Главная / Илм / Мурч

Мурч

murch-520x330Мурч — Ин самари дарахти хиндист ва ба хамаи халкхои мо маълум мебошад. Мизочи мурчи сиёх дар охири дарачаи севум гарм ва хушк аст; мизочи мурче, ки аз пусти сиёхаш чудо карда шуда бошад, мурчи сафед номида мешавад, дар аввали дарачаи севум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: мурчро бихуранд, куввати хофиза ва асабхоро мустахкам мекунад ва барои иллатхои асаб фоидаи бисёр дорад. Агар инро бо мавизи ангур бихоянд, рутубатхои зиёдатии майна ва меъдаро кашида дафъ мекунад. Мурчро дар равган чушонида, он равганро бимоланд, барои фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), карахти ва хамаи беморихои аз сардию тари баамаломада шифо мебахшад, аъзошикани ва табхои хунукро дафъ мекунад.

Мурчро дар гулоб чушонида, он гулобро бимоланд, назлахои хунукро манъ мекунад ва дарди дандонро таскин медихад; инчунин бо пусти кукнор дар об чушонида, он таркибро дар дахан гардонанд ва ба дандон бимоланд, дарди дандони кирмхурдаро сокин мекунад.

Мурчро бихуранд, балгамро меканад; меъда, чигар ва узвхои хозимаро, ки меъда, рудахо, чигар ва сипурз мебошанд, гарм мегардонад ва кувват мебахшад, иштихо меоварад, оруги туршро дафъ мекунад, хазми гизои бадхазмро сабук мегардонад, хуни гафси одамони сардмизочро ракик месозад; иллати махав, бодхо ва дарди рудахоро дафъ мекунад. Агар инро бо барги тари гор якчо куфта бихуранд, боди шикамро бархам медихад. Мурчро куфта, бо сирко сиришта гузошта банданд, варами сипурзро тахлил медихад ва агар бо мудовамат бихуранд, кулинчи боди ва балгамро нест мекунад.

Мурчро махин куфта, чун сурма ба чашм кашанд, торикии чашмро дафъ мекунад, гули чашмро пок менамояд ва нохунаки ин узвро бархам медихад; инчунин агар инро бихуранд, сурфаи сарди тармизоч, тангии нафас, дарди узвхои даруни сина ва дамкутахиро ба ибро меоварад; агар бо асал бихуранд, дарди гулуро, ки аз чамъ шудани балгам дар ин узв бошад, шифо мебахшад, шушро пок месозад ва чамъ шудани рутубат ва балгамхоро манъ мекунад, пешоб ва хайзро равон менамояд; агар бо мозу ва пусти анор бихуранд, чакмезакро шифо мебахшад, бисёр омадани пешоб ва хайзро ба эътидол меоварад.

Мурчро занхои хомила аз таг бардоранд, бачаи онхоро аз шикам меафтонад; агар баъд аз мубошарат хамин тавр бардоранд, хомила шуданро манъ мекунад. Мурчро бо ширу шакар бихуранд, бохро кави мегардонад.

murch-0-300x225Мурчро куфта, бо катрон даромехта, гузошта банданд, ханозер (хукгардан)-ро тахлил медихад, милкаки нохун ва доги сафеди ин узвро дафъ мекунад, инчунин махавро шифо мебахшад. Мурчро бо хино даромехта батакрор гузошта банданд, нохуни аз милкак ва шукуфаи пуст афтодаро аз нав меруёнад. Мурчи куфтаро бо чарбии мург ва орди бокилою нахуд сиришта гузошта банданд, доги сафеди пустро дафъ мекунад; бо танакори армани, яъне бо натрун даромехта банданд, доги сафеди пустро бенихоят пок месозад, рухсораро сурх мегардонад; бо пиёз ва намак даромехта, бошиддат бимоланду баъд инро гузошта банданд, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад.

Мурч асабхо ва мушакхоро ба хадде гарм мекунад, ки дар ин бобат тимсоли ин даво вучуд надорад. Мурчро куфта, дар об чушонида, он обро бинушанду кай кунанд, захри мор, каждум ва афюнхурдаро аз бадан дафъ месозад, барои ин батакрор чушонида нушидан даркор аст. Ин об барои хамаи захрхои хунукмизоч, аз чумла бар зидди захри ашадди, ки биш аст, тарёк мебошад.

Табибони Хиндустон мегуянд, ки чун шахси моргазида мурчро бихояду агар тезии онро эхсос намояд, маълум мешавад, ки захр дар бадани вай чандон таъсир накардааст, вале агар тезии онро хис накунад, равшан аст, ки захр дар бадани вай таъсир кардааст — ин имтихони кави мебошад аз барои халос хурдан аз захр ё барои донистани холати таъсири он.

Хурдани мурч одамони гарммизочро дарди сар медихад, узвхои даруни сина ва халкро дагал мегардонад, ба чигар ва гурдаи гарммизоч хам зарар дорад, инчунин ба касоне, ки баданашон камхун аст, низ ва ба касоне, ки дар ботин ва роххои пешобашон чарохат дошта бошад, зиён мекунад, дар фасли гармо маниро хушк мегардонад, ба чавонони гарммизоч ва хангоми мавчуд будани беморихои гарммизоч ва иллатхои тунд хурданаш чойиз нест. Барои ислохи хамаи ин гуна зарархояш равганхои сардмизоч бояд бихуранд, вале агар ба касони сардмизоч зарар расонад, асали соф истеъмол намоянд, кифоя аст.

Микдори хурдан дар як руз аз мурч то 4,5 грамм аст. Ба чойи мурч занчабил истифода намоянд, равост. Истеъмоли мурчи сафед барои меъда, сипурз ва захра бехтар аз навъи сиёхи он аст. Ба чойи мурчи сиёх якуним вазни он мурчи сафед истеъмол карда мешавад.

Аз мурч равган хам тайер мекунанд ба ин тарик. Хар кадар ки хоханд, мурчро гирифта, чавкуб намуда, ба хар як 300 грамми он 25 грамм намак дохил карда, шаш баробари вазни мурч оби гарм аз болояш бирезанду муддате дар чойи гарм бигузоранд, ё дар саргини асп дафн кунанд, то ки ба чуш ояд, яъне маст шавад. Баъд дар анбик мукаттар намоянд ва равганро аз руйи он оби мукаттаргашта бардоранд — ин равгани мурч хисоб меёбад. Инро дар шиша нигох доранд ва дар вакти хочат ба кор баранд.

Равгани мурч хамчун даво хамаи хислат ва кувватхои мурчро дорад, балки аз он кавитар аст, аммо дар ин равган тезии мурч нест. Хурдани ин равган хамаи беморихои сардмизочро шифо мебахшад. Микдори як бор ошомидан аз равгани мурч дар як руз аз як то се катра аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …