Главная / Илм / НАЗАРИЯИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНИ 

НАЗАРИЯИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНИ 

Дарси 1. ПРЕДМЕТИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНИ

Асосхои информатика. Мафхуми информатика бо мачмуи илмхое алокаманд аст, ки онхо ба омузиши хосиятхо ва тарзхои гункуни, тасвир, коркард ва ирсоли информатсия тавассути воситахои техники сару кор доранд. Дар мамлакатхои англисзабон ба чои мафхуми информатика мафхуми computer science илми компютери мавриди истифода карор дорад.

Асосхои назариявии информатикаро гурухи илмхои бунёди (фундаментали) ташкил менамоянд, ки онхоро дар як сатх хам ба математика ва хам ба кибернетика мансуб шумурдан мумкин аст: назарияи информатсия, назарияи алгоритмхо, мантики математики, назарияи забонхои формали ва грамматики, тахлили комбинатори ва гайра. Гайр аз ин, фанни информатика ба омузиши архитектураи компютер, системахои оператсиони, назарияи базаи маълумотхо, технологияи программасози ва дигар самтхои технологияхои информатсиони машгул аст.

Бояд кайд намуд, ки дар муддати начандон зиёди таърихи информатика аз як фанни техники дар бораи методхо ва воситахои коркарди маълумоти додашуда бо ёрии мошинхои электронии хисоббарор ба илми бунёди дар бораи информатсия ва равандхои информатсионии на танхо системахои техники, балки табиат ва чомеа табдил ёфтааст. Сабаби асосии ба чунин муваффакиятхо ноил гаштани илми информатика ба раванди бебозгашти саросар информатсиони гаштани чомеа вобаста аст, ки он як шакли зухуроти конуни умумии инкишофи башарият аст. Информатикунонии чомеа бо худ тахаввулоти илмию техники ва иктисодию ичтимоиро меоварад, ки он дар навбати худ хаёту фаъолият ва тафаккуру арзишхои инсониро дигаргун месозад. Тамоилот ва суръати ин дигаргуншави аз он гувохи медихад, ки асри ХХI асри информатика, технология ва чомеаи информатсиони хохад буд.

Информатика илмест, ки доир ба хосиятхои информатсия ва конуниятхои равандхои информатсиони бахс менамояд.

Технологияи информатсиони(ТИ). ТИ мачмуи мушаххаси воситахои техники ва таъминоти программави буда, барои гузаронидани амалиётхои гуногуни коркарди информатсия дар самтхои мухталифи фаъолияти инсон пешбини шудааст. Баъзан технологияи информатсиониро технологияи компютери ё информатикаи тадбики низ мегуянд. ТИ-ро чунин таъриф додан мумкин аст:

setyТехнологияхои информатсиони яке аз сохахои тафаккури илми буда, ба воситаи системаи тахлилии ходисахои мухити атроф равандхои информатсионии бо суръати баланд вусъатёбандаро меомузад ва методу воситахои автоматии гункуни, кабулкуни, нигахдори, табдил, ирсол, сабт ва истифодаи информатсияро тавассути техникаи компютери мавриди омузиш ва коркард карор медихад.

Максади омузиши фанни ТИ. Сохаи таълимии фанни технологияи информатсиони дар ду чанба мавриди омузиш карор мегирад. Чанбаи аввал ба омузиши системаи информатсионии тасвири олам ва конуниятхои информатсионии умумии сохт ва тарзи кори системахои худидора – биологи, чамъияти ва автомати-техники бахшида шудааст. Ин гуна системахо дорои хосияти ичрои максадноки амалиёт буда, рафторашон тавассути узвхои кабул, табдил ва амаликунандаи информатсиониашон идора карда мешавад. Чанбаи мазкур, ки кариб фарогири хама сохахои умумитаълими мебошад, доираи хамбастагии фанхои «Информатика» ва «Кибернетика»-ро ташкил медихад.

ЭЗОХ: Кибернетика илм дар бораи хосиятхои умумии равандхои идоракуни дар системахои зинда ва гайризинда мебошад.

Чанбаи дуюми сохаи таълимии фанни ТИ ба омузиши методхо ва васоити техникии дарёфт, гункуни, захира, табдил, ирсол ва истифодаи информатсия бо ёрии компютер ва дигар воситахои электронии муосир бахшида шудааст. Ин чанба пеш аз хама ба тадбики маводи таълими дар хаёт ва ба фаъолияти эчоди омода сохтани хонандагон алокаманд мебошад. Сохаи таълимии фанни ТИ характери комплекси дорад.

Хар як кисми он дар ичрои вазифаи алохида ва мушаххаси сохаи таълим макоми хоса дорад ва бахри амали гаштани хадафхои зерин равона шудааст:

  • Парвариши малакахои истифодаи мохирона ва пурсамари компютер дар раванди омузиш ва фаъолияти хамарузаи хонандагон
  • Омодаги ба хаёти пурарзишу фаъоли чомеаи информатсиони
  • Баланд бардоштани фарханги информатсионии хонандагон Тадбики технологияхои нави информатсиони дар муассисахои таълими
  • Таъмини фарогирии устувори техника ва технологияи компютери дар хамаи самтхои хаёт
  • Равшан гардонидани мохияти равандхои информатсиони дар чахонбинии илми ва накши ТИ дар чомеаи навин.

Вазифахо ва пайванду вобастагихои ТИ бо илмхои дигар.

 Хангоми дар омузиши хама фанхои таълими чори намудани компютер, малакахои ба ном «саводнокии компютерии хонандагон» характери умумитаълими мегирад. Ташаккули муносибати нав ба фахмиши максадхои омузишии фанни ТИ пеш аз хама ба вазифахои умумитаълимии ин фан ва имкониятхои потенсиалии он дар халли масъалахои мухимтарини таълим, тарбия ва рушди зехнии мактаббачагон алокаманд аст.

Унсурхои алохидаи тахлили кибернетикии ходисахои мухити атроф инъикоси худро дар курсхои таълимии биология, физика, таърих, чамъиятшиноси, таълими мехнат ва гайра меёбанд. Фанни ТИ бошад дар системаи фанхои таълими накши пешбарандаро бозида, бахри дарёфти тасаввуроти ягонаи олами хасти ва эхсоси умумияти асосхои информатсионии раванди идораи табиати зинда, чомеа ва техника шароити мусоид фарохам меорад.

Хамин тарик, вазифаи асосии фанни ТИ аз таъмин намудани фарогирии дониши мустахкам ва бошууронаи хонандагон доир ба раванди табдил, ирсол ва истифодаи информатсия иборат буда, дар халли масъалахои маълумоти умумиинсони сахми арзанда дорад:

  1. Дар ташаккули асосхои чахонбинии илми:

тасаввуроти хонандагон оид ба информатсия хамчун ба яке аз се мафхуми бунёдии тасвири илмии олам модда, энергия, информатсия ташаккул дода мешавад;

фахмиши хонандагон доир ба принсипхои якхела ва ягонаи сохти системахои худидораи гуногунчабха ташаккул дода мешавад ва мавкеи технологияхои нави информатсиони дар тараккиёти чомеа ва дигаргуншавии мазмуну характери фаъолияти инсон муайян карда мешавад.

  1. Дар таракки додани сатхи тафаккури хонандагон:

илми равоншиносии муосир (психология) ахамияти ТИ-ро дар рушди тафаккури назарияви ва эчодиихонандагон тахлил намуда, ташаккули шакли нави тафаккур – тафаккури оператсиониро ба кайд гирифтааст;

як катор тадкикотхои равоншиноси аз он гувохи медиханд, ки хангоми истифодаи компютер дар хонандагон услуби самараноки модулию рефлексии фикррони ташаккул меёбад.

  1. Дар омодасозии хонандагон ба фаъолияти амалию мехнати:

накши ТИ дар ташаккули фарханги информатсионии хонандагон ва компонентхои омодагиашон ба тарзи нави хаётгузарони дар чомеаи информатсиони багоят бузург аст;

истифодаи методу васоити компютери хонандагонро ба давомдихии тахсил дар мактабхои касби хидоят менамояд.

Ба объектхои асосии фанни ТИ – информатсия, захирахои информатсиони, равандхои информатсионии системахои табиатан гуногун, воситахои информатикунони ва технологияхои информатсиони дохил мешаванд. Фанни ТИ хамчун илми мустакил на танхо сохаи тадкикоти, балки методхои хоси тадкикотии худро дорост.

Истифодаи ин методхо имконият медиханд, ки хосият ва конунхои умумии ходисахои мухити атроф ва чомеаро ошкор созем, тадкик ва тадбик намоем. Дар барномаи таълимии фанни ТИ чахор чихати парвариши тафаккури хонандагон пешбини шудааст:

  • чахонбини – ташаккули тасвири системавию информатсионии олам, умумияти равандхои идоракуни дар табиати зинда, чомеа ва техника;
  • технологи – ташаккули тасаввурот дар бораи компютер хамчун воситаи универсалии информатсиони, рушди саводи компютери ва фарханги информатсионии талабагон, омодасозии онхо ба фаъолияти мехнати ва идома додани тахсили касби;
  • алгоритми – инкишофи тафаккури хонандагон доир ба алгоритм;
  • тадкикоти – парвариши эчодкори ва тахлилнамои. 

Худро санчед:

  1. Информатика чи гуна илм аст? ТИ чи?
  2. Максад ва вазифахои фанни ТИ аз чи иборат аст?
  3. Объектхои асосии фанни ТИ кадомхоянд?

Ичро кунед:

  1. Мавзуъро бодиккат хонед ва предмети фанни ТИ-ро накл кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …