Главная / Биология / Мушакхо ва вазифаи онхо

Мушакхо ва вазифаи онхо

Аз руи нахи худ бофтаи мушак 3 хел мешавад:

  1. бофтаи кундаланграхи мушаки скелети;
  2. бофтаи кундаланграхи мушаки дил;
  3. бофтаи мушаки суфта.

Ба хар як намуди ин бофтахо хучайрахои шаклан тагйирёфтаи хосияти нахи мушакро дошта мансуб аст. Мушакхои скелет аз бофтахои мушакии кундаланграх аркиб ёфтаанд. Торхои мушакии он ба намуди даста чамъ шудаанд. Аз дохили торхои мушаки риштахои борики сафедахо мегузаранд, ки кобилияти кутохшави, кашишхурии мушакро ба амал меоранд.

mushakho-300x184Мушакхои дил хам монанди мушакхои скелет аз бофтахои мушакии кундаланграх иборатанд. Ин наххо дар чойхои муайян ба хам пайваст мешаванд ва ин таври пайвастшави имкон медихад, ки мушакхои дил тез кашиш хуранд. Мушакхои суфтаро факат дар узвхои дохили: рагхоихун, руда, масона ва гайрахо дидан мумкин аст.

Хосияти бофтахои суфтаи мушак дар он аст, ки онхо суст кашиш мехуранд. Сохти мушакхо. Мушакхои скелет аз бандчаи наххои кундаланграхи мушак иборатанд. Ба хар кадом мушак рагхои хунгард ва асаб хамрох мешаванд. Бо лифофахои бофтаи пайвасткунанда пушонида шуда, ба воситаи пайхо ба устухон часпидаанд. Мушакхои асосии бадани одам аз кисми пеш ва акиб дар расмхои 33 ва 33а нишон дода шудаанд.

Накши системаи асаб дар танзими фаъолияти мушак. Хамаи мушакхои бадан 3 хосиятро дороанд:
1) мутаассиршави;
2) гузаронидани хаячон;
3) кашишхури.

Дар мушакхои бадан торхои асабхои хиссиёт ва харакат мавчуданд. Хабархо тавассути торхои асаби хиссиёт аз ретсепторхои пуст, мушакхо, пайхо, бугумхо ба системаи марказии асаб меоянд. Хабархо инчунин ба воситаи нейронхои харакат аз хароммагз ба мушакхо мегузаранд ва дар натича мушакхо кашиш мехуранд. Хамин тавр, кашишхурии мушакхо дар организм ба таври рефлектори анчом меёбад. Ба нейронхои харакати хароммагз хабархои магзи сар, аз он чумла, кисми нимкурахои калон таъсир мерасонад. Ин харакатро гайриихтиёри мекунад. Мушакхои кашишхурда кисмхои гуногуни баданро ба харакат медароранд ва сабаби чойивазкунии организм ё нигох доштани холати муайяни он дар фазо мегарданд.
Мушакхои каткунанда, росткунанда ва мувофикати онхо. Дар вакти ягон хел харакат кардани одам ду гурухи ба хам мукобили мушакхо – мушакхои каткунанда ва мушакхои росткунандаи бугумхо амал мекунанд.

Хангоми кашиш хурдани мушакхои каткунанда ва дар як вакт суст шудани мушакхои росткунанда катшавии бандхо ба амал меояд. Ба хамдигар мувофикат кардани кори мушакхои каткунанда ва росткунанда дар натичаи дар хароммагз ба навбат ба вучуд омадани чараёни ба хаячонои ва боздори имконпазир мегардад. Масалан, мушакхои каткунандаи даст дар натичаи ба хаячон омадани нейронхои харакати хароммагз кашиш мехуранд. Дар як вакт мушакхои росткунанда суст мешаванд.

mushakho-768x435

Ин ба боздории нейронхои харакат вобаста аст. Мушакхои каткунандаю росткунандаи бугумхо мумкин аст дар як вакт дар холати сусти бошанд. Чунончи, мушакхои дасте, ки ба кад озод партофта шудааст, суст мебошанд. Хангоми бардоштани ягон бор ё машк кардан кашишхурии харду намуди мушакхоро мушохида намудан мумкин аст.

Кори мушак. Мушакхо кашиш хурда, ба устухон чун фишанг таъсир мерасонанд ва кори механикиро ичро мекунанд. Хар як кашишхурии мушак бо саршавии неру (энергия) вобаста аст. Манбаи ин неру тачзия ва оксидшавии моддахои органики (карбогидратхо, чарбхо, кислотаи нуклеинат) мебошанд.
Моддахои органики дар наххои мушак ба тагйирёбии кимиёви дучор меоянд, ки он бо иштироки оксиген сурат мегирад. Дар натича махсулоти тачзия, хусусан гази карбонат ва об хосил шуда, неру хорич мегардад. Аз байни наххои мушак рагхои хун мегузаранд, ки организмро аз моддахои гизои ва оксиген мунтазам таъмин намуда, моддахои нодаркории хосилшуда ва дуоксиди карбонро ба узвхои ихроч мебаранд.

Мондашавии мушак. Дар вакти дуру дароз, бетанаффус кори чисмони кардан кобилияти кории мушакхо охиста-охиста кам мешаванд. Муваккатан суст шудани кобилияти кори мушакхоро мондашави меноманд. Баъди каме дам гирифтан кобилияти кории мушакхо аз нав баркарор мешавад. Дар вакти машкхои мунтазами чисмони мушакхо дертар монда мешаванд, зеро дар фосилаи байни кашишхурии мушакхо кобилияти кории онхо кисман баркарор мегардад. Чи кадаре ки мушакхо тез-тез кашиш хуранд, хамон кадар тез монда мешаванд. Кобилияти кории мушакхо инчунин аз хачми кор вобаста аст. Чи кадаре ки кор бисёр бошад, хамон кадар мушакхо тезтар монда мешаванд.

Мондашавии мушакхо, ба кобилияти кории онхо таъсир кардани суръати кашишхури ва андозаи корро физиологи рус И.М.Сеченов омухтааст. Вай муайян кардааст, ки хангоми кори чисмони суръати миёнаи кашишхури ва андозаи миёнаи корро интихоб кардан мухим аст. Дар ин сурат махсулноки зиёд шуда, мондашави дертар огоз меёбад. Акидае маълум аст, ки гуё оромии мутлак тарзи бехтарини баркарор кардани кобилияти кор мебошад. И.М.Сеченов нодурустии чунин акидаро исбот кард. У дар шароити истирохати бехаракат ва дар вакти як корро ба кори дигар иваз кардан, яъне хангоми истирохати фаъол чи тавр баркарор шудани фаъолияти мехнатиро мукоиса кард. Маълум шуд, ки дар вакти истирохати фаъол мондашави тез бартараф ва фаъолияти кори барвакттар баркарор мешавад.

Савол

1. Кадом намуди мушакхоро медонед?
2. Мушакхо кадом вазифаро ичро мекунанд?
3. Мувофикатии мушакхои каткунанда ва росткунанда дар чист?
4. Дар вакти кори мушакхо чи хел моддахо ва равандхо манбаи неруи мебошанд?
5. Суръати кашишхури ва кор ба кобилияти кори мушакхо ва мондашавии онхо чи таъсир мерасонанд?
6. Истирохати фаъол чист?
7. Асосгузори физиологияи мехнат кадом олим аст?

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори …