Главная / Илм / Мурди сахрои дар Канзи Шифо (Китоб)

Мурди сахрои дар Канзи Шифо (Китоб)

Инро точикон девмурд меноманд ва ба забони араби райхон-ул-кубур, яъне райхони кабристон мегуянд. Растании ин аз буттаи мурди бустони, ки мо дар боло гуфтем, хурдтар ва баргаш каме сербар ва зардранги нугтез. Чубаш нисбатан сахттар; самараш кулула ва баъди расидан багоят сурх мегардад, ки аз миёнаи баргаш бармеояд. Аз як бех шоххои бисёр меруянд ва дар зимистон хазон намекунад.

murdi-sahroii

Хислатхои шифобахши он. Хусусиятхои умумиаш: тахлилдихандаи варамхо ва моддахои гализ, бахудкашандаи моддахо ва кувватбахш аст.

    Агар инро бибуянд, рутубати майнаро кашида дафъ мекунад ва худи майнаро кувват мебахшад. Ва агар инро бихуранд, барои саръ (припадка) ва дарди сари балгами дармон мешавад, рутубати магзи сарро дафъ ва ин узвро кави мегардонад.

    Самар ва баргашро бо шароб бихуранд, меъда ва чигарро кувват мебахшад, исхол ва зардпарвинро дафъ мекунад, шири бечо аз пистон рехташавандаро манъ месозад.

   Агар инро куфта, дар сурохи пушт бардоранд, кирми меъдаро ихтироч мекунад.

    Барг ва самарашро бо шароб биёшоманд, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад ва чакмезакро, ки аз афзудани рутубат бошад, ба ибро меоварад.

    Табиб Ибни Талмиз инро барои аз куфт ё афтодан зарба хурдан (аз чумла чалакидани майна) муфид донистааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …