Главная / Чамъият / Муфлисшави чист?

Муфлисшави чист?

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи муфлисшави

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 2003, №12, мод.674; соли 2008, №10, мод.813;

соли 2009, №5, мод.317)

Мачлиси намояндагон 25 июни соли 2003 кабул кардааст

Мачлиси милли 21 ноябри соли 2003 чонибдори кардааст  

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Муносибатхое, ки Конуни мазкур танзим менамояд

muflisМутобики Кодекси граждании Чумхурии Точикистон Конуни мазкур асос ва тартиби аз тарафи суд муфлис эътироф намудани сохибкори инфироди ва ё аз тарафи худи онхо муфлис эълон  гардиданашон, асоси аз тарафи суд  муфлис эътироф намудани шахси хукуки, ё ин ки аз тарафи худи онхо муфлис эълон намуданашон, инчунин тартиби бархам додани чунин шахси хукуки, ё худ якчоя бо кредиторон кабул кардани карор дар бораи муфлисшави ва ихтиёран бархамдихии онхоро мукаррар менамояд.  

Моддаи 2. Доираи амали Конуни мазкур

Конуни мазкур нисбат ба хамаи шахсони хукуки (ба истиснои корхонахои давлатие, ки дар моддаи 127 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон пешбини карда шудаанд), аз чумла шахсони хукукии хоричии бо тартиби мукаррарнамудаи  конун ба кайд гирифташуда ва хамчунин сохибкорони инфироди амал мекунад.

Агар шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон коидахои дигареро, ки аз  коидахои пешбининамудаи Конуни мазкур фарк кунанд, мукаррар карда бошанд, коидахои шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон мавриди истифода карор мегиранд.

Нисбати муносибатхое, ки Конуни мазкур иштироки шахсони хоричиро ба сифати кредиторон  танзим менамояд, мукаррароти хамин Конун татбик карда мешавад, агар шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошанд.  

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муфлисшави

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муфлисшави ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз   хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад. 

Моддаи 4. Мафхумхои асосии дар Конуни мазкур истифодашаванда

Дар Конуни мазкур мафхумхои  асосии зерин истифода мешаванд:

– муфлисшави – аз тарафи карздор дар хачми пурра конеъ карда натавонистани талаби кредиторон оид ба ухдадорихои пули ва (ё) ичро карда натавонистани ухдадорихои ворид намудани пардохтхои  хатми, ки аз чониби суд  эътироф шудаанд ё карздор  кодир набуданашро эълон намудааст;

– карздор – сохибкори инфироди ё шахси хукуки, ки барои конеъгардонии талабхои кредиторон оид ба ухдадорихои пули ва (ё) ичрои ухдадорихои пардохтхои  хатми  дар мухлати мукаррарнамудаи  Конуни мазкур кодир нест;

– ухдадорихои пули – ухдадории карздор дар бораи ба кредитор пардохт намудани маблаги муайяни пули, аз руи шартномаи гражданию хукуки ва дигар  асосхое, ки Кодекси граждании  Чумхурии Точикистон пешбини менамояд;

– пардохтхои хатми – андозхо, бочхо ва дигар пардохтхои хатмие, ки ба бучети сатхи дахлдор  бо тартиб ва  шартхои бо конунгузории Чумхурии Точикистон муайяншаванда  ворид мегарданд;

– рохбари карздор – макоми яккаи ичроияи шахси хукуки ва инчунин шахсони дигар, ки  мутобики конунгузори фаъолияти  хешро аз номи шахси хукуки бе боваринома  амали мегардонанд;

– кредиторони озмуни – кредиторон аз руи  ухдадорихои пули, ба истиснои шахрвандоне, ки карздор дар назди онхо барои расонидани  зиён ба  хаёт ва саломатиашон чавобгар аст, инчунин муассисони (иштирокчиёни) карздор – шахси хукуки аз руи ухдадорихое, ки аз чунин иштирок пайдо мешаванд;

– санатсияи тосуди –  чорахои баркарорсозии кобилияти пардохтии карздор, ки аз тарафи молики амволи карздор – шахси хукуки, муассисони (иштирокчиёни) карздор – шахси хукуки ва шахсони дигар бо максади пешгири кардани муфлисшави кабул карда мешаванд;

– мушохида – расмияти муфлисшави, ки нисбати карздор аз лахзаи аз тарафи суд кабул кардани ариза  дар бораи муфлис эътироф намудани карздор то лахзае, ки мутобики  хамин Конун  бо максади таъмин намудани нигохдории амволи карздор ва гузаронидани  тахлили  холати молиявии он муайян шудааст, татбик карда мешавад;

– идоракунии  беруни (санатсияи суди) – расмияти муфлисшави, ки нисбати карздор бо максади баркарорсозии кобилияти пардохтии вай бо вогузоштани ваколатхои  идоракунии  амволи карздор ба мудири беруна татбик карда мешавад;

– истехсолоти озмуни – расмияти муфлисшави, ки нисбати карздори муфлис эътирофгардида бо максади мутаносибан конеъ намудани талабхои кредиторон  татбик карда мешавад;

– мудир (мудири муваккати, мудири беруна, мудири озмуни) – шахсе, ки аз чониби суд барои гузаронидани расмиятхои муфлисшави ва амали намудани ваколатхои дигар, ки Конуни мазкур мукаррар намудааст, таъин карда мешавад;

– моратория – боздоштани амалхои карздор оид ба ичрои ухдадорихои пули ва ворид намудани пардохтхои  хатми;

– намояндаи кормандони карздор – шахсе, ки аз тарафи кормандон ваколатдор шудааст ва хангоми гузаронидани расмиятхои муфлисшави манфиатхои онхоро ифода мекунад

– карздори гойиб – карздоре, ки махалли чойгиршавии макомоти  доими, инчунин муассисон  ва шахсони мансабдор, ки онро мукаррар кардан мумкин нест ва  бе онхо шахси хукуки фаъолияти худро дар давоми шаш мохи охир ичро карда натавонист;

– мудири  муваккати – шахси вокеие, ки аз чониби суд барои гузаронидани расмиёти мушохида таъин карда мешавад;

– мудири беруна – шахси вокеие, ки аз чониби суд барои гузаронидани расмиёти  идоракунии беруна таъин карда мешавад;»

– мудири озмуни – шахси вокеие, ки аз чониби суд барои гузаронидани расмиёти  истехсолоти озмуни таъин карда мешавад. (КЧТ аз 19.05.09, №509)  

Моддаи 5. Аломатхои муфлисшави

Шахсони хукуки, сохибкорони инфироди ва хамчунин шахсони хукукии хоричи барои конеъ намудани талабхои  кредиторон аз руи ухдадорихои пули ва хамчунин ичрои пардохтхои хатмии ба бучет аз хисоби амволи онхо воридшаванда кодирнабуда хисобида мешаванд, агар чунин ухдадорихо аз тарафи онхо дар давоми се мох аз лахзаи эътибор пайдо карданашон ичро карда нашаванд ва агар маблаги умумии ухдадорихояшон аз арзиши амволи ба онхо тааллукдошта зиёд бошад.  

Моддаи 6. Таркиб ва хачми ухдадорихои пули ва пардохтхои  хатми

Таркиб ва хачми ухдадорихои пули ва пардохтхои хатми ба вакти пешниходи ариза ба суд дар бораи муфлис эътироф намудани карздор муайян карда мешаванд.

Барои муайян намудани мавчудияти аломатхои муфлисшавии  карздор хачми ухдадорихои пули, аз чумла хачми карз барои молхои тахвилгардида, корхои ичрошуда ва хизматрасони, маблаги карзхо бо назардошти фоизхо, ки онхоро карздор бояд пардохт намояд, ба истиснои ухдадорихо дар назди шахрвандоне, ки карздор барои расонидани зиён ба хаёт ва саломатиашон чавобгар аст, ухдадорихо оиди пардохти подоши муаллифи ва хамчунин ухдадорихо дар назди муассисони (иштирокчиёни) карздор – шахсони хукуки, ки аз чунин иштирок бармеоянд, мавриди таваччух карор мегирад.

хачми ухдадорихои пули аз руи талабхои кредиторон дар он  холат мукарраршуда хисобида мешавад, ки агар  он бо халномаи суд ё хуччатхои шаходатдихандае, ки дар онхо карздор ин талабхоро эътироф намудааст, тасдик шуда бошад ва хамчунин дар  холатхои дигаре, ки хамин Конун пешбини намудааст. 

Моддаи 7. Карздор

Карздор хукук дорад бо аризаи худ дар хусуси пешаки мукаррар намудани муфлисшави дар сурати мавчуд будани холатхои бешубха шаходатдиханда дар бораи он ки вай наметавонад ухдадорихои пули ва (ё)  вазифахояшро оид ба ворид намудани пардохтхои хатми дар мухлатхои мукарраршуда ичро намояд, ба суд мурочиат кунад.

Карздор дар хамон холат метавонад ба суд ариза дихад, ки   амволи мавчудбудаи у барои пардохти харочоти суд кифоя бошад, агар  Конуни мазкур тартиби дигареро пешбини накарда бошад.

Моддаи 71.  Карздори гойиб

ДарасосиаризаишахсиманфиатдорсудтибкиконунгузорииЧумхурииТочикистонкарздоригойибромуайянменамояд. (КЧТ аз 19.05.09, №509) 

Моддаи 8. Ухдадорихо  барои додани аризаи карздор ба суд

Рохбари карздор ё сохибкори инфироди ухдадор аст, ки дар мавридхои зерин бо аризаи карздор ба суд мурочиат кунад:

– агар конеъгардонии талабхои як кредитор ё якчанд кредиторон сабабгори гайриимкон гаштани ичрои пурраи ухдадорихои пулии карздор дар назди дигар кредиторон гардад;

– агар макомоти карздор, ки мутобики хуччатхои таъсисии карздор барои бархамдихии он ваколатдор гардидааст, барои мурочиати карздор бо ариза ба суд карор кабул карда бошад;

– агар макомоти ваколатдори молики амволи карздор – корхонаи вохиди давлати дар бораи мурочиат намудан бо аризаи карздор ба суд карор кабул карда бошад;

– дар дигар холатхое, ки Конуни мазкур пешбини намудааст.

Дар мавридхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда  аризаи карздор новобаста аз мавчудияти холатхои мукарраркардаи кисми дуюми моддаи 7 Конуни мазкур ба суд пешниход карда мешавад.

Агар дар вакти бархамдихии шахси хукуки ичрои талабхои кредиторон дар хачми пурра гайриимкон мукаррар шуда бошад, рохбари карздор, комиссияи бархамдихи (бархамдиханда) вазифадоранд бо аризаи карздор ба суд мурочиат намоянд.

Аризаи карздор дар холатхои пешбининамудаи моддаи мазкур бояд на дертар аз як мохи пеш омадани зарурати дахлдор ба суд пешниход карда шавад. 

Моддаи 9. Масъулияти рохбари карздор барои ичро накардани вазифахо оид ба додани аризаи карздор ба суд

Аз тарафи карздор пешниход нагардидани ариза ба суд дар холатхое, ки моддаи 8 Конуни мазкур пешбини намудааст,  боиси ба чавобгарии субсидиари кашидани рохбари карздор  ва аъзои комиссияи бархамдихи  аз руи ухдадорихои карздор, ки  дар назди кредиторон баъди гузаштани мухлати пешбининамудаи Конуни мазкур  ба вучуд меоянд, мегардад. 

Моддаи 10. Муфлисшавии сохта ва баркасд

Агар аризаи карздор оид ба муфлис эътироф намуданаш ба суд дар холати мавчуд будани имконияти конеъгардонии пурраи талабхои кредиторон пешниход шуда бошад (муфлисшавии сохта), карздор, ки хамин аризаро пешниход намудааст, дар назди кредиторон барои зарари бо додани хамин ариза расонидааш чавобгар мебошад.

Дар холати муфлисшавии карздор бо айби муассисони (иштирокчиёни) вай ё дигар шахсони мансабдор, аз чумла бо айби рохбари карздор, ки барои ба карздор хукуки додани супоришхои хатман ичрошавандаро дорад ва ё хар гуна имконияти муайянсозии амали уро дорад (муфлисшавии баркасд), муассисон (иштирокчиён) – шахсони хукуки ё дигар шахсони мансабдор ба чавобгарии субсидиари кашида мешаванд. 

Моддаи 11. Кредиторон оид ба ухдадорихои пули

Кредиторон оид ба ухдадорихои пули (минбаъд-кредиторон) шахсони вокеию хукукии дохили ва хоричи, хамчунин давлат ва вохидхои  маъмурию худуди мебошанд.

Хукуки додани аризаи кредиторро дар бораи муфлис эътироф намудани карздор (минбаъд – аризаи кредитор) шахсоне доранд, ки мутобики Конуни мазкур кредиторони озмуни эътироф карда мешаванд.

Кредитор аз руи ухдадорихои дар натичаи расонидани  зарар ва оид ба пардохти  алимент  ба вучудомада он кредитороне хисобида мешаванд, ки талабхои онхо бо халномаи суд собит шудаанд ё карздор онхоро эътироф намудааст.

Ба макомоти андоз ва  дигар макомоти ваколатдор  меъёрхои барои кредиторон   муайяншуда татбик   карда мешаванд, агар Конуни мазкур тартиби дигареро пешбини накарда бошад.

хангоми гузаронидани  расмияти муфлисшави манфиати хамаи кредиторонро мачлиси кредиторон ва кумитаи кредиторон, ки мутобики Конуни мазкур ташкил карда мешаванд, ифода мекунад. Аз лахзаи аз тарафи суд барои барраси кабул гардидани ариза дар бораи муфлис эълон намудани  карздор кредиторон хукук надоранд, ки бо максади конеъ гардонидани талабхои худ бо тартиби инфироди ба карздор мурочиат намоянд.

Хамаи амалхо дар муносибат бо карздор аз номи кредиторон ба воситаи мачлиси кредиторон ва кумитаи кредиторон анчом дода мешавад. 

Моддаи 12.  Мачлиси кредиторон ва тартиби даъвати он

Кредиторони озмуни  ва дар холатхои  пешбининамудаи  Конуни мазкур дар кисмати  талабхо  оид ба пардохтхои хатми макомоти андоз ва дигар макомоти ваколатдор иштирокчиёни мачлиси кредиторон бо хукуки овоздихи шуда метавонанд.  Дар мачлиси кредиторон намояндаи кормандони карздор иштирок менамояд.

Ташкил ва гузаронидани мачлиси кредиторонро мудир анчом медихад.

Ваколатхои мачлиси кредиторон:

кабули карор дар бораи чори ва дароз намудани идоракунии беруна ва дар бораи мурочиат  намудан бо  илтимосномаи дахлдор ба суд;

кабули карор дар бораи бастани созишномаи мусолиха;

кабули карор дар бораи мурочиат намудан  ба суд бо илтимоснома дар бораи муфлис эътироф намудани карздор  ва кушодани истехсолоти озмуни;

кабули карор дар бораи интихоби аъзои кумитаи кредиторон, муайян намудани шумораи  хайати кумитаи кредиторон ва дар бораи пеш аз мухлат катъ намудани ваколатхои кумитаи кредиторон;

халлу фасли  дигар масъалахое, ки Конуни мазкур пешбини  менамояд.

Дар мачлиси кредиторон кредитори озмуни, дар холатхои пешбининамудаи  Конуни мазкур макомоти андоз ва дигар макомоти ваколатдор дар кисмати талабхо оид ба пардохтхои  хатми сохиби шумораи овозхои мутаносибан  баробар ба  маблаги талабхои кредиторони озмуни, макомоти андоз ё макомоти дигари ваколатдор аз руи ухдадорихои пули (ё) пардохтхои хатми ба карздор, ки мутобики Конуни мазкур эътироф ва ба рузи гузаронидани мачлиси кредиторон  мукаррар  карда  шудааст, мебошанд.

Мачлиси кредиторон бо ташаббуси  мудир,  дархости  кумитаи кредиторон, кредиторони озмуни  ва (ё) макомоти андоз ва  макомоти ваколатдори дигаре, ки талабхои онхо оид ба ухдадорихои пули ва (ё) пардохтхои хатми на камтар аз сеяки чамъи маблаги талабшудаи ба руйхати талабхои кредиторон дохилшударо ташкил медихад, ё бо ташаббуси аз се як хиссаи кредиторони озмуни  даъват карда мешавад.

Мачлиси кредиторон бо дархости кумитаи кредиторон ё кредиторони озмуни  аз чониби мудир,  дар мухлати ду хафта аз лахзаи бо дархости дахлдор мурочиат  намудани кумитаи кредиторон ё кредиторони озмуни ба  унвони мудир  даъват карда мешавад.

Мачлиси кредиторон дар махалли чойгиршавии карздор гузаронида мешавад, агар тартиби дигаре дар мачлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон мукаррар нашуда бошад.

Дар холати набудани кворуми кредиторон дар мухлати дах руз мачлиси  такрории  кредиторон даъват карда  мешавад, ки сарфи назар аз шумораи кредиторони дар он иштироккунанда  салохиятдор мебошад,  ба шарте  ки аз  вакт  ва  чои  гузаронидани мачлиси кредиторон онхо ба таври  даркори огох   гардида бошанд. 

Моддаи 13. Тартиби кабули карорхо  аз тарафи мачлиси  кредиторон

Карори мачлиси кредиторон оиди масъалахои ба овоздихи гузошташуда бо аксари овозхои кредиторони озмуни, ки дар мачлиси кредиторон иштирок  доранд, кабул карда мешаванд, агар тартиби дигаре дар Конуни мазкур пешбини нашуда бошад.

Мачлиси кредиторон карорхои зеринро бо аксари овозхо аз микдори умумии кредиторони озмуни кабул менамояд:

оиди чори ва дароз намудани идоракунии беруна ё дар бораи мурочиат намудан бо  илтимоснома  ба суд дар бораи  муфлис эътироф   намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни;

дар бораи  бо илтимоснома  мурочиат намудан ба суд  оиди  аз вазифа озод намудани  мудир.

Дар холате  ки агар дар мачлиси кредиторон, ки барои халли масъалахои дар кисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда  даъват карда шудааст ва микдори овозхои барои кабули карорхои мазкур зарурии кредиторони озмуни чамъ нашуда бошанд, мачлиси  такрории кредиторон даъват карда мешавад, ки барои кабули  чунин карорхо бо аксари овозхои кредиторони озмунии дар мачлис  иштироккунанда  салохиятдор мебошад,  ба шарте  ки кредиторони  озмуни аз  вакт ва чои  гузаронидани  мачлис  ба тарзи  даркори огох гардида бошанд. 

Моддаи 14. Кумитаи кредиторон, интихоби кумитаи кредиторон

Кумитаи кредиторон манфиатхои кредиторони озмуниро ифода намуда, ба фаъолияти мудири беруна ва  мудири озмуни бо тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур назорат менамояд.

Агар микдори кредиторони озмуни аз панчох нафар камтар бошад, бо карори мачлиси кредиторон вазифаи кумитаи кредиторонро ба мачлиси кредиторон вогузор кардан  мумкин аст.

Кумитаи кредиторон барои татбики вазифахои ба зиммааш гузошташуда хукук дорад:

аз мудири беруна пешниходи маълумотро оид ба холати молиявии карздор ва чараёни идоракунии беруна талаб намояд;

аз мудири озмуни пешниходи маълумотро оид ба чараёни истехсолоти озмуни талаб намояд;

оиди фаъолияти мудири беруна ва мудири озмуни дар  холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур ба суд шикоят кунад.

Ба хайати кумитаи кредиторон мумкин аст намояндагони кредиторони озмуни ба микдори муайяннамудаи мачлиси кредиторон, вале  на бештар аз 11 нафар дохил карда  шаванд.

Карори кумитаи кредиторон бо аксари овозхои  шумораи умумии аъзои кумитаи кредиторон кабул карда мешавад.

Аъзои кумитаи кредиторонро мачлиси кредиторон ба муддати  гузаронидани идоракунии беруна ва истехсолоти озмуни интихоб  менамояд.

Бо карори мачлиси кредиторон мумкин аст ваколатхои хамаи аъзои кумитаи кредиторон пеш аз мухлат катъ гардонида шаванд.

Талаби кредитор оид  ба ухдадорихои пули ва  (ё) ухдадорихои хатми дар хачми панчсад андозаи нишондиханда барои хисобхо ба кредитор  хукуки доштани шумораи  овозхои баробар ба шумораи аъзои кумитаи кредиторонро медихад, агар бо карори мачлиси кредиторон тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад. Кредитор хукук дорад, ки  овозхои  ба вай тааллукдоштаро ба як номзад дихад ё онхоро байни  чанд номзадхо ба аъзогии кумитаи кредиторон таксим намояд.

Ба хайати кумитаи кредиторон номзадхое интихобшуда хисоб мешаванд, ки бештари овозхоро гирифтаанд.

Аъзоёни кумитаи кредиторон метавонанд аз хайати худ  раиси кумитаи кредиторонро интихоб намоянд.

Агар хайати кумитаи кредиторон аз панч нафар зиёд бошад,  раиси кумитаи кредиторон ба таври  хатми интихоб карда мешавад. 

Моддаи 15. Шахсони манфиатдор

Дар муносибат бо карздор инхо  шахсони манфиатдор дониста мешаванд:

шахси хукуки, ки мутобики конунгузории граждании  Чумхурии Точикистон нисбат ба  карздор  корхонаи фаръи ё  тобеъ мебошад;

рохбари карздор, инчунин шахсоне, ки ба шурои директорони карздор (шурои мушохидави), макомоти ичроияи машваратии карздор, сармухосиби (мухосиби) карздор, аз чумла шахсони дар давоми  як сол то замони огозшавии парвандахо оид ба муфлисшави аз ин вазифахо озодшуда  дохил мешаванд.

Барои максадхои Конуни мазкур тахти мафхуми шахсони манфиатдор нисбат ба шахрванд шавхараш (завчааш), фарзандон, бародарон, хохарон, падару модар ва бародарону хохарони онхо, падару модар, хохарон ва бародарони шавхараш (завчааш) дохил мешаванд.

Дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур  шахсони манфиатдор нисбат ба  мудир  ва кредиторон мутобики тартибе, ки бандхои якум ва дуюми моддаи мазкур пешбини намудааст, муайян карда мешавад. 

Моддаи 16. Мудир

Агар дар Конуни мазкур тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, суд метавонад шахси вокеии  ба сифати сохибкори инфироди ба кайд гирифташударо, ки дорои донишхои махсус буда, нисбат ба карздор ва кредиторон шахси манфиатдор  нест,  мудир (мудири муваккати, мудири беруна, мудири озмуни) таъин намояд.

Шахсони зеринро мудир таъин намудан мумкин  нест:

шахсоне, ки  каблан идоракунии корхои карздор – шахси хукукиро анчом медоданд, ба истиснои холатхое, ки аз лахзаи сабукдуш гардидани  чунин шахсон аз идоракунии корхои карздор на камтар аз се сол гузашта бошад;

шахсоне, ки нисбаташон  бахри татбики фаъолияти идоракунии корхо ва (ё) амволи шахсони дигар  махдудият вучуд дошта бошад (шахсони махрумшуда);

шахсоне, ки доги суди доранд. 

Моддаи 17. хукук  ва вазифахои мудир

Мудир хукук дорад:

мачлиси кредиторон ва кумитаи  кредиторонро даъват намояд;

дар холатхои дар Конуни мазкур пешбинишуда ба суд мурочиат намояд;

ба андоза ва тартибе, ки Конуни мазкур  пешбини намудааст, подош  гирад;

барои  таъмини амали намудани ваколатхои худ шахсони дигарро дар асоси шартнома ба кор чалб намуда, хакки хизмати онхоро аз хисоби карздор бипардозад, агар  Конуни мазкур ё созишнома бо  кредиторон тартиби дигареро мукаррар накарда бошад;

дар бораи пеш аз мухлат катъ намудани ичрои  вазифахои худ ба суд ариза пешниход намояд.

Мудир вазифадор аст:

оид ба хифзи  моликияти карздор тадбирхо андешад;

холати молиявии карздорро тахлил кунад;

фаъолияти молияви, хочаги ва инвеститсионии карздор ва  мавкеи онро дар бозори мол тахлил намояд;

талаби арзнамудаи кредиторонро барраси намояд;

пешбурди руйхати талабхои кредиторонро анчом дихад;

вазифахои дигарро, ки Конуни мазкур мукаррар намудааст, ичро намояд.

хангоми татбики хукуку вазифахои худ мудир вазифадор аст, ки бо назардошти манфиатхои  карздор ва кредиторон амал намояд. 

Моддаи 18. Масъулияти мудир

Ичро накардан ё ичрои номатлуби  ухдадорихое, ки  мутобики Конуни мазкур ба зиммаи мудир гузошта шудаанд,  мумкин аст барои  аз чониби суд озод намудани  у  аз ичрои вазифахояш асос гардад.

Карздор ва кредиторони он хукук доранд аз мудир, ки  конунгузории Чумхурии Точикистонро вайрон кардааст, баргардонидани зиёни аз фаъолияти (бефаъолиятии) мудир расонидашударо талаб намоянд.

 

Моддаи 19. Подоши мудир

Тартиб ва андозаи подоши мудирро мачлиси кредиторон муайян мекунад ва (ё) суд тасдик менамояд ва он бояд на камтар аз дувоздах нишондиханда барои хисобхо дар як мох бошад. (КЧТ аз 19.05.09, №509)

Дар холатхои  пешбининамудаи  конунхо ва  дигар санадхои меъёрии хукукии   Чумхурии Точикистон ба  мудир аз руи натичахои фаъолияташ подоши иловаги мукаррар карда мешавад.

 

 

 

 

Моддаи 20. Расмиятхои муфлисшави

Хангоми баррасии парвандахои муфлисшавии карздор – шахси хукукии субъекти сохибкории хурду миёна ва дигар шахсони хукуки (ташкилотхои гайритичорати) расмиёти зерини муфлисшави татбик карда мешаванд:

– мушохида;

– истехсолоти озмуни;

– созишномаи мусолиха.

Хангоми баррасии парвандахои муфлисшавии карздор – шахси хукукии субъекти сохибкории калон расмиёти зерини муфлисшави татбик карда мешаванд:

– мушохида;

– идоракунии беруна;

– истехсолоти озмуни;

– созишномаи мусолиха.

Хангоми баррасии парвандахои муфлисшавии карздор – сохибкори инфироди  расмиёти зерини муфлисшави татбик карда мешаванд:

– истехсолоти озмуни;

– созишномаи мусолиха. (КЧТ аз 19.05.09, №509)

 

Моддаи 21.  Худро муфлис эълон намудани карздор

Дар сурати мавчуд набудани эътироз аз чониби кредиторон карздор – шахси хукуки метавонад дар бораи муфлисшавии худва ихтиёран бархам хурданаш мутобики тартиботе, ки Конуни мазкур пешбини   кардааст,  эълон намояд.

 

БОБИ II

ПЕШГИРИИ  МУФЛИСШАВИ

 

Моддаи 22. Тадбирхо оид ба  пешгирии муфлисшавии ташкилотхо

Муассисони (иштирокчиёни) карздор – шахси хукуки, молики амволи карздор – шахси хукуки ва макомоти ичроияи хокимияти  давлати вазифадоранд,  ки оид ба  пешгирии муфлисшавии ташкилотхо тадбирхои саривакти андешанд.

Бо максади пешгирии муфлисшавии ташкилотхо муассисони (иштирокчиёни) карздор – шахси хукуки, молики амволи карздор – шахси хукуки то  замони ба суд додани ариза оид ба   муфлис эътироф намудани карздор  тадбирхое меандешанд, ки ба бехбудии молиявии карздор нигаронида шуда бошанд. Тадбирхои барои бехбудии молиявии карздор нигаронидашударо  кредиторон ё  шахсони дигар  низ метавонанд дар асоси созишнома бо карздор пешбини намоянд.

 

Моддаи 23. Санатсияи тосуди

Молики амволи карздор – шахси хукуки, муассисони (иштирокчиёни) карздор – шахси хукуки, кредиторони карздор – шахси хукуки ва шахсони дигар дар доираи тадбирхо оид ба пешгирии  муфлисшави метавонанд ба карздор дар хачме, ки  барои пардохт намудани ухдадорихои пули, пардохтхои хатми ва  баркарорсозии кобилияти пардохтии карздор (санатсияи тосуди) кифояги мекунад,  кумаки молияви расонанд.

Расонидани кумакхои молиявиро  хамзамон кабули ухдадорихо аз  тарафи карздор ё шахсони дигар ба манфиати шахсони кумаки молияви расонида хисобидан мумкин аст.

Гузаронидани санатсияи тосудиро аз  хисоби бучети давлати конун дар бораи бучети давлати барои соли дахлдор мукаррар менамояд. Гузаронидани санатсияи тосудиро аз хисоби бучетхои махалли макомоти  хокимияти махалли мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

 

БОБИ III

БАРРАСИИ ПАРВАНДАХОИ МУФЛИСШАВИ ДАР СУД

 

Моддаи 24. Тартиби баррасии парвандахо  дар бораи муфлисшави

Парвандахо  дар бораи  муфлисшавии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди дар судхо аз руи коидахои пешбининамудаи Кодекси Чумхурии Точикистон дар бораи мурофиаи судии иктисоди бо  хусусиятхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур барраси карда мешаванд.

Парванда оид ба муфлисшави аз чониби суд метавонад дар холате огоз карда шавад, ки агар талабот нисбат ба карздорон – субъектхои сохибкории хурду миёна ва дигар шахсони хукуки (ташкилотхои гайритичорати) дар мачмуъ на камтар аз 500 (панчсад) нишондиханда барои хисобхо ва нисбат ба субъектхои сохибкории калон 2000 (ду хазор) нишондиханда барои хисобхоро ташкил намояд.    (КЧТ аз 19.05.09, №509)

 

Моддаи 25. Мансубияти идорави ва судии парвандахои  муфлисшави

Парвандахои муфлисшавии шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродиро суди иктисодии (минбаъд – суди) махалли вокеъгардидаи карздор – шахси хукуки ё махалли истикомати шахрванд – сохибкори инфироди барраси менамояд.

 

Моддаи 26. хукуки мурочиат  намудан ба суд

Карздор, кредитор, прокурор ва дар холатхое  ки  хамин Конун  пешбини намудааст, шахсони дигар низ хукуки бо ариза ба суд мурочиат намудан  дар хусуси муфлис эътироф намудани карздор  бо сабаби ичро накардани ухдадорихои пулиро доранд.

Карздор, прокурор, макомоти андоз, макомот оид ба идоракунии амволи давлати ва дигар макомоти ваколатдор дар хусуси муфлисшавии карздор  бо сабаби  ичро накардани  воридоти  пардохтхои хатми хукуки бо ариза ба суд мурочиат намуданро доранд.

 

Моддаи 27. Шахсоне, ки дар баррасии парвандаи  муфлисшави  иштирок менамоянд

Шахсони  зерин дар баррасии парвандаи муфлисшави иштирок менамоянд:

карздор;

мудир;

кредиторони  озмуни;

макомоти андоз ва макомоти дигари ваколатдор аз руи талабхо  оиди пардохтхои хатми;

прокурор, дар холати  бо аризаи у   барраси  намудани  парвандахои муфлисшави.

 

Моддаи 28. Асоси огоз намудани парванда  дар бораи муфлисшави

Парванда оид ба муфлисшави дар асоси ариза дар бораи муфлис эътироф намудани карздор, ки аз тарафи шахсони дар моддаи 26 Конуни мазкур номбаршуда пешниход гардидаанд, огоз карда мешавад.

 

Моддаи 29.  Якчоясозии талабхои кредиторон

Аризаи кредитор мумкин аст  ба якчоясозии карзхо аз руи  ухдадорихои гуногун асос ёбад.

Кредиторон хукук доранд, ки талабхои худро нисбати карздор якчоя намуда, бо як аризаи кредитор ба суд мурочиат намоянд.Ба чунин ариза кредитороне, ки талабхои худро якчоя намудаанд, имзо мегузоранд.

 

Моддаи 30. Рад кардани кабули ариза  оид ба муфлис эътироф намудани карздор

Агар яке  аз шартхои пешбинигардидаи кисми дуюми моддаи 24 Конуни мазкур  риоя нашуда  бошад, суд кабули аризаро оид ба муфлис эътироф намудани карздор рад мекунад.

 

Моддаи 31. Чорахои химоя намудани талабхои кредиторон

Суд хукук  дорад дар асоси  аризаи шахсоне, ки дар парвандаи муфлисшави иштирок мекунанд, мутобики Кодекси Чумхурии Точикистон дар бораи мурофиаи судии иктисоди оид ба химояи талабхои кредиторон чорахо андешад.

Ба гайр аз чорахое, ки Кодекси Чумхурии Точикистон дар бораи мурофиаи судии иктисоди  пешбини менамояд, суд метавонад  бе розигии мудир амали намудани  додугирифтхоеро,  ки кисми дуюми моддаи 44 Конуни мазкур пешбини накардаст,  манъ намояд, карздорро ухдадор намояд, ки когазхои кимматнок, арзишхои асъори ва амволи дигари карздорро барои нигох доштан ба шахси сеюм дихад ва барои таъмини нигохдории амволи карздор чорахои дигар андешад.

Чорахо оид ба химояи талабхои кредиторон мутобикан то замони чори намудани идоракунии  беруна ва таъини мудири беруна ё то замони кабул шудани халномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва дар бораи кушодани истехсолоти озмуни ва таъини мудири озмуни ё то замони  аз тарафи суд тасдик намудани созишномаи мусолиха ё то замони аз  тарафи суд кабул шудани халнома дар бораи  рад намудани муфлис эътироф  кардани карздор амал мекунанд.

Суд хукук дорад  чорахои химояи талабхои кредиторонро то ба миён омадани холатхое, ки кисми сеюми моддаи мазкур пешбини намудааст, бекор кунад.

 

Моддаи 32. Изхори назари карздор ба ариза дар бораи муфлис эътироф намудани карздор

Карздор дар мухлати 5 руз аз санаи гирифтани таъинот дар бораи кабули аризаи кредитор, аризаи  макомоти андоз ё макомоти дигари ваколатдор дар хусуси муфлис эътироф намудани карздор ё аризаи прокурор дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ухдадор аст, ки ба суд, аризадиханда ва шахсони дигари дар парвандаи муфлисшави иштироккунанда доир ба чунин ариза изхори назарашро фиристад ва хамчунин хамаи кредиторонро, ки дар ин ариза номбар нашудаанд, дар бораи нисбати вай огоз гардидани парвандаи муфлисшави огох намояд. Ба  изхори назари карздор, ки ба суд фиристода мешавад, бояд далелхои  исботи дар бораи  аз тарафи карздор  ба аризадиханда ва шахсони дигари дар парвандаи муфлисшави иштироккунанда  фиристода шудани нусхахои изхори назар илова карда шаванд.

Ба гайр аз маълумотхое, ки дар Кодекси Чумхурии Точикистон дар бораи мурофиаи судии иктисоди пешбини шудаанд, дар изхори назари карздор  маълумотхои зерин нишон дода мешаванд:

эътирози  карздор ба талабхои  аризадиханда;

маблаги умумии карзи карздор оид ба ухдадорихо дар назди кредиторон, музди мехнати кормандони карздор ва пардохтхои хатми;

маълумот дар бораи амволи мавчудбудаи карздор, аз чумла маблагхои пулие, ки дар  суратхисобхои  бонки ва ташкилотхои  дигари кредити дорад, раками суратхисобхои номбаршудаи бонки, ташкилотхои дигари кредити ва сурогаи почтавии бонку ташкилотхои кредити;

далелхои конеъ карда тавонистани талабхои аризадиханда дар холате, ки карздор онхоро эътироф  намояд;

– руйхати кредиторон ва карздорон бо муайянсозии карзхои кредитори ва дебитори, бо нишон додани сурогаи кредиторон ва карздорон. (КЧТ аз 19.05.09, №509)

Набудани изхори назари карздор набояд барои баррасии парвандаи муфлисшави монеъ  шавад.

Дар ин холат суд ба мудир супориш медихад, ки хамаи кредиторонро мукаррар намуда, дар бораи огоз намудани парвандаи муфлисшави ба онхо аз хисоби карздор огохинома фиристад.

 

Моддаи 33. халнома дар бораи муфлис эътироф намудани карздор  ва кушодани истехсолоти озмуни

Халномаи суд  дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни дар холатхои мукаррар гардидани аломатхои муфлисшавии карздор, ки моддаи 5 Конуни мазкур  пешбини намудааст ва инчунин набудани асос барои чори намудани идоракунии беруна кабул карда мешавад.

Дар халномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани карздор – шахси хукуки ва кушодани истехсолоти озмуни бояд чунин нишондодхо бошанд:

дар бораи муфлис эътироф  намудани карздор;

дар бораи кушодани истехсолоти озмуни;

дар бораи таъини мудири озмуни.

Дар халномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани карздор – сохибкори инфироди дар бораи беъэтибор шудани бакайдгирии давлатии карздор ба сифати сохибкори инфироди зикр карда мешавад.

халномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани  истехсолоти озмуни  бояд фавран ичро гардад,  агар суд тартиби дигареро мукаррар накарда бошад.

 

Моддаи 34. Аз тарафи суд  нашр намудани хабари муфлис  эътироф гардидани карздор

Хабари муфлис эътироф гардидани карздор аз тарафи суде, ки дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва оиди кушодани истехсолоти озмуни  халнома кабул кардааст,  дар воситахои ахбори умум аз хисоби карздор ва дар сурати набудани маблагхои карздор аз хисоби кредиторе, ки бо ариза оид ба муфлис эътироф намудани карздор мурочиат кардааст,   нашр карда мешавад.

Хабари бекор кардани халномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани карздор низ ба хамин тартиб бояд нашр карда шавад.

 

Моддаи 35. халномаи суд дар бораи рад  кардани муфлис эътироф  намудани  карздор

Халномаи  суд дар бораи рад  кардани муфлис эътироф намудани карздор дар холатхои зерин кабул карда мешавад:

набудани аломатхои муфлисшави, ки дар моддаи 5 Конуни мазкур пешбини шудаанд;

конеъ гардидани  талабхои арзшудаи кредиторон то вакти  аз тарафи суд кабул намудани халнома дар бораи парвандаи муфлисшави;

мукаррар  гардидани  муфлисшавии  сохта  ва баркасд;

дар холатхои дигаре, ки Конуни мазкур пешбини намудааст.

Агар далелхои маълуме бошанд, ки онхо оиди дар ихтиёри карздор мавчуд будани моликияти бозоргир шаходат диханд, суд хукук дорад бо илтимосномаи карздор баррасии парвандаи муфлисшавиро мавкуф гузошта, ба карздор пешниход намояд, ки дар мухлати мукаррарнамудаи суд талабхои кредиторонро конеъ гардонад.

 

Моддаи 36. Окибати кабулшавии халномаи суд дар бораи радкуни оид ба муфлис эътироф намудани карздор

Аз тарафи суд кабул шудани  халнома дар бораи радкуни оид ба муфлис эътироф намудани карздор барои  катъ шудани амали холатхое, ки бар асари кабули ариза дар бораи муфлис эътироф  намудани карздор  пеш омада буданд ва (ё) чори намудани мушохида  асос мешавад.

 

Моддаи 37. Асосхои катъ намудани парвандаи муфлисшави

Суд парвандаи муфлисшавиро дар холатхои зерин катъ менамояд:

баркарор шудани кобилияти маблаггузаронии карздор дар чараёни  идоракунии беруна;

бастани созишномаи мусолиха.

 

Моддаи 38. Таксими харочоти суди ва харочоти пардохти подоши мудир

Тамоми харочоти суди, аз чумла харочоти бочи давлати, ки мухлати пардохташон дароз ё кутох карда шуда буданд ва хамчунин харочоти пардохти подоши мудир ба амволи  карздор мансубият дошта, аз хисоби ин амвол бе навбат  руёнда  мешавад.

Бо созишномаи мусолиха тартиби дигари таксими харочоти мазкурро пешбини намудан мумкин аст.

Дар холати аз тарафи суд бинобар набудани аломатхои муфлисшави кабул гардидани халнома дар бораи рад  кардани  муфлис эътироф намудани карздор харочоти дар кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба лахзаи огоз намудани парвандаи муфлисшави ба кредиторони ба суд бо аризаи кредитор мурочиаткарда  мансубият дошта, дар байни онхо мутаносибан аз руи  талабхояшон таксим карда мешавад.

Тартиби таксими харочоти суди ва харочоти пардохти подоши мудир дар халномаи суд ё таъиноти суди, ки аз руи натичаи баррасии парвандаи муфлисшави кабул шудааст, муайян карда мешавад.

 

БОБИ IV

МУФЛИСШАВИИ СОХИБКОРИ ИНФИРОДИ

 

Моддаи 39. Асосхои муфлис эътироф намудани сохибкори инфироди

Асоси муфлис эътироф намудани сохибкори инфироди  надоштани кобилияти конеъ  кардани талабхои кредиторон оид ба ухдадорихои пули ва (ё) ичрои вазифахо оид ба ворид  намудани пардохтхои хатми мебошад.

 

Моддаи 40. Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани сохибкори инфироди

Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани сохибкори инфироди мумкин аст аз чониби карздор – сохибкори инфироди, кредитор аз руи ухдадорихои вобаста ба фаъолияти сохибкори, макомоти андоз ва макомоти дигари ваколатдор аз руи талабхои пардохтхои хатми, хамчунин аз чониби прокурор дода шавад.

Хангоми татбики расмияти муфлисшавии сохибкори инфироди кредиторони вай аз руи ухдадорихое, ки ба фаъолияти сохибкори вобаста нестанд, хамчунин кредиторон бо талабхои хусусияти шахсидошта  низ хукук доранд талабхои худро пешниход намоянд.

 

Моддаи 41. Окибатхои муфлис эътироф намудани сохибкори инфироди

Аз лахзаи аз  чониби суд кабул гардидани халнома дар бораи муфлис эътироф намудани сохибкори инфироди ва кушодани истехсолоти озмуни, бакайдгирии давлатии  вай ба  сифати сохибкори инфироди беэътибор гардида, хамчунин ичозатномаи (литсензияи) ба вай додашуда оиди анчом додани фаъолияти   муайяни  сохибкори бекор  дониста   мешавад.

Сохибкори инфиродиро, ки муфлис эътироф гардидааст, дар мухлати як сол аз лахзаи муфлис эътирофшавиаш ба сифати сохибкори инфироди ба кайд гирифтан  мумкин нест.

Суд нусхаи халномаро дар бораи муфлис эътироф  намудани сохибкори инфироди ва кушодани истехсолоти озмуни ба макомоте, ки шахрвандро ба сифати сохибкори инфироди ба кайд гирифтааст, мефиристад.

 

БОБИ V

МУШОХИДА

 

Моддаи  42.  Чори намудани мушохида

Расмиёти мушохида барои субъектхои хурду миёна ва дигар шахсони хукуки (ташкилотхои гайритичорати) – ба мухлати як мох ва барои субъектхои сохибкории калон ба мухлати то ду мох амали мегардад. (КЧТ аз 19.05.09, №509)

Моддаи  43. Окибатхои аз тарафи суд  баровардани  таъинот оиди кабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани карздор

Аз лахзаи аз чониби суд  баровардани  таъинот оиди кабули ариза  дар бораи  муфлис эътироф намудани карздор:

талабхои амволиро  нисбат ба карздор танхо бо риояи тартиби  пешниходи талабхо ба карздор, ки Конуни мазкур мукаррар кардааст, пешниход намудан мумкин аст;

бо илтимосномаи кредитор пешбурди парвандахои вобаста ба руёнидани маблагхои пули ва дигар амвол аз карздор боздошта мешавад. Кредитор дар  чунин холат хукук дорад мутобики тартиби дар хамин Конун мукарраршуда талабхои худро ба карздор пешниход намояд;

ичрои  хуччатхои ичроия оид ба ситонидани амвол, ба истиснои ичрои хуччатхои ичроия, ки онхо дар асоси халномаи суд дар бораи аз карздор ситонидани карзи музди мехнат, додани подоши аз руи шартномаи муаллифи, алимент, инчунин баргардонидани зиёни ба хаёту саломати расондашуда ва зиёни маънави, ки то лахзаи аз чониби суд  кабул шудани ариза дар бораи муфлис эътироф намудани карздор  дода шудаанд,  боздошта мешавад;

конеъ гардонидани талабхои иштирокчии карздор – шахси хукуки дар бораи  чудо карда додани хиссааш (пай) аз амволи карздор бинобар аз хайати иштирокчиён баромаданаш манъ  аст.

Бо максади таъмин  намудани амали тадбирхое, ки дар кисми якуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, таъиноти суди оиди кабули ариза дар бораи  муфлис эътироф намудани карздор ба бонк ва дигар муассисахои кредити, ки дар онхо карздор суратхисоби  бонки дорад, инчунин ба дигар судхои дахлдор, макомоти андоз ва макомоти дигари ваколатдор фиристода мешавад.

 

Моддаи 44. Окибатхои чори намудани мушохида

Чори намудани мушохида  барои  аз вазифа  дур намудани рохбари карздор ё  макомоти дигари идоракунии карздор асос нагардида, онхо ичрои ваколатхои худро бо махдудиятхои дар кисмхои дуюм ва сеюми моддаи мазкур  мукаррарнамуда идома медиханд.

Макомоти идоракунии карздор ахдхои зеринро танхо бо розигии мудири муваккати анчом медихад:

ахдхои вобаста ба ичора ва гарав додани  амволи гайриманкул,  додани  амволи номбаршуда ба сифати хисса ба  сармояи оинномавии чамъиятхо  ва ширкатхои  хочагидори  ё ихтиёрдории   тарзи дигари чунин моликият;

ахдхои вобаста ба ихтиёрдории амволи дигари карздор, ки арзиши балансиашон зиёда аз 10 фоизи арзиши баланси  дороии  карздорро ташкил медиханд;

ахдхои вобаста  ба кабул ва додани карзхо (кредитхо), додани кафолат, гузашт намудани хукуки талабкуни, гузаронидани карз, инчунин  ахдхои вобаста ба таъсиси идоракунии  боэътимоди амволи карздор.

Макомоти идоракунии  карздор хукук надорад карорхои зерин кабул намояд:

дар бораи азнавташкилкуни (муттахид кардан, хамрохшави, таксимшави, чудошави,  табдил додан) ва бархамдихии карздор;

дар бораи таъсиси шахсони  хукуки ё дар бораи иштирок намудан дар шахсони хукукии дигар;

дар бораи таъсиси филиалхо ва намояндагихо;

дар бораи пардохти дивидендхо;

дар бораи аз  тарафи карздор пахн намудани вомбаргхо ва дигар когазхои кимматноки   муомилоти;

дар бораи баромадан аз хайати иштирокчиёни карздор – шахси хукуки ва  аз саххомон  харидани сахмияхои каблан баровардашуда.

Макомоти идоракунии карздор метавонад  бо розигии мудири муваккати дар бораи иштироки  карздор дар иттиходияхои дигари  шахсони хукуки карор кабул намояд.

Агар рохбари карздор барои таъмини  хифзи амволи карздор  чорахои зарури наандешад, ба мудири муваккати хангоми ичрои ухдадорихояш монеъ шавад ё дигар талабхои конунгузории Чумхурии  Точикистонро риоя накунад, суд хукук дорад  вайро аз ичрои вазифааш  дур намояд. Дар чунин холатхо ичрои вазифахои рохбари карздор ба зиммаи мудири муваккати гузошта мешавад.

Аз лахзаи  чори намудани мушохида хабси амволи карздор ва дигар махдудсозии карздор  оиди ихтиёрдории амволи ба вай мансуббуда танхо дар доираи раванди муфлисшави бояд сурат гирад.

 

Моддаи 45. Мудири муваккати

Мудири муваккати аз чониби суд аз хисоби номзадхои пешниходнамудаи кредиторон ва дар сурати набудани чунин пешниходот аз хисоби шахсоне, ки суд ба сифати  мудир ба кайд гирифтааст, таъин  карда  мешавад.

Мудири муваккати аз лахзаи аз чониби суд таъин шуданаш то чори намудани идоракунии  беруна ва таъини мудири  беруна ё то аз чониби суд кабул шудани халнома дар бораи  муфлис эътироф намудани карздор ва дар бораи кушодани истехсолоти озмуни ва таъини мудири озмуни ё то аз чониби суд  тасдик намудани созишномаи мусолиха, ё то аз чониби суд кабул намудани халнома дар бораи рад кардани муфлис эътироф намудани карздор фаъолият мекунад.

Дар холати муваккатан гайри кобили  мехнат будани мудири муваккати суд хукук дорад, ки муовини мудири муваккатиро ичрокунандаи вазифаи у таъин намояд.

Мудири муваккати хукук дорад, ки дар сурати мавчуд будани сабабхои узрнок бо  ариза ба суд дар бораи  аз ичрои вазифаи мудири муваккати озод намуданаш мурочиат намояд.

Дар холати  конеъ гардонидани  аризаи мудири муваккати оиди аз  ичрои вазифаи мудири муваккати озод намудани вай суд мудири муваккатии навро таъин менамояд. То таъиншавии мудири муваккатии нав мудири муваккати ичрои вазифахояшро давом  медихад.

 

Моддаи 46. хукук ва  вазифахои мудири  муваккати

Мудири муваккати хукук дорад:

аз номи худ оид ба  беэътибор донистани ахдхо, инчунин  дар бораи  татбики окибатхои беэътибории  ахдхои  камарзиши аз  тарафи карздор бе риояи талаботи мукаррарнамудаи хамин  Конун басташуда  ё ичрогардида ба суд  талаб пешниход намояд;

бо  ариза дар бораи кабули  чорахои иловаги оид ба таъмини хифзи амволи карздор, аз чумла дар бораи бе розигии мудири  муваккати манъ намудани  бастани ахдхои дар кисми дуюми моддаи 44 Конуни мазкур пешбинишуда,  хамчунин   дар бораи додани когазхои кимматнок, арзишхои асъори ва амволи дигари барои нигохдори  ба  шахсони сеюм додашуда, инчунин дар бораи бекор намудани хамин гуна чорахо  ба суд  мурочиат намояд;

дар бораи   аз вазифа дур кардани рохбари карздор бо  дархостба суд мурочиат намояд;

хама гуна иттилоот ва хуччатхои ба фаъолияти карздор вобастаро гирад;

ваколатхои дигари мукаррарнамудаи хамин Конунро анчом дихад.

Макомоти идоракунии карздор вазифадор аст, ки бо дархости мудири муваккати ба вай хама гуна маълумотхои ба фаъолияти карздор дахлдорро пешниход намояд.

Мудири муваккати вазифадор аст:

бахри таъмини нигохдории моликияти карздор тадбирхо андешад;

холати молиявии карздорро тахлил намояд;

мавчудияти аломатхои муфлисшавии сохта ва баркасдро муайян созад;

кредиторони карздорро мукаррар намуда, андозаи талабхои онхоро муайян созад,  ба кредиторон оиди  огоз шудани парванда  дар бораи муфлисшави хабар дихад;

мачлиси аввали кредиторонро даъват намояд.

Баъди анчоми мушохида мудири муваккати ба суд дар бораи фаъолияти худ хисобот, оид ба холати молиявии карздор маълумот ва дар бораи имконпазир будан ё набудани баркарорсозии кобилияти  пардохтии карздор таклифхо пешниход менамояд.

 

Моддаи 47. Тахлили  холати  молиявии карздор

Тахлили холати молиявии  карздор бо максади муайян намудани кифоягии  амволи ба карздор тааллукдошта барои пардохти харочоти суди, харочоти подоши мудир ва хамчунин имконпазир будан ё набудани баркарорсозии кобилияти пардохтии  карздор гузаронида мешавад.

Агар дар натичаи тахлили холати  молиявии карздор амволи ба карздор  тааллукдошта барои пушонидани харочоти суди  нокифоя мукаррар  карда шавад, кредиторон хукук доранд дар бораи чори намудани идоракунии беруна танхо дар сурати муайян сохтани манбаъхои пушонидани харочоти суди  карор кабул намоянд.

Агар кредиторон манбаи пушонидани  харочоти судиро муайян накарда бошанд, кредиторони ба тарафдории чори намудани идоракунии беруна овоздода барои пушонидани харочоти зикршуда  ба зиммаи худ ухдадорихои  якчоя  мегиранд.

 

Моддаи 48. Мукаррар намудани хачми талабхои кредиторон

Бо максади иштирок дар мачлиси якуми худ кредиторон  хукук доранд  талабхояшонро дар мухлати 1 мох аз рузи гирифтани огохиномаи мудири муваккати дар бобати аз  тарафи суд кабул кардани ариза дар бораи муфлис  эътироф намудани карздор пешниход намоянд. Талабхои зикршуда ба истиснои холатхое, ки   мутобики хамин Конун талабхои  мукарраршуда  хисобида  мешаванд, ба суд  ва карздор фиристода мешаванд. Талабхои кредиторон, ки мутобики хамин Конун мукарраршуда дониста мешаванд, бо иловаи хуччатхое, ки барои муайян намудани онхо хамчун талабхои мукарраршуда шаходат медиханд, ба мудири муваккати фиристода мешаванд.

Оид ба он талабхои кредиторон, ки мутобики  хамин Конун мукарраргардида эътироф нашудаанд, карздор  метавонад дар мухлати як мох аз рузи гирифтани талаби дахлдор ба  суд, кредитор ва хамчунин мудири муваккати  эътироз пешниход  намояд.

Талаби кредитор, ки аз руи он дар мухлати пешбининамудаи кисми дуюми хамин модда карздор эътироз пешниход накардааст, ба андозаи  арзнамудаи  кредитор эътироф карда мешавад.

Талабхои кредиторон, ки аз руи онхо карздор эътироз пешниход намудааст, бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур барраси карда мешаванд.

 

Моддаи 49. Даъвати мачлиси  якуми кредиторон ва масъалахои дар он мухокимашаванда

Мудири муваккати санаи гузаронидани мачлиси якуми кредиторонро муайян карда, хамаи кредиторонро  дар бораи он огох месозад. Мачлиси якуми  кредиторон бояд дар мухлати на  дертар аз 10 руз то санаи баргузории мачлиси суд, ки  бо таъиноти суди  оиди кабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани карздор мукаррар гардидааст, баргузор шавад.

Иштирокчиёни мачлиси  якуми кредиторон бо хукуки овоздихи кредиторони озмуни, макомоти андоз  ва макомоти дигари ваколатдор мебошанд,  ки:

талабхояшон мутобики хамин Конун мукарраршуда эътироф гардида,  ба мудири муваккати фиристода шудаанд;

хачми талабхояшон аз тарафи суд бо эътирози карздор ба  талабхои кредиторон то гузаронидани мачлиси якуми кредиторон мукаррар  шудааст.

Дар мачлиси якуми кредиторон бе хукуки овоздихи мудири муваккати, рохбари карздор ва намояндаи кормандони карздор иштирок мекунанд.

Салохияти мачлиси якуми кредиторон:

кабули карор оид ба чори кардани идоракунии беруна ва бо  илтимосномаи дахлдор ба суд  мурочиат намудан;

кабули карор дар бораи  бо илтимоснома ба суд мурочиат намудан оиди муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти  озмуни;

муайян намудани шумораи хайати кумитаи кредиторон ва интихоби  аъзои он;

халлу фасли масъалахои дигар, ки хамин Конун пешбини  намудааст.

Мудири муваккати протоколи  мачлиси якуми  кредиторонро  дар мухлати на дертар аз як  хафтаи  рузи баргузории мачлиси  якуми кредиторон ба суд  пешниход менамояд.

 

Моддаи 50. Карори мачлиси якуми кредиторон дар бораи чори намудани идоракунии беруна

Карори мачлиси якуми кредиторон дар бораи чори намудани идоракунии беруна бояд  мухлати пешниходшудаи идоракунии беруна, номзад ба мудири беруна ва  хамчунин  маълумотро дар бораи вай  дар бар гирад.

БОБИ VI

ИДОРАКУНИИ БЕРУНА

 

Моддаи 51. Тартиби чори намудани идоракунии беруна

Идоракунии беруна аз тарафи суд дар асоси карори мачлиси кредиторон ба истиснои холатхое, ки Конуни мазкур пешбини намудааст,  чори карда мешавад.

Таъиноти суди дар хусуси чори намудани  идоракунии беруна бояд бетаъхир   ба ичро расонда шавад.

Аз болои таъиноти суди дар хусуси чори намудани идоракунии беруна шикоят кардан  мумкин аст.

Идоракунии беруна ба муддати на бештар аз 10 мох, ки мумкин аст на бештар аз 1 мохи дигар дароз карда шавад,  чори карда мешавад, агар Конуни мазкур тартиби дигареро пешбини накарда бошад. (КЧТ аз 19.05.09, №509)

Бо илтимосномаи мачлиси кредиторон ё мудири беруна мухлати идоракунии беруна аз  тарафи суд мумкин аст дар доираи мухлатхое, ки кисми чоруми хамин модда мукаррар намудааст, кам ё зиёд карда шавад.

 

Моддаи 52. Окибатхои чори намудани идоракунии беруна

Аз рузи  чори намудани идоракунии беруна:

рохбари карздор аз  ичрои вазифааш  дур карда шуда, идоракунии корхои карздор ба мудири беруна вогузор  карда мешавад;

ваколатхои макомоти  идоракунии карздор ва молики амволи карздор – шахси хукуки катъ гардида, ваколатхои рохбари карздор ва макомоти дигари идоракунии карздор ба истиснои ваколатхое, ки мутобики хамин Конун ба  шахсони (макомоти) дигар  мегузаранд,  ба мудири беруна  вогузор мегарданд. Макомоти идоракунии карздор дар муддати 3 руз аз рузи таъин шудани мудири беруна вазифадор аст, ки хуччатхои мухосиби ва дигар хуччатхои шахси  хукуки, мухр, штамп, арзишхои модди ва арзишхои дигарро ба мудири беруна супорад;

чорахои каблан андешидашуда оиди химояи талабхои кредиторон бекор карда мешаванд;

ба конеъгардонии  талабхои кредиторон оид ба ухдадорихои пули ва пардохтхои хатмии карздор, ба истиснои холатхое, ки хамин Конун пешбини намудааст,  моратория чори карда мешавад.

Дар интихои идоракунии беруна маблагхои ноустуворона   (чаримахо, пеняхо)  ва хамчунин маблагхои зарари расондашуда, ки карздор вазифадор аст аз руи ухдадорихои пули ва пардохтхои хатми  ба кредиторон пардохт намояд, мумкин аст барои пардохт  намудан дар хамон хачме,  ки дар рузи чори намудани  идоракунии  беруна мавчуд будаанд, пешниход карда шаванд.

 

Моддаи 53. Моратория  ба конеъгардонии талабхои кредиторон

Моратория  ба конеъгардонии  талабхои кредиторон   ба хамон ухдадорихои пули ва пардохтхои хатмие, ки мухлати ичрояшон то чори намудани идоракунии беруна расидааст, дахл дорад.

Дар давоми амали мораторияи конеъгардонии талабхои кредиторон  оид ба ухдадорихои пули ва пардохтхои хатми, ки дар кисми якуми хамин модда пешбини гардидааст:

ба руёнда гирифтан аз руи хуччатхои ичроиши  ва дигар хуччатхо, хамчунин ба ситониданхои бебахс амалишаванда рох дода намешавад;

ичрои хуччатхои ичроиши оид ба чаримахои амволи,  ба истиснои ичрои хуччатхои ичроиши, ки дар асоси  халномаи суд дар хусуси ситонидани карздории музди кор, додани подоши аз руи шартномахои муаллифи, алиментхо ва хамчунин баргардонидани зарари ба хаёт ва  саломати расонидашуда ва зарари маънави, ки то лахзаи аз тарафи суд кабул гардидани  ариза дар бораи  муфлис эътироф  намудани карздор эътибори конуни пайдо кардаанд, боздошта мешавад;

маблаги ноустуворона, (чаримахо, пеняхо)  ва мучозоти молиявии  (иктисодии)  дигари ичро накардан ё ичрои  номатлуби  ухдадорихои пули ва пардохтхои хатми ва хамчунин фоизхои пардохтшаванда хисоб карда намешаванд.

Мораторияи  конеъгардонии  талабхои кредиторон хамчунин ба  талабхои кредиторон дар хусуси чуброни зараре, ки бо сабаби аз тарафи мудири беруна рад карда шудани ичрои шартномахои карздор ба миён омадаанд, дахл мекунад.

Коидахое, ки дар кисмхои дуюм ва сеюми хамин модда пешбини шудаанд, ба ухдадорихои пули ва пардохтхои хатмие, ки мухлати ичрояшон баъди чори намудани идоракунии беруна расидаанд, татбик намешаванд.

Мораторияи конеъгардонии  талабхои кредиторон ба талабхо оиди ситонидани карзи музди мехнат, пардохти подоши  шартномахои муаллифи, алиментхо ва хамчунин чуброни зарари ба хаёту саломати расондашуда дахл намекунад.

 

Моддаи 54. хукук ва вазифахои мудири беруна

Мудири беруна хукук дорад:

амволи карздорро мустакилона бо махдудиятхои пешбининамудаи Конуни мазкур ихтиёрдори намояд;

аз номи карздор созишномаи мусолиха бандад;

оид ба  рад намудани  ичрои шартномахои карздор  арз кунад;

мачлиси кредиторонро даъват намояд.

Мудири беруна вазифадор аст:

амволи карздорро барои ихтиёрдори кабул намуда, инвентаризатсияи онро гузаронад;

барои идоракунии беруна ва хисоби намудан бо кредиторон суратхисоби махсус кушояд;

накшаи идоракунии берунаро тахия намуда, барои тасдик ба мачлиси кредиторон пешниход намояд;

корхои мухосиби, молияви ва  омориро  анчом дихад;

оид ба талабхои пешниходнамудаи кредиторон ба карздор бо тартиби мукарраргардида эътироз баён намояд;

барои ситонидани карзхои дар назди  карздорбуда чорахо андешад;

талабхои кредиторонро барраси намояд;

руйхати талабхои кредиторонро барад;

ба мачлиси кредиторон оид ба  натичахои ичрои накшаи идоракунии беруна хисобот пешниход намояд;

ваколатхои дигареро, ки Конуни мазкур пешбини менамояд, ба чо орад.

 

Моддаи 55. Мукаррар намудани хачми талабхои кредиторон

Кредиторон хукук доранд, ки талабхои худро ба карздор  дар хар лахзаи чараёни  идоракунии  беруна пешниход намоянд. Талабхои зикршуда ба мудири беруна бо сурогаи почтавии карздор фиристода мешаванд. Талабхои кредиторон,  ки мутобики Конуни мазкур мукарраргашта эътироф  шудаанд, бо замимаи хуччатхое, ки   имконияти  мукарраршавии ин талабхоро муайян месозад, ба мудири беруна  фиристода мешаванд.

Мудири беруна талабхои пешниходнамудаи кредиторонро барраси намуда, аз руи натичахои баррасии онхо дар  руйхати талабхои кредиторон на дертар аз ду хафтаи баъди кабули талаби дахлдор сабт мегузорад. Оиди натичахои баррасии талаби кредитор мудири беруна кредитори дахлдорро дар мухлати на  бештар аз як мохи  баъди кабули талаби зикршуда огох менамояд.

Кредиторон эътирозхои  худро аз руи натичахои баррасии  талабхояшон, ки аз тарафи мудири беруна  анчом дода шудааст, метавонанд ба суде, ки парвандаи муфлисшавиро барраси менамояд, дар мухлати як мох аз рузи гирифтани   онхо  пешниход намоянд.

Талабхои кредиторон, ки аз руи онхо дар мухлати пешбининамудаи кисми сеюми хамин модда эътироз пешниход  нагардидааст, ба андоза, таркиб ва навбати конеъгардоние, ки  мудири беруна  муайян намудааст,  мукарраргашта хисоб меёбанд.

Талабхои кредиторон, ки нисбати онхо эътироз пешниход шудааст, аз тарафи суд бо тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур барраси мешаванд.

 

Моддаи 56. Ихтиёрдории моликияти карздор

Молики амволи карздор ё макоми идоракунии карздор  хукук надорад, ки ваколатхои мудири берунаро оид ба ихтиёрдории амволи карздор   бо рохи кабули карор ё тарзи дигар  махдуд созад.

Ахдхои калон ва ахдхое, ки дар баста шудани онхо манфиатхо  дида мешаванд, онхоро мудири беруна танхо бо розигии мачлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон мебандад, агар хамин Конун ва накшаи   идоракунии беруна тартиби дигареро пешбини накарда бошад.

Ба ахдхои калон ахдхое дохил мешаванд, ки бастани онхо сабабгори ихтиёрдории амволи гайриманкул ё амволи дигари карздор, ки арзиши балансиашон дар лахзаи бастани  чунин ахдхо зиёда аз 20 фоизи арзиши балансии активхои  карздорро ташкил медихад, мегардад.

Ахдхои дар бастанашон манфиатчуи мавчудбуда он ахдхое  дониста мешаванд,  ки  яке аз тарафи онхо дар муносибат ба мудири беруна ё кредиторони озмуни  шахси манфиатдор аст.

 

Моддаи 57. Рад намудани ичрои шартномаи карздор

Мудири беруна дар муддати се мох аз рузи чоришавии идоракунии беруна хукук дорад ичрои шартномахои карздорро рад намояд.

Радкунии ичроиши шартномахои карздорро танхо нисбати  хамон шартномахое арз намудан мумкин аст, ки онхо аз чониби тарафхо пурра ё кисман ичро нашудаанд ва яке аз холатхои зерин мавчуд бошад:

агар ичрошавии шартномаи карздор дар мукоиса бо хамин гуна шартномахои дар холатхои мукоисави басташуда  барои карздор зарар оварад;

агар шартнома дарозмухлат бошад (ба мухлати зиёда аз як сол баста шуда бошад) ё  дар он гирифтани натичахои мусби барои карздор дар ояндаи дарозмуддат ба накша гирифта шуда бошад;

агар холатхои дигаре бошанд, ки ба баркарорсозии кобилияти пардохтии карздор монеъ  шаванд.

Тарафи дигари шартномаи  карздор хукук дорад аз карздор чуброни зарари вокеиро, ки аз рад  кардани ичрои шартномаи карздор пайдо шудааст, талаб намояд.

 

Моддаи 58. Ваколатхои кумитаи кредиторон

Кумитаи кредиторон хукук дорад карорхои зерин кабул намояд:

дар бораи  даъвати мачлиси кредиторон;

дар бораи тавсияхо ба мачлиси кредиторон оид ба озод намудани мудири беруна аз ичрои вазифахои идоракунии беруна;

дар бораи тасдик ё рад намудани ахдхои калони карздор   ва ахдхое, ки дар   бастани онхо манфиатчуи мавчуд мебошад;

дар бораи  ба суд пешниход намудани номзад ба вазифаи муовини мудири беруна.

 

Моддаи 59. Дароз намудани мухлати идоракунии беруна

Дар холате, ки агар мачлиси кредиторон   дар бораи тасдики накшаи идоракунии беруна карор кабул  карда  бошад, ки дар он мухлати идоракунии беруна аз мухлати дар ибтидо мукарраршуда зиёд бошад  ва хамчунин  мавчуд будани асосхои кофи, ки дароз кардани  мухлати идоракунии беруна ё ичрои накшаи тасдикшудаи идоракуни ба баркарор  намудани кобилияти пардохтии карздор мусоидат мекунад, суд мухлати идоракунии берунаро  дароз  менамояд.

 

Моддаи 60. Тадбирхои баркарорсозии кобилияти пардохтии карздор

Тадбирхои баркарорсозии кобилияти пардохтии карздор инхо  шуда  метавонанд:

тагйир додани фаъолияти истехсоли;

бастани истехсолоти  фоиданоовар;

пушондани карзхои дебитори;

фуруши кисми амволи карздор;

гузашт кардан аз хукуки талаби карздор;

ичрои ухдадорихои карздор аз чониби молики амволи  карздор – шахси хукуки ё шахси (шахсони) сеюм;

воситахои  дигари баркарор намудани  кобилияти пардохтии карздор.

 

Моддаи 61. Фуруши кисми амволи карздор

Баъди инвентаризатсия ва нархгузории амволи карздор  мудири беруна  хукук дорад амволи карздорро дар савдои озод ба  фуруш монад, агар  накшаи идоракунии  беруна тартиби дигареро пешбини накарда бошад.

Савдо, ба истиснои холатхое, ки хамин Конун пешбини намудааст, дар шакли музояда гузаронида мешавад.

Амволи карздор, ки ба  амволи кобилияти муомилотиаш махдудкардашуда  мансуб мебошад,  мумкин аст дар савдои пушида фурухта шавад.

Дар савдои пушида шахсоне иштирок мекунанд, ки мутобики конун метавонанд дар ихтиёри худ ё тибки дигар хукукхои амволи чунин амволро дошта бошанд.

Мудири беруна метавонад ба сифати созмондихандаи савдо амал намояд ё гузаронидани савдоро дар асоси шартнома ба  ташкилоти махсусгардонидашуда вогузор намояд. Ташкилоти махсусгардонидашуда, ки савдо мегузаронад, наметавонад нисбати карздор ва мудири  беруна шахси манфиатдор бошад.

Нархи ибтидоии амволи карздор, ки ба савдо гузошта мешавад, аз  тарафи мудири беруна муайян карда мешавад, агар накшаи идоракунии беруна тартиби дигареро пешбини накарда бошад.

Голиби савдо вазифадор аст, ки нархи фуруши амволи карздорро дар мухлати пешбининамудаи протокол ё шартномаи хариду фуруш, ки аз руи натичахои озмун баста шудаанд,   вале  на дертар  аз як мох аз рузи гузаронидани савдо пардохт намояд.

Амволи карздор, ки  дар савдои аввал фурухта нашудааст, ба савдои такрори бароварда мешавад, агар накшаи идоракунии  беруна тартиби  дигареро   пешбини накарда бошад.

Амволи карздор, ки дар савдои такрори фурухта нашудааст,  мумкин аст аз тарафи мудири беруна дар асоси шартномаи хариду  фуруш бе гузаронидани савдо фурухта шавад.

 

Моддаи 62. Гузашт намудани хукуки талаби карздор

Гузашт намудани хукуки талаби карздор мумкин аст аз  тарафи мудири беруна бо рохи фуруши талаб дар савдои кушод бо розигии кумитаи кредиторон ё мачлиси кредиторон анчом дода шавад, агар накшаи идоракунии беруна  тартиби дигареро  пешбини накарда бошад.

 

Моддаи 63. Ичрои ухдадорихои карздор аз чониби молики  амволи карздор ё шахси (шахсони) сеюм

Молики амволи карздор хукук дорад, ки хар   замон  то анчомёбии идоракунии беруна талабхои хамаи кредиторони озмуниро мувофики  руйхати  талабхои кредиторон яку якбора  конеъ гардонад.

Ба ичрои ухдадорихои карздор аз тарафи шахси  (шахсони) сеюм ба шарте ичозат дода мешавад, ки агар чунин амал якбора  талабхои хамаи кредиторони озмуниро мутобики  руйхати  талабхои кредиторон  конеъ гардонад.

 

Моддаи 64. Хисоботи мудири беруна аз руи натичахои  идоракунии беруна ва баррасии он

На дертар аз панч рузи кори то анчомёбии мухлати мукарраргардидаи идоракунии беруна ва хамчунин хангоми мавчудияти асосхо барои пеш аз мухлат катъ намудани он мудири беруна вазифадор аст, ки ба мачлиси кредиторон хисоботи мудири берунаро пешниход намояд. (КЧТ аз 19.05.09, №509)

Хисоботи  мудири беруна бояд  инхоро дар бар гирад:

баланси карздорро ба санаи охирини хисоботи;

хисоби  фоида ва зарари карздорро;

маълумотро дар  бораи маблагхои озоди пулии карздор, ки мумкин аст барои  конеъ гардонидани талабхои кредиторон оид ба ухдадорихои пули ва пардохтхои хатмии карздор равона карда шаванд;

шархи карзхои  бокимондаи  дебитории карздор ва маълумотро дар бораи он  хукукхои истифоданашудаи талабхои карздор,  ки боки мондаанд;

маълумоти дигарро оид ба имкониятхои пушонидани карзхои кредитории карздор.

Ба хисоботи мудири  беруна бояд  руйхати  талабхои кредиторон замима карда шавад.

Дар баробари пешниход кардани хисоботи зикршуда мудири  беруна ба мачлиси кредиторон яке аз масъалахои зеринро пешниход  менамояд:

дар бораи катъ кардани идоракунии беруна бо сабаби  баркарор гардидани  кобилияти пардохтии карздор;

дар бораи имзои созишномаи мусолиха;

дар бобати дароз кардани мухлати мукарраршудаи  идоракунии  беруна;

дар бораи катъ намудани  идоракунии беруна ва бо илтимоснома ба суд оиди муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни мурочиат кардан.

Хисоботи мудири берунаро мачлиси кредиторон, ки дар мухлати на дертар аз дах рузи гузаштани мухлати муайяншудаи  идоракунии беруна ё на дертар аз як мох пас аз пайдо шудани асос барои пеш аз мухлат катъ намудани идоракунии  беруна даъват карда мешавад, барраси менамояд.

Мудири беруна на дертар аз понздах руз то анчомёбии мухлати мукарраргардидаи идоракунии беруна вазифадор аст ба хамаи кредиторон дар бобати гузаронидани мачлиси кредиторон огохинома  фиристад.

Огохиномаи гузаронидани мачлиси  кредиторон бояд маълумотхоро дар бораи  вакт, сана ва чои гузаронидани мачлиси  кредиторон, хамчунин тартиби шинос шуданро бо хисоботи мудири беруна  дар бар гирад.

Аз руи натичахои баррасии хисоботи мудири  беруна мачлиси кредиторон хукук дорад яке аз  чунин карорхоро кабул намояд:

дар бораи катъ намудани  идоракунии беруна бо сабаби баркарор  шудани кобилияти пардохтии карздор ва гузаштан ба  хисоббаробаркуни бо кредиторон;

дар бораи бо илтимоснома ба суд дар хусуси дароз  намудани  мухлати мукарраршудаи   идоракунии беруна мурочиат намудан;

дар бораи бо илтимоснома ба суд дар хусуси муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни мурочиат намудан;

дар бораи имзои созишномаи мусолиха.

Дар холате, ки мачлиси кредиторон яке аз карорхои дар кисми хаштуми  хамин модда пешбинишударо кабул накунад, ё хамин гуна карор дар мухлати 15 руз аз лахзаи гузаштани мухлатхои дар кисми  панчуми хамин модда пешбинишуда ба суд пешниход нагардад,  суд дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни халнома мебарорад.

 

Моддаи 65. Тасдики хисоботи мудири беруна  аз тарафи суд

Хисоботи дар мачлиси кредиторон баррасишудаи  мудири беруна ва протоколи мачлиси кредиторон дар мухлати на дертар аз панч рузи баъди баргузории мачлиси кредиторон ба суд фиристода мешавад.

Ба  хисоботи мудири беруна бояд  руйхати  талабхо ва шикоятхои кредитороне, ки дар мачлиси кредиторон мукобили кабули карори  мачлиси кредиторон овоз додаанд ё дар овоздихи иштирок накардаанд, замима  карда шавад.

Хисоботи мудири беруна ва шикоятхои кредиторон дар мачлиси  суд  барраси карда мешаванд.

Дар бораи  вакт, сана ва чои баргузории мачлиси суд мудири беруна ва кредитороне, ки  шикоят кардаанд,  огох карда мешаванд.

Агар мачлиси кредиторон дар бобати катъ намудани  идоракунии беруна бо сабаби баркарор гардидани кобилияти  пардохтии карздор ва гузаштан ба  хисоббаробаркуни бо кредиторон карор  кабул намуда  бошад, он гох хисоботи мудири беруна, ба истиснои  холатхои дар хамин Конун пешбинишуда, аз  тарафи суд тасдик карда мешавад.

Агар суд асоснок будани шикоятхои кредиторон ё мавчуд набудани аломатхои баркароргардии кобилияти пардохтии карздорро мукаррар кунад, тасдики хисоботи мудири берунаро рад  менамояд.

Дар бораи тасдики хисоботи мудири беруна ва ё  рад кардани тасдики хисоботи мазкур, ё дароз кардани мухлати  идоракунии  беруна ё оиди тасдики созишномаи мусолиха таъиноти  суди бароварда мешавад, ки  аз болои вай  шикоят  кардан мумкин аст.

Хангоми мавчуд будани илтимосномаи мачлиси кредиторон оид ба муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни, хамчунин дар холати аз  тарафи суд рад гардидани тасдики хисоботи мудири беруна ё пешниход накардани хамин хисобот дар мухлати як мох аз рузи ба охиррасии мухлати мукарраршудаи  идоракунии беруна суд метавонад дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни халнома кабул намояд.

 

Моддаи 66. Окибатхои тасдики хисоботи мудири беруна

Аз тарафи суд тасдик шудани хисоботи мудири  беруна асоси катъ намудани парвандаи муфлисшави  мегардад.

Хангоми мавчуд будани илтимосномаи  кабулкардаи мачлиси кредиторон суд хукук дорад мухлати анчомдихии  хисоббаробаркуниро  бо кредиторон мукаррар намояд.

Суд дар бораи тасдики хисоботи мудири  беруна таъинот  бароварда,  мухлати ба охиррасонии хисоббаробаркуниро   бо кредиторон мукаррар менамояд, ки он набояд аз рузи  баровардани  таъиноти мазкур аз шаш мох зиёд бошад. Дар  чунин холат парвандаи муфлисшави баъди  ба охир расидани  хисоббаробаркуни бо кредиторон катъ карда мешавад.

Агар дар мухлати мукаррарнамудаи суд хисоббаробаркуни бо кредиторон  ба анчом расонида  нашавад, суд дар бораи  муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни халнома кабул  менамояд.

 

Моддаи 67. хисоббаробаркуни  бо кредиторон

Дар холатхои пешбининамудаи кисми панчуми моддаи 65 Конуни мазкур  мудири беруна  хисоббаробаркуниро бо кредиторон мутобики руйхати талабхои кредиторон аз рузи тасдикшавии хисоботи мудири  беруна аз тарафи суд  огоз менамояд.

Хисоббаробаркуни бо кредиторон бо тартиби мукаррарнамудаи моддаи 78 Конуни мазкур анчом дода мешавад. Аз лахзаи ичрошавии ухдадорихои карздор  мудири беруна ба руйхати талабхои кредиторон кайди дахлдор  мегузорад.

 

Моддаи 68. Пардохти талабхои кредиторон

Барои максадхои Конуни мазкур хамон талабхои конеъкардаи кредиторон талабхои пардохтшуда хисобида мешаванд, ки оиди даст кашидан аз онхо ё ичрошавияшон созиш ба даст омадааст ё тарзи дигари катъгардии ухдадорихо, ки он мутобики хамин Конун пардохтшуда дониста мешавад.

 

Моддаи 69. Тартиби катъ  гардидани ваколатхои мудири беруна

Катъ намудани идоракунии беруна  боиси катъшавии  ваколатхои мудири беруна  мегардад.

Агар идоракунии беруна бо созишномаи мусолиха ё пардохти талабхои кредиторон ба анчом расад, мудири  беруна  ичрои вазифаи худро дар доираи хукукхои  рохбари карздор то рузи таъини (интихоби) рохбари нави карздор  давом медихад.

Ваколатхои макомоти дигари идоракунии карздор ва  молики амволи карздор – шахси хукуки баркарор карда мешаванд.

Агар суд дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни карор кабул  намояд ва мудири озмуни шахси дигар таъин шуда бошад,  мудири беруна ичрои вазифахояшро то рузи супоридани  хуччатхо  ба мудири озмуни давом медихад.

 

БОБИ VII

ИСТЕхСОЛОТИ ОЗМУНИ

 

Моддаи 70. Мукаррароти умуми

Аз чониби суд  кабул  гардидани халнома дар бораи муфлис эътироф намудани карздор боиси кушодани истехсолоти озмуни мегардад.

Мухлати истехсолоти озмуни барои субъектхои сохибкории хурду миёна ва дигар шахсони хукуки (ташкилотхои гайритичорати) то панч мох ва барои субъектхои сохибкории калон то 12 мох буда метавонад. (КЧТ аз 19.05.09, №509)

Хангоми зарурат мухлати истехсолоти озмуниро суд метавонад аз мухлати дар кисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба мухлати на зиёда аз як мох тамдид намояд. Аз болои таъиноти суди дар бораи  аз мухлати пешбинишудаи  кисми дуюми моддаи мазкур зиёдтар  дароз кардани  мухлати истехсолоти озмуни шикоят кардан   мумкин аст.

 

Моддаи 71. Окибатхои кушодани истехсолоти озмуни

Аз лахзаи аз чониби суд кабул гардидани халнома дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни:

мухлати ичрои хамаи ухдадорихои пулии карздор, хамчунин пардохтхои  хатмии мухлаташон гузаштаи карздор фарорасида хисоб мешавад;

хисоб кардани  ноустуворона (чаримахо, пеняхо), фоизхо ва дигар намуди мучозоти молияви (иктисоди) нисбати хамаи намудхои карздорихои карздор катъ мегардад;

мансубияти маълумот дар бораи вазъи молиявии карздор, ки баробари категорияхои маълумоти  сирри тичорати хисоб мешуданд, катъ мегардад;

ба амалбарории ахдхое, ки ба  чудо карда додани амволи карздор ё додани амволи карздор барои истифода ба  шахсони сеюм вобастаанд, танхо бо тартиби мукаррарнамудаи  хамин боби Конун ичозат дода мешавад;

хабсхои пештар ба амволи карздор гузошта ва дигар махдудиятхо  оид ба ихтиёрдории амволи карздор бардошта мешаванд. Гузоштани хабсхои нав ба амволи карздор ва чори намудани махдудиятхо оид ба ихтиёрдории амволи карздор ичозат дода намешавад;

хама гуна талабхо нисбати карздор танхо дар доираи истехсолоти озмуни пешниход мегарданд;

ичрои ухдадорихои карздор дар  холатхо ва бо тартибе, ки хамин боби Конун мукаррар намудааст, ичозат дода мешавад.

Аз рузи аз чониби суд  кабул гардидани  халнома дар бораи муфлис эътироф  намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни макомоти идоракунии карздор аз ичрои вазифахояшон оид ба идоракуни ва ихтиёрдории амволи карздор  дар холате дур карда мешаванд, ки агар каблан ин гуна  дур кардан чой надошта бошад ва хамчунин ваколатхои молики амволи карздор – шахси хукуки катъ мегарданд.

 

Моддаи 72. Мудири озмуни

Хангоми кабули халнома дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни суд бо тартиби барои таъини мудири беруна пешбинишуда мудири озмуниро таъин мекунад.

Бо илтимосномаи мудири озмуни, ки мачлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон маъкул донистааст, суд метавонад якчанд мудирони озмуниро таъин намояд. Суд  вазифахоро  байни   мудирони  озмуни вобаста ба мураккабии вазифахои ичрошаванда, хусусият ва микдори амволи карздор таксим мекунад ва доираи масъулияти хар кадоми онхоро муайян  месозад.

Мудири озмуни то рузи ба охир расидани истехсолоти озмуни фаъолият мекунад.

 

Моддаи 73.  Нашр кардани маълумот дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни

Маълумотро дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни мудири озмуни аз хисоби маблагхои карздор дар воситахои ахбори омма нашр менамояд.

Маълумоти нашршаванда  дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни бояд  инхоро дар бар гирад:

ном ва дигар реквизитхои карздор, ки муфлис эътироф шудааст;

номи суде, ки пешбурди парвандаи муфлисшави дар ихтиёри он мебошад;

санаи кабул гардидани халномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани  карздор ва кушодани истехсолоти озмуни;

мухлати мукарраршуда барои пешниходи талабхои кредиторон, ки аз рузи  нашри   ин маълумот набояд аз ду мох кам бошад;

маълумот дар бораи мудири озмуни.

Маълумот дар бораи муфлис эътироф намудани  карздор ва кушодани истехсолоти озмуни  ба мудирони озмуни на дертар аз панч рузи таъин шуданашон фиристода мешавад.

 

Моддаи 74. Ваколатхои мудири озмуни

Аз рузи таъин шудани мудири озмуни хамаи ваколатхо оид ба идоракунии корхои карздор, аз чумла ваколати ихтиёрдории амволи карздор ба у вогузор  мегардад.

Дар холате, ки агар халнома дар бораи муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни баъди ба охир расидани мушохида кабул карда шавад, ваколатхои макомоти идоракунии карздор ва молики амволи карздор аз рузи таъин шудани мудири озмуни  катъ мегарданд. Макомоти  идоракунии карздор дар давоми се рузи баъди таъин шудани мудири озмуни супоридани хуччатхои мухосиби ва хуччатхои дигари карздор, мухр, штамп, арзишхои модди ва дигар арзишхои карздорро ба мудири озмуни таъмин менамоянд. Дар холати аз вазифахои зикршуда саркаши намудан макомоти  идоракунии карздор, аз чумла рохбари карздор мутобики  конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Мудири озмуни аз рузи таъин шуданаш вазифахои зеринро ичро менамояд:

амволи карздорро ба ихтиёрдори кабул мекунад, инвентаризатсия намуда, арзиши амволи карздорро муайян мекунад ва  оид ба нигохдории онхо тадбирхо  меандешад;

холати молиявии карздорро бевосита тахлил менамояд ва агар дорои донишхои махсус набошад, барои ин амал бо мувофикаи кредиторон мутахассис – тахлилгарро чалб менамояд; (КЧТ аз 19.05.09, №509)

ба шахсони сеюме, ки  аз карздор карздоранд, оиди руёнидани он мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон талаб пешниход мекунад;

кормандони карздорро дар бораи аз кор озодшавии дар   пешистода  мутобики конунгузории мехнати Чумхурии Точикистон хабардор мекунад;

мутобики  тартиби мукарраршуда ба талабхои  пешниходшудаи  кредиторон ба карздор  эътироз менамояд;

дар бораи рад намудани ичрои  шартномахои карздор  арз менамояд. Рад намудани ичрои   шартномахои  карздор бо тартиби мукаррарнамудаи моддаи 57 хамин Конун арз карда мешавад;

дар бораи чустучу, пайдо намудан ва баргардонидани амволи карздор, ки дар ихтиёри  шахсони сеюм хастанд, чорахо меандешад;

хуччатхои карздорро, ки мутобики  конунгузори ва дигар  санадхои хукукии Чумхурии Точикистон бояд хатман нигохдори шаванд, барои нигохдори месупорад;

тадбирхои дигареро, ки хамин Конун пешбини  кардааст, меандешад.

Хангоми ичрои ваколатхои худ мудири озмуни дар бораи эътироф накардани ахдхои бастаи карздор, талаб кардани амволи  карздор аз шахсони сеюм ва бекор кардани  шартномахои бастаи карздор  даъво пешниход карда, амалхои дигари пешбининамудаи  конунхо ва дигар санадхои хукукии Чумхурии Точикистонро, ки ба баргардонидани амволи карздор нигаронида шудаанд, анчом медихад.

Мудири озмуни хангоми  ичрои  ваколатхои худ хукук дорад ба шахсони сеюм, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  аз руи ухдадорихои карздор бинобар  оварда расонидани карздор то  холати муфлисшави масъулияти субсидиари доранд, талабхо пешниход намояд.

Хачми талабхои номбаршуда бо назардошти  фаркияти байни маблаги  умумии талабхои кредиторон ва молу мулки озмуни муайян  карда мешавад.

Маблагхои руёндашуда ба  молу мулки озмуни хамрох карда  мешаванд  ва  мумкин аст  танхо барои конеъ гардонидани талабхои кредиторон аз руи навбат, ки хамин Конун пешбини  намудааст, истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 75. Муайян кардани нархи амволи карздор

Мудири озмуни дар чараёни истехсолоти озмуни амволи карздорро инвентаризатсия намуда, нархи онро муайян мекунад.

Барои анчом додани ин кор  мудири озмуни хукук дорад нархгузорон ва дигар мутахассисонро бо пардохти музди мехнаташон аз хисоби амволи карздор ба кор чалб намояд,  агар тартиби дигареро мачлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон мукаррар накарда бошад.

Дар холатхое, ки  агар амволи ба фурушмондаи карздор дар чараёни  истехсолоти озмуни амволи гайриманкул бошад, он гох амволи номбаршуда то  фуруш, бо чалби нархгузорони мустакил нархгузори карда мешавад, агар мачлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигареро мукаррар  накарда бошад.

 

Моддаи 76. Молу мулки озмуни

Хамаи амволи дар лахзаи кушодани истехсолоти озмуни  мавчудбуда ва дар чараёни истехсолоти озмуни ошкоршудаи карздор молу  мулки  озмуниро ташкил медихад.

Аз  амволи карздор, ки  молу мулки  озмуниро ташкил додааст, амволи аз муомилот баровардашуда, хукукхои амволии ба шахсияти карздор алокамандбуда, аз чумла хукукхои  бо ичозатнома (литсензия) машгул шудан ба намудхои  муайяни фаъолият асосёфта, хамчунин амволи дигари  дар хамин Конун пешбинишуда  бароварда мешаванд.

Бо максади дуруст ба рох мондани бахисобгирии амволи карздор, ки молу мулки озмуниро ташкил медихад, мудири озмуни хукук дорад мухосибон, аудиторхо ва дигар мутахассисонро чалб намояд.

 

Моддаи 77. Амволи карздор, ки ба молу мулки озмуни  дохил карда намешавад

Хангоми дар  таркиби амволи карздор мавчуд будани амволе, ки аз муомилот бароварда шудааст, мудири озмуни молики амволи номбаршударо  дар ин бора огох менамояд.

Молики амволи аз муомилот баровардашуда вазифадор аст, ки дар давоми як мох аз рузи гирифтани огохиномаи  мудири озмуни ин амволро кабул намояд ё онро ба шахси дигар вобаста кунад.

Дар холати аз чониби молики амволи аз муомилот бароварда –  шуда ичро накардани вазифахои дар кисми дуюми хамин модда пешбинишуда дар муддати  як мох аз рузи гирифтани огохиномаи мудири озмуни хамаи  харочоти нигохдории амволи аз муомилот баровардашуда ба  зиммаи молики амволи номбаршуда гузошта мешавад.

Фонди манзилии таъиноти ичтимоидошта, муассисахои бачагонаи томактаби ва иншоотхои моликияти коммуналии барои минтака  хаётан зарурбуда бояд ба макомоти ичроияи хокимияти  махаллии  дахлдор  бо тартиби пешбининамудаи кисмхои якум, дуюм ва сеюми хамин модда супорида шаванд. Вазифахо  оиди  нигохдори ва таъмини фаъолияти  иншоотхои номбаршуда ва истифодаи максадноки онхо пас аз  як мохи гирифтани огохиномаи мудири озмуни ба зиммаи макомоти ичроияи хокимияти  махалли гузошта мешаванд.

Иншоотхои дар кисми чоруми хамин модда номбаршуда ба макомоти ичроияи  хокимияти  махалли  дар холатхои вокеияшон бидуни хеч гуна шартхои иловаги супорида мешаванд. Манбаи маблаггузори  барои нигохдории иншоотхои зерин бучетхои дахлдор мебошанд.

Шахсони мансабдори макомоти ичроияи  хокимияти махалли барои ичро накардани мукаррароти бандхои чорум ва  панчуми хамин модда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистион ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 78.  Аз руи  навбат конеъгардонии  талабхои кредиторон

Талабхои кредиторон  аз руи навбати зайл конеъ гардонида мешаванд:

дар навбати аввал талаби шахрвандоне, ки шахси хукукии бархамдодашаванда дар назди онхо барои расонидани зарар ба хаёт ва саломатиашон масъулият дорад,  конеъ гардонида мешаванд;

дар навбати  дуюм   пардохти кумакпулии аз кор рафтан ва музди кори шахсоне, ки  тибки шартномаи мехнати, аз чумла тибки карордод кор мекунанд ва  пардохти подош аз руи шартномахои муаллифи хисоби карда мешаванд.

дар навбати сеюм – конегардонии талабхои кредиторон аз руи  ухдадорихое, ки барои онхо амволи карздор ба гарав  гузошта шудааст;

дар навбати чорум –  пушонидани  карз аз руи пардохтхои хатмии ба бучет воридшаванда ва фондхои гайрибучети;

дар навбати панчум – хисоби намудани  талабхои дигар  кредиторон.

 

Моддаи 79. Фуруши амволи карздор

Баъди гузаронидани инвентаризатсия ва нархгузории амволи карздор  мудири  озмуни ба  фурухтани амволи номбаршуда дар  савдои озод шуруъ мекунад, агар мачлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигари фуруши амволи карздорро мукаррар накарда бошад.

Тартиб ва мухлати фуруши амволи карздор бояд аз тарафи мачлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон маъкул дониста шавад.

Амволи карздор, ки ба  амволи кобилияти муомилотиаш махдудшуда  мансуб  аст, танхо дар савдои пушида фурухта мешавад.

Мудири озмуни метавонад ба сифати созмондихандаи савдо баромад намояд ё гузаронидани савдоро дар асоси шартнома ба  ташкилоти махсусгардонидашуда супорад. Ташкилоти махсусгардонидашуда, ки  савдоро ба рох мемонад, наметавонад  нисбати карздор ё мудири озмуни  шахси манфиатдор бошад.

Амволи карздор, ки дар савдои аввал фурухта нашудааст, дар савдохои минбаъда гузошта мешавад ё аз тарафи мудири озмуни дар асоси шартномаи хариду фуруш, ки бе гузаронидани савдо баста мешавад,  фурухта мешавад.

 

Моддаи 80. Гузашт намудан аз  хукуки талаби карздор

Мудири озмуни хукукдорад хукуки талабхои  карздорро дар савдои озод гузорад, агар мачлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигари фуруши (гузашт намудани) талабхои карздорро мукаррар накарда бошад.

Фуруши (гузашт намудани) хукукхои талабхои карздор дар савдои озод бо риояи коидахои дар моддаи 62 Конуни мазкур пешбинигардида ба амал бароварда мешавад, агар конунхои дигар тартиби дигареро мукаррар накарда бошанд ё аз мохияти талабхо тартиби дигаре барнаояд.

 

Моддаи 81. Хисоббаробаркуни бо кредиторон

Хисоббаробаркуниро бо кредиторон мудири озмуни мутобики руйхати талабхои кредиторон  амали менамояд.

Талабхои кредиторон бо тартиби пешбининамудаи моддаи 55 Конуни мазкур мукаррар карда мешавад.

Талаби хар як навбат баъди комилан конеъ гардидани талаби навбати пештара конеъ гардонида мешавад.

Маблагхои пулии карздор хангоми нокифоя буданашон байни кредиторони навбати дахлдор мутаносибан ба хачми маблагхои талабкардашуда, ки бояд конеъ карда шаванд, таксим карда мешаванд, агар Конуни  мазкур тартиби  дигареро  пешбини накарда бошад.

Талабхои кредитороне, ки баъди бастани руйхати талабхои кредиторон изхор гардидаанд, аз чумла талабхо оиди пардохтхои хатми, ки баъди кушодани истехсолоти озмуни ба вучуд омадаанд, аз хисоби амволи карздор баъди конеъ гардонидани талабхои кредиторони дар мухлати мукарраршуда мурочиаткарда конеъ гардонида мешаванд.

Талабхои кредиторони  навбати якум ва дуюм, ки то  анчомдихии хисоббаробаркуни бо  хамаи кредиторон, аз  чумла баъди бастани руйхати талабхои кредиторон изхор шудаанд, вочиби конеъгардони мебошанд.  То комилан конеъ гаштани талабхои зикршуда, конеъ гардонидани талабхои кредиторони навбати дахлдор боздошта мешавад. Бо хамин тартиб талабхои кредиторони  навбатхои дигар, ки дар мухлати мукарраршуда мурочиат намудаанд, вале аз тарафи мудири озмуни онхо  эътироф нашудаанд ва нисбати онхо халномаи   суд дар бораи конеъ гардониданашон кувваи конуни пайдо намудааст, конеъ гардонида мешаванд.

Талабхои кредитороне, ки бо сабаби нокифоягии амволи карздор конеъ нагардидаанд, пардохтшуда дониста мешаванд. Талабхои кредитороне, ки мудири озмуни онхоро эътироф накардааст ва кредитор  оиди онхо ба суд бо даъво мурочиат накардааст, инчунин талабхое, ки  конеъ гардонидани онхо бо халномаи суд рад карда  шудааст, хамчунин пардохтшуда дониста мешаванд.

Мудири озмуни ба руйхати талабхои кредиторон дар бораи пардохт шуданашон кайдхо мегузорад.

Кредитороне, ки талабхои онхо дар чараёни истехсолоти озмуни ба таври пурра конеъ гардонида нашудаанд, хукуки талабпешниходкуни ба шахсони сеюм, ки амволи  карздорро гайриконуни гирифтаанд,  доранд. Баъди пушида шудани парвандаи муфлисшави чунин талабро бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход намудан мумкин аст.

 

Моддаи 82. Назорат  аз болои фаъолияти мудири озмуни

Мудири озмуни на кам аз як маротиба дар як мох ба кумитаи кредиторон ё мачлиси кредиторон хисоботро дар бораи фаъолияти худ, иттилоотро дар бораи вазъи молиявии карздор ва амволи вай то рузи кушодани истехсолоти озмуни ва дар  чараёни истехсолоти озмуни, хамчунин дигар иттилооти даркориро пешниход мекунад.

Мудири озмуни вазифадор аст бо талаби суд хама гуна маълумоти ба истехсолоти озмуни тааллукдоштаро ба вай пешниход намояд.

 

Моддаи 83. Аз вазифа дур намудани мудири  озмуни

Суд мудири озмуниро дар холати ичро накардан ё ичрои номатлуби вазифахои ба зиммааш гузошташуда бо илтимосномаи мачлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон аз вазифа дур намуда, мудири нави озмуниро таъин мекунад.

 

Моддаи 84. хисоботи мудири озмуни

Мудири озмуни баъди ба охир расидани хисоббаробаркуни бо кредиторон вазифадор аст, ки аз натичахои гузаронидани истехсолоти озмуни ба суд хисобот дихад.

Ба хисоботи мудири озмуни замимахои  зерин илова мегарданд:

хуччатхои тасдиккунандаи фуруши амволи карздор;

руйхати талабхои кредиторон бо нишон додани хачми пардохтшудаи талабхои кредиторон;

хуччатхое, ки  пардохт шудани талабхои кредиторонро тасдик менамоянд.

 

Моддаи 85. Амволи карздор, ки пас аз пардохти талабхои  кредиторон боки мондааст

Мудири озмуни дар бораи амволи карздор, ки ба фуруш пешниход шуда буд, вале дар чараёни истехсолоти озмуни ба фуруш нарафтааст ва хангоми  мавчуд набудани  мурочиати молики амволи карздор – шахси хукуки, муассисони (иштирокчиёни) карздор –  шахси хукуки оиди хукукхои амволиашон ба ин амвол ба  макомоти ваколатдори дахлдор хабар мерасонад.

Макомоти  ваколатдор дар мухлати на дертар аз  як мох  баъди гирифтани хабарномаи  дахлдор амволи дар кисми якуми хамин модда зикргаштаро ба баланс ва  харочоти нигохдории онро ба ухда мегирад.

 

Моддаи 86. Ба итмомрасонии истехсолоти озмуни

Суд баъди баррасии хисоботи мудири озмуни оиди натичахои истехсолоти озмуни дар  хусуси ба итмом расидани истехсолоти озмуни таъинот мебарорад.

Мудири озмуни бояд дар мухлати 5 рузи кори аз лахзаи  баровардани таъиноти суд оиди ба охир расидани истехсолоти озмуни таъиноти зикргардидаро ба макомоте, ки бакайдгирии давлатии шахсони хукукиро анчом медихад, пешниход намояд. (КЧТ аз 19.05.09, №509)

Таъиноти суд оиди ба охир расидани истехсолоти озмуни барои дар руйхати ягонаи давлатии шахсони хукуки даровардани кайди бархамхурии карздор асос мешавад.

Аз рузи дар руйхати ягонаи давлатии шахсони хукуки даровардани кайди бархамхурии карздор ваколатхои мудири озмуни катъ мегарданд, истехсолоти озмуни ба итмом расида ва карздор бархамхурда хисобида мешавад.

 

БОБИ  VIII

СОЗИШНОМАИ МУСОЛИХА

 

Моддаи 87. Мукаррароти умуми

Карздор ва кредиторон дар хама мархилахои баррасии парвандаи муфлисшави  хукук доранд созишномаи мусолиха банданд.

Карор дар бораи бастани созишномаи мусолихаро аз номи кредиторони озмуни мачлиси кредиторон кабул менамояд. Карори мачлиси кредиторон дар бораи бастани созишномаи мусолиха бо аксарияти овозхо аз  микдори умумии  кредиторони озмуни кабул карда мешавад ва дар холате кабулшуда хисоб мешавад, агар ба тарафдории он хамаи кредитороне, ки  ухдадорихояшон бо гаравмонии амволии карздор таъминанд, овоз  дода бошанд.

Карори бастани созишномаи мусолихаро аз тарафи карздор шахрванд – карздор ё рохбари карздор,  мудири беруна ё мудири озмуни кабул менамоянд.

Дар созишномаи мусолиха иштироки шахсони сеюм, ки хукук ва ухдадорихои дар  созишномаи мусолиха пешбинишударо ба зимма мегиранд, ичозат дода мешавад.

Созишномаи мусолихаро бояд суд тасдик  намояд ва дар ин бора дар таъиноти суди оид ба  катъ намудани парвандаи муфлисшави таъкид карда шавад. Агар созишномаи мусолиха дар чараёни истехсолоти озмуни баста шавад, суд  дар бораи тасдики созишномаи мусолиха таъинот мебарорад.

Созишномаи мусолиха барои карздор ва кредиторони озмуни, хамчунин  шахсони сеюми дар созишномаи мусолиха иштироккунанда аз рузи тасдики суд эътибор дорад ва  барои карздор, кредиторони озмуни ва шахсони сеюми дар созишномаи мусолиха  ширкаткунанда хатми мебошад.

Саркашии яктарафа аз ичрои созишномаи мусолиха, ки эътибор пайдо кардааст, ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 88.  Шакли созишномаи мусолиха

Созишномаи мусолиха дар шакли  хатти баста мешавад.

Аз тарафи карздор созишномаи мусолихаро сохибкори инфироди –  карздор ё рохбари карздор, мудири  беруна ё мудири озмуни имзо мекунанд.

Аз номи кредиторон созишномаи мусолихаро шахси аз  тарафи мачлиси кредиторон ваколатдоршуда имзо мекунад.

Агар дар созишномаи мусолиха шахсони сеюм иштирок намоянд, созишномаи мусолихаро аз тарафи онхо хамин шахсхо ё намояндаи онхо имзо мекунанд.

 

Моддаи 89. Мазмуни созишномаи мусолиха

Созишномаи мусолиха бояд мукарраротро дар бораи  хачм, тартиб ва мухлати ичрои ухдадорихои карздор ва (ё) дар бораи катъи ухдадорихои карздор бо рохи гузашт намудан, азнавкунии  ухдадорихо, бахшидани карз ё роххои дигар, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, дар бар гирад.

Созишномаи мусолиха метавонад  шартхои зеринро дар бар гирад:

дар бобати  дароз ё кутох  намудани мухлати ичрои ухдадорихои карздор;

дар бораи гузашт кардани хукуки талабхои карздор;

дар бораи ичрои ухдадорихои карздор аз тарафи шахсони сеюм;

дар бораи кам кардани карз;

дар бораи иваз намудани талабхо ба сахмияхо;

дар бораи конеъ гардонидани талабхои кредиторон бо дигар  воситахое, ки ба конунхо ва дигар санадхои хукукии Чумхурии  Точикистон мухолиф нестанд.

Шартхои созишномаи мусолиха барои кредиторони озмуни, ки дар овоздихи оиди масъалаи бастани созишномаи мусолиха иштирок накардаанд ва инчунин мукобили  бастани созишномаи мусолиха овоз додаанд, набояд аз шартхои кредиторони озмунии хамон навбат, ки ба тарафдории  бастани он овоз додаанд, бадтар бошад.

 

Моддаи 90.  Шартхои тасдики созишномаи мусолиха аз тарафи суд

Карздор, мудири беруна ё  мудири озмуни  бояд дар давоми панч руз аз вакти бастани созишномаи мусолиха ба суд дар бораи тасдики созишномаи мусолиха  ариза пешниход намоянд.

Ба ариза дар бораи тасдики созишномаи мусолиха иловахои  зерин пешниход карда мешаванд:

матни созишномаи мусолиха;

протоколи мачлиси кредиторон, ки оиди бастани созишномаи мусолиха карор кабул намудааст;

руйхати хамаи кредиторони озмуни бо нишон додани сурогахои онхо ва маблаги карзхояшон;

эътирози хаттии кредиторони озмуни, ки дар овоздихи оиди бастани созишномаи мусолиха иштирок накардаанд ё мукобили бастани созишномаи мусолиха овоз додаанд.

Суд тарафхои манфиатдорро оиди санаи баррасии  ариза дар бораи тасдики созишномаи мусолиха хабар медихад. Иштирок накардани шахсони хабардоршуда ба баррасии парвандаи муфлисшави монеъ намешавад.

 

Моддаи 91. Окибати тасдики созишномаи мусолиха

Тасдики созишномаи мусолиха  аз тарафи суд дар чараёни мушохида ё идоракунии  беруна барои катъ намудани парвандаи муфлисшави асос  мегардад.

Тасдики созишномаи мусолиха аз тарафи суд дар чараёни идоракунии беруна барои катъ намудани  мораторияи конеъ гардонидани талабхои  кредиторон асос мешавад.

Дар холате, ки созишномаи мусолиха аз тарафи суд дар  чараёни истехсолоти озмуни тасдик шудааст, халномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани карздор ва кушодани истехсолоти озмуни ичро  карда намешавад.

Аз лахзаи тасдики созишномаи  мусолиха аз тарафи суд ваколатхои мудири муваккати, мудири беруна, мудири озмуни ба охир мерасанд.

Мудири беруни,  мудири озмунии карздор – шахси хукуки вазифаи рохбари карздорро то лахзаи таъини (интихоби) рохбари карздор ичро мекунад.

Аз рузи тасдики созишномаи мусолиха мувофикан шахрванд –  карздор ё рохбари карздор, мудири беруна ё мудири озмуни ба пардохти карзхои кредиторон шуруъ мекунанд.

 

Моддаи 92. Аз тарафи суд рад намудани тасдики созишномаи мусолиха

Суд дар холатхои зерин хукук дорад тасдики созишномаи мусолихаро рад намояд:

вайрон кардани тартиби бастани созишномаи мусолиха,  ки хамин Конун мукаррар намудааст;

риоя накардани шаклхои созишномаи мусолиха;

вайрон кардани хукуки шахсони сеюм;

мухолифати шартхои созишномаи мусолиха ба конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон.

Суд дар бораи рад намудани тасдики созишномаи мусолиха таъинот мебарорад, ки  аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 93. Окибатхои рад намудани тасдики созишномаи мусолиха

Дар холати  баромадани таъиноти суди дар бораи рад намудани тасдики созишномаи мусолиха созишномаи мусолиха бастанашуда хисоб карда мешавад.

Таъиноти  баровардаи суд дар бораи рад намудани тасдики созишномаи мусолиха барои бастани созишномаи мусолихаи нав монеъ  шуда наметавонад.

 

Моддаи 94. Беъэтибор донистани созишномаи мусолиха

Дар чунин холатхо бо аризаи карздор, кредитор ё прокурор суд метавонад созишномаи мусолихаро беъэтибор гардонад:

агар созишномаи мусолиха шартхое дошта бошад, ки манфиати кредиторони алохидаро химоя ё  манфиатхо  ва хукукхои конунии кредиторони дигарро поймол намояд;

агар ичрои созишномаи мусолиха карздорро ба муфлисшави расонад;

Хангоми мавчуд будани асосхои дигари беэътибор донистани ахдхо, ки Кодекси граждании Чумхурии Точикистон пешбини  намудааст.

 

Моддаи 95. Окибатхои  беэътибор донистани  созишномаи мусолиха

Беэътибор донистани созишномаи мусолиха барои аз нав шуруъ намудани пешбурди парвандаи муфлисшави асос мегардад. Дар бораи аз нав шуруъ намудани пешбурди парвандаи муфлисшави суд таъинот  мебарорад, ки  аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

Дар холати беэътибор  донистани созишномаи мусолиха талабхои кредитороне, ки барои  онхо  мухлати пардохташон  зиёд  ё кам карда шуда буд,  маблаги хакдори ё маблаги камкардашудаи карзхои онхо дар кисми конеъ нагардидаашон баркарор карда мешаванд.

Дар кисмате, ки хамин модда танзим  накардааст, окибатхои беэътибории ахдхо, ки Кодекси граждании Чумхурии Точикистон пешбини менамояд, татбик  карда мешавад.

Дар холати беэътибор  донистани  созишномаи мусолиха хабар  оиди аз  нав   пеш бурдани парвандаи муфлисшавии карздор аз тарафи суд дар воситахои ахбори  умум аз  хисоби карздор  нашр карда мешавад.

 

Моддаи 96. Бекоркунии  созишномаи мусолиха

Бекор кардани  созишномаи мусолихаи тасдикнамудаи  суд бо маслихати  кредиторони алохида ва карздор ичозат дода намешавад.

Бо халномаи суд бекор кардани созишномаи мусолиха нисбат ба кредитори алохида  боиси  катъ  гардидани  созишномаи  мусолиха нисбати кредиторони дигар  намегардад.

Созишномаи мусолихаро бо халномаи суд дар холате  бекор  кардан  мумкин аст,  ки карздор шартхои созишро нисбати талаби на кам аз се як хиссаи кредиторон  адо накарда бошад. Дар ин холат окибатхои пешбининамудаи моддаи 95 Конуни мазкур татбик  карда мешаванд.

 

Моддаи 97. Окибатхои ичро накардани созишномаи мусолиха

Дар холати аз тарафи карздор ичро нагардидани созишномаи мусолиха кредиторон хукук доранд, ки талабхои худро дар хачми пешбининамудаи созишномаи мусолиха пешниход намоянд.

Дар холати огоз намудани парвандаи муфлисшави хачми талабхои кредитороне, ки нисбаташон созишномаи мусолиха  имзо шуда буд, аз руи шартхои муайяннамудаи созишномаи мусолиха муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 98. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва  хукукие, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 99. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи муфлисшавии корхонахо”

Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи  муфлисшавии корхонахо” аз 10 марти соли 1992 (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с. 1992, № 8, мод. 116; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1996, № 3, мод. 48; с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1998, № 10. мод. 121) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 100. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                      Э. РАХМОНОВ

ш.Душанбе  8 декабри соли 2003

№ 46

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …