Главная / Биология / Мухофизати растанихои гулдори нодир ва нестшудаистода

Мухофизати растанихои гулдори нодир ва нестшудаистода

Мухофизати растанихои гулдори нодир ва нестшудаистода, ки ба “Китоби Сурхи Точикистон” дохил карда шудаанд

Олами наботот манбаи хаёт дар руи Замин аст. Дар хакикат, мавчудияти инсон, хайвонот ва организмхои нихоят хурдандоза (микроорганизмхо)-ро бе наботот тасаввур кардан гайриимкон аст. Дар раванди фотосинтез, ки факат хоси растанихои сабз мебошад, аз як тараф, агар хаво (атмосфера) аз оксиген бой гардад, аз тарафи дигар, аз гази барзиёди карбонат (дуоксиди карбон) тоза мегардад.

Растанихои нодире, ки ба «Китоби Сурхи Точикистон» дохил карда шудаанд
Расми 75. Растанихои нодире, ки ба «Китоби Сурхи Точикистон» дохил карда шудаанд

Фотосинтез ходисаи хаётбахше мебошад, ки дар натичаи он дар барги сабзи растанихо аз гази карбонат ва об бо иштироки бевоситаи пигменти сабз (хлорофилл) энергияи нури офтоб фуру бурда шуда, боиси дар барг хосил шудани канди ангур (глюкоза) ва хорич гардидани оксиген мегардад. Аз канди ангур ва махлули на-макхои маъдани, ки аз хок ба туфайли реша чаббида мешаванд, ангиштобхои мураккаб, сафеда, равган ва дигар моддахои барои хаётгузаронии растани зарур хосил мешаванд. Инсон, хайвонот ва микроорганизмхо эхтиёчоти ба ин моддахо доштаи худро ба туфайли растанихо конеъ мегардонанд. Хамин тавр, растании сабз дар раванди фотосинтез махсулоти аввалини биологиро хосил мекунад ва кулли мавчудоти оламро бо оксиген таъмин месозад.

Аксарияти растанихои мазруъ аз растанихои худруй пайдо шудаанд. Аз ин чост, ки барои пешбурди корхои селексиони (навъофари), яъне барои ба вучуд овардани навъхои гуногуну серхосили зироатхои кишоварзи, растанихои худруйро истифода мебаранд.

Растани аз худаш моддахои гуногуни бухоршаванда (фитонсидхо) хорич мекунад, ки онхо кобилияти нобуд кардани бактерияхой касалиоварро доранд. Растанихо инчунин садохои баландро фуру нишонда, гарду чанги хаворо ба худ гирифта, покизагии хавои махалро таъмин мекунанд. Бинобар он, ташаккул ва тагйирёбии иклими мухити зист ба наботот зич вобаста аст.

Растани кобилияти баланди обнигохдори дошта, хокро аз шусташави нигох медорад.

Чихатхои зараровари баъзе растанихо аз он иборат аст, ки онхо ба сифати алафхои бегона (худруй) дар байни зироатхои кишоварзи руида, сабзишу инкишофи онхо ва коркарди хокро (заминро) душвор мегардонанд. Инчунин, баъзе растанихо бо таркиботи захрнокашон метавонанд чорвои хонагиро захролуд кунанд.

Хамин тавр, дар вакти бо растанихо муносибат кардан бисёр ху- сусиятхои хоси онхоро бояд ба назар гирифт. Вале, баъзан дахо- лати гуногунчабхаи инсон ба табиат боиси тамоман камшумор ва хатто нобуд шудани бисёр намудхои нодири растанихо мегардад. Масалан, инкишофи босуръати сохахои гуногуни саноат, сохтмони заводу фабрикахо, комбинатхо, афзудани микдори шахрхои навбунёд, махалхои гуногуни ахолинишии, афзун шудани саршумори чорвои хонаги, сохтани роххои нави охану мошингард, мунтазам аз худ кардан ва обёри кардани заминхои бекорхобида, кофтани каналхои обёрикунанда, сохтани обанборхои сунъи ва дигар сохахои фаъолияти инсон наметавонад ба холати мухити атроф ва алалхусус ба олами наботот бетаъсир бошад.

Окибати чунин таъсиррасонихо боиси он шуданд, ки дар Точикистон дар айни замон 208 намуди растанихои гулдор (199 намуди растанихои алафи ва 27 намуди растанихои дарахтию буттаги) дар холати нестшави карор доранд. Бинобар он, барои хифзи онхо, ин растанихои нодир ва дар холати нестшави карордошта ба “Китоби Сурхи Точикистон” дохил карда шудаанд. “Китоби Сурх” – китобхуччати илмии байналхалки аст, ки оид ба наботот ва хайвоноти хифзшаванда ва роххои баркарор кардани онхо маълумотхои мухиму муфассал медихад.

Ба “Китоби Сурхи Точикистон” аз растанихои дарахти ва буттаги чунин растанихо, аз кабили бодоми Вавилов, дулонаи дарвози, олуи дарвози ва точикистони, ноки каёни, хурмои мукаррари ва гайрахо дохил карда шудаанд.

Гурухи дигар растанихо, ки гули зебо дошта, авзали бахор ме- шукуфанд аз чумла намудхои зиёди гули лола, сичак (сич), гули холмон, гули сиёхгуш, гули наврузи, бойчечак ва гайрахо низ дар холати нестшави карор дошта, ба “Китоби Сурхи Точикистон” дохил карда шудаанд.

Аз 87 намуди пиёзи худруй, ки дар Точикистон меруяд, 17-тоаш ба “Китоби Сурх” дохил карда шудааст. Инхо (сиёхалаф, гуши бузак, модил) растанихое мебошанд, ки аз сабаби хар сол чамъовари кардани кисми руизаминии онхо, пиёзакашон сол аз сол камкувват шуда, аз сабзишу инкишоф бозмемонад. Намуди дигари пиёз ансал ё пиёзи анзур мебошад, ки онро барои намаки кунондан ба микдори зиёд чамъовари мекунанд. Дар натича сол аз сол камша- вии худуди майдони нашъунамои ин намуди пиёз низ ба мушохида мерасад. Ва вай бешубха мухточи хифз аст.

Чи тавре ки маълум аст, зира растании бисёрсолаи маъмулу хушбуй аст. Вайро хамчун растании доруги ва барои хуштаъм кардани таом истифода мебаранд. Чамъоварии зира бо рохи дарав кардани кисми руизаминии он дар давраи пеш аз пухтани тухмаш сурат мегирад. Чунин муносибати гайриокилона имконияти аз тухмаш сабзидану афзоиш кардани зираро номумкин мегардонад. Аз ин ру, зира низ ба хифзи конун эхтиёчи комил дорад.

Растании зебои дигар, ки ба “Китоби Сурх” дохил карда шудааст, холмон мебошад. Холмон охирхои мохи март гул мекунад. Одамон ва сайёхон аз гулхои зебои он гулдастахо сохта, хусусияти аз тухм афзоиш кардани онро махдуд мекунанд. Аз дигар тараф, мардуми дехот (тахчой) пиёзаки онро барои хосил кардани нишоиста чамъовари мекунанд. Ин хар ду омили номатлуб боиси кам шудани майдонхои холмон гардидаанд.

Барои хифзу пешгири кардани камчини ва нобудшавии растанихои нодир, мебояд тамоми мардуми Точикистон нисбати онхо гамхори зохир кунанд. Дар ин икдом хусусан муаллимон ва хонандагони мактабхои таълимоти хамагони ва донишчуён фаъолона иштирок намуда, бояд хиссагузор бошанд. То ки ин растанихои нодир на танхо хифз карда шаванд, балки барои зиёд кардани худуди пахншавии онхо аз сидки дил гамхори зохир кунанд. Мухофизати растанихо бояд карзи шахрвандии хар як инсони сохибхирад бошад.

  1. Растанихо дар хаёти инсон чи ахамият доранд?
  2. Ба “Китоби Сурхи Точикистон” чанд намуди растанихои гулдор дохил карда шудаанд?
  3. “Китоби Сурх” чи гуна хуччат, китоб аст?
  4. Кадом растанихои нодири дарахтию буттагиро медонед?
  5. Гиёххои барвакт гулкунандаи нодирро номбар кунед.
  6. Бо чи сабабхо растанихо камёфту нодир мешаванд?

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …