Главная / Гуногун / НАГМАХОИ ФИРЕБО

НАГМАХОИ ФИРЕБО

Бо ин намоиш чанги буд, онро на тоби дидан дошту на токати шунидан. Хамин ки титри “Изтироб” мебаромад ба баданаш мургак медавид. Садои мусикиаш ба гуши у бадтар аз таркиши бомба мерасид.

“ – Болои сухта намакоб аст ин намоиш! – бо аламу дард мегуфт вай. – Чаро ба дилхои захмин боз чарохати нав зам менамоянд?”

Аммо…

Бале, аммо он руз ин намоишро мебинад у. Зеро симои шиносеро дида, ба писараш нидо мекунад:

– Ист! Накуш! Мон!

Ха, Адолат хамон фолбинзанро мебинад. Ва чи харфу сухане мешунавад. Фолбинзанро доштаанд, чазо медодаанд, суд мекардаанд. Адолат ба дидаву шунидааш бовар намекунад. Шояд хоб мебинад. Чашмонашро сахт пушида, аз нав мекушояд.

– Чаро ба ин рох рафтед? – мепурсанд аз фолбинзан.

– Шайтон бераха кард, – дархол чавоб медихад у. – Ин хама кори шайтон аст! Лаънат ба вай, лаънат!

*       *       *

Яке аз кучахои пуродами шахри пургавго. Ана, дар канори хамин куча, дар зери чанори пир, ки баргхояш аз чангу губор хокистари шуда буданд, зани нихоят харобу логаре менишаст. Дар симояш гаму андухи бузурге накш баста. Пеши пояш чанд кутти сигор, якеаш кушода, гугирд, сакич, пуфак ва офтобпараст. Хамаи инхоро болои курси нихода, худаш руи замин нишастааст. Ва бо чашмони махзун ба рохгузарон менигарад. Бо сад умед менигарад.

Хама дар рафтуо, касе ба у нигох намекунад. Дилаш хичилу зик мешавад, чисму чонаш ба дард меояд. Хама чо тира ва хира мегардад, офтобро намебинад. Ба фикр фуру меравад.

Зиндаги аробаеро мемонад, ки зану мард онро баробар мекашанд. Мард номарди карду ру ба гурез овард. Оё зан дар танхои кудрати кашидани бори рузгорро дорад?

Албатта не!

Рузгор ба тангаш меорад. Ва у як чи-ним чи гирифта, ба савдо машгул мешавад. Аввалхо шарм медошт канори рох нишастан. Рафта-рафта одат мекунад. Холо дигар парво надорад.

Хофизае гуё дарду чами уро месуруд:

                    Абри дили ман хавои борон дорад,

                    Сузиши дилам бакои ёрон дорад.

                    Мардонагии зани замон марди бувад,

                    Чонам гами номардии мардон дорад…

Ордаш тамом шудааст. Дар бораи гушту канд хочати гап нест. Тахсил наздик, ба бачахо сару либоси мактаби лозим…

Чавоне як-ду дона сигор, чавонзане барои духтарчааш чанд дона сакич мехарад.

 – Шукр, хазор шукр! – шод мегардад, ба руяш табассум медавад.

Баъд хушнуди ба дилаш меравад. Дилаш аз фарах лабрез мешавад.

Олам зебо, дар назараш гуё хусни нав мегирад. Офтоб, одамонро медид. Гунчишкаке аз сари як шохаи дарахти болои сараш ба шохаи дигар менишаст, чирик-чирик садо медод. Хама чо зебо, дилангез, фарахафзо…

Аммо ин хама дер давом намекунад.

Хамин лахза гуё замин мекафаду аз он милитсионере пайдо мешавад. Ва чашмонашро аз косахонаашон бароварда, дахонашро пур аз хаф намуда, дашномхои кабех медихад. Ночор Адолат ба зориву тавалло медарояд. Аз ин гичину газаби милитсионер омада, хун ба сараш мезанад. Суп-сурх шуда, ба сари Адолат дод мезанад:

 – Гум шав, к…!

Овози милитсионер мисли тир аз гушаш даромада, чигарашро пора мекунад. Ранги руяш мепарад. Пойхояш суст мешаванд. Забонаш лол мегардад. Одами бисёре чамъ меояд. Хама тамошобин. Бисёрихо бо истехзову тамасхур ба Адолат менигаристанд.

– Гум шав, к…! – боз дод мезанад милитсионер.

Ва Адолат бо дидаи пурнаму дили пургам суи хонааш рох пеш мегирад. Дар чорсу лахзае истода, нафас рост мекунад. Ташна буд, арак аз сару руяш мерехт. Ин лахза чашмаш ба Мастура меафад, ки оби газдор мефурухт.

Ох, чи хел мехост, ки як истакон оби сард нушад!

Ва таспи дилашро фуру нишонад. Аммо зуд аз ин раъяш мегардад. Дилаш намешавад. Эб намебинад. Салом дода, мегузарад. Аз афташ Мастура ба як тангаи у умед дошт, ки мегуяд:

– Ха, Адолатхон, дилат ба пулат сухт?

– Не, ташна нестам, – ба Мастура нигох накарда, мегуяд Адолат.

Лахзае пас бо Раънохон ру ба ру меояд. Вай зани зебо, чехракушода, хамеша табассум мекунад. Гуё аз модар хандон ба дунё омада бошад.

– И-и-и, ба ту чи шуд? – бо тахайюр мегуяд Раънохон.

Гаму гусса лабони рангпаридаи Адолатро пушонида буданд.

– Вай ин кадар обу адо шудаи, Адолатхон? Чуб барин хушк шуда рафти-ку?!

Забони Адолат ба гуфтор намегардад.

– Ё шуят намехуронад?

– Э, руи шуям сиёх! – бо хузну андух мегуяд Адолат. – Кошки, бешуй мешудам.

– Во-ой, ин тавр нагуед, Худо нигох дорад-е! – гуё бо харос мегуяд Раънохон ва тасаллоомез илова мекунад: – Хеч гап не, шукр кунед, боз Худо ризкашро медихад.

Адолат охи дилсуз кашида, мепурсад:

– Шумо магар аз фочиаи ба сарам омада бехабар хастед?

– Не-не Адолатхон, бахудо чизеро намедонам. Тинчи-ми?

– Тинчии гуристон. Шавхарам ба Россия рафт. Ана, ду сол боз гуму гур. Номаш дар гур шура, лекин бешуи хам мушкил будааст.

– Э, не-е! Наход? Худоё, ин чи шуре буд, ки ба саратон омад Адолатхон? Охир, ба шавхари шумо хама хасад мебурданд-ку?!

– Ха-а Раънохон, – мегуяд Адолат. – Аммо афсус, ки атола дандон шикаст.

– Такдирро бинед-а? Ки мегуфт, ки шумо ба чунин гаму андух ру ба ру мешавед, Адолатхон.

– Аслаш “ханданда харсавор” мегуянд, рост будааст. Факат занхои шавхарашон ба Россия рафтаро механдидам. Шавхаратон дар он чо кайфу сафо мекунаду шумо ин чо чони саги сиёх меканед. Аммо бинед, ки ин балои бад ба сари худам омад.

– Ха-а, инро бинед-а?

– Танхои осон нест, вале чи илоч? Хазрати Бедил бехуда намегуяд:

              Зиндаги бар гардан афтодааст, Бедил чора чист?

              Шод бояд зистан, ношод бояд зистан…

– Ана хамин хел “чи илоч” мегуеду шавхаратонро аз даст медихед, – таънаомез мегуяд Раънохон.

Адолат бо остини куртааш биниашро пок карда:

– Хайр, такдирам хамин будааст, – мегуяд. – Чи кор хам мекардам? Замин сахт, осмон баланд.

– Ё тавба! – даст суи гиребонаш мебарад Раънохон. – Шумо занхои махалли танхо “ох”-у “вох”-ро медонед.

– Хайр, дигар чи кор хам мекардем?

– Гуш кун ба ман. То хол ба зиёни касе сухан нагуфтаам. Аз бешавхари сад дард аз гулуят харпанча мезанад. Ё не? Мубориза бурдан лозим! Мубориза, мубориза ва боз мубориза! Табиби хар кас худаш. Ки ба гайри худат гами туро мехурад? Хеч кас! Гуш кун, ман ба чои апаат. Ситораат ба ман хуш омад. Ман ба ту ёри мерсонам.

– Илохо барака ёбед. Як умр дар хаккатон дуо мекунам…

– Як фолбини зур хаст. Даму дуояш чунон зур, ки дарёи Варзоба чаппа мекунад. Худам шохиди зинда, ки чанд мардака аз Россия овард. Албатта ин корро бе пул намекунад.

– Охир, чи кунам, ки…

– Фахмидам, – зуд сухани Адолатро мебурад Раънохон. – Пул надори? Эх, чони апа, гам нахур. О, пул худаш чи? Чирки даст, меояду меравад. Вале одаму одамгари мемонад. Ман ба ту пул медихам.

Адолат ба риккат омада, мегуяд:

– Илохо барака ёбед. Як умр дар хаккатон дуо мекунам…

Раънохон аз хамёнаш пул бароварда, ба Адолат дароз мекунад:

– Кадом вакте ки пулдор шуди, бармегардони.

– О-о… ин чи хел мешавад, – дудила мешавад Адолат.

– Як бор ба гапам хуб гуй, – исрор мекунад Раънохон. – Гир, шавхарат, ки омад, бармегардони.

Адолат бехад шод мегардад. Гумон мекунад, ки Худо рахмашро хурда, бо одами нек ру ба ру овард. Вале Адолати содда аз кучо медонист, ки Раънохон нияту максади худро доштааст.

*       *       *

Пагохии рузи дигар хаво офтоби буду софу бегубор. Фолбинзан ба суяш як нигохи кач афканда, бо зарда мегуяд:

– Барои шавхарат омади?!

Адолат ангушти хайрат ба лаб бурда, беихтиёр мепурсад:

– Шумо аз кучо фахмидед?

Фолбинзан сар то пои уро норозиёна, бо нигох палмосида:

– Ман фолбинам! – мегуяд. – Дар олами асрор хар сире калиде дорад ва он калид дар дасти ман аст.

Сипас дарди Адолатро худаш мегуяд. Адолат лахзае лолу хайрон мемонад. Баъд охи сарде аз дили пурдард кашида, махзунона мегуяд:

– Ха, ана хамин хел нохуши.

Фолбинзан тег кашида, ба суяш менигарад:

– Ин нохуши не!

Адолат як кад парида, бетокат мешавад. Фолбинзан идома медихад:

– Ин мусибат!.. Кулфат!.. Бадбахти!

Адолат дар вазъи нохинчор мемонад. Сару руяшро араки сард пахш мекунад. Фолбинзан файласуфона мегуяд:

– Мулк бе шох, сар бе кулох ва зан бе шавхар намешавад.

Адолат ба тасдик калла мечунбонад. Фолбинзан руй турш карда:

– Хеле дер омади, – мегуяд.

Бо ин гапаш, гуё, ба сари Адолат як куза оби сард мерезад.

– Лекин… ман ба ту кумак мекунам.

Ба дили Адолат шуълаи умед медурахшад.

– Илохо барака ёбед…

– Ха, осуда бош! – бо бовари мегуяд фолбинзан. – Кумак аз мо-о… химмат аз шумо-о! Фахмо-о?

– А… ха… албатта, албатта… – гуён, Адолат дах сомонии Раънохон додаро ба пеши фолбинзан мемонад.

Фолбинзан пулро намегирад, бо як навъ хисси нафрату карохат руй ба дигар су метобад:

– Гум кун ин пулатро!

– Барои чи?

– Чи, ту мехохи маро бикуши?! – ногахон ба сари Адолат дод мезанад фолбинзан.

 Як такконе мехурад Адолат ва ба дилаш бим меафтад.

– Магар ман девона шудаам? Наход, ки ман…

– Ин пулат харом!

Ба назараш омад, ки сакфи хона ба сараш фуру рафт. Дар чояш печу тоб хурда, лахзае худро гум карда, надонист, ки чи кор кунаду чи чавобе дихад.

– Гуфтам-ку: ин пулат харом!

Ба фикри халол ё нохалол будани пул гарк буд, ки фолбинзан боз дод мезанад:

– Гум кун, хонаи маро макру нагардон!

Адолат метарсад, ки пулро бигирад.

– Гум кун гуфтам, гум кун!

Акнун фолбинзан албастии хакикиро мемонд.

– Бо пули карз парихои ман дастгират намешаванд. Пули халоли худатро биёр.

Аз хайрат бадани Адолатро араки сард пахш мекунад. Вале эътикодаш як бар сад меафзояд.

*       *      *

– Нахо-о-од?

Аввал гуё дахони Раънохон воз мемонад. Баъд ба вачд омада, мегуяд:

– Нагуфтам, ки фолбини зур аст. Не, акнун худат коил шуди?

– Ха-а, зур будааст, – андешаманд мегуяд Адолат. – Лекин пули халолро чи хел ёбам.

– Ха-а, ин масъалаи дандоншикан, – гуё Раънохон хам зик шуда, ба андеша меравад.

Адолат охи бадарде мекашад.

– Исто, ки ягон чизи фуруши дори, – мегуяд Раънохон. – Масалан, тилловори, мебел, телевизор.

– Ха, дорам, – охиста мегуяд Адолат. – Чи буд?

– Хаминхоро фурухта, шавхаратро бармегардони. Ба фикрам, ин ягона рохи халоси.

– Рост, – хурсанд мешавад Адолат. – Лекин барои фурухтани онхо вакт лозим.

– Хеч гап не, зик нашав, – мехрубонона мегуяд Раънохон. – Охир, апаат дар барат-ку. Ана, хамин апачонат мефурушад.

– Илохо барака ёбед. Як умр дар хаккатон дуо мекунам…

Нахуст чаллашро ба апааш медихад.

– Лекин…

– Чи “лекин”?

– Аввалан, ки ин кухна, сониян тез фурухтан лозим, – мегуяд Раънохон. – Барои хамин чанд суме ки карданд, медихам. Чи гуфти?

– А… ха… албатта, албатта… – гуён, Адолат рози мешавад.

*       *       *

Фолбинзан фолро бо тиловати ин дуо огоз менамояд:

– Бисмиллохир рахмонир рахим. Ба хакки хафт бисмиллох. Ба хакки ло илоха илаллох. Ба хакки Мухаммад Расулуллох. Ба хакки Баховиддини балогардон. Ба хакки Хочаи Хизри алайхиссалом. Ба хакки пирону париён. Ох, ох! Уро мебинам!..

– Киро?

– Эъ, чим шин-е! – ба сари Адолат дуг мезанад фолбинзан ва боз идома медихад: – Эъ, ношуд-е! Эъ, номард-е! Хайфи ту-е!..

– Хайфи ки?

– Хайфи шуят! – мегуяд фолбинзан. – Шуят дар огуши паризоде кайфу сафо дорад. Ох, он духтар чунон нозанин, руй мохтоб, муй офтоб! Дар огуши у шуят обу адо, на гами имруз дораду на гами фардо.

Ногох Адолат фигон мекашад. Фолбинзан базур уро ором мекунад.

– Э, ту чинни будай-ку?!

– Хо, номусулмоне! Ман ин чо хуни чигар хураму вай он чо айшу ишрат карда гардад?!

– Шуд! Ин чо чои дугу пуписа не. Ба Россия раву дугу пуписаатро кардан гир.

– Илочи уро баргардондан хаст?

– Нест!

Адолат пакар мешавад. Гуё фолбинзан як куза оби сард аз сараш рехт. Ях мебандад тамоми баданаш. Баъд ба худ меояду базур ба забон меорад:

– Охир, дар дунё кори беилоч нест-ку.

– Албатта хаст! – мегуяд фолбинзан. – Ки гуфт, ки нест. Лекин ба ту вазбинтар меафтад.

– Майлаш, – мегуяд Адолат, – чи кадаре, ки наафтад, ман рози.

Баногох фолбинзан: “Вах!” – мегуяд.

– Чи шуд? – як кад мепарад Адолат.

– Чи шуд, чи шуд? – бо кахр бини инч мекунад фолбинзан. – Парихоям ранчиданд, кахр карданд, ру тофта рафтанд.

– Барои чи?

– Хаки фолро кам доди, – бо димоги сухта мегуяд фолбинзан.

Адолат охирин пулхои ангуштаринро ба фолбинзан медихад.

– Пагох як кабза пашми бузи сафед ва ду кабза пашми бузи сиёх гирифта биё, – мегуяд фолбинзан.

Он руз Адолат боз як ангуштарашро ба апааш Раънохон медихад. Ва рузи дигар ба назди фолбинзан меравад. Фолбинзан пашми сафедро бо пашми сиёх мебофад. Баъд онро оташ мезанад. “Кокул” месухт ва дуду буйи гализи он ба фазо мепечид.

– Буй кун! – ба Адолат амр мекунад фолбинзан.

Адолат буй мекашад. Нафасаш мегардад. Паи хам чанд бор месулфад. Аз дидагонаш об чори мешавад.

– Пагох ду кабза пашми бузи сафед ва як кабза пашми бузи сиёх гирифта биё, – ба Адолат мегуяд фолбинзан.

Адолат харфе назада, аз хонаи фолбинзан бадар меравад.

*       *       *

– Шавхарат мехохад баргардад, аммо…

– Чи, Худо рози нест?

– Не, Худо рози аст, – мегуяд фолбинзан. – Вале шайтон халал мерасонад. Шайтони лаъинро дур сохтан лозим. Хамин ки шайтон дур шуд, тамом, вассалом! Шавхаратон дар хона!

Барои дур сохтани шайтони лаъин Адолат чизхояшро як-як ба апааш Раънохон медихад. Писарчааш хайрон шуда, мепурсад:

– Оча, чаро хама чизхоямонро фурухта истодаед?

– Отаатро аз Россия бармегардонам.

– Ур-ра! Отаам меояд! – аз шоди дод мезанад писарчааш.

Шаб писарчааш таб мекунад. Вай дар оташи таб месухт ва алои мегуфт:

– Ота биё! Тез биё!

– Отат меояд, писарчон, меояд, – мегуфт Адолат.

Писарчааш тез-тез нафас гирифта, мегуфт:

– Отам меояд!

Аз дили Адолат мегузарад:

– Аз афташ шайтони лаъин дур шуд!

Рузи дигар фолбинзан ба у хабари хуш мерасонад:

– Тамом, шавхарат меояд!

Адолат гул-гул мешукуфад, ки акнун орзуяш чомаи амал мепушад. Пас аз чанде аз шавхараш хат меояд. Вай дар хат Адолатро се талок дода буд.

*       *       *

Ба гуши Адолат кар-кари зог мерасад. Дар чояш истода, ба шохи дарахт менигарад. Зоги сиёхе нулашро ба навда зада, уро мепесонд. Ханги дастонаш парида, халтаи дасташ ба замин меафтад.

Зог ба холаш механдад: кар-кар… кар-кар…

– Э руят дар гур, – мегуяд Адолат ва халтаашро бардошта, рохи мешавад.

Аз назди ресторане мегузашт, ки нохост чашмаш ба ду кас меафтад. Дилаш якбора тах мекашад. Тархи чехрааш тамоман дигар мешавад. Не, вай хеч бовар намекунад? Наход ки фолбинзану Раънохон бошанд? Адолат ба онхо дурустакак синча мекунад. Рости, ки фолбинзану Раънохон!

Бадани Адолат важаррос мезанад. Чон аз дасту пояш мебарояд, халта боз аз дасташ ба замин меафтад. Охиста-охиста гуё боз чон мегирад. Фолбинзану Раънохон басо хушхол буданд. Менушиданду механдиданд.

Бори вазнини гаму кулфат пахшаш мекунад, дилаш гуё ба замин мезанад, олам пеши чашмонаш торикистон мегардад.

– Ох!

Чунон “ох” мегуяд, ки хама рохгузарон аз рох истода, ба у менигаранд. Адолат сахт фиреб хурданашро акнун дурустакак мефахмад ва газабаш чуш мезанад.

– Маккорон!.. Нобакорон!.. – мегуяд Адолат ва мехохад даромада, никоб аз руяшон бикашад.

Аммо… барои худ неруе намеёбад. Ва ду катра ашки сузон дар рухсора, мегуяд:

– Илохо чазоятонро Худо дихад!

*       *       *

Инак, дуои у мустачоб шуда буд. Адолат эхсос мекунад, ки дар вучудаш хуни гарме медавад.

– Адолат ба беадолати галаба кард! – мегуяд у аз шоди.

Ва худи хамон лахза Адолат бо барномаи “Изтироб” ошти мешавад.

 18 августи соли 2005

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …