Главная / Чамъият / Мукаррароти умуми

Мукаррароти умуми

Моддаи 28-и Кодекси Андоз. Мукаррароти умуми

  1. Санчиши андоз – санчиши аз чониби макомоти андоз амалишаванда оид ба ичрои конунгузории андози Чумхурии Точикистон, инчунин дигар конунгузории Чумхурии Точикистон, ки назорати ичрои он ба зиммаи макомоти андоз вогузор шудааст.
  2. Санчишхои андоз танхо аз чониби макомоти андоз гузаронида мешаванд. Дар холати мавчуд будани асосхои кофи тибки дархости хаттии макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия, макомоти андоз санчиши андозро мутобики Кодекси мазкур якчоя бо ин макомот мегузаронанд.
  3. Санчишхои андоз ба намудхои зерин таксим мешаванд:

– санчиши хуччати;

-санчиши амалиёти.

  1. Санчишхои хуччати ба намудхои зерин таксим мешаванд:

1) Санчиши мачмуи – санчиши ичрои ухдадории андоз аз руи хамаи намудхои андоз, аз чумла хангоми бархамдихи (катъ гардидани фаъолият) ва (ё) азнавташкилдихии андозсупоранда (минбаъд – санчиши андози бархамдихи).

2) Санчиши мавзуи – санчише, ки нисбат ба андозсупоранда (агенти андоз) аз руи як ё якчанд масъалахои зерин гузаронида мешавад:

а) ичрои ухдадории андоз аз руи намудхои алохидаи андозхо, инчунин андозхои бо онхо алокаманд. Андоз дар холате бо андози дигар алокаманд хисобида мешавад, ки агар тагйир додани маблаги хисобкардашуда ба мутаносибан тагйир ёфтани маблаги дигар андоз оварда расонад;

б) холати ичрои карор оид ба мачбуран ситонидани андозхо аз андозсупоранда ва (ё) ташкилотхои карзи;

в) тасдики дурустии маблагхои андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниход шудаанд.

3) Санчиши мутакобила – санчише, ки нисбат ба шахси дигар гузаронида мешавад, агар хангоми гузаронидани санчишхои андоз ба макомоти андоз зарурат пайдо шавад, ки оид ба дурустии дар бахисобгирии андоз зикр намудани амалиёти гузаронидаи андозсупоранда маълумоти иловаги ба даст оранд.

  1. Санчиши амалиётиро макомоти андоз доир ба масъалахои риояи талаботи зерини конунгузории андоз мегузаронанд:

– ба сифати андозсупоранда ба хисоб гузоштан дар макомоти андоз, дурустии маълумот дар бораи махалли чойгиршавии андозсупоранда;

-аз чониби корфармо барои ичрои ягон кор (хизматрасони) чалб намудани кормандони кироя;

-истифодаи мошинхои назорати – хазинавии дорои хотираи фискали;

-риоя намудани коидахои рехтан (печондан), гузоштани тамгахои аксизи, нигахдори, фуруши молхои зераксизи ва амали кардани намудхои алохидаи фаъолияти зераксизи.

  1. Санчишхои мачмуии андозро макомоти андоз тибки мурочиати хаттии макомоти хифзи хукук танхо нисбат ба хамон андозсупорандагон мегузаронанд, ки нисбат ба онхо тасдики хатти дар бораи огоз гардидани парвандаи чинояти бо нишонахои чиноятхои бо андозбанди алокаманд ворид шуда бошад. Санчишхои мутакобилаи андоз нисбат ба дигар шахсони бо андозсупорандагони зикршуда алокаманд, ки дар мурочиатхои хаттии макомоти хифзи хукук муайян шудаанд, дар холатхои пешниходи карори дахлдор гузаронида мешаванд.
  2. Гузаронидани санчиши андоз, ба истиснои холатхое, ки сохибкори инфироди бе чалб намудани коргари кироя кор мекунад ва иштироки у дар чараёни санчиш хатми мебошад, набояд фаъолияти андозсупорандаро боздорад.
  3. Дастурамал оид ба гузаронидани санчишхои андозро макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …