Главная / Чамъият / НАФТ ВА ГАЗ – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

НАФТ ВА ГАЗ – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ НАФТ ВА ГАЗ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2015, №3, мод. 212)

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди, ташкили ва сиёсати давлатиро дар сохаи нафт ва газ мукаррар намуда, ба рушди  сохаи мазкур дар Чумхурии Точикистон  нигаронида шудааст.

БОБИ 1.
МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

нафт – моеи равгании сузанда, ки дар кабати такшини  замин пахн шуда,  аз омехтаи мураккаби карбогидридхо, баъзе  намудхои  сикланхо, аренхо ва пайвастагихои оксигендор, нитрогендор ва сулфурдор иборат мебошад  ва маъдани  фоиданок  ба хисоб меравад;

гази табии – карбогидридхое, ки дар  харорати муайян ва фишори муътадили атмосфери дар  холати омехтаи газмонанд карор дошта,  пас аз чудо шудани карбогидридхои моеъ хамчун гази  холис боки мемонанд;

– иншооти кубурхои интиколи нафт ва газ – мачмуи кубурхо, ки тавассути онхо нафт ва газ  ба истифодабарандагон  интикол  дода мешавад;

– хамлу накли нафт ва газ – интиколи нафт ва газ ба иншоот ва воситахои махсусгардонидашуда бо максади коркард ва истифодабарии минбаъдаи онхо;

– иктишоф – хама гуна намудхои  тахкикоти геологию геофизики, пармакунии сохтори ва параметрии  бо чустучу ва кашфи конхои нафт ва газ алокаманд;

– иктишофи сейсмики – тахкикоти геофизикии каъри замин  барои  муайян намудани  таркиб ва хачми нафт ва газ;

– худуди шартномави – худуди геологию кухии ба китъа чудокардашуда, ки дар он шахси дорои ичозатнома барои  гузаронидани корхои чустучуи, сохтмони ва истихрочии нафт ва газ тибки шартнома  хукук дорад;

– майдонхои ояндадор – майдонхое, ки сохтори геологиашон  дар натичаи омузиши геологи, иктишофи сейсмики ва арзёбии тахкикоти гузаронидашуда муайян карда мешавад;

– иншооти кубури магистралии нафт ва газ – иншооти мухандисие, ки аз кисми  хатти кубур, тачхизоти руизаминии ба он алокаманд барои хамлу накли нафту газ, инчунин кубурхо то нуктаи бор кардани нафт ва газ  иборат аст;

– амалиёти нафтугази – мачмуи корхои лоихакаши, иктишофи сейсмики ва геологи доир ба истихроч, сохтмон ва истифодабарии конхо;

– истихрочи нафт ва газ – мачмуи корхое, ки ба истихрочи нафт ва газ  аз каъри замин, коркарди онхо, аз чумла ашёи минералии дар   чойхои нигохдории муваккатии нафт ва газ алокаманд мебошанд;

– макоми ваколатдори давлати дар сохаи нафт ва газ – макоми ичроияи  хокимияти давлатие, ки танзими давлатии лоихакаши, чустучу, иктишоф, истихроч, коркард, нигохдори ва  интиколи махсулоти нафт ва газро  амали месозад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар  бораи нафт ва газ

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи нафт ва газ ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур

Конуни мазкур фаъолияти шахсони вокеи ва хукукиро вобаста ба лоихакаши, чустучу, иктишоф, истихроч, коркард, хамлу накл, нигохдори, хизматрасонии садамавию начотдихи, аз чумла назорати давлати оид ба таъмини бехатари  дар сохаи нафт ва газ фаро мегирад.

БОБИ 2.
ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ  ДАР СОХАИ НАФТ ВА ГАЗ

Моддаи 4. Хукук ба молу мулк

  1. Конхои нафт ва газ моликияти истисноии давлат мебошанд. Нафт ва гази истихрочшуда вобаста ба шартхои ичозатнома метавонанд моликияти шахсони хукуки, аз чумла моликияти муштараки шахсони вокеи ва хукукии хоричи бошанд.
  2. Молу мулке, ки тибки шартхои ичозатнома арзиши онро давлат дар намуди  нафт ва гази истихрочшуда пардохт намудааст, молу мулки давлати хисобида мешавад. Ичозатномадор хукуки истисноии истифодабарии ин молу мулкро дошта, дар давоми мухлати амали ичозатнома барои нигохдори ва истифодабарии максадноки он масъул аст.

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи нафт ва  газ

Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи нафт ва газ:

– муайян намудани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи нафт ва газ;

– тасдик намудани санадхои меъёрии хукуки доир ба сохаи лоихакаши,чустучу, иктишоф, истихроч, коркард, интикол, нигохдори ва муомилоти махсулоти нафт ва газ;

– муайян намудани  макоми  ваколатдори давлати дар сохаи нафт ва газ;

– таъсиси Фонди чумхуриявии захиравии конхои нафт ва газ;

– тасдики хайати комиссия ва Низомнома оид ба тартиби гузаронидани озмун барои додани хукуки истифодабарии майдонхои ояндадори конхои нафт ва газ;

– тасдики коидахои истифодабарии маълумоти геологи ва геофизикие, ки моликияти давлати мебошанд, барои максадхои таълими, илми, тичорати ва чихати гузаронидани тахкикоти минбаъда барои баровардани онхо аз каламрави Чумхурии Точикистон;

– мукаррар намудани тартиби ба тавозуни давлати дохил кардани захирахои нафт ва газ ва аз тавозуни давлати хорич кардани онхо;

– тасдик намудани  хатти  сохтмони     кубурхои магистрали;

– дигар салохияте, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

Моддаи 6. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи нафт ва газ

Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи нафт ва газ (минбаъд – макоми ваколатдори давлати) аз инхо иборатанд:

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон барои тасдик пешниход  намудани  лоихаи санадхои меъёрии хукуки доир ба лоихакаши, чустучу, иктишоф, истихроч, коркард, интикол, нигохдори, муомилоти махсулоти нафт ва газ;

– ихтиёрдори намудани Фонди чумхуриявии захиравии конхои нафт ва газ;

– додани ичозатнома  барои истехсол, коркард, истихрочи нафт ва газ тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият»;

– муайян намудани махдудиятхои микдории (квотахои) хамлу накли нафт ва газ тавассути намудхои наклиёт;

– муайян намудани тарзи хисобкунии меъёр ва хачми гази табии хангоми истихрочи нафт ва газ;

– муайян намудани маблаги зараре, ки дар натичаи риоя накардани талабот оид ба  истифодабарии  максадноки конхои нафт ва газ расонида шудааст;

– муайян намудани тартиби пешниходи хукуки истифодабарии майдонхо, конхои нафт ва газ барои сохтмони чоххои иктишофию чустучуи ва  истихрочу коркарди нафт ва иншооти  руизаминии вобаста ба  анчомёбии  корхои  сохтмони;

– мукаррар намудани тартиби  анчомдихии корхои тахкикотию геологи, геофизики ва илмии майдонхои ояндадор ва конхои нафт ва газ;

– тахия ва тасдик намудани коидахои бархамдихи ва боздошти фаъолияти чоххои конхои нафт ва газ;

– муайян намудани тартиби хисоботдихии геологи ва пармакунии чоххо,  оид ба сохтор ва захирахои нафт ва газ;

– ташкили низоми назорати риояи  талаботи бехатари нисбат ба  равандхои технологии истихроч, нигохдори ва  муомилоти  нафт ва газ;

– амали намудани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи нафт ва газ;

– ташкил ва гузаронидани ташхиси лоихахои хуччатхои шартномави ва бакайдгирии онхо;

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани хисоботи солона оид ба рафти ичрои шартномахо, номгуйи майдонхо, конхои нафт ва газ, руйхати иштироккунандагони озмун барои ба даст овардани хукуки истифодабарии каъри замин, инчунин хайати комиссия ва Низомнома  оид ба тартиби гузаронидани озмун барои додани хукуки истифодабарии майдонхои ояндадори конхои нафт ва газ;

– гузаронидани мониторинг ва назорати риояи ичрои шартхои  шартномахо оид ба амалиёти нафтугази;

– муайян намудани хачм ва микдори тахвили нафти хом барои коркард чихати таъмини талаботи бозори дохили ба маводи сузишвори ва тасдик намудани хуччатхои меъёрию  техники доир  ба сохаи нафт ва газ;

– мувофика намудани барномаи ичрои чорахо барои гузаронидани корхои иктишофи  сейсмики ва чустучуи бо макомоти давлатии дахлдор;

– мувофика кардани тагйирот ба барномаи солонаи корхо, ки аз тарафи  ичозатномадорон  пешниход  гардидааст;

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани номгуйи китъахои каъри замини дорои ахамияти стратеги  (нафт зиёда аз 2 миллион тонна ва газ зиёда аз 1 миллиард метри мукааб);

– таъмини истифодабарии максаднок ва самараноки китъаи каъри замини  ахамияти стратегидошта;

– дигар ваколате, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

Моддаи 7. Тартиб, шартхо, мухлати ичро ва худуди  шартномави

  1. Тартиби ба имзо расонидан, ичро  намудан, тагйир додан ё катъ кардани шартномахо оид ба истифодабарии каъри замин тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  ба танзим дароварда мешавад.
  2. Шартнома оид ба гузаронидани корхои иктишофи ба мухлати то 5 сол ба имзо расонида шуда, дар холатхои зарури  тамдид  мегардад.
  3. Ичозатномадорон барои тамдид намудани мухлати ичрои шартнома хукуки афзалиятнок доранд, ба шарте ки аз тарафи онхо ухдадорихои дар шартнома  муайянгардида ичро шуда бошанд.
  4. Дар холати муайян шудани захираи нафт ва газ  ичозатномадор хукук дорад, ки барои тамдиди мухлати ичрои шартнома то арзёбии тичоратии нафт ва  гази  кашфшуда  ба макомоти  дахлдор мурочиат намояд.
  5. Худуди шартномави метавонад як ва ё якчанд майдонро дар бар гирад. Майдони ба сифати худуди шартномави  чудокардашуда бо майдон ва чукурии муайянкардашуда махдуд карда мешавад.
  6. Агар дар рафти амалиёти  нафтугази маълум гардад, ки сархади чугрофии кон аз худуди шартномави  берун мебарояд, масъалаи  мазкур аз тарафи макоми ваколатдори давлати хал карда  мешавад.
  7. Шартхои баргардонидани худуди шартномави ба холати аввала дар шартнома муайян карда мешаванд.
  8. Баргардонидани кисмхои худуди шартномави  бо рохи аз нав барасмиятдарории китъаи геологии чудокардашуда бо ихтисор кардани кисмхои баргардонидашуда аз худуди шартномави  ва шартнома амали карда мешавад.

 

БОБИ 3.
ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ КОРХО ОИД БА ОМУЗИШИ ЗАХИРАХО ВА ИСТИХРОЧИ НАФТ ВА ГАЗ

Моддаи 8. Хусусиятхои пешбурди корхо оид ба омузиши захирахо ва  истихрочи нафт ва газ

Ичозатномадор  оид ба омузиши  захирахо ва истихрочи нафт ва газ дар худуди  китъаи замини чудошуда ухдадор аст:

– пешбурди корхоро дар асоси лоихахои тасдикшуда тибки стандартхо, коидахо ва меъёрхои тасдикгардида амали намояд;

– нишондихандахои кухию техники ва  геологию физикии каъри замини нафт ва газдошта, таркиби нафт, газ, конденсати газ ва омехтахои ба он хамрохро муайян намояд;

– тарзу усулхои омузиши геологии сарватхои зеризаминиро, ки талафшави ва пастшавии сифати нафт ва газро дар каъри замин пешгири мекунанд, чори  намояд;

– мувофики дастурамалхои сохави корхоро дар чоххо ва дигар иншоот, ки истифодаи минбаъдаашон  самаранок намебошад,  катъ намояд;

– корхои бехатариро пеш барад;

– заминхои дар натичаи амалиёти  нафтугази зарардидаро баркарор намояд;

– хангоми кашфи конхои нафт ва газ макоми ваколатдори  давлатиро  бетаъхир огох намояд;

– сарватхои  зеризамини ва мухити зистро хифз кунад;

– лоихаи сохтмони анборхои нафт ва газро бо макоми ваколатдори давлати  мувофика намояд;

– баъд аз муайян гардидани хачми захирахои нафт ва газ лоихаи тарзи истифодабарии конхоро тахия карда, барои мувофика ба макоми ваколатдор дар сохаи бехатарии саноат пешниход намояд;

– барои истифодабарии сарватхои зеризамини бо максади чустучу ва баходихи пас аз  анчоми корхои геологию иктишофи сейсмики маълумотхоро оид ба таксими махсулот дар созишнома нишон диханд.

Моддаи 9. Чудо намудани китъахои замин бо максади истихрочи нафт ва газ

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон хангоми чудо намудани китъахои замин бо максади пешбурди корхои геологи, омузиши, лоихакаши, коркард ва истифодабарии каъри замини нафт ва газдошта дар  мадди аввал шартхои зеринро мегузорад:

– афзалияти истифодабарии  китъаи замини барои  намуди муайяни фаъолият чудошуда;

– таъмини бехатарии  экологи  ва хифзи мухити зист;

– афзалиятнокии заминхои таъиноти кишоварзи ва таъиноти дигар, ки тибки Кодекси замини Чумхурии Точикистон истифодабарии онхо ба дигар максадхо ичозат дода намешавад ва ё махдуд карда шудааст.

  1. Муносибатхое, ки байни сохибмулк ва истифодабарандагони китъахои замин оид ба коркард ва истифодабарии каъри замини нафт ва газдошта ба миён меоянд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 10. Баркарор кардани китъахои замине, ки барои пешбурди корхои геологи оид ба  омузиши захирахои нафт ва газ чудо карда шудаанд

  1. Ичозатномадор ухдадор аст, ки китъаи замини барои истихрочи нафт ва газ истифодашударо ба холати аввала баргардонад, инчунин чуброни талафи махсулоти кишоварзиро тибки талаботи  Кодекси замини Чумхурии Точикистон пардохт намояд.
  2. Пеш аз мухлат даст кашидани шахси ичозатномадор аз истифодабарии китъаи замини ба у барои пешбурди корхои иктишофи каъри замин чудокардашуда,  хадди акалли хатмии корхои  иктишофиро кам намекунад.

Моддаи 11. Талаботи асоси оид ба истифодабарии конхои нафт ва газ

  1. Талаботи асоси оид ба истифодабарии конхои нафт ва газ аз инхо иборат мебошанд:

– таъмини бехатарии экологи ва хифзи мухити зист;

– бунёди сохтори чох, ки хифзи боэътимоди кабатхои нафтдихандаи заминро таъмин мекунад;

– таъмини бехатарии пешбурди корхо ва  назорати сохтмон ва истифодабарии чоххо;

– пешгири  ва бартарафсозии фавворахо;

– таъмини бехатарии кубурхои интиколии  байни конхои нафт ва газ;

– чори намудани низоми чамъоварии нафт ва газ ва нигохдории фишори  кабатхои нафтдиханда;

– истифодабарии техника, технология ва усулхои муосири  истифодабарии кабатхои нафтдихандаи замин барои вусъат бахшидан ба истихрочи нафт ва газ.

  1. Дар як иншоот якчоя истифода бурдани маводи геологие, ки чудокунии техники ва технологии онхо бе ташкили низоми боэътимоди ченкунии нишондихандахои технологи дар алохидаги гайриимкон аст, манъ мебошад.

 

БОБИ 4.
ИНШООТИ КУБУРХОИ МАГИСТРАЛИИ ИНТИКОЛИ  НАФТ ВА ГАЗ

 

Моддаи 12. Муносибатхои шахсони хукуки – истифодабарандагони кубурхои магистралии  интиколи нафт ва газ бо истехсолкунандагон

Муносибатхои  шахсони хукуки – истифодабарандагони  кубурхои магистралии интиколи нафт ва газ бо истехсолкунандагон дар каламрави Чумхурии Точикистон дар асоси шартнома танзим карда мешаванд.

Моддаи 13. Лоихакашии иншооти кубурхои магистралии интиколи нафт ва газ

  1. Лоихакашии иншооти кубурхои магистралии интиколи нафт ва газро ташкилотхое, ки ичозатнома доранд, ичро менамоянд.
  2. Экспертизахои экологи, иктисодию техникии хуччатхои лоихави барои сохтмон ва тачдиди иншооти кубурхои магистралии интиколи нафт ва газ бо тартиби мукаррарнамудаи макоми давлатии дахлдор муайян  ва гузаронида мешаванд.

Моддаи 14. Тартиби  истифодабарии иншооти кубурхои магистралии интиколи нафт ва газ

  1. Сохибмулкони иншооти кубурхои магистралии интиколи нафт ва газ дар мувофика ба Хукумати Чумхурии Точикистон метавонанд иншооти кубурхои магистралии интиколи нафт ва газро аз истифодабари бароранд ё самти истифодаашонро тагйир диханд. Дар сурати дастрас намудани чунин розигии Хукумати Чумхурии Точикистон онхо хукук пайдо мекунанд, ки иншооти мазкурро фурушанд, таъиноти истифодабариашонро иваз ё тачзия намоянд.
  2. Сохибмулкони иншооти кубурхои магистралии интиколи нафт ва газ хукук доранд иншооти худро мустакилона ва ё дар асоси шартномахои интиколи нафт ва газ барои пешбурди хочагидори  истифода баранд.
  3. Истифодабарии  кубурхои магистралии интиколи нафт ва газ дар асоси  ичозатнома амали  карда мешавад.
  4. Истифодабарандагони кубурхои магистралии интиколи нафт ва газ ухдадоранд корхои зеринро ба анчом расонанд:

– гузаронидани назорати ташхисии холати техникии кубурхои магистралии  интиколи нафт ва газ тибки коидахои техники;

– бахисобгирии хачми нафт ва гази тавассути кубурхои магистрали интиколшаванда.

 

БОБИ  5.
ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ИСТИФОДАБАРИИ ИНШООТИ ИСТИХРОЧ  ВА КУБУРХОИ МАГИСТРАЛИИ ИНТИКОЛИ НАФТ ВА ГАЗ

Моддаи 15. Талабот оид ба бехатарии истифодабарии иншооти истихроч ва кубурхои   магистралии интиколи нафт ва газ

Талаботи асоси оид ба таъмини бехатарии иншооти истихроч ва  кубурхои магистралии интиколи нафт ва газ инхо мебошанд:

– истифодабарии иншооти  истихроч ва  кубурхои магистралии интиколи нафту газ ва таъмини нигохдории воситахои бехатарии онхо мутобики лоиха, меъёрхо, коидахо ва шартхои техники;

– ба лоиха ворид намудани меъёрхо, шартхои техники, коидахо ва чорабинихои махсус оид ба таъмини бехатарии фаъолият;

– пешгири  намудани  окибатхои  холатхои садамавии эхтимоли;

– манъ кардани дахолати шахси бегона ба фаъолияти иншооти истихроч ва кубурхои магистралии интиколи нафту газ, ки ба эхтимоли  халалдоршавии бехатарии кори онхо оварда мерасонад;

– гузаронидани экспертизаи давлати оид ба арзёбии дарачаи бехатарии иншооти истихроч ва  кубурхои магистралии интиколи нафту газ дар давраи лоихакаши ва ба истифода супоридани он;

– таъмини назорати истифодаи бехатарии иншооти истихроч ва кубурхои магистралии интиколи нафту газ ва холати техникии  онхо;

– тибки тартиби мукарраргардида гузаронидани санчиши  малакаю дониши коргарони хизматрасон дар китъахои хатарнокиашон баланд;

– гузаронидани экспертизаи экологии давлатии хуччатхо оид ба арзёбии дарачаи таъсиррасонии иншооти истихроч ва кубурхои магистралии интиколи нафту газ  ба мухити зист.

Моддаи 16. Ташкили корхо доир ба бартарафсозии окибатхои садама

  1. Ичозатномадорон барои истифодабарии кубурхои магистрали ухдадоранд барои бартараф намудани окибатхои садамае, ки сабаби вайроншавии иншооти мазкур мегардад, бояд чорахои бетаъхиру самаранок андешида, оид ба ин холат макоми давлатии дахлдорро хабардор намоянд.
  2. Ичозатномадорон барои истифодабарии кубурхои магистрали харочоти зарари ба шахсони вокеи ва хукуки расонидашударо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн менамоянд.

Моддаи 17. Тартиби истифодабарии китъаи замин аз тарафи шахсони хукукии дорои  кубурхои магистралии интиколи нафт ва газ

  1. Шахсони хукукии дорои кубурхои магистралии интиколи нафт ва газ дар худуди китъаи замини чудошуда бо назардошти минтакаи мухофизати хукук доранд, корхои хизматрасони ва таъмири асосии тачхизот, пешгирии садамахо ва бартарафсозии окибатхои онхоро тибки  конунгузории Чумхурии Точикистон амали намоянд.
  2. Лоихахои ахамияти чумхуриявидошта барои чудо намудани китъаи замин  дорои хукукхои афзалиятнок мебошанд. Китъахои замин барои сохтмони иншооти  кубурхои  магистралии интиколи нафт ва газ тибки талаботи Кодекси замини Чумхурии Точикистон чудо карда мешаванд.

 

БОБИ  6.
МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи  18. Тартиби халли бахсхо

Бахсхо аз тарафи суд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд.

Моддаи 19. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                         Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 18 марти соли 2015,

№ 1190

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …