Главная / Маданият ва санъат / Муссамматхои Сайидои Насафи

Муссамматхои Сайидои Насафи

Муссаммат дар эчодиёти Сайидо пас аз газал, дар чои дуюм меистад, ки аз 1050 байт иборат аст. Сайидо бештар ба газалиёти Хусрави Дехлави, Камолу Хофиз, Чомиву Хилоли, Калиму Толиб, Мухташами Кошиву Соиби Табрези, Мушфикиву Урфи муссаммат бастааст. Худи хамин чуръати Сайидо гувохи он аст, ки у дар эчоди муссаммат устод мебошад, зеро ба газалиёти шоирони дарачаи аввали адабиёт тазмин бастааст. Шоир голибон дар ин кор ба эчодиёти Соиб ру оварда, бештар ба газалхои Соиб тазмин бастааст.

Муссаммат навъе аз шеъри тасмит (мусаммат) буда, аз бандхои 3-10 мисраи иборат аст. Он метавонад аз 5 ё 6 банд иборат бошад ва ду навъ мешавад: яке муссаммати мустакил, ки пурра эчоди худи шоир аст ва дигаре се мисраъ аз худи шоир ва ду мисраи дигар аз шоири муосир ё салаф аст.

Муссаммат бо он характернок аст, ки банди якуми он пурра хамкофия; а, а , а ,а , а, а бандхои минбаъда чахор мисраъ хамкофия ва мисраи панчум ба банди аввал хамкофия мешавад. Масалан, «Намонд»-ном муссаммати мухаммаси Сайидо ки бар газали Соиби Табрези (1603-1677) баста шудааст:

Арбоби чудро[1] кафи гавхарфишон намонд,

Дасти кушодае ба мухиту ба кон намонд,

Дар рузгори мо зи мурувват нишон намонд,

«Аз химмати баланд асар дар чахон намонд,

Як сарв дар саросари ин бустон намонд»,

То чугзтинатон ба фазои чаман шуданд,

Чун сабза сояпарвари сарву суман шуданд,

Гулхо зи баски хамдами зогу гаган шуданд,

Мургони нагмасанч чалои ватан шуданд,

Чуз байзаи[2] шикаста дар ин ошён намонд.

Аз ахли дил намонд дар ин хокдон нишон,

Бастанд обу оинаи рахти худ аз миён,

Хуршед гуфт вакти видоаш ба осмон,

«Равшанило чу барк гузаштанд аз миён,

Хокистаре ба чой аз ин корвон намонд.

Аз дидаи басирати[3] мо хоб шуд равон,

Абёт аз сафина[4] чу симоб шуд равон,

Тахрир аз сахифа чу хуноб шуд равон,

«Аз чашми сурмавори давот об шуд равон,

Ширинзабонии калами нуктадон намонд».

Эй Сайидо, ту дил ба амкоми начот каш,

Пой аз миёни тоифаи бесубот каш,

Чун Хизр рахти хеш ба оби хаёт каш,

«Соиб, забони хома ба коми давот каш,

Имруз чун суханталабе дар чахон намонд».

Дар муссаммати мухаммаси мазкур байтхои дар нохунак (« ») гирифташуда моли Соибанд. Намунаи боло далели он аст, ки хусусиятхои шакли ва мундаричавии абёт комилан риоя шудаву аз сохибистеъдод будани хар ду шоир шаходат медихнд.

Аз сабаби дар газалхои Сайидо охангхои ичтимои садои кавитаре доранд, ин холат дар мухаммасхои ба газалхои шоирони дигар навиштаи у то андозае хис карда мешавад Яъне Сайидо ба газалхои комилан ошикона низ то дарачае охангхои ичтимоии пукуввате ворид сохтааст. Масалан дар муссаммати мухаммаси Сайидо, ки бо радифи «Намонд» бар газали Соиб иншо шудааст, хеч гумон намеравад, ки абёти ду адаб бошанд, зеро вазн, радифу кофияхо, мазмуну мундарича, мавзуъ, хусусиятхои сабки ва гайра комилан баробаранд ва чанбаъхои хунарии он низ яксонанд. Хол он ки дар ин навъи шеъри то дарачае эчодкори муссаммати мустакилу озод нест.

Дар навъи дуюми муссаммат мо комилан озод будани шоирро мушохида менамоем. Барои намуна як муссаммати мухаммаси мустакили Сайидоро зикр намуда, оид ба санъати назми у аз намунаи мазкур натичагири хохем кард:

Дидаро умре ба мардум ошно кардам, нашуд,

Синаро оинаи сидку сафо кардам, нашуд,

Бо баду неки чахон ахду вафо кардам, нашуд,

Дар дили хар кас зи руи мехр чо кардам, нашуд,

Хонаи шоди ба руи хеш во кардам, нашуд.

Муддате чун соя будем дар кафои шайху шоб,

Рузгоре хамншин будам ба минову шароб,

Сар ба танхои барорам баъд аз ин чун офтоб,

Поси хотир то ба кай дорам дар ин дайри хароб,

Бо каландар шурбу бо зохид риё кардам, нашуд.

Мехрубонихо намудам дустони хешро,

Ёр бо мадху санно кардам забони хешро,

Чун калам гуям манакнун достони хешро,

Хоки пок хар як аз хамсухбатони хешро,

Солхо дар дидаи худ тутиё кардам, нашуд.

Мачлиси агёр равшан кардааст он майпараст,

Эй мусулмонон, чи бояд кард бо он шухи маст?

Дар фироки зулфи кофаркеш мехурдам шикаст,

Обруи рафтаро мехостам орам ба даст,

Дар харими Кааба чандоне дуо кардам, нашуд!

Сайидо, дорам дили чун гунчаи гул пур зи хун,

Кавкаби бахтам дар об афтода, толеъ шуд забун,

Меравам, занчир дар по, дар биёбони чунун,

Баски ноком аз дили офок афтодам бурун,

Кимати худро ба нархи хоки по кардам, нашуд.

Албатта, муссаммат аз нимахои дуюми асри XIII зухур карда, дар асри XV хар ду навъи он хеле инкишоф кардааст ва дар ин аср (XV) хусусан устод Чоми онро басо ривоч додааст. Сайидо суннати адабии мазкурро дар асри XVII тахаввули махсус бахшида, онро аз нигохи мазмуну мухтаво тозагихо ворид сохт

Чунончи, ба газали зерини Соиб муссаммати мухаммаси «Гаме дорам»-ро бастааст, ки

Сари пуршуру чисми логару пушти хаме дорам,

Дар ин води фаровон дарди бедармон гамдорам,

Парешонхотирам имруз гуё мотаме дорам,

«Лаби хушку дили хунину чашми пурнаме дорам,

Нигах дорад Худо аз чашми бад хуш оламе дорам»

Агар гул дар замини дил нишонам, хор меруяд,

Нихоли сабз корам, неш аз гулзор меруяд,

Маро аз сина дил хамчун забони мор меруяд,

«Ба чои чавхари оинаам зангор меруяд,

Гуворо бод айшам хуш бахори хурраме дорам»,

Ба гардун тири охи хастагон созад асар, Соиб,

Барояд эхтиёчи Сайидо аз чашми тар, Соиб,

Чу шабнам гаштаам аз пеши худ сохибназар, Соиб,

«Зи рози осмонхо чун набошам бохабар, Соиб,

Ки ман аз косаи зонуи худ Ч,оми Ч,аме дорам».

Шоир дар ин навъи ашъор низ ба пахлухои гуногуни зиндаги, ба мавзуъхои мухталифи рузгори инсон дахолат менамояд. У дар хама гуна холату вазъият аз ноадолатихои рузгор шикоят дорад ва ба хамин мазмун газал меёбад ва муссаммат мебандад, ки дар мантики оддии ифода, ба хам омадани андешахои шуарои точик дар асрхои гуногун, дар мухиту замонхои мухталиф аст. Чунончи, боз дар хамфикри бо Соиб мегуяд:

Дар чаман имруз булбул масти гуфтори худ аст,

Кабк дар кухсорхо дар банди рафтори худ аст,

Сарв магрури каду гул махви рафтори худ аст,

«Хар киро бинам дар ин олам гирифори худ аст,

Кори хак дар токи насён монда дар кори худ аст»,

Рузгоре шуд, ки дар вайронае хастам муким,

Мекунам пайваста ёд аз ахди ёрони кадим,

Ин нидо омад урун аз хоки Мусои Колим,

«Хизр осудаст аз таъмири девори ятим,

Хар касеро руй дар таъмири девори худ аст».

Хонабардушем моро хочати дастор нест,

Пайкари моро либоси тозае даркор нест,

Сайидо, моро назар ба чашми дунёдор нест,

«Чашми Соиб чун садаф бар абри гавхарбор нест,

Зери бори миннати табъи гухрбори ман аст».

Яъне Миробид Сайидои Насафи дар тахаввули жанри муссаммати мухаммас ва махсусан дар гани гардонидани мазмуну мухтавои он рисолати таърихии хешро адо кардааст.

«Шахрошу(5»-и Сайидо ва сохтори он, тасвири хунармандон Дар ин
асар.

«Шахрошуб»-и нахустин ба калами шоири асри XI точикзабони хинд Масъуди Саъди Салмон тааллук дорад. Махастии Ганчави, Хусрави Дехлави, Сайфии Бухорои, Огахи, Мирмухаммади Хошим, Мавлоно Озари ва бисёр дигарон навъхои гуногуни шахрошуб навиштаанд.

Сайидо дар асри XVII суннати эчоди чунин асарро эхё кард, ки яке аз хидматхои дигари адиб дар таърихи адабиёт мебошад. «Шахрошуб»-и Сайидо дар навъи муайяни адаби (газал, касида, китъа, рубои…) навишта намудааст ва аз ин ру, асари шоир дар шакли худ озод аст. «Шахрошуб»-и Сайидо аз омезиши шаклхои гуногуни шеъри иборат мебошад. Аз ин нигох бунёди «Шахрошуб»-и Сайидоро байтхои фард ташкил медиханд ва хар як байт як шеъри мустакил аст. Бинобар хамин хам асар вазни ягона низ надорад ва дар вазнхои гуногун навишта шудааст.

Миробид Сайидои Насафи дар «Шахрошуб» намояндаи касбу корхои гуногун мисли: заргар, бофанда, кулоли, танбури, каннод, хиштпаз, музадуз, чарчинфуруш, токидуз, деворзан, кабобпаз, халвогар, дарзи ва гайраро хеле устодона тасвир кардааст. Дар ин асари шоир хамаги 212 нафар намояндаи касбу хунар ба таври хазломезона васф карда мешавад.

«Шахрошуб» нишон медихад, ки Сайидо то кадомин поя бо мардуми мехнати, бо табакахои ичтимои-истехсолии чамъият наздик аст. Ба мардум, ба нозукихои кору пешаи онхо ба рузгору зиндаги ба муносибату рафтор ва гуфтору фаъолияти онхо аз наздик ошно мебошад.

Асар арзиши адаби-хунари низ дорад, зеро аз чониби шоири тавоно, сухансанчи сохибистеъдод руи кор омадааст. Санъати суханофаринии адиб, хунари эчоди санъаткор, сабки нигоришу шеваи таълифи Сайидо дар ин асар то ба хадде хусусияти халки гирифтааст.

Чунончи:

Дилбари халвагарамро хаст теге дилхарош,

Аз гами у коматам хеле гашт чун халвотарош

ё худ:

Дилбари кассоби ман омад, дукони худ кушод,

Дунбаро аз пеши худ бигрифт, пеши ман ниход!

[1]     Арбоби чуд-ахли сахо

[2]     Байза-тухм

[3]     Басират- чашм

[4]     Сафина-девони ашъор

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …