Главная / Чамъият / Мухлати татбики чазои интизоми

Мухлати татбики чазои интизоми

Моддаи 64-и Кодекси Мехнат. Мухлати татбики чазои интизоми

  1. Чазои интизоми ба корманд хангоми содир кардани кирдори интизоми, на дертар аз як мох аз рузи ошкор шудани он, ба гайр аз холатхои пешбининамудаи кисми 5 моддаи 63 Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дода мешавад. Дар холатхои пешбининамудаи кисми 6 моддаи 323 Кодекси мазкур чазои интизоми на дертар аз як мох аз рузи эътибори конуни пайдо кардани санади суди дар бораи гайриконуни эътироф кардани корпартои дода мешавад.
  2. Чазои интизоми наметавонад пас аз шаш мохи содир шудани кирдори интизоми татбик карда шавад. Дар холатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ё муайян шудани кирдори интизоми дар натичаи санчиш ё тафтиши фаъолияти молияви-хочагии корфармо дар давоми ду соли содиршавии кирдори интизоми аз чониби корманд чазои интизоми дода мешавад. Ба мухлатхои мазкур вакти истехсолоти парвандаи чинояти дохил намешавад.
  3. Вакти татбики мухлати чазои интизоми хангоми дар кор хузур надоштан бинобар корношоямии муваккати, озод будан аз кор барои ичрои ухдадорихои давлати ё чамъияти, дар рухсати ва сафари хизмати будани корманд боздошта мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …