Главная / Илм / Мухаллас дар Канзи Шифо (Китоб)

Мухаллас дар Канзи Шифо (Китоб)

Мухаллас (лотини: Dianthus tetralepis), (руси: гвоздика четырёхгранная ) —  Ин гиёх аз як реша то 15-20 сок бармеоварад, гирехдор, баландиаш аз 20 то 60 сантиметр мешавад.  Аз хар  гирехи поя барг мебарорад чун сари барги гандуми майса ба дарозї то 2-3 сантиметр.  Дар сари хар сок яктої кусак дорад ба тулонии якуним-ду сантиметр ва гафсии он ба андозаи чуволдуз аст. Дар нуги хар як кусак гул мекунад: сепарра, рангаш сафед ва пуштї. Хамин кусак гилофаки тухмхояш мебошад.

dianthus-pavoniusИн растаниро дар махалхои гуногун точикон мухаллиса, махлас ва махласках низ меноманд. Точикони шимол «чинигул» мегуяндаш. Дар заминхои шуранадоштаи доманахои кухсор, дар чохои хокдори куххо, адирхо ва инчунин дар хамворихои намнок меруяд. Ин гиёхи бисёрсола мебошад, хар сол аз решааш месабзад ва аз тухмаш низ пайдо мегардад. Ин намудхои гуногун дорад. Хангоми гул карданаш кисми руйизаминии онро даравида мегиранду дар соя хушк мекунанд.

Мувофики даъвои муаллифони як катор китобхои тибби кадим, мизочаш дар аввали дарачаи севум гарм ва хушк аст. Вале мо мегуем, ки дар дарачаи дувум сард аст. Зеро ки ягон давои гарммизоч фишори баланди хунро паст намекунад, балки баръакс, баланд мегардонад. Аммо мухаллас фишори баланди хунро паст мегардонад.

Хислатхои шифобахши он: агар инро як хафта ё камтар аз он ба чойи чой дам карда ё дар об чушонида биёшоманд (бояд ки гармогарм бинушанд), фишори баланди хунро паст мекунад. Илова бар ин рагхои хунгард агар сахт шуда бошанд, ислох мебахшад; инчунин кулинчхои шадидро, ки варам ва дард кардани рудахои гафс мебошанд, дафъ мекунад; дар хар як чойи бадан: дар чигар, рудахо, магзи сар ва гайра манфазхо, ахлоти часпак, ки касалихои бисёрро ба амал меоваранд, чой гирифта бошанд, онхоро ба тахлил дода хорич месозанд; агар меъда, чигар, сипурз ва рудахо суст гашта бошанд, ба холи аслиашон меоварад, гадуд ва узвхои хозимаро кавї мегардонад ва ба дарачае солим месозанд; ки одам бидуни ёрии ягон даво нони кокро хам бе чою об хоида хурдан мегирад, нисён (фаромушхотрї)-ро сихат мекунад; мардон ва заноне, ки фарзанд намеёфта бошанд, инро истеъмол намоянд, фарзанд меёбанд; куввати мардиро, ки дар одамони чавон бархам хурда бошад, баркарор мекунад; дар натичаи корхои фикрї асабхо суст гашта бошанд, аз нав кувват мебахшад; касро хушёр ва зехнро тез мекунад, пуртокат мегардонад ва хофизаро кувват мебахшад.

Зимнан як чизро хотиррасон намоем, ки хашароти гахворачунбон дар вакти тухм бастани мухаллас аз кучое пайдо мешаваду гилофи тухми ин гиёхро сурох намуда, тухмашро мехурад. Дар хусуси часорат, хушёрї ва пуртокатии ин чонвар худи табиатдустон ба драчаи аъло медонанд.

Инчунин ин гиёхро чой карда нушида гарданд, дар натичаи иллати асабхо ва вайрон шудани низоми ивазшавии моддахо муйи сар пеш аз вакт сафед гашта бошад, аз нав сиёх мегардонад (бо худи ман ин ходиса руй дода буд); дар хар як чойи аъзо, пайвандхо (бугумхо), по ва гайра дард пайдо шавад, бартараф месозад, инчунин дарди пушт, дарди шона, дарди ронхо ва дигар дардхои пайдошударо дафъ мекунад. Хар гуна хунравихоро катъ месозад, хатто омадани хайзро хам дар занхо бозмедорад.

Агар аз 3,5 то 7 грамми онро куфта ё чой барин дам карда бихуранд, чи навъе ки ба онхо захр расида бошад; хох аз мори шохдор (ин каттолтарин морхост), хох аз каждум, хох аз гунда ва гайра бошад, кувват ва таъсири захрро аз бадан дафъ мекунад, хатто агар захр дода бошанд хам, аз он начот медихад, хох пеш аз захр расидан (ё хурдан) ва ё баъд аз он бошад, монеъи таъсир мешавад ва дафъи зарари он мекунад. Инчунин хилти сафроро, ки дар бадан чамъ шуда, азият расонида бошад, меронад ва дарунро нарм мекунад, рудахоро пуркувват мегардонад. Агар дар рузхои аввали дароиши мохи хамал то се руз муттасил 4,5 граммї тухмашро куфта бихуранд, дар хамон сол, чи навъе ки захр бирасад ва ё бихуранд, таъсир намекунад ба истеъмолкунандааш.

Агар мавсими чидани ин гиёх гузашта бошад; решаашро шуста, чушонида, он обро истеъмол фармоянд хам, таъсири дар боло зикрёфтаро дорад, балки кавитар аз он аст.

Бояд кайд кард, ки чойи ин гиёх хангоми аввалин бор нушидан пиёлаи якумаш як андоза буйи алаф, хатто буйи мушро медихад, вале дар вакти нушидани пиёлаи дувумаш ва минбаъд ба табъ чунон мефорад ва мегуворад, ки чї микдор бисёр нушида гардад, хамон кадар зиёда бахри дилро мекушояд, хамон кадар халоватбахш аст ва хамон кадар табиат онро мекашад. Инак, агар инро хар чї кадар бисёр истеъмол кунанд хам, зарар намерасонад. Хамаи ин хислатхояш дар амал озмуда шудаанд.

Аз гиёхи мухаллас ба воситаи асбоби анбик арак хам мекашанд. Вале араки ин чун дигар шаробхо масткунанда нест. Нушидани ин арак узвхои дагалгаштаи дохилиро нарм мегардонад, модда ва ахлоти бегонаи дар бадан гализшударо тахлил медихад; магзи сар, меъда, чигар ва гадудхои мардиро пурзур мекунад, кулинчи  шадидтаринро мекушояд. Агар ин растанї зироат карда шавад, барои тандурустии одамият манфиатхои бисёре меоварад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …