Главная / Гуногун / НАЗАРЕ БА ХАЧВИ ИМРУЗ (Макола)

НАЗАРЕ БА ХАЧВИ ИМРУЗ (Макола)

Истиклолияти давлатии Точикистон рухияи созандагию бунёдкориро ба миён овард. Дарвокеъ мамлакати мо дар муддати кутохи таърихи понздах сол дар аксар чабхахо ба муваффакияти назаррас ноил гардид. Бо вучуди ин чомеа имруз пур аз мушкилоту монеахо ва падидахои номатлуби ахлоки аст. Пушида нест, ки ин хама ба пояи на танхо иктиосодиёт, балки фархангу маънавиёт хам латма мезанад. Аз ин ру адибон, кабл аз хама хачвнигорон, бояд ин дардхо, нуксонхои ичтимои ва ахлокиро ошкор карда, чомеаро ба ислоху дармони онхо рахнамун созанд.

unnamedАз тарафи дигар имруз як идда одамгариро аз даст додаанд. Кисмати зиёди мардум безавку бетафовут шудаанд. Инсофу адолат кам шуда, бухлу кина меафзояд. Мушкилоти рузгори мардум зиёд асту бештар чехраи тира доранд. Имруз чоруби замона табассуми ширину чехраи кушодаи нурониро аз симои одамон руфта партофтааст. Ин хакикати зиндагист ва аз он чои гурез нест. Ва танхо хачв метавонад рухи хастаи моро ба зиндагони хамсоз гардонад. Хакикатро аз хама гуна карохатхо боло бардорад.

Бале, хачв бехтарин давои бисёр дардхост!

Абдулхамиди Самад менависад: ”Агар Худованд дар баробари пасту баланд ва шикасту рехти зиндаги, барору нобарори ва гаму андухи замон ба инсон хисси зарофат ва хачву мутоибаро арзон намебахшид, шояд умри хама дахчанд кутох мегашт… Хачву мутоибаи нозук чарохатхои зиндагиро чун табиби хозик шифо мебахшад ва нуксону качихои инсонро чун дар оина нишон медихад”.

Вокеан хам гамро ханда мекушад, бехуда Волтер нагуфта: “Механдам, то намирам”. “Як сухани хуш ба ман ду мох неру мебахшад” – гуфта буд адиби бузург Марк Твен. Ба кавли олиме «Хандаю табассум – ин даре аст, ки аз он ба мо тамоми некихои одами ворид мегардад». Дарозумртарин зани дунё Жанни Калме дарозумрии худро дар хисси зарофат донистааст. Ва гуфтааст, ки «Ман хандида мемурам». Бале, хачв пир шудан намемонад.

Абдурауф Муроди мегуяд: “Вазнинтарин силох барои ман камони абруи занам аст”.

Устод Боки Рахимзода суруда буд:

   “Фалакро бахри лабханди ту таъмири дигар кардам,

   Камарро зери поят мегузорам, як табассум кун”.

Президенти кишвар Эмомали Шарифович Рахмонов хамеша даъват ба миён меоранд, ки нависандагон бехтарин анъанахои адабиёти классикиро ривоч диханд, хамнафаси халк ва хамкадами замон бошанд.

Бо камоли эътимод метавон гуфт, ки хачвнигорон захри хаёт чашида, ин бори гаронро бо мехру садокати ватанпарасти ба манзили мурод мебаранд. Ин аст, ки хачв хам дар робита бо хаёти чомеа равнаку ривоч меёбад. Чунонки устод Атахон Сайфуллоев менависад: “Хачву мутоиба аз хикоя то киссаву роман дар давраи истиклолияти давлатии Точикистон хусусиятхои тозаи гоявию бадеи ва сифатхои эстетикии насри точикиро ба зухур оварданд”.

Аслан хачву мутоиба ва хазлу шухи падидахои хаёти маънавии халки точик мебошанд. Дар Точикистон нохия, деха ва гузару махалхоест, ки мардумонашон бо шакарбаёни, хозирчавоби ва хачву танзсарои маъруфанд. Масалан, дар Бадахшон – дарвозихо, дар Хатлон – ховалингихо, дар Вахш – ёвонихо… Хамчунин мардуми дехахои Румон – дар Хучанд, Рог – дар Масчох, Кум – дар Айни, Дахана – дар Ёвон ва Кадучи – дар восеъ бо хамсухбати худ безарофат ва шухи харф намезананд.

Чунонки нависанда Саидахмади Зардон дар маколааш мегуяд, хачвнависони точик кирои афзуда ва ородихи сахифоти рузномаву мачаллахо шудаанд.

Бале, кирои афзуда!

Ман хисоб кардам, зиёда аз си нафар.

Хикмати халки ба ёд меояд: “Нони гандум хама чо, пазандааш чо-чо”. Ва Бурхон Гани дуруст навишта: “Мутаассифона, баъзе беистеъдодхо ба хотири он хачв менависанд, ки то мардуми диёрашон “аз дехаи мо хам хачвгуй мебаромадааст” гуфта, ифтихор кунанд”.

“Истеъдоди хачвнависи нодир аст” навишта буд Бурхон Гани ва Аслам Адхам таъкид карда: “Хачвгуи аз шеъргуи кам нест, шеъргуи бо ташбеху истиораи тарзу тоза”.

Мутаассифона, дар кисме аз онхо хамон дарди кухнаи суханбози, бехудагуи, лакаббофи бештар тассаллут дорад ва ин дард бедаво шудааст. Аммо дар баробари ин, дар ин самт чунин адибонро ба монанди Мирзо Файзали, Басир расо, Махмадалишо Хайдаршо, Абдусатори Рахмон, Гурез Сафар, Саидахмади Зардон, Хакимали Назарали, Ахмадшохи Махмадшох, Имомиддин Рахими, Карим Давлат, Абдурауф Муроди, Начмиддини Шохинбод, Хикмат Неъмат, Додохон Эгамзод, Имомназар Холназар, Бахтиёри Чумъа, Саидахмади Хасан, Гафорали Сафар, Сафо Халимиро ном бурдан мумкин аст, ки тамоми эчодиёти худро ба тахкики бадеии вокеахои номатлуби чомеа бахшида, асархои хубу хондани эчод кардаанд.

Онхо бо навиштахои худ собит сохтанд, ки дар чодаи хачв каси тасодуфи нестанд. Сабки баёну хусни тасвир рангу чилои махсус дорад. Аз ин ру, хикояхо соддаю возех ва равону дилчасп мебошанд. Зиёда аз ин аз чакидахои калами онхо таровати хозирчавоби ва хушгуихои мардум ба машом мерасад.

Ба кавли устод Урун Кухзод Начмиддини Шохинбодро “исту бисташ” хачв аст. Мачмуаи нахустинаш бо унвони “Шохи гург” соли 1998 пешкаши мутолеон гардида буд. Аз хикояхои у симои рушани рухони, хассосияти хачву танз, хоса сабкхои нигорандаги, таъбиру иборахои нарму равон руи назар меоянд. Яке аз бехтарин хикоя у “Хайкали кампир” мебошад, ки дар он фош гардидани нуксонхои чомеа бо рухи нав сурат мегирад.

Хамин гуна рухияи пеш овардани сухани нав, чавхари бадеи – образхои хотирмон, ба асархои Ахмадшохи Махмадшох  низ хос аст. Ахмадшохи Махмадшох инсоне буд, ки ахлоки хамида дошт, фурутан ва шикастанафас буд.

Чихатхои мусбати танзу мутоибаи Ахмадшох Махмадшохро устод Атахон Сайфуллоев чунин ба калам додааст: “…сабки рушан ва хандаовари хачви доранд. Забони китоби бо забони халки омехта, намаки хачвиёташро расо кардааст, тири нависанда ба нишон мерасад”.

Бале, хачви у хеле рангоранг ва зарофати хос дошт. Ва зиндагиаш хам аз шуру шавки хоссе оганда буд. Вай дар мавзеъи пур аз фарозу нишеби хачв пайрохаи нав кушод ва тавассути он ру ба куллаи мурод овард. Сад афсус ки неруи хаводис рухи саркашу беороми уро аз чуш боздошт. Ва имруз ибораи “аз олам гузашт” ба у нисбати мачози дорад. Зеро Ахмадшохи Махмадшох аз худ ёд ва ёдгори наку гузоштааст. Инсоф он аст, ки харчи тезтар куллиёти у чоп шавад. Аввалан, бе шак, хар як хонанда барои худ бисёр чизхои судманд ва нуктахои пандомуз хохад ёфт. Сониян, ба чавонон манбаи илхом ва неруи завк мегардад.

Се хачвнигор – Хакимали Назарали аз нохияи Хисор, Гафоралии Сафар аз нохияи Мир Саид Алии Хамадони ва Саидахмади Хасан аз нохияи Чиликул диккати маро ба худ чалб мекунанд. Ва гуфтаи устод Атахон Сайфуллоев ба ёд меояд: “Тачрибаи хаётии нависанда дар рохи тадкику тахлил ва чамъбастхои бадеии вокеият ахамияти хоса дорад”. Агар устоди гамхоре чун устод Боки Рахимзода мебуд, ки онхоро ба пойтахт меовард, аз ин хачви точик танхо бурд мекард.

Мегуянд, ки матбуот чашми рузу мазраи умед ва хамдаму хамнафаси мост. Хакко, ки рост аст ва касе ба ин шубха надорад. Вокеан хам аксари пурсишхои печидаву бахсталаб дар нихояти кор посухи хаккониву саривактии худро танхо дар матбуот пайдо мекунад. Бо камоли бовари гуфтан мумкин аст, ки матбуот ба зухури ягон вокеа, хох он мусбат бошад хох манфи, хох бузург бошаду хох кучак бетаваччух нест. Факат бо таассуф гуфтан мумкин аст, ки дар матбуоти мо хачв гох-гохе чоп мешаванд.

Умуман дар Точикистон вучуд доштани матбуоти хачви бебахс аст. Солхои бистум бо номи “Мулло Мушфики” мачаллаи хачви мебаромад.  Мачаллаи хачвии “Хорпуштак” хеле солхо чоп шуд ва хеле обруи калон дошт. Холо ин мачалла бо кушишхои Басир Расо аз нав эхё гардид.

Соли 1998 хачвнигори шинохта Додохони Эгамзод газетаи хачвии “Лаку пак”-ро таъсис дод. Ба ин тифли навзоди матбуоти точик пири кор, академик Рачаб Амонов, Нависандахои халкии Точикистон Урун Кухзод ва Абдулхамид Самад фотиха дода, рохи сафед орзу карданд. Вале “Лаку пак” хонандаи сершумор наёфт ва чанде пас бархам хурд. Соли 2004 бошад Умед Сатторов хафтаномаи  хачвию фарахангези “Мушфики”-ро таъсис дод. Мутаассифона ин тифли навзод хам машхур нагашт, адади нашри он аз 500 нусха боло нахест ва харочоти худро пушонда натавонист. Он гох муассиси он мачбур шуд, ки дар он 16 барномаи телевизиони ва сканворду муаммохоро чой дихад. Ба ин васила адади нашри он ба 1200 нусха расид.

Хафтаномаи “Чавонони Точикистон” сахифаи “Хандарез”, “Омузгор” – “Нэшханде, нушханде”, “Наклиёт” – “Хандоханд” доранд, ки хар мох мунтазам чоп мешавад.

Хафтаномаи “Адабиёт ва санъат” сахифаи махсуси хачвии “Мушфики”-ро нашр мекунад. Аслам Адхам икрор шуда: “Ман хафтаномаи “Адабиёт ва санъат”-ро гирифта, аз аввал сарлавхахони мекунаму ба сахифаи охирин “Мушфики”, расида кироатро сар мекунам. Зеро ин сахифа кайрокест барои тезкунии теги хавсала. Рости хам, ин сабки нихоят дилхушипарвар аст. Кам мехониву бисёр меандеши”. Бояд икрор шуд, ки имруз ин сахифа хеле суст мебарояд.

Агар гуем, ки рузномахои “Чумхурият” ва “Садои мардум” соле як бор – 1 апрел – Рузи ханда хачв чоп мекунанд, хато намекунем.

Дигар хама хафтаномахо ва мачаллахои хусуси латифахои хоричиро чоп мекунанд. Чанд намуна меорем:

“Встречаются две подруги:

– Как ты можешь так изменять своему мужу?

– Как все. А что, ты знаешь другой способ?

*       *       *

Муж приходит с работы уставший и голодный.

– Жена, дай пожрать чего-нибудь!

– А где волшебное слово?

– Бегом, твою мать!

*       *       *

Беседуют две спетницы:

– А почему они разошлись?

– Никто не знает!

– Какой ужас!

*       *       *

Мужчина и женщина познакомились в купе:

– А моя, наверное, сейчас изменяет, раз меня нет дома.

– А мой, наверное, тоже.

– Давай отомстим.

– Давай.

– Отомстим еще разок?

– Угу…

– А сейчас мы будем мстить, мстить и мстить!

– Не-е-е-т! Я не такой мстительный”.

Чунин латифахо, ки ба урфу одат ва фарханги мо бегона мебошанд, аз шумора ба шумора такрор меёбанд.

Ё ин ки 1 апрели соли чори аз шабакахои аввали телевизиони Точикистон ва “Сафина” ба муносибати рузи ханда барномахое пахш шуданд, ки мардуми сохибзавкро асабониву норохат сохтанд. Хазлу ханда бояд беозору рухбахш, хадафу максадеро чун бори маъни дар худ бикашад. Аммо, мутаассифона, дар аксар сахнахои барномахои фавкуззикр, ки дар толорхои ба номи Мавлоно Чоми ва Филармонияи давлати ичро шуданд, тахкир ва алфози кабеху хароб ба гуш мерасиданд. Ин гуна хачв ба чуз нафрату малол хосиле нахохад дод. Чунонки мебинем нашрияхои хусуси ва телевизионхои давлати дар интихоби латифахо ва сахнахои хачви сахлангори мекунанд. Ин чиз боиси таассуфи зиёд аст. Вале чи илоч, ки вазъи вокеи чунин мебошад. Дар ин бора на як бору ду бор навиштаанд. Вале ахвол имруз хамон аст, ки буд. Онхо набояд фаромуш кунанд, ки хар сухан чоеву хар нукта макоме дорад.

Орзумандем, ки хар шумораи мачаллаю хафтаномахо ва телевизионхои давлати аз хачвияхову сахнахои хачвии гаронбори пурмазмун ва сермурчу каламфур саршор бошанд.

Дар понздах соли истиклолият 33 китоби хачв аз чоп баромад, ки номгуи умумии онхо чунин аст: Ахмадшохи Махмадшох – “Кач дору марез”, “Зинда будан кам аст!”, “Дасти ману домани шумо”, “Арус аз Тошканд”, “Дарро задам, девор кафид”; Саидчаъфар Сафархуча “Нешханд”; Имомиддин Рахими “Одам – шири хомхурда”; Искандари Мирзо “Мухлис набудам”; Мухаммад Субхон “Марди латтапайванд”; Додохон Эгамов “1001 ханда”; Саидахмади Зардон “Зинда бод дуруг”; Бахтиёри Чумъа “Гап байни худамон монад”; Неъмати Бобочон “Кучахандонак”; Гурез Сафар – “Ариза ба номи янга”, “Чавобак”, “Чашми сиёхта садка”, “Аз дидаву шунида”, “Лутфи Ашур Сафар”; Шерали Мусо “Дурбин”; Хакимали Назарали “Куза шикаст”; Мирзо Файзали – “Кайф аз самак то бар само”; Бурхон Гани ва Мирзо Файзали “Ба шумо дуругу ба Худо рост”; Холмурод Шарифов “Алтернатув”; Бобочони Икром “Шахри ханда”; Карим Давлат “Як лахза нахандед”; Музаффар Неъматзода “Гапхои когазпеч”; Абдурахмон Расули “Мурад камбагали”; Саидахмади Хасан “Хурусчучахо”; Сафо Халими – “Бандаи ношукр”, “Маро мешунавед, хонумхо?”, “Хикоёти латиф”; Абдурауф Муроди “Анори дона-дона”; Александр Зиборов “Симпозиум смеходелов”.

Хангоми мутолиаи китобхо мо бо тоифаи корчаллону муфтхурон, ханнотону дасисабозон, каллобону чаллобон ва косалесону мансабдорон дучор мешавем. Онхо дар сояи “таго”-хои худ фарогат карда, коидаю конуни чамъиятро помол мекунанд, дар чамъият танхо барои манфиати шаъхсии худ зиндаги ба сар мебаранд. Адибон аз руи ин ашхоси ба чамъияти мо бегона никоб канда, симои манфурашонро намоён мекунанд.

Хикояву хачвияхо ба андешахои тоза доири рузгор ва мохияти он диккати хонандаро чалб мекунад. Ва бешубха ба хонанда гизои хуби маънави мебахшанд.

Аммо ногуфта намонад, ки аз мутолиаи як идда хикояву хачвияхо хулоса метавон баровард, ки онхо дар шуур, рухия ва калби хонанда хеч таъсире намегузорад. Чаро? Пеш аз хама бояд гуфт, кисме аз хичвияхо хом ва беобу ранганд. Баъзе хикояхо дар колибхои кухна навишта шудаанд. Холо даври истиклол аст. Бисёр мафхумхо дигар шудаанд, хонандагон низ дигар шудаанд. Аз ин ру ин суханони устод Мирзо Турсунзода то имруз ахамияти худро гум накардааст: “Адибони чавони мо сохибмаълумот, сермутоилиа ва пурдонанд. Аммо лозим меояд, бори дигар такрор намоем, ки хатто чавонони болаёкат хаёти имрузаро хуб намедонанд, ба проблемахои мураккаб бо душвори сарфахм мераванд”.

Дар масъалаи сюжет, банду баст ва бадеият нисбат ба худ серталаби зохир нашудааст. Баъзе хикояхо сару нук надорад. Дар он конунхои хикоянависи риоя нашудаанд. Камбудии кисме аз хикояхо такрори мавзуъ, якрангии халли онхост. Хануз соли 1966 устод Фазлиддин  Мухаммадиев навишта буд: “Имруз вазифаи адибро хамин тарика мефахманд, ки агар у мавзуеро бо материали хатман тару тоза ба тарзи нав хал карда натавонад, аз такрор кардани чизхои обшуста бояд худдори кунад”.

Камбудии дигар, ки ба мушохида мерасад, норавонии сухан мебошад. Дар сухану гуфтори адибон ва кахрамонони асархо хеле носуфтагию нохамворихо ба назар мерасанд. Гох-гохе суханхои дагалу шеваги ва кучаги дида мешавад, ки ба гуш ноошно ва ба хуш нораво мерасанд.

Бешубха хачвнигорони мо лаёкатнок хастанд, аммо наметавон гуфт, ки ба пояе расидаанд, ки ба маслихати рафикона эхтиёч надошта бошанд. Аз хамин лихоз хуб мешуд, агар Иттифоки нависандахо мухокимаи чиддитари якчанд асархои хачвиро ташкил мекард.

Бо камоли эътимод метавон гуфт, ки истиклолияти давлатии Точикистон домани хачвро густариш дод ва имконият фарохам овард, ки хачвнигорони точик ба жанрхои калон мурочиат намоянд. Ва хушбахтона дар солхои охир адибони хачвнигор ба офаридани асархои калонтар ноил гаштанд. Дар адабиёти муосири точики эчод шудани киссахои хачви вокеаи нав аст. Аввалин кисса – “Марги судхур” (1938)-ро устод Садриддин Айни офарида буд. Сипас киссаи “Дар он дунё” (1965)-ро дар ин чода устод Фазлиддин Мухаммадиев офарид. Аз ин ру пайдоиши асархои калони хачви бе собика нест. Бо вучуди ин ба чоп расидани романи “Хайчо”-и Урун Кухзод, киссаи ”Хавас ва орзу”-и Хакимали Назарали, киссахои “Гахворабахш” ва “Мухаббати думбурида”-и Додохон Эгамов, киссахои “Дунёи сохта” ва “Раиси масхарабозон”-и Саидахмади Зардон, киссаи “Чашми рашк”-и Бахтиёри Чумъа, киссахои “Саргузашти чангии Гадомамад” ва “Устод Ширин-бобо ва чихил шогирд”-и Начмиддин Шохинбод падидаи тозаест дар насри точик.

Нух асари калони хачви!

Кам аст ё зиёд?

Ба фикрам бад нест!

Хамаи ин шаходати медихад, ки дар ин давра дар хаёти адабии мо як чушу хуруш ва болоравии эчоди ба назар мерасид. Вале бояд икрор шуд, ки хамаи ин асархо аз чихати махорат ва кимати гоявию эстетикии худ дар як поя намеистанд. Бо вучуди ин асархо пурзарофату хотирнишинанд, равон ва шавковар таълиф ёфтаанд, бо шавк хонда мешаванд ва ба кас халоват мебахшанд.

Киссахо дорои як хати сюжет буда, образи кахрамонхо колаби нестанд. Онхо аз руи накша офарида нашудаанд. Масъалахои мухими ахлоки ба миён гузошта шудааст. Адибон ба хаёт бо назари танкид менигаранд, кутохихои табиати инсон, норасихои сиришти уро мазаммат мекунанд, моро дар сари мафхуму мохияти зиндаги ба фикр кардан водор менамоянд.

Дар киссаи “Хавас ва орзу” симои манфури зани чаллоб ва марди феодал – писари у Исмоил офарида шудааст. Фалсафаи ин марди феодалро чунин ба калам медихад: “Ман зебу зинати ин хонадон хастам! “Ха”-и ман “ха-ю “не”-и ман “не” бояд бошад, тамом – вассалом!”

Исмоил пулро дар чои аввал мегузорад ва ин аст, ки ба хамсараш таъкид мекунад:

        “Бе пул суханат асар самар надорад,

        Ё охи дилат асар надорад!

Пул бошад, дилёби осон. Пул кати садта ту баринхоя дилаша меёбам. Ха! Чи сурху сафед меши?! Агар ман пул намедоштам, омада ба багалам медаромади?”.

Дар киссаи “Устод Ширин-бобо ва чихил шогирд” Начмиддин Шохинбод хаёти Ширин Бунёдро бо хиссиёти баланд ва хаячони афзун ба торхои зарофат ба тасвир овардааст. Кисса хеле ачиб огоз меёбад: “Устодон басе зиёд шудаанд. Шогирдхо низ шумора надоранд. Калимаи болохонадори мукаддаси “устод” чунон серистеъмол гардид, ки вактхои охир шофёри КАМАЗ-и хамсояи мо низ, ки аз синфи сеюм ба истехсолот рафта буд, сазовори номи “устод” гардид. Ва алами кас меояд, ки дар баробари аллома Абуабдулло Рудаки Карчабои аракнушро низ устод ном баранд”.

Дар кисса оиди истеъдод накли ачибе оварда шудааст: “Хазрати Исо-пайгамбар дар чангали бузург рох гум мекунад. Чангалбони пир хазрати Исоро обу нон дода гусел мекунад. Дар бозгашт хазрати Исо ба назди чангалбон меояд ва дар ивази некихо ба чангалбон имдод пешкаш мекунад.

Чангалбон бепарвоёна мегуяд:

– Мушкилоти маро гайр аз хазрати Исо касе хал намекунад.

– Кушиш ними илоч аст, – мегуяд хазрати Исо.

– Чанд сол боз ин дарё чангалзорро руфта мебарад. Факат кудрати худованди метавонад мачрояшро тагйир дихад.

Дар ин асно, бо садои вахшатангез дарё ба самти дигар чори мегардад.

– Боз чи мушкил доред? – пурсид хазрати Исо.

– Кухи мукобил хавфовар аст, – гуфт бо хаячон чангалбон.

Бо як ишораи хазрати Исо кух хамвор мешавад. Дар ин асно писари хурдсоли чангалбон ба хазрати Исо ру оварда гуфт:

– Ман мехохам, мисли хамон паранда овози хуш ва гуворо дошта бошам.

Хазрати Исо сукут мекунад ва бо таассуф мегуяд:

– Ин берун аз кудрати ман аст. Истеъдодро худованд медихад…”

Анчоми кисса низ хотирмон аст: “Дар дах соли охир устод хатто ба чавонхо богазаб “ман аз ту чанд курта бештар даррондаам”, гуфта наметавонад, зеро дах сол боз бо як курта мегардад…”

Беихтиёр саволе би миён меояд, ки пас чаро ин асархо шухрат наёфтанд? Аввалан, ин асархо бо адади хеле кам нашр шудаанд. Сониян, мунаккидони мо ба ин асархо тамоман эътибор надоданд, ки хуб нест. Ин киссахо эътибори чиддиро талаб дорад. Ва ба танкиди адабии мо лозим меояд, ки тамоми чараёни хаёти адабиро борик санчида, хар асари тозаро холисона тахлил карда, мавкеи хар асар ва муваффакияту камбудихои эчодии хар адибро муайян кунад.

Хачви ичтимои дар шууру дили хонанда он ангезаеро, ки адиб интизор аст хатман ба вучуд меорад. Махз ба тавассути чунин хачв адиб метавонад хонандаро ба гаму андух ва мушкилоту проблемахои халк шарик созад.

Гуфтани хачву мутоиба хунар аст, навиштани онхо хунаре волотар. Солхои охир жанри лутфу мутоибаи адибон хеле ривоч ёфт. Шоирони зиндаёд Сайидали Вализода ва Ашур Сафар дар байни ахли фазли кишвар чун адиби нуктадону хушгуфтор, зарифу базлагу маълуму машхур буданд. Бархак, чое, ки онхо буданд, он чо бозори хандаю шухи, хачву мутоиба ва зарофату латофат пурчушу гарм буд. Бахусус, хозирчавобию лутфи нозукашон дилхоро лабрези фарах ва чехрахоро хандону шукуфон мегардонданд. Лутфу зарофатхои онхо аз забон ба забон гузашта, дар сар то сари кишвар пахн шудаанд.

Имруз ба катори онхо шоири шинохта Мирзо Файзали ва хофизи махбуби мардуми Файзали Хасанов дохил гардидаанд. Як гурух нависандагон лутфу хушгуихои онхоро руи когаз оварда, ба мухлисони хачву мутоиба такдим кардаанд. Яке Гурез Сафар мебошад, ки хушгуи ва хозирчавобихои падараш Ашур Сафарро мурратаб сохта, тахти унвони “Аз дидаву шунида” интишор дод. Дар сарсухани он омада: “Кахрамони асар рузгори ачоибу гароиб дорад. У яке аз серфарзандтарин адибони мамлакат буда, ёздах писару духтарро ба камол расонидааст. Дар бисёр вохуриву сухбатхо мардум чи тавр саришта кардани ин кадар фарзандро аз шоир пурсон мешаванд. Яке аз чавобхои шоир ба ин гуна суолхо ин аст:

– Аз тангии рузгор илоч наёфта, барои ду писарам як шим харидам. Шимро барои писари хурдиям – Бахтиёр харидаму уро рози кардам, ки дар лахзаи даркори ба акааш Файз хам дихад. Хамин тавр хам шуд. Як руз гапашон мегурезаду хар ду чанги мешаванд. Файз шимро пушида, мактаб меравад. Баъди гузаштани як соати дарс Бахтиёр, ки хануз кахраш паст нашуда буд, Файзро аз синф ба берун чег зада, бо газаб “Бадар кун шими маро” – мегуяд. Файз тасмаи миёнашро кушода истода охиста арз мекунад:

– Охир тахпуш надораму…

– Хайр, бирав гум шаву дигар ба ман кор нагир! – дуг мезанад Бахтиёр.

Аз шунидани ин хикоят онхое, ки дороянд, механданду онхое, ки нодоранд, рузгори худро пеши ру оварда, ашк мерезанд”.

Вакте, ки хотираву хикояхои латифамонанди Карим Давлат бо номи “Лутфу карами Ашур Сафар” дар хафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп мешавад, онро ба Ашур Сафар нишон медихад ва узр пурсида мегуяд:

– Ба мавзуи Гурез ман хам даст задаам, лекин миёни навиштахои уву “Лутфу карами Ашур Сафар”-и банда заррае хам такрору умимият дида намешавад.

Навиштахои Карим Давлат ба устод писанд меояд, ки бо табассуми латиф дасташро афшонда мегуяд:

– Нависед, боз нависед, аз пушти Вализода, Рачаб Амону Сохиб Табару Чалиш Соат олиму Ашур Сафар шоир шуда нон ёфта мехуранд. Шумо-ку нав ду нафаред.

Баъд Карим Давлат китоберо бо номи “Як лахза нахандед!” чоп кард.

Шогирди Мирзо Файзали шоир Нуриддини Амриддин хазлу шухи ва лутфхои устодашро гирд оварда, бо номи “Лутфхои Мирзои” дар шакли китоб мураттаб сохта, ба чоп расонд. Китоб 5 шеър ва 192 шухию мутоибаи шоирро дар бар гирифтаанд.

Мачмуаи дигар дар ду дафтар, “Мегуянд, ки Файзали…” унвон гирифта, ба калами Ато Хамдам тааллук дорад, ки дар он хикояту ривоят ва мутоибаи хофизи махбуби мардуми Файзали Хасан руи когаз омадааст.

Дар бораи мачмуаи дигар устод Атахон Сайфуллоев чунин менависад: “Дигаре “Хазлу шухихои Саидали Вализода” (2004) ном дорад, ки 170 шухию мутоибахои шоир ва хофизи мумтози халкро дар бар гирифтаанд. Китоб ба калами писари рашиди у Хабиб Вализода масуб аст. Муаллиф ё мураттиб хазлу хушгуихои падари арчмандашро, ки худ хам хуб медонад, аз байни мардум чамъ овардааст. Хазлу хушгуихо табъи латифи шоир, хислатхои рангоранги одамон ва камбудихои хаёти чомеа, бемасъулиятии баъзе рохбарони махаллиро нишон медихад”.

Бале, нависандагони зирак сохтакори, дуруггуи, мунофики, фиребу найранг, ошнобози ва дигар падидахои ахлоки чомеаро зери тозиёнаи танкид мегиранд.

Нависандаи рус Владимр Галактионович Короленко гуфтааст: “Сухан пуфаки пурбоде нест, ки ба рафти вазиши бод сабук парвоз кунад. Сухан аслиха аст, аслихаи кор аст. Вазнеро бояд бар души худ дошта бошад”.

Гумон мекунам, ин суханон пеш аз хама ба чунин намудхои хачв чун латифа, масал, танз ва никиза дахл дорад. Хангоми мутолиаи ин намудхои хачв дар лаби хонанда табассуми махине медамад, дилаш мешукуфад ва лабрези фарах мегардад. Сониян эхсоси варо рангинтар месозад, пасон уро ба дунёи андеша мебарад.

Аммо вазъи латифа, мутаассифона, он кадар хуб нест. Рост, ки дар ин жанр Додохон Эгамов, Имомназари Холназар, Хакимали Назарали, Гурез Сафар, Ваххоб Одина, Хикмат Неъмат, Гаффорали Сафар бозёфтхо доранд. Онхо колаби анъанавии ин жанро ривоч дода, ба он мазмуну мундаричаи тоза бахшиданд. Аммо аз чи бошад, ки солхои охир хеле кам латифа менависанд. Ба ин жанр хеле чидди Сафо Халими машгул аст ва малакаи худро такмил медихад. Ба наздики китоби у бо номи “Хикоёти латиф” иборат аз 250 латифа бо забонхои точики, руси, англиси ва форси пешкаши хонанда гардид.

Лекин вазъи латифа хануз хеле ва хеле номутаъдил аст, сахми он дар тадкики бадеии рузгор ба дарачаи талаботи замон нест.

Дар таълифи масал танхо ду кас комёб шудаанд: Ахмадшохи Махмадшох ва Рахмат Зайдулло. То имруз 86 масали Ахмадшохи Махмадшох ва 114 масали Рахмат Зайдулло руи чоп омадаанд. Масалхои онхо рангхои рузгорро дар худ тачассум мекунанд.

Мисол аз Ахмадшохи Махмадшох:

“Зог ба бачааш гуфт:

– Дар офтоб нашин, дуструякам, сиёх мешави”.

Ва ё:

“Хор ба Гул гуфт:

– Ту як айб дори: халида наметавони”.

Мисол аз Рахмат Зайдулло:

“Кабки дарии ба дом афтода харсу пару бол мезад ва хешро маломат месохт:

– Лаънат ба нафсе, ки маро ба доми сайёд овард!”.

Ва ё:

“Чилпо руяшро турш карду гилае аз чигар баровард:

– Чи беинсофие раво дид бар ман табиат. Чил по дораму боз ба шикам мехазам.

Мурча ин гила бишниду писханд зад:

– Аз чил пои бехунар чор пои бохунар афзалтар”.

Дар танз ва накиза бештар Додохон Эгамов, Гаффоралии Сафар, Абдурауф Муроди ва Бобочони Икром комёб гардидаанд. Боиси каноатмандист, ки хар кадоме кушиш дорад, дорои сабки худ, пайрохаи хоси эчодии худ бошад. Соли чори Абдурауф Муроди китоби худро бо унвони “Анори дона-дона”, ки дар он 437 танзу накизаро гирд овардааст, пешкаши хонанда гардонд. Инчунин накизаи у “Толеъномаи омузгор”, ки дар шумораи аввали “Сафина” ба табъ расид, хеле чолиб аст.

Орзумандем, ки дустони хачнигор материалхои андухта ва таассуроти аз зиндаги гундоштаи хешро ба хонанда арз мерамоянд.

 «Ба худ хандед, то бар шумо наханданд» – гуфтаанд. Мо тамоман хандида наметавонем. Умуман чи чои гила, хандидан хам истеъдод аст. Вале имруз касе ки кулох кач монду суханхои кабех, хакоратхои болохонадор дод, одами зур шуморида мешавад. Бисёр рохбаронро мебини, ки кавокхояшон то руи биниашон овезон аст. Бо одамон хатто дуруст гап намезананд. Ин хама нукс, чурм хаст, ки бурида партофтан лозим.

Аз тарафи дигар имруз чунин ашхосе зиёд гаштаанд, ки агар як серпул ё амалдор ширро сиёх гуяд, хама тасдик менамоянд. Хеч кас намегуяд, ки «не додар, шир сафед аст». Танхо хачв метавонад сиёхро сиёху сафедро сафед иникос намояд. Вале солхои охир як раванди номатлуб кувват гирифтааст. Ранчи адибони хачнигор мавриди нафрат ва беэтинои карор мегирад. Хачнигоронро масхарабоз меноманд.

Рости гап, саргарми ташвишхои худ гардида, муддате аз холи чураам Чумъа Куддус гофил мондам. Як вакт пай бурдам, ки у хачв наменависад. Пайташро ёфта ба наздаш омадам ва пурсидам:

– Чи вокеа шуд?

Вай хомуширо авло донист. Кунчковона боз пурсидам:

– Бо сабабхои техники танаффус эълон кардед?

– Не, – гуфт у дар чавоб. – Бар хачв хатти бутлон задам.

– Чаро?

– О, пул намедиханд!

Баъд ба фикр фуру рафт ва пас аз чанд дакика бо хасрат ба суханаш давом дод:

– Ха, ба хачвнигор мушкил будааст. Хачвнигор пушту панох, ки надорад, ба кавле инам заду онам зад, пасмонда кулухам зад.

Сипас бо чиддият суханашро идома дод:

– Чанд кас маро сарзаниш карданд. Чаро худатро масхара мекуни? Парто хамин хачву масхарабозиро. Худат-ку он кадар обру надори, боз онро мерезони.

Ана, ёбу гир!

Дар холе ки лаззат бурдаанд бар вай маломат кардаанд.

Ин интикод ноши аз хадпарастии кутохназаронае аст, ки аз тангчашми мехоханд завку хунарро низ дар замири дигарон саркуб кунанд. Баъзехо аз курдили ва ё ба хотири манфиати худ неши забон мезананд. Фаромуш мекунанд, ки захри забон бадтар аз захри мори афъи аст.

Шояд аз хамин сабаб бошад, ки солхои охир Ваххоб Одина, Саидахмади Зардон, Абдурахмон Расули хам кариб ки хачв наменависанд.

Бурхон Гани навишта: “Ба майдон омадани хар марди баистеъдод барои беистеъдодхо мотам хасту барои мардони хунар туй”.

Дар чавоби ин зумраи бадандешон кофист, ки байти зерро болои сахфа орем:

        “Санги бадгавхар агар косаи заррин шиканад,

        Киммати санг наафзояду зар кам нашавад”.

Устод Сотим Улугзода дар сарсухани китоби устод Фазлиддин Мухаммадиев “Дустон точи сар!” навиштааст: “Нависанда ба хамаи кору бори мамлакатамон, хох калон бошад ва хох хурд, хох давлати бошад ва хох чамъияти, худро на танхо шарик, балки масъул хам медонад ва аз руи хамин хисси ширкату масъулият амал мекунад”.

Бале, адиб бояд ба хама кору бори мамлакат масъул бошад!

Зиёда аз ин ба кавли Абдулхамиди Самад: “…лутфу зарофат намаку шираи зиндагист ва бо хачву истехзо посух додан ба руйдодхои номатлуб камоли аклу заковат аст”.

Агар Ватан ва миллат барои мо мукаддас бошад бояд аз худ часорате ва гайрате нишон бидихем.

21 октябри соли 2006

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …