Главная / Чамъият / Муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон

Муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2014, №7, к. 1, мод. 393)

Конуни мазкур асосхои ташкили ва хукукии муковимат ба савдои одамон, системаи чорахо оид ба хифз, расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онхоро мукаррар карда, муносибатхои чамъиятиро дар самти муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон танзим менамояд.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси 

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

айнияткунонии курбониёни савдои одамон – мукаррар кардан ва санчиши шахсияти курбониёни эхтимолии савдои одамон;

асорати карзи – холат ё вазъияте, ки дар натичаи он карздор барои кафолати карз мехнати шахсии худ ё мехнати шахси ба вай вобастабударо ба гарав мегузорад, агар арзиши кори ичрошаванда барои пардохти карз хисоб карда нашавад ва ё агар давомнокии ин кор бо ягон мухлат махдуд нагашта бошад ва ё агар хусусияти кор ва андозаи музди мехнат муайян карда нашуда бошад;

вазъияти ноилочи – вазъияти вобастаги, тобеият, ки бо мачбуркунии мунтазами гайриконунии инсон ба содир намудани ягон харакат ё бехаракати ба манфиати шахсони дигар, ба зисту зиндагони дар чои муайян ё бо шахсони муайян, ба ичрои корхои муайян ё расонидани хизматрасонии муайян барои шахси дигар бо подош ё ройгон алокаманд буда, дар натичаи асорати карзи ё урфу одатхо ба вучуд омадааст, ки тибки онхо занро ба шахси дигар хамчун мерос, бо подош ё бо дигар тарз бе хукуки инкор кардан аз чониби у медиханд ва ё кудак аз тарафи падару модар, дигар намояндаи конунии у ё шахси онхоро ивазкунанда ба шахси дигар бо подош ё бидуни он бо максади истисмори кудак дода мешавад;

виктимизатсия – зиёд гардидани хатари чалби курбонии имконпазир ба самти савдои одамон ва истифодаи курбони ба сифати объекти истисмор дар натичаи ба вучуд омадан ё касдан ба вучуд овардани холатхои объективи ва субъективие, ки ба ин мусоидат мекунанд;

ревиктимизатсия – зиёд гардидани хатари чалби такрории курбони ба самти савдои одамон хамчун объекти истисмор;

гуломи – холат ё вазъияти шахсе, ки нисбат ба вай новобаста аз розигии у баъзе ё тамоми салохияти ба хукуки моликият хосбуда татбик карда мешавад, аз чумла сохиби, истифода ва ихтиёрдори намудани инсон;

дигар ахдхои гайриконуни нисбат ба курбонии савдои одамон – супоридани инсон ба сифати предмети ахди музднок ё бемузд ба шахси (шахсони) дигар, аз чумла ба сифати тухфа ба ивази ягон сарватхои модди ва ё ба ихтиёрдори ё истифодаи муваккатии музднок (кироя) ва ё ба сифати таъмини ичрои ухдадорихо аз руи ахд (гарав) ё эквиваленти пардохти сарватхои моддии додашуда, корхои ичрошуда (хизматрасонихо) ва ё бо тартиби чуброни зарари ба дигар тараф расонидашуда;

истисмор – истифодаи инсон ё мехнати вай барои гирифтани фоидаи модди ё дигар фоида аз чониби дигар шахсон ба воситаи касдан ба вучуд овардан ва (ё) истифода бурдани холати очизии инсон ва ё мачбур кардани инсон барои ба манфиати шахси истисморкунанда ё дигар шахсон ичро кардани корхо, хизматрасонихо ё содир намудани дигар амалхо, новобаста ба хусусияти муздноки ё ройгон будани онхо, аз чумла машгул шудан бо фохишаги, хизматрасонии дигари дорои хусусияти шахвони, машгул шудан ба гадои, мехнат ё хизматрасонии мачбури, гуломи ё урфу одатхои ба гуломи монанд, вазъияти ноилочи, гайриконуни гирифтани узв ва (ё) бофтахои инсон, писархондии (духтархондии) гайриконуни бо максади тичорат, хамчунин гайриконуни истифода бурдани инсони дигар бо максадхои репродуктиви ё дар тахкикоти биотибби ва ё дар вохидхои мусаллахи гайриконуни ва (ё) низоъхои мусаллахона ва ё дар дигар фаъолияти чинояти ё зиддихукуки;

истисмори иктисоди – истисмори инсон ё мехнати вай бо максади гирифтани фоидаи модди ё дигар фоида аз чониби дигар шахсон ба воситаи гузоштани у дар асорати карзи, холати гуломи ё истифода бурдан барои мехнати гуломона, мехнати мачбури ё хатми ва ё дар холати ба гуломи монанд;

истисмори шахвони – гирифтани фоидаи модди ё дигар фоида ба воситаи мачбур кардани шахси дигар, аз чумла бо рохи суиистифода аз холати очизии у ба расонидани хизмати дорои хусусияти шахвони ё ба содир намудани дигар харакатхои дорои хусусияти шахвони, аз чумла истифодаи у барои машгул шудан ба фохишаги, иштирок дар чорабинихои намоишии дорои хусусияти шахвони, тайёр кардани мавод ё предметхои порнографи ва ё нигох доштан дар гуломии шахвони;

иръоб (шантаж) – мачбуркунии курбонии савдои одамон ба содир намудани ягон хел харакатхо ё рад кардани содир намудани онхо зери тахдиди пахн кардани маълумоти бадномкунандаи курбони ё наздикони у, хамчунин маълумоте, ки метавонанд ба хукук ва манфиатхои конунии курбони ва ё ба манфиатхои конунии наздикони у зарари чидди расонанд;

кудак- курбонии савдои одамон – шахсе, ки то расидан ба синни хаждах аз чиноятхо дар самти савдои одамон зарар дидааст;

курбонии савдои одамон – шахси вокеии аз савдои одамон зарардида, аз чумла ба савдои одамон чалбшуда ё дар вазъияти ноилочи нигохдошташаванда, новобаста аз вазъи мурофиавии у, инчунин мавчуд будан ё набудани розигии у ба пешниход намудан, чалб кардан, интикол, пинхон кардан, супоридан, фуруш, истисмор ва дигар харакатхое, ки ба савдои одамон вобастаанд;

курбониёни имконпазири савдои одамон – шахсони ба оворагарди, гадои машгулбуда, кудакони ятим ва кудаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, кудакони беназорат, шахсони мубталои машруботи алкоголи, воситахои нашъаовар ва моддахои психотропи, инчунин дигар шахсоне, ки дар холати аз чихати ичтимои хатарнок ё осебпазири барои нисбати онхо содир гардидани чиноят ва дигар хукуквайронкунихо дар самти савдои одамон мусоидаткунанда карор доранд;

мачбуркунии инсон – таъсиррасонии чисмони ё рухи ба дигар инсон бо максади водор намудани у бар хилофи ё катъи назар аз ирода ва розигиаш ба содир намудани ягон харакатхо ё рад кардани содир намудани онхо ба фоидаи шахси мачбуркунанда ё дигар шахсон бо рохи одамрабои ё бо рохи зури махдудкунии озодии шахси мачбуршаванда, нисбат ба вай истифода бурдани зуроварии чисмони, шахвони ё рухи ва ё дигар тахдидхо, иръоб (шантаж) ва ё бо максадхои зикргардида истифода бурдани моддахои захролуд, сахттаъсир ё дигар моддахои мадхушкунанда, хамчунин ба воситаи касдан фарохам овардан ва (ё) истифода бурдани вазъияти ноилочи ё холати очизии шахси мачбуршаванда;

мехнати мачбури – хама гуна кор ё хизматрасони, ки аз чониби шахс, катъи назар аз хохиш ва иродаи у зери таъсиррасонии мачбури ва (ё) бо истифода аз холати очизии у ичро мешавад, аз он чумла бо вайронкунии коидахои хифзи мехнат ва меъёрхои пардохти музди мехнат, хифзи саломати ва таъмини бехатари, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, амали мешаванд;

муассисаи (маркази, панохгохи) махсус оид ба расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон – шахси хукукие, ки бо максади расонидани кумаки равони, хукуки, тибби ва (ё) дигар намуди кумак ба курбониёни савдои одамон, аз чумла чихати муваккатан таъмин ва чойгиркуни бо максади хифзи хукуку манфиатхои конунии онхо, инчунин мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ташкил карда шудааст;

муковимат ба савдои одамон – фаъолият оид ба огохонидан, ошкор намудан, пешгири кардан, ба хадди акал расонидани окибатхои савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни он;

мутобикгардонии ичтимоии курбонии савдои одамон – мувофикгардонии фаъоли шахси аз савдои одамон зарардида ба коидахо ва меъёрхои рафтори дар чамъият кабулгардида, баркарор намудани раванди ичтимоишавии аз тачовуз вайроншуда, бартараф намудани окибатхои зарари равони ё маънави, ки ба у дар рафт ё дар натичаи истисмори у ва ё нисбат ба у содир шудани дигар чиноятхо дар самти савдои одамон расонида шудааст;

расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон – мачмуи чорахои аз чониби давлат кафолатдодашудаи хифзи курбониёни савдои одамон, мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии онхо, аз чумла ба онхо расонидани кумаки равони, хукуки, ичтимои, тибби ва дигар намудхои кумак;

савдои кудакон – хама гуна амал ё ахде, ки ба воситаи онхо кудак гайриконуни аз тарафи падару модар, дигар намояндаи конуни ё дигар шахсе (гурухи шахсоне), ки кудак доими ё муваккати дар парастории вай (онхо) мебошад, ба дигар шахс (гурухи шахсон) бар ивази подоши модди ё дигар чуброн, бо максади истисмори у ва ё ба даст овардани фоидаи модди ё дигар фоида, инчунин бо максади фарзандхондии гайриконунии кудак, новобаста аз тарзхои хангоми он истифодашаванда супорида мешавад;

савдои одамон – хариду фуруши одам ва ё нисбат ба у анчом додани дигар ахдхои гайриконуни, ки дар онхо вай хамчун объекти моликият баромад мекунад, хамчунин новобаста аз розигии курбони бо максади истисмори у ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи гайриконуни пешниход намудан, чалб кардан, интикол, пинхон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи мачбуркуни, рабудан, фиреб, суиистифода намудани гунахгор аз вазъи хизматии худ, суиистифода аз бовари ё холати очизии курбонии савдои одамон ва ё ришвадихи ба шахсе, ки курбони тахти вобастагии у карор дорад;

савдогари одамон – шахси вокеи ё хукуки, ки мустакилона ё бо гурухи шахсон савдои одамонро амали менамояд, инчунин фаъолияти мазкурро маблаггузори менамояд ва ё аз хисоби он фоидаи модди ё дигар фоида ба даст меорад, хамчунин шахси мансабдоре, ки бо амалхои худ ба савдои одамон мусоидат менамояд ё ба он монеъ намешавад ё муковимат намекунад, гарчанде вазифадор аст, ин корро мувофики ваколатхои хизматии худ ичро намояд;

содир намудани чиноят бо истифода аз вазъи хизматии худ – содир кардани чиноятхо дар самти савдои одамон ва чиноятхои бо он алокаманд аз чониби шахси мансабдор ё шахсе, ки ба зиммаи у функсияхои идоракуни, ваколатхои ташкилию амрдихи ё маъмурию хочагидори дар ташкилотхои давлати, тичорати ва дигар ташкилотхо вогузошта шудаанд, инчунин дигар корманди макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукии онхо, ки бо максадхои зикргардида вазъи хизматии худ ва ё ваколатхои хизматии ба онхо додашударо истифода мебаранд;

тавонбахшии ичтимоии курбонии савдои одамон – чорабинихое, ки барои баркарор намудани робита ва функсияхои ичтимоии аздастдодаи шахси аз савдои одамон зарардида, инчунин дигар чорабинихое, ки барои ба чамъият ва оила баргардонидани (реинтегратсияи) курбониёни савдои одамон равона шудаанд;

туризми шахвонии кудакон – сафархои туристи, аз чумла ба хоричи кишвар аз чониби шахсони ба балогатрасида бо максади алокаи чинси кардан бо кудакон ё нисбат ба онхо содир кардани дигар харакатхои дорои хусусияти шахвони, инчунин бо максади истифодаи онхо ба сифати накшофарандагон барои истехсол намудани мавод ё предметхои порнографи ё ба сифати иштирокчиёни чорабинихои намоишии дорои хусусияти порнографи;

хариду фуруши одам – анчом додани ахди дутарафаи музднок, ки ба супоридани одам аз чониби шахси уро дар асоси конуни ё гайриконуни тахти вобастагиаш карордода ба шахси (шахсони) дигар бар ивази подош равона шудааст;

химояи давлатии чабрдидагон ва шохидон оид ба парвандахои марбут ба чиноятхо дар самти савдои одамон (минбаъд – химояи давлати) – аз чониби макомоти ваколатдори давлати амали намудани чорахои амниятии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, ки ба хифзи хаёт, саломати ва (ё) молу мулки курбониёни савдои одамон равона гардидаанд, инчунин чорахои дастгирии ичтимоии шахсони номбурда бо сабаби иштироки онхо дар мурофиаи судии чинояти;

хифзи курбонии савдои одамон – системаи чорахои аз чониби давлат кафолатдодашуда, ки барои таъмини бехатари, хифзи хаёт, саломати ва озоди, риояи дигар хукуку манфиатхои конунии шахси аз чиноятхо дар самти савдои одамон зарардида равона шудаанд;

холати (вазъияти) ба гуломи монанд – вазъ ё холати шахси дар вазъияти ноилочи, аз чумла дар асорати карзи карордошта;

холати очизии курбонии савдои одамон – вазъияти аз чихати чисмони, равони, ичтимои ё иктисоди хифзнашуда будани инсон, ки бинобар ба вучуд омадан ё касдан аз чониби шахси гунахгор ба вучуд овардани шароити вазнини зиндаги ба миён омадааст ва ё вазъияти вобастагии модди ва дигар вобастагии инсон, аз чумла вобаста ба синни кудаки ё пиронсоли, хомиладори, бемории рухи ё чисмони ва ё норасогии чисмонии инсон, ки уро барои додани розиги ба мачбуркуни ва (ё) истисмори у водор кардаанд;

чалб кардан – чустучуй, интихоб ва киро кардани шахсон бо рохи хавасмандкунии модди барои ба манфиати кирокунанда ё дигар шахсон ичро намудани ягон кор, хизматрасони ва ё анчом додани дигар фаъолият, хамчунин фаъолияти зиддихукуки, аз чумла дар худуди давлати хоричи.

 

Моддаи 2. Максад ва вазифахои Конуни мазкур

 

  1. Конуни мазкур ба таъсис додан ва баланд бардоштани самаранокии системаи муковимат ба савдои одамон тавассути муайян кардани асосхои хукуки ва ташкилии сиёсати давлати ва хамкорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар самти мазкур, мукаррар намудани принсипхои умумии чавобгарии хукукии шахсони вокеи ва хукуки барои хукуквайронкуни дар самти савдои одамон, мукаррар кардани макоми хукукии курбониёни савдои одамон, кафолатхои хукуки, принсипхо ва шаклхои химояю дастгирии онхо, батанзимдарории конунии ваколатхои субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон, асосхои ташкилию хукукии хамкории байни онхо, инчунин бо иттиходияхои чамъияти ва ниходхои чомеаи шахрванди равона шудааст.
  2. Вазифахои Конуни мазкур аз инхо иборатанд:

– фарохам овардани мачмуи кафолатхои ташкилию хукуки ва мурофиавии самараноки хифзи шахсият, чамъият ва давлат аз хама шаклхои савдои одамон ва чиноятхои бо он алокаманд;

– танзими хукукии асосхои системаи умумидавлатии мачмуии муковимат ба савдои одамон, ки чорахои ба огохонидан, ошкор намудан ва пешгири кардани чиноятхо дар самти савдои одамон, бартарафсозии окибатхои ногувори онхо, ошкор намудан ва ба чавобгарии хукуки кашидани шахсоне, ки дар савдои одамон гунахгоранд, инчунин ошкор намудан ва айнияткунонии курбониёни савдои одамон, расонидани кумак ба онхо ва таъмини амнияти курбониёни савдои одамон равонгардидаро дар бар мегирад;

– фарохам овардани асосхои ташкилию хукукии таъмини фаъолияти самараноки макомоти хифзи хукук дар самти муковимат ба савдои одамон ва дигар субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон;

– хамохангсозии фаъолияти макомоти маркази ва махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои давлати, инчунин ташкилотхои гайридавлати, байналмилали, иттиходияхои чамъияти, дигар ниходхои чомеаи шахрванди, воситахои ахбори омма ва шахрвандон дар самти муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон;

– ташаккули асосхои ташкилию хукукии хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар самти муковимат ба савдои одамон, расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон ва ичро намудани ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон;

– таъмини курбониёни савдои одамон бо мачмуи маъмулии хадди акали хизматрасонии ичтимои, аз чумла чорахои вобаста ба расонидани кумаки равони, хукуки, ичтимои, тибби ва дигар намудхои кумак;

– баркарор намудан ва хифзи хукуку манфиатхои конунии курбониёни савдои одамон бо чудо кардани гуруххои нисбатан осебпазири онхо;

– мутобикгардони ва тавонбахшии пурраи ичтимоии курбониёни савдои одамон, ворид намудани онхо ба мухити муътадили ичтимои;

– ба курбониёни савдои одамон пурра чуброн намудани зарари маънави ва моддии ба онхо расонидашуда;

– аз чониби давлат андешидани мачмуи чорахои дорои хусусияти ичтимоию иктисоди, хукуки, таълимию маърифати, иттилооти ва чорахои дигар чихати расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон, аз чумла чорахое, ки барои бартараф намудани сабабу шароитхои ба виктимизатсия ва ревиктимизатсияи онхо мусоидаткунанда равона шудаанд.

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муковимат ба савдои одамон ва

                      расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Сиёсати давлати дар самти муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба

                       курбониёни савдои одамон

 

  1. Сиёсати давлати дар самти муковимат ба савдои одамон бо назардошти вазъияти дохили ва берунии муковимат ба савдои одамон, холати вокеи, тамоюл ва пешгуии афзоиши ин намуди чинояткори, инчунин холати расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон, ки ба мубориза бар зидди чинояткории муташаккилонаи трансмилли, савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни чиноятхои зикргардида равона шудаанд, ташаккул меёбад.
  2. Давлат бо максади таъмини хифзи хукук ва манфиатхои конунии курбониёни савдои одамон, хусусан занхо ва кудакон чорахои зарури андешида, ба расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон ва таъмини бехатарии онхо, аз чумла тавассути тахияи барномахои давлатии максаднок дар ин самт ва муттахид намудани фаъолияти субъектхои системаи давлатии муковимат ба савдои одамон ва чомеаи шахрванди диккати махсус медихад.
  3. Сиёсати давлати дар самти муковимат ба савдои одамон ба принсипхои зерин асос меёбад:

– таъмини аввалиндарачаи хукук ва манфиатхои конунии курбониёни савдои одамон, кафолати давлатии амнияти онхо, хифзи хаёт, саломати ва шаъну шарафи онхо, хукук ба махфиёна нигох доштани маълумот дар бораи шахсияти онхо;

– муносибати системави ба ташкили муковимат ба савдои одамон, аз чумла огохонидан, ошкор намудан ва пешгири кардани чиноятхо дар самти савдои одамон, бартарафкунии окибатхои онхо, хифзу дастгирии курбониёни савдои одамон, инчунин ба чавобгари кашидани шахсоне, ки дар савдои одамон гунахгоранд ва пешгирии ретсидиви чунин чиноятхо;

– афзалияти пешгирии савдои одамон ва чиноятхои бо он алокаманд, аз чумла тадбирхое, ки барои паст намудани талабот ба истисмори шахвони, иктисоди ва дигар намудхои истисмори инсон, пешгирии виктимизатсияи курбониёни савдои одамон ва чиноятхои ба он алокаманд равона карда шудаанд;

– татбики мачмуии чорахои дорои хусусияти сиёси, ичтимоию иктисоди, иттилооти, таълими, хукуки, мурофиави, оперативи – чустучуи ва дигар хусусият хангоми ташкили муковимат ба савдои одамон;

– ногузирии чавобгарии шахсоне, ки дар савдои одамон гунахгоранд;

– ба хадди акал расонидани даромадхо аз фаъолияти чинояти дар самти савдои одамон, тавассути татбик намудани чазохои чинояти, пеш аз хама мусодираи молу мулк;

– шарикии ичтимои ва хамкории давлат бо ташкилотхои байналмилали, гайридавлати, иттиходияхои чамъияти, воситахои ахбори омма ва шахрвандон хангоми ташкили муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон;

– химояи давлатии кафолатдодашуда, баркарор кардани хукукхои курбониёни савдои одамон, чуброни зарари ба онхо расонидашуда, таъмини амнияти онхо, новобаста аз рафтори онхо то содир гардидани чиноят, хамчунин омодагии онхо барои хамкори бо макомоти хифзи хукук хангоми тафтишот ва баррасии судии чиноятхои нисбати онхо содиршуда;

– афзалияти хифзи хукук ва манфиатхои конунии кудакон-курбониёни савдои одамон, аз чониби давлат таъмин намудани хифзи махсуси онхо ва аз тарафи тамоми субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон ба онхо расонидани кумаки хамачониба;

– муносибати фарди дар муайян кардани хачми хизматрасони оид ба мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии курбониёни савдои одамон вобаста ба розигии онхо барои хамкори бо макомоти хифзи хукук;

– ба чавобгари накашидани шахсони аз савдои одамон зарардида барои кирдори зиддихукукие, ки ба чалби онхо ба савдои одамон ба сифати курбони алокаманд мебошад;

– рох надодан ба табъизи курбониёни савдои одамон, муносибати одилона ва инсондустона нисбат ба онхо;

– таъмини дастрасии озод ва ройгони курбониёни савдои одамон ба адолати суди;

– махфиёна будани иттилоот дар бораи курбониёни савдои одамон ва наздикони онхо.

  1. Давлат бо максади амали гардонидани принсипхои сиёсати давлати дар самти муковимат ба савдои одамон инхоро таъмин менамояд:

– мутобикати конунгузории Чумхурии Точикистон ба меъёрхои санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст;

– дар конунгузории Чумхурии Точикистон инъикос намудани хусусият ва дарачаи барои чамъият хавфноки, холати вокеи, тамоюл ва пешгуии афзоиши чинояткори дар самти савдои одамон, шакл ва намудхои он;

– хамохангсозии фаъолият дар самти муковимат ба савдои одамон бо самтхои омехтаи фаъолияти давлат дар сохаи сиёсати ичтимои, иктисоди, мухочират, иттилооти, таълими ва ичозатномадихи;

– тахия ва татбики барномахои милли оид ба огохонидан ва пешгири намудани савдои одамон, оид ба тавонбахшии ичтимоии курбониёни он, расонидани кумак ва дастгирии хамачонибаи давлати ба онхо;

– амали намудани назорати давлати ба риояи конунгузории Чумхуриии Точикистон ва аз чониби Чумхурии Точикистон ичро намудани ухдадорихои байналмилали дар самти муковимат ба савдои одамон;

– такмили механизмхои хамкории мутакобилаи макомоти хифзи хукук, макомоти ваколатдори давлати дар сохаи сархад, мухочират, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, маориф ва илм, иттиходияхои чамъияти ва дигар ташкилотхо барои кабул намудани тадбирхои мувофикашудаи муковимат ба савдои одамон, хусусан занон ва кудакон;

– хамохангсозии амалхои макомоти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои давлати, ташкилотхои гайридавлати, байналмилали, иттиходияхои чамъияти, дигар ниходхои чомеаи шахрванди, табакахои васеи ахоли оид ба огохонидан ва пешгирии савдои одамон.

  1. Сиёсати давлати дар самти хифзи чабрдидагон ва шохидон оид ба парвандахои чинояти марбут ба чиноятхо дар самти савдои одамон тахти назорати прокурори дар асоси принсипхои конуният, эхтироми хукук ва озодихои инсон ва шахрванд, масъулияти макомоте, ки хифзи давлатии шахсони мазкурро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд, амали мешавад.

 

БОБИ 2.

АСОСХОИ ТАШКИЛИИ МУКОВИМАТ  БА САВДОИ ОДАМОН ВА

РАСОНИДАНИ КУМАК БА КУРБОНИЁНИ САВДОИ  ОДАМОН

 

Моддаи 5. Системаи муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни

                      савдои одамон

 

  1. Системаи муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон фаъолияти макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои давлати, инчунин ташкилотхои гайридавлати, байналмилали, иттиходияхои чамъияти, дигар ниходхои чомеаи шахрванди, воситахои ахбори омма ва шахрвандон оид ба огохонидан, ошкор намудан ва пешгири кардани чиноятхо дар самти савдои одамон, бартарафсозии окибатхои ичтимоии онхо, оид ба расонидани кумак ба курбониёни савдои одамонро дар бар мегирад.
  2. Давлат самаранокии муковимат ба савдои одамонро бо рохи татбики чорахои мачмуи оид ба такмили кори макомоти хифзи хукук, ки дар самти муковимат ба савдои одамон ваколатдор мебошанд, баланд бардоштани салохиятноки ва ихтисоснокии кормандони онхо, таъмини огохонидан, ошкор намудан, пешгири кардан ва тафтиши хамаи холатхои савдои одамон, мукаррар ва бартараф намудани сабаб ва шароитхои ба онхо мусоидаткунанда, ошкоркунии шахсони дар содиркунии чиноятхои зикргардида гунахгор, ногузирии ба чавобгарии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон кашидани онхо ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамонро кафолат медихад.

 

Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар самти муковимат ба савдои

                      одамон 

 

Хукумати Чумхурии Точикистон:

– сиёсати давлатиро дар самти муковимат бо савдои одамон амали менамояд;

– тахия, банакшагири, маблаггузори ва амали намудани чорахои мачмуиро оид ба татбики сиёсати давлати дар самти муковимат ба савдои одамон таъмин мекунад;

– санадхои меъёрии хукукие, ки ташкил ва тартиби амали намудани фаъолият оид ба муковимат ба савдои одамонро танзим менамоянд, кабул мекунад;

– ичрои санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистонро дар самти муковимат ба савдои одамон таъмин мекунад;

– Низомномаи Комиссияи байниидоравии муковимат ба савдои одамонро тасдик менамояд;

– накшаи миллии муковимат ба савдои одамонро тасдик менамояд ва татбики онро таъмин мекунад;

– барномахои максадноки давлатиро, ки барои муковимат ба савдои одамон равона шудаанд, тасдик мекунад;

– оид ба таъмини фаъолияти субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон тадбирхо меандешад;

– барои таъмини фаъолияти ташкилию хукуки, молияви ва моддию техникии субъектхои системаи давлатии муковимат ба савдои одамон дар самти расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон чорахо меандешад;

– фонди расонидани кумак ба курбониёни савдои одамонро таъсис дода, тартиби ташкил ва фаъолияти онро муайян мекунад;

– номгуи мансабхоро, ки бо фаъолияти омузгори, пешбурди вазифахои тарбияви нисбати кудакон алокаманд мебошанд, инчунин касбхои бо кори доими бо кудакон вобастабударо, ки ишголи онхо аз чониби шахсони каблан чиноятхои ба мукобили озодии чинси ва дахлнопазирии чинсиро содирнамуда манъ аст, тасдик менамояд;

– дигар ваколатхоро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, амали менамояд.

 

Моддаи 7. Субъектхои давлатие, ки бевосита муковимат ба савдои одамонро амали

                      менамоянд

 

  1. Субъектхои давлатие, ки бевосита муковимат ба савдои одамонро амали менамоянд, инхо мебошанд:

– Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи он;

– Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон;

– Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон;

– Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон;

– Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон.

  1. Субъектхои давлатие, ки бевосита муковимат ба савдои одамонро амали менамоянд, дар доираи ваколатхои худ дар тахия ва татбики сиёсати давлати дар самти муковимат ба савдои одамон, тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки дар самти мазкур, тахия ва амали намудани барномахои максадноки давлати дар самти муковимат ба савдои одамон иштирок менамоянд.
  2. Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи он:

– назорати риояи дакик ва ичрои якхелаи конунгузории Чумхурии Точикистонро дар бораи муковимат ба савдои одамон амали намуда, дар доираи ваколатхои худ оид ба пешгирии савдои одамон тадбирхо меандешанд;

– фаъолияти макомоти давлатии амаликунандаи муковимат ба савдои одамонро хамоханг месозанд;

– хангоми ошкор намудани холатхои вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар самти муковимат ба савдои одамон чихати бартарафсозии чунин холатхо тадбирхо меандешанд;

– хангоми аз макомоти давлатии амаликунандаи муковимат ба савдои одамон, ташкилотхо ва шахрвандон гирифтани маълумот дар бораи мавчудияти холатхои ба савдои одамон вобаста, оид ба бартараф намудани чунин хукуквайронкунихо амр мебароранд, ки ичрои он аз чониби макомоти дахлдори давлати, ташкилотхо, шахсони мансабдор ва шахрвандон хатми мебошад ё бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд аризаро дар бораи дахл доштани ташкилотхо ба савдои одамон, манъ кардани фаъолияти онхо дар худуди Чумхурии Точикистон ва бархам додани чунин ташкилотхо, ки дар худуди Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудаанд ё дар бораи катъи фаъолияти намояндагии чунин ташкилотхои хоричи ё байналмилалие, ки дар худуди Чумхурии Точикистон вокеъ гардидаанд, пешниход менамоянд. Аз лахзаи пешниходи ариза ба суд фаъолияти ташкилоти ба савдои одамон дахлдор боздошташуда хисобида мешавад;

– таъкиби чиноятии шахсонеро, ки савдои одамон ё чиноятхои ба он алокамандро содир намудаанд, амали мекунанд;

– дигар ваколатхоро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамоянд.

  1. Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар доираи салохияти худ:

– дар асоси иттилооти аз субъектхои давлатии амаликунандаи муковимат ба савдои одамон пешниходгардида, махзани ягонаи маълумот дар бораи савдои одамонро таъсис медихад;

– вохидхои махсусгардонидашуда оид ба муковимат ба савдои одамон (минбаъд- вохидхои махсусгардонидашуда)-ро таъсис медихад;

– огохонидан, ошкор кардан ва пешгири намудани савдои одамон ва чиноятхои ба он алокамандро амали менамояд;

– бо максади ошкор кардан ва бартарафсозии сабаб ва шароитхои ба савдои одамон мусоидаткунанда чорахои пешгирикунанда меандешад;

– дар асоси ариза химояи курбониёни савдои одамонро дар давраи мурофиаи чинояти таъмин менамояд ва ба онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дигар кумакро мерасонад;

– барои хифзи хаёт, саломати ва молу мулки шахрвандоне, ки ба онхо вобаста ба расонидани ёри ба макомоти хифзи хукук дар пешгири ва ошкор намудани чиноятхо дар самти савдои одамон хатар тахдид мекунад, тадбирхо меандешад;

– фаъолияти оперативи-чустучуи, фаъолият оид ба таъкиби чинояти, хамкории байналмилали, айнияткунонии курбониёни савдои одамон, тахлили иттилоот, инчунин таъсиси марказхо оид ба огохонидан ва пешгири намудани савдои одамонро амали менамояд;

– дигар ваколатхоро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.

  1. Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон дар доираи салохияти худ:

– огохонидан, ошкор кардан ва пешгири намудани савдои одамон ва чиноятхои ба он алокамандро амали менамояд, чорахои пешгирикунандаро оид ба ошкор ва бартарафсозии сабаб ва шароитхои ба савдои одамон ва содир намудани чиноятхои ба он алокаманд мусоидаткунанда меандешад;

– муковимат ба савдои одамонро ба воситаи ошкор намудани алокахои ташкилотхои байналмилалии террористи ва гуруххои муташаккили чинояти бо савдогарони одамон, огохонидан, ошкор кардан ва пешгири намудани кушишхои савдогарони одамон чихати гузаштан аз Сархади давлатии Чумхурии Точикистон, инчунин чойивазкунии гайриконунии курбониёни савдои одамонро тавассути Сархади давлатии Чумхурии Точикистон амали менамояд;

– таъкиби чиноятии шахсонеро, ки савдои одамон ва дигар чиноятхои ба он алокамандро содир намудаанд, амали менамояд;

– дигар ваколатхоро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.

  1. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон тахлили мачмуи ва арзёбии холати мубориза бо чиноятхои вобаста ба муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи, прекурсорхои онхо ва алокамандии чунин чиноятхоро бо савдои одамон ва чиноятхои ба он алокаманд мегузаронад. Дар холати ошкор кардани чиноятхои ба савдои одамон алокаманд, муайян кардани фаъолияти гуруххои чинояткори нашъачаллоби, ки ба савдои одамон алокаманданд ва дорои хусусияти байниминтакави ва байналмилали мебошанд, инчунин шахсоне, ки ба чунин чиноятхо дахл доранд ва курбонии имконпазири савдои одамон эътироф шудаанд, дар якчояги бо дигар субъектхои муковимат, ки дар кисми 1 моддаи мазкур пешбини шудаанд, барои гузаронидани фаъолияти минбаъдаи ошкор кардан, пешгири намудан, катъ кардан ва кушодани чиноятхои ба савдои одамон алокаманд, хамкори менамояд.
  2. Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон фаъолиятро оид ба ошкор кардан ва пешгири намудани кушишхои аз чониби савдогарони одамон гузаштани сархади гумрукии Чумхурии Точикистон, инчунин пешгирии рафтуомади гайриконунии курбониёни савдои одамонро тавассути сархади гумрукии Чумхурии Точикистон анчом медихад.
  3. Субъектхои давлатии бевосита амаликунандаи муковимат ба савдои одамон дар доираи салохияти худ дар самти расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон ваколатхои зеринро амали менамоянд:

– пешгирии виктимизатсияи курбониёни савдои одамон;

– амали намудани чорабинихое, ки барои ошкор намудан ва айнияткунонии курбониёни савдои одамон равона шудаанд;

– амали гардонидани хамкори бо дигар субъектхои системаи давлати ва гайридавлатии муковимат ба савдои одамон оид ба масъалахои расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон.

 

Моддаи 8. Субъектхои дигари давлатии амаликунандаи муковимат ба савдои одамон

 

  1. Субъектхои дигари давлатии амаликунандаи муковимат ба савдои одамон инхо мебошанд:

– Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон;

– Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон;

– Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон;

– Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон;

– Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон;

– Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон;

– Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон;

– Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон;

– Кумитаи оид ба корхои дин, танзими анъана ва чашну маросимхои миллии назди Хукумати Чумхурии Точикистон;

– макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот;

– ташкилотхои давлати.

  1. Субъектхои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар тахия ва татбики сиёсати давлати дар самти муковимат ба савдои одамон, ошкор намудани холатхои савдои одамон ва чиноятхои ба он алокаманд иштирок намуда, оид ба бартарафсозии сабаб ва шароитхои мусоидаткунандаи савдои одамон ва чиноятхои ба он алокаманд, химоя ва расонидани кумаки ичтимои, хукуки, тибби ва равони чорахои иктисоди, ичтимои, хукуки, иттилооти, таълими, ислохнамои, тавонбахши ва дигар чорахоро, ки барои мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии курбониёни савдои одамон, инчунин пешгирии виктимизатсияи онхо равона шудаанд, меандешанд ва дар доираи салохияти худ ба субъектхои давлатии бевосита амаликунандаи муковимат ба савдои одамон мусоидат менамоянд.
  2. Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон:

– кори макомоти давлатиро оид ба ташвику таргиб чихати баланд бардоштани фарханги хукуки дар самти муковимат ба савдои одамон ташкил ва хамоханг месозад, холати ташвику таргиби хукуки ва донишхои хукукии ахолиро дар ин самт тахлил менамояд;

– риояи конуниятро хангоми бакайдгирии иттиходияхои чамъияти, ки фаъолияташон ба муковимат ба савдои одамон ва чиноятхои ба он алокаманд равона шудааст, таъмин менамояд ва фаъолияти чунин иттиходияхои чамъиятиро месанчад;

-барномахои давлатиро оид ба расонидани кумаки махсусгардонидашуда ба шахсоне, ки аз иллати шахвони азият мекашанд, аз чумла барои содир намудани чиноятхо дар самти савдои одамон махкум шудаанд, тахия карда, татбики онро ташкил менамояд.

  1. Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон:

– барномахои таълимиро оид ба масъалахои ошкор кардани савдои одамон ва тарзхои муковимат ба он, ки барои табакахои гуногуни ахоли ва омузиш дар муассисахои таълими таъин гардидаанд, тахия ва тасдик менамояд;

-воситахои барномави ва техникии махдудияти дастрасии кудаконро ба маълумоти пахнгардидаи Интернет, ки ба саломати, инкишофи маънави ва рухии онхо метавонанд зарар расонанд, тахия менамояд;

– барномахои таълимии ба гуруххои гуногуни ичтимои нигаронидашуда, барои пешгирии виктимизатсияи ахоли ва курбониёни имконпазири савдои одамон равонагардида, аз чумла барои таълим дар муассисахои тахсилоти умуми, тахсилоти ибтидои, миёна, олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими таъингардидаро тахия, тасдик ва татбики онхоро таъмин мекунад.

  1. Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон:

– барномахои ба курбониёни савдои одамон расонидани кумаки тибби ва равони, инчунин бо дорувори таъмин кардани муассисахои махсусро тахия карда, ичрои онхоро таъмин менамояд;

– тавассути шуъбахои хифзи ичтимоии ахоли ба курбониёни савдои одамон додани иттилоот ва машваратро таъмин менамояд, ба онхо имкониятхоеро, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон барои шахсони аз чихати ичтимои хифзшаванда пешбини шудааст, пешниход мекунад;

– барномахои давлатиро оид ба расонидани кумаки махсусгардонидашуда ба шахсоне, ки аз иллати шахвони азият мекашанд, аз чумла ба шахсоне, ки барои содир намудани чиноятхо дар самти савдои одамон махкум шудаанд, тахия карда, татбики онхоро ташкил менамояд.

  1. Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон:

– маълумотро дар бораи кудакон – шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки аз чониби шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки ба таври доими берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд ба фарзандхонди кабул шудаанд, чамъ оварда, шароитхои зисти онхоро меомузад ва хар нимсола дар ин бора ба Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон иттилоъ медихад;

– дар хамкори бо ташкилотхои ба тавонбахшии курбониёни савдои одамон кумакрасон фаъолиятро оид ба хифзи хукук ва манфиатхои конунии шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки курбонии савдои одамон гаштаанд ва берун аз худуди Чумхурии Точикистон карор доранд, амали менамояд ва барои ба Точикистон баргардонидани онхо мусоидат мекунад;

– ба макомоти давлатии кишвархои истикомати шахрвандони Чумхурии Точикистон оид ба конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муковимат ба савдои одамон маълумот пешниход менамояд, доир ба чорахои муковимат ба савдои одамон, ки дар Чумхурии Точикистон гузаронида мешаванд, аз чумла дар бораи хукукхои курбониёни савдои одамон иттилоот пахн менамояд;

– барасмиятдарори ва додани хуччатхои бозгаштро ба Чумхурии Точикистон ба курбониёни савдои одамон – шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахсони бешахрванди ба таври доими дар Чумхурии Точикистон истикоматдошта, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки ба онхо дар Чумхурии Точикистон макоми гуреза ё панохгохи сиёси дода шудааст, фавран таъмин менамояд.

  1. Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон:

– фаъолиятро оид ба иттилоотонии ахоли дар бораи вазъи бозори мехнат, тайёрии касби, хавасмандгардони оид ба бокортаъминкуни ба воситаи хизматрасонии иттилоотию машварати дар бораи касб, хизматрасони оид ба интихоби касб ва таълим, инчунин машварат ва кумак оид ба огози фаъолияти сохибкориро амали менамояд;

– тибки конунгузории Чумхурии Точикистон назорат ва санчиши фаъолияти шахсони вокеи ва хукукиро дар сохаи мухочирати мехнати, ташкил ва ба рох мондани чунин фаъолиятро бо максади пешгирии мухочирати гайриконунии шахрвандони Чумхурии Точикистон ба давлатхои хоричи дар якчояги бо макомоти дахлдори давлати ва иттиходияхои чамъияти, инчунин ташкил ва гузаронидани чорахои иттилоотию пешгирикунандаро, ки ба муковимат ба савдои одамон мусоидат мекунанд, амали менамояд;

– дар доираи ваколатхои худ хифзи хукук ва манфиатхои конунии курбониёни савдои одамон, аз чумла шахрвандони Чумхурии Точикистонро, ки курбонии савдои одамон гаштаанд ва берун аз худуди Чумхурии Точикистон карор доранд, таъмин менамояд.

  1. Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон дар якчояги бо дигар субъектхои дахлдори амаликунандаи муковимат ба савдои одамон барномахои ичтимоию иктисодиро, ки барои бартараф намудани сабаб ва шароитхои хусусияти иктисодидоштаи ба мухочирати гайриконуни, аз чумла савдои одамон мусоидаткунанда равона шудаанд, тахия ва амали менамояд.
  2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон:

– дар якчояги бо дигар субъектхои дахлдори амаликунандаи муковимат ба савдои одамон ичрои барномахои давлатиро вобаста ба муковимат ба савдои одамон ва чалб нагаштани занон ба сифати курбонии имконпазири савдои одамон амали менамояд;

– чорахои вобаста ба огохонидан, маълумотдихи, маърифатноки, машваратдихи, бозравони ва дастгирии ичтимоии курбониёнро дар самти савдои одамон дар байни занон амали мегардонад.

  1. Кумита оид ба корхои дин, танзими анъана ва чашну маросимхои миллии назди Хукумати Чумхурии Точикистон:

– дар мувофика бо Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон барномахои таълимии диниро дар самти муковимат ба савдои одамон тахия менамояд;

– чорахои вобаста ба огохонидан, маълумотдихи, маърифатноки ва машваратдихиро дар самти савдои одамон дар байни ахоли амали мегардонад.

  1. Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон:

– назоратбарии фаъолияти танзимгарони туризм ва агентихои туристи, инчунин тичорати модели, шугл, фарогат ва вактхуши, агентихои хизматрасонихо вобаста ба никох ва дигар хизматрасони, аз чумла дар хорича, инчунин нисбат ба дигар намудхои фаъолиятро, ки метавонанд барои чалби курбониёни имконпазири савдои одамон истифода шаванд, амали менамояд;

– чорахои вобаста ба огохонидан, маълумотдихи, маърифатноки, машваратдихи, бозравони ва дастгирии ичтимоии курбониёнро дар самти савдои одамон дар байни чавонон амали мегардонад.

  1. Макомоти махаллии хокимияти давлати дар доираи ваколатхои худ ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар доираи ваколатхои алохидаи давлатии аз чониби макомоти хокимияти давлати ба онхо вогузоршаванда дар амалигардонии муковимат ба савдои одамон иштирок менамоянд.
  2. Ташкилотхои давлати дар доираи ваколатхои худ амалисозии дар фаъолият оид ба муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбонии савдои одамон иштирок мекунанд.
  3. Ташкилотхои гайридавлати ва шахрвандон хукук доранд дар расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон иштирок намоянд.

 

Моддаи 9. Фаъолияти иттиходияхои чамъияти дар самти муковимат ба савдои одамон

 

  1. Бо максади пешгири кардани савдои одамон ва чиноятхои ба он алокаманд, химоя ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон, иттиходияхои чамъияти, ки фаъолиятро дар ин самт амали менамоянд, хукук доранд:

– бо макомот ва ташкилотхои давлатии амаликунандаи муковимат ба савдои одамон, ки дар моддахои 7 ва 8 Конуни мазкур пешбини шудаанд ва хамчунин бо ташкилотхои байналмилали ва хоричи хамкори кунанд;

– маъракахои иттилоотиро оид ба масъалахои муковимат ба савдои одамон, аз чумла оид ба масъалахои хатархое, ки курбониёни савдои одамон гирифтор шуда метавонанд, ташкил намоянд;

– муассисахои (марказхои, панохгоххои) махсусро оид ба расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон (минбаъд-муассисахои махсуси гайридавлати) ташкил кунанд;

– дигар фаъолиятро, ки бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини шудааст, амали намоянд.

  1. Иттиходияхои чамъияти мутобики оинномаи худ фаъолиятро оид ба муайян ва ошкор кардани курбониёни савдои одамон амали намуда, ба онхо химояи хукуки ва дигар химояро пешниход мекунанд ва кумак мерасонанд, инчунин оид ба пешгири кардани савдои одамон ва чиноятхои ба он алокаманд тадбирхо меандешанд.

 

Моддаи 10. Фаъолияти ташкилотхои байналмилали ва хоричи дар самти муковимат ба

                        савдои одамон

 

Бо максади пешгири кардани савдои одамон ва чиноятхои ба он алокаманд, ошкор кардани курбониёни савдои одамон, химоя ва кумак кардан ба онхо ташкилотхои байналмилали ва хоричие, ки фаъолиятро дар самти муковимат ба савдои одамон амали мегардонанд, хукук доранд бо макомоти давлати ва дигар ташкилотхои дар моддахои 7 – 9 Конуни мазкур пешбинишуда хамкори кунанд, лоихахои ёрии техникии байналмилалиро, ки ба муковимати савдои одамон равона карда шудаанд, аз чумла ба воситаи ташкили муассисахои махсуси гайридавлати амали намоянд.

 

Моддаи 11. Хамкории макомоти давлати бо иттиходияхои чамъияти, ташкилотхои

                        байналмилали ва гайридавлати дар самти муковимат ба савдои одамон

 

  1. Макомоти давлати дар доираи ваколатхои худ хамкориро бо иттиходияхои чамъияти, ташкилотхои байналмилали ва ташкилотхои гайридавлати, воситахои ахбори омма ва шахрвандон бо максади баланд бардоштани самаранокии огохонидан, ошкор намудан ва пешгирии савдои одамон, пешниходи химоя ва кумак ба курбониёни он, хамохангсозии корхои профлактики дар самти мазкур, инчунин пурзур намудани назоратбарии ниходхои чомеаи шахрвандиро аз рафт ва натичахои ин фаъолият таъмин менамоянд.
  2. Иттиходияхои чамъияти, ташкилотхои байналмилали ва гайридавлати, ки дар самти муковимат ба савдои одамон фаъолият менамоянд, бо курбониёни имконпазири савдои одамон корхои маърифати мегузаронанд, онхоро дар бораи хатархое, ки дар холатхои номусоиди хаёти дучор шуда метавонанд, хабардор менамоянд, дар ташкили муассисахои махсуси гайридавлати ва амали намудани чорабинихо оид ба мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии онхо иштирок менамоянд.
  3. Макомоти давлати дар доираи ваколатхои худ воситахои ахбори омма, шабакахои иттилоотию коммуникатсионии дастрасии кушода ва алокаро дар фаъолияти онхо оид ба пешгирии савдои одамон, аз чумла тавассути тадбирхои зерин амалишавандаро дастгири мекунанд:

– ташкили мониторинги иттилооте, ки бо иштироки онхо пахш мешавад, ташкили «хатхои очили»;

– чори намудани системаи таснифи мазмуни махсулоти иттилоотии аз чониби онхо пахншаванда;

– насби филтрхои мазмуни ва мониторинги захирахои иттилоотии аз чониби онхо дастгиришаванда;

– истифодаи воситахои техники ва барномавии мухосира кардани иттилооте, ки пахн намудани он дар худуди Чумхурии Точикистон мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон манъ карда шудааст.

  1. Давлат аз тарафи операторони алокаи мобили ва алокахои интернети бастани созишномахои дохилидавлати ва байнидавлатиро оид ба таъмини истифодаи бехатари хизматрасонии мобили ва дигар намудхои алокаи телекоммуникатсиони аз тарафи кудакон, аз чумла анчом додани чорахои зеринро хавасманд мегардонад:

– назоратбарии дастрасии кудакон ба алокахои мобили ва электрони дар речаи «танхо барои калонсолон»;

– гузаронидани маъракахои маърифати барои омузгорон, падару модарон ва кудакон дар бораи тадбирхои бехатари хангоми истифодабарии алокаи мобили ва дигар намудхои алокаи электрони;

– ихтиёран гузаронидани таснифи синнусолии мазмуни махсулоти иттилооти мутобики стандартхои миллии бехатарии иттилоотии кудакон;

– тавассути шабакахои алокахои мобили ва интернети иштирок дар огохонидан ва пешгирии пахн кардани хабархое, ки мазмуни гайриконуни доранд;

– ба истифодабарандагони алокахои мобили ва алокаи электрони пешниход кардани хизматрасонии таъминоти барномавии назоратбарии падару модар ва омузгорон, мухосира ва чудо (селексия) намудани дастрасии кудакон ба захирахои иттилоотие, ки барои саломати ва инкишофи ахлокию рухии кудакон хатар доранд.

  1. Ба иттиходияи чамъияти ё ташкилоти гайридавлати бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз хисоби маблагхои бучети давлати дастгирии молияви пешниход карда мешавад, дар холате, ки агар мутобики озмуни кушодаи гузаронидашуда барномахои чорабинихои пешниходкардаи онхо оид ба пешгирии савдои одамон ё таъсиси муассисаи махсуси гайридавлати ба накшахои (барномахои) идорави ё махалли дохил карда шуда, накшаи миллии муковимат ба савдои одамонро инкишоф диханд ва мушаххас намоянд.

 

Моддаи 12. Механизми бозравонии курбониёни савдои одамон

 

  1. Хамкори байни субъектхои низоми давлатии муковимат ба савдои одамон бо иттиходияхои чамъияти, ташкилотхои гайридавлати ва байналмилали дар доираи механизми бозравонии курбониёни савдои одамон тибки созишнома оид ба хамкори амали карда мешавад.
    2. Тартиби амали намудани мачмуи тадбирхоро дар доираи механизми бозравонии курбониёни савдои одамон Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 13. Мониторинги вазъият дар самти савдои одамон ва муковимат ба он

 

  1. Субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон мутобики салохияти худ мониторинги вазъият дар самти савдои одамон ва муковимат ба онро амали менамоянд.
  2. Асосхо ва тартиби амалисозии мониторинг дар самти мазкур аз чониби макомоти хифзи хукук бо истифодаи воситахои барномави ва техники, инчунин тартиб ва шартхои хамбастагии операторони алока бо макомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-чустучуи бо конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти оперативи-чустучуи, конунгузории мурофиавии чинояти ва дар бораи технологияхои иттилооти ва алока танзим мешаванд.
  3. Мониторинги вазъият дар самти савдои одамон дар асоси аз чониби макомоти хифзи хукук таъмин намудани пурра ва сари вакт ошкор намудан, бахисобгири ва бакайдгирии чиноятхо дар самти зикргардида амали мегардад.
  4. Мониторинги вазъият дар самти савдои одамон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби макомоти хифзи хукук мутобики салохияти онхо бо роххои зерин амали карда мешавад:

– тахлили омории холат ва чараёни чиноятхо дар самти савдои одамон;

– ташкили мониторинги интернет ва шабакаи алокаи мобили;

– ташкили шабакаи «хати очили» ва телефонхои бовари, аз чумла бо истифодаи шабакахои телекоммуникатсиони ва воситахои электронии алока;

– чамъ овардан, мураттабсози ва тахлили иттилооте, ки дар натичаи фаъолияти оперативи-чустучуи ворид мешаванд;

– чамъ овардан, мураттабсози ва тахлили иттилооте, ки аз макомоту муассисахои маориф ва илм, хизматрасонии тиббии кудакон, хифзи ичтимои ва хизматрасонии ичтимоии ахоли, дигар макомоту муассисахои ба кор бо кудакон машгулбуда воридшудае, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ухдадоранд, ба макомоти хифзи хукук дар бораи холатхои савдои кудакон ва чиноятхои ба он алокаманд, ки ба кормандони онхо вобаста ба амали намудани фаъолияти касби ё хизмати маълум шудаанд, иттилоот диханд;

– чамъ овардан, мураттабсози ва тахлили иттилооте, ки дар ариза ва мурочиатхои иттиходияхои чамъияти ва дигар ташкилотхо, инчунин шахрвандон мавчуданд;

– мониторинги воситахои ахбори омма.

  1. Натичахои фаъолияти дар моддаи мазкур пешбинигардида бо максадхои пешгуии вазъи чинояткори дар самти савдои одамон, банакшагири ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият оид ба муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон истифода бурда мешаванд.
  2. Ифшо кардани иттилооти махфиёна дар бораи курбониёни савдои одамон, инчунин дигар иттилооти махфиёна, ки дар чараёни амалигардонии мониторинг ба даст оварда шудаанд, манъ аст.

 

Моддаи 14. Банакшагирии фаъолият оид ба муковимат ба савдои одамон ва расонидани

                        кумак ба курбониёни савдои одамон

 

  1. Бо максади баланд бардоштани самаранокии муковимат ба савдои одамон, инчунин хифзи курбониёни он, субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон накшаи миллии муковимат ба савдои одамонро тахия менамоянд.
  2. Накшаи миллии муковимат ба савдои одамон давра ба давра аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон барои мухлати муайян тасдик гардида, амалисозии чорахои мачмуии ба муковимат ба савдои одамон, инчунин ба химоя ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон, аз чумла хамкори бо иттиходияхои чамъияти, ташкилотхои байналмилали ва дигар ташкилотхои гайридавлати ва намояндагони чомеаи шахрванди равонагардидаро пешбини менамояд.
  3. Субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон мутобики ваколаташон накшаи чорабинихои худро оид ба татбики накшаи миллии муковимат ба савдои одамон тахия ва тасдик менамоянд.

 

Моддаи 15. Хамохангсозии фаъолият оид ба муковимат ба савдои одамон

 

  1. Бо максади таъмини фаъолияти самараноки субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон ва ташкили хамкории онхо Хукумати Чумхурии Точикистон Комиссияи байниидорави оид ба муковимат ба савдои одамон (минбаъд – Комиссияи байниидорави) ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати комиссияхои худудии муковимат ба савдои одамон (минбаъд – комиссияхои худуди) – ро таъсис медиханд.
  2. Комиссияи байниидорави дар асоси доими бевосита ё ба воситаи комиссияхои худуди хамохангсозии фаъолияти хамаи субъектхои системаи муковимат ба савдои одамонро бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.
  3. Бо максади самаранок амали намудани фаъолияти оперативи-чустучуи ва таъкиби чинояти дар самти муковимат ба савдои одамон Комиссияи байниидорави хамкории доимиро бо макомоти амнияти милли, хадамоти гумрук, хадамоти мухочират, макомоти корхои дохили, прокуратура, судхо, дигар макомоти давлати, инчунин бо воситахои ахбори омма, иттиходияхои чамъияти, ташкилотхои байналмилали ва гайридавлати амали менамояд.
  4. Натичахои фаъолияти субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон ва хамохангсозии он дар худуди Чумхурии Точикистон, вохидхои марзию маъмурии он ва кишвархои хамсархад дар хисоботи чамъбастии харсола, ки аз чониби Комиссияи байниидорави ба Хукумати Чумхурии Точикистон, аз чониби комиссияхои худуди бошад, ба Комиссияи байниидорави, инчунин ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии дахлдор пешниход мешаванд, нишон дода мешавад.
  5. Хамохангсозии фаъолияти макомоти амаликунандаи муковимат ба савдои одамон дар самти муковимат ба савдои одамон аз чониби Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 16. Комиссияи байниидорави ва комиссияхои худудии муковимат ба савдои одамон

 

  1. Комиссияи байниидорави ваколатхои хамохангсозандаи миллиро дар самти муковимат ба савдои одамон ичро менамояд. Тартиби ташкил ва фаъолияти он бо Низомномаи Комиссияи байниидорави, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегардад, муайян карда мешавад.
  2. Комиссияи байниидорави ваколатхои зеринро амали менамояд:

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба асосхои сиёсати давлати дар самти огохонидан ва пешгири намудани савдои одамон таклифхо, инчунин чихати такмили фаъолият оид ба ошкор кардан ва бартарафсозии сабаб ва шароитхои ба чиноятхои зикргардида мусоидаткунанда ва амали намудани фаъолияти пешгирикунанда дар ин самт тавсияхо пешниход менамояд;

– ичрои накшаи миллии муковимат ба савдои одамонро назорат мекунад, мониторинги татбики чорахои дар он пешбинишударо ташкил менамояд, бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи рафти ичрои накшаи милли ва ичрои конунгузори дар ин самт аз чониби субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон мунтазам иттилоот пешниход менамояд;

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба такмили конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон таклифхо пешниход менамояд;

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон хар сол дар бораи натичахо ва масъалахои халталаби мубориза бар зидди савдои одамон дар Чумхурии Точикистон ва давлатхои хамсархад хисобот пешниход менамояд;

– дар омода намудани шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар самти муковимат ба савдои одамон иштирок менамояд;

– бо максади тахкими хамкори дар самти муковимат ба савдои одамон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо ташкилотхои байналмилали ва гайридавлати санадхо оид ба хамкориро ба тасвиб мерасонад.

  1. Бо максади таъмини дастраси ва мурочиати фаврии курбониёни савдои одамон, дигар шахсони вокеи ва хукуки оид ба масъалахои марбут ба савдои одамон, Комиссияи байниидорави фаъолияти комиссияхои худудиро хамоханг месозад ва назоратро аз болои фаъолияти онхо амали менамояд.
  2. Комиссияи байниидорави ва комиссияхои худуди дар доираи салохияти худ ваколатхои зеринро амали менамоянд:

– фаъолияти иттилоотию маърифатиро дар байни гуруххои гуногуни ахоли оид ба хатари савдои одамон хамчун зухуроти ичтимои, дар бораи чорахои пешгирикунанда ва хифзи хукукии дар самти мазкур мавчудбуда ва имкониятхои мурочиат намудан барои кумак ба субъектхои дахлдори системаи муковимат ба савдои одамон ташкил менамоянд;

– омузиш ва такмили дарачаи ихтисоси кормандони макомоти хифзи хукукро оид ба масъалахои муковимат ба савдои одамон ташкил менамоянд;

– кабул, мураттабсози, тахлили ариза ва мурочиатхои шахсони вокеи ва хукукиро вобаста ба масъалахои савдои одамон ташкил менамоянд;

– чори намудан ва амалисозии системаи «хатхои очили» ва телефонхои бовариро барои гирифтани иттилооти бештару пурра дар бораи холатхои савдои одамон ва хукуквайронкунихои ба он алокаманд ташкил менамоянд;

– вобаста ба фаъолият оид ба муковимат ба савдои одамон карор кабул менамоянд;

– фаъолият оид ба пешгирии савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамонро хамоханг месозанд;

– ба муассисахои (марказхои, панохгоххои) махсуси давлати оид ба расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон (минбаъд – муассисахои махсуси давлати) ва муассисахои махсуси гайридавлатии дар худуди дахлдори онхо вокеъгардида, дастгирии ташкили ва методиро оид ба расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон таъмин менамоянд;

– дастгирии иттилооти, ташкили, методи ва дастгирии дигари фаъолияти иттиходияхои чамъияти ва ташкилотхои гайридавлатиро, ки ба муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни он равона шудааст, анчом медиханд.

  1. Комиссияи байниидорави ва комиссияхои худуди ваколатхои ба зиммаи онхо гузошташударо бо шаклхои зерини кор амали менамоянд:

– мунтазам дар чаласахои худ бо риояи системаи мукар-раргардидаи махфият иттилоот дар бораи холати муковимат ба савдои одамонро, ки бо риояи тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон пешниход гардидааст, барраси менамоянд;

– иттилоот оид ба холат, чараён ва тамоюли савдои одамонро дар сатхи милли (минтакави) чамъ меоваранд, чамъбасту тахлил мекунанд ва пешгуихои кутохмуддату дарозмуддати рушди онро тахия менамоянд;

– ариза ва мурочиатхои шахсони вокеи ва хукукиро вобаста ба масъалахои савдои одамон кабул, мураттаб ва тахлил менамоянд;

– мунтазам чаласахои хамохангсозиро бо иштироки субъектхои системаи муковимат ба савдои одамон баргузор менамоянд;

– барнома ва накшахои фаъолияти субъектхои системаи муковимат ба савдои одамонро тахия менамоянд ва ичрои онхоро назоратбари мекунанд.

  1. Комиссияи байниидорави ва комиссияхои худуди бо максади татбики ваколатхо дар самти мукарраргардидаи фаъолият хукук доранд:

– гузаронидани тахкикот, экспертиза ва баходихии зарури, аз чумла тахкикоти илмиро оид ба масъалахои амали гардонидани хамохангсози дар самти мукарраргардидаи фаъолият ташкил намоянд;

– ба шахсони вокеи ва хукуки оид ба масъалахое, ки ба салохияти комиссия мансубанд, тавзехот диханд;

– маълумотеро, ки оид ба масъалахои ба салохияти комиссия мансуббуда заруранд, дархост ва дастрас намоянд;

– бо тартиби мукарраргардида барои коркарди масъалахои самти фаъолияти худ ташкилотхои илми ва дигар ташкилотхо, олимон ва мутахассисонро чалб намоянд;

– макомоти машварати ва ташхисиро (шурохо, гуруххо, комиссияхоро) дар самти мукарраргардидаи фаъолият таъсис диханд.

  1. Карор, талабот, мурочиат, дархост, пешниход ва тавсияхои Комиссияи байниидорави ва комиссияхои худуди оид ба масъалахое, ки ба салохияти онхо дохил мешаванд, аз чониби макомоти дахлдор барраси ва ичро гардида, аз натичаи он комиссияи дахлдор огохонида мешавад.
  2. Комиссияи байниидорави ва комиссияхои худуди хукук доранд ба чаласахои худ намояндагони макомоти давлати, ташкилотхои давлати, иттиходияхои чамъияти, ташкилотхои байналмилали ва гайридавлатиро оид ба масъалахои муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон бо хукуки овоздихи даъват намоянд.

 

Моддаи 17. Вохидхои махсусгардонидашуда оид ба муковимат ба савдои одамон

 

  1. Бо максади баланд бардоштани самаранокии татбики чорабинихое, ки дар накшаи миллии муковимат ба савдои одамон пешбини шудаанд, дар макомоти корхои дохили системаи мутамаркази вохидхои оперативи-чустучуи, ки ба ташкил ва гузаронидани чорабинихои оперативи-чустучуи бо максади хифзи хаёт, саломати, хукук ва озодихои инсон ва шахрванд, молу мулк, таъмини амнияти чамъияти ва давлати аз чиноятхо дар самти савдои одамон махсус гардонида шудаанд, таъсис дода мешаванд.
  2. Вохидхои махсусгардонидашуда дар доираи ваколатхои худ ошкор кардан ва айнияткунонии курбониёни савдои одамонро амали намуда, мухофизати онхоро таъмин менамоянд, инчунин бо фаъолияти оперативи – чустучуи ва таъкиби чиноятии шахсоне, ки чиноятхои ба савдои одамон алокамандро содир намудаанд, машгул мешаванд.
  3. Вазифахои вохидхои махсусгардонидашуда иборатанд аз:

– ошкор намудан, огохонидан, пешгири кардан ва кушодани чиноятхо дар самти савдои одамон;

– ошкор ва муайян намудани шахсони чиноятхои ба савдои одамон алокамандро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда;

– амали намудани кофтукови савдогарони одамон, ки аз макомоти тахкик, тафтишот ва суд пинхон шудаанд, аз адои чазои чинояти саркаши менамоянд;

– амали намудани кофтукови шахсони бедарак гумшуда, ки нисбат ба онхо асосхои эхтимолияти курбонии савдои одамон гаштани онхо чой доранд;

– таъмини бехатарии курбониёни савдои одамон, ташкили расонидани кумаки таъчили ба онхо;

– ташкили чамъ овардан, захира намудан ва нигохдории маълумот оид ба шахсон, вокеият ва холатхое, ки ба савдои одамон алокаманд мебошанд, дар маркази ягонаи иттилоотию хисоббарори бо чалби мутахассисоне, ки аз тайёрии махсуси касби гузаштаанд ва бо воситахои техникии муосир тачхизонида шудаанд;

– бакайдгири ва санчиши хабархо, аз чумла беном оид ба холатхои савдои одамон, аз он чумла савдои кудакон, истисмори шахвони ва дигар истисмори онхо бо истифода аз технологияхои навтарин.

  1. Хангоми гузаронидани чорабинихои оперативи-чустучуи, тахкик, тафтиши пешаки оид ба категорияи зикргардидаи парвандахои чинояти дар вохидхои махсусгардонишуда ва вохидхои тафтишотии макомоти корхои дохили махзани ягонаи иттилоотии маълумот дар бораи холатхои савдои одамон, шахсияти савдогарони одамон ва курбониёни чиноятхои мазкур барои захира кардан, мураттабсози, тахлил ва истифодаи маълумоти чамъовардашуда ташкил карда мешавад.
  2. Кормандони вохидхои махсусгардонидашуда дар асоси озмун, бо назардошти шаффофият ва интихоби объективонаи довталабон, ки онхо дар баробари дигар меъёрхои интихобкунии мувофикати онхо ба талаботи хизмат дар макомоти хифзи хукук, бояд ба таври иловаги дорои хислатхои касби ва шахси буда, тайёрии махсус, сатхи муайяни маълумоти махсус ва устувории равони дошта бошанд, мутобики талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кор кабул карда мешаванд.
  3. Шахсоне, ки барои хизмат дар вохидхои махсусгардонидашуда кабул карда шудаанд, тайёрии иловагии махсусро мегузаранд.

 

Моддаи 18. Махзани ягонаи маълумот дар бораи  чиноятхо дар самти савдои одамон

 

  1. Бо максади таъмини самараноки муковимат ба савдои одамон, ошкор намудан ва пешгири кардани фаъолияти чиноятии савдогарони одамон, айнияткунонии курбониёни савдои одамон ва мураттабсозии иттилооти дахлдор Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон бо дастгирии дигар макомоти давлати таъсис ва таъмини азнавкунии саривактии махзани ягонаи маълумот дар бораи чиноятхо дар самти савдои одамон (минбаъд – махзани ягонаи маълумот)- ро ташкил менамояд.
  2. Тартиби ташкили махзани ягонаи маълумот, намуд ва мундаричаи маълумоти ба он воридшаванда, инчунин номгуйи шахсоне, ки ба маълумоти дар он дарчгардида дастраси доранд, аз чониби Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.
  3. Ба махзани ягонаи маълумот иттилоот дар бораи чиноятхо дар самти савдои одамон, савдогарони одамон ва курбониёни савдои одамон (бо кайди иттилоот дар бораи занон ва кудакон), аз чумла маълумоти зерин ворид карда мешаванд:

– оид ба холатхои чойивазкунии гайриконуни, одамрабои, истисмори иктисоди, шахвони ва дигар истисмори курбониёни савдои одамон;

– дар бораи савдогарони одамон ва шарикони онхо;

– дар бораи курбониёни савдои одамон;

– дар бораи туризми шахвонии кудакон;

– дар бораи шахсони бедарак гумшуда, эхтимолан истисморшаванда ва ба истисмор гирифторшуда, аз чумла дар худуди давлатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил ва дигар давлатхо.

  1. Ба махзани ягонаи маълумот иттилооти зерин ворид карда мешаванд:

– иттилооти аз тарафи макомоти хифзи хукук дар натичаи аз чониби онхо амали намудани мониторинги вазъият дар самти савдои одамон, аз чумла ба воситаи шабакаи «хатхои очили» ва телефонхои бовари чамъкардашуда;

– иттилооти аз макомот ва муассисахои маориф, хизматрасонии тиббии кудакон, хифзи ичтимои ва хизматрасонии ичтимоии ахоли, дигар макомот ва муассисахои кор бо кудакон воридшуда, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ухдадоранд макомоти хифзи хукукро дар бораи холатхои савдои кудакон ва чиноятхои вобаста ба он, ки ба кормандони онхо вобаста ба ичрои фаъолияти касби ё хизмати маълум гаштаанд, хабардор намоянд;

– иттилооте, ки дар натичаи гузаронидани чорабинихои оперативи-чустучуи ва дигар чорабинихои вобаста ба ошкор намудан, пешгири кардан, тафтиш ва кушодани чиноятхо дар самти савдои одамон, аз чумла маълумот дар бораи онхо, ки аз махзанхои иттилоотии маълумоти дахлдори худуди, аз Ташкилоти байналмилалии политсияи криминали (Интерпол) ва дигар ташкилотхои байналмилали гирифта шудаанд.

  1. Бо максади пайгирии мунтазам ва мубодилаи тарафайни иттилоот дар бораи холат ва тамоюлхои гайриконуни ворид намудан, транзит, баровардан ва барнагардонидани одамон аз хорича бо максади савдои одамон, кофтукови саривакти ва айнияткунонии курбониёни савдои одамон, кисми дахлдори маълумот аз руи намудхои бештар хавфноки чиноятхо дар самти савдои трансмиллии одамон аз махзани ягонаи маълумот бояд ба махзани барои давлатхо ягонаи байнидавлатии маълумот оид ба чиноятхо дар самти савдои одамон дода шаванд.
  2. Тартиби ба махзанхои маълумотии дар хамин модда пешбинигардида супоридан ва ворид шудани маълумоти дахлдор инчунин аз онхо додани маълумоти зарури дар асоси шартномахои байнидавлати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  3. Иттилооте, ки ба махзани ягонаи маълумот ворид карда шудааст, махфиёна буда, дастраси ба он ва додани он бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  4. Гайриконуни ифшо кардан, пахн намудан ё истифода бурдани иттилооте, ки дар махзани ягонаи маълумот нигох дошта мешавад, боиси чавобгарии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

 

БОБИ 3.

АСОСХОИ ХУКУКИИ ЭЪТИРОФ НАМУДАН ВА

ДОДАНИ МАКОМИ ХУКУКИИ КУРБОНИИ  САВДОИ ОДАМОН

 

Моддаи 19 Хукукхои шахси аз савдои одамон зарардида то лахзаи курбонии савдои одамон

                       эътироф гардидани у 

 

  1. Шахси аз савдои одамон зарардида то лахзаи курбонии савдои одамон эътироф шуданаш, хукук дорад ба муассисаи махсуси давлати ё гайридавлати чихати ба у ройгон расонидани мачмуи хадди акалли хизматрасонии ичтимои, аз чумла додани сарпанох ва чои шабгузарони, маводи хурока, ёрии таъчилии тибби, равони, хукуки ва модди, инчунин хизматрасонии санитарию бехдошти дар хачми муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мурочиат намояд.
  2. Макоми ваколатдори давлати дар давоми 24 соат аз лахзаи аз чониби шахси аз савдои одамон зарардида бо тартиби мукаррарнамудаи моддаи 21 Конуни мазкур пешниход намудани ариза дар хусуси курбонии савдои одамон эътироф гардиданаш, чихати ба таври ройгон ба у пешниход намудани мачмуи хадди акалли хизматрасонии ичтимои дар хачми пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чорахо меандешад.
  3. Пахн намудани маълумоте, ки сирри шахси ва оилавии шахсони аз савдои одамон зарардидаро ташкил медиханд, инчунин дигар маълумоте, ки ифшои он ба хаёт ё саломатии ин шахсон, инчунин барои амнияти наздикони онхо хатар ба вучуд меорад, манъ аст.

 

Моддаи 20. Макоми хукукии курбонии савдои одамон

 

  1. Курбониёни савдои одамон шахсони зерин эътироф карда мешаванд:

– шахсоне, ки аз тарафи савдогарони одамон ё шарикони онхо бо максади содир намудани савдои одамон ё чиноятхои ба он алокаманд ё дар чараёни содиркунии ин чиноятхо мавриди мачбуркуни, суиистифодаи боварии онхо ва ё суиистифодаи гунахгор аз вазъи хизматиаш карор гирифтаанд;

– шахсоне, ки бо максади истифодаи минбаъдаи онхо дар самти савдои одамон оид ба ниятхои хакикии савдогарони одамон мавриди фиреб карор гирифтаанд, аз чумла шахсоне, ки аз чониби савдогарони одамон чихати бастани шартномаи (карордоди) калбакии мехнати ё дигар шартномахо (карордодхо), ки ба истисмори одам, истифодаи мехнати гуломона ё мачбури вобаста намебошад, моил карда шудаанд;

– шахсоне, ки бо сабаби дар вазъяти ноилочи ё холати очизи карор доштанашон, новобаста ба дарки ниятхои хакикии савдогарони одамон, пешаки барои истисмор розигии худро додаанд.

  1. Курбонии савдои одамон эътироф намудани шахс аз холатхои зерин вобаста намебошад:

– мавчуд будан ё набудани шахрванди;

– рафтори ба чабрдидаги моил (виктими) ё зиддичамъиятии ин шахс дар давраи то чалб гардидани у ба савдои одамон, инчунин нияти дар оянда тагйир додани рафторашро доштан ё надоштани у;

– мавчуд будани розигии шахси мазкур ба чалбкуни, интикол, супоридан, фуруш, истисмори у ё дигар харакатхое, ки ба савдои одамон алокаманданд, ки аз чониби савдогарони одамон бо истифодаи мачбуркуни, рабудан, фиреб, суиистифодаи боварии у ё суиистифодаи гунахгор аз вазъи хизматиаш нисбат ба курбонии имконпазир, хамчунин бо истифодаи вазъияти ноилочи ё холати очизии у ба даст оварда шудааст;

– мавчуд будани макоми мурофиавии чабрдида оид ба парвандаи чинояти, ки марбут ба холати содир шудани чиноят (чиноятхо) дар самти савдои одамон огоз карда шудааст;

– омода будани шахс барои хамкори кардан бо макомоти хифзи хукук, хангоми тафтиш ва мухокимаи судии парвандаи чинояти вобаста ба чинояте, ки нисбат ба у содир шудааст.

  1. Бо тартиби пешбининамудаи моддаи 21 Конуни мазкур ба шахс додани макоми курбонии савдои одамон ба у аз лахзаи айнияткунонии вай ба сифати курбонии савдои одамон то мутобикгардони ва тавонбахшии пурраи ичтимои хукук медихад, ки аз хизматрасонии маъмулии ичтимои дар хачми мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон, ки чорахои хифзи ичтимои, расонидани кумаки равони, хукуки, иттилооти, ичтимои, тибби ва дигар намуди кумак, инчунин баргардонидани курбониро ба оила, таъмин намудан бо чои кор ва таъминоти ичтимоии уро дар бар мегирад, истифода барад.
  2. Курбонии савдои одамон барои кирдорхои зиддихукуки, ки хангоми курбонии савдои одамон буданаш содир кардааст, ба чавобгарии маъмури ва чинояти кашида намешавад.
  3. Додани макоми курбонии савдои одамон ба шахсе, ки барои кирдорхои зиддихукукии марбут ба чалби у ба сифати курбонии савдои одамон ба чавобгарии маъмури ё чинояти кашида шудааст, барои аз чавобгари озод намудани у асос мегардад.

 

Моддаи 21. Тартиби додани макоми хукукии курбонии савдои одамон

 

  1. Ба шахс додани макоми хукукии курбонии савдои одамон аз чониби Комиссияи байниидорави ва ё комиссияхои худудии чои будубошти курбонии савдои одамон амали карда мешавад.
  2. Карор дар бораи курбонии савдои одамон эътироф намудани шахс аз тарафи Комиссияи байниидорави ё комиссияхои худуди кабул карда мешавад.
  3. Ариза дар бораи курбонии савдои одамон эътироф намудан аз чониби худи шахси зарардида ё намояндаи конунии у бо розигии ин шахс ба субъекти амаликунандаи муковимат ба савдои одамон ё ба муассисаи махсуси давлати ва гайридавлатии дахлдор дода мешавад.
  4. Субъекти амаликунандаи муковимат ба савдои одамон ва муассисаи махсуси давлати ё гайридавлатии дахлдор дар давоми 24 соат аризаи шахси аз савдои одамон зарардидаро ба Комиссияи байниидорави ё комиссияи худудии дахлдор барои халли масъалаи ба у додани макоми хукукии курбонии савдои одамон ирсол менамояд.
  5. Макоми хукукии курбонии савдои одамон ба шахси аз савдои одамон зарардида аз чониби Комиссияи байниидорави ё комиссияи дахлдори худуди баъди муайян ва аник намудани холатхои зарури, вале на дертар аз 15 руз пас аз мурочиати шахси мазкур дар хусуси ба вай додани ин маком дода мешавад.
  6. Ба курбонии савдои одамон барои кабули карор дар хусуси хамкори бо макомоти хифзи хукук вобаста ба чинояти нисбати у дар самти савдои одамон содиршуда на камтар аз 30 руз мухлат дода мешавад, ки он аз рузи мурочиат ба субъекти амаликунандаи муковимат ба савдои одамон ё муассисаи махсуси давлати ва гайридавлатии дахлдор хисоб карда мешавад.

 

Моддаи 22. Махфиёна будани маълумот дар бораи курбониёни савдои одамон

 

  1. Иттилоот дар бораи курбониёни савдои одамон ё холатхои чиноятхои нисбат ба онхо содиршуда, ки ифшои он ба хаёт ё саломатии курбонии савдои одамон ё наздикони у хатарро ба вучуд меорад, инчунин маълумот дар бораи чорахои амниятии нисбат ба онхо татбикшаванда набояд пахн шаванд. Гайриконуни пахн намудани чунин маълумот боиси чавобгарии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.
  2. Воситахои ахбори омма хукук надоранд дар хабархо ва маводи пахншаванда маълумотеро, ки бевосита ё бавосита ба шахсияти курбонии савдои одамон дахл дорад, бе розигии у, нисбат ба кудак бошад, бе розигии худи кудак-курбонии савдои одамон, намояндаи конунии вай ва макомоти васоят ва парастори ифшо намоянд.

 

Моддаи 23. Хукукхои курбонии савдои одамон, ки аз руи парвандаи чиноятии марбут ба

                         чиноят дар самти  савдои одамон чабрдида ё шохид эътироф шудааст

 

  1. Иштироки курбонии савдои одамон дар мурофиаи судии чинояти ба сифати чабрдида ё шохид аз руи парвандаи чинояти марбут ба чиноят дар самти савдои одамон ба чунин шахс ба таври иловаги хукук ба химояи давлатиро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, аз чумла ба чорахои амнияти ва дастгирии ичтимои медихад.
  2. Нисбат ба курбониёни савдои одамон, ки аз руи парвандахои чиноятии марбут ба чиноятхо дар самти савдои одамон ба сифати чабрдида ё шохид эътироф шудаанд, ифшо накардани маълумот дар бораи чунин шахсон метавонад, хамчунин ба сифати чораи амнияти мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон татбик карда шавад.
  3. Чорахои химояи давлати нисбат ба аризадиханда, шохид ё курбонии чиноят дар самти савдои одамон то огози парвандаи чинояти татбик шуда метавонанд, агар ин шахсон барои пешгири ва кушодани чинояти зикргардида мусоидат намоянд.
  4. Розигии каблии чабрдидаи чиноят дар самти савдои одамон, ки то огози истисмор барои чалбкуни, интикол додан, супоридан, пинхонкуни ё гирифтани у дода шудааст, барои рад кардани таъин намудани чорахои амнияти ва ба вай расонидани кумак, инчунин пешниходи мачмуи хадди акали хизматрасонии ичтимои, дар хачме, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст, асос шуда наметавонад.
  5. Ба шахсе, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чабрдидаи чиноят дар самти савдои одамон эътироф шудааст, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мачмуи хадди акалли хизматрасонии ичтимои пешниход карда мешавад, ки аз чумла, чунин хукукхои иловагиро дар бар мегирад:

– истифодаи ройгон аз кумаки тарчумон бо максади таъмини иштирок дар мурофиаи судии чинояти, инчунин барои мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии самараноки онхо (барои шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд ё ба таври кофи намедонанд);

– дар холатхои зарури таъмин намудани шахрванди Чумхурии Точикистон ё шахси доимо дар Чумхурии Точикистон истикоматкунанда, ки курбонии савдои одамон мебошанд, бо чойи зист дар хобгох мутобики меъёрхо ва тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– расонидани кумаки афзалиятнок барои таъмин кардан бо чои кор, идома додани тахсил, интихоби касб ва тайёрии касби.

  1. Мухлати ба чабрдидаи чиноят дар самти савдои одамон расонидани мачмуи зикршудаи хизматрасонии ичтимои бо пешниходи макомоти тафтишот, прокурор ё суд бо розигии чабрдида, аз чониби Комиссияи байниидорави ё комиссияи худудии чои истикомати у барои тамоми давраи пешбурди парванда ва бартараф кардани хатар ба хаёт ё саломати ва ё таъмини амнияти наздикони у метавонад дароз карда шавад.

 

Моддаи 24. Кафолатхои махсуси мурофиавии хифзи хукукхои чабрдидагони чиноятхо ва

                        дигар хукуквайронкунихо  дар самти савдои одамон

 

  1. Ба чабрдидагони чиноятхо ва дигар хукуквайронкунихо дар самти савдои одамон кафолатхои мурофиавии зерин пешбини карда мешаванд:

– хусусиятхои пурсиши онхо бо назардошти холати равонии онхо, хусусият ва вазнинии хукуквайронкунихои нисбат ба онхо содиршуда, инчунин дарачаи вазнинии зарари ба онхо расонидашуда;

– озод кардан аз чавобгарии маъмури ва чинояти барои аз чониби онхо чун курбонии савдои одамон содир намудани кирдорхои зиддихукуки;

– таъмини махфиёна будани иттилооте, ки аз чабрдидагони чиноятхо ва дигар хукуквайронкунихо дар самти савдои одамон ба даст оварда шудаанд;

– таъмини баррасии пушидаи парвандахои чабрдидагони чиноятхо (хукуквайронкунихо) дар самти савдои одамон;

– татбики коидахои махсус, ки амнияти шахсони зикршударо ба сифати чабрдидагон, аз чумла химояи чисмонии онхо, инчунин барраси ва халли хатмии даъвохои граждании чабрдидагони савдои одамонро дар доираи конунгузории мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд.

  1. Барои хифзи хукук ва манфиатхои конунии чабрдидагон аз хукуквайронкунихо дар самти савдои одамон, ки онхо бинобар холати чисмони ё рухи ва ё ноболиги ё хурдсолии худ аз имконияти мустакилона хифз намудани хукук ва манфиатхои конуниашон махруманд, хангоми баррасии парвандахо оид ба хукуквайронкунихои маъмури ва парвандахои чинояти хатман намояндагони конуни ё намояндагони дигари онхо чалб карда мешаванд, ки ба онхо хамаи он хукукхое, ки шахсони онхоро чун намоянда интихобкарда доранд, дода мешавад, нисбат ба кудакон, инчунин рухшинос ва дар холатхои зарури омузгор чалб карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Чорахои амнияти нисбати чабрдидагон ва шохидон аз руи парвандахои чинояти

                        оид ба чиноятхо дар самти савдои одамон

 

  1. Нисбат ба чабрдидагон ва шохидон аз руи парвандахои чинояти оид ба чиноятхо дар самти савдои одамон мумкин аст дар як вакт як ё якчанд чорахои амнияти, ки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи химояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии чинояти пешбини намудааст, татбик карда шаванд. Бо максади таъмини пинхон мондани шахсияти чабрдидаи савдои одамон, мумкин аст насаб, ном, номи падари у, дигар маълумот, инчунин симои зохирии у тагйир дода шаванд.
  2. Татбики чорахои амнияти нисбати чабрдидагон ва шохидон ба зиммаи макомоти корхои дохили, амнияти милли ва назорати маводи нашъаовар аз руи парвандахои чиноятии вобаста ба чиноятхо дар самти савдои одамон, ки дар пешбурди онхо мебошанд, вогузор карда мешавад.
  3. Чорахои амнияти нисбати чабрдидагон ва шохидон аз руи парвандахои чинояти оид ба чиноятхо дар самти савдои одамон, ки дар баррасии суд ё прокуратура мебошанд, дар асоси карори суд (судя) ё прокурор аз чониби макомоти корхои дохили, амнияти милли, гумрук, мухочират, назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия ва назорати маводи нашъаовари чои карордошти чабрдида ё шохид татбик карда мешаванд.
  4. Амали намудани чорахои дигар оид ба расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон ба зиммаи макомоти тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли ва дигар макомот бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон вогузор карда мешавад.
  5. Макомоти таъкиби чинояти махфиёна будани маълумот дар бораи курбониёни савдои одамонро, ки дар рафти мурофиаи судии чинояти ё фаъолияти оперативи-чустучуи ба даст омадаанд, таъмин менамоянд.

 

БОБИ 4.

РАСОНИДАНИ КУМАК БА КУРБОНИЁНИ  САВДОИ ОДАМОН

 

Моддаи 26. Фонди давлатии расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон

 

  1. Бо максади маблаггузории самараноки чорабинихо оид ба хифз, мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии курбониёни савдои одамон Фонди давлатии расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон (минбаъд – Фонд) таъсис дода мешавад.
  2. Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти Фонд бо Низомнома, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегардад, мукаррар карда мешавад.
  3. Назорати давлатии фаъолияти Фонд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби Комиссияи байниидоравии муковимат ба савдои одамон амали карда мешавад.
  4. Максади фаъолияти Фонд иштирок дар маблаггузории фаъолияти муассисахои махсуси давлати ва гайридавлати, додани кумакпулихои ичтимои ба курбониёни савдои одамон, ки бо тартиби мукарраршуда аз руи парвандахои чинояти оид ба чиноятхои ба савдои одамон алокаманд чабрдида эътироф шудаанд, инчунин маблаггузорихо чихати хифз, мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии онхо ба шумор меравад.
  5. Сарчашмахои даромади Фонд инхоянд:

– маблагхои бучети давлати;

– воситахое, ки аз ташкилотхои байналмилали ворид шудаанд;

– хайрияхои шахсони вокеи ва хукуки;

– дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 27. Чуброн намудани зарар ба курбониёни савдои одамон 

 

  1. Курбониёни савдои одамон хукук доранд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чуброни зарари чисмони, маънави ва моддии ба онхо дар натичаи чиноят ё дигар хукуквайронкуни дар самти савдои одамон расонидашударо талаб намоянд.
  2. Зарари ба курбониёни савдои одамон расонидашуда аз чониби шахсоне, ки дар содир намудани чиноятхо ва дигар хукуквайронкунихо дар самти савдои одамон гунахгор хисобида шудаанд, дар асоси карори суд чуброн карда мешавад.
  3. Парвандахо оид ба чуброн намудани зарар ба курбониёни савдои одамон метавонанд бо карори суд дар мачлиси пушидаи суди барраси карда шаванд.

 

Моддаи 28. Мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии  шахсони аз савдои одамон

                        зарардида 

 

  1. Шахсе, ки бо тартиби мукарраргардида курбонии савдои одамон эътироф карда шудааст, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хукуки таъмин будан бо чои зисти муваккатии бехатар дар муассисаи махсуси давлати ё гайридавлати, инчунин хукуки ройгон гирифтани кумакхои зеринро дорад:

– кумаки хукуки ва кумак дар баркарор намудан ва барасмиятдарории хуччатхо, аз чумла аризахо ва иттилоот вобаста ба чинояти дар самти савдои одамон содиршуда;

– иттилоот дар бораи мавчуд будани расмиёти суди ва маъмури, ки барои химоя ва расонидани кумак ба шахсони аз савдои одамон зарардида равона шудаанд;

– кумаки ичтимои ва модди, дар давраи чобачокуни, таъмин намудан бо хурока, мачмуи рахти хоб ва воситахои санитарию бехдошти, дар холатхои зарури бошад, бо либос, пойафзол ва дигар ашёи таъминоти моли аз руи меъёрхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– кумаки тибби дар шакли муоинаи тибби, табобат (аз руи нишондодхо) ва расонидани кумаки махсуси тибби вобаста ба чарохат ва беморихое, ки дар натичаи содир намудани чиноят дар самти савдои одамон гирифтаанд;

– кумаки зарурии равони, аз чумла дар самти интихоби касб;

– кумак дар таъмини кор, гирифтани тахсилот ва тайёрии касби;

– кумак дар баргардонидан ба оила ва чамъият, аз чумла кумак дар ташкили чустучуи хешовандон, нисбат ба кудакони курбониёни савдои одамон бошад, чустучуи дигар намояндагони конунии онхо.

  1. Хангоми амали намудани мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии курбониёни савдои одамон ба хеч гуна шакл махдуд намудани хукукхои инсон ва шахрванд, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, рох дода намешавад.
  2. Чорахои мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии курбониёни савдои одамон бо риояи пурра махфиёна будан ва розигии ихтиёрии курбонии савдои одамон амали гардонида мешаванд.
  3. Иттилоот дар бораи чорахои мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии нисбат ба курбониёни савдои одамон татбикшаванда фавран ба вай дар шакли дастрас аз чониби кормандони макомоти дахлдор ё муассисахое, ки барои гузаронидани чорахои зикргардида ваколатдор карда шудаанд, пешниход карда мешавад.
  4. Мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии курбониёни савдои одамон, хусусан кудакон бо назардошти синну сол, чинс ва талаботи махсуси онхо, нисбат ба курбониёни болиги савдои одамон бошад, бо назардошти омодагии онхо ба хамкори бо макомоти хифзи хукук аз руи парвандахо оид ба чиноятхои нисбат ба онхо содиршуда амали карда мешаванд.
  5. Дар сурати аз чониби курбонии савдои одамон изхори омодаги намудан ба хамкори бо макомоти хифзи хукук аз руи парвандахо оид ба чиноятхо нисбат ба онхо мухлати амали намудани чорахои мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимои мумкин аст дар тамоми давраи мурофиаи судии чинояти дароз карда шавад.

 

Моддаи 29. Тартиби тавонбахшии ичтимоии курбониёни савдои одамон ва ба онхо

                        расонидани кумак 

 

  1. Бо максади таъмини амнияти курбонии савдои одамон, хифзи хукуку манфиатхои конунии вай аз чониби давлат ба шахси мазкур новобаста аз омодагии у ба хамкори бо макомоти хифзи хукук ва суд дар таъкиби чиноятии савдогарони одамон мачмуи хизматрасони оид ба мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимои, аз чумла муваккатан, ба мухлати то ду мох дар муассисахои махсуси давлати ё гайридавлати истикомат кардан кафолат дода мешавад.
  2. Чой кардани шахсе, ки бо тартиби мукарраркардаи Конуни мазкур курбонии савдои одамон эътироф карда шудааст, дар чойхои дастгиркуни, хабси пешаки, муассисахои ичрои чазои чинояти, инчунин дигар чойхои чудо нигохдори рох дода намешавад.
  3. Макомоти маориф ва илм бо розигии курбониёни савдои одамон иштироки онхоро дар барномахои тахсилоти умуми ва касби ва дигар барномахои таълими, ки барои мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимои ва огохонидани ревиктимизатсияи курбониёни савдои одамон тахия гардидаанд, якчоя бо макомоти ичроияи хокимияти давлати, ки барои амалигардонии ваколатхои назоратбари дар самти тандурусти, хифзи ичтимоии ахоли, мехнат ва шугл ваколатдор карда шудаанд, таъмин менамоянд.
  4. Мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии курбониёни савдои одамон аз хисоби бучетхои чумхурияви ва махалли, Фонд, инчунин аз дигар манбаъхои маблаггузори амали карда мешавад.
  5. Субъектхои амаликунандаи муковимат ба савдои одамон чорахоро барои огохонидани ревиктимизатсияи курбониёни савдои одамон, аз чумла бо рохи амалигардонии назоратбарии ичтимоии рафт ва натичахои мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии курбониёни савдои одамон, ки муассисахои махсусро тарк кардаанд ва дар холати зарури чорахои иловагиро барои расонидани кумак ба онхо меандешанд.

 

Моддаи 30. Муассисахои махсуси давлати ва гайридавлати оид ба расонидани кумак ба

                        курбониёни савдои одамон 

 

  1. Бо максади расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон бо назардошти талаботи мавчуда муассисахои махсуси давлати ва гайридавлати таъсис дода мешаванд.
  2. Тартиби таъсисёби, маблаггузори ва ташкили фаъолияти муассисахои махсуси давлати аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  3. Иттиходияхои чамъияти, ташкилотхои байналмилали ва дигар ташкилотхо, инчунин шахсони вокеи хукук доранд мутобики тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон – муассисахои махсуси гайридавлатиро, ки аз хисоби маблагхои хусуси ё чалбшудаи онхо маблаггузори мешаванд, таъсис диханд.
  4. Назоратбарии фаъолияти муассисахои махсуси давлати ва гайридавлатиро бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мутобики салохияти худ Комиссияи байниидорави ва комиссияхои худуди, инчунин макомоти ичроияи хокимияти давлати, амали менамоянд.
  5. Муассисахои махсуси давлати ва гайридавлати вазифахои зеринро оид ба расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон амали менамоянд:

– муносибати инсондустона, ки шаъну шарафи инсониро паст намезанад;

– пешниходи панохгохи ройгон барои истикомати муваккати;

– таъмин намудан бо хурока, рахти хоб ва воситахои санитарию бехдоштии ройгон ва дар холатхои зарури, бо либос;

– бо тарчумон ройгон таъмин намудани курбониёни савдои одамон бо максади мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии онхо (барои шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд ё ба таври кофи намедонанд);

– ба курбонии савдои одамон дар шакли соддаю фахмо расонидани иттилоот оид ба максадхои будубоши у дар муассисаи махсус, хукук ва ухдадорихои у, коидахои асоси, ки тартиботи дохили дар муассисаи мазкур ба танзим медароранд;

– дар шакли соддаю фахмо пешниход намудани иттилоот оид ба тарзхои хифзи хукукхо ва манфиатхои конунии шахсони аз савдои одамон зарардида, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

– пешниход намудани кумаки ройгони тахассусии равони;

– гузаронидани муоинаи аввалияи тибби, ташкили расонидани кумаки таъчилии тибби ва кумаки аввалияи тиббию санитари дар марказхои саломати, дармонгоххо ва беморхонахо, аз чумла ба занхо дар давраи хомиладори, дар давраи таваллуд ва пас аз таваллуд;

– расонидани кумаки ройгони хукуки дар хачме, ки барои таъмини хифзи хукук ва манфиатхои конунии курбониёни савдои одамон заруранд;

– мусоидат намудан барои ба оила ва чамъият баргардонидан, аз чумла расонидани кумак дар ташкил намудани чустучуи хешовандонашон;

– пешгири намудани ревиктимизатсияи курбониёни савдои одамон.

  1. Муассисахои махсуси давлати ва гайридавлати барномахои кутохмухлат ва дарозмухлати мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимои ва пешгирии ревиктимизатсияи курбониёни савдои одамонро, ки дар муассисахои мазкур нигох дошта мешаванд, тахия ва дар амал татбик менамоянд.

 

Моддаи 31. Баргардонидани (репатриатсияи) шахрвандони  хоричи ва шахсони бешахрванд,

                        ки курбонии савдои одамон гардидаанд 

 

  1. Дар холате, ки агар шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд шахси аз чиноят дар самти савдои одамон чабрдида эътироф шуда бошад, уро дар тамоми давраи мурофиаи чинояти оид ба парвандаи марбут ба чинояти нисбат ба вай содиршуда аз каламрави Чумхурии Точикистон бо рохи маъмури берун кардан мумкин нест.
  2. Дар холате, ки агар курбонии савдои одамон хохиши тарк намудани худуди Чумхурии Точикистонро дошта бошад, ба у дар таъмин гардидан бо хуччатхои дахлдор, пардохти харочоти наклиёти ва дигар харочоти зарури мусоидат карда шуда, оид ба кам намудани хатари дар давлати кабулкунанда курбонии савдои одамон гардиданаш тавсияхо дода мешаванд.
  3. Шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд, ки чабрдидаи чиноят дар самти савдои одамон эътироф шудаанд, дар тамоми давраи мурофиаи чиноятии парванда оид ба чинояти дар самти савдои одамон нисбат ба онхо содиршуда хукук доранд, барои гирифтани гувохномаи икомат ба макомоти дахлдори давлати, бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мурочиат намоянд.
  4. Хангоми баррасии мурочиат барои гирифтани гувохномаи икомат холатхои хамкории курбонии савдои одамон бо макомоти таъкиби чинояти, хусусият ва дарачаи вазнинии зарар, ки ба курбонии савдои одамон аз чиноятхои зикргардида расонида шудааст, мухлати дар макоми хукукии курбонии савдои одамон карор доштани шахс, инчунин мавчуд будани хатари вокеии баргаштани курбонии савдои одамон ба холати аввала ё мавриди таъкиби савдогарони одамон дар давлати баромад ё чои икомати доимиаш карор гирифтани у ба инобат гирифта мешаванд.
  5. Дар асоси дархости хаттии шахси ба сифати чабрдидаи чиноят дар самти савдои одамон эътирофшуда ва хулосаи хаттии макомоти дахлдори тахкик, тафтишоти пешаки ва суд дар хусуси хамкории у бо макомоти хифзи хукук доир ба парвандахои чиноятии вобаста ба савдои одамон, мухлати дар худуди Чумхурии Точикистон будани вай метавонад то 1 сол аз лахзаи ба охир расидани мурофиаи суди оид ба парванда дароз карда шавад.
  6. Гувохномаи икомат дар Чумхурии Точикистон ба курбониёни савдои одамон, ки шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванди болиг мебошанд, вале шахсияти онхоро мукаррар намудан гайриимкон аст, дода намешавад. Нисбат ба шахсони мазкур чорахо чихати берун кардани онхо аз каламрави Чумхурии Точикистон бо рохи маъмури андешида мешаванд.
  7. Чабрдидаи чиноят дар самти савдои одамон, ки ба у гувохномаи икомат дода шудааст, макоми мухочирро сохиб шуда, дорои тамоми хукук ва ухдадорихое мебошад, ки аз ин макоми хукуки бармеоянд.
  8. Баргардонидани (репатриатсияи) курбониёни савдои одамон ба давлате, ки шахрванди он мебошанд ё давлати чои истикомати доимиашон мутобики санадхои хукукии байналмилали, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, сурат мегирад.

 

БОБИ 5.

ХУСУСИЯТХОИ РАСОНИДАНИ КУМАК БА  КУДАКОН – КУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМОН 

 

Моддаи 32. Хусусиятхои макоми хукукии кудакон –  курбониёни савдои одамон 

 

  1. Ба кудакон – курбониёни савдои одамон хукуку озодихои кафолатдодаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон, ки хукуки кудак ва кафолати амали намудани онро танзим менамоянд, таъмин карда мешавад.
  2. Давлат хифз ва расонидани кумакро ба кудак-курбонии савдои одамон аз лахзаи нисбати у содир шудани чиноят дар самти савдои одамон, аз чумла баъд аз айнияткунонии у ба сифати курбонии савдои одамон то мутобикгардони ва тавонбахшии пурраи ичтимоии кудак, новобаста аз хохиши у барои хамкори бо макомоти давлати оид ба масъалахои ошкор намудан ва кушодани чинояти нисбат ба вай содиршуда ва таъкиби чиноятии савдогарони одамон таъмин менамояд.
  3. Баъди ба кудак додани макоми хукукии курбонии савдои одамон у фавран ба макомот ва муассисахое, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои хифз ва расонидани кумак ба кудакони аз савдои одамон зарардида ваколатдор карда шудаанд, фиристода мешавад. Дар холате, ки агар синни курбонии савдои одамон маълум набошад, вале асосхои вокеие барои тахмин намудан мавчуд бошанд, ки вай ба синни хаждах нарасидааст, то катъиян мукаррар намудани синни вокеии шахси мазкур нисбат ба у кафолатхои махсуси хукуки, ки бо Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои расонидани кумак ба кудакон-курбониёни савдои одамон пешбини шудаанд, пахн мегарданд.
  4. Ба кудаконе, ки аз савдои одамон зарар дидаанд, макоми хукукии курбонии савдои одамон дар асоси мурочиати худи кудак, мурочиати намояндаи конунии у ё намояндаи макомоти васоят ё парастори ва ё намояндаи муассисаи махсуси дахлдор новобаста аз розигии кудак, нисбат ба кудакони ба синни понздах расида бошад, дар асоси мурочиати худи кудак ё шахсони дар хамин кисм пешбинигардида дар асоси розигии ихтиёрии огохонаи кудак дода мешавад.
  5. Чорахои мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии кудакон-курбониёни савдои одамон новобаста аз хохиши онхо, нисбат ба кудакони ба синни понздах расида бошад, бо розигии онхо ва (ё) розигии намояндагони конунии онхо ва ё макомоти васоят ва парастори амали карда мешаванд.
  6. Дар холатхое, ки кудак – курбонии савдои одамон падару модар ё дигар намояндагони конуни надошта бошад, макомоти васоят ва парастори фавран мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба у васи таъин мекунад, ки вай кабули хамаи карорхоро ба манфиати кудак таъмин карда, аз номи кудак ариза пешниход менамояд ва якчоя бо у дар тамоми рафти мурофиаи чинояти ва то кабули карор ба манфиати кудак иштирок мекунад.
  7. Ба кудак-курбонии савдои одамон барои то 6 мох ё дар тамоми давраи мухокимаи судии парвандае, ки оид ба он вай ба сифати чабрдида баромад мекунад, хангоми зарурат бошад, баъди анчоми он то мутобикгардони ва тавонбахшии пурраи ичтимои хукуки истикомат кардан дар муассисаи махсуси давлати ё гайридавлати, дигар муассисаи махсуси хизматрасонии ичтимои, ки ба кудакони дар вазъияти хатарноки ичтимои ё дигар вазъияти душвори хаёти карордошта кумаки ичтимои мерасонад, дода мешавад. Кудакон – курбониёни савдои одамон дар муассисахои зикршудаи махсус дар шароити барои онхо махсус, ки ба талаботи ичтимоию синни онхо мувофик аст, чой дода шуда, дар манзилхои аз курбониёни калонсоли савдои одамон чудо нигох дошта мешаванд.
  8. Кудакон-курбониёни савдои одамон, ки дар муассисахои махсуси дар кисми 7 хамин модда пешбинишуда нигох дошта мешаванд, хукук доранд ба тарики иловаги аз хизматрасонии зерин ройгон истифода баранд:

– хабардор намудани падару модар (дигар намояндагони конуни) дар хусуси чойгир намудани онхо дар муассисахои махсуси дахлдор;

– нигох доштани робита бо оила тавассути мукотибот, сухбатхои телефони ва мулокотхо, ки агар ин ба амнияти онхо зарар нарасонад;

– гирифтани кумак дар ташкили чустучуи падару модар ё дигар намояндагони конуни;

– гирифтани хурока, либос, пойафзол ва дигар ашёе, ки аз руи меъёрхои мукарраргардида барои нигохдошти саломати ва таъмини фаъолияти хаётии кудакон зарур мебошанд;

– гирифтани тахсилоти умуми ва ибтидоии касби;

– гирифтани мачмуи хизматрасонии иловаги, ки инкишофи чисмони ва рухии кудакро бо назардошти хусусиятхои физиологи ва рухию синнусоли таъмин менамоянд.

  1. Хукукхои иловаги барои кудакон-курбониёни савдои одамон, ки бо кисми 8 хамин модда пешбини шудаанд, хамчунин ба шахсони синнашон мукарраркарданашуда, то айнияткунонии онхо ба сифати шахсони болиг, хангоми мавчуд будани асосхои кофи дар хусуси он, ки ин шахсон ба синни хаждах нарасидаанд, пахн мегардад.
  2. Муассисахои махсуси давлати ва гайридавлати, ки дар кисми 7 хамин модда пешбини гардидаанд, дар амалияи худ барномахои махсуси айнияткунони, мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии кудакон – курбониёни савдои одамонро, ки дар муассисахои зикргардида нигох дошта мешаванд, тахия ва амали намуда, амнияти онхоро таъмин мекунанд, махфиёна будани иттилоотро дар хусуси шахсияти кудак ва макоми у хамчун курбонии савдои одамон катъиян риоя менамоянд.
  3. Ба кудакон – курбониёни савдои одамон, аз чумла ба онхое, ки дар муассисахои махсуси давлати ва гайридавлати нигох дошта мешаванд, дар муассисахои давлатии тахсилоти умуми ва ибтидоии касби ё дар муассисахои махсусгардонидашудаи тарбияви бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи маориф хукук ба тахсил таъмин карда мешавад.
  4. Дар холатхое, ки кудакон-курбониёни савдои одамон бе парастории падару модар мондаанд ё махалли будубоши падару модари худро намедонанд, макомоти давлати, ки барои расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон ваколатдор карда шудаанд, ухдадоранд фавран чустучуи оилаи кудакро огоз намуда, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои ба расмият даровардани васоят ё парастори ба у чорахо андешанд.

 

Моддаи 33. Тартиби хабар додан дар бораи кудакон – курбониёни савдои одамон 

 

  1. Бо максади таъмини хифзи хукукхои кудак Комиссияи байниидорави ё комиссияхои худуди, макомоти ичроияи хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, муассисахои махсуси давлати ва гайридавлати ва дигар ташкилотхо, ки дар хусуси чои карордошти кудакон-курбониёни савдои одамон иттилоот доранд, ухдадоранд фавран дар ин бора падару модари (намояндагони конунии) кудак, макомоти васоят ва парастори ва макомоти хифзи хукукро хабардор намоянд.
  2. Дар холати дар макомот ва ташкилоту муассисахои дар кисми 1 хамин модда пешбинигардида мавчуд будани иттилоот дар хусуси чои истикомат ё чои будубоши падару модар ё дигар намояндагони конунии кудак – курбонии савдои одамон, иттилоот дар бораи чои будубоши кудак дар давоми 12 соат аз лахзаи ёфт гардидани у ба падару модар, инчунин ба макомоти васоят ва парастории чои охирини истикомати кудак фиристода мешавад. Агар иттилоот дар хусуси падару модар ва дигар намояндагони конуни мавчуд набошад, иттилооти дахлдор ба макомоти васоят ва парастории чои охирини истикомати кудак фиристода мешавад.
  3. Макомот ва ташкилотхои низоми пешгирии бепарастори ва хукуквайронии ноболигон дар доираи ваколатхои худ ухдадоранд риояи хукуку манфиатхои конунии кудакон – курбониёни савдои одамонро таъмин карда, хифзи онхоро аз хама гуна шаклхои табъиз, зуроварии чисмони ва рухи, тахкир, муносибати дагалона, истисмори шахвони ва дигар шаклхои истисмор таъмин намоянд, кудакон-курбониёни имконпазири савдои одамонро маълум намоянд, инчунин дар хусуси хама гуна вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар ин самт, ки вобаста ба амали намудани фаъолияти касби ё хизмати ба онхо маълум шудааст, ба макомоти зерин хабар диханд:

– ба макомоти прокуратура-дар хусуси вайрон намудани хукуку озодихои кудакон-курбониёни савдои одамон;

– ба Комиссия оид ба хукуки кудак – дар хусуси холатхои ошкоршудаи вайронкунии хукукхои кудакон-курбониёни савдои одамон ба тахсил, мехнат, истирохат, манзил ва дигар хукукхо;

– ба макомоти васоят ва парастори – дар хусуси ошкор намудани кудакон-курбониёни имконпазири савдои одамон, аз чумла кудакони бе парастории падару модар ё намояндагони конуни монда ва ё кудакони дар вазъияти барои ба самти савдои одамон чалб намудани онхо мусоидаткунанда карордошта;

– ба макомоти корхои дохили – дар хусуси муайян намудани падару модар ё намояндагони конунии кудакон, ки нисбат ба кудакон кирдорхои зиддихукукиро дар самти савдои одамон содир менамоянд;

– ба макомоти тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли – дар бораи ошкор намудани кудакон – курбониёни имконпазири савдои одамон, ки бо сабаби нисбат ба онхо содир гардидани чиноятхо ва дигар хукуквайронкунихо дар самти савдои одамон ба муоина, назорати табиб ё табобат эхтиёч доранд, инчунин бинобар бепарастори ва бесаробони ба кумаки давлат эхтиёч доранд, хамчунин дар бораи ошкор кардани оилахое, ки дар вазъияти хатарноки ичтимои карор доранд;

– ба макомоти маориф ва илм – оид ба ошкор намудани кудакон – курбониёни имконпазири савдои одамон, ки бинобар худсарона тарк намудани хонахои кудакон, мактаб – интернатхо ва дигар муассисахои кудакона ё бинобар бе сабабхои узрнок катъ намудани тахсил дар муассисахои таълими ба кумаки давлат эхтиёч доранд;

– ба макомот оид ба корхои чавонон, варзиш ва сайёхи – дар хусуси ошкор намудани кудакон-курбониёни имконпазири савдои одамон, ки дар вазъи хатарноки ичтимои карор дошта, вобаста ба ин ба ташкили истирохат, фарогат ва таъмин бо шугл мухточ мебошанд.

  1. Ба макомоти дар кисмхои 1-3 хамин модда пешбинигардида хабар надодани иттилооти дахлдор дар хусуси кудакон-курбониёни савдои одамон барои ба чавобгари кашидани шахсони вокеи ва хукуки асос мегардад.
  2. Иттилооти дар кисмхои 1-3 хамин модда пешбинигардида бояд бо тартибе нигохдори ва истифода шавад, ки махфиёна будани онро таъмин намояд. Гайриконуни пахн намудани ин иттилоот барои бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашидани шахсони гунахгор асос мегардад.

 

БОБИ 6.

ПЕШГИРИИ САВДОИ ОДАМОН

 

Моддаи 34. Ташкили пешгирии савдои одамон 

 

  1. Пешгирии савдои одамон тавассути истифодаи чорахои иктисоди, ичтимои, хукуки, иттилооти, таълими, тавонбахши ва дигар чорахо амали мешавад ва ба ошкор намудан ва бартарафсозии сабаб ва шароитхои ба савдои одамон мусоидаткунанда, ошкор намудан, айнияткунони, мутобикгардони ва тавонбахшии ичтимоии курбониёни савдои одамон равона шудаанд, ки дар мачмуъ бо чорахои махсуси пешгирикунандаи чиноятхо дар самти савдои одамон аз чониби макомоти хифзи хукук амали мегарданд.
  2. Ба системаи чорабинихо оид ба пешгирии савдои одамон чорахои зерини ошкоркунии саривактии холатхои савдои одамон дохил мешаванд:

– ба санадхои меъёрии хукукие, ки бахисобгири ва бакайдгирии чиноятхои дар худуди Чумхурии Точикистон содиршавандаро танзим менамоянд, ворид намудани тартиби хатмии бакайдгири ва санчиши хамаи хабархо, инчунин дар шакли беном дар бораи холатхои савдои одамон, аз чумла савдои кудакон, истисмори шахвонии онхо бо истифодаи технологияхои навтарин;

– ташкили шабакаи «хатхои очили» ва телефонхои бовари барои хабардихии фаври аз чониби шахрвандон ва иттиходияхои ташкилотхои чамъияти ба макомоти хифзи хукук, аз чумла дар шакли беном, дар бораи аз чониби онхо ошкор намудани холатхои савдои одамон, аз чумла дар шабакахои алокаи мобили ва интернети;

– тахия ва амалигардонии барномахои ичтимоие, ки ба бартарафсозии сабаб ва шароитхои ба савдои одамон мусоидаткунанда равона шудаанд;

– аз чониби давлат кафолат додани татбики мачмуи чорахои хифзи хукуки ва ичтимоии курбониёни имконпазири савдои одамон, махсусан занон ва кудакон;

– амали намудани мониторинг, тахлили амик ва баходихии мачмуии зухурот ва равандхое, ки ба савдои одамон сабаб шудаанд, бо максадхои такмил додани тачрибаи пешгирии савдои одамон;

– дар байни курбониёни имконпазири савдои одамон гузаронидани кори иттилоотию маърифати, аз чумла маълумотдихи дар бораи хатархои эхтимоли дар самти савдои одамон, чорахои химояи аз чониби давлат таъминшаванда, инчунин чорахои маъмури, хукукии чинояти ва дигар чорахои муковимат ба савдои одамон, ки аз чониби давлат амали мешаванд;

– гузаронидани тахкикоти илмии мачмуи, байнисохави оид ба проблемахои муковимат ба савдои одамон, аз чумла чанбахои гендерии он;

– аз руи тахассус чудо намудани кормандони макомоти амаликунандаи муковимат ба савдои одамон, ташкили тайёрии таълими ва касбии онхо.

  1. Муковимат ба савдои кудакон бо назардошти хусусияти фаъолияти зикргардида ба сифати фасли мустакили накшаи миллии муковимат ба савдои одамон чудо карда мешавад, ки аз чумла ташкили системаи чорахои ташкили, ичтимои, хукуки, омузгори ва дигар чорахои барои ошкор намудан ва бартарафсозии сабаб ва шароитхои ба бепарастории кудакон, беназорати ва ятимии онхо мусоидаткунанда равонашударо пешбини менамояд, аз чумла:

– ташкили системаи давлатии ошкор намудани оилахое, ки аз чихати ичтимои дар вазъияти хатарнок карор доранд ва кудаконе, ки ба хифзи давлат мухточанд ва ба онхо расонидани кумаки хаматарафа;

– ташкили системаи давлатии ошкор намудани падару модароне (шахсони онхоро ивазкунандае), ки аз ичрои ухдадорихои ба зиммаи онхо гузошташуда оид ба тарбияи кудакон ва назорати онхо саркаши менамоянд ва нисбат ба чунин шахсон андешидани чорахои ислохи ичтимои, тавонбахшии ичтимои ва равони, назорати ичтимои ва дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, чорахои чавобгарии хукуки;

– тавассути конунгузори манъ кардани дастрасии кудакон ба чойхои чамъиятие, ки барои фуруши махсулот ва хизматрасонихое таъин шудаанд, ки хавасмандиро ба шахват ба вучуд меоранд, дигар чорабинихои намоишии дорои хусусияти бехаёи ва порнографи;

– тавассути конунгузори махдуд кардани хузури кудакон бе хамрохии падару модарон ё дигар намояндагони конуни дар вакти шабона дар дигар чойхои чамъиятие, ки барои истифодаи вактхуши ва (ё) фарогати ва ё дастраси ба Интернет пешбини шудаанд.

  1. Бо максади пешгирии ревиктимизатсияи курбониёни савдои одамон аз чониби субъектхои дахлдори муковимат ба савдои одамон чорахои зарури оид ба ташкил ва инкишофи системаи муассисахои махсуси давлати ва гайридавлати, инчунин мачмуи дигар чорахое, ки барои тавонбахши ва мутобикгардонии ичтимоии онхо равона шудаанд, андешида мешаванд.

 

Моддаи 35. Механизми татбики чорахои профилактики оид  ба пешгирии савдои одамон

 

  1. Давлат мачмуи чорахои профилактики оид ба пешгирии савдои одамонро хангоми ташаккули сиёсати дохили, пеш аз хама дар сохахои иттилоот, маориф, расонидани кумаки ичтимои ба ахоли, шугли ахоли, ичозатномадихи ба намудхои алохидаи фаъолият, пешгирии беназорати ва хукуквайронкунии кудакон пешбини менамояд.
  2. Амалишавии чорахои профилактики оид ба пешгирии савдои одамон аз чониби давлат бо мачмуи чорахои дорои хусусияти иктисоди, ичтимои, маъмури ва дигар хусусият таъмин карда мешавад, аз чумла:

– ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият (корхо, хизматрасонихо), ки хангоми амалигардонии онхо имкониятхои мусоид барои савдои одамон ва истисмори онхо чой доранд;

– таъмини возехи, шаффофият ва пешгуии бастани шартномахои (карордодхои) мехнати, сайёхи, таълими, акди никох ва дигар шартномахо бо шахсоне, ки аз махалли истикомати доимии худ берун мебароянд;

– таъмини назоратбарии давлати ва чамъиятии сохахое, ки дар онхо эхтимолияти хатари объекти савдои одамон, истисмори иктисоди ё шахвонии тичорати гаштани ахоли хеле калон аст;

– сари вакт муайян ва бартарафсозии сабабхо ва шароитхои ба савдои одамон мусоидаткунанда;

– таъминоти ташкили, молияви ва захиравии ичрои барномахои давлати ва махаллии муковимат ба савдои одамон.

  1. Давлат оид ба таъминоти моддию техники ва ташкилию хукукии чорабинихои дар боби мазкур зикргардида тадбирхо андешида, аз хисоби бучети давлати барои максадхои зикршуда маблагхои бучетиро пешбини менамояд.

 

Моддаи 36. Сиёсати иттилооти дар самти пешгирии савдои одамон

 

  1. Дар Чумхурии Точикистон таргибу ташвики савдои одамон ва чиноятхои ба он алокаманд, инчунин рекламаи хизматрасонии ба савдои одамон алокаманд, манъ аст.
  2. Дар Чумхурии Точикистон тартиби ба кудакон пешниходи хизматрасонии дастраси ба Интернет аз тарафи ташкилотхо, муассисахои таълими, фарогати, аз чумла интернет-кафе, клубхо ва толорхои компютери баъди чихозонидани компютерхои алохида бо воситахои техники ва барномавии махсуси химояи кудакон аз иттилооте, ки барои чалб намудани онхо дар самти савдои одамон мусоидат менамоянд, ичозат дода мешавад.
  3. Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мунтазам дар воситахои ахбори омма нашр ва дар Интернет чой додани руйхати шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродиро, ки барои амалигардонии фаъолият оид ба берун аз худуди Чумхурии Точикистон бо кор таъмин намудани шахрвандони Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванди ба таври доими дар худуди Чумхурии Точикистон истикоматкунанда ичозатнома доранд, таъмин менамоянд.
  4. Субъектхои давлатии амаликунандаи муковимат ба савдои одамон ва дигар ташкилотхои дар моддахои 7-10 Конуни мазкур пешбинигардида дар доираи ваколатхои худ ба шахрвандон дар хусуси хатари савдои одамон ва чиноятхои ба он алокаманд, шаклхои он, чорахои бехатарии дахлдори андешидашуда, воситахои пешгирии савдои одамон ва чиноятхои ба он алокаманд, иттилоъ медиханд.

 

Моддаи 37. Сиёсати таълимии давлат дар самти пешгирии савдои одамон

 

  1. Сиёсати таълими дар самти пешгирии савдои одамон бо роххои зерин амали мегардад:

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон манъи додани ичозат ба фаъолияти омузгори дар муассисахои таълими ба шахсоне, ки чунин фаъолият ба онхо бо хукми суд ё хулосаи тибби манъ шудааст, инчунин шахсоне, ки барои чиноятхо дар самти савдои одамон доги суди доранд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чори намудани экспертизаи хатмии барномахои таълими, китобхои дарси, дастурхои таълими ва таълимию методи, ки барои истифодабари дар раванди таълим дар муассисахои таълими таъин шудаанд, аз чумла дар онхо мавчуд будани ташвики ошкоро ё пинхонии кирдорхои ба савдои одамон алокаманд ва ё рекламаи хизматрасонихо дар самти мазкур;

– тахия ва чори намудани барномахои таълимие, ки проблемахои савдои одамон ва тарзхои муковимат ба онро ошкор намуда, ба гуруххои гуногуни ахоли (аз чумла курбониёни имконпазири савдои кудакон, падару модари кудакон, мураббиён ва омузгорони онхо, чавонон, кормандони воситахои ахбори омма, кормандони макомоти хифзи хукук) нигаронида шудаанд, инчунин барномахое, ки барои таълим дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми, тахсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби пешбини шудаанд;

– ба барномахои таълимии тахсилоти умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дохил кардани курсхои махсус оид ба пешгирии савдои одамон;

– тахия ва чори намудани барномахои махсус оид ба пешгирии савдои одамон дар муассисахои тарбиявии махсусгардонидашуда барои кудакон, дигар макомот ва муассисахо, ки пешгирии оворагарди ва хукуквайронкунии кудаконро амали менамоянд;

– ташкили тайёркуни ва такмили ихтисоси кормандони макомоти давлати, аз чумла макомоти хифзи хукук оид ба пешгири ва мубориза бо савдои одамон;

– амали намудани назоратбари аз руи фаъолияти муассисахои таълими оид ба ташкил кардани коромузи, таълим, азнавтайёркуни, тачрибаомузи, гузаронидани озмунхо, олимпиадахои хонандагон, донишчуён ва аспирантхо дар хорича.

  1. Хангоми ташаккули сиёсати таълими вазъ, чараён ва пешгуии инкишофи чинояткори дар самти савдои одамон, роххои муосири муковимат ба он, аз чумла механизмхои пешгирикунанда ва хифзи хукук, инчунин воситахои барномави ва иттилоотии муосир ба инобат гирифта мешаванд.

 

Моддаи 38. Пешниходи хатмии иттилоот

 

  1. Бо максади пешгирии истисмори иктисоди ва шахвонии шахсоне, ки ба давлатхои хоричи барои кор равона карда мешаванд, корфармо хангоми интихоби кормандон ва бастани шартномаи (карордоди) мехнати бо онхо вазифадор аст мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи шароити фаъолияти мехнатии ояндаи онхо, имтиёзхо ва чубронпулихо, кафолати хифзи саломати ва таъмини бехатарии шароити мехнат маълумоти пурра ва дакик пешниход намояд.
  2. Бо максади пешгирии истисмори иктисоди ва шахвонии кудакон ташкилот ва агентихои сайёхи, ки хизматрасониро чихати дар хорича ташкил намудани тахсил, истирохат ва табобати кудакон бе хамрохии падару модар пешниход менамоянд, хангоми бастани шартнома барои расонидани чунин хизматрасонихо ухдадоранд ба падару модар маълумоти пурра ва дакикро оид ба шартхои будубоши кудакони онхо дар худуди давлатхои хоричи, кафолатхои хифзи саломати ва таъмини амнияти шахси пешниход намоянд.
  3. Бо максади ошкоркуни ва пешгирии саривактии чиноятхо дар самти савдои кудакон макомот ва муассисахои маориф ва илм, хизматрасонии тиббии кудакон, хифзи ичтимои ва хизматрасонии ичтимоии ахоли, дигар макомоту муассисахои кор бо кудакон машгулбуда, шахсони мансабдори онхо ва дигар кормандоне, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба зиммаи онхо ухдадори оид ба тарбия, тахсил, хифзи саломати, дастгирии ичтимои ва хизматрасонии ичтимоии кудакон ё назорати онхо вогузор шудааст, ухдадоранд фавран макомоти хифзи хукукро оид ба холатхои савдои кудакон ва чиноятхои ба он алокаманд, ки хангоми амали намудани фаъолияти касби ва хизмати ба онхо маълум гаштаанд, хабардор намоянд.
  4. Хабар надодан, сари вакт пешниход накардан ё пешниходи хабархои носахех (аз чумла дар хачми нопурра) оид ба маълумоти дар хамин модда пешбинигардида мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгари мегардад.

 

Моддаи 39. Манъи истифодабарии шабакахои алокаи истифодаи умум барои содир

                        намудани чиноятхо дар самти савдои одамон

 

  1. Истифодабарии шабакахои алокаи истифодаи умум барои амали намудани фаъолияти ба савдои одамон алокаманд, аз чумла барои содир намудани чиноятхо дар самти савдои одамон ё фарохам овардани шароитхо барои содир намудани онхо, гирифтани розигии курбонии имконпазири истисмори банакшагирифташудаи у, хамчунин барои пахн намудани маводи таргиботии чиноят ва дигар хукуквайронкунихо дар самти савдои одамон манъ аст.
  2. Дар холати истифодабарии шабакаи алокаи истифодаи умум барои амали намудани фаъолияти дар кисми 1 хамин модда пешбинигардида, чорахои пешгирии он татбик гардида, шахсони вокеи ва хукукие, ки дар содир намудани харакатхои зикргардида гунахгоранд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
  3. Макомоти хифзи хукуки Чумхурии Точикистон бо ташкилотхо ва шахсоне, ки хизматрасониро оид ба додани иттилоот ба воситаи шабакахои алокаи барки ё дастрасиро ба Интернет ва алокаи мобили анчом медиханд, аз чумла бо провайдерхо, дар бораи аз чониби онхо ба макомоти хифзи хукук фавран пешниход намудани маълумот дар бораи аз чониби онхо хангоми анчом додани ухдадории хизмати ё касби ошкор намудани харакатхои истифодабарии шабакаи алокаи барки барои анчом додани фаъолияти вобаста ба савдои одамон созишнома мебандад.
  4. Аз чониби шахсони зикргардида пешниход накардани маълумоти дахлдор ба макомоти хифзи хукук бо риоя накардани шартхои созишнома, ки дар кисми 3 хамин модда пешбини шудааст, боиси чавобгарии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

 

БОБИ 7.

ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ДАР САМТИ  МУКОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН

 

Моддаи 40. Асосхои хамкорихои байналмилали дар самти муковимат ба савдои одамон

 

  1. Чумхурии Точикистон бо дигар давлатхо, макомоти хифзи хукуки онхо, инчунин ташкилотхои байналмилали, ки бар зидди савдои одамон мубориза мебаранд, дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон, шартномахои байналмилали, ки Точикистон иштирокчии онхо мебошад, хамкори менамояд.
  2. Расонидани кумаки хукуки оид ба парвандахои чинояти вобаста ба савдои одамон тибки шартномахои байналмилалие, ки Точикистон иштирокчии онхо мебошад, инчунин конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  3. Савдогарони одамон ва дигар шахсоне, ки дар содир намудани кирдорхои бо савдои одамон алокаманд иштирок менамоянд, метавонанд ба давлатхои хоричи барои ба чавобгарии чинояти кашидан ва ё ичрои чазои таъиншуда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалие, ки Точикистон иштирокчии онхо мебошад, супорида шаванд.
  4. Намояндагихои дипломати ва консулгарихои Чумхурии Точикистон дар доираи ваколатхои худ мутобики конунгузории кишвархои чойгиршавии онхо ошкор кардан ва хифзи муносиби хукук ва манфиатхои шахрвандони Чумхурии Точикистонро, ки курбониёни савдои одамон шудаанд, амали намуда, ба онхо барои баргаштан ба Чумхурии Точикистон мусоидат менамоянд.
  5. Дар холати гум кардани хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти шахрванди Чумхурии Точикистон, ки курбонии савдои одамон мебошад ва ё имконнопазирии гирифтани онхо аз савдогарони одамон, намояндагихои дипломати ва консулгарихои Чумхурии Точикистон дар якчояги бо макомоти дахлори давлати дар мухлати кутохтарин чунин шахрвандонро бо хуччате, ки хукуки ба Чумхурии Точикистон баргаштанро медихад, таъмин мекунанд.

 

Моддаи 41. Хамкори бо макомоти ваколатдори давлатхои хоричи, ташкилотхои

                        байналмилалии давлати ва  гайридавлати дар самти муковимат ба савдои одамон

 

  1. Бо максади баланд бардоштани самаранокии огохонидан ва пешгири кардани савдои одамон, хифз ва тавонбахшии ичтимоии курбониёни он, инчунин ташкили хамкории байнидавлати дар омодасози ва амалигардонии чорабинихои бо Конуни мазкур пешбинигардида ва барномахои якчояи макомоти ваколатдори Чумхурии Точикистон мувофики меъёрхои санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон оид ба масъалахои муковимат ба савдои одамон бо давлатхои хоричи ва макомоти ваколатдори онхо, инчунин бо ташкилотхои байналмилалии давлати ва гайридавлати, ки фаъолиятро оид ба пешгири ва мубориза бар зидди савдои одамон пеш мебаранд, хамкори намуда, ба хифзи хукукхои курбониёни чунин чиноятхо мусоидат менамоянд.
  2. Самтхои асосии хамкорихои байналмилали инхо мебошанд:

-тахия ва бастани шартномахои дутарафа ва бисёртарафаи байни давлатхо оид ба масъалахои муковимат ба савдои одамон;

-муътадилгардонии хамкорихои макомоти дахлдори махсусгардонидашудаи наздисархадии давлатхои хамсоя оид ба мубориза бар зидди савдои одамон;

-хамохангсозии амалиёти макомоти хифзи хукук, аз чумла чорахои оперативи-чустучуи бо максади саривакт ва пурра ошкор кардан, пешгири намудан ва кушодани чиноятхои ба савдои одамон алокаманд;

– таъсис ва рушди якчояи системаи иттилооти, воситахои хабаррасонии фаври, вокуниш ва назоратбари, ки барои баланд бардоштани самаранокии муковимат ба савдои одамон нигаронида шудаанд.

 

БОБИ 8.

ЧАВОБГАРИ БАРОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИХО  ДАР САМТИ САВДОИ ОДАМОН

 

Моддаи 42. Намуд ва принсипхои чавобгари барои хукуквайронкунихо дар самти савдои

                         одамон

 

  1. Шахсони вокеи ва хукуки, ки ба хукуквайронкунихо дар самти савдои одамон алокаманди доранд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгарии граждании хукуки, маъмури ва чинояти кашида мешаванд.
  2. Харакат ё бехаракатии шахси мансабдор, ки барои савдои одамон шароит фарохам меоварад, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон асоси ба чавобгари кашидани у мебошад.
  3. Рафтори курбонии савдои одамон, ки дар надоштани хохиш ё имконнопазирии тагйир додани рафтори виктими, зиддичамъияти ё зиддихукукии худ, ки ба савдои одамон алокаманд аст, ифода меёбад, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгарии савдогарони одамонро истисно намекунад.

 

Моддаи 43. Чавобгарии шахсони хукуки барои дахл доштан ба савдои одамон 

 

  1. Бо тартиби суди мукаррар кардани дахлдории ташкилот ба савдои одамон, ки баръало ба содиркуни ва пинхонкунии чиноятхо дар самти савдои одамон ё конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи содир кардани чунин чиноятхо бадастоварда мусоидат кардааст, дар асоси карори суд боиси бархамдихии шахси хукуки ва ё бекор кардани ичозатномаи у барои амали намудани намуди дахлдори фаъолият, ки амалисозии он бо содиршавии чиноятхои зикргардида алокаманд мебошад, мегардад.
  2. Дар холати аз чониби ташкилот (шахси хукуки) амали намудани фаъолияти ба савдои одамон алокаманд, ки боиси вайрон гаштани хукук ва озодихои инсон ва шахрванд, расонидани зарар ба шахсият, саломатии шахрвандон, тартиботи чамъияти, амнияти давлати ва чамъияти гардидааст ё тахдиди вокеии расонидани чунин зарарро ба вучуд меорад, фаъолияти он бо тартиби мукаррарнамудаи моддаи 7 Конуни мазкур то аз чониби суд кабул намудани карор оид ба дахлдории ташкилоти (шахси хукукии) мазкур ба фаъолияти зикргардида муваккатан боздошта мешавад.
  3. Карор оид ба боздоштани фаъолияти шахси хукуки бо асосхое, ки дар кисми 2 моддаи мазкур зикр гардидаанд, то аз чониби суд барраси намудани масъалаи бархамдихии он ва ё манъи фаъолияти у, метавонад ба суд бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон мавриди шикоят карор гирад. Агар суд карорро оид ба бархамдихии шахси хукуки ва ё манъи фаъолияти он кабул накунад, шахси хукукии мазкур фаъолияти худро баъди ба кувваи конуни даромадани карори суд аз нав баркарор менамояд.
  4. Дар холати аз чониби суд эътироф гардидани алокамандии ташкилоти байналмилали (шуъба, филиал, намояндагии он), ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудааст, ба савдои одамон, фаъолияти чунин ташкилоти байналмилали (шуъба, филиал, намояндагии он) дар худуди Чумхурии Точикистон дар асоси карори суд тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон катъ карда мешавад.

 

Моддаи 44. Чавобгарии воситахои ахбори омма барои пахн намудани маводи таргиботии

                         чиноят ва дигар хукуквайронкунихо дар самти савдои одамон 

 

  1. Тавассути воситахои ахбори омма пахн намудани маводи таргиботии чиноят ва дигар хукуквайронкунихо дар самти савдои одамон, хамчунин ифшои маълумоти махфиёна дар хабару маводи пахншаванда дар бораи курбониёни савдои одамон, аз чумла маълумоте, ки бевосита ё бавосита ба шахсияти курбонии савдои одамон ишора менамоянд, бе розигии онхо ва нисбат ба кудак-курбонии савдои одамон бошад, бе розигии худи кудак, намояндаи конунии у, инчунин макомоти васоят ва парастори манъ карда мешавад.
  2. Дар холати аз чониби воситаи ахбори омма пахн намудани маводи дар кисми 1 моддаи мазкур зикргардида, ки боиси вайрон гардидани хукук ва озодихои курбонии савдои одамон, расонидани зарар ба саломати, шаъну шарафи вай, тартиботи чамъияти, амнияти чамъияти гардидааст ё тахдиди вокеии расонидани чунин зарарро ба вучуд овардааст, фаъолияти воситаи ахбори оммаи дахлдор метавонад бо карори суд дар асоси пешниходи макоми давлатии дахлдор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон катъ карда шавад.
  3. Бо максади рох надодан ба идомаи пахн намудани маводи дар кисми 1 моддаи мазкур зикргардида суд метавонад то баровардани карор аз руи парванда фуруши шумораи дахлдори нашрияи даври ва ё нусхаи сабти аудиои ё сабти видеоии барнома ва ё пахши барномаи дахлдори телевизиони, радиои ё видеоиро бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон боздорад.
  4. Карори суд барои гирифтани кисми фурухтанашудаи нусхаи махсулоти воситаи ахбори омма, ки маводи дар кисми 1 моддаи мазкур зикргардидаро дар бар мегирад, аз махалли нигохдори, савдои яклухт ва чаканаи махсулоти зикргардида, хамчунин аз китобхонахои оммави ва дигар чойхои чамъияти, ки ба он дастрасии озод доранд, асос мебошад.

 

Моддаи 45. Хусусиятхои чавобгарии чинояти барои содир намудани чиноятхо дар самти

                        савдои одамон

 

  1. Мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон розигии курбонии савдои одамон барои истисмори у асоси истиснокунанда ё сабуккунандаи чавобгарии чиноятии савдогари одамон шуда наметавонад.
  2. Номгуи чиноятхои ба савдои одамон алокамандро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 9.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 46. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 47. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                         «Дар бораи мубориза ба мукобили хариду фуруши одамон»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 15 июли соли 2004 «Дар бораи мубориза ба мукобили хариду фуруши одамон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2004, №7, мод. 454; с.2007, №7, мод. 658; с. 2008, №1, к. 1, мод. 2) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 48. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти 

Чумхурии Точикистон                                                                                            Эмомали РАХМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№1096

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …