Главная / Чамъият / Муваккатан ба кори дигар гузаронидани зани хомила ва заноне, ки кудаки то як солу шашмоха доранд

Муваккатан ба кори дигар гузаронидани зани хомила ва заноне, ки кудаки то як солу шашмоха доранд

Моддаи 221-и Кодекси Мехнат. Муваккатан ба кори дигар гузаронидани зани хомила ва заноне, ки кудаки то як солу шашмоха доранд

  1. Корфармо дар асоси хулосаи тибби ухдадор аст, зани хомиларо бо нигох доштани музди миёнаи мехнат ба дигар кор гузаронида, таъсири омилхои истехсолии зарарнок ва хавфнокро истисно намояд.
  2. То додани кори дигар ба зани хомила, ки таъсири омилхои истехсолии номусоидро истисно менамояд, у аз кор бо нигох доштани музди миёнаи мехнат барои хамаи рузхои кории гузаронидашуда аз хисоби корфармо озод карда мешавад.
  3. Занони кудаконашон то як солу шашмоха дар холатхое, ки ичрои кори онхо барои модарони кудакашон ширмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмакони имкон намедихад, то ба синни як солу шашмоха расидани кудакашон ба кори дигар гузаронида шуда, мохонаи миёнаашон аз руи кори пештараи онхо дода мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …