Главная / Маданият ва санъат / Мухаммад ибни Али ибни Хасан Захирии Самарканди

Мухаммад ибни Али ибни Хасан Захирии Самарканди

Мухаммад ибни Али ибни Хасан Захирии Самарканди аз дабирон ва адибони асри 12 форс-точик буда, доир ба хаёт ва фаъолияти илмию адабии у маълумоти хеле кам аст. Мувофики гуфтаи Мухаммад Авфии Бухорои дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб», Захирии Самарканди муддате дар дарбори Карохонихои Самарканд котиби карда, «Сохиби девон»-и иншои Рукнуддин Масъуд будааст.

zahirii-samarqandi-768x411

Муаллифони тазкирахо таъкид кардаанд, ки Захирии Самарканди дар насри мусаччаъ се китоби бузург таълиф карда будааст. Китоби якуми у «Самъ-уз-Захир фи чамъ-из-захир » («Гуфтори Захир барои мачлиси хос») ном дошта, зохиран дар бобби усули давлатдори будааст. Ин асар то замони мо боки намондааст. Китоби дуюми у-«Агроз-ус-сиёсат фи аъроз-ир-риёсат» («Максадхои сиёсат дар идора кардани давлат») китоби таърихшиноси дар боби сиёсат ва усули давлатдори буда, аз гуфтори шохони асотири- Чамшед то шохони асриXII — Санчар ибни Маликшох, пахлавонон, донишмандони эронию араб, юнони ва гайра фарохам омадааст. Захирии Самарканди дар ин китоб хангоми шарху тавзехи гуфтахои гузаштагон аз баъзе вокеахои замони худ ёдовар шудааст, ки ахамияти таърихи доранд.

Мухимтарин асари Захирии Самарканди, ки уро дар таърихи адабиёти форс-точик хамчун насрнавис машхур кард, “Синбоднома” мебошад. “Синбоднома” бо услуби хикоят андар хикоят таълиф шуда, таърихи хеле кадима дорад. Кадимтарин нусхаи ин асар ба замони Ашкониён (250 то м. — 224 м.) тааллук дорад. Аммо сарчашмаи имрузаи “Синбоднома” ривояти пахлавии асар буда, дар асри 8 аз пахлави ба араби тарчума шуда, ба таркиби китоби “Хазору як шаб” даромадааст. Дар асри VIII инчунин, матни арабии он ба суриёни ва дар асри XI матни суриёни ба забони юнони ва баъдтар ба забонхои испани, иброни, армани, гурчи, турки, лотини, фаронсави, италияви, англиси, немиси, руси, румини, шведи ва гайра тарчума шудааст. Дар адабиёти форс-точик чанд тахрири мустакили манзуму мансури “Синбоднома” вучуд дорад.

Аввалин тахрири “Синбоднома” ба калами устод Рудаки тааллук дорад, ки то замони мо аз он байтхои пароканда боки мондааст. Тахрири дуюм ба адиб ва тарчумони асри X Абулфавориси Фанорузи тааллук дорад. Мувофики гуфтаи Захирии Самарканди, Нух ибни Мансури Сомони ба Абулфавориси Фанорузи супориш додааст, ки у китоби “Синбоднома” — ро аз забони пахлави ба точики тарчума кунад Абулфавориси Фанорузи солхои 950-951 “Синбоднома” ро аз пахлави ба точики тарчума кардааст. Матни тарчумаи Фанорузи то замони мо нарасидааст.

Дар асри XI Азракии Хиравии шоир матни тарчумаи Фанорузиро ба назм даро вардааст. Захирии Самарканди нимахои асри XII матни тар чумаи Фанорузиро аз нав тахрир кардааст, ки матни он соли 1948 дар Истамбул (Туркия), соли 1953 дар Техрон ва соли 1971 дар Душанбе бо номи «Китоби Хаким Синбод» ба табъ расидааст. Мазмуни мухтасари «Синбоднома» чунин аст:

— Дар сарзамини Хинд Курдис ном подшохи одилу доное буд. Ин подшох аз бефарзанди доимо гам мехурд. Аз казо дар пиронсоли писаре ёфт. Таълиму тарбияи ин фарзандро ба гардани Синбоди Хаким гузоштааст. Шохзода дар илму дониш руз то руз комил мегашт ва аз руи одат, у бояд дар назди дарбориён имтихон месупорид. Барои хамин устодаш Синбод пеши офтоб устурлоб гузошта, муайян кард, ки то хафт руз чони шохзода дар хатар аст, барои хамин аз шохзода хохиш кард, ки у то хафт руз бо касе гап назанад ва худаш ба сафар баромад. Яке аз канизакхои шох, ки кайхо боз ошику мафтуни у гашта буд, ба назди шохзода рафта арзи дил кард. Шохзода ишки канизакро рад карда, таъкид

намуд, ки баъди хафт рузи хомуши ба назди шох рафта бевафоии канизакро хохад гуфт. Канизак аз тарси чон рохи хабаркаширо пеш гирифт. У ба назди подшох рафта, шохзодаро ба хиёнат муттахам кард. Подшох аз хабар ба хашм омад ва ба катли шохзода фармон дод. Дар ин миён хафт вазири донову хирадманди подшох ба химояти шохзода бархоста, дар бевафоии занон ва зарари беандешаги хикоятхои тамсили меоварданд ва бо хамин ичрои катли шохзо-

даро ба кафо мепартофтанд, то ки хафт рузи нахс бигузараду шохзода бегунохии худро исбот кунад. Захирии Самарканди мувофики завки бадеъии замони худ матни аз пахлави ба дари гардонидаи Абулфавориси Фанорузиро бо сабки маснуъи пуртакаллуф тахрир карда, гохгохе дар мавридхои мувофик шеърхои точикию арабиро чой додааст.

Захирии Самарканди дар зимни асар акидахои ичтимоии хешро дар боби усули мамлакатдори, шохи маърифатпеша ва давлати обод ифода кардааст, ки ин як навъ дастурест барои шохону амирони давру замони у.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …