Главная / Гуногун / Мусафед бо духтаре дар хилват

Мусафед бо духтаре дар хилват

Пире хикоят мекунад, ки духтаре хоста будам ва хучра ба гул ороста ва ба хилват бо у нишаста ва дидаву дил дар у баста. Шабхои дароз нахуфтаме ва базлахову латифахо гуфтаме, бошад, ки муонисат пазираду вахшат нагирад. Аз чумла шабе мегуфтам: «Бахти баландат ёр буваду чашми давлатат бедор, ки ба сухбати пире афтоди пухтапарварда, чахондида, ки хакки сухбат бидонад ва шарти маваддат ба чой оварад мушфику мехрубон, хуштабъу ширинзабон:

unnamedТо тавонам, дилат ба даст орам,
В-ар биёзориям, наёзорам.
В-ар чу тути шакар бувад хуришат,
Чони ширин фидои парваришат.

На гирифтор омади ба дасти чавоне муъчиб, хирарой, сартези сабукпой, ки хар дам хавасе барад ва хар лахза рое занад ва хар шаб чое хусбад ва хар руз ёре гирад.

Чавонон гарчи хубу дилрабоянд,
Валекин дар вафо бо кас напоянд.
Вафодори мадор аз булбулон чашм,
Ки хар дам бар гуле дигар сароянд.

Хилофи пирон, ки ба аклу адаб зиндагони кунанд, на ба муктазои чахлу чавони.
Зи худ бехтаре чую фурсат шумор,
Ки бо чун худе гум куни рузгор!»

Гуфт:
– Чандин бар ин неъмат бигуфтам, ки гумон бурдам, ки дилаш бар кайди ман омад ва сайди ман шуд.
Ногах нафасе сард аз даруни синаи пурдард бароварду гуфт: «Чандин сухан, ки бигуфии, дар тарозуи акли ман вазни он сухан надорад, ки вакте шунидам аз кобилаи хеш», ки гуфт: «Зан чавонро агар тире дар пахлу нишинад бех, ки пире!»

Бо ин хама чавру тундхуи,
Борат бикашам, ки хубруи.

***
Бо ту маро сухтан андар азоб
Бех, ки шудан бо дигаре дар бихишт.
Буи пиёз аз дахани хубруй
Нагзтар ояд, ки гул аз дасти зишт.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …