Главная / Гуногун / Мусо дарвешеро дид

Мусо дарвешеро дид

Мусо  дарвешеро дид аз барахнаги ба рег андар шуда. Дуо кард, то худои азза ва чалла мар уро неъмате  дод. Пас аз чанд руз дидаш гирифтору халке анбух бар у гирд омада. Гуфт:

– Ин чи холат аст?

Гуфтанд:

– Хамр хурдааст ва арбада карда ва касеро кушта. Касосаш хамекунанд.

Он ки хафт иклим оламро ниход,

Хар касеро он чи  лоик буд, дод.

Гурбаи мискин агар пар дошти,

Тухми гунчишк аз замин бардошти.

Он ду шохи гов агар хар  дошти,

Одамиро назди худ нагзошти.

Очиз бошад, ки дасти кудрат ёбад,

Бархезаду дасти очизон бартобад.

Мусо ба хикмати чахонофарин  икрор кард ва аз тачосури хеш истигфор.

Сифла чу чох омаду симу зараш,

Сили хохад ба зарурат сараш.

Он нашуниди, ки хакиме чи гуфт:

«Мур хамон бех, ки набошад параш».

 

***

Он кас, ки тавонгарат намегардонад,

У маслихат ту аз ту бехтар донад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …