шартномаи карзии басташуда, пайдо намудани механизми мувофикакардашуда ва кобили кабули тарафайни танзими ухдадорихо:
  • варакаи тафтишотии рафти вусъатёбии муносибатхои карзи бо мизочон, ки аз тарафи корманди хизматрасоне, ки ба у вазифаи бахисобгирии карзхо вогузор аст, тартиб дода шудааст;
  • фехристи пешниходоти коршиноси карзие, ки ба карздор хизмат мерасонад, оиди масъалаи мухокимашаванда ва ё ин, ки хулосаи Хадамоти кор бо карзхои мушкилситон, ки дар он сабабхои баамалоии мушкилот оиди карз муайян карда шудаанд ва роххои бартараф кардани онхо, пешниход карда шудаанд;
  • нусхаи асли ё ин, ки нусхаи пурраи маълумотхои карзи бо мизоч бо дар бар гирифтани: хуччатхо оиди дархости карзие, ки аз тарафи мизоч пешниход карда шуда ва аз тарафи Бонк тартиб додашуда; маводхои хисоботии мизоч, бо маълумотхои хармоха барои тафтиши таъминнокии карз; санадхои тафтишотии кормандони Бонк, ки дар рафти бурдани муносибатхои карзи бо мизоч ба амал бароварда шудаанд; мукотибаи Бонк бо карздор ва шахсони сеюм оиди масъалаи ичроиши шартномаи карзи ё ин, ки дигар шартномахои хамрадифи он.
    • Дар мавриди баррасии масъалахои дар боло овардашуда ва бокимонда, ки ба салохияти Кумита дохил мешаванд, аз тарафи он метавонад аз шахсони мувофике, ки дар ташкил ва хизматрасонии шартномаи карзи, иштирок менамояд, пешниходи шаклхои дигари ахборотие, ки барои ба пурраги ва хаматарафа омухтани мушкилоти вобаста ба карз имконият медиханд, талаб карда шавад.
    • Шаклхои намунавии варакахои ахбороти-омори, шаклхои хисоботи, дархостхо, бо нишондоди маълумотхои асоси дар замимахо ба Низомномаи мазкур, оварда шудаанд.

7.    ТАРТИБИ БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ КАРОРИ КУМИТА

  • Кумита бо пешниходи Рохбари Хадамоти кор бо карзхои мушкилситон, Котиби Кумитаро интихоб мекунад.
  • Аз руи натичаи гузаронидани Чаласа, котиби Кумита бояд пайнавиштро тартиб дихад, ки вай аз чониби раисикунанда дар Чаласа хам ба имзо расонида мешавад.
  • Ракамгузори ба пайнавишти Кумита хар сол аз нав огоз меёбад. Дар пайнавишт ракам ва таърихи гузаронидан, руйхати иштирокчиён ва раисикунанда, инчунин мохияти масъалаи мухокимашаванда ва карори кабулшуда, нишон дода мешаванд.
  • Ба гайр аз пайнавишти карори Кумита, котиби он хулосаи Кумитаро бо шаклхои мукарраршуда оиди натичаи баррасии пешниходоти карзи доир ба тагйир додани шартхои карзгузори ба карздор ё ин, ки ба у додани карзи эхёи эътибор ба расмият медарорад. Дар баробари ин, хар як аъзои Кумита, ки дар Чаласа иштирок кардааст дар сутуни мувофики хулоса имзои худро, ки фикри уро оиди масъалаи мухокимашаванда ифода менамояд, мегузорад.
  • Пайнавиштхои Чаласахои Кумита дар як нусха тартиб дода мешаванд, хамаи иштирокчиёни он, аъзоёни Кумита дар он соядаст мегузоранд, инчунин раисикунанда ва котиб онхоро ба имзо мерасонанд.
  • Нигохдории пайнавиштхо, хулосахои Кумита ва дигар хуччатхои зарурие, ки ба онхо хамрох карда шудаанд ба зиммаи мутахссиси дарачаи олии Хадамоти кор бо карзхои мушкилситон – аъзои Кумита, вогузошта мешавад.

8.    ТАРТИБИ ТАТБИКИ КАРОРИ КУМИТА

  • Карори Кумита барои ичроиш хусусияти хатмиро доро буда, бояд аз тарафи сохтори амалиётии мувофики Бонк, ки хизматрасони мизоч мебошад ба амал бароварда шавад бо назардошт ва дар доираи тартиботи дар ЧСП «Бонки Алиф» мукарраргардида, меъёрхо ва дигар махдудиятхо.
  • Пайнавиштхои Кумита, ки бо тартиби мукарраршуда ба расмият дароварда шудаанд дар рузи ба имзо расиданашон барои шиноси ба Раиси Раёсати ЧСП «Бонки Алиф» пешниход карда мешаванд. На дертар аз рузи оянда, бо дарназардошти эрод ва пешниходот аз чониби Раиси Раёсати Бонк аз тарафи Мудирияти хавфи карзии Дирексияи идоракунии хавфхо ба унвонии сохторхои мувофики бонк барои татбики карорхои кабулкардаи Кумита фармоишхои хизмати омода карда мешаванд. Дар холате, ки агар акидаи Раиси Раёсати Бонк бо акидаи Кумита рост наояд, дар ин холат баррасии масъалаи бахснок барои дида баромадан ба Раёсати бонк пешниход карда мешавад.

9.    НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА

  • Назорати фаъолияти Кумита аз руи маълумотхои бахисобгирии идорави дар асоси хармоха, ки аз тарафи Раиси Кумита ба унвонии Мудирияти чамъбасти-тахлилии Дирексияи маъмури пешкаш мегардад, инчунин бо рохи гузаронидани тафтиши мачмуи ё ин, ки мавзeъи аз тарафи Хадамоти аудити дохилии Бонк ё ин, ки мутахассисоне, ки Раёсати Бонк таъин менамояд ташкил карда мешавад.
  • Аз руи натичаи назорати фаъолияти Кумита бо назардошти натичагири ва фаъолнокии мехнатии хар як иштирокчии он, Раиси Раёсати Бонк ваколатдор аст, ки бо пешниходот ба Макомотхои идоракунии мувофики Бонк барояд оиди масъалаи алокаманд бо пардохти мукофотпулии иловаги мувофики тартибе, ки дар Низомномаи «Оиди тартиби хавасмандкунии кормандони ЧСП «Бонки Алиф» мукаррар шудааст.
  • Дар холати аз руи натичаи тахлили маълумотхои бахисобгирии идорави ё тафтиши мачмуи ё ин, ки мавзeъи мукаррар намудани камбудихо дар кори Кумита, Раиси Раёсати Бонк ваколатдор аст, ки бо пешниходот оиди ба чавобгари кашидани аъзоёни мувофики Кумита бо тартибе, ки дар кисми 5 Низомномаи мазкур мукаррар карда шудааст, баромад намояд. Дарачаи чавобгарии корманди мувофик бояд баробари кирдори вай буда ва набояд аз андозаи зарари ба Бонк дар натичаи амал намудан ё ин, ки амали хунукназаронаи чунин корманд расонидашуда, зиёд бошад.

10.    ВАЗЪХОИ ХОТИМАВИ

  • Масъалахои фаъолияти Кумита, ки дар Низомномаи мазкур танзими худро наёфтаанд, дар асоси Оинномаи Бонк, дигар санадхои меъёрии корпоративии ЧСП «Бонки Алиф» ва конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд.
  • Карор оиди тасдики Низомномаи мазкур аз тарафи Раёсати Бонк кабул карда мешавад.
  • Хукуки пешниходоти даровардани тагйирот ва иловахоро ба Низомномаи мазкур Кумита дорад. Тагйирот ва иловахо мавриди амал карор мегиранд аз вакте, ки Раёсати Бонк карорро оиди даровардани тагйирот ва иловахо ба Низомномаи мазкур, кабул менамояд. Бо назардошти тагйироти шуморави ё ин, ки хайати шахсии Кумита, тагйирёбии номгуи сохторхои Бонк, ки муносибатхоро бо Кумита мувофики талаботи Низомномаи мазкур ташкил менамоянд, ба он метавонанд дар асоси фармони мувофики Раиси Раёсати Бонк ислохоти тахрири ворид карда шавад.

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …