Главная / Маданият ва санъат / Муночоти Хазрати Увайси Карани (раз) бо таълими Хазрати Чабраил (а) дар хоб

Муночоти Хазрати Увайси Карани (раз) бо таълими Хазрати Чабраил (а) дар хоб

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Малико, Подшохо, Парвардгоро, забони моро, ки тутии кафаси тани мост ба нидои «Ё айюха-л-лазина оману-зкуруллоха зикран касиро»[1] гуё дори.

Илохо, дидахои моро, ки талояи ниходи мост ба назари «Фа-нзуру ило осори рахматиллох»[2] бино гардони.

Илохо, гушхои моро ба истимои «Ва изо куриа-л-Куръону фа-стамеу лаху»[3] шунаво дори.

Илохо, синахои моро аз васвоси «Ювасвису фи судури-н-носи, мина-л-чиннати ва-н-нос»[4] эмин гардони.

Илохо, айвони чалоли дили моро, ки саводи аъзами султони вилояти имон аст аз бори «Улоика катаба фи кулубихиму-л-имон»[5] холи магардони.

Илохо, дастхои моро аз гирифтани лукмаи харом «Ва ло таъкулу амволакум байнакум би-л-ботил»[6] нигох дори.

Илохо, кадамхои моро ба иззати «Анна лахум кадама сидкин инда Раббихим»[7] собит гардони.

Илохо, фарзанди хар яке аз ин бандагонатро ба мактаби «Ар-Рахмону аллама-л-Куръон»[8] ба ташриф мушарраф гардони.

Илохо, падарону модарони моро, ки махбуси зиндони лахаданд ба башорати «Юбашширухум Раббухум бирахмати-м-минху ва ризвон»[9] мукаррам гардони.

Илохо, дар он соат, ки чони мо азми марокиди тавил кунад, моро аз чавоби якини «Иниаллоха ягфиру-з-зунуба чамиъо»[10] чудо магардони.

Илохо, шахрхои исломро аз горати подшохони фосид «Инна-л-мулука изо дахалу карятан афсадухо»[11] нигох дори.

Илохо, лашкари исломро ба оёти “Кам мин фиатин калилатин галабат фиатан касиратам би изниллох”[12] музаффару мансур гардони.

Илохо, авратони солихаро, ки шабу руз чуз ризои ту ба амали дигар намекушанд дар кунфи исмати «Ва яхфазна фуручахунн»[13] махфузу маъмун дори.

Илохо, беморони дорулисломро аз дорухонаи «Ва нуназзилу мина-л-Куръоии мо Хува шифоув-ва рахмату-л-ли-л-муъминин»[14] шарбати офияташон карам фармои.

Илохо, мусофироне, ки дар сафаранд аз хатари «Иннамо чазоу-л-лазина юхорибуналлоха ва расулах»[15] нигох дори.

Илохо, уламои динро ба дарачоти «Ва-л-лазина уту-л-илма дарачот»[16] ороста дори.

Илохо, тавонгарони сохиблутфу шафкатро, ки ба навъе дастгирии муфлисони муъмин месозанд, ба хилъати «Агниёа мина-т-таъаффуф»[17] мустазхар дори.

Илохо, дарвешони вактро ба либоси «Инналлоха маъа-с-собирин»[18] музайян дори.

Илохо, дидори худро, ки Худои азза ва чалла ва Карими лам язали рузии мо гардони.

Илохо, хочоти хамаи бандагонро, ки медони баровардаи хайр гардони, ба хурмати дини мусулмони хочоти хамаро баровардаи хайр гардони, ё илоха-л-оламин ва ё Хайра-н-носирин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

[1] Сураи Ахзоб, ояти 41.

[2] Сураи Рум, ояти 50.

[3] Сураи Аъроф, ояти 204.

[4] Сураи Нос, оятхои 5-6.

[5] Сураи Мучодала, ояти 22

[6] Сураи Бакара, ояти 188.

[7] Сураи Юнус, ояти 2.

[8] Сураи Рахмон, оятхои 1-2

[9] Сураи Тавба, ояти 21.

[10] Сураи Зумар, ояти 53.

[11] Сураи Намл, ояти 34.

[12] Сураи Бакара, ояти 249.

[13] Сураи Hyp, ояти 31.

[14] Сураи Исро, ояти 82.

[15] Сураи Моида, ояти 33.

[16] Сураи Мучодала, ояти 11.

[17] Сураи Бакара, ояти 273.

[18] Сураи Бакара, ояти 153.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …