Главная / Илм / Муй (Пашм) ва хусусияти фоидабахшии он

Муй (Пашм) ва хусусияти фоидабахшии он

mui_sar-660x330Ин аз пашм фарк дорад. Пашм, ки ба араби суф меноманд, назар ба муй махинтар ва печида мебошад. Баъзе чонварон хам муй доранд ва хам пашм, чунончи, бузи расми дорад. Баъзе факат пашм доранд, монанди: гусфанд ва барра. Вале инсон факат муй дорад на дигар. Мурод аз муй гуфтан дар тиб факат муйи инсон дар мадди назар дошта шудааст.

Мизочи муйи инсон сард ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: агар инро сухта бипошанд ё бо асал сиришта бимоланд, захм ва решхоро дард наоварда хушк мекунад, барои решхои хуранда ва хушк кардани захмхо даво мешавад; агар бипошанд, пухтани дахан ва чушиши онро сихат месозад.

Сухтаи онро бо равгани зайтун ва об сиришта бимоланд, сухтагии оташро шифо мебахшад. Муйи сарро сухта, бо сирко соида бимоланд, озаххоро хушк карда меафтонад ё тахлил медихад, донача ва обилахоро дафъ мекунад, инчунин захми саги девона газидаро шифо мебахшад, бо шароб ё равгани зайтун соида ё бо об соида бимоланд, варами сарро мегардонадва чарохати онро сихат месозад.

Агар сухтаи инро бо мурдорсанг (рими сурб, ё ки ба руси свинцовый шлак) бимоланд, кутур ва хориши чашмро шифо мебахшад ва чашмро хеле кави мегардонад. Агар муйи одамиро носухта ос карда, бо асал даромехта бимоланд, чушиши (пухтани) дахани кудаконро шифо мебахшад. Муйи сарро куфта бипошанд, баромадани макъадро (кутанро) ба чояш мебарад ва дигар намебарояд.

Куфтаи онро бо равгани гули сурх даромехта, дар гуш чаконанд, дарди онро таскин медихад. Муйи сарро сухта, дудашро дар бини бикашанд, саръро (припадкаро), ки сабабаш афтодани гирех дар майна бошад, шифо мебахшад; хамаи чонварони зарарнок аз дуди он мегурезанд. Агар онро занхо аз таг бардоранд, рутубати равон ва бисёри бачадонро манъ ва хушк мекунад ва саръи занонро шифо мебахшад.

Муйи тифлонро пеш аз сахт шудан гирифта биёвезанд, барои иллати никрис, ки дард ва варами ангуштони дасту похо мебошад ва инчунин газидани каждум шифо мебахшад. Тарики сухтани муйи сари одами чунин аст. Муйро бо собун покиза шуста, шона карда, баъд хушк намуда, бо кайчи хуб реза карда, сони дар руйи порчаи сафол ё табаки сафол ва ё дар руйи тунука ба оташ гузошта, бо дастае тагуру гардонанд, то ки кобили куфтан гардад.

Равгани муйро ба сар бимоланд, муй меруёнад ва инчунин ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш низ муйро меруёнад. Агар инро бимоланд, касонеро, ки аз хислати марди махрум гашта бошанд, онро аз нав баркарор мекунад. Тарики хосил кардани равгани муйи одами чунин аст. Он муйро хар кадар, ки хоханд, бигиранд, бо собун покиза бишуянд, хушк намоянду дар колба то гулугохаш пур кунанд ва дар он гулуяш лиф чо намоянд. Ба колба гили бута бимоланд. Табаки охани ё тунукаро аз миёначояш сурох кунанд. Баъд дахани он колбаро сарозер дар он сурохи гузоранд. Баъд бар боло ва атрофи он ангишт гузошта оташ зананд — аз ин харорат равгани муй чудо шуда поён мечакад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …