Главная / Маданият ва санъат / Муночотхои Иброхими Наккош

Муночотхои Иброхими Наккош

Ё Раб, аз лутфи амимат, ки гунах бахши маро,
Хакки Рахмону Рахимат, ки гунах бахши маро.
Гаштаам саргашта чун сайде ба доми зиндаги,
Хакки асмои Азимат, ки гунах бахши маро,
Ташнаам, аз согари рахмат маро сероб кун,
Хакки он Зоти кадимат, ки гунах бахши маро.
Вакти назъи чон, ки ояд чони нофармон ба лаб,
Хакки Тавроти Калимат, ки гунах бахши маро.
Гохи мурдан з-ин чахон бегавхари имон мабар,
Хакки он номи Каримат, ки гунах бахши маро.
Дар даруни гури тангам мунисам лутфи Ту бас,
Хакки бахшишхову бимат, ки гунах бахши маро.
Рузи махшар кун шафеи ман Расули инсу чон,
Бар Сироталмустакимат, ки гунах бахши маро.
Рузии Наккош кун хам чаннату дидори Хеш,
Хакки Олову наъимат, ки гунах бахши маро.
* * *
Маро аз ахли имон кун, Худоё,
Ба дини худ мусалмон кун, Худоё.
Бидех тавфики рохи чустани шаръ,
Анисам дарси Куръон кун, Худоё.
Забонро, к-у калиди куфли мадх аст,
Ба тавхид гуфтан осон кун, Худоё.
Дилам, к-у махзани ганчинаи Туст,
Хакоик чумла эхсон кун, Худоё.
Гахи рафтан аз ин дунёи фони,
Рахо аз макри шайтон кун, Худоё.
Даруни хонаи андуху вахшат,
Азоби кабр осон кун, Худоё,
Зи чаннат равзае бикшо ба руям,
Хама неъмат фаровон кун, Худоё.
Чу рузи растахез ояд падидор,
Маро дар хайли покон кун, Худоё.
Ба рахмат афв кун исёни Наккош,
Набиро аз шафеон кун, Худоё.
Ба чаннат бар, намо дидор рузи,
Анисам хуру гилмон кун, Худоё
* * *
Дил аз нурат мунаввар кун, Худоё,
Забонам шукрпарвар кун, Худоё.
Зи буйи гунчаи гулзори маъни,
Димогамро муаттар кун, Худоё.
Сухан гуям, агар дар васфи зотат,
Каломам шахду шаккар кун, Худоё.
Ба кохи синаам охи шаб афруз,
Ба субхам дидаи тар кун, Худоё.
Ба лафзам гохи рафтан з-ин харобот,
Дур(р)и «Аллоху акбар» кун, Худоё.
Кафан сози маро аз гарди хичлат,
Зи имонам Ту зевар кун, Худоё.
Мухаммад Мустафо бо чамъи ёрон,
Шафеи рузи махшар кун, Худоё.
Миёни боги хулди бемисолат,
Хама неъмат мукаррар кун, Худоё.
Ба чаннат гунчаи лабхои Наккош,
Гуворо з-оби Кавсар кун, Худоё.
Ба калбам мехри худ чо кун, Худоё,
Рахо аз чумла гамхо кун, Худоё.
Ба зикри номи покат хар замоне
Лабонам шаккаросо кун, Худоё.
Дари ганчинаи ирфону хикмат
Ба руям хамчу гул во кун, Худоё.
Макун мухточ бар шахсе Ту имруз,
Муродам чумла эхё кун, Худоё.
Хам аз ганчинахои олами гайб
Маро рузи мухайё кун, Худоё.
Ба имон кабз кун арвохи моро,
Мукими боги аъло кун, Худоё.
Зи тоби оташи гармои махшар,
Ба зери Арш маъво кун, Худоё.
Зи хавзи Кавсарам сероб гардон,
Ба дидорат Ту бино кун, Худоё.
Зи лутфат чисми Наккоши хазинро,
Зи чурму гам мубарро кун, Худоё.
* * *
Ё Илохо, калби моро гавхари асрор бахш
Аз шароби лоязоли согари саршор бахш.
Мо намегуем аз фирдавсу аз нозу наим,
Дар панохи рахматат аз дузахи пурнор бахш.
Гарчи аз тооту вирди нимашаб осудаем,
Калби моро субхгохон завод истигфор бахш.
Ноаён ояд ба поён олами нопойдор,
Умри кутахро замони хушдили бисёр бахш.
Ронда гаштем аз дари ахли замон чун нокасон,
Ё илохалоламин, бар остонат бор бахш.
Аз ту мехохем тавфики амал дар зиндаги,
Хам зи ихлосу ниёзу очизи осор бахш.
Чурму исёнро ба даргохат мукаррар кардаем,
Хам зи лутфу мархамат такрор бар такрор бахш.
Бишнавад гуши кари Наккош сури ирчиъи ,
Рухи уро чой андар манзили аброр бахш.
* * *
Худовандо, мани бечора инъоми Ту мехохам,
Залилам гарчи пеши халк, икроми Ту мехохам.
Накардам тоате бар даргахат гайри риё холис,
Умеди магфират аз рахмати оми Ту мехохам.
Надорам тоати шабхо, муночоти сахаргохи,
Ба калбам ноби ирфон аз маю чоми Ту мехохам.
Ту гуфти: «Кун дуо бо кулли асмоям барои худ»,
Кунун афви гунохи хеш бо номи Ту мехохам.
Шароби нафс масту бехудам аз рохи тоат кард,
Суруши рохи огохи зи пайгоми Ту мехохам.
Намедонам, чи созам бо сияхруии рузи хашр ,
Мисоли сайди вахши хешро роми Ту мехохам.
Намебошад муаммои чахон, Наккош, бехикмат
Тафаккур муниси шабхову айёми ту мехохам.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …