Главная / Гуногун / Мурад зиндаги

Мурад зиндаги

Инак, то орзу як кадам!

Хо – бале! – Азим кайхо боз орзу дошт, ки сари писарашро чуфт кунад. У бисёр мехост, ки духтари сардори корхонаашонро келин карда, ба хона орад.

Окибат ризогии сардорро ба даст оварда, хамаи корхои вобаста ба туйро тахт намуд. Танхо масъалаи хофиз монду халос. Пас аз машварату маслихат карор доданд, ки хофизи номдор Шухратиро даъват мекунанд. Вай ба Азим каме хеши хам дошт. Чандин бор: “Туй кун, хизмат аз мо!” – гуён, гушрас хам карда буд.

Шухрати, чавонмарди сиёхчурдаи тоссар Азимро хеле хуб истикбол намуд. Табиист, ки аз ин сари у ба осмон расид. Ва пас аз анчоми одоби салом, дар холе ки аз шоди дар курта намеіунчид, изхор намуд:

qalai-hisor

– Худои мехрубон моро ба туй расонд.

Шухрати нобоварона ба у назар афканда:

– Наход? – гуён, аз пурии меъда оруг зад.

Хамин дам хамсари Шухрати, чоруб дар даст, аз хона баромад. Азим саросема аз чояш хесту дукад шуда:

– Янга, нагз хастед? – гуён, холпурси намуд.

Аз чи бошад, ки янга ба чои чавоб атса зад. Ин атса Азимро як кад паронд. Шухрати бошад, кахкос зада хандиду ба руи у зехн монда, нидо намуд:

– Хак асту рост!

Аз вачохати Азим осори хушхоли эхсос гардид.

– Офарин! – чашмони Шухрати барк зад. – Муборак бошад!

– Ташаккур!

– Илохо кушапир шаванд! – гуён, дуо карду даст ба руй кашид. Сипас ба Азим як пиёла чой дода, ба у ру овард:

– Хе, кам нашав-е! Хуш, кудо ки, кудо?

– Сардорамон…

– Наход? Соли гузашта туй кард-а?! Эх, туи зур кард, а?! Гуфтанд, ки ба хофиз хазор доллар дод!

– Ха, ха, – тасдик кард Азим.

– Э, офарин, офарин! – ба китфи Азим тап-тап зада тахсин намуд Шухрати. – Хуш, хуш, туй кай?

– Рузи шанбе, – гуфт Азим бо овози пурхаячон. – Соати чори бегох.

– Ха, шанбе рузи хуб! – хушхолона нидо намуд Шухрати. – Шанбе – рузи муборак! Шанбе – рузи туй! Барои хамин хам хама хамин рузро интихоб мекунанд!

– Туй бе хофиз намешавад, – ба сари максад омад Азим.

– Ха, туя хофиз обод мекунад, – гуфт Шухрати. – Бе хофиз, туй чию худои чи!

– Рост, рост, – саросема гуфт Азим. – Акнун хизмат аз шумо-дия, туямонро обод мекунед.

Вай гумон дошт, ки Шухрати ду даст пеши бар гирифта: “Хуб шудааст! Хизмат аз мо!” – мегуяд. Аммо у тамоман чизи дигар гуфт:

– Туй барои хунарманд хам ном асту хам нон!

Каме дасту по хурд, вале зуд худро ба даст гирифта, канда-канда пурсид:

– Яъне… шумо ризо?

Шухрати на “ха” гуфт, на “не”. Ба чабинаш гирех афтод. Дили Азим тах зад. Аз шиддати изтиробу хаячон забонаш лол монд.

Хонаро як сукунати вазнин фаро гирифт.

Пас аз лахзае чизе ба хотири Шухрати расидаги барин:

– Эъ! – гуён, аз чо бархост.

Баробари у Азим хам аз чояш бархост.

– Хозир мебинем! – гуфт Шухрати ва аз чевон дафтареро гирифта, варак заду даме калла чунбонд. Баъд афсусомез изофа намуд:

– Оббо, рузи шанбе мо банд-ку?!

Гуиё Азимро барк зада бошад, як кад парид. Баъд ба баданаш мургак давид. Хайратзада ба Шухрати нигарист.

– Чи?.. Банд?.. – забонгир шуд Азим.

– Мутаассифона, банд, – кафи афсус ба хам совид Шухрати. – Банд.

Гулуи Азим хушк шуд ва бидуни ихтиёр газаболуд пурсид:

– Чи хел банд?!

– Осонакак, – хунсардона гуфт Шухрати. – Туйи Чура.

– Ки, ки? – бо шитоб пурсид Азим. – Чура? Ин ки?

– Ин як ошноям, – оромона гуфт Шухрати. – Ту уро намешиноси.

Гуиё як куза оби сард ба сари Азим рехтанд. Ранги руяш чун пахта сап-сафед канд. Сари дилаш сих зад. Лахзае лолу гич монд. Баъд базур, очизона пурсид:

– О, туйи ман чи мешавад?

Шухрати айёрона хандида, пурсид:

– Туйи шумо?

– Ха, – гуфт Азим, – туи мо. О, бе шумо туй не, азо мешавад-ку?!

Боз айёрона хандид.

– Ха, рост, бе хофиз туй не, азо мешавад, азо.

Охи чукур кашид Азим ва илтичоомезонаву имдодхохона ба руи у дида духт.

– Хеч гап не, илочашро меёбем, – гуфт Шухрати ва оромона каме андеша карду баъд чуноне, ки мегуянд, “сар аз чайби хаёлот берун оварда”, ба руи Азим нигарист.

Азим нгохи илтичоомезонаву имдодхохонаашро аз руи у намеканд.

Шухрати оромона, хатто хунсардона гуфт:

– Туйро ба дигар руз мегузаронем.

Саросема пурсид:

– Туйи ошноятонро?

Шухрати тавре ба у нигох кард, ки гуиё навакак аз осмон галтида бошад.

– Ох-х-хо! Дилатон боз чи мехохад? Не, туйи шуморо.

– Чи?! – боз уро гуиё барк зада бошад, як кад парид. – Туйи маро?!

– Ха, туи шуморо!

Аз сар то пои Азимро араки сард зер кард.

– Не, не, хеч илоч надорад, – кариб гириста гуфт Азим.

Шухрати тамасхур зад:

– Пулатон сухта барин гап мезанед-а?!

– Охир тарабхонаро банд карда, таклифномахоро пурра таксим кардем.

– Наход? – бо хайрату вачд нидо намуд Шухрати.

– Ха-а, бовар кунед.

– Оббо, саросема шудед-да, – гуён, Шухрати боз сар ба чайби хаёлот андохт.

– Чон чурачон, ягон бало кунед, – илтичову зори намуд Азим. – Набошад шармандаи ду олам мешавам.

Шухрати айёрона ба чашмони Азим нигариста, дакикае бо таассуф сар чунбонд. Баъд лахзае сукут варзиду нихоят лаб ба сухан во намуд:

– Майлаш руи хотири шумо ягон бало мекунем.

– Кошки, садкаи хоки поятон шавам, – гуфт Азим ва пиёлаи чойи хунукшударо як култ карда, холи намуд. Баъд охи чукур кашид.

Шухрати аз чояш бархост. Даме андешид. Баъд гуфт:

– Ку, як ба дустам занг занам-чи.

– Чон чурачон, – бо илтичову зори гуфт Азим. – Занг занед. Илтимос кунед. Хешамон гуй…

– У хам дусти наздик, – сухани уро бурид Шухрати. – Дусти нонию забони не. Дусти чони. Хайр, занг занам-чи.

Ва у ба дигар хона рафт.

Азим бесаброна баргаштани уро интизор шуд. Бекарор, гуиё сари сузан нишаста. Хар сония барояш соат менамуд.

– Хой, Азим!

Як кад парида, саросема аз чояш бархост Азим.

– Бабахт будаи сагира! – нидо намуд Шухрати. – Рози шуд!

– Наход? – хаячони беинтихо уро гулугир кард. Танхо табассум мекард: руяш гуиё мешукуфт. Шоди дар дилаш намегунчид.

– Ха, рози кунондам, – Шухрати ба дасти Азим нигарист.

– Рахмат, хазор рахмат!

– Ха-а-а… – мад кашид Шухрати.

Азим боз охи чукур кашид. Баъд хомуши хукмрон гашт.

– Хм–м… хм–м… – хомуширо халалдор кард Шухрати ва боз ба дасти Азим нигарист.

– Ха, хозир, – гуён Азим аз кисааш ду барги сабз – саддолараи амрикоиро бароварда, ба Шухрати дароз кард.

Руи хофиз каламфури тунд хурдаги барин турш шуд. Дасташ гуё, ки шал бошад ба суи пул дароз нагашт.

– Гиред, акочон, – хохиш намуд Азим.

Абрувони Шухрати кургирех хурданд. Сохиби туй фахмид, ки хофиз ризо нест: пулат кам, илова намо.

Азим ба чашмони пургами хофиз зехн монд. Баъд илтичоомез гуфт:

– Ками мою карами шумо. Медонам, ки камтарак аст. Лекин…

Шухрати бо нишони эътироз ба нуктаи номаълуме дида духт.

– … кусурашро аз хисоби раккоса мебароред.

– Чи-и? – Шухрати ба руи Азим нигарист.

– Аз хисоби раккоса кусурашро мебароред, – такрор намуд Азим.

– Аз хисоби раккоса? – чашмони Шухрати аз хайрат калон кушода шуданд.

– Бале, аз хисоби раккоса! – нидо намуд Азим.

– Чи хел? – марок зохир намуд Шухрати.

– Чи хел? – гашта пурсид Азим ва ба шарх пардохт: – Гап дар сари он, ки туйякихо хама одамони калон, сохибмансаб, баобру, серпул. Иншоонлох аз сари раккоса пул чун борон меборад. Аз руи хисоби пешакии ман бояд, ки ками камаш ба раккосса панчсад доллар банданд.

– Панчсад доллар? – шубхаомез ба чашмони Азим нигарист Шухрати.

– Ха, панчсад доллар! – бо бовари нидо намуд Азим.

– Не-е… – бовар накард Шухрати. – Дуруг хам ба эбаш-дия.

– Чи? Ман дуруг мегуям? Не… – хатто ранчидаги барин шуд Азим, – ман дуруг намегуям! Бовар кун!

Шухрати як дакика ба андеша рафта, хомуш монд. Азиз бо дили бекарор, ду дида ба руи у духта буд. Нихоят Шухрати руй ба у оварда, бо симои хеле чидди пурсид:

– Ту бовари дори, ки туякихоят пул мебанданд?

Бидуни тавакуф бонг зад:

– Бешубха!

– Майлаш, – чашмони Шухрати хушхолона дурахшиданд. Чехрааш кушода шуду дасташ суи пул дароз гашт.

Азим охи сабуке аз сина бурун овард.

Ва ба танаш чону ба руяш сурхи давид.

– Хайр омин! – даст ба дуо бардошт Шухрати.

Азим ба у пайрави намуд.

– Тую тамошо шавад, корхо хорошо шавад!

 

“Гапи хона ба бозор рост наомад!” – гуфтаанд, ки сад дар сад рост будааст. Раккоса хамин кадар ки мераксиду мечунбонд, мечархиду кош мепаронд, кош мепаронду мечархид, касе як тини зардак намедод. Шухрати менавохту месуруд. Шод буд, маст буд. Вале дар дил шуру исён дошт. Медид, ки мехмонон на ба суруди у гуш медиханду на ба раккоса менигаранд. Хушу гушашон ба руи миз. Мехуранду менушанд. Менушанду мехуранд. Хатто байни худ гап намезананд. Мехуранду менушанд.

– Худоё, инхо хама бандаи шикам будаанд, – гуфт худ ба худ Шухрати ва дар вучудаш шуълаи умед охиста-охиста хомуш мегашт. Суханони Азим гаштаю баргашта дар гушхояш садо медоданд: “…туйякихо хама одамони калон, сохибмансаб, баобру, серпул. Иншоонлох аз сари раккоса пул чун борон меборад”.

– Э, марги худатаму туйякихоят хам! – нидо намуд Шухрати ва хулоса кард, ки ин чо хама хасисони мумсик чамъ омадаанд. Онхо ба гирифтан одат кардаанд, на ба додан. Гирифтан чи осон, додан – ох! – чи душвор! Гуфтаи як хачвнигор ба ёдаш омад: «Сабр кунед, хохарам. Пул чон нест, ки зуд барояд». Охир, Кори Исмат хам пул гуфта чон дода буд.

«Лабаш – гул, даханаш – гул, баданаш – гул…» – мехонд Шухрати ва аз зики кариб, ки мекафид. Абри пушаймони осмони калбашро мепушонд. Бояд, ки чора чуст. Дахонаш мехонду майнааш чора мечуст. Ногахон чораи начотро дарёфт. Охо-хо, чи чорае! Зуд шеъре бофт. Охангашро хам эчод намуд. Ва ба сурудани он шуруъ кард:

Раккосаи мо кашанге,

Раксоша бин таранге.

Пула дарег надоред охир,

Дар похош намонд ханге.

Гумони Шухрати хато баромад. Мардум ба шур наомаданд. Карсак назаданд, гавго накарданд. Хатто пинакашон вайрон нашуд. Хамоно менушиданду мехурданд. Чашмони Шухрати бечо шуд, рагхои чаккааш барчастанд. Як дил кард, ки якбора «шаб ба хайр»-ро хонаду аз туйдор аламашро ситонад. Вале зуд аз ин раъйяш гашт. Аз газаби мардум тарсид. Як бор шалок хурда буд. Моргазида аз чулбури ало метарсад. Ва боз дахонаш мехонду майнааш чора мечуст. Боз чора ёфт. Ба раккоса ишора намуд, ки ба назди хар як туяки рафта раксад ва то пул надиханд наравад. Раккоса ишораро фахмид ва зуд аз паи ичрояш шуд. Дар ру ба руи як чавонмарди чор кас медидаги карор мегирифту мераксид. Хай мераксид, хай чашмак мезад, хай мечунбонду тоб медод. Вале аз девор садо буду аз чавонмард не.

– Маст шав, бача! – нидо намуд раккоса.

– Чунбон, чавлон зан! – бадехатан гуфт чавонмард.

– Аз шумо пул, аз мо чавлон!

– Чи-и? – кавок андохт чавонмард ва аз кисааш хуччати суп-сурхеро бароварда, ба раккоса нишон дода, нидо намуд:

– ВБ!

Умеди раккоса канду ба назди дигари рафт. Ва дар ру ба руи у хам карор гирифту раксид. “Маст шав, бача!” – гуён, хай раксид, хай чашмак зад, хай чунбонду тоб дод. Дар обу арак тар, аз хар тори муяш арак мешорид. Вале аз девор садо буду аз ин чавонмард хам не. Билохира вай хам аз кисааш хуччати суп-сурхеро бароварда, ба раккоса нишон дод ва бовикор:

– ВКД! – гуфт.

Умеди раккоса аз у хам канду ба назди дигари рафт. Ва дар ру ба руи у хам карор гирифту раксид. “Маст шав, бача!” – гуён, хай раксид, хай чашмак зад, хай чунбонду тоб дод. Дар обу арак тар, аз хар тори муяш арак мешорид. Вале аз девор садо буду аз ин чавонмард хам не. Билохира вай хам аз кисааш хуччати суп-сурхеро бароварду таги бинии раккоса бурда:

– Служебний! – гуфт.

Чоруми хуччати суп-сурхеро нишон дода:

– Полиси андоз! – гуфт.

Панчуми хам ким-чи хел хуччатеро нишон дода:

– АБВГД! – гуфт.

Шашуми хайрият ки хуччат нишон надод. Гуфт, ки пули точики надорад. Пули точики хам пул шуд, ки дар киса гирифта гарди. Зеби киса доллар! Чашмони раккоса барк заданд. Чархиданаш як бар дах афзуд. Вале чавонмард даст ба киса набурд. Кисса кутох, раккоса ба забон омад:

– Ку бидех!

– Доллархоям калон, ба ту дода наметавонам, – гуфт чавонмард.

Хафтуми чавонмарди логарандоме, ки либосхои факирхолонае дар тан дошт, табассум карда:

– Оббо! Дар хама чо камбагали бечора пул медодааст-да. Пули газ, барк, хонаву дар, автобусу тролейбуса камбагал медихад. Пули раккосаро хам камбагал медодааст-да, – гуфту як дона яксомониро ба раккоса дод. Сипас охе кашида нидо намуд:

– Э, мурад камбагали!

23 сентябри соли 2000

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …