Главная / Гуногун / НАМОЯНДАГОНИ МАШХУРИ  ИЛМИ ЗАМОН

НАМОЯНДАГОНИ МАШХУРИ  ИЛМИ ЗАМОН

 Асрхои IX—X замони равнаку инкишофи тамоми сохахои илми эронихо ба шумор меравад. Аммо илм дар он замонахо хос мутаъаллик ба як кишвар ё миллати чудогона набуд, ба тамоми олами инсон мансуб буд. Аз хамин чихат, осори илми ба забони араби таълиф мегардид. Донишманди риёзидон Мухаммад ибни Мусо Ал-Хоразми (780—863), нучумшинос Ал-Фаргони (асри IX), забоншинос Сибавайхи (ваф. такр. 800) аз машхуртарин олимони замон буданд. Абдулвафо Мухаммад ал-Нишопури (940—997) дар сохаи риёзиёту нучум, Абучаъфар Ал-Хозини Хуросони (асри Х), Абулхусайн Абдурахмон ибни Умар Ас-Суфии Рози (904—987), Абулъаббос ибни Мухаммади Сарахси (ваф. 958), Абулхасан ибни Ахмади Насави дар илмхои риёзиёт ва сипехршиноси ном бароварда буданд. Риёзидон ва муначчим Абумахмуд Хамид ибни Хузори Хучанди (ваф. 1000) низ машхур буд. Махсусан сахми Абурайхони Берунии Хоразми (973—1049) чун хаким, риёзидон, ситорашинос, пизишк, файласуф, чугрофидон, таърихнигор, адиб, шоъир, мардумшинос ва лугатдон дар пешбурди сохахои мазкури дониш калон аст. Дар инкишофи илми тиб Абубакр Мухаммад ибни Закариёи Рози (850— 923) сахми бузурге дорад.

Абуали Мухаммад ибни Абулфазл Мухаммади Балъами, ки вазири Мансур ибни Нухи Сомони буд, соли 963 «Таърихи Табари»-ро аз този ба форси гардонд. Вазири дигари Сомонихо Абуабдуллох Ахмад ибни Мухаммади Чайхони бо номи «Ашкол-ил-олам» ва «Ал-масолик ва-л-мамолик» асархои пурарзише ба риштаи таълиф кашида буд. Ибни Кутайба (828—889) доир ба таърих «Китоб-ул-маъориф» ва рочеъ ба адабиётшиноси «Китоб-аш-шеъри ва-ш-шуъаро»-ро дар чандин чилд нигошта буд. Асари Абубакри Наршахи (ваф. 959) «Таърихи Бухоро» маълумоти басо нодире дар бораи Бухоро медихад. Яке аз дониш-мандони машхури асри IX Абумаъшар Чаъфар ибни Мухаммади Балхи буд, ки аввал ба чамъ овардани аходиси набави машгул гашта, дар Багдод дар 47- солаги ба омухтани риёзиёт пардохт ва, нихоят, ба омухтани нучум шугл варзида, дар ин ришта кариб 40 китобу рисола таълиф кард ва соли 886, дар синни наваду хаштсолаги, аз олам даргузашт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …