Главная / Чамъият / НАМУДХОИ МОНИТОРИНГ ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ОНХО

НАМУДХОИ МОНИТОРИНГ ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ОНХО

Мукаррароти умуми: Доимо дар алока будани эксперти карзи бо карзгирандагони хеш, ба сари вакт муайян намудани хавфхо ва ба дар холати ибтидоии сар задании казияхо, аз чониби Бонк андешидани тадбирхои дахлдори чавоби, мусоидат менамояд.

Ин алокаи доими, тарики аз чониби эксперти карзи мунтазам назорат кардани пардохти карз аз тарафи карзгиранда  ва хамкории доими дар мухити тичорат бо карзгиранда, ба рох монда мешавад. Масалан, эксперти карзи метавонад сафарашро ба бозор, ки ба хотири харид намудан барои хонааш баъд аз соати кори ва / ё дар рузи истирохат сурат мегирад, барои ташриф овардан ба назди карзгирандагоне, ки аллакай карзро гирифтаанд, истифода намояд.

gps-scheme2

Бонк ва экспертони карзии он, бояд доимо барои муошират ба карзгирандагони хеш дастрас бошанд.  Бо эксперти карзи доштани алокаи доими, ба карзгирандагон аз он шаходат медихад, ки Бонк дар шахси эксперти карзи ба сари вакт ва пурра пардохтани карз, таваччухи зиёд доранд. Бо гузаронида шудани мониторинг, эксперти карзи доир ба карзгиранда маълумоте ба даст меорад, ки ба у ва Бонк барои мувофик гардонидани шартхои хизматрасонихои молиявии пешниходшаванда ба талаботхои дахлдори карзгирандагон, кумак менамояд.

Ба гайр аз ин, мониторинг ба эксперти карзи доир ба сифати кори карзгиранда маълумот дода, барои ба таври доими бехтар намудани натичахои он, кумак мекунад.

Бояд карзгирандагон ва карзхои онхо, мувофики талаботхои Низомномаи мазкур ва дастурамали Бонки миллии Точикистон, аз руи дарачахои гуногуни хавф дарачабанди карда шаванд. Чунин хисоботхо доир ба тавсифи хавф, дар давраи пардохти карз, асоси мониторинги карзиро ташкил медиханд.

 Намудхои мониторинг

Эксперти карзи барои хамаи карзхои сандуки карзиаш чавобгар аст. У вазифадор аст, ки мониторинги накшави ва гайри накшавии тичорат, хочагии манзили ва таъминоти гаравии карзгирандаро (дар холати зарури) гузаронад.

Мониторигхо аз чихати дарача ба ду кисм таксим мешаванд – Мониторинги стандарти ва мониторинги фавкулода.

 Мониторинги максаднок истифода бурдани карз

Барои муайян намудани чи тавр аз чониби карзгиранда истифода шудани карзи ба у чудо гардида, ба эксперти карзи зарур аст, ки ба назди карзгиранда сафари санчиши кунад. Ташрифории санчиши пас аз он сурат мегирад, ки карзгиранда мол / тачхизот ва гайраро, ки бо воситахои карзи харидори шудаанд, гирифта бошад.

Санаи чунин ташрифорихои санчиши, ба замони воридшавии молхои харидоришуда вобастаги дорад. Вале, бояд ташрифории санчиши дар тули як мох, баъд аз дода шудани карз сурат гирад.

Агар сухан дар хусуси карзхои мархила ба мархила додашуда равад, зарур аст, ки ташрифорихои санчиши баъд аз пешниходи маблаги хар як мархилаи навбати сурат гирад.

Натичахои ташрифории санчиши дар санади истифодабарии максаднок дарч мегарданд (замимаи №18). Дар санади истифодабарии максадноки карз, бояд маълумот доир ба максаднок истифода шудан / гайри максаднок истифода шудани воситахои карзи ва то кадом андоза тагйир ёфтани кобилияти карзпардозии карзгиранда, дарч гардад.

Дар холати муайян шудани гайри максаднок истифода гардидани воситахои карзи ва / ё бад шудани кобилияти карзпардозии карзгиранда, бояд эксперти карзи натичахои тафтиши худро ба Кумитаи карзи барои баррасии минбаъда ва кабул намудани карор пешниход намояд.

Санади мониторинги мукаммал ва хоно пур карда шуда ва имзо гардидаро ба парвандаи карзи медузанд.

Агар натичахои санчиш ба Кумитаи карзи барои баррасии минбаъда пешниход шуда бошанд, Пайнавишти Кумитаи карзи, ки дар он карори Кумитаи карзи дарч гаштааст, инчунин ба парвандаи карзи духта мешавад.

Мониторинги стандарти

Мониторинги стандарти аз чониби эксперти карзии масъул, бо тартиби давраги – накшави, дар асоси шартхои дахлдор ба мониторинги стандартии дар Пайнавишти Кумитаи карзи дарч гардида, вале ба хар хол на камтар аз як маротиба дар як семоха, гузаронида мешавад.

Максади мониторинги стандарти, саривакт муайян намудани казияхои пайдошуда дар тичорат ва хочагии манзилии карзгиранда, барои пешгири намудани ба таъхир афтодан ва бозпас нагардондани карз мебошад. Хангоми гузаронидани мониторинги стандарти, эксперти карзи маълумотхоро доир ба масъалахои зерин чамъовари менамояд:

а) тагйир ёфтани вазъи молияви ва дигар тагйиротхо дар тичорати карзгиранда;

б) тагйир ёфтани хавфхои бо тичорат ва худи карзгиранда алокаманди дошта;

в) максаднок истифода бурдани воситахои карзи;

г) тагйиротхои алокаманд ба таъминоти гарави ва хочагии манзилии карзгиранда;

д) дигар холатхое, ки ба тичорат ва худи карзгиранда таъсир мерасонанд.

Аз руи натичахои мониторинги стандартии гузаронидаи эксперти карзи, санади мониторинги стандарти барасмият дароварда мешавад. Мониторинги стандартии  карзхои маблагашон то 20 000 (бист хазор) доллари ИМА, бо шакли соддакардашуда гузаронида мешавад ва дар навбати худ мониторинги меъёрии карзхои маблагашон зиёда аз 20 000 (бист хазор) доллари ИМА ба таври нисбатан васеъ гузаронида мешавад. Намунаи санадхои мониторинги стандарти, дар Замимахои № 19 ва № 19(а) – и Низомномаи мазкур оварда шудаанд.

Аз руи натичахои мониторинги стандартии гузаронидашуда, эксперти карзи имконият дорад хулосахояшро дар ду шакл пешниход намояд:

а) агар натичаи мониторинги стандартии карз мусби бошад – яъне тичорати карзгиранда рушд меёбад, хавфхо зиёд нашудаанд / кохиш ёфтаанд, воситахои карзи максаднок истифода мешаванд, муносибати карзгиранда ба бонк тагйир наёфтааст ва хайрхохона боки мемонанд, карзгиранда бо эксперти карзи хамкори дорад ва барои гузаронидани мониторинг мусоидат менамояд ва гайрахо – эксперти карзи дар асоси шартномахои карзии бо карзгиранда басташуда, давом додани муносибатхои меъёриро пешниход менамояд.

б) агар натичаи мониторинги стандартии гузаронидашуда манфи бошад – яъне тичорати карзгиранда рушд намеёбад ва / ё тамоюли пастшави ба назар расад, хавфхо афзоянд, воситахои карзи максаднок истифода нашаванд, муносибати карзгиранда нисбат ба бонк куллан тагйир ёфтааст ва бо душвори бо бонк хамкори дорад, у ба гузаронидани мониторинг монеагузори менамояд / мусоидат намекунад ва гайрахо – эксперти карзи пешниход менамояд, ки муносибатхои меъёри бо карзгиранда катъ карда шуда, мониторинги факулодда гузаронида шавад, ки аз руи натичахои он Кумитаи карзи карори нихоиро доир ба карзи мазкур кабул менамояд.

 Дар намунаи санади мониторинги карзхо барои 20 000 (бист хазор) доллари ИМА, инчунин чои холие пешбини шудааст, ки дар он эксперти карзи метавонад дигар пешниходхои хешро аз руи натичахои мониторинги гузаронида шуда, дарч намояд.

 Мониторинги фавкулода

Барои талаб карда гирифтани карзи мушкилситон, экспертони карзи метавонанд усулхои гуногунро истифода намоянд, ки мухимтарин аз онхо фавран ташриф овардан ва дар холати зарури ситонидан ё худ манъ намудани истифодабарии таъминоти гарави мебошад. Усулхои иловаги дар назар доранд:

    а) Гузаронидани мониторинги фавкулода;

    б) Ташриф овардан ба назди зоминон / гарав;

    в) Ташриф овардан ба назди хешовандони карзгиранда;

    г) Ташриф овардан ба назди шарикони карзгиранда;

    д) Зангхои телефони ва истифода намудани дигар воситахои алока;

    е) Мактубхои огохкунанда – Огохинома;

    ж) Зери шубха боки гузоштани обрую эътибори намунавии карзгиранда, бо рохи хабар додан ба шахсони сеюм, доир ба кобилияти карзпардози надоштан ва беэътимодии интизоми карзгиранда (бо дарбаргирии чамоат, хамсояхо, хешовандон ва гайрахо);

    з) Катъ гардонидани Шартномаи карзи ва талаб кардани пурра пардохт намудани карз;

    и) Мусодира намудани таъминоти гаравии манкул, андешидани тадбирхои мачбуран пардохт намудан ва фурухтани таъминоти гарави;

    к) Тадбирхои хукуки, бо дарназардошти тафтишоти суди.

Мониторинги фавкулода, хангоми сар задани таъхирхо ё худ хангоми муайян шудани казияхо ва/ё бад шудани холати тичорат ва/ё хочагии манзилии карзгиранда гузаронида мешавад. Хангоми ташриф овардан ба назди карзгиранда, бояд эксперти карзи ба холати тичорат ва хочагии манзилии карзгиранда ахамияти чидди дода, тахлили оид ба хавфхо гузаронидаашро, ки пеш аз додани карз, хангоми арзёби намудани тичорат ва хочагии манзилии мазкур сурат гирифтааст ва/ё худ натичахои мониторинги каблан гузаронидашударо, ба инобат гирад.

Ба эксперти карзи зарур аст, ки сабабхои вокеии сар задани казияхои карзгиранда ва/ё ба таъхир афтоданхоро муайян кунад ва ба таври дакик омузад.

Ба эксперти карзи зарур аст, то чи андоза кобилияти карзпардозии карзгиранда ба самти манфи тагйир ёфтааст/тагйир наёфтааст, бахогузои намояд.

Бояд эксперти карзи тахлили пурраи молиявии тичорати карзгирандаро гузаронад. Дар асоси ин маълумотхо бояд у ба Кумитаи карзи андешидани тадбирхоеро пешниход намояд, ки барои пардохт намудани карзи батаъхир афтода ё худ, агар зарур бошад, ба пурра ва пеш аз мухлат баргардонидани карз ва фоизхои он мусоидат намояд.

Натичахои мониторинги фавкулода аз чониби эксперти карзи дар Санади мониторинги фавкулода дарч карда мешавад (Замимаи № 20).

 Варакахо ва хамаи хуччатхое, ки (бо дарбаргирии сиёхнависхо) дар рафти мониторинги фавкулода, барои гузаронидани тахлили сабабхои ба таъхир афтодан ва кобилияти карзпардози доштани карзгиранда истифода шуда буданд, бояд дар парвандаи карзии карзгирандаи мазкур духта шаванд.

Ташрифи якум

12.5.8. Дар худи хамон рузе, ки карзгиранда воридкунии навбати аз руи карз ва/ё худ фоизхои онро ба таъхир мегузорад, эксперти карзии масъул бояд ба назди у ташриф орад. Дар рафти ин сафари якум, ба карзгиранда доир ба ухдадорихояш оиди сари вакт, мувофики чадвал, пардохт намудани воридкунихо аз руи карз ва фоизхои он, хотиррасон карда мешавад.

Чунин ташрифхо ба назди карзгирандагон, бояд аз чониби на камтар ду нафар корманди вохиди амалиётии Бонк сурат гирад.

 Эксперти карзи бояд фахмонда дихад, ки:

            а) ба таъхир гузоштан, бинобар сабаби фоизхои мучозоти барои карзгиранда гарон меафтад;      б) одоби манфии пардохткуни имкониятхои карзгирандаро барои дар оянда такроран гирифтани карз кохиш медихад;

            в) пайомади пардохт накардан, мачбуран фурухта шудани амволи ба гарав гузошташуда мешавад, дар холати зарури, бо рохи тафтишоти суди (дар доираи конунгузорихои амалкунандаи Чумхурии Точикистон);

            г) агар ба карзгиранда дар доираи низоми дарачабанди хизмат расонида шавад, хавфи чиддии берун намудани у аз низоми мазкур мавчуд аст.

Зарур аст, ки рузи ба Бонк омада карздории мавчударо пардохт намудани карзгиранда, мувофика карда шавад. Рузи нави мувофика шудаи пардохт, то дарачаи имкон бояд наздиктар бошад. Ба санаи дигар гузаронидани санаи воридкуни, ки эксперти карзи ва карзгиранда доир ба он хангоми гузаронида шудани мониторинг ба мувофика расидаанд, аз санаи пардохти воридкунии мазкур аз руи карз ва/ё фоизхои он, бояд аз 10 руз бештар набошад. Вале, ба хар хол ба вакти дигар гузаронидани санаи пардохти воридкунии мазкур, набояд аз санаи вордкунии навбати дертар бошад. Эксперти карзи ваколатдор нест ба рузи баъд аз воридкунии навбати, аз руи чадвали пардохтхо ё худ ба бештар аз 10 руз аз санаи ин воридкуни, мувофики чадвали пардохтхо, ба батаъхиргузори рози шавад.

Хамаи он чизе, ки гуфта шуд, бояд дар санади мониторинги фавкулода, аризахои имзо гузоштаи карзгиранда (бояд ба Санад замима гарданд) инъикоси худро ёбанд ва аз чониби эксперти карзии масъул ва Кумитаи карзии вохиди амалиётии Бонк, тахти назорат карор дода шаванд.

Ба эксперти карзи ичозат дода намешавад, ки аз карзгиранда пул (накд) кабул намояд ва аз номи у ба Бонк ворид кунад. Бояд эксперти карзи карзгирандаро ба бинои вохиди амалиётии Бонк гуселонад, то ки воридкуни фавран сурат гирад.

Барои он ки ташрифи овардашуда самараи бештар дошта бошад, эксперти карзи бояд маълумотхо ва воситахои зеринро дар даст дошта бошад:

      а) нусхаи Шартномаи карзи бо чадвали пардохтхо, нусхаи шартномахои гарав ва замонати бо замимахояшон. Ин барои бо карзгиранда пеш бурдани гуфтушуниди натичабахши расми ва босаводона зарур аст;

            б) мактуби расмии огохкунанда аз номи вохиди амалиётии Бонк ва нусхаи он. Ин ба эксперти карзи имконият медихад, ки хатто дар холати дар чои худ набудани карзгиранда, ба у Огохиномаи расми гузошта равад.

Агар бо пардохт намудани карз мушкилоте пеш ояд – эксперти карзи мутмаин мешавад, ки ин батаъхирафти хатарнок мебошад ва ташрифории мазкур натичае намедихад – бояд эксперти карзи ва корманди хамрохи у рафта, фавран амволи ба гарав гузошташудаи манкулро, ки дар дасти карзгиранда аст, мусодира намоянд ва ба бинои вохиди амалиётии Бонк оварда расонад (яъне тагйир додани махалли чойгиршавии таъминот бо гарав, бо максади ба сатхи хадди акал расонидани хавфхои пайдогашта). Зарур аст, ки Санади мусодираи амволи манкул тартиб дода шуда, аз чониби ду нафар корманди сафар намудаи Бонк ва худи карзгиранда ба имзо расад, баъдан як нусхаи он ба карзгиранда дода шавад. Эксперти карзи бояд донад ва ба карзгиранда фахмонада дихад, ки хамаи ин амалхо дар доираи конунгузорихои амалкунандаи Чумхурии Точикистон ва шартномахои байни Бонк ва карзгиранда ба имзо расида, сурат мегиранд. Вале дар холате, ки агар карзгиранда гайри мукаррари рафтор кунад (тахдид намудан, гавго бардоштан, рох надодани кормандони Бонк ба манзили истикомати ва/ё ба махалли тичорат ва гайрахо), ба корманди Бонк ворид шудан ба мунокиша ва андешидани тадбирхои гайриконуни манъ карда шудааст. Бояд онхо ба карзгиранда мактуби расмии Огохкунандаро (Огохинома) диханд ва имзои карзгирандаро дар нусхаи мактуб, ба сифати тасдик доир ба гирифтани ин мактуб гиранд, ба карзгиранда пайомади ба таъхир афтодан ва амалхояшро фахмонанд. Эксперти карзи Санади мониторинги фавкулодаро тартиб медихад, ки дар он маълумотхои дар рафти мониторинги гузаронидашуда ба даст омадаанд, дарч мегарданд. Баъд аз ин, кормандони Бонк бояд ба вохиди амалиётии хеш бозгашта, доир ба натичахои сафарашон ба Рохбар ва Сардори бахши бонкдории корпоративии вохиди амалиётии Бонк хабар диханд. Баъдан чаласаи гайринавбатии Кумитаи карзии вохиди амалиётии Бонк даъват карда мешавад ва пас аз мухокима намудани вазъияти ба амал омада, доир ба тадбирхои андешидашавандаи минбаъда карор кабул карда мешавад.

Ташрифи дуюм

 Агар карзгиранда дар рузи муайяншуда карзи батаъхир афтодаро пардохт накунад, зарур аст, ки маротибаи дуюм ба назди у ташриф оварда шавад. Дар чараёни ин сафар эксперти карзи бори дигар доир ба ухдадорихои карзгиранда дар назди Бонк хотиррасон менамояд. Сипас эксперти карзи Санади нави мониторинги фавкулодаро тартиб медихад. Дар ин Санад аз чониби эксперти карзи санаи нави бо карзгиранда мувофика шудаи пардохтани воридкуни аз руи карзи батаъхир афтода ва/ё фоизхои он, дарч карда мешавад. Ба таъхир гузоштани санаи пардохт намудани воридкуни, ки доир ба он дар рафти гузаронида шудани мониторинг эксперти карзи ва карзгиранда ба мувофика расида буданд, набояд бештар аз 10 руз аз санаи пардохтани воридкунии мазкур бошад. Вале, ба хар хол батаъхиргузории мазкури санаи пардохти воридкуни, набояд аз санаи воридкунии навбати аз руи карз ва/ё фоизхои он, дертар бошад. Эксперти карзи ваколатдор нест ба рузи баъд аз воридкунии навбати аз руи чадвали пардохтхо ё худ мувофики чадвали пардохтхо аз санаи ин воридкуни ба бештар аз 10 руз ба таъхир гузоштани санаи воридкуни, рози шавад.

Ба гайр аз ин, ба эксперти карзи зарур аст, ки пешаки (то ташрифори) намунаи Шартномаи иловагиро ба шартномаи амалкунандаи гарав аз руи карзи карзгирандаи дахлдор омода созад ва онро бо худ гирад. Дар холати бо карзгиранда аз нав мувофика кардани санаи пардохти карзи батаъхир афтода, эксперти карзи ба карзгиранда оиди барасмият даровардани гарави иловаги, ба сифати амволи манкул ва/ё  замонат таклиф пешниход намуда, дар баробари ин Шартномаи иловагиро ба Шартномаи амалкунандаи гарав барасмият медарорад ва ба имзо мерасонад. Бо ин тарз, Бонк гузаштхо намуда, ба карзгиранда барои пардохтани карзи батаъхир афтодааш мухлат медихад, дар навбати худ карзгиранда бо ишора ба ичро намудани мувофикаи нав, гарави худро пурратар менамояд. Вале нихоят мухим аст, карзгиранда дарк намояд, ки батаъхир гузоштани пардохти карзи батаъхир афтода, танхо як маротиба имконпазир аст. Бояд мувофикаи нав, аз чониби карзгиранда бе чуну чаро риоя карда шавад.

Дар холати ворид намудани таъминоти гарави иловаги, бояд тартиботи мукаррарии барасмият даровардани гарав риоя гардад.

 Дар тули ин давра, хисоб кардани фоизхои мухлатнок ва чаримави идома меёбад.

Хамаи тадбирхое, ки аз чониби карзгиранда барои пардохт намудани карзаш андешида мешаванд, бояд дар парвандаи карзии у инъикос шаванд. Ба ин хотир, бояд намунаи Санади мониторинги фавкулода пур карда шавад ва хангоми ташриф овардан кайдхои дахлдор дарч гарданд. Бояд эксперти карзи хамаи бамувофикарасихо бо карзгиранда, ваъдахо ва дигар пешниходхои карзгиранда/гаравдех/ваколатдехро ба шакли хатти кайд намояд (Аризахо, Баёнотхо ва гайра).

Тавре дар боло зикршудааст, хамаи татбирхо ва кадамхое, ки бо максади пардохт намудани карзи батаъхир афтода андешида шудаанд, бояд хуччати кунонида шаванд ва ба парвандаи карзи духта шаванд.

Дар холати риоя накардани бамувофикарасии нав, ки дар хуччатгузории ташрифории санчиши (мониторинг) инъикос ёфтаанд, бояд фавран ва пурра шартхои Шартномаи карзи, Шартномаи гарав ва замонати ичро карда шаванд. Ичро накардани кадами мазкур аз нотавонии Ташкилот шаходат медихад, ки аз он карзгирандагон метавонанд суйистифода баранд. Агар сухан дар хусуси мусодира намудани амволи манкули ба сифати гарав гузошташуда равад, эксперти карзи метавонад талаб намояд, ки бо у намояндаи хадамоти кор бо карзхои мушкилситони Бонк ё худ дигар кормандони вохиди амалиёти, хамрох фиристода шаванд.

Дар холати дуру дароз, бештар аз як воридкуни тул кашидани таъхир, Рохбари вохиди амалиёти ва Рохбари бахши карзи вазифадоранд бевосита дар якчояги бо эксперти карзи, дар чараёни мачбуран пардохт намудани карздори, иштирок намоянд.

 Дар холати паи хам, дар мухлати дар чадвали пардохтхо мукарраршуда напардохтани карз, Кумитаи карзи метавонад талаб намояд, ки воситахои карзии аз чониби карзгиранда гирифташуда, пурра ва пеш аз мухлат бозпас гардонида шаванд.

Дар холате, ки дар рафти мониторинг муайян карда шавад, ки шартхои шартномаи риоя карда намешаванд ё вазъи молиявии тичорат ба таври назаррас бад шудааст, Кумитаи карзи метавонад талаб намояд, ки воситахои карзии аз чониби карзгиранда гирифташуда, пурра ва пеш аз мухлат бозпас гардонида шаванд.

Ин метавонад ба зарурати аз чониби эксперти карзи, аз руи тартиботи дар боло зикргардида, мусодира гардидани амволи манкули ба гарав гузошта шуда, оварда расонад.

Мактубхои огохикунанда – Огохинома, мактуби иддао

Мактубхои Огохикунанда – Огохинома (Замимахои №21 ва №22) ба сифати усули пардохти карз, таъсири заиф мерасонанд, вале аз нуктаи назари хукуки мухим мебошад. Бояд ба муносибатхои шахси бо карзгиранда ахамияти чидди дода шавад. Ба ин нигох накарда, зарур аст, ки мактубхои Огохикунанда, дар холати ба таъхир афтидани пардохтхо истифода шаванд. Инчунин, дар холате, ки Бонк мачбур мешавад, ба таври гайри суди ва яктарафа, бе ризоияти карзгиранда амволи манкули ба гарав гузошташударо фурушад, мактубхои Огохикунанда накши калидиро мебозанд.

Тамос бо замонатдех ва / ё гаравгузор

Дар хамаи холатхои сар задани таъхир аз руи карз, зарур аст, ки бо зоминон, гаравгузорон ва дигар шахсоне, ки ба шартнома имзо гузоштаанд, ба тамос баромада, доир ба аз чониби карзгир ичро нашудани ухдадорихояш аз руи карз хабар диханд ва бо исрор талаб намоянд, ки карз пардохта шавад. Агар кафолатдех/замонатдех, гаравгузор ё шахси дигар, ки ба шартнома имзо гузоштааст, аз ичро намудани ухдадорихои ба зимма гирифтааш даст кашад, у метавонад зери таъкиби суди карор гирад, ба мисли он ки худи карзгиранда / карзгир низ зери таъкиби суди карор мегирад.

Дида баромадани пешниходхо / масъалахое, ки бо карзхои ба таъхирафтода / мушкилситон алокаманди доранд

 Натичахои мониторинги фавкулодаи карзхои батаъхир афтода / мушкилситон, аз чониби Кумитаи карзии филиал/вохиди амалиётии Ташкилот, барои дар доираи ваколати хеш кабул намудани карор аз руи ин карзхо, дида баромада мешаванд. Тавсия дода мешавад, ки дида баромадан/барраси намудани карзхои батаъхир афтода/ мушкилситон, ба таври алохида,  то шуруъ шудани мухокимахо аз руи дархостхои карзии карзгирандагон, сурат гиранд. Новобаста аз мавчуд будани дархостхои карзии карзгирандагон ва пешниходи карзии экспертони карзи, Кумитаи карзии филиал/вохиди амалиётии Ташкилот вазифадор аст, на камтар аз як маротиба дар як хафта, барои мухокима намудани вазъи карзхои ба таъхир афтода/мушкилситон, пешниходхо оид ба пардохтани онхо ва тадбирхои минбаъд аз чониби Ташкилот андешида шаванда, чамъ шавад.

Хар як чаласа бояд муайян намояд:

  • сабабхои батаъхир афтидани пардохт аз руи карз;
  • максадхои дакик ва накшаи тадбирхои андешидашавандаро оид ба ситонидани карзхо то хафтаи оянда.

Хар як чаласаи чунин Кумитахои карзи, бояд аз баррасии Пайнавишти чаласаи кабли шуруъ шавад.

 Кумитаи карзи ва аъзоёни он, кормандони филиал / вохиди амалиётии Ташкилот, бояд накшаи амали дар чаласаи Кумитаи карзи кабул шуда ва дар Пайнавишти он инъикос ёфтаро, катъиян риоя намоянд.

Агар бештар аз 3% – и сандуки карзии эксперти карзи зери хавф (ба таъхир афтода) карор дошта бошад, бояд ин эксперти карзи хар руз дар назди Сардор ва Рохбари бахши бонкдории корпоративии вохиди амалиётии Бонк, хисобот дихад.

Агар бештар аз 5% – и сандуки карзии эксперти карзи зери хавф (пардохт аз руи карз ва/ё фоизхои он бештар аз як руз аз чадвали пардохтхо ба таъхир афтодааст) карор дошта бошад, пас чунин эксперти карзи аз минбаъд дида баромадани дархостхои карзии карзгирандагон барканор карда мешаванд. Бояд эксперти карзии мазкур, тамоми кушишу гайрати худро ба ситонида гирифтани карзхои батаъхир афтода равона созад то, ки сандуки карзии у аз 3% камтар ба хавфхо бошад.

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …