Главная / Чамъият / Мукаррар намудани андозаи музди мехнати кормандон

Мукаррар намудани андозаи музди мехнати кормандон

Моддаи 139-и Кодекси Мехнат. Мукаррар намудани андозаи музди мехнати кормандон

  1. Музди мехнати кормандон вобаста ба микдор ва сифати мехнати сарфшуда мукаррар карда мешавад. Ченаки сарфи мехнат меъёрхои мехнатие (меъёри коркард, меъёри вакт, меъёри хизматрасони) мебошанд, ки онхоро корфармо дар мувофика бо намояндагони кормандон дар асоси хадди акали музди мехнат, меъёрхои тарифи ва коэффитсиентхои байнидарачави, мувофики сатхи дастовардхои техники, технологи ва ташкили истехсолот дар холати барои кормандон мухайё намудани шароити муътадили кор мукаррар мекунад.
  2. Андозаи музди мехнат бо мувофикаи байни корманд ва корфармо мукаррар карда мешавад. Музди мехнат камтар аз андозаи хадди акали мукаррарнамудаи давлат буда наметавонад ва бо ягон хадди аксар махдуд карда намешавад.
  3. Низоми пардохти музди мехнат, андозаи ставкахои тарифи, маошхо ва дигар намуди музддихиро муайян мекунанд:

– барои кормандони ташкилотхое, ки аз бучети давлати маблаггузори мешаванд – санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– барои кормандони ташкилотхои маблаггузориашон омехта (кисман маблаггузори аз бучети давлати ва кисман аз фаъолияти сохибкори) – санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотхо;

– барои кормандони дигар ташкилотхо – шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотхо.

  1. Корфармо хукук дорад, дар мувофика бо намояндагони кормандон низоми гуногуни мукофотонидан, хавасмандгардонии музднок ва иловапулиро муайян намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …