Главная / Маданият ва санъат / Муночот ба даргохи Козиюлхочот

Муночот ба даргохи Козиюлхочот

Худовандо, ба хакки чуду фазлат,
Ба хакки кудрату изхори адлат.
Ба хакки нуру анвору сифотат,
Ба хакки кудрату асрори покат.
Ба хакки кудратат бар чархи афлок,
Ба хакки санъатат дар пардаи хок.
Ба хакки Одаму нури ччамолаш,
Ба хакки Шису асрори камолаш.
Ба хакки Нуху Иброхиму Исхок,
Ба хакки Юсуфу Яъкуби мушток.
Ба хакки Юнусу Довуду Чирчис,
Ба хакки Солеху Яхёву Идрис.
Ба хакки Юшаъу Луту Сулаймон,
Ба хакки Исиву Мусои Имрон.
Ба хакки садру бадри харду олам,
Ки у буд сарвари авлоди Одам.
Ба хакки хилвати хоси Мухаммад,
Ба сидку сафват, ихлоси Мухаммад.
Ба хилму илми он чор ёри сарвар,
Абубакру Умар, Усмону Хайдар.
Ба хакки ахли байту чумла асхоб,
Ба хакки он шахиди дида пуроб.
Ба хакки рахбари Иброхим Адхам,
Ба хакки Боязид он сирри махрам.
Ба хакки Шибливу Мансури Халлоч,
Ба хакки Бусаъид он сирри мухточ.
Ба хакки Шайх Абдуллохи Сарбоз,
Ба хакки Шайх Абуисхоки дамсоз.
Ба хакки гашта асрори нихони,
Ба хакки ччурмхои ногахони.
Ба хакки рузу шаб бедордорон,
Ба хакки гиряи пархезгорон.
Ба хакки кадди чун сарви чавонон,
Ба пушти чун камони нотавонон.
Ба хакки наварусон дар кафанхо,
Ба хакки мохруён дар лахадхо.
Ба хакки куштагони руй бар хок,
Ба мазлумону муштокони гамнок.
Ба хакки содикони рохдида,
Дар ин води ба сарманзил расида.
Ба хакки оби чашми пургунохон,
Ба хакки охи сарди узрхохон.
Ба хакки мондагон аз корвонхо,
Ба дурафтодагон аз хонумонхо.
Ба хакки гунаи зарди ятимон,
Ба хакки чони пурдарди асирон.
Ба хакки охи пирон дар сахаргох
Ба хакки иззату инъоми Аллох.
Ба хакки охи сарди нотавонон,
Ки гуяд cap ба cap холи чавонон.
Ба фарёди мани бечора Худ рас,
Туи фарёдрас, фарёди ман рас.
Надорам токати ин бахри хунхор,
Аз ин гирдоби гамхорам бурун ор.
Ба номат хатм кардам ин муночот,
Ки медонам Туи козии хочот.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

01

Намудхо ва жанрхои санъати тасвири

Санъати тасвири хамчун жанр замони пайдоиши инсон ба вучуд омад ва ёдгории таърихии мазкур дар …