НАСРИ РИВОЯТИ

Наср каломи гайриманзум буда, як навъи асари адаби ба шумор меравад. Ин навъи асари адабии бе вазну кофия аз чониби шахсони таълимгирифта ва сохиби завку дониш гуфта мешавад. Шахсе, ки худ асари насри меофарад, нависанда ва эчодкор аст. Хамин гуна якчоя бо каламкашони асархои манзум ва сахнави ганчинаи бузурги маънави ва донишро ба вучуд меоранд, ки адабиёти бадеи мешавад.

nasr-kitob-768x335

Дар байни мардум накл, кисса, афсона, латифа, тарона ва гайра аз замонхои кадим мавчуданд, ки онхоро шахсони сохибзавк, яъне ровиёну нокилон гуфтаанд ва боз дар тули асрхо бо сухану фикру хохиши мардум сайкал ёфтаанд. Ин хазинаи бузурги маданиро эчодиёти шифохии (дахонии) мардум (фолклор) меноманд. Адабиёти бадеи дар асоси фолклор ба вучуд омадааст ва хамеша аз сухану тавсифхои он истифода менамояд.

Кадимтарин осори назмие, ки ба забони порсии дари ба вучуд омада буд, ба асри VIII тааллук дорад. Дар ин давра дар корнамоихои хокимону пахлавонони афсонави ва вокеахои таърихию саргузаштии ниёгони кавмхои эрони нажод шохномахо ва достонхои кахрамони таълиф шуда буданд. Бехтарин намунаи насри порсии дари, ки аз асри X торузгори мо мондааст, мукаддимаи «Шохномаи Абумансурист», ки соли 958 бо супориши сипахсолори Хуросон Абу-мансур Мухаммад Абдурраззок мураттаб гардида буд. Яке аз навъхои адабиёти шифохи насри ривояти мебошад, ки китобхои «Доробнома», «Хазору як шаб», «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Тутинома» ва гайра аз чумлаи онхоянд. Хусусияти ин навъи наср дар он аст, ки мусаннифони он барои ба як тарзи мураттаб ба хонанда пешниход намудани мачмуи хикоятхо ягон ривоят ё хикоятеро интихоб карда, хикоятхои дигарро бо ягон восита ба хикояти васила мепайванданд.

Хадафи асоси дар ин маврид хамон хикоятхои дохили буда, хикояти васила чун воситаи ёрирасон хизмат мекунад. Хар як асари ривояти вазифаи муайяни гоявиро адо менамуд. Мусаннифону ровиёни ин гуна асархо мекушанд, ки ба воситаи хикоятхои овардаашон бехтарин хислатхои инсониро таргиб намуда, рафтору кирдори одамони зиштро фош кунанд. Дар бештари асархои ривояти сухан аз рафтору кирдор ва амалиёти подшохону вазирон меравад.

Мазмуни баъзе хикоятхои асархои ривояти ба он далолат мекунад, ки шохон кудрату тавоноии давлатро дар адлу инсоф донанд, ба кадри ходимони илму маърифат бирасанд, шахсони окилу доно ва поксириштро ба мансабхои давлати чалб намоянд, дар халли мухимтарин корхои давлати бо ахли илму маърифат машварат кунанд, дар атрофи худ мардуми бахилу кутохандешро рох надиханд ва гайра. Хикоятхои «Разми Бурондухт бо Искандар», «Хиёнати аъроби» ва «Калимоти кохи Афредун», ки аз асархои «Доробнома»,«Хазору як шаб» ва «Синдбоднома» оварда мешаванд, намунаи бехтарини насри ривоятианд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

modar

Шеърхои бехтарин дар васфи Модар

Мухаббати модар Писар, рав, кадри модар дон, ки доим Кашад ранчи писар бечора модар. Бирав, …