Главная / Маданият ва санъат / НАСЛХОИ МЭХ (Компютер)

НАСЛХОИ МЭХ (Компютер)

Дар баробари бо суръати бенихоят баланд зиёд шудани микдори компютерхо, худи онхо низ зуд мукаммал гардонида мешуданд. Мошинхои электронии хисоб-барорро вобаста аз базаи элементи, зудкори, хачми хотира, мачмуи командахо ва архитектураашон ба наслхо чудо мекунанд. Компютерхои мавчударо шартан ба чор насл чудо мекунанд. Имрузхо барои сохтани компютерхои насли панчум низ корхои зиёде ба анчом расонида шудаанд.

komputeri-kuhnaЧи хеле ки кайд карда шуд, ба наслхо чудокунии мошинхои электронии хисоббарор амали хеле шарти аст. Масалан, компютер метавонад, ки аз руи базаи элементиаш ба як наслу аз руи хосиятхои сохтори ва имкониятхояш ба насли дигар дахл дошта бошад. Ба характе-ристикахои аз хама асосии МЭХ зудкори ва хачми хотираи фаври дохил  мешаванд. Зудкори – бо микдори миёнаи амалхои мошинии дар як сония ичрошаванда бахо дода мешавад. Хачми хотираи фаври – бо микдори калимахои мошини (такрибан разряди дуйи) чен карда мешавад. Холо ба таври мухтасар дар бораи наслхои МЭХ маълумот медихем:

НАСЛИ ЯКУМ (солхои 40-50). Базаи элементи – лампахои электрони, зудкори – такрибан 100 амал/с, хачми хотираи фаври – такрибан 100 калима, речаи истифодабари – монополи: захирахои мошини (хотира, таъминоти программави ва тачхизотии компютер) ва идоракунии он дар ихтиёри як шахс, навишти программа – забони мошини (коди дуи).

НАСЛИ ДУЮМ (солхои 50-60). Базаи элементи – тран- зисторхо, зудкори – такрибан 10 000 амал/с, хачми хотираи фаври – такрибан 10 000 калима, хачми хотираи беруни (дискхо ва лентахои магнити) – такрибан 10 млн. калима, речаи истифодабари – коркарди пакети, навишти программа – забонхои алгоритми.

НАСЛИ СЕЮМ (солхои 60-70). Базаи элементи – схемахои интегралии калон, зудкори – такрибан 10 млн. амал/с, хачми хотираи фаври – такрибан 10 млн. калима, хачми хотираи беруни – такрибан 10 млрд. калима, усули истифодабари  речаи вакти таксимкардашуда бо коркарди пакети.

ЭЗОХ:

Речаи вакти таксимкардашуда гуфта речаеро мегуянд, ки мувофики он компютер дар як вакт аз руи порсияхо (хиссахои муайяни вакти хеле хурд) дар халли якчанд масъалахо иштирок менамояд.

НАСЛИ ЧОРУМ (аз солхои 70-ум). Базаи элементи  схемахои интегралии аз хад калон. Хусусияти фарккунандаи мошинхои ин насл – микдори хеле зиёди тачхизоти коркарди информатсияи ба таври параллели коркунанда ва мавчуд

будани элементхои архитектураи нави МЭХ. Дар се насли аввалаи МЭХ асосан архитектураи анъанавии фон Нейман истифода бурда шуда буданд. Дар сохтори компютерхои ин насл алокаи зичи кисмхои техники ва программави чори карда шуд. Зудкори – такрибан як млрд. амал/с, хачми хотираи фаври – такрибан 10 млрд. калима. Усули кор – истифо-дабарии шаклхои шабакави ва алохидаи компютерхо.

НАСЛИ ПАНЧУМ. Лоихахои мошинхои ин насл дар зинаи амалишави мебошанд. Вале аллакай аз ин лоихахо ва нусхахои тачрибавии компютерхо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ин чо зудкори бо хулосабарорихои мантики омехта гардонида мешаванд. Усули истифодабари – диало-ги байни истифодабаранда ва МЭХ бо забони мукаррарии одами. Фанни программасози хамчун илм дар оянда барои истифодабарандагони МЭХ ахамияти актуалии худро гум мекунад. Дониши дар сохахои гуногуни фаъолияти инсон гункардашуда, дар хотираи компютер дар шакли базаи донишхо ва маълумотхо нигох дошта мешавад. Сахми когаз хамчун барандаи информатсия хеле кохиш меёбад.

Тасвири наслхои МЭХ-ро ба поён расонида, хотиррасон менамоем, ки тараккиёти бошиддати техникаи хисоббарорро синфи масъалахое муайян месозанд, ки онхоро илми муосир пешниход намудааст. Компютер низ, дар навбати худ, ба сохахои тадбики худ таъсири бевосита мерасонад. Техникаи кайхони, энергетикаи атоми, лоихакашии объектхои мукаммалтарини базаи информат сия ва донишро бе итифодабарии компютер тасаввур кардан амри махол аст. Амалан майдони тадбики компютер хамаи сохахои фаъолияти инсон буда, он доимо такмил ва фарох мегардад.

Саволхо:

  1. Компютерхоро аз руи кадом характеристикахояшон ба наслхо чудо менамоянд?
  2. Чанд насли компютерхоро медонед?
  3. Фарки речаи истифодабарии компютерхои насли дуюм аз якум дар чист?
  4. Хусусияти фарккунандаи компютерхои насли чорум аз дигар наслхо дар чист?
  5. Оё насли панчуми компютерхо вучуд дорад ё не? Компютерхои ин насл чи гуна компютерхоянд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Характеристикахои умумии наслхои компютерхоро дар шакли таблитса тасвир намоед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

bolisht-2

Болиштчаи диван бо гулдузи, тасма ва канаб.

Болиштчахо аз матоъхои гафси якранг ё матои гуногун (хархела) ранг, ки онхо дар якчояги тобиши …