Главная / Гуногун / Мулуки Ачам

Мулуки Ачам

Яке аз мулуки Ачамро хикоят кунанд, ки дасти татовул ба моли раъият дароз карда буд ва чавру азият карда, то ба чое ки халк аз макоиди феълаш ба чахон бирафтанд ва аз курбати чавраш рохи гурбат гирифтанд. Чун раият кам шуд, иртифои вилоят нуксон пазируфт ва хизона тихи монд ва душманон зур оварданд.

Хар ки фарёдраси рузи мусибат хохад,
Гу, дар айёми саломат ба чавонмарди куш.
Баланди халкабагуш ар нанавози, биравад.
Лутф кун, лутф, ки бегона шавад халкабагуш.

Боре ба мачлиси у китоби «Шохнома» мехонанд дар заволи мамлакати Заххок ва ахди Фаредун. Вазир маликро пурсид:
– хеч тавон донистан, ки Фаредун, ки ганчу мулку хишам надошт, чи гуна бар у мамлакат мукаррар шуд?
shoir-shohГуфт:
– Ончунон ки шуниди, халке бар у ба таасуб гирд омаданд ва таквият карданд, то подшохи ёфт.
Вазир гуфт:
– Эй малик, чун гирд омадани халке мучиби подшохияст, ту мар халкро парешон барои чи мекуни? Магар сари подшохи кардан надори?

Хамон бех, ки лашкар ба чон парвари,
Ки султон ба лашкар кунад сарвари.

Малик гуфт:
– Мучиби гирд омадани сипоху раият чи бошад?
– Гуфт:
– Подшохро карам бояд, то бар у гирд оянд ва рахмат, то дар панохи давлаташ эмин нишинанд ва туро ин хар ду асло дар чибиллат нест:

Накунад чаврпеша султони,
Ки наёяд зи гург чупони.
Подшохе, ки тархи зулм афканд,
Пойдевори мулк хеш биканд.

Маликро панди вазири носех мувофики табъи мухолиф наёмад, руй аз ин сухан дар хам кашиду ба зиндонаш фиристод.
Басе барнаёмад, ки бани аъмоми султон ба мунозаат хостанд ва мулки падар хостанд. Кавме, ки аз дасти татовули у ба чон омада буданд ва парешон шуда, бар эшон гирд омаданд ва таквият карданд, то мулк аз тасарруфи ин бадар рафт ва бар онон мукаррар шуд.

Подшохе, к-у раво дорад ситам бар зердаст,
Дустдораш рузи сахти душмани зуровар аст.
Бо раият сулх кун в-аз чанги хасм эмин нишин,
З-он ки шоханшохи одилро раият лашкар аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

1pifagor0

Хаким ва чохил

Хакиме, ки бо чуххол дарафтод, таваккуи иззат надорад ва агар чохиле ба забоновари бар хакиме …