Главная / Чамъият / Мухлати дастгиркунии маъмури

Мухлати дастгиркунии маъмури

Моддаи 63-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Мухлати дастгиркунии маъмури 

  1. Мухлати дастгиркунии маъмурии шахсе, ки хукуквайронкунии маъмуриро содир кардааст, ба истиснои холатхое, ки дар кисмхои 2 ва 3 хамин модда пешбини шудаанд, наметавонад аз се соат зиёд бошад. Дар холатхои истиснои, бинобар зарурати махсус нисбат ба шахсони махали истикоматашон номуайян мумкин аст бо ичозати суд мухлати дастгиркунии маъмури то дах шабонаруз мукаррар карда шавад.
  2. Шахсе, ки нисбаташ пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури оид ба вайрон намудани низоми Сархади давлатии Чумхурии Точикистон, тартиби будубош дар Чумхурии Точикистон ва конунгузории сохаи гумрук сурат мегирад, дар холати зарурат барои мукаррар намудани шахсият ё барои муайян намудани холатхои хукуквайронкунии маъмури ба мухлати то 24 соат аз лахзаи дастгиркуни бо ба таври хатти хабар додан ба прокурор ё ба мухлати то дах шабонаруз бо ичозати суд тахти дастгиркунии маъмури карор дода мешавад, ба шарте ки у хуччатхои тасдиккунандаи шахсиятро надошта бошад.
  3. Шахсе, ки нисбати у пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури сурат мегирад ва барои содир намудани он ба сифати яке аз чазои маъмури дар намуди хабси маъмури пешбини гардида бошад, мумкин аст ба тарики маъмури то парвандаро барраси кардани судя дастгир карда шавад ва дар ин бора аз лахзаи дастгиркуни ба таври хатти ба прокурор хабар дода мешавад. Дар ин холат мухлати дастгиркунии маъмури аз лахзаи дастгиркуни наметавонад аз 24 соат зиёд бошад.
  4. Мухлати дастгиркуни ва нигохдории шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванд, ки барои вайрон намудани низоми раводид ва будубош дастгир карда шудаанд тибки мукаррароти Кодекси мазкур ба танзим дароварда мешавад. Бо дархости Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, муовинони у, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон ва муовинони онхо дар холатхои истиснои суд метавонад мухлати нигохдории ин шахсонро то як мох дароз намояд.
  5. Мухлати дастгиркунии маъмури аз лахзаи овардани шахси хукуквайронкунии маъмуриро содирнамуда ва мухлати дастгиркунии маъмурии шахси дар холати масти карордошта, ки бо хуччати шаходаткунонии тибби тасдик шудааст, аз лахзаи хушёр шудани у хисоб карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …