Главная / Гуногун / НИГОХЕ БА ТАЪРИХИ СИЁСИИ ДАВРОНИ РУДАКИ

НИГОХЕ БА ТАЪРИХИ СИЁСИИ ДАВРОНИ РУДАКИ

Асрхои IX—X аз бисёр чихатхои иктисоди, сиёси, чамъияти, илми ва мадани дар таърихи халки точик макоми махсусе доранд. Чунон ки аз таърихномахо маълум аст, арабхо солхои 636—637 Эронро забт кар­да, торафт ба Хуросону Мовароуннахр наздик мешуданд. Нихоят, соли 651 Марв, соли 709 Бухоро ва соли 712 Самаркандро истило намуданд, вале ахолии ин сарзаминхо хамеша муборизаи зидди арабхоро давом медоданд. Муборизахои дусадсолаи озодихохи ва истиклолиятталабии халкхои Хуросону Мовароуннахр бар зидди истилогарони араб, хусусан хуручхои ахли Сугд (720—722), киёми Абумуслим (747—755), исёни Муканнаъ (750—783), шуриши халкхои Мовароуннахр (806 — 810) ва амсоли онхо ба ташкил ёфтани давлатхои мустакили мутамаркази халки точик оварда расонданд, ки дар сари онхо намояндагони ашрофи махалли меистоданд.

Ташаккули халки точик, ки аз кадимтарин халкхои чахон, махсусан Мовароуннахру Хуросон аст, хеле пештар аз истилои араб, хануз аз асри V шуруъ шуда, дар раванди мубориза бо ачнабиён ягонагии сарзамин ва умумияти сиёсию иктисодиву мадании халки ягонаро ташкил дода, чараёни дурударози таърихии ташаккулаш дар хамон замон пурра сурат гирифт. 7

Санадхои таърихи шаходат медиханд, ки дар раванди  мубориза  бо  душманони  ачнаби,  хифзи ягонагии  сарза­мин ва умумияти сиёсию иктисодиву мадани ачдоди асосии халки точик—сугдиёну бохтарихо ба хам омезиш ёфта,  халки  ягонаро  ташкил доданд. Онхо  аз  нимаи  аввали асри IX сар карда худро «точик» ва забонашонро «форсии    дари»  меномидаги  шуданд.  Таъсиси  давлати ниммустакили Тохириён  (821—873), давлатхои    мустакили   мутамаркази  Саффориён   (873—903)   ва  давлати муктадири    Сомониён   (875—999)  дар    Мовароуннахру  Хуросон истиклоли сиёси ва адабии халки точикро таъмин кард. Сомониён худро аз авлоди Бахроми Чубина медонистанд.  Бобои   Сомониён   мехтари   Сомон ном дехае дар наздикии Тирмиз ва ё Балх буд, ки уро Сомонхудот мегуфтанд.

Аглаби таърихнигорон Сомониёнро аз авлоди Бахроми Чубина донанд хам, дар «Китоб-ул-ансоб»-и Самъони хабар дода мешавад, ки Сомониён аз авлоди шоханшохи машхури Сосони Бахроми Гур (421—428) мебошанд. Ба хар хол, таърихнигорони Шарк Сомонихоро аз ашрофзодагони эронинажоди ориёйитабор медонистанд. ки аз хама мухим аст.

Ба гуфти Л.Босворт, дар китоби «Хонадонхои шохони мусулмон» зикр шудааст, ки «сарсилсилаи ин хонадон Сомонхудот, яъне хокими Сомон, аслан Аркок ном дошта, як замон дар Фаргона мезистааст ва хамон вактхо аз кеши бобоии худ — зардушти баргашта, ба ислом мепайвандаду дар ахди халифаи Маъмун (813—833) хокими вилояти Балх таъйин мегардад. У дар наздикии Тирмиз, нохияи Самарканд ва ё Балх, дехаи Сомонро месозад» 8. Сомонхудот, гуё, аз он деха баромада бошад. Аммо гуфти сахех он аст, ки ин дехкон, яъне заминдори калон, сарватманд, сохибдавлат аз Истаравшан буда, «маликаи Оли Сомон аз фарзандони Бахроми Чубина буда, ки хама Мовароуннахру Хуросонро дар зери фармон доштанд ва бинои адлу инсоф дар он навохи густарониданд»9.

Хамин хонадон силсилаи Сомониён (819—1005) ва давлати мутамаркази Сомониёнро (875—999) ташкил дод. Сохиби хонавода Сомонхудот дини мубини исломро пазируфта, чун гумошта барои хилофати араб хидмат кард. Ба ивази хидматхои у  чахор наберааш дар замони халифа Ал-Маъмун ибни Хорун Ар-Рашид (813— 833) зимоми хокимияти Хуросону Мовароуннахрро ба ихтиёри худ гирифтанд. Аз онхо Нух ибни Асад (819—842) хокими Самарканд таъйин гардида, Ахмад ибни Асад (842—864) дар Фаргона, Яхё дар Чочу Усрушана ва Илёс (ваф. 857) дар Хирот хоким таъйин шуда, дар хидмати халифа ном бароварданд. Соли 875м./261х.  Наср ибни Ахмад, ки чун Насри аввал ибни Ахмад (864—897) машхур аст, амири Мовароуннахр таъйин гардида, истиклоли хокимияти худро эълон кард. Хануз Нух ибни Асад дар Истаравшан дар мулки Яхё сикка зада, баъд аз вафоти Нух (842) ба номи худ пули сиёх (фулус) сикка зад.

Мовароуннахри гани маркази давлати Сомониён карор гирифт. Мухофизати роххои сафорату тичорати Мовароуннахр аз дасти рохзанони туркхои бутпараст низ ба ухдаи Сомонихо гузошта шуд. Аз ахли ин хонадон хидмату макоми марди шучоъ, лашкаркаши номвар ва сиёсатмадори ботадбир Исмоил дар истиклоли кишвар басе бузург аст.

То соли 874 Бу­хоро ба Сомониён таъаллук надошт. Хамон сол Исмоил ба он мулк сохиб гашт, вале аъёну ашрофи Бухоро уро эътироф накарданд. Исмоил бо нируйи аклу заковат, нармиву хушзабони ва макру хиял хокимияти худро дар Бухоро устувор карда, аз итоъат ба Наср сар кашид ва тамоми даромади ин вилояти пурсарватро азони худ намуд.10

Бо игвои нотавонбинхо ва дастае хосиду амалдор дар байни бародарон низоъ бархост ва задухурди дурударозе давом кард. Соли 886 Исмоил аз Наср сахт шикаст хурда, аз койиммакомии Бухоро дур карда шуд, вале дар набарди соли 888 пируз гардида, Насрро асир гирифт. Лекин   уро   ба   катл   нарасонида,  хамон  амири  Мовароуннахр    боки гузошта, худ дар Истаравшан истикомату хокимият намуда, ба номи у тангаи мисин (фулус) сикка мезад. У, хамчунон, музофоти Шимоли Мовароуннахру Фаргонаро катъан ба чахони ислом пайваста, соли 283х./893 м. ба мулки карлукхо дар даштхои канори Сирдарё хучум оварда, пойтахти онхо шахри Таласро ба хок яксон кард ва тамоми доройиашро ба чанг даровард. Аз кувваи харбии Исмоили Сомони харосида, шабохунзани ва горатгарии туркон дар роххои корвонгузари Осиёи Миёна кариб ба нести расида, гуломону бардахои турк кариб ба тамоми мамолики исломи бурдаву фурухта мешуданд ва аз хисоби онхо сафи лашкариёни хокимони он кишвархо меафзуд. Халифаи араб ин пирузихои Исмоили Сомониро тахаммул карда наметавонист. Аз ин ру, хокими вакти Хуросон Амр ибни Лайси Саффориро ба чанги мукобили Исмоил ба Бухоро фиристод. Соли 900 Исмоил пешравонро мусаллах намуда, дар наздикии Бухоро Амр ибни Лайсро маглуб сохта, хонадони Саффориёнро аз байн бурда, Систонро ба каламрави Сомониён илко намуд ва хокимияти худро дар Хуросон баркарор сохт. Соли 892 Насри 1 ибни Ахмад фавтид ва Аморати Бухоро ба ихтиёри Исмоили Сомони гузашт. Соли 905 зимоми хокимияти кишвари Хуросон низ ба ихтиёри у даромад.

Исмоил пойтахти мамлакатро соли 892 аз Самарканд ба Бухоро кучонида, то соли 907 чун амири Хуросон, ки Мовароуннахру Систону Хоразму Бадахшонро низ фаро мегирифт, боки монд. Инчунин, Гургону Табаристон ва Раю Кумишро низ ба тобеъияти худ дароварда, турконро хам сар кубид ва баъзе аз диёри турконро ба каламрави худ пайваст. Нихоят, Амир Ис­моил 15  сафари соли 295 хичри дар Бухоро вафот кард.

Баъд аз марги Амир Исмоил писари у – Наср Ахмад ибни Исмоил ба тахти салтанат нишаст, ки мисли падараш адолатпарвару боинсоф буд, вале дар ахди у якбора дар чанд вилоят шуриш бархост. Хокимони Самарканду Раю Систон исён бардоштанд. Хусайн ибни Алоъ бештари вилояти Гургону Табаристонро гирифт. Бо машаккати зиёд шуриши Систонро пахш карданд. Аммо хангоми шикор Наср иб­ни Ахмадро гуломони турк ба катл расониданд, ки бад-ин сабаб ин подшохи Сомониро «Амири Шахид» мегуянд.

Даврони подшохии Амир Абунасри Ахмад ибни Исмо­ил хамаги 6 солу 4 моху 5 руз, аз 15 сафари соли 295 х. то 21 чимодиюлохири соли 301 х. (907—914 м.) давом кард.

Ба кавли таърихнигорон, гуломони турк бинобар он Ахмад ибни  Исмоилро куштанд, ки вай хамеша бо донишмандон менишаст ва бо саркардагони турк камтар илтифот меварзид.11 Бар замми ин, шахси худхоху    бадхуе буд.

Пас аз кушта шудани Ахмад ибни Исмоил тахти салтанат ба дасти Наср ибни Ахмад гузашт, ки он вакт 8- сола буд. Кабл аз хама, вазири у Абуабдуллохи Чайхони тарбияти уро ба ухдаи худ гирифт. Чайхони марди  олиму  ботадбире  буд,  чун  таърихнигор  ва  чугрофидон шухрат дошт. Ба гуфти Гардези, Абуабдуллохи Чайхони чун бар маснади вазорат бинишаст, «ба хама мамолики чахон нома навишту расмхои даргоххову девонхо бихост, то нусхат карданду ба наздики у оварданд. Вилояти Руму Туркистону Хиндустону Чин ва Ироку Шому Мисру Заранч за Зобулу Кобулу Синду Араб хама расмхои чахон ба наздики у оварданд ва он хама нусхатхо пеш биниход ва андар он нек таъаммул кард ва хар расме, ки некутару писандидатар буд, аз он чо бардоштаву он чи носитудатар буд, бигзошту он расмхои накуро бигирифту фармуд, то хама ахли даргоху девони хазрати Бухоро он расмхоро истеъмол карданди ва бар рою тадбири Чайхони хама кори мамлакат низом гирифт.»12

Абулфазли Балъами ва Абулфазли Нишопури низ чун вазирони Наср дар равнаки кишвар, инкишофи илму фарханг ва болобурди иктисоди мамлакат хиссаи сазовор мегузоштанд.

Бино бар ахбори Хоча Абулфазл Мухаммад ибни Хусайни Байхаки, Наср ибни Ахмад аз кудаки аз худ осори давлатмадори кавидастеро зохир мекунад. Байхаки менависад: «Ва чунон хондам дар ахбори Сомониён, ки Насри Ахмади Сомони хаштсола буд, ки аз падар бимонд, ки Ахмадро ба шикоргох бикуштанду дигар руз он кудакро бар тахти мулк биншонданд ба чойи падар. Он шербача маликзодае сахт неку баромад ва бар хама одоби мулук сазовор шуду бехамто баромад. Аммо дар вай шароратеву риъоятеву сатватеву хашмате ба ифрот буду фармонхое азим медод аз сари хашм, то мардум аз вай даррамиданду бо ин хама ба Хартанг чуъ кардиву медонист, ки он ахлоки сахт нописандидаест.

Як руз хилвате кард бо Балъами, ки бузургтарин вазири вай буд, ва Бутаййиби Мусъабии  сохибдевони рисолат ва хар ду ягонаи рузгор буданд  дар  хамаи  адвоти  фазл ва холи  хеш битамоми бар он ду гуфт:

 — Ман медонам, ки ин ки    аз ман меравад, хатое бузург аст, валекин бо хашми хеш барнаояму чун оташи чашм бинишаст, пушаймон мешавам ва чи суд дорад, ки гарданхо зада бошанду хонумонхо бикандаву чуби беандоза ба кор бурда?! Тадбири ин кор чист?

Эшон гуфтанд:

— Магар савоб он аст, ки Худованд надимони хирадмандтар истонад пеши хеш, ки дар эшон бо хиради тамом, ки доранд, рахмату рафъату хилм бошаду дастуре дихад эшонро, то бе хашмат, чунки Худованд дар хашм шавад ба ифрот, шафоъат кунанду ба талаттуф он хашмро бинишонанду чун некуйи фармояд, он чизро дар чашми вай биороянд, то зиёдат фармояд. Чунон донем, ки чун бар ин чумла бошад, ин кор ба салох бозояд.

Насри Ахмадро ин ишорат сахт хуш омаду гуфти эшонро писандиду ихмод кард бар он чи гуфтанд.»

Минбаъда, мувофики хамин карордоди одилонаву олимона, фармонхои дар сари хашм медодагии подшохро факат баъди се руз ба ичро мерасондаги мешаванд, ки аз рою тадбири хуби вазир Балъами ва сохибдевони рисолат Абутаййиби Мусъаби дарак медихад.

Дар замони Наср ибни Ахмад муъонидини Оли Сомон аглаб саркуб мешаванд. Нахуст бародарзодаи Наср ибни Ахмад Мансур ибни Исхок соли 914 дар Самарканд исён бардошт. Сипас, аввал дар Хироту баъд дар Нишопур, шуриш ба амал омада, Хусайн ибни Алии Марвази ба харакати кармати сарвари мекард. Заминдори калон Ахмад ибни Сухайл шуриши Хусайни Марвазиро фуру шинонда, Хусайнро асир гирифт. Баъдан худаш алайхи Сомониён шуриш бардошт. Лекин хамаи исёну шуришхо бо зури пахш карда мешуданд. Ба хар хол, Наср ибни Ахмади Сомони беш аз си сол подшохи карда, борхо ба шахрхои гуногуни мамлакат сафархо кардааст. Боре, хангоми орому осойишта будани кишвар, ба Хирот рафта, он чо чахор сол мемонд, ки Устод Рудаки  бо сурудани касидаи «Буйи Чуйи Мулиён» уро ба бозгаштан ба Бухоро ташвик кард. Боз у бори дигар, соли 318 х., ба Хирот рафта, як руз дар он чо бимонда, соли 320 х. ба Хуросон ташриф овард. Нихоят, дар охири умри у харакати исмоилихо тахти унвони «Чунбиши карматия» авч гирифта, мамлакатро басе ноором гардонду дар натича худи Наср ибни Ахмад хам аз тахту точ махрум карда шуд.

Аллома Бобочон Гафуров бархак кайд менамояд, ки «дар зарфи тамоми даврони хукумати Сомониён муборизаи хокимияти маркази бар зидди касдхои марказгурези моликони чудогонаи феодали катъ нагардид. На Исмоили Сомони ва на ворисони у, бо вучуди муборизахои шадиде, ки барои мустахкам намудани хокимияти мутамарказ бурданд, усули мамлакатдории марказиятнокро дар бисёр махалхо ва канору гушахои Осиёи Миёна чори карда натавонистанд. Вилоятхои Хоразм, Чагониён, Хатлон ва гайра дар хайати хукумати Сомони бошанд хам, хокимони онхо мустакилона хукмрони мекарданд.»14

Дар ахди Насри Сони (914—943) низ чангхои байнихуди ва низоъхои чахонталаби хамон давом мекард. Ба гайр аз шуриш ва исёнхои зикршуда, дар Хутал Чаъфар ибни Абечаъфар ба Наср ибни Ахмад шурид. Соли 321х. дар Гургон исён бархост, соли 323 х. Наср ибни Ахмад бо Вашмгир чангид, соли 324 х. Мокон ибни Коки дар Гургону Сарахс ва Исфароину Нишопур хуруч кард. Соли 329 х. Мокон ибни Коки кушта шуд. «Ба хамин тарик, дар давоми салтанати Амир Исмоил каламрави Сомониён ба хуби марказият пайдо намуда, ба иктидори бузурги сиёсиву маъмури ва харби сохиб мегардад ва хоки он аз Рай сар карда то Туркистони Шарки вусъат пайдо мекунад.

Баъд аз марги Исмоили Сомони, дар замони салтанати аксарияти ворисони у – Ахмад ибни Исмоил (908—914), Наср ибни Ахмад ибни Исмоил  (914— 943),  Нух ибни Наср  (943—955),  Абдулмалик  ибни  Нух (955—962) ва Мансур ибни Нух (962—977) хоки давлати Сомониён беш аз замони Исмоили Сомони вусъат пайдо накарда, муборизахои дохилии сиёси — исёнхои феодали ва шуришхои халки иктидори хукумати марказиро хеле суст гардонида бошад хам, тавоноии давлат давом мекунад. Танхо аз замони салтанати Нух ибни Мансур (977—997) сар карда таназзули давлати Сомониён сар мешавад. Дар муддати хукмронии ин намояндаи хонадони Сомони дав­лат бештар иктидори худро аз даст дода, нихоят дар соли 999, дар натичаи мукобилиятхои сиёсии дохили ва хучумхои хоричи, аз байн меравад.»15

«Мовароуннахр, — мегуяд Чайхони, — аз чумлаи вилоятхои хуштару бонеъматтар аст, мардони он басаломаттар… Хар таъоме, ки аз он чора набошад, дар Мовароуннахр бошад. Обхои эшон хуштару сабуктари обхосту дар хама куххо, сахрохо, шахрхои эшон об асту чорпоён аз гусфанду гов, хару уштур, чандоне, ки эшонро кифоят бувад, аз замин хосил шавад. Гусфандон низ аз Миёну Газону Харлухон меоранд.»16 Чомахо пахтаги, каз(з), суф. Дар куххои он зару нукра, симобу охан, мису навшодир зиёд буда, когаз фаровон аст. Гулому барда аз шахрхои Туркистон меоранд. Бухорову Самарканд гавхари Мовароуннахр мебошанд. Шахрхои дигари он Хучанду Шош, Тирмизу Чагониён хеле ободу серахоли буд.

Чун Сомониён дар лашкари худ гуломони туркро бештар чамъ оварда, ба онхо эътимоди зиёде доштанл, гуломони турк дар умури кишвар нуфузи бисёр хам кави пайдо карда буданд. Уламову удабо низ дар хидмати худ канизакону гуломони турки бисёр доштанд, ки бо онхо чун мол муъомила мекарданд. «Канизакони тур­ку Синду Хинд хам дар дастгохи умаро ва ричолу мардуми сарватманд ва дар харамсарои онон ба сар мебурданд ва табъан аз омезиши мардуми Эрон бо онон ихтилоте дар насл хосил мешуд. Дар авохири ахди Сомониён иддае аз ин гуломон, ки ба маротиби оли расида буданд, дар дастгохи давлати ба сар мебурданду кисмате аз игтишошоти авохири ахди Сомони муваллиди дасоиси хаминон буду ин гуломон хам мумкин буд баъд аз вусул ба маротиби бузурги худ гуломоне бихаранд, чунонки Абутегин хангоме ки аз Хуросон берун мерафт, ду хазору хафтсад гуломи турк дошт».

Хамин гуломон буданд, ки яке аз сабабхои бархам хурдани давлати Сомониён гардиданд. Султон Махмуди Сабуктегин аслан гуломзода буд. Низоъи нажодии турку точик хам аз хамин аср сар зада буд.

Дар хамин давра, бо таъсири эхёи расму одат ва мукаддасоти ниёгон, адабиёти навини халки точик ба вучуд омада, ба пояхои баланди таракки расид. Сомонихо ба воситаи равнак додани пахтакорию абрешимпарвари  дар  вохахои  Марву  Зарафшон,  чармгари   дар  Бухо- рову Самарканд, Насафу  Кеш,  бофандаги  дар  ин  шахрхо,  истехсоли шиша, ривочи илму хунар, дехкони,  богдори,  чорвопарвари, кандани кони ангишт дар Исфара, чуяну тилло дар Панчакент, сурма дар Фон, кофтани корезхо ва баровардани чуйхо мамлакатро хеле обод карданд. Хунари дастии ахли Урганчу Фаргона бо конхояшон хеле машхур буданд.

Сомонихо забткор набуданд. Бо Хинду Чин, Булгору Рус, Арману Рум ва гайра муносибатхои хубу хасанаи тичорати доштанд. Когази Самарканд дар кишвархои дур хам маълум буд.

Бархак, дар истиклол ба даст овардан ва мустахкам гардидани   давлати  Сомониён, ки Хуросон ном дошт,    сахми   Исмоили    Сомони (892—907)   хеле бузург  аст. Номи у Абуиброхим  Исмоил ибни Ахмад аст, ки  соли 849 зоида шудааст. Вай марде    ботадбиру шучоъ буд. Аввал дар хизмати бародараш Наср буда, аз номи у дар Бухоро хукмрони  мекард.  Вале    подшохи  расмии  Сомониён    Насри якум ибни Ахмад (250—279/864—892) буд, ки пойтахти он Самарканд ба шумор мерафт. Ба    кавли Чайхони, «хоки Самарканд хуштарини хокхосту мардумаш тандурусттар. Бинохои эшон аз хишту чуб ва мардумони он охиставу халиму бочамолу зираку бомуруввату чавонмард. Чойи чамъ овардани  бардагон  Мовароуннахру  бихтарин бардагони Мовароуннахр парвардаи Самарканд бошанд»  (иктибос аз навиштахои академик Ахрор Мухторов).

Саъид Нафиси  кайд  мекунад, ки «аслан иёлоти Самарканд эрони будаасту ба хамин чихат тамаддуну забони умумии мардуми Самарканд бар сойири аквоме, ки дар адвори баъд омаданд, бартариву пеши доранд. Тамоми рустоиву савдогариву саноеъи Самарканд  ба  дасти хамин точикон  асту махсусан точикони Бухоро дар дину ойини бостонии ачдоди хешу русуми ниёкони худ шухраанду аз кадим бад-ин хуй мумтоз будаанд».17

Махз Исмоили Сомони дар Бухоро шуру исёнхои  амирону хокимони саркашро саркуб намуда, давлати марказиятёфта ташкил дода, баъди амири кулли Хуросон шудан пойтахтро ба Бухоро кучонд.

Ба гуфти Саъид Нафиси, «нажоди эрони пеш аз таърих дар ин навохи (яъне Сугд — А. А.) зистаасту аз он чо ба Эрони имруз омадаасту катъан шахри бузург падид омадаву дар замони пеш аз ислом ду шахри бузурги иёлоти Сугдиён Самарканду Бухоро будаанд. Умарои Оли Сомон нахуст дар Самарканд ба чунбиши бузурги миллии Эрон дар карни савум (асри IX мелоди — А. А.) огоз карданду хамин, ки неру гирифтанд, аз Самарканд ба Бухоро рафтанду то буданд, хар ду шахр ба дасти эшон буд. Рудаки  низ чун умарои Оли  Сомон  аз  Самарканд бархосту чун  неру гурифт, ба Бухоро рафт».

Вале дар солхои охири мавчудияти худ давлати Сомониён, аз сабаби ихтилофхои шадиди синфи, мукобилияти куввахои марказгурез бо хукумати маркази, ракобатхои авлодии намояндагони сомони барои ба даст овардани точу тахт, адовати ахли дарбор ва кормандони девонхо, фитнаи саркардагони турк, ривоч гирифтани таассуби дини хеле заъиф гардид. Бо вучуди хамаи ин, Ахмад ибни Исмоил (907—914), Наср ибни Ахмад (914—943), Нух ибни Наср (943—954), Абдумалик ибни Нух (954—961), Абдуллох ибни Нух (962 — 976) тавонистанд давлатро муддате нигах доранд.

Аммо ихтилофхо асосу бунёди онро торафт заъиф мегардонданд. Дар нихояти хол, дав­лати пуркуввати як вактхо шухратманду овозадор ба дарачае нотавон шуд, ки натавонист ба хучуми душманони хоричи мукобилат нишон дихад. Соли 992 дастаи бодиянишинони турк, ки Карахонихо ном доштанд, Бухороро забт карданд. Амири Сомони Нухи II (976— 997) бо ёрии Махмуди Газнави онхоро аз кишвар дур андохт. Аммо соли 999 Бухоро тамоман ба дасти Карахонихо гузашт. Бо хамин давлати муктадири Сомониён баъд аз 124 соли салтанаташ аз миён рафт.

Ахамияти давлати марказиятёфтаи Сомониён аз он иборат буд, ки тараккиёти шахрхоро ба авчи аъло расонд. Марв беш аз 200 000 ахоли дошт. Бухоро бо Багдод мусобика мекард (Имруз ба хар холе Багдод Бухорост — Кучо мири Хуросон аст, пирузи он чост!). Ба кавли Саъолаби, «Бухоро дар замони давлати Сомониён мавзеъи азамат, каъбаи мулк, махалли чамъомади донишмандони дарачаи аввали замон ва тулуъгохи ситорагон – бузургони адаби руйи замин ва маркази фузалои дахр буд» 19.

Бухоро дувоздах фарсах бар дувоздах фар­сах буда, бозорхои фарох дошт. Дар бораи вилояти Бу­хоро, ки макони пайдоиши Бухорхудотхо ва Сомониён буд, Саъид Нафиси менависад: «Шахри Бухоро дар миёни чилгае вокеъ шуда, ки наздики дувисту хафтод хазор чариби мураббаъ масохат дорад. Аз як тараф ба кухистони Помир, аз тарафи дигар ба сахрои Регистон ва аз суйи дигар ба руди Чайхун пайвастааст. Аз суйи шимол ин чилга ба атрофи Самарканд мепайвандад, аз суйи машрик ба Дашти Фаргона ва аз суйи чануб ба чилгаи Чагониён ва аз чониби магриб ба Дашти Хоразм. Ин чилга дар машрик кухистонесту аз магриб даште хамвор асту кисмати хосилхези он бештар дар машрику дар доманаи кухистону дар канори рудбор асту ба хамин чихат аз кадим ин нохия маркази  умдаи зироъат дар  атрофи Бухоро  будааст.

Кухистони шаркии Бухоро дунболаи куххои Помир асту силсилае аз он ба исми Чиболи Хисор дар миёни чилгаи Бухорову чилгаи Самарканд    хойил  шудаасту руди Зарафшонро аз руди Чайхун чудо мекунад.»20

        Мавкеъи вилояти Бухороро намешавад аз ин муфассалтару возехтар ба калам овард. Дар ин сарзамин    аз зироъат галла,  пахта (пунба),  махсулоти  полезиву бустони,  харбузаи  оли,  зардолу,  олу,  шафтолу,    нок, бихи,   анор,  писта,  чормагз   (гирдакон),  тарбуз,  ангур фаровон хосил мешуду кисме аз он ба вилоятхои дигар, то Багдоду Басра, бароварда мешуд. Чорводори ва домпарвари   низ   таракки   карда,   парвариши гову   гусфанд,   бузу меш, аспу хару уштур ва амсоли инхо ривоч дошт. Пус­ти карокули Бухоро дар чахон машхур буд. Порчахои абрешиму пашму пахта, махмал, мохут, колию гилем, маснуъоти охангариву заргари, кулоли, шишагари — ин аст номгуйи  нопурраи  гановати онрузаи  Бухоро. Дар хакикат, Бухоро шахри савдову тичорат буд,  ки дар он  яхудиён низ ширкат меварзиданд ва сахми калонеро сохиб буданд. Мардуми  Бухоро ба  ростгуйи,  мехмоннавози  ва  одобу ахлоки шойиста машхур буданд. Нахру чуйхо, богистону зироъатгоххои  шахру  навохи    ва  корезхо    заминхои мазруъотро шодоб мегардонданд.

Самарканд низ    ба Бухоро шабохат дошт. Факат обу хавояш муътадилтару форамтар буд. Масочиду мадрасахои Бухорову Самарканд хеле зиёд  буданд.  Аммо дар  Самарканд насрониён низ буданд, ки дар рустои Шовзор зиста, бо номи Вазгард ободии махсусе доштанд. Бухорову Самарканд чун дилу сари вилояти бузурги Сугд ба шумор мерафтанд.

Сомонихо ташаккули халки точикро ба нихоят расонда, истиклоли милли ва адабии онро таъмин намуданд. Таваччухи хоси онхо ба забону адабиёти  халки   худ  боиси  равнак  ёфтани   маданияти  халки мо шуд. Дар ин бобат хизмати Устод Рудаки  басо бузург буд.

Аз ибтидои асри XI сар карда, баъди бархам хурдани давлати Сомониён, дар байни точикон, ки оммаи асосии ахолии кишварро ташкил медоданд, чудойи афтод. Сарзамини ягонаи онхо таксим гардида, худашон ба давлатхое тобеъ шуданд, ки хокимонашон ачнабихо буданд. Аммо халки шарафманду эчодкори точик хеч гох намегузошт, ки  маданияташ тамоман ба хок яксон шавад. Баръакс, истилогаронро аз чихати маърифату маданият ба худ тобеъ мегардонд.

Ин вазъият беш аз 900 сол давом карда, халки точик, нихоят, соли 1924, сохиби чумхурии хамноми худ гардида, соли 1991 комилан мустакил шуд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

ХИКМАТ оид ба сулх бо душман

Хар ки бо душманон сулх кунад, сари озори дустон дорад. Бишуй, эй хирадманд, аз он …