Главная / Чамъият / НАЗОРАТИ СОДИРОТ – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

НАЗОРАТИ СОДИРОТ – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро вобаста ба ташкили назорати содирот, фаъолияти иктисодии хоричи ва хамкорихои байналмилали дар сохаи назорати содирот оид ба молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда танзим менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– назорати содирот – мачмуи чорахое, ки амали намудани тартиби дар Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраргардидаи татбики низоми назорати содирот ва фаъолияти иктисодии хоричиро таъмин менамоянд;

– молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда – ашёи хом, масолех, тачхизот, махсулот, иттилооти илмию техники, технология ва таъминоти барномави, кору хизматрасони, натичахои фаъолияти зехни (хукук ба онхо), молхое, ки силохи катли ом, воситахои тахвили он ва дигар намудхои аслиха, техникаи харби ва лавозимоти чанги мебошанд, аз чумла махсулоти таъиноти духадафа, ки бинобар хусусиятхои худ метавонанд дар сохтани онхо ё содир намудани амалхои террористи истифода шаванд;

– махсулоти таъиноти духадафа – махсулот, тачхизот, масолех, ашёи хом, таъминоти барномави, технологияхо ва иттилооти илмию техникие, ки барои максадхои гайринизоми истифода мегарданд ва метавонанд барои сохтани силох, техникаи харби ва лавозимоти чанги, аз чумла силохи катли ом ва воситахои тахвили он истифода шаванд;

– силохи катли ом – силохи ядрои, кимиёи, бактериологи (биологи);

– воситахои тахвил – мушакхо, дастгоххои парвозкунандаи бесарнишин ва дигар системахое, ки барои тахвили силохи катли ом кодир мебошанд;

– иштирокчиёни фаъолияти иктисодии хоричи – шахсони хукукие, ки фаъолияти иктисодии хоричиро анчом медиханд ё молхо, технологияхо, таъминоти барномави, иттилоот, натичахои фаъолияти зехниро (хукук ба онхоро) тавассути сархади гумрукии Чумхурии Точикистон интикол медиханд, инчунин шахрвандони Чумхурии Точикистон ё шахрвандони хоричи, аз чумла сохибкорони инфироди.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи назорати содирот

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи назорати содирот ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон иборат мебошад.

Моддаи 3. Максадхои назорати содирот

Максадхои асосии назорати содирот аз инхо иборатанд:

– хифзи манфиатхо ва амнияти Чумхурии Точикистон;

– амали намудани талаботи ухдадорихо ва шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон оид ба пахн накардани силохи катли ом ва воситахои тахвили он, инчунин оид ба назорати содироти махсулоти таъиноти харби ва духадафа;

– фарохам овардани шароит барои хамгироии иктисодиёти Чумхурии Точикистон бо иктисодиёти чахони;

– муковимат ба терроризм.

Моддаи 4. Принсипхои сиёсати давлати дар сохаи назорати содирот

Сиёсати давлати дар сохаи назорати содирот мутобики принсипхои зерин ташаккул меёбад:

– ичрои ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон оид ба пахн накардани силохи катли ом ва воситахои тахвили он, инчунин оид ба назорати содироти махсулоти таъиноти харби ва духадафа;

– конуният, ошкорбаёни ва дастрас будани иттилоот оид ба масъалахои назорати содирот;

– афзалияти манфиатхои амнияти давлат;

– хамохангсозии расмиёту коидахои назорати содирот бо меъёрхо ва тачрибаи эътирофгардидаи байналмилали;

– хамкори бо ташкилотхои байналмилали ва давлатхои хоричи дар сохаи назорати содирот бо максади тахкими амният ва суботи байналмилали, пешгири намудани пахншавии силохи катли ом ва воситахои тахвили он.

Моддаи 5. Усулхои амали намудани назорати содирот

Назорати содирот дар Чумхурии Точикистон бо усулхои зерин амали карда мешавад:

– айнияткунонии молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда;

– назорати гумруки ва барасмиятдарории гумрукии молхо, технологияхо, таъминоти барномавии назоратшаванда, ки тавассути сархади гумрукии Чумхурии Точикистон интикол дода мешаванд;

– татбики чорахои мачбуркунии давлатии (мучозотии) мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нисбат ба шахсоне, ки тартиби амали намудани фаъолияти иктисодии хоричиро нисбат ба молхо, технологияхо, таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин истифодаи онхо вайрон кардаанд.

БОБИ 2. АСОСХОИ ХУКУКИИ ТАШКИЛИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ

Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи назорати содирот

Хукумати Чумхурии Точикистон:

– татбики сиёсати давлатиро дар сохаи назорати содирот, аз чумла нисбат ба низомхои байналмилалии назорати содирот амали менамояд;

– фаъолияти мувофикашуда ва хамкории макомоти ичроияи марказии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистонро дар сохаи назорати содирот таъмин менамояд;

– бо пешниходи макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати содирот номгуи молхо, технологияхо, таъминоти барномавии назоратшавандаро тасдик менамояд;

– тартиби амали намудани фаъолияти иктисодии хоричиро вобаста ба молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда муайян менамояд;
– барои гузаронидани гуфтушунидхо ва ба имзо расонидани шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи назорати содирот чорахо меандешад;

– макоми ваколатдори давлатиро дар сохаи назорати содирот муайян менамояд;

– дигар ваколатхоро дар сохаи назорати содирот, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

Моддаи 7. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати содирот

Макоми ваколатдори давлати:

– ичрои мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон ва хамохангсозии байниидоравиро дар сохаи назорати содирот таъмин менамояд;

– дар асоси руйхатхои назоратии дахлдор дар доираи низомхои байналмилалии назорати содирот бо чалби макомоти давлати ва ташкилоти дахлдор (ассотсиатсияхо, иттифокхо) номгуи молхо, технологияхо, таъминоти барномавии назоратшавандаро тахия ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

– барои амали намудани фаъолияти иктисодии хоричи оид ба назорати содироти махсулоти таъиноти духадафа ичозатнома медихад, инчунин риояи меъёрхо, коидахо ва шартхои амали ичозатномахои додашударо назорат менамояд;

– дар якчояги бо дигар макомоти дахлдори давлати корхоро оид ба иттилоотонии иштирокчиёни фаъолияти иктисодии хоричи дар бораи максадхо, расмиёт ва коидахои назорати содирот ташкил менамояд;

– ошкор нагардидан, барои максадхои шахси истифода нашудан ё ба шахсони сеюм надодани иттилоотеро, ки дорои сирри давлати, тичорати ва сирри дигари бо конун хифзшаванда мебошад, таъмин менамояд, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– дигар ваколатхоро дар сохаи назорати содирот, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

Моддаи 8. Ичозатномадихи ба фаъолият оид ба назорати содироти махсулоти таъиноти

                        духадафа

Ичозатномадихи ба фаъолият оид ба назорати содироти махсулоти таъиноти духадафа мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИКТИСОДИИ ХОРИЧИ ВОБАСТА БА МОЛХО,

ТЕХНОЛОГИЯХО ВА ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ НАЗОРАТШАВАНДА

Моддаи 9. Талабот нисбат ба ахдхои иктисодии хоричи бо молхо, технологияхо ва

                     таъминоти барномавии назоратшаванда

  1. Ахдхои иктисодии хоричие, ки ба шахси хоричи додани молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшавандаро пешбини менамоянд, бояд дар сурати мавчуд будани ухдадории хатти бо зикри максади истифодаи нихои ва кафолат оид ба истифода нашудан барои сохтани силохи катли ом, воситахои тахвили он ва ба максадхои террористи баста шаванд.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад ба шартхое, ки дар асоси онхо ахдхои иктисодии хоричи бо молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд баста шаванд, талаботи иловаги мукаррар намояд, аз чумла санчиши аз чониби шахси хоричи мутобики ухдадорихои эътирофнамуда истифода бурдани молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии аз руи ахд гирифташуда.

Моддаи 10. Экспертизаи давлатии ахдхои иктисодии хоричи

  1. Ахдхои иктисодии хоричи бо молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд аз экспертизаи давлати гузаронида шаванд. Экспертизаи давлати аз чониби макомоти дахлдори давлати гузаронида шуда, дар тахлили хуччатхо ва иттилооти вобаста ба ахди иктисодии хоричи бо максади муайян намудани мутобикати он ба ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон, манфиатхо ва амнияти давлати ифода мегардад.
  2. Тартиб ва шартхои гузаронидани экспертизаи давлатии ахдхои иктисодии хоричиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Моддаи 11. Бахисобгирии ахдхои иктисодии хоричи

  1. Иштирокчиёни фаъолияти иктисодии хоричи ухдадоранд, ки бахисобгирии ахдхои иктисодии хоричи бо молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшавандаро барои максадхои назорати содирот амали намоянд.
  2. Хуччатхои вобаста ба ахдхои иктисодии хоричи бо молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд дар давоми се сол нигох дошта шаванд, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон мухлати дигар мукаррар нашуда бошад.
  3. Тартиб ва шакли бахисобгирии ахдхои иктисодии хоричи бо молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда барои максадхои назорати содирот аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати содирот муайян карда мешаванд.

Моддаи 12. Айнияткунонии молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда

  1. Айнияткунонии молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин амали намудани тамоми амалхои зарурии вобаста ба гирифтани ичозатнома ва дигар хуччатхои ичозатдихи барои анчом додани амалиёти иктисодии хоричи бо молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда ухдадории иштирокчии фаъолияти иктисодии хоричи мебошад.
  2. Иштирокчии фаъолияти иктисодии хоричи метавонад бо рохи бастани шартномаи дахлдор бо ташкилоти экспертие, ки барои анчом додани фаъолияти иктисодии хоричи оид ба назорати содироти махсулоти таъиноти духадафа ичозатнома гирифтааст, гузаронидани айнияткунонии махсулоти таъиноти духадафаро ба чунин ташкилоти эксперти супорад. Масъулият барои дурусти ва асоснокии натичахои айнияткунонии махсулоти таъиноти духадафа ба ташкилоти эксперти вогузор мегардад.

Моддаи 13. Манъкуни ва махдуд намудани фаъолияти иктисодии хоричи вобаста ба молхо,

                        технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда

  1. Бо максади таъмини амният, хифзи манфиатхои милли ва ичрои ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон мумкин аст манъкуни ва махдуд намудани фаъолияти иктисодии хоричи вобаста ба молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда мукаррар карда шаванд.
  2. Манъкуни ва махдуд намудани фаъолияти иктисодии хоричи вобаста ба молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшавандае, ки нисбат ба шахсон ва давлатхои алохидаи хоричи мукаррар карда мешаванд, аз манфиатхои таъмин намудани амнияти Чумхурии Точикистон бармеоянд.
  3. Манъкуни ва махдуд намудани фаъолияти иктисодии хоричи вобаста ба молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратша­ван­дае, ки аз ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон бармеоянд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
  4. Манъкуни ва махдуд намудани фаъолияти иктисодии хоричи вобаста ба молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда нисбат ба шахсон ва давлатхои алохидаи хоричии бо фаъолияти ба принсипхои пахн накардани силохи катли ом ва воситахои тахвили он мухолиф машгулбуда, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

БОБИ 4. ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ДАР СОХАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ

Моддаи 14. Хамкории байналмилали дар сохаи назорати содирот

  1. Хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи назорати содирот бо максадхои зерин амали карда мешавад:

– хамохангсозии фаъолияти муштарак бо давлатхои хоричи оид ба пешгири намудани пахншавии силохи катли ом ва воситахои тахвили он, инчунин технологияхои сохтани онхо;

– мусоидат ба ташаккули низоми бехатар ва устувори муносибатхои байналмилали;

– фарохам овардани шароити мусоид барои хамгироии иктисодиёти Чумхурии Точикистон бо иктисодиёти чахони дар асоси баробархукуки ва фоидаи мутакобила;

– фаъол гардонидани иштироки Чумхурии Точикистон дар мубодилаи байналмилалии молхо, технологияхо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, васеъ намудани имкониятхо барои дастрасии иштирокчиёни ватании фаъолияти иктисодии хоричи ба бозорхои чахонии технологияхои пешкадам;

– такмили механизмхои байналмилали ва дохилидавлатии назорати содирот, ошкор намудани далелхои вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи назорати содирот ва шахсони онхоро содиркарда.

  1. Хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи назорати содирот тавассути иштироки Чумхурии Точикистон дар низоми байналмилалии назорати содирот ва форумхои байналмилали, гузаронидани гуфтушуниду машваратхо бо давлатхои хоричи, мубодилаи мутакобилаи иттилоот, инчунин татбики барномахои муштарак ва дигар чорабинихо дар сохаи назорати содирот дар асоси дучониба ва бисёрчониба амали мегардад.
  2. Макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар доираи салохияти худ дар сохаи назорати содирот бо ташкилотхои байналмилали, макомоти давлати, инчунин ташкилотхои гайридавлатии хоричи хамкори менамоянд.
  3. Чумхурии Точикистон бо максади таъмини фаъолияти самараноки механизмхои дохилидавлатии назорати содирот ба рушди робитахо ва мубодилаи иттилоот байни иштирокчиёни фаъолияти иктисодии хоричи мусоидат менамояд.

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 15. Шикоят аз болои амали (беамалии) макомоти ичроияи марказии хокимияти

 

                     давлати, макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати содирот ва шахсони

                     мансабдори онхо

Оид ба амали (беамалии) макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати, макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати содирот ва шахсони мансабдори алохидаи онхо хангоми амали намудани назорати содирот мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 16. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                      «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиха, техникаи харби ва махсулоти

                        духадафа»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 13 декабри соли 1997 «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиха, техникаи харби ва махсулоти духадафа» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1997,   № 23-24, мод. 354; с. 2013, № 7, мод. 514) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти 

Чумхурии Точикистон                                                                     Эмомали РАХМОН

ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014,

№ 1168

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …